Муҳофизат аз забон
Рӯзе Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо асҳобаш нишаста буд, мраде омад ва ҳазрати Абӯбакри сиддиқ (раз)-ро дашном дод. Ҳазрати Абӯбакр (раз) сокит буд, он мард бори дигар ӯро дашном дод, Абӯбакр (раз) боз сокит монд, бори саввум Абӯбакр (раз) посухашро дод. Дар ин ҳангом Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз маҷлис баланд шуд ва он ҷоро тарк кард. Абӯбакр (раз) бархост ва пурсид: Оё бар ман хашм гирифтаед эй Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки бар по хестед? Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
«Фариштае аз осмон фурӯд омад ва ончиро бар ту мегуфт такзиб менамуд. Замоне, ки ба интиқом бархостӣ шайтон омад ва ман дар маҷлисе, ки шайтон ҳозир бошад намемонам.» (Ривояти Абўдовуд)
Модари муъминон Оиша (раз) ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нишаста буд. Модари муъминон Сафия духтари Ҳуяй (раз) صفيَّة بنت حُيَيِّ بن أخطب ба самти онҳо омад. Оиша (раз) ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфт: Туро ба Сафия чӣ кор? Ки чунин ва чунон аст (манзураш ин буд, ки қади ӯ кӯтоҳ аст) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд:
«Чизе гуфтӣ, ки агар онро дар оби дарё меомехтӣ оби дарё бидуни олуда тира мегашт». (Абудовуд ва Тиримизӣ)
Ба ин маънӣ, ки ончи гуфтӣ чунон нописанд буд, ки оби дарёро аз зиштӣ ва палидии хеш меолуд.
Ҳифзи забон чист?
Манзур аз ҳифзи забон он аст, ки инсон бо он ҷуз ба некӣ сухан нагӯяд ва аз сухани беҳўда, ғайбат, суханчинӣ, дашном ва монанди он бипарҳезад. Инсон дар баробари тамоми ҳарфҳое, ки аз даҳонаш хориҷ мешавад масъул аст. Худованд онро сабт, фардро ба василаи он мавриди ҳисобрасӣ қарор медиҳад.
Худованд мефармояд: «Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.»
(Сураи Қоф, ояти 18)
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Чун фарзанди одам субҳ кунад ҳамаи аъзо дар баробари забон фурӯтанӣ карда мегӯянд: Аз Худованд дар мавриди мо битарс, зеро мо дар баробари ончи, ки ту анҷом медиҳӣ муҷозот мешавем. Агар ту ростӣ намудӣ мо рост мемонем ва агар ту каҷ кардӣ мо каҷ мешавем.»
Ҷойи дигар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: «Имони банда росту дуруст, то қалбаш рост нагардад ва қалби ӯ рост нахоҳад гашт то он, ки забонаш рост нагардад».
Ибни Масъуд (раз) мегӯяд: «Қасам ба оне, ки ҷуз Ў маъбуде нест, бар рӯи замин ҳеҷ чиз ба андозаи забон шоистатар барои бисёр дар зиндон мондан нест.»
Ойини сухан гуфтан
Касе хоҳад, ки аз офоти забон дур монад, бояд масоили зеро дар назар дошта бошад:
Чизе нагӯед, магар барои манфиати худ ё дигарон ва ё дур сохтани зарару зиён аз худ ё дигарон.
Замони муносиберо барои суҳбат кардан интихоб намоед чуноне, ки мегӯяд: «ҳар он чӣ сухане мегӯед ва дар он ҷонибро риоят нанамоед, гуфтаҳояш ҷои халал ва иродот бисёр хоҳад буд ва албата касе, ки сукути беҳўда ва ноҷо намояд мардум аз ҳамнишинӣ бо ӯ хаста ва безор гарданд.
Суханро ба он мизон кӯтоҳ намоед, ки ҳадаф ва манзури хеш бирасонед. Чунон сухан гӯй, ки далели хеш нишонӣ ва хостаатро расонӣ. Метавонӣ аз бисёр гуфтан худдорӣ намоӣ, ки ҷойгоҳи лағзишҳо бисёр буда, дасти охират пушаймонӣ бисёр меоварад.
Гуфтаанд: Аз гуфтори ҳар кас ба ақли ӯ пай метавон бурд ва аз кардааш ба асли ӯ роҳ метавон ҷўст.
Худдорӣ аз зиёдаравӣ дар мадҳ ва ситоиши ашхос ва тундравӣ дар накӯҳиши онон, чаро ки зиёдаравӣ дар мадҳ навъе зиёдаравист ва тундравӣ дар накӯҳиш навъи талофӣ ва интиқом мебошад. Инсони мусалмон худ ва Парвардигори хешро бартар аз он медонад, ки чунин сифоте ба худ гирад, зеро мудовамат бар мадҳ ва ситоиши афрод мунҷар ба дурӯғ ва бўҳтон низ мегардад.
Аз додани ваъда ва ваъдаҳое, ки тавон ба анҷом расонидани онҳоро надорад, худдорӣ намояд. Чунонеки Худованд мефармояд: « Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед, ки иҷро намекунед? Худованд сахт ба хашм меояд, ки чизеро бигӯеду ба ҷой наёваред».
(Сураи Саф, оёти 2-3)
Забонро ҳар лаҳза ба зикри Худованд машғул дошта, ҷуз зебоӣ ва покӣ аз он хориҷ нашавад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фамрудааст: «Бидуни зикри Худованд суханро зиёда макунед, зеро бисёр сухан гуфтан бидуни зикри Худо сабаби сангдилӣ аст. Ва ҳар оина дуртарини мардум аз Худованд инсони сангдил аст.»
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) савол карданд: Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) кадом амал беҳтар аст?
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Ин аст, ки мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бимонад.»
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)