Мухолифати доктор Абдуллоҳ ва устод Ато дар Афғонистон ва имкони нооромиҳо дар Осиёи Миёна
(таҳлили вазъи кунунии Афғонистон)
Вазъият дар кишвари Афғонистон тоза ташаннуҷ наёфта, балки солиёни зиёд (тақрибан чор даҳа) аст, ки ин нооромӣ идома дорад ва бевосита ба вазъи нобасомони Осиё марбут аст. Ҳар қадар дар Афғонистон нооромӣ идома пайдо кунад, ба ҳамон андоза кишварҳои ҳамсояро ноором месозад. Гумон меравад ба шарҳи ин мавзуъ ниёз нест. Ин кишвар аз оғози ҷанги рус ва ҷангҳои дохилӣ чанд миллион шаҳид ва овораву муҳоҷир дошт. Дар Афғонистон миллату халқиятҳои мухталиф аз қабили пашту,тоҷик, ҳазора,туркман ва ақалиятҳои дигар сукунат доранд. Аммо аз ҳама бештар дар ин давлат ду миллат пашту ва тоҷик бештаранд. Забони давлатии ин кишвар ҳам тоҷикӣ ва ҳам паштуст. Мардуми ғаюру силаҳшуранд ва дар тӯли таърих ҳама нерӯҳои таҳоҷумиро варшикаст намуданд. Аз Искандар то Чингиз аз инглис то рус аз ин кишвар шармсор хориҷ шуд ва дар ин авохир Амрико ҳам хоҳад шуд. Агарчӣ дар эълон мегӯянд хориҷ шудаанд, аммо то ҳанӯзам дар ин марз қарор доранд.
Агарчӣ миёни тоҷик ва пашту ихтилофи зиёд нест, аммо тоҷикон дар ин кишвар хеле кам ба раёсат ва ё ҳукумат расидаанд. Дар сад соли ахир ман ҷуз Ҳабибуллоҳхон (бачаи Сақо) ва Бурҳониддин Раббонӣ каси дигареро суроғ надорам. Манзур раисони мустақил аст на онҳое, ки бо қувваи хориҷиёне чун лухтак сари қудрат омаданд. Шояд хонанда бигӯяд: доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷрояи ҳукумати кунунии Афғонистон тоҷик ва баъзе аъзои кобина вазирон ва волиҳои бархе манотиқ тоҷиканд. Рӯзҳои ахир дар ягона ҳизби тоҷикони ин кишвар, Ҷамъияти исломӣ ташаннуҷ ва духурагӣ миёни ду роҳбари он ба миён омад. Миёни доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷрояи ҳукумати кишвар ва волии вилояти Балх устод Ато. Агарчӣ устод Ато дар ҳайати интихоботии доктор Абдуллоҳ ва пирӯзии ӯ хадамоти шоёне анҷом дода буд, аммо моҳи апрели соли гузашта мухолифатҳои ин ду шуруъ гардид.
Агарчӣ ҳама хуб медонанд, ки дар Афғонистон доктор Абдуллоҳ барандаи интихоботи раиси ҷумҳури ин кишвар буд. Чун тоҷик буд ҳазор мушкилот дуруст карданд,то ӯро раиси ҷумҳури Афғонистон таъин накунанд. Дар ҳоле ду миллион овоз пешсаф аз Ашраф Ғанӣ буд. Ҳамеша абарқудратҳо кӯшиш мекунанд соҳиби ҳаққи асосиро яктараф кунанд.Шахси мағлубро ғолиб эълон мекунанд ва барояш мегӯянд: бидон ту мағлуб будӣ ва мо туро пирӯз ё баранда эълон мекунем. Муҳим ончӣ мо аз ту мехоҳем бояд он хоҳиши моро амалӣ гардонӣ. Давоми моҷаро барои хонандаи нуктасанҷ маълум аст, ки чӣ бояд гузарад ва ё дар Афғонистон пас аз ин ҷиноят чӣ гузашт.
Қабл аз ин ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин интихобот ширкат кунад назди мардум аз ҳайсият ва обурӯи хоссе бархурдор буд.Сабаб наздикӣ ва дар рикоби шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд (раҳ) ва пас аз ӯ бо Устод Раббонӣ (раҳ) буд ва аз ин сабаб қабл аз ин ки коре анҷом диҳад миёни мардум муаррифӣ шуда буд. Муҳим дар интихоботи раиси ҷумҳур ширкат ва раиси иҷрояи ҳукумати Афғонистон гардид. Ончӣ бояд анҷом медод аслан коре накард, дар ҳоле раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ бе мувофақаи Абдуллоҳ ҳеҷ санадеро ба имзо намерасонид. Ҳама вазирон волиён ва мақомдорони афғон бо мувофақаи ҳарду сурат гирифта, қабул мегардид. Абдуллоҳ пас аз расидан ба маснад чанд вазирро аз тарафи ҷамъияти исломӣ ба мақомҳои гуногун таъин кард. Чунин амали ӯ дар дохили ҳизб сару садоҳои зиёдеро ба по хезонд. Шахсиятҳои бонуфузи ҳизби ҷамъияти исломиро бо худ мухолиф намуд. Ин норозиён аз шахсиятҳое буданд, ки собиқаи ҷиҳод дар кишвар ва пойгоҳҳои бонуфузи мардумии бештаре дар кишвар ва дохили ҳизб аз Абдуллоҳ буданд.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз назари коршиносон пас аз расидан ба қудрат.
Устод Абдуллоҳ Каримӣ: Қабл аз ин ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба қудрат бирасад мардум ӯро як шахсе медонистанд, ки наздикии зиёд бо шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд дорад. Шахсяте, ки Масъуд тайид карда буд мавриди интихоби тамоми мардуми Афғонистон бояд қарор мегирифт. Масъуд шахсе набуд, ки афроди тасодуфиро дар канораш бигирад. Ин масъала сабаб гашт ҳам ҳизб ва ҳам миллат ва ҳам ашхоси огоҳи кишвар ва миллат дар интихоби ӯ хато кунанд. Ӯро намояндаи ҳамаи миллати тоҷик медонистем,то он вақте,ки фаҳмидем моро кайҳо фурӯхтааст.
Доктор Абдулалим Шаҳриёр: Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ донанди хуби забонҳои инглисӣ, пашту то ҷое урду мебошад. Ҳангоме, ки сухангӯ дар Шӯрои назор ва ҷамъият буд ин забондонӣ сабаби маъруфияташ гашт. Аслан марди сиёсӣ нест ва метавонам бигӯям дар Шӯрои наззор қарорҳое иттихоз мегардиданд, ки аслан ин мард ҳеҷ огоҳие надошт. Пас аз чанде аз расонаҳо огоҳ мегардид. Намедонам чаро Аҳмадшоҳи Масъуд ӯро сухангӯ гирифта буд. Бо ҳадсу гумонҳои зиёд барои донистани хуби забони инглисӣ ва камгап буданаш.
Қабл аз поёни соли мелодӣ танишҳои шадиди сиёсӣ миёни доктор Абдуллоҳ ва устод Ато, волии Балх шиддат ёфтанд. Ин танишҳо дар ҳадди гуфтугӯ буданд, вале лаҳнҳои онҳо хашин ва аслан набояд дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоб мешуд. Аммо пас аз ин ҳама хидмат ва садоқате, ки устод Ато, волии вилояти Балх ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ кард, ҳеҷ шукру сипосе аз ӯ дарёфт накард барои ин ки Устод Ато ормонҳои миллати тоҷикро дар муддати раиси иҷроя будани доктор Абдуллоҳ аслан надид. Бидуни ин ки мухолифате кунад хост дар интихоботи ояндаи кишвар ширкат намояд. Ин амар боис гардид Ашраф Ғанӣ ва онҳое, ки ӯро сари қудрат овардаанд дар изтироб афтанд. Онҳо худ коре аз дасташон барнамеомад, биноан хостанд ин нақшаро тавассути доктор Абдуллоҳ бар алайҳи устод Ато анҷом диҳанд ва ду тоҷикро миёни ҳам душман созанд, то ки онҳо иттиҳодро канор гузошта миёни худ ихтилоф кунанд на бо дигарон. Ончӣ тарҳрезӣ карда буданд амалӣ гардид. Ҷудоӣ ва ихтилофи шадид миёни ду марди бузурги миллатро ба роҳ андохтанд. Устод Ато, Абдуллоҳро ба мори даруни остин шабоҳат дода, гуфт: “Дандонҳои ту зӯраш ба ман намерасад.”
Дар посух доктор Абдуллоҳ дар ҳузури аъзои кобина вазирони давлат ва хабарнигорон чунин гуфт: “Бояд ман мувозиби дандонҳои худ бошам,ки мабодо канда нашаванд.”
Самти шимоли Афғонистон барои чӣ лозим шуд?
Самти шимоли Афғонистон бештар тоҷикнишин аст, инчунин узбекҳо ва туркманҳо ҳам зиндагӣ мекунанд. Дар ин манотиқ паштузабонҳо тасаллути низомӣ надоранд ва қумандонҳои ҷамъияти исломӣ, ки пӯшиши комили минтақа зери дасти онҳост. Мехоҳанд нахуст аз раиси вилояти пуриқтидори Балх шуруъ кунанд ва Муҳандис Довудро ба ҷои устод Ато шинонанд. Пас аз он шуруъ кунанд ба вилоятҳои дигари самти шимол мисли Қундуз, Имом Соҳиб, Тахор, Бадахшон ( самти сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон). Сипас ба манотиқи узбекнишин Шибирғон, Маймана, ки ҳаммарз ба давлати Туркманистон аст. Агар ончӣ мехоҳанд тибқи нақша амал кунанд, мехоҳанд ҳамин хел то вилоятҳои ҷанубу ғарби Ҳирот, Нимрӯз, Фароҳ, ки бо ду давлат ҳаммарз аст, Туркманистон ва Эрон он вилоятҳои оромро ба майдони ҷанг табдил кунанд. Инчунин мехоҳанд ба минтақаи паштунишин Қандаҳор, ки омодаи авомири давлати марказӣ аст роҳро бипайванданд,то гузаргоҳе ба Покистон дошта бошанд.
Балх пас аз суқути давлати Наҷибуллоҳ то соли 1997зери тасарруфи Абдуррашид Дустуми узбектабор буд. Сипас дӯ рӯз зери қувваҳои ҳизби Ваҳдати Алии Мазорӣ, ҳазораҳо қарор дошт. Генерал Малик қудратро ба даст гирифт ва бар алайҳи толибон пирӯз гардид. Пас аз чанд моҳ онҷо зери тасарруфи устод Ато қарор гирифт ва тақрибан бисту як сол аст ӯ волии ин вилоят аст. Балх дар аҳди ӯ рушд кард ва самти шимолро устод Ато бо қудрати низомӣ ва молие, ки феълан дорад, метавонад идора кунад, зеро ҳукумати марказӣ аз идораи ин манотиқ мисли устод Ато наметавонад барояд.
Хулас таниш ва ихтилофе миёни тоҷикон дар Афғонистон андохтаанд, ки на танҳо ба зиёни тоҷикони дохили Афғонистон аст, балки зарари кишварҳои Осиёи Миёна аз қабили Тоҷикистон, Узбекистон, Туркменистон ва … аст, ки оҳиста оҳиста зарарш ба ҳама манотиқ хоҳад расид.
Тибқи иттилооти расонаҳо мехонем,ки беш аз даҳ ҳазор нерӯ дар манотиқи паштунишини Афғонистон омодаи ҷанганд. Намедонанд онҳоро ба куҷо фиристанд ва маболиғе аз хоҷагонашон ба даст оваранд. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки аз Сурия ва Ироқ тавасссути қаламрави Эрон гузаргоҳе кушоданд ва беш аз даҳ ҳазор ҷангҷӯро ба хоки Афғонистон интиқол доданд.Танҳо мунтазири пайдо кардани ҷои по дар самти шимоли Афғонистонанд. Агар ин ихтилофи миёни доктор Абдуллоҳ ва устод Ато домана пайдо кунад ҳаргиз ба суди давлатҳои Осиёи Миёна нахоҳад буд. Агар марказҳои стратегии ин давлатҳо хоб набошанд бояд хуб таваҷҷӯҳ кунанд. Ба ҳукуматҳои худ зиёни ин ихтилофотро дарҳол расонанд, ки онро бо ҳар қимате набошад бояд ба эътидол оваранд. Дар ғайри ин сурат ҳеҷ чизе садди роҳи ин таҳоҷумро наметавонад бигирад.То он силоҳбадастон аз байн нараванд, харобӣ ва маргу мирҳои мазиде ба амал хоҳад омад.
Осиё як пайкари обу гил аст,
Миллати афғон дар он пайкар дил аст.
Аз кушоди ӯ кушоди Осиё,
Аз фасоди ӯ фасоди Осиё.
Муҳаммадиқболи Садриддин