Раҳмонов- охир ту бачаи деҳқони, аз осмон начакидай, ту мурдани нестӣ ?

Ислоҳ нет

Раҳмонов- пиргабре,ки ислом оварданӣ нест

Ин нома ба “Ислоҳ” аз як паноҳандаи сиёсӣ расида аст ва мо ҳам онро тақдиматон менамоем.

Бастани дуконҳои фурӯши адабиёт ва китобҳои динӣ,ки дар назди масоҷиди Душанбе амал мекунанд, ангезаи навиштани ин нома ба Эмомалӣ Раҳмонов шуд. Шаке надорам, ки ин кор ҳам ифода ва баёни хусумати ботинӣ ва душмании деринаи Раҳмонов ба ислом ва таъкид ва татбиқи сиёсатҳои исломситезии ӯст.

Мегуянд, ки ҳар габр, ки пир шуд, мусулмон мешавад. Аммо ин габри 70-солаи мо ҳеҷ не, ки ба ифоқа ояд.

Дар ҷавони тавба кардан нашаи пайғамбарист,

Гар ба пирӣ бирасад габр ҳам мусалмон мешавад.

Чуноне аз ин шеър фаҳмида мешавад дар пиронсолӣ ҳар бадхислату золиму фоҷиру фосиқон чун медонанд вақти мурданамон расида истодааст бар мегарданд ба дину оинашон. Вале шумо баракс шуда истодаед, иллаташ дар чӣ бошад? Ё шумо мурданӣ нестед ? Рӯз ба рӯз кофиртару габру тарсотар шуда истодаед. Ё гуфти худатон: шумо аз осмон чакидагӣ нестед ку?  Такрор ба такрор мегӯед бачаи деҳқонед, охир деҳқонбачаҳо мисли шумо намешаванд. Бовар кунед шумо аз деҳқонбачаҳои гуфти бачаҳакҳои хатлон хари хараш будаед.. Камтар ба худ оед

Чанд соли пеш буд, ки аз ҳисоби мақомоти интизомӣ ва вазоратҳо гурӯҳ ташкил карда ва ба фурӯшгоҳҳову бозорҳо мефиристод, ки занҳои фурӯшандаи муҳаҷҷабаро сатру ҳиҷоб барканад. Боре барои кадом коре фурӯшгоҳи «Садбарг» даромадам ва шоҳиди яке аз ин садҳо мавориди рейдҳои зидди сатру ҳиҷоб шудам.

Амиршо Миралиев, ки  он солҳо ё мушовир ё роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раҳмонов буд бо як ҳайате ба ҳамон растаи «Садбарг» омад ва бо як шамотату лаҷоҷат ба занҳои фурӯшанда, ки сатру ҳиҷоб доштанд, таҳдид кард, ки сарҳояшонро луч кунанд, ҳиҷобу сатрро аз сар биандозанд. Он занҳо хеле ҳам ҳамроҳаш даъво карданд, аммо ошкоро дӯғ зад, ки дар ғайри сурат наметавонанд инҷо кор бикунанд. Ин ҳолат дуруст ҳамон шабу рӯзҳое буд,ки дар Душанбе ва атрофи он рейди дигар-риштарошони милиса ва махсусан ГАИ-ҳо доир мешуд ва чанде аз ронандаҳои таксӣ ва маршруткаҳо аз он шикоят мекарданд, ки ба онҳо рӯирост ҳушдор додаанд, ки асноди ронандагиашонро пас аз гирифтани риш пас мегардонидаанд.

Дар тамоми муддати сисолаи дар сари қудрат будан Эмомалӣ Раҳмонов як лаҳза ҳам аз мухолифат ва мубориза бо дини ислом даст накашидааст. Мо, медонем, ки вай бо шиори «Нест бод ислом» ба қудрат расид ва дар ҳамон оғози фаъолияташ дар мақоми роҳбари давлат ҳамвора ба сияҳ ва бадном кардани руҳониёни машҳур ва наҳ задани масҷид машғул буд. Аслан ӯро хадамоти ҷосусии Русия ва Узбакистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба маҳзи онки шинохтанд ва донистанд, ки дар мубориза бо ислом беҳтар аз ӯро намеёбанд, ба сари қудрат оварданд. Як уруспарасте, ки омода ба ҳар кори пасте ҳаст, агарки дар сари қудрат биоваранд, ҳама чизро, ватанро, мардумро, миллатро ва дину оину нангу номусро ҳам ба савдо мезанад. Барои онки ба ин гуфтаҳо шак надошта бошед, ба интернет дароед ва матлабу наворҳоро бубинед, ки сарҳанги ГРУ Владимир Квачков дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов чи мегуяд? Ҳамон Квачкове, ки Фронти халқиро ташкил додаву Раҳмоновро ба маҳзи онки зидди ислом аст сари ҳокимият овардааст.

Дар яке аз ҷаласаҳояш Эмомалӣ Раҳмонов дар моҳи январи соли 1993, ки ҳоло дар мақоми раиси Шӯрои Олӣ кор мекард бо онки мегӯяд Тураҷонзодву Ҳимматзода бо сатил арақ мехурданд, изҳори изтироб ва ташвиш мекунад, ки мардум бо ҳашар шиферу дигар масолеҳ харида масҷид бунёд мекарданд, аммо касе дар бораи мактаб фикр намекард. Ана, ҳамин тарзи тафаккури Раҳмонов то ба имрӯз иваз нашудааст. Масҷидро бо мактаб муқобил гузошта ва коре кард, ки садҳо масҷид баста ва ба кинотеатру марказҳои дилхушиву дискотека табдил карда шуданд. Боз дар Бохтар ба таъкид гуфт: “масҷид мактаб нест” Охир бобоҳои оламшумули мо дар масҷид илм омӯхтанду машҳури олам шуданд. Синои табиб, Берӯнӣ, Фахри Розӣ,  Яъне ин нафрату хусумат мисли онки дар хуну пӯсти ӯ ниҳуфтааст, дар ҳоле,ки падар ва модараш мусулмон ҳастанд ва борщо гуфтааст дар назди халц,ки «ма ҳам бачаи мусулмонм»  Ҳоло касе ҳам ӯро маҷбур намекунад,ки бояд сиёсати давлатро бар зидди ислом равона кунад ва ислом ҳам ҳеҷ коре ба кори вай надоштааст. Аммо вай имомхатибҳоро таъинотӣ кард, мавъизаҳоро барои имомхатибҳо дар Кумитаи дин менависонад ва ҳар имом хатиб дар ҳар намози ҷумъа хутба ба номи вай мехонад, аммо мисли онки ҳанӯз ҳам бо ислому муслимин мушкил дорад.

Аз он ҳодисаи фурӯшгоҳи «Садбарг» 10-15 сол шояд гузашта бошад. Ман феълан дар як кишвари урупоиям. Инҷо касе ба касе кораш нест, ки бо палто, бо ҷома, бо дастор, бо кулоҳ, бо мӯза,бо босоножки,бо тоқӣ,бо ҳиҷоб,бо риш (тем более) бо шорт ё тамоман нимаурён мегардӣ. Ин бадан, ин тан, ин пайкар молу мулки туст, бо он чи тавре хоҳӣ муносибат мекунӣ. Масҷид ҳам боз аст, дайру канисаву калисову куништ ҳам.

 “В.Путин дар ҳар маросимоти динӣ меравад калисо ва бо сарусқуфи Русия-Кирилл тоату ибодат мекунад. Имрӯз бо гузашти сӣ сол аз расидани Раҳмонов ба қудрат ҳатто барои як маротиба шуда ҳам надидем, ки сарашро ба саҷда гузошта бошад, ба масҷиде рафта бошад. Дар ҳоле, ки 99% аҳолии Тоҷикистон мусулмон аст. Чи гуна як нафаре, ки бо дини мардум душманӣ ва мухолифат дорад ин ҳама солҳо дар сари ҳокимият истодааст?”

Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури собиқи Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо як расонаи русӣ таъйид кард, ки ва инсони нобовар-яъне бедин аст, аммо ба дин ва диндорон эҳтиром дорад. Вай рост ва содиқона эътироф карда буд. Аз инҷо буд, ки дар замони вай шумори масоҷид дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳода ва чопи кутуби динӣ ҳам мушкил надошт. Нахустин ва то ба имрӯз танҳо Муассисаи Олии исломӣ низ дар ҳамон даврони Маҳкамов бунёд шуда буд.

Аммо имрӯз ҳам масҷид ва ҳам муллову ва ҳам волидон дучори мушкил ҳастанд. Мулло наметавонад рисолаташро,ки Худо барояш муқаррар кардааст,иҷро кунад. Волидон ҳақ надоранд, ки ба фарзандонашон таълими динӣ бидиҳанд. Рафтани ҷавони то 18сола ба масҷид мамнӯъ аст. Ҷойи гузоридани намоз ҳам маҳдуд карда шудааст. Ва, даҳҳо меъёру талаботе, ки ҳатто ба ягон қонуни давлати дунявӣ мутобиқат намекунадро вазъ кардаву иҷборан болои мардум бор кардааст.

  “Мегӯӣ дар нисбати дини ислом ва мусалмонӣ дар даруни Раҳмонов заҳр ҷушидааст. Дар ҳоле,ки синаш ба ҷое расидааст. Ба 70даромад, аммо ҳеҷ не, ки ба ифоқа ояд, тавбаву тазарруъ кунад. Фикр мекарда бошад ҳамин хел ҷаноби олӣ ва пешво то абад зинда мемонад ва корҳои габрияшро идома медиҳад. Як масал аст: “Ҳар касе дар ҳар ҳолате зиндагонӣ намуд дар ҳамон ҳол аз дунё мегузарад” Бовар кунед ниҳояти хело баде шуморо бо ин рафтору аъмолатон интизор аст.”

Шумори хонандаи кутуби динӣ дар Тоҷикистон зиёд нест. Ин маълум аст. Аммо ҳамин чанд адад китоб барои Раҳмонов масъала ва мушкил эҷод кардааст. Ба гумонатон чаро?

Бале, Раҳмонов аз шурӯи фаъолияташ бо ислом мушкил дошт. Шиори «Нест бод ислом» дар болои сар вориди Душанбешаҳр шуда ва ба Владимир Квачков-афсари ГРУ ва падари Фронти халқӣ тааҳҳуд карда буд, ки исломро сар бардоштан намемонад. Вале, ҳоло, ки лоф аз истиқлол ва лоф аз давлати миллӣ мезанад. Касе ӯро водор ва маҷбур намекунад. Масалан панҷ мактаби урусӣ мекушояд, соли 2023-ро соли забони русӣ эълон мекунад. Вале чаро бо дину оини худ мушкил дорад?

Хондани адабиёт аз ҷумла адабиёти динӣ ин кори хусусии ҳар як шахс аст, афрод ниёз дорад. Ҳамчуноне,ки барои мисол Раҳмонов ба арақ, Рустам ба наркотик, Озода ба қили асп Ҳасан ба доллар, Ҷамолиддин ба суратҳисобҳои оффшорӣ меҳр доранд, инсонҳое ҳастад, ки ба китоб ниёз доранд ва мехонанд. Яке ба адабиёти таърихӣ, дигаре ба химияву физика, якеи дигар ба фалсафа ва боз ҳастанд инсонҳое, ки адабиёти динӣ мехонанд. Пас,чаро бояд онҳоро маҳрум кард?

Раҳмонов, чуноне аз ин амали охираш бармеояд, мехоҳад бигӯяд, ки биёед аз дини ислом баргардем, аммо ҷуръаташро надорад. Вале шояд оҳиста-оҳиста бигӯяд. Аз вай ҳарчизеро интизор метавон шуд. Вай мардумро аз дини аҷдодиашон гардонидан мехоҳад. Шояд, ҳоло хеле пушаймон ҳам шуда бошад, ки хеле дер карда асту нав ба чидани китоҳои динӣ мепардозад. Қаблан ҳам аз ин даст корҳоро карда буд. Диску навори уламоро барчид ва шунудани онҳоро дар нақлиёти ҷамъиро мамнуъ кард. Садои азон дар масҷидро буғӣ кард. Гуфт,намозата мехонӣ зуд аз масҷид меравӣ. Гуфт рӯзата мехурӣ, зардулора мечинӣ, зардулу дар адир намеистад,ки кай рӯза тамом мешавад.

Яъне ин одам бо тамоми вуҷудаш зидди ислом аст ва аз густариши маърифату маорифу мактабу дониши исломӣ касал мешавад.

Дар Бохтар ончунон забонаш гарм шуд,ки бо дуруштӣ гуфт: “Масҷидда бояд имом хатиб гап занад, масҷид бозор нест, мактаб нест, намозта хонди тез баро рав…”

“Охир ин ҳама тарсу ваҳшат ва нафрат аз масҷид барои чӣ ? Медонӣ дар кишвар сафи ҷинояткорон рӯз ба рӯз бештар шуда истодааст. Ахлоқи ҷавонон хело бад ва падару модару калонсолон ҳеҷ қадре дар назди ҷавонони асри ту эй габр надоранд. Ин ҳама аз чӣ далолат ва шаҳодат медиҳад? Ана аз ҳамон дур мондани ҷавонон аз мактаби Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Мо медонем,ки ту аслан дар фикри ислоҳи ҷомеа ва ҷавонон нести. Ту аз як чиз метарси ва он ҳам ин аст,ки мабодо ҷавонон аз мактаби ростини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) тарбият нагиранду туйи дузду шаробии буҳтро барканор накунанд. Аммо дигар ту оби буй гирифта дохили як кузаи 30 сола ҳастӣ. Ту хоҳи нахоҳи бояд равӣ ва бо масҷид манъ кардану олимони динро зиндонӣ кардан, ҳақгӯёнро террористу ҳазорҳо тамғаҳои норавои дигар заданат судат надорад. Ту меравӣ ва он рӯз наздик аст ва насими он рӯзи бузургро мо эҳсос дорем!”

Ислом яке аз бузургтарин адёни ҷаҳонӣ аст ки инсонҳое бузург ва дорои илму дониши мукаммал олимони машғул ба табииёт шефта ва маҷзуби он шуда ва дар ниҳояти амр пазируфтанд. Зарурат бар овардани мисолу намуна нест. Раҳмонов, шукр мекунад, ки дигар шира бо ҷирғот намеомезад. Ҳарчизе бихоҳад ёфта мехурад, нафсаш таъмин шудааст. Боз бо раиси шаҳр мактабкушоӣ мекунад, туйи ятиму айтом мегузаронад, арӯсии ятимони куллро доир, хайр садақот мекунад. Вале вай мурданро, он дунёро, Худоро фаромӯш кардааст.

Гумонаш ин аст ки аз мурдан растааст. Намемурад. Мебинад, ки дигар назар ба тамоми Тоҷикистон пулдор аст, мошини хориҷӣ дорад, тамоми ҳамхобаҳои расмиву ғайрирасмии духтаронаш шик, бонк, самолет, мошин, ҷазираҳои Қанар, Дубай….Рустам ҳаррӯз як духтара нодухтар карда истодааст, мунтаҳо вай як вездеход як байрактар як безпилотнике аст, ки ҳар коре хоҳад анҷом медиҳад, ҳар чизе бихоҳад,касе ҷуръат надорад, ки бигӯяд:-

“эй, девона чи бемазагӣ дорӣ, айбу шарма намедонӣ, аз худо наметарсӣ?Хулоса вай ҳозир дар тасаввураш махлуқе дар васат аст. Пешво!!! Бубинед дар ҷаласаҳо чи мегуяд: фалонӣ гуфт -Ҷаноби олӣ-яъне аз забони фалонӣ худашро ном мебарад. Раиси ҷумҳур не, муҳтарам Президент не. Ҷаноби олӣ!!! Чи қадар кайф мекарда бошад? Ҳоло забонаш пеш нарафта, ки Пешвои миллатро ба кор барад.”

Аммо як бор намебинад, ки Нурсултон Назарбоев имрӯз дар чи ҳоли сагона қарор дорад? Саг шараф дорад назар ба Назарбоев. Замину замону қасру кушкҳояшро навор карда нишон дода истодаанд. Ҳамаашро давлат кашиду гирифт. Хешу таборҳояшро аз вазифаҳо пеш карданд. Додари «родной»-яш ҳоло бӯи турма карда истодааст. Не пешво аст не ҳиҷчӣ. Ба гуфтаи худат,ки ту магар аз осмон  чакидаӣ? Пойтахт ба номаш буд шабу саҳар ивазаш мекунанд. Ту гумон мекунӣ, ки барои ту ин рӯзҳо омаданӣ нест. Духтарашро заданду як нима карданд. Хуллас, вай антипартийний он тараф истад антинародний шуд. Пешво-пеш во ва пеш по шуд. Чун дар воқеъ гузаронида буд. Черес чур гузаронида буд. Ҳоло ту аз вай ҳам бадтар карда истодаӣ. Духтарҳо, домодҳо, хусурбурдаву хусурбачаҳо, қайсингулу ҳевару Рустаму Сомону Исмоилу…эҳҳе,…як акаи тракториста….тележка ки чи яъҷуҷу маъҷуҷ. Инҳоро бимону ба ислому ба китобҳои исломӣ бичасп. Ҳатто Рамзан Қодиров ҳам эълон кард, ки дигар бас аст.То инки нагӯянд бирав бояд худам биравам. Аммо ин пиракии хирасари мо ҳам намеравад ва ҳам ба муқаддасоти мардум дасти касифашро меёзонад.

Дар пирӣ ҳар габр ҳам мусалмон мешавад, аммо Раҳмон шуданӣ нест. Садҳо масҷидро баст, ҳазорон ҳазорро ба иттиҳоми салафия шинонд, муллоҳои муътабарро аз минбари масҷидҳо ронд.

Ҳоло ҳам фикраш ин аст, ки ислом ин яъне Тураҷонзода, ин яъне Кабирӣ ё Муҳаммадиқбол.  Бовар кунед, ки вай бо ҳамин фикру андеша бо ислому масҷиду мулову домуллову кутуби динӣ душманӣ меварзад…

Share This Article