Рӯзҳои аввали шиддат ёфтани бемории шоир Бозор Собир расонаӣ шуд, ҳукумати кишвар, дар раъс президент Эмомалӣ ҳама харҷи масорифи бемории ӯро ба уҳда гирифт. Ҳама расонаҳои дохилии кишвар ин фармони “Пешвои Миллат”-ро ҳамчун соъиқа дар худ дарҷ намуданд. Эҳтимолан ҷаноби “пешво” бо ин хабар чӣ хол ба даст овардан мехост, дар ин мақола мехоҳам баён намоям.
Ҷаноби “пешво” бо ин фармони худ мехост ба аҳли қалам ва зиё паём диҳад, ки ман шахси дилсӯзи ин миллат ва ин қишри огоҳи кишвар ҳастам. Дар ҳоле, ки ҳама, аз чӣ гуна бархурди ҷаноби пешво бо аҳли қалам ва зиё огоҳии хуб доранд. То имрӯз “дилсӯзиҳое” кардаанд, ки аз натиҷаҳояш оламиён огоҳаст.
Аз замоне, ки Эмомалӣ сари ҳукумат омадааст, соҳаи илм дар сахттарин ҳолати сакароти марг қарор дораду нафасҳои вопасинашро мекашад. Қадр кардани ӯ аз шоире чун Бозор Собир, ҳамон Бозоре, ки Эмомалӣ нуҳ моҳ дар зиндони худ нигоҳ дошта, ӯро бо асирон, бо миёнҷигарии СММ раҳо кард ва ӯ аробакаши бозори мардуми ғайр шуд, аз рӯйи ихлос ва самимият набуд ва то ҳоло ҳам метавонам бигӯям, ки нест.
Дар ҳақиқат, президент Эмомалӣ ҳимояти худро аз Бозор Собир соли 2013, дақиқан, қабл аз интихоботи президентӣ эълон намуда буд. Ин ҳимоят, албатта, ҳадафи сиёсӣ дошт ва он ҳам бо мақсади фишанге бар алайҳи ҲНИТ истифода бурдан буд.
Пас аз ин ки Бозор Собир бемор шуд ва фармони президент Эмомалӣ дар мавриди иноят ва бемордорияш, тибқи маълумотҳои расонаишуда, ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар ИМА – Салим Фарҳод ва Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов барои нигаҳбонии вижа дода шуд.
Аммо ин ду, яке сафир ва дигаре намояндаи доимии кишвар дар СММ, тибқи навиштаи духтари шоир Шогуна Собир, ба ҷуз бо қаду қомати қоқ чун бори зиёдатӣ будан ба пайвандони шоир, барои падараш ҳеҷ кӯмаке накарданд.
“Мо ба намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндаи Тоҷикистон дар СММ умед баста будем, вале дар посух аз онҳо пешниҳоди пучи маслиҳат бо ду табибе, ки аслан рабте ба бемории падарам надоранд, гирифтем. Албатта мо он пешниҳодро рад кардем”. — омадааст дар нома.
Дар идома Шогуна Собир навиштааст, ки хоҳишҳои зиёди онҳо барои кӯмак, аз ҷумла маслиҳат бо табиби чинӣ, ки бо бемории камназири шоири тоҷик сару кор доштааст, аз тарафи ин ду намояндаи Тоҷикистон (Салим Фарҳод ва Маҳмадамин Маҳмадаминов) рад шудааст. “Ҳарчанд, чанд рӯзи охир имкони интиқоли падарам пайдо шуда буд, ҳеҷ кӯшише барои бурдани ӯ ба хориҷ барои табобат, ки метавонист вазъи ӯро беҳтар созад, суръат нагирифт”. – гуфтааст Шогуна Собир
Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки оё президент Эмомалӣ барои табобати Бозор Собир аз ҳисоби фонди хайриявияш ва ё аз буҷаи ҳукумат маблағе ихтисос дода буд? Ё ин ки танҳо риёкорона, барои худнамоӣ дар ВАО фармоне содир намуд, ва ба сафиру намояндаи СММ фармон дод, ки ҷайбҳоро кобеду ба шоир кумак кунед? Чун то ҷое иттилоъ дорам, ҳама сафоратҳои Тоҷикистон худкифо мебошанд. Худашон бояд масорифи худро пушонанд. Аз ҳукумати кишвар ё вазорати хориҷа маблағе дастрас намекунанду барояшон ихтисос дода намешавад. Масалан аз ҳисоби визаҳои хориҷиҳое, ки аз сафоратхона мегиранд. Хуб медонем, ки шаҳрвандони ИМА визаҳояшонро аз фурӯдгоҳ ҳангоми дохил шудан мегиранд, имкони пул кор кардани сафорат кам аст. Инро ба он хотир зикр намудам, ки бечораи сафир пуле надорад, ки шоирро ба Чин фиристад ва ё дар беморхонаи хубтаре бистарӣ намояд. Президент Эмомалӣ хост, ки сафиру намоянда аз ҷайби худ шоирро табобат кунанд, аммо ин ду хостанд бо табобати ду табибе, ки арзонхарҷ будаанд бор аз гарданашон соқит шавад. Чун диданд, бастагони шоир ин пешниҳодро рад карданд, сафиру намоянда бошанд аз интиқолаш ба Чин, ки харҷи пулӣ дошт, худдорӣ намуданду ӯро ирсол накарданд.
Севвум эҳтимол метавонад ин бошад, ки чун диданд ин кор барояшон иимкони мушкил тамом шуданро дорад, хостанд ӯро ба кадом беморхонаи арзони Русия интиқол диҳанд, аммо имконият даст надод. Бубинед, Шогуна Собир чӣ гуфтааст: “Таърихи бемории падарам, ки барои маслиҳат бо табибон зарур аст, ба ҳеҷ табибе дар хориҷ аз Амрико фиристода нашудааст”.
Яъне, ин ҳама аз мунофиқ будани кӣ шаҳодат медиҳад? Духтари шоир Шогуна Собир, ки ҷигарбанди падараш буду ӯро дӯст медошт ва ба хотири шифояш ба ҳама кор омода буд ё “пешвои миллат”, ки фармони дурӯғу рӯякӣ барои хокпошӣ ба чашми миллат ва худнамоӣ дар ВАО содир намуд?
Ё ҷаноби сафир Салим Фарҳод ва намояндаи доимии кишвар дар СММ ҷаноби Маҳмадамин Маҳмадаминов?
Инчунин дар мавриди ин сафиру намоянда чунин фарзияе вуҷуд дорад, ки нахостанд шоирро кумак кунанд, чун шоир бузургони миллат ва динро таҳқир намуда буд, кумак ба ӯро гуноҳ шумурданд?
Пас, дар байни ин ашхос киро метавон Мунофиқ номид?
Ҷасади Бозор Собир ба Ватан оварда мешавад
1 майи соли 2018 президент Эмомалӣ ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш дод, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.
Мунтазири он ҳастем, ки кадом Олими дин ӯро ҷаноза мекунаду ин нангро, то рӯзи қиёмат бар дӯш мегирад. Оё худи президент Эмомалӣ дар ҷаноза иштирок мекарда бошад? Чун то ба имрӯз иштироки ӯ дар ҷанозаи ягон бузургони миллат расонаӣ нашудааст.
Бубинем, вақт нишон медиҳад.