Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат бо ғорати мардуми ин шаҳр ва деҳоти он дар Муъминобод-зодгоҳи худ чи месозад
Эмомалӣ Раҳмонов, қарор аст имрӯз дар идомаи сафараш ба навоҳии вилояти Хатлон аз ноҳияи Муъминобод, зодгоҳи Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат дидан кунад. Ончики дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз ин сафарҳои Эмомалӣ Раҳмонов нишон медиҳанд ва вай ҳам бо майли тамом қайчӣ дар даст лента мебурад ва парда аз лавҳаи назди ин ва ё он иншоот бардошта, гӯиё фаъолияти онро роҳандозӣ мекунад, ҳамагӣ зоҳири қазияанд. Вале дар пушти ин ҳам сохтмонҳо ва иншооти ба истилоҳ ҷашнӣ чи мушкилоту чӣ моҷароҳо ва ҳатто чи фоҷиаҳо ниҳон ва истодаастро, яқин аст ки намегӯянд ва нишон ҳам намедиҳанд. Шабакаҳо матнҳои омодакардаи Хадамоти матбуоти Раҳмоновро якзайлу якнавохт ва такрор ба такрор қироат мекунанд: “дар доираи ин сафар….фалон фалон иншоот кушода шуд…аз ҷумла фалону беҳмонашро соҳибкорон…фалону фалонаш аз ҳисоби бюҷети ноҳия….” Ва ҳамин тавр воҳима мекунанд, ки дар доираи ин сафар Раҳмонов бо мардуми инҷо вохӯрду мулоқот кард.100% нодуруст аст ва дурӯғи маҳз.
Гуфтем, ки имрӯз Муъминобод меравад. Аммо нагуфтем,ки дар соли пеш тамоми вазирону раисони вилоят ва навоҳии кишварро бахшида ба ҷашни 30-солагии кишвар муваззаф кардааст, ки дар ободониии зодгоҳҳои худ саҳм бигиранд ва ҳар кадоме аз онҳоро маъмур ва мустанад кардааст. Аз ҷумла қаҳрамони даврони мо Раҳмоналӣ Амирзода, зодаи Муъминобод ва аз “собутилник”-ҳои давраи фронтихалқии Эмомалӣ Раҳмонов, ки раиси шаҳри Ваҳдат аст вазифадор шуда аст ки чанд биноеро дар Муъминобод бисозад.
Иттифоқан чанд рӯзи пеш дар “Ислоҳ.нет” аз амалҳои раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ ду матлаб ба нашр расида буд. Ӯ, ки дар гузашта яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ буд чанд сол дар Исфара раиси карда ва ҳам дар онҷо ва ҳам дар Ваҳдат даст ба ғорату тороҷи мардум ва дороиҳои ин навоҳӣ зада аз ин ҳисоб ба худ миллионҳо доллар сармоя гирдоварӣ кардааст.
Барои мисол мардуми ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунови чандин маротиба дар расонаҳо навиштанд, ки дар ин авохир як комиссияи иборат аз амалдорони дастгоҳи шаҳр, ҷамоат ва раисони маҳалла хона ба хона гашта, аз ҳар оила 50 сомонӣ талаб доранд. Онҳо гуфтаанд, ки ин пул бо ташаббуси раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода “барои кумак ба камбизоатон” ҷамъ оварда мешавад. Аммо, касе надидааст, ки аз ин пулҳои ҷамъовришуда як тин ҳатто ба камбизоатон дода нашудааст ва ҳамаи ин пулҳоро Раҳмоналӣ Амирзода ба кисаи худ задааст.
Раҳмоналӣ Амирзода, чарогоҳҳои деҳаи Суғдиёни Ваҳдатро, ки мардуми маҳаллӣ истифода карда ва молиёти онро ба давлат месупориданд аз онии худ карда касеро роҳ намедиҳад, ки онҷо молу чорпояшонро ба чаро баранд. Ин чарогоҳро Амирзода барои парвариш ва чаронидани гала ва рамаҳояш аз они худ кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳатто чарогоҳҳои деҳаҳои ҳамсояро низ ба зӯри банд карда ба генералҳои ҷӯраааш тақдим кардааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳама ноинсофиву ҷабру зулм, ки болои сари ин мардум овардаву молу милки онҳоро ба ғорат мебарад талош мекунад, ки худро дар назди Раҳмонов як роҳбари кордон ва замонавӣ ҷилва диҳад.
Соли гузашта дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии “Арху” -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро мавриди истифода қарор дод. Ин маҷмааро Раҳмонов мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маҷмаа меҳмонхонаи навбунёдеро дар бар мегирад, ки аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни “Арху” қомат афрохтааст. Ин тӯҳфаи Раҳмоналӣ Амирзода ба Раҳмонов бисёр ҳам писанд афтод ва ӯро барои дар деҳоти дурдаст фароҳам намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ин маҷмааи дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад, навишт Хадамоти матбуоти Президент. Аммо Раҳмон як даҳан напурсид, ки э, Раҳмоналӣ барои сохтмони ин бинои муҳташам ва он ҳам дар фарози кӯҳҳо пул, масолеҳ ва кормандонро чи тавр пайдо кардӣ?
Ҳоло аз Раҳмоналӣ Амирзода, ки гуфтем инро ҳам ёдовар бишавем, ки ӯ соли 2015 ба Ваҳдат раис шуда омад. Омадан замон коре, ки кард қатъи корҳои сохтмонӣ дар мактаби деҳаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат буд, ки мебоист бо 12 миллион сомонии ҷудокардаи Арабистони Саудӣ бино ва аллакай ин вақт мавриди истифода қарор мегирифт. То омадани Амирзода таҳкурсӣ ва ошёнаи аввали онро сохтанд. Вале Раҳмоналӣ Амирзода шарт мегузорад, ки барои идомаи сохтмон бояд ҳаққи ӯро бидиҳанд. Ҳамин тавр сохтмони ин бино ба баҳонаи онки гӯиё пудратчӣ маблағро барзиёд харҷ ва изофанависӣ намудааст қатъ шуд ва Саудӣ ҳам аз идомаи сармоягузорӣ даст кашид. Аммо дар асл ин Раҳмоналӣ Амирзода буд, ки чашми тамаъу ҳирсашро дӯхт ва сохтмони мактаб нотамом боқӣ монд. Мактаби чаҳорошёна бо касофати нафси ӯ сохта нашуд.
Дар навиштаҳои пешина мо аз он гуфта будем, ки Раҳмоналӣ Амирзода тамоми молу мулки бозмонда аз даврони шӯравӣ ва бахусус заминҳои воҳидҳои кашоварзиро ба манбаи даромад ва фоидаи шахсиаш табдил дода чапу рост ба фурӯш гузоштааст. Ҳатто раисони ҷамоатҳоро фиреб дода аз 250 то 300.000 долларӣ аз онҳо гирифта то ба имрӯз аснод барои участкаҳои наздиҳавлигиро имзо намекунад.
Ҳоло дигар поҳоро аз ин ҳам фаротар гузошта ва даст ба корҳое зада истодааст, ки феодалҳову бойҳои Имороти Бухоро онро ҷоиз намедонистанд.
Амирзода баъди хатми сохтмони бинои маҷмаии сайёҳии “Арху”, ки беш аз нисфи онро аз ҳисоби мардум ва бизнесменҳои ваҳдатӣ ва ҳашари мардумӣ сохта ва ҳоло ҳам хеле аз устоҳоро ҳисобӣ накардааст мастона ба яке аз нафарони наздикаш, ки хоҳиш кард номашро ифшо насозем гуфтааст, ки ин “вовчик”-ҳо одам намешаванд. Онҳоро набояд суст гузорем. Инҳо ҳақашон ҳамин аст ки мурда-мурда барои мо хизмат кунанд ва хизматгори мо бошанд.
Айни замон аз 100 то 150 сокини Вахдат дар Муъминобод- зодгоҳи раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ ҳамчун ғулом бепул кор карда истодаанд. Раисони ҷамоаҳои ноҳияро водор ва маҷбур карда истодааст, ки барои бунёди меҳмонхонаи шахсии Амирзода пул ҷамъ кунанд, мардикор ва усто оваранд. Аз заводи асфалти Ваҳдат ҳар раиси ҷамоат вазифадор кардааст, ки аз ҳисоби худашон барои мумфарш кардани роҳи ин меҳмонхона мум бибаранд. Тамоми кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии Ваҳдат, чуноне пештар буд, барои иншооти Амирзода дар Муъминобод фронти зарбдор эълон кардаанд. Аз шӯьбаи кадри шаҳри Ваҳдат Абдувосиев Убайдулло 2моҳ мешавад дар зодгоҳи Амирзода Рахмоналӣ дар Муъминобод қарор дорад. Як дафтари калон дар даст дорад ва тамоми кормандони давлатии Ваҳдатро дар онҷо ҳасту нест карда дар рости графаи номи онҳо имрӯз чи овард,чанд пул дод, чанд одам овардро ҳисоб карда менависад, Тамоми роҳбарони Ваҳдат дар бало мондаанд, безори ҷон шудаанд. Чаро чунин ҷонканӣ ва ҳашарро дар шаҳри Ваҳдат анҷом намедиҳад?
Ҳатто роҳҳои маркази шаҳрамон- Вахдат ҷазир аст. Бовар кунед,мактабе ҳаст, ки дар як синфхона 58 талаба дарс мехонад ва дар як партаи аз даври Хрушев монда чоркасӣ панҷ касӣ мешинанд. Тамоми таппу талоши Амирзода Рахмоналӣ барои анҷоми зудтари сохтмони иншооти ҷашниаш дар Муъминобод ин будааст, мехмонхонаи шахсӣ ва корхонаи шири ӯро Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни сафараш,ки 24. 09. 2020 сурат мегирад, ифтитоҳ намояд. То ҷое шунидем ҳатто роҳбарони Муъминобод ин иншооти Амирзодаро бо тамасхури истеҳзо Ваҳдат-2 ном мондаанд. Се рӯз пеш тамоми қолину мизу курсии ҳукумати шаҳри Ваҳдатро ба мошинҳо бор карда ба Муъминобод интиқол додаанд. Барои мо мояи ҳайрат ин аст ки аз ин ҳама фиребу найранг ва мазҳакаву масхара магар КДАМ Тоҷикистон ва раиси он бехабар бошанд, ки як раиси ноҳия на танҳо мардуми ду ноҳия, балки раиси ҷумҳуриро фиреб дода дар назди халқ шармандаву маймун сохта истодааст.
Магар Эмомалӣ Раҳмонов аз Амирзода Раҳмоналӣ намепурсад, ки ин биноҳо ва ин меҳмонхона ва ин корхонаи коркарду тавлиди шир ва ин роҳҳои мумфаршро аз кадом ҳисоб ва бо пули кӣ сохтӣ? Ё таги гапро ҳам худи Раҳмонов медонад?