Нафрати Хистеварзиён аз «пешво» ва норозигӣ аз сарвазир

Ислоҳ нет

Номаи ҷолибу муфассале ба дасти мо расид ва муаллифон хоҳиш кардаанд, ки онро ҷудогона ба нашр бирасонем. Ин нома аз яке аз калонтарин ва шояд калонтарин ҷамоати деҳоти Тоҷикистон, аз Хистеварзи Бобоҷон Ғафуров ба дасти мо расидааст.

Маълумоти кутоҳи Хистеварз:

Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз ҷамоатҳои калонтарин на танҳо дар вилояти Суғд, балки тамоми ҷумхурӣ ба ҳисоб меравад, Ҷамоати деҳотро  аз тарафи шимол дарёи Сир, аз ҷануб қаторкӯҳҳои Қирғизистон ва аз шарқ ноҳияи Конибодому аз ғарб дарёи Хоҷабақирғон иҳота кардаанд. Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик (обанбори нерӯгоҳи барқии Қайроқкум) чойгир  мебошад. Аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шарқ бо ноҳияи Конибодом, аз ғарб бо Ҷамоати Овчиқалъача  ва аз шимол бо ҷамоатҳои Исфисор ва Зарзамин ҳамсарҳад аст.

Ҳудуди ҷамоати деҳот  1060, 7  километр  буда, масофаи чамоат то маркази ноҳия 9км, то маркази вилоят ш. Хуҷанд 25 км, то майдони хавоии байналмиллали 11 км ва то роҳи оҳан 9 км мебошад. Аз ҳудуди ҷамоати деҳот роҳҳои мошингарде мегузаранд, ки ахамияти байналмиллали доранд. Онхо Ҷамоатро аз тарафи ҷануб ба ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон алоқаманд мекунад (шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом).

Ҳудуди Ҷамоати деҳотро 3 деҳа (Хистеварз, Сотсиализм ва Мирзобаҳодур) ботеъдоди 22 маҳалла ташкил менамоянд.

Агарчӣ хело муқаддимачинӣ кардем номаро ҳаволаи шумо, хонандаи азизу арҷманд мекунем:

 Салому алейкум домулло Муҳаммадиқбол!

    Мо, сокинон ҷамоати деҳоти Хистеварз ҳастем. Номаи мо муфассал аст. Лутфан ин номаро ҷудогона ва ба ҳамин шакле, ки мефиристем, чоп ва пахш намоед.

    Аввал мехоҳем як каме маълумот роҷеъ ба ҷамоати  деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқ Қистақуз ҳаммарз бо Қирғизистон диҳем.

Хистеварз яке аз калонтари ҷамоат дар қаламрави ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад. Номи пешинаи ҷамоатамон Қистақуз буд, ки соли 2012 ба Хистеварз иваз намуданд. Дар Хистеварз 80 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Хистеварз нуҳ нафар генерал дорад, ки инҳо мебошанд:

1)Сангинов Абдуҳаким

2)Ҳобилов Абдуқодир

3)Ҳомидов Халифабобо

4)Ғозиев Абдуманнон

5)Ҷалилов Абдуҷалол

6)Ҳомидов Абдуҷаббор

7)Юсупов Абдурауф

8)Лутфуллоев Абдусамад

9)Юсупов Анварҷон 

Қоҳир Расулзода, сарвазири кишварамон низ аз ин ҷамоати деҳоти Хистеварз мебошад. Қарор буд ҷамоати мо мақомашро иваз карда шаҳрак ва ё ноҳия мешуд, ки нашуд. Хистеварз хеле ҳам ақибуфтода ва нообод аст.

Наход сарвазири кишвар аз Хистеварз бошад инқадар мардони бузургдошта бошад вале вазъу ҳоли мо дар чунин ҳолати хело баду вахиме қарор дорем.

Ман аз раиси ҷамоатамон сар мекунам. Раиси ҷамоати мо хонум Ҷурабоева Матлуба (ё Муҳаррам) аст. Як вақт Эмомалӣ Раҳмонов ба ҷамоати деҳоти мо бояд меомад. Дар рӯзҳои офтоби сузон талабаҳои мактабро маҷбур мекарданд, ки ба омадани вай тайёрӣ бинанд. Яъне маршировка.

Ҷурабоева дар гузашта омузгор буд. Вай хеле муғамбир ва айёр, мисли мор аст.

Намедонам чи коре кард, чи қадар маблағ дод, ки раиси ин ҷамоатамон гашт ва тамоми ҷамоатро зери идораи худ гирифт.

 Чи хеле гуфтам ҷамоати мо наздимарзӣ аст. Он тарафи марз ҷамоати Лайлаки Қирғизистон ҷойгир шудааст. Қисмати асосии молҳои қочоқи, тиҷорат ва бизнеси ғайриқонунӣ аз ҳамин ҷамоати мо мегузарад. Бизнеси аъзои оилаи Эмомтапак аз Қирғизистон тавассути ҷамоати мо мегузард ва тамоми молу колое, ки ин оила аз роҳи қочоқ ворид мекунад ва ҳар шаб миллионҳо доллар аз ин гуна амвол дохил мешавад, ҳатмани бидуни кадом тафтишу санҷиш, баракс бо «сопровождения»-и мақомоти милисаву амният то амборҳо бурда расонида мешаванд 

 Аз кишвари ҳамсоя ин молу колои қочоқӣ ба Хистеварз ва аз он ҷо ба ҷамоати Зарзамин, собиқ Қатаған гузашта ба маркази ноҳияамон Ғафуров медарояд ва аз онҷо мустақим ба паси бозори Сомон, ки он ҷо контейнер ва складҳо мавҷуд аст ҳамл карда мешавад. Тамоми молу маҳсулоти қочоқӣ бе назорат, расмиёти сарҳад ва пардохту боҷи гумрукӣ гузашта ба ана ҳамон паси бозори Сомон бурда ва амбор карда мешаванд. Албатта, бизнеси, оилаи Эмоматапак тариқи деҳаи мо ба роҳ андохтааст, сокинон аз деҳоти мо ва вилоятро ҳам ҷалб кардааст, ки онҳоро бо номи «Контрабандистҳо» мешиносанд.

Дар навбати худ шуморе аз сокинони ҷамоатамон аз «бизнес»-и оилаи Эмомтапак «ибрат» гирифта бисёрашон бо ин қонуншиканиҳо ба гузаронидани амволи қочоқӣ аз сарҳад даст мезаданд.

Аз пушти ин «бизнес» чандин одам ҷони худро аз даст дод ва чандин нафар ба маҳбас ҳам афтод. Зеро вақте аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба ҷамоати Хистеварз медароянд суръати мошинро на кам аз 160-170 меронанд, ки ба садамаҳои марговар анҷом меёбад. Мавридҳои зиёде аст ки кудакҳо таҳти чархи чунин мошинҳо монда ҷон додаанд.

 Онҳо ба ҳеҷ чизе, ба ҳеҷ касе нигоҳ накарда бо он роҳи рост мефароянд ва одамҳоро мекушанд, хонаҳои одамонро валангор мекунанд. Ба ҳамаи ин бизнеси оилаи Эмомтапак айбдор аст. Зеро онҳо ин корро сар карданд ва мардуми одӣ низ дид, ки даромади муфт ба даст меорад, ба ин кор шуруъ карданд.

Аз сари ҳар яке аз ин одамон, ки ба ин бизнеси қочоқӣ машғул мешаванд, марзбонон ҳатман «доля»-и худро мегиранд. Вале агар манъ карда натавонистанд сарҳадбонон ба Матлуба Ҷурабоева, раиси ҷамоат занг мезананд ва Ҷурабоева Матлуба ба он контробандист занг мезанад, ё тариқи ватсап менависад, ки «доля»-ро бидеҳ ва ё ба амният месупорамат ва ё коратро «чп» мекунам. Вай розӣ мешавад ва каме ба Ҷурабоева Матлуба доля медиҳад ва ҳамин тавр кор ҳалли худро меёбад.

( дар мавриди Ҷурабоева Матлуба мо ҳаминро гуфта метавонем,ки ӯ 13 уми апрели соли  2022  худро муовини раиси ҷамоати Хистеварз ба Азия-Плюс муаррифӣ карда буд. Аммо 22 уми сентябр дар РО ӯро Ҷӯраева Матлуба раиси ҷамоати Хистеварз гуфта муаррифӣ намудаанд, Ислоҳ)

 Дар ин кор боз як бузи дараҷаи олӣ, ки мегуянд ҳатто акааш ё падарашро ба амният бузӣ кардааст, Ҷумагули Хистеварзӣ Эҳсон бо лакаби Эҳсони Кучук машҳур аст, машғул мебошад. Ӯ аз содиқтарин ва наздиктарин чоплуси амният дар ҷамоатамон ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳаромхур ва подставчики дараҷаи олӣ мебошад. Ӯ дар кругҳое, ки менишинад мегуфтааст, ки ман дар Хистеварз «буви гапзана фалон мекунам» яъне очаи гапзана фалон мекунам гуфта аз чоплусии худ боз фахр мекардааст. Беҳуда ӯро Эҳсони кучук номгузорӣ накардаанд. Эҳсон ошкоро бе ибо мегуяд: «дар тереторияи Хуҷанд, Ғафуров, ки берун аз Қистақуз аст касе зиди ман барояд даже суду прокурор ва амниятша ма задагиюм бе шухи фалонаш мекунам.Хуб медонен прокурора чикор кардам ва чихел пешаш кардан? Юсуф Раҳмон ҳеҷ кор карда натонист»

Фарзандони ноболиғи сарватмандони Хистеварз ба корҳое машғуланд,ки аз гуфтанаш нагуям беҳтар аст. Барои онҳо ҳама кор иҷозат ва дозволенно аст.

Ҳоло мехоҳам аз беморхона бигуям. Дар беморхонаҳои Хистеварз аслан ба касал нигоҳ намекунанд, ҳатто дар дами марг бошад ҳам. Ба шумо аз доктор Раҳимов мегӯям. Як рафиқамро ҷарроҳии сутунмуҳра кард, аз уҳдааш баромада натавонист. Ин бародар инвалид ва даступояш тамоман бекор шуд.

   Акнун ба бозори Хистеварз мегузарем. Дар Хистеварз як бозор ҳаст ба номи Самеъ Раҳмон. Раиси ин бозор худи Самеъ Раҳмон аст. Аз рӯзе мо худро мешиносем ин шахс сарвари бозор ҳаст. На кам аз 15 сол. Ҳама ҷои бозорро ӯ харида бо домоду хешҳои худаш монополия кардааст. Ягон кас бе иҷозати ӯ коре дар ҳудуди бозор карда наметавонад. Ҳатто магазини худашро ба дилхох шакл мараммат ё ороиш дода наметавонад. Як ёрдамчӣ дорад. Номаш аз хотиротам баромад, чашмаш кабуд аст. Сахт зираку ҳушёр ва ранги дуздҳо. Бисёртар дар бозори хасу хошок ва бозори мурғ меистад. Боз уро дар қиморхона ҳам мебинед. Вазифаи ӯ аз соҳибони магазинҳои дар бозор буда ҷойпулӣ ҷамъоварӣ кардан аст. Ҳар саҳар 5 сомонӣ ва ҷои кадоме бештар бошад 7-8 сомонӣ мегирад. Ҳар рӯз 1500 ё 2000 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунад. Рӯзҳои бозор аз ҳар алаф ва хасу хошокфуруш ва мурғфуруш чекпулӣ мегирад ва ба Самеъ Раҳмон бурда медиҳад.

 Самеъ Раҳмон соатҳои 8 ё 9 меояд. Наздики ягон иду айём пеши фурушандагони бозор, шахсоне, ки дар назди магазинҳои бозор сабзавот мефурушанд, ҳамроҳи ду- се милиса омада бо як бераҳмӣ бо пои худ сатили онҳоро чаппа мекунад, хоҳ зани ҷавон ва хоҳ зани пир бошад. Боз ҳакоратҳои безеб мекунад, онҳоро меронад. Аз инҷо аст ки дастонаш пес аст.

  Самеъ Раҳмон дар бари бозор як бинои сеошиёна сохт, ки ошёнаи аввали онро ба «Имон Интрнешнал» ба иҷора додааст. Ошёнаи дуввум тарабхона ва меҳмонхона дар ошёнаи сеюм ҷойгир шудааст. Ошёнаи чаҳорум ҷойи туйхона ва дискоклуб-дискотека мебошад. Инҷо асосан ҷои зинокорӣ аст.

Дар инҷо аз ҷониби Ҷамшед, яке аз масъулони ин дискотека одамкушӣ ҳам сурат гирифта аст.

Шабе як сокини Хистеварз ба клуб меояд ва аз сабаби сархушӣ худро идора карда наметавонад ва ба фоҳишаҳои онҷо нишаста даст расонидан мегирад. Ҷамшед талош мекунад, ки уро аз ин амал боздорад. Вале вай Ҷамшедро дашном мекунад. Ҷамшед аз сари ғазаб бо як бутилка ба сари ӯ мезанад. Аз байн як ду -рузе нагузашта ӯ дар хонааш ҷон ба ҳақ таслим мекунад. Кофтукоб карда мебароянд, ки ҳодиса чунин сурат гирифтааст. Вақте марги он бача ба гуши Ҷамшед мерасад, ӯ пинҳон мешавад ва ба амри тақдир тан медиҳад. Падараш ба хонаи он шахс, ки ба ҳалокат расид, рафта ҳамдардӣ баён мекунад.

 Падару модари Ҷамшед ва аз ҷумла бобои модариаш генерали мустаъфӣ Ғозиев Абдуманон бо воситаи шиносҳояшон мехостанд, ки ҳодисаро тишина кунанд, аммо нашуд. Модари бачаи кушташуда аз боли Ҷамшед даъво мекунад. Охир Ҷамшедро дастгир карда ба СИЗО мебаранд. Аммо 6 – 8 моҳе ногузашта ӯро бо чи қуввае ба озодӣ бароварданд. Чи хел карда шахсеро, ки одам куштааст, бароварданд, барои мо номаълум аст.   

 Дар Хистеварз 3 мактаби хусусӣ ва 9 мактаби давлатӣ амал мекунад. Дар мактабҳо барои фонд 20 сомонӣ, барои обуна 10 сомонӣ, госстрах  ва боз баъзе вақтҳо пули ғизо, пули таъмир100 сомонӣ, пули формаи ягона. Хуллас, бо ҳар баҳонае муаллимон суиистифода аз талабаҳо мекунанд. Чунки маоше, ки мегиранд нокифоя аст. Ва барои ҳамин ба ин гуна ҳаромхурӣ ва ҳаромкорӣ даст мезананд. Худованд лаънат кунад Эмомтапакро бо ин шакли ҳукумати ташкил кардааш.

  Акнун  аз мактаби №5 ҳарф мезанем. Директори мактаб Ҷураева Нигина зани корманди Идораи налоги ноҳия аст. Хеле ҳавобаланду мағрур аст. Гуё маликаи Хистеварз бошад. Вале кори идораи мактабро сарфаҳм намеравад. Идораи мактабро ҷойнишинаш муаллима Ахмедова Малоҳат пеш мебарад. Вай муаллимаи хуб аст.

 Директори мактаб духтарони бо сатр ва руймолдорро аз сараш руймолашро маҷбур мекунад барорад ва баъд ба дарс иҷоза медиҳад. Ба муҳофизони мактаб ҳам чунин супориш додааст. Назоратро аз болои хонандагон хуб намебарад, ҳамаи кору фаъолияташро ҷойнишинонаш ба пеш мебаранд. Бо ҳамроҳии Раҳмонова муаллимаи равоншинос талабаҳое, ки ба масҷид мераванд, якто якто суҳбат карда руирост мегуянд нараванд ба масҷид. 

Дар мактаби№5 ва қариб дар тамоми мактабҳои Хистеварз посбонҳои давлатӣ кор мекунанд. Онҳо бояд амнияти мактаб ва тартиботашро таъмин ва талабаҳоро назорат кунанд. Нагузоранд бо телефон ба дарс дароянд, байни ҳам талабаҳо ҷанг накунанд. Аммо онҳо баръакс , ҳамроҳи талабаҳо носкашӣ мекунанд. Посбонҳои зан суҳбатҳои беҳуда бо бачаҳову занҳо мардҳояш бо духтарон суҳбат кардан мехоҳан ва телефонҳоро бо як харидани шаурма ва ё 15-20 сомонӣ пас медиҳанд. Пас аз куҷо насли наврас тарбия ёбад?

Дар мактаб хато нахоҳад буд, агар бигуям, ки куллан тартибот ҷорӣ нест. Ҳамааш показуха. Муаллимаҳо медароянд саргарми суҳбат ва ё паёмакрасони телефонашон. Бачаҳо саргарми суҳбат. Муаллимаҳо по болои по нишаста баҳо мегузоранд. Ҳатто тафтиш намекунад, ранги садик шудагӣ аст мактабҳои Хистеварз. Боз ҳар як муаллима вақти имтиҳон наздик мешавад мегуяд, реферат биёр. Агарки гуфтед наметавонам, мегуянд пулашро деҳ ман худам тайёр мекунам. Боз ягон ҳофиз ояд ё ягон сирк ё намоиш аз сари ҳар як талаба маҷбурӣ билет мехаронанд.

Дар мактаби №5 подкурс амал мекунад. Шахсоне,ки ба Донишгоҳи тиббии ба номи Абуали Ибни Сионо дохил мешаванд бисёрашон ба ин муасисаи мо ба тайёрӣ- подкурс омада дарс меомузанд ва бо омодагӣ ба маркази миллии тестӣ мераванд. Сардори подкурсҳо Ҳошимҷон Иброҳимов мебошад.

  Ҳошимҷон Иброҳимов дар фанни химия хеле дастовардҳо дорад. Шахси машҳур аст. Аммо порахур, ҳаромхур ва зинокор будани ин шахсро на ҳаркас медонад. Ҳошимҷон Иброҳимов ду зан дорад. Як занаш баробари худаш ва ё ду- се сол хурд. Лекин зани 2юмаш Ганҷина муаллима мебошад. Ин муаллимаро Иброҳимов аввал ба номусаш расида баъд ба занӣ гирифт. Мо мактабхон будем, медидем ва мешунидем, ки бо Ганҷина -муаллимаи ҷавон корҳои маҳрамона дошт ва дар охир ӯро низ ба зани гирифт. Подкурсе, ки ин бадбахт дар деҳаамон боз намуд ба амнияти деҳаамон хатар овард.

Пеш аз подкурс кушодани ин бадбахт дар Хистеварз ба ғайр аз милитсаҳои отдел   мо шахсони дигар минтақаро намедидем. Ҳоло бошад бисёранд. Мо мардуми меҳмондустем, аммо бисёр аз шахсоне, ки дар подкурси ин бадбахт таҳсил мекунанд, зери роҳбарии ӯ ё фоҳиша ва ё насилшик ҳастанд. Ҳар сол мо мардум ба гушамон мерасад, ки аз подкурс 3-4 духтар ҳомила шудааст. Ҳол онки хобгоҳи ин подкурс ҳамагӣ100 метр дур аз хонаи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон қарор дорад.

Мақомоти куру гунги Эмомтапак ба куҷо нигаҳ мекарда бошанд? Боз дар даруни муаллимаҳо бузҳо ҳастанд, ба монанди Кенҷаева, Хидирова, Ҳалимов Ҳофиз, Исоқова ва дигарҳо, ки касеро мешиносанд, дар маҳаллаҳояшон ҳаст ё ба синни хизмат расидагианд, даррав ба директор бузӣ мекунанд. Директор бо  ҳамроҳии муаллими ҳарбӣ ба ВУС-и ҷамоат бузӣ мекунанд, гуё аз номи мактаб қапида доданд. Ногуфта намонад дар ҷамоатамон ВУС Тоҳир гуфтанӣ шахс ҳаст-бузи № 1 ва облавчик. Бо ҳар баҳона ва макру ҳилла зуран ва ё зорӣ фарзандони одамонро ба хизмати ҳарбӣ мефиристад. Ду нафари ин нома нависро ҳам бо ҳазору як ҳиллаю ваъда фиристонд. Гуё участкаи наздиҳавлиги гирифта медода бошад, як коғази сохта ва печатро медиҳад ва ё права мегирам медиҳам мегуяд, аммо ҳамааш фиреб. Досааф меравед 3 моҳ мехонед. Досааф, роҳпулӣ, хурдухурок аз худатон. Боз рузи вождений мешавад, экзаменпулӣ 400 сомонӣ медиҳед. Агар падар -модар успет кунад, ҳушёрӣ кунад праваатонро мегирад, набошад тамом месузад. Се моҳи хондагӣ роҳпулӣ, хурок обедпули ва 400 сомонӣ рузи вождений додаатон месузад.

  Ана ҳаминтавр ин бадбахти касифи Тоҳир одамонро фиреб  мекунад. Боз мебинем дар твҳо ҳазор реклама карда ана ҷавононро шаҳодатномаи ронандагӣ додем , ана ин кардему он кардем ҳамааш сад дар сад дурӯғи маҳз аст.

Акнун ба оилаи сарватмандон мегузарем: Ҷалол ва Ҷамоли Пуст. Аз пулдорҳои Хистеварз мебошанд. Падару амаки ин сабзи бадастони машҳур бо тахалуси Ники шинохта мешавад.

  Ана ҳамин ду бародар соҳиби бозори Сомон буданд. Аммо сарвату дороиашонро оилаи Раҳмонови лаънаткардаи Аллоҳ кашида гирифт. Тойота Ланкурузер вақте нав мебаромад аз хориҷа Ҷамоли Пуст меорад ба Душанбе пас ба Хуҷанд   Мошинашро бо рақамҳои 8888 аз дасташ кашида мегиранд. Ҳатто номерҳои телефонашро ҳам кашида мегиранд. Аммо ин ду бародар бизнесашро пеш бурда истодаанд.

 Акнун ба ҳафт бародарон дар поёни бозори Хистеварз мегузарем. Онҳо ҳафт бародар ҳастанд –Усмоновҳо. Онҳо пеш дузд буданд –вагондузд. Яке аз бародарҳои онҳо тюремчик -Анвар дузд аст, ба даст мефарояд, тюрма мешинад ва мебарояд. Инҳо пулҳои ҷамъкардаашонро гирифта бародарашон Обид Усмоновро бо связҳои Бахтиёри суд ва дигар одамҳои дахлдори боло «доля» дода Обид Усмоновро дар вилоят раиси суд мекунанд. Ин чи хел қонун аст ки касе доғи судӣ дорад ва ё додараш дузд аст бо пора раис шавад.

Як бузи дигарро шинос мекунам. Ин шахс қорӣ аст. Шахсе,ки овозаш аз Қорӣ Сиратулло дида беҳтар ва боқувваттар аст. Ин шахс Муҳаммадхуҷа, хатмкунандаи мадрасаи Хуҷанд, қорӣ Қуръон. Ин шахс чоплус аст, бузи №1. Дар байни намозгузорону ҳоҷиён ва қориён беҳад бо кибр мегардад.

   Боз дар байни намозгузорони масҷидҳо инҳо бузанд: Самад, бо тахаллуси Қош, Ҳоҷӣ Мансур ва ҷиянаш Мазбут бо тахаллуси Дев, ки ниҳоят маккор, зирак ва муғамбир аст. Чоплуси номери як дар Хистеварз аст. 

Тамоми имомҳои масҷидҳоро кормандони амният бо таҳдиду зӯр маҷбур мекунанд ҳар моҳ аз сандуқи хайрияи  масҷид пулҳоро оварда диҳанд. Ва боз ин  имомхатибон 400 – 500 сомонӣ аз худашон илова карда медиҳанд. Аз минбари масҷид рузҳои ҷумъа фақат ва фақат ба ҷои амри маъруф ва наҳйи мункар гап гапи Пешво ва хизмат нарафтани фарзандони мардум ва террористу экстремизм ва бадном кардани Назҳат, Гуруҳи 24, Кабирӣ, Муҳаммадиқбол, хоҷагони хориҷӣ ва дигар сухане нест. Врақаи навиштаи амниятиҳоро аз номи кумитаи дин аст ё муфтӣ Сайидмукаррам  меоранду имомхатибҳо онро ночакондаю норезонда мехонанд. Масҷиди Кулулоне,ки амал мекард дарҳояшро баста ва сипас онро ба сехи дузандагӣ иваз карданд. Ҳоло ин масҷид «маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Толибзода” аст»

Дар тамоми масҷидҳои Хистеварз бе иҷозат якҷои онро обод кардан манъ аст.  Агар ягон каси хайрхоҳ обод мекунем гуяд, пули ӯро мегиранд ва амният иҷозат намедиҳад ва баъдан  аз паси он хайрхоҳ мешавад. Ин чигуна миллат, ин чигуна давлату давлатдорӣ аст. Як мақомот қабри падари Фарҳод, раиси туйхонаи Хистеварз, ки аз  як туй 5000 сомонӣ мегирад, дар оромгоҳи Олимшайх рафта бубинанд, чи ҳолу аҳвол аст? Сағона аз 14 метр рост карда аст. Ин ба куҷо рост меоя? Дар ҳамон мазор ҳам, кӣ будани худашонро мешиносонанд, дар қабристон ҳам бою камбағалро ҷудо мекунанд.

Акнун ба танзим мегузарем. Баҳром, раиси танзим, насабаш аз хотирам рафт, як бузи шохдор аст. Як бор уро аз кор берун андохтанд, аммо ба маҳзи бузи нағз буданаш боз оварданду дар кор монданд. Арусҳоеро, ки фата мепушад, барои пушонидани пеши бараш румол андозад, иҷозат намедиҳад. Мегуяд пеши барат бояд кушода бошад.

Нархи туйхона аз 2500 то 5000 сомонӣ ҳаст. На ҳар кас шароити туй кардан дорад. Як ҳофиз аз 1500 то 3000 ҳазор нарх дорад. Дар Хистеварз ба ҳисоби миёна барои як туй 65-70 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ин лаънаткардаи Раҳмонов ва танзимаш куҷоро нигоҳ мекунад? Ҳозир ин одам ҳам раиси танзим ва ҳам раиси бозори Самеъ Раҳмон аст.

  Қоҳир Расулзода як бор ба деҳаат нигоҳ ку, ки  чи гап рафта истодааст? Ту хуб медонӣ. Бисёре аз инҳоро ту худ ҳато «кришоват» мекунӣ. Тюремшики Фирузи Шолкамбинотро ҳам ту тағагӣ ва покриват мекунӣ, аз маҳбас халосаш мекунӣ. Шарм намедорӣ? Дируз, ки будеду ҳоло кӣ шудед? Аз хотиротатон баромад чи бало?

Домулло Муҳаммадиқбол ман мехоҳам ин номаамро барномаи отделно кунед.  

Боз як чи аз хотиротам баромад. Як ҳаромхури дигар дар Хистеварз ин Бахтиёр бо мошини БМВ сиёҳ. Вай ба заминфурушӣ машғул аст. Чандин нафарҳоро замин ваъда карда надод. Лақабаш Бахтиёри шрам аст. Аз оилаи Зоиди Пажар.

  Дар поёни кабинети Самеъ Раҳмон компютерхона,ҷойи бозӣ ҳаст. Дар онҷо  ноболиғҳо-талабаҳои мактаб, ҳатто бо либоси мактабӣ ба бозии компютерӣ машғул мешаванд .

Дар Хистеварзи мо заминфурушӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, хулиганӣ, бузӣ ва чоплуси дар авҷи аъло аст.

 Боз як чиро мегуям. Мо ба марз наздикем. Он суи марз хлопушка ва маводҳои траканда-салютмефурушанд. Аз ин тарафи куча амниятиҳо назорат мекунанд. Касе харид меқапанду ҷарима мекунанд. 30-40000сомонӣ мекананд. Ва он хлопушка ва салютҳои мусодиракардаашонро баъд ба фурушандаҳои бозори Самеъ Раҳмон медиҳанд. Гуё инҳо нелегално-қочоқӣ дароврадаву пинҳонӣ мефурушанд ва амният ва раиси бозор дарак надорад, яъне баҷоӣ фурухта истодаанд. Аммо мефурушанду пулашро бурда ба амниятиҳо медиҳанд.

  Дар отдели Хистеварз як кулобӣ аст Холдор  ном дорад, подполковник замначалник буд, мумкин ҳоло началник бошад, кор мекунад. Сахт зирак ва ҳушёр аст.10 сол зиёд шуд,ки дар Хистеварз кор мекунад. Намозхононро бад мебинад ва маҷбурӣ ба отдел бурда ришашонро тор -тор метарошад.

  Отдел мебарад ва хар барин мезанад. Боз мегуяд «ман тағата фалон кадагиюм ича гапзан маюм». Як нафари дигар Аҳлидин буд. Вай ҳам айни ҳамин Холдор намозхон ва ришдорро чашми дидан надошт. Покриваткунандаи бисёр ҷинояткорон буд.

 Дар тамоми масҷидҳои Хистеварз бузҳои амниятӣ ҳастанд.

Ҳамроҳи мардум намоз мегузоранд, даний мегиранд, ана дидед, ки фардояш дар отдел мешавед.  

Боз як маълумоти дигар. Вақте дар марз ҷанги қирғиз буд, мо дар части Таги мости Ғафуров, ки наздик ба Хистеварз аст, қарор доштем. Дар вақти тирҳоро тақсим кардани майор Юсупов он шахсоне, ки наздик ба круг ва мафияи Самеъ Раҳмон ва ҳафт додарон  ҳастанд, аз фурсати ҷангӣ истифода карда тирҳоро ба кисаҳояшон андохтанд. Дар ҷанги пешина ҳам ҳамин корро карда буданд, яъне тирҳоро тасарруф карда буданд.

Дар Хистеварз ҳоло низ дуздон ва наркобизнесменҳо  хеле зиёд ҳастанд.

Яке аз онҳо сароянда, писари шодравон Музаффар Ашуров Парвиз аст, шахсе,ки   ба духтару зани дигарон дастдарозӣ мекунад. Ин сароянда 4-5сол пеш ба як аруси 23-25сола баҷо баҷо аз шавҳари ӯ мегашт. Рӯзе мешавад ӯро меқапанд. Шавҳари он зан бо чор- панҷ нафар Парвизро ба саҳро бурда ба оқибаш сабзӣ мезананд. Як ду моҳ ба туйҳо намеравад. Ҳоло боз  мисли гузашта ба туйҳо меравад.  

Нафари дигар Ҷурабек Набиев муаллими санъат ва мусиқӣ аммо чоплуси ҳақиқӣ аст. Роҳбари радиои ҷамоат мебошад. Кадом вақт дар идораи ҷамоат маҷлис мегузаронанд. Дар як тарафи маҷлисгоҳ сурати афтода ва чангзадаи Ҷанобро дида даррав ба амният занг мезанад. Амният меояд ва ҳамаро ба по мехезонад.

Дар ҷамоат як бузи дигар буд ҳоло повишений рафт-Ғаниев Нуъмон. Ин буз, чоплус ва лесаки ҷаноб аст. Муаллим буд,ба ҷамоат кор омад. Ҳоло дар ҳукумати вилоят назди Қофлонбой аст.

  Аз як соҳибкор ва бизнесмен гуфтаниям. Азиз бо тахаллуси Азизи Дузах. Аз он сабаб дузахӣ лақаб мондаанд, ки ӯ харомхур ва  просентчики ашаддӣ аст. Дар хонааш автопарк дорад. Кришаи ӯ худи Сарвазир Қоҳир Расулзода  аст.

Тамоми идораҳои букмеккерӣ ва лотои Хистеварз дар дасти ду нафар Камол бо лақаби Камоли Лоточи ва Шодӣ бо лақаби Шоди лото аст. Ин ду нафар дар тамоми вилоят идораҳои букмекерӣ ва лотоӣ доранд. Чунон бой ҳастанд, ки бо мошинҳои гуногун мегарданд ва ҳатто бачаҳои ноболиғашон дар кучаҳои Хистеварз бо электромобил мегарданд. Ин ду нафар дар Қайроккум, Чкаловск ва боз дигар ҷойҳо хонахои бешумор доранд

  Дар назди мактаби 34 як масҷиди 5 вақтаи хурде ҳаст. Онҷо штаби чоплусҳо шудагӣ аст. Ин масҷид аз хонаи Қоҳир Расулзода 180 метр дур аст.

 Масҷиди Кулолонро маҳкам ва дар ҷояш чевархона ба занону духтарон кушоданд.

 Вақте корамон ба ҷамоат меафтад хоҳ барои ақди никоҳ, хоҳ бо дигар кор, хоҳ справка ё ба пеши раиси ҷамоат даромадан аввал номери китоб мепурсанд. Номери китобро наёбем корро ҳал намекунанд. Вақте мо барои номери китобро пурсидан меравем онҷо пули партов- мусорро пардохт кунед мегуянд. Ҳол онки партовро намегиранд аз назди хонаҳо. Баъд боз андози об, андози хона, андози замин, пули барқ, хуллас ҳамаи инҳоро санҷида сипас ба номери китоб ё справка-маълумотнома мегирем ва ё метавонем пеши раиси ҷамоат дароем.

 Дар охирин лаҳзаҳо, ки ин матлаб ба нашр омода мешуд, боз як номаи дигар аз Хистеварз ба дасти мо расид. Муаллиф шикояти худро аз раиси ноҳияашон оғоз кардааст.

   Нусратулло Салимзода, вақте раиси ноҳия таъин шуд, дар маҷлиси аввалинаш бисёр калонгапӣ карда «маро пешво ба ин ноҳия фирсондан, то ки инҷоро обод созам ва корҳои ғайриқонуниро аз байн барам, ман сер ҳастам, хона дорам, мошин дорам, пулу мол дорам, фақат ба ман ободӣ даркор» гуфта буд.

Аммо баъдтар фаҳмидем, ки ӯро Эмомтапак барои шикастани миёни соҳибкорон фиристода будааст.

 Ҳозир бошад дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як парчам ороста карда истодааст, ки тамоми харҷоти он аз ҳисоби ҷамоатҳо, мактабҳо ва соҳибкорҳо аст. Устоҳое, ки дар онҷо кор мекунанд ҳоло ҳаққи меҳнатро нагирифтаанд.

Дар ҷамоати мо бошад ду мактаб сохта истодаанд. Як мактаби лаёқатмандон, ки қисмати асосии сохтмони онро одамҳои сарвазир пеш бурда истодаанд.

Муассисаи дигар низ ба тариқи ҳашар сохта шуда истодааст. Пеш аз оғоз кардани сохтмони ин мактабҳо тамоми соҳибкорҳоро дар зали ҷамоат ҷамъ карда маҷлис баргузор намуданд. Онҳоро уҳдадор ва маҷбур карданд, ки «саҳм» гузоранд ва обод кунанд. Айни ҳол ҳашар идома дорад.

   Дар рубаруи мактаби лаёқатмандон мактаби №34 ҷойгир шудааст. Бархе аз қисматҳои онро вайрон карда ба сари талабаҳо бор карданд, ки онро аз сари нав   ва ба таври замонавӣ бисозанд. 

  Кучаҳоро боз монанди пешина “пешво” меояд гуфта мардумро водор карда истодаанд, ки хонаҳои фарсудашуда ва деворҳояш ба таъмир ниёз доштаро нав кунанд ва ё ҳатто девори иловагӣ бизананд, то инки ба меҳмонҳо писанд ояд, яъне манзур аз меҳмон Раҳмонов аст, меҳмони нохонда.

Ин муассисаро ҳам соҳибкорҳо сохта истодаанд. Девори гирдаш тақрибан 300метр ҳаст. Онро аз талабаҳо 60-70 сомонӣ гирифта сохта истодаанд.

Ба устоҳое, ки дар онҷо кор карда истодааанд ҳар як синфро вобаста карданд, то талабаҳо хуроки онҳоро таъмин кунанд.

 Раҷаббой Аҳмадзода- Қофлонбой, раиси вилояти Суғд ва сардори амнияти ноҳия меоянд, ки рафти кори сохтмони мактаб суст аст. Ба сари соҳибкорон дод зада баро чи шумо сустед, як мактаби 8 синфхонаро то ҳол ба итмом  нарасонидед, пешво наздик ҳаст, ки биёяд, ҷангу ҷангҷол мекунанд.

  Дар ҷамоат боз маҷлис ташкил карда мегӯянд шумоҳо ҷон- ҷон гуфта бо тезӣ ба охир расонед, барои онки  пешво меояд. Инҷо ҷамоати шумо аст, ба мо чи, гуфта соҳибкорҳоро маҷбурӣ ба сарашон бор карда, ту ин корро иҷро кун, ту он корро кун гуфта дастуру фармон дода истодаанд.

Ин ҳама фишору маҷбурсозӣ ва хароҷот ба дили соҳибкорҳо задааст. Аммо намедонанд, ки аз ин зулм чи тавр халос шаванд.

 Дар ҳамин маҷлис дар бораи облава ҳам масъалагузорӣ карданд. Ба директорҳо, раиси ҷамоатҳо, имомхатибҳо фармон доданд, ки яктоӣ- дутоӣ сарбоз ёбед. Ҳамаи онҳоро рост карда, «не агар натавонед ҷойро холи кунед» гуфта вазифа доданд .

 Куратори амнияти ҷамоат Шамс ном дорад. Мошинаш мерседеси серебро, рақами давлатиаш 20 30 мебошад.

Боз лимити барқ сар шуд. Руз кайе хоҳад мекушад, кай хоҳад медиҳад. Дар аввали шаб бошад соати 22:00 барқро хомуш мекунанд.

  Дар мо се масҷиди ҷомеъ ҳаст. Мавзуъи асосии имомҳо пешво ва хизмати аскарӣ. Пешво дорем, шукр кунед, хиёнат накунед, ба монанди хоинони миллат, ки дар хориҷ қарор доранд гуфта сари ҳамаро вайрон мекунанд.

   Имоми масҷиди Сурх мегуяд аз аскари саркашӣ кунед, ба дузах меравед, гуфта таъкид мекунад. Имомҳо навиштаи аз кумитаи динро хонда шарҳ медиҳанд. Барои ҳамин мо ба масчид  намеравем, намози панҷвақтаро дар хона ва ҷумъаро дар шаҳр мехонем. 

 Бародари азиз, домулло Муҳаммадиқбол! Баъд аз нашри барномаи «Раҳмонов ба Қистакуз набиё» тамоми амниятиҳо ва мақомоти боло девона шуданд: «инро кӣ хабар дод, ин хел шахс дар ҷамоат набуд, обрӯямонро резонд» гуфта то ҳозир байни ҳам дар пичпичанд. Ва ин барнома боис шуд, ки “Ислоҳ”-ро ҳама дар ҷамоат,аз хурд то калон шинохт.

Дар номаи пешина гуфта будем, ки аз мардум маблағ ҷамъ карда кучаҳоро асфалтпуш мекунанд. Вақте дар сайт нашр кардед, фардояш ҳамсари сарвазир бо намояндаҳояш омада дастур дод ҳамаи он маблағҳои ҷамъа шударо   баргардонед. Роҳҳои маҳаллаҳоро мо асфалт мекунем гуфт. Ва чанд километр роҳро асфалтпуш кард.Дар ҳақиқат ин резултати барномаи гузаштаи “Ислоҳ”  буд,ки ҷони моро халос кардед.

Ташаккур ба Ислоҳ.

Share This Article