Нӯҳ гурӯҳи зуррияи шайтонҳо
Умар ибни Хаттоб (раз) мегӯянд: зуррияи шайтон ба нӯҳ даста тақсим мегарданд.
1. Залийтун,вазифааш дурӯғ ва корҳои фиреб додан дар бозорро ба мардум меомӯзонад.
2.Васийн, вазифаи ин шайтон дар мусибатҳои мардум ҳузур доштан ва ба онҳо суханони ширкомезро таълиму ташвиқ кардан аст.
3. Лақус, вазифаи ин шайтон ҳамроҳӣ ва ташвиқу тарғиби ойини маҷусият (оташпарастӣ) ё зардуштия аст.
4.Аъвон, вазифаи ин шайтон бо подшоҳону раисон наздик шудан ва онҳоро васваса намудану аз роҳ бероҳ кардан аст.
5. Ҳаффоф, вазифаи ин шайтон бошад ҳамнишинӣ бо шаробнӯшон ва майхорагон аст, то онҳоро дар ин амал зиёдтар гирифтор намояд.
6.Мурра, вазифаи ин шайтон ҳамроҳӣ намудан бо оҳангсозон ва навозандагон аст.
7.Мусаввит, вазифаи ин шайтон нашри хабарҳоест, ки дар забони мардум мегузорад, то онро нашр намоянд дар ҳоле онҳо дурӯғанд ва ҳеҷ аслу сиҳҳате надоранд.
8.Досим, вазифаи ин шайтон дохил шудан дар хонаҳоест,ки соҳиби онхона мардаш дохил гардад ва номи Худоро нагирад ва салом нагуфта дохили хона гардад.Дар ин ҳолат ин шайтон вориди хона мегардад ва миёни марду зан ҷудоӣмеандозад, ки гоҳо ба талоқ анҷом ё ба ҷанҷол ва мусибати миёни зану шавҳар хотима меёбад.Пас, мардони хонавода вақте вориди хона мегардед ҳатман Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бигӯед ва Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳимро низ фаромӯш насозед.
9.Лаҳҳон, вазифаи ин шайтон васваса намудани мусалмонон миёни таҳорат ва намоз аст.Масалан дар шакаш меандозад мисли инки вузӯ надоштӣ ё надорӣ ё як ракат намози зиёд хондӣ ё ҳар чизе ба ин ду иртибот дорад.
Шайхул ислом дар ин замина хеле хуб баён намудааст: Инсоният ё башарият пас аз Одам (а) ва пеш аз Нӯҳ (а) бо ҳаёти тавҳидӣ ва ихлоси хеле олӣ зиндагӣ мекарданд. Тавреки падарамон Абулбашар Одам (а) зиндагӣ мекарданд, то инки ширк ва ибодати бутпарастиро поягузорӣ намуданд. Инро инсоният худ бо кӯмаки ин шайтонҳо асос гузоштанд ва ба он машғул гардиданд. Дар ҳоле ин амали шанеъ ва ҳалокро Худо ба онҳо наомӯхта буд ва паёмбареро барои ин нафиристода буд. Шайтон башариятро ба ибодати ин ҳама таълим дод ва ин амалҳои музахрафро дар назарашон зиннат дод. Чунонеки баъзе аз файласуфон то ба ҳол мехоҳанд чизеро аз он қабил масоил барои башарият таълим диҳад.
Бархе ба ибодати бутҳо ситорагони осмонӣ ва сайёраҳои он пардохтанд. Инчунин парастиши рӯҳрҳо низ ба роҳ монданд.
Қавмҳое пайдо гаштанд, ки паёмбарони гузаштаашон ва мардони солеҳашонро дар суррати буте ё муҷассамае барои фаромӯш накардани онҳо сохтанд ва шайтон онҳоро дар охир ба ибодати он бутҳо таълим дод.
Қавмҳое низ пайдо гаштанд, ки ба ибодати рӯҳҳои заминӣ ба қавли худ мисли ҷин ва шайтон оғоз намуданд.
Инчунин қавмҳое ба тартиби мазоҳиби ботилу мунҳарифе даст заданд, ки онҳо тақлиди кӯр кӯрона аз раисонашон намуданд. Гуё он роҳе раисонашон равонанд он роҳ роҳи ҳидоят ва растагорист. Пас Худованд дар оғози пайдоиши ин ҳама динҳо ва равишҳои ботилу музахраф паёмбари худ ҳазрати Нӯҳ (а)-ро фиристод, то бори дигар он ҳамаро ба роҳи рост ва ҳидоят даъват намояд ва онҳоро аз ибодати ин ҳама буту бадбахтиҳо наҷот диҳад ва танҳо Аллоҳи ягонаро ибодат намоянд. Дар ҳоле он ҳама низ даъво доштанд, ки мо ин ҳамаро ибодат мекунем, то василае бошад барои расидан ба он холиқи якто. Худованд моро аз роҳи рост мунҳариф магардонад ва роҳрави ростини дини поки ислом устувор боқӣ бидорад, омин.
Хонандаи гиромӣ, душманонатро шинохтӣ,ҳамчунин вазифаҳояшонроҳам хуб фаҳмидӣ, пас аз онҳо ҳамеша дӯрӣбиҷӯ!!!