Намози ҷанозаатро ин шо Аллоҳ на дар ғарибӣ, дар Ватан мехонем!

Ислоҳ нет

 

    Салоти  ҷанозаи падарамро бо аҳли шаҳрамон Қурғонтеппа,  бо ҷамъи хешу табор,модару ҳама бародарону хоҳаронам, ёру ошно ва дӯстону дӯстдоранаш намехонем, турбаташро дар мазори шаҳрамон намегуронем. Бале, буданд дӯстону ёру ошноён,роҳравони мактабашон,хешутабор ва таслиятҳо ва таъзияҳои зиёде бароямон ирсол карданд,ки ададшон хело зиёд буд.Ҳазорн сипос ва раҳмати Илоҳӣ ба ҳама азизони таъзиягӯяндагон.Дар умум барои ҳамаи шумо мегӯям: ”Ҷазокумуллоҳу хайран,шакараллоҳу лакум ва аъонаналлоҳу ало таҳаммули ва сабр.Инна лиллоҳи мо ахаз ва лаҳу мо абқо ва кулла шайин индаҳу би аҷалин мусаммо”. Падарам, худо биёмурзадаш, ки дар ин  рӯзҳои ахири лаҳзаҳои вопасини зиндагӣ,назъи равон, ҳеҷ шиква ва шикояте накарданд, чун дар роҳи интихобидааш қоим ва устувор  ва мусаммам буд, ҷоми шаҳодатро нӯшид. Аммо ҳоли маро Худо медонаду худам. Дар ғурбат ҳастам. Ғайриихтиёр, ночор ва аз рӯи иҷбор.Дақиқан тоза ба он оёт ва аҳодисеки дар мавриди вафоти шахси ғарибу муҳоҷир гуфта шудааст мерасаму онро ба хуби дарк мекунам,хело ҳолати рӯҳи ва равонии ғайри оддие ба инсон рух медиҳад.Дар назар аст намози ҷанозаи падармро рӯзи сешанбе дар Варшава мегузорему дар қабристони мусалмонони Лаҳистон ба хок месупорем.

 

   Ман паноҳанда. Чаҳор сол аст ки паноҳандаам. Берун аз Ватан. Ман ва хеле аз шумори дӯстони ман ва 71 нафар аз оилаи ман дар ҳиҷратанд, ки ҷуз аз хидмат ба мардум ва исломи азиз коре накардаем, ҳамин ҳолу мақоми маро доранд. Паноҳандаи сиёсӣ. Ин чизро ҳам бигӯям, ки бори дуввум аст дар ҳамин 27 соли раҳбарии Эмомалӣ ман, мо ва ҳамтақдирони мо ногузир ва ночор, аз бими онки кушта ва зиндонӣ хоҳем шуд, зодгоҳамонро, Ватанамонро, манзилу молу ҳоламонро, кору корхонаамонро тарк мекунем ва рӯ ба ғурбат меоварем.

 

     Он замон, ки рӯди Омуро убур карда ба Афғонистони ноамну дар банди ҷанг паноҳ бурда, оромиш пайдо кардем, хеле ҷавон будам. Он вақт ном гирифтем гуреза. Садҳо ҳазор тоҷик тану ҷонашро гирифту гурехт. Тӯфони бало, қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ватанамонро, хонаамонро, ҷони бастагонамонро гирифт. Гуреза шудем.Гуреза шудем,аммо санади гурезагӣ надоштем.Ҳоло паноҳанда, санади паноҳандагӣ дорем.

 

       Он замон Шумо раиси Шӯрои олӣ шуда будед, ҳоло раиси ҷумҳурӣ. Ҳамин ки пойи шумо ба қудрат расид, беш аз як миллион тоҷики мусалмон тарки кишвар кард.Аз тарсу ҳароси Шумо. Аз бими намурдан, кушта ва зиндон нашудан аз дасти шумо.Бале, ҳамин тавр. Шумо, ки қудратро гирифтед, ба тухми тоҷик қирон омад ва шумо маҷозан вазифаи малакҳои қабзи рӯҳи тоҷикҳо шудед. Чун шумо аз хоҷагони хориҷиатон,Русия ва Ӯзбакистон, дастур гирифта будед, ки тоҷики мусалмонро бояд қир кунед, тоҷики дар роҳи ислом, тоҷики дар ойини Муҳаммадиро саркуб ва помол кунед. Ҳамин ҳоло ҳам раванди рӯ ба ҳиҷрат ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст ва соле нест, ки ҳазорҳо мурдаи тоҷик аз Русия ба ватан оварда ва ё дар хоки ин кишвар ғарибмазор бишавад. Аммо шумо парво надоред. Шиму шалвори шумо  он замон андозаи 48-50 буда бошад, ҳоло 68 ва то беразмер агштааст.

 

    Он замон мегуфтед, ки то як тоҷик дар ғарибӣ аст, ман худро ором намеҳисобам. Аммо  ҳоло себаробар тоҷикҳо дар ғарибӣ, заҳри ғурбат мечашад, паноҳанда аст. О, мо дар ин ду навбат, аз дасти ярч, аз дасти обхезӣ, аз дасти заминҷунбӣ ва ё кадом офати табиӣ, тарки манзилу ёру диёр накардаем, медонед инро, боре ба худ меандешед? Мо, аз дасти ҷавру зулми шумо, ки як ҳамватан, як ҳамзабон, забонам намегардад, ҳамдину ҳаммазҳаб бигӯям, аммо чи чора, ки ҳамдину ҳаммазҳаби худ, боз ҳам тарки кишвар кардаем. Мо, аз дасти Шумо ба мулки ғайр паноҳанда шудем, мо паноҳ ва паноҳгоҳ хостем аз  ситам ва истибдоди шумо. Вагарна шумо моро мекуштед, зиндон мекардед. Мо аз як ҳамватан ба як бегона паноҳ бурдаем.  Кишварҳои аврупоӣ имрӯзҳо ҳазорҳо тоҷики мазлум ва ҳақоратхӯрдаро дар канораш гирифтааст. Воқеият ин аст ки бештари ин шумора аз паноҳандаҳо аз Ҳизби наҳзат ва озодандешони ин миллатанд. Мусалмонони паноҳандаи тоҷик  Аврупоро паноҳгоҳ ихтиёр кардаанд. Дар ҳоле, ки замину хоки  кишварҳои мусалмонӣ зери пойи  лашкари НАТО ба хароба ва вайронӣ бадал шудааст: -Ироқ, Либӣ,Сурия,Афғонистон ва садҳо ҳазор овораву саргардон боз ҳам дар ин кишварҳо сарпаноҳ меҷӯянд. Ин ҳам як озмоиш ва санҷише аз сӯи Аллоҳ барои Раҳмону мисли ӯ диктатору худкомаҳо аст, то бидонанд, Худованд ризқу зиндагии бандаҳояшро дар ҳарҷо аз ақсои гетӣ таъмин кардааст, бо онки онҳо ҳақу ҳуқуқи ман ва мисли манро  мехуранд.

   Баъдан шумо бо мо, аз ҷумла падари бузургвори ман, ки аз муассисони Наҳзати исломӣ ва аз ҷонфидоҳои ҳаракати бедории исломӣ  буд, оштӣ карда ба бархе аз бузургони Наҳзат ҷоизаҳои давлатиро  эъто кардед ва Наҳзатро мояи ифтихори давлат эълон доштед. Аммо баъдан ҳамаро аз ҷумла худатонро мункир шуда боз ҳам тохту тоз кардед ва мо,чуноне мебинед, тарафи дигари сулҳ, фирорӣ ва дурусттараш паноҳандаем.

 

Медонед паноҳанда кӣ ва паноҳанда будан чӣ аст?

 

  Паноҳанда ин яъне фирорӣ, яъне касе, ки агар фирор накард, ҷону ҷисмаш таҳти хатар аст, касе ки имкони зист дар ватанро надорад ва худро дар паноҳи дигарҳо зада. Шумо хиҷолат намекашед, изо намекашед, балки омодаед, ки хуни халқро бирезед танҳо ба хотири онки маҳз шумо кайф кунед, айшу ишрат дошта бошед.Дигар ҳама шуморо таъзим ва дастҳо пеши бар ҷаноби “пешво” гуянд. 

 

   Мо ва ҳазорон чун мо ҳоло паноҳандаем.

 

    Ин як воқеияти талху тунд аст ки паноҳанда, овора, гуреза, муҳоҷир, беҷошуда ҳамвора зери назорат ва таҳти таъқиб қарор дорад. Соҳиби ҳуқуқ мешавад, сайругашт мекунад, аз неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истифода мебарад, дар канори  маскунин ва атбои он мамлакат, ки таҳти ҳимояташ гирифтааст, ба сар мебарад.Аммо ӯ соҳибватан намебошад, Ӯ як шаҳрванди муваққат аст ки баробари фароҳам омадани шароит ва муҳайё шудани заминаи мусоид барои бозгашт ва зиндагӣ ба ватанаш бармегардад.Зиндагии табиӣ надорад. Шиносномааш ҳам фарқ мекунад,мақоми иҷтимоиаш ҳам. Раъияте бо ҳуқуқҳои маҳдуд. Ин як достони пурғусса ва пурдард, моломол аз сӯхтан, аз кулфату ғам аст, ки сарнавишти садҳо, балки ҳазорҳо тоҷикро ташкил додааст. Ҳавову ҳавасу орзуи бозгаштро хелеҳо ба гӯр мебаранд, дар интизории як ҳарфе, ки тамоми умр шуниданианд, кӯки чашмашон канда мешавад.Камиандар кам афроде дар ин роҳ тоб меоварад.  Ман намедонам  Раҳмон сарашро дар болин монда як раҳ фикр мекарда бошад, ки чи корҳои зиште бо ин миллат кард. Халқ торумор ,муҳоҷир, зиндонӣ, гушна  ва нимгушна,зиндонӣ ва дар ҳолати парокандагӣ қарор дорад.

 

   Вале, ҳоло боз ҳам мову паноҳандагиву паноҳандаҳои мо.

 

     Мисли ҳамон даврони қаблӣ паноҳандаҳои тоҷик, албатта, як қисми хеле кучак, шояд, ки дар шумори ангуштон бошанд, аммо ки паноҳанда ҳастанд, мутаассифона ду тараф шудаанд. Ба маҳзи онки бо ҲНИ мухолифат доранд, талош доранд бо мухолифи ҲНИ муомила кунанд.

   Ҳизби наҳзати исломӣ бо аъзо ва пайравонаш қотеъ ва қавӣ аст. Он навбат ва ин навбат ҳам. Барои як паноҳандаи дорои ақида, руҳия ва хати маши мустаҳкам ҳолате, ки барои бархе аз паноҳандаҳои тоҷик пеш омада, рух намедиҳад. Паноҳандаи наҳзатӣ пиёзи кунгардон не, кӯҳи побарҷост. Баъзе аз афрод, ки мубориза ва талошҳояшон ҷанбаъ ва ҳастаи руҳонӣ надорад, дар пайкору мубориза  қавӣ ва қоим нестанд, мавқеъи худро бой медиҳанд ва бо пашизе ормонҳои худро  иваз мекунад.

 

      Бархе ҳам ки то дирӯз хушомадгӯву мушаввиқу мубаллиғ буданд ва нохоста хатти қирмиз зер карданду аз корхона ронда шуданд, не таҳдиде ба ҷон доштанд,не ҳарфе бар муқобил, аммо ҳоло, дигар паноҳандаи сиёсианд. Дар хориҷ аз ватан ҳастанд.Бароям нофаҳмо аст, ки чи боис мешавад  алайҳи паноҳандаи дигар, ки аз ҳамон режим фирор кардааст, ҳарф мезананд. Кадом чизе дар ин миён тақсим нокарда аст ва ё чизе ҳаст ки бар болояш  тавофуқ сурат нагирифтааст.  Аммо бархе аз ин паноҳандаи босибиқа, ки шояд ба иллати рафтани сол бошад ва ё кадом иллате дигар, ки худ паноҳандаанд, аммо мегӯянд ба ҳукумат овоз медиҳам. Хуб бошад, раъй  диҳед овоз диҳед.  Аммо як бор биандешед. Ҳоло ки дам аз созиш бо душманро доред, бар пояи кадом таҳаввул ва тағйир ба чунин амал даст мезанед? Магар дар Тоҷикистон чи амале, чи сиёсате рӯи кор омад? Чи дигаргунӣ шуда, ки боиси гардиш ва чархиши онҳо шудааст? Кадоме аз таваққӯоти онҳо бароварда шудааст? Пас, ин паноҳанда пеши кӣ меояд ва чаро меояд? Чи тавр мешавад, ки беҳтарин даврони зиндагӣ дар ғурбат,бо ёди  як ватани орӣ аз диктатор ва як ватани барои ҳамагон бигзараду баякбор тағйири самту сӯ ва мавқеъ кунӣ. Дар ҳоле ки он тарафе, ки буд бадтар ва бераҳмтар ва золимтар шудааст. Магар инки дар воқеъ дигар мадори худро бо обу дона таъмин кардан надошта бошад. Аммо гург вақте озодиашро бар ивази ғизо намедиҳад, тасодуфӣ ба ин роҳ нарафтааст, ҳатто гурги пир,медонад, ки душвораш мешавад, аммо ӯ ба ин роҳ бидуни пушаймонӣ ва огоҳона рафтааст. Ба фарқ аз саг, ки занҷири бардагиро дар гардан гирифт, то инки масъалаи ғизо барояш пеш наояд. ”Сабралгин”- нони қоқ, беҳтар аз “шукрона”-сарқут ва подачка аст. 

Онки шуморо “харидор” мешаванд ба маҳзи аз онки аз давру бар ва пиромани ҳизб кам бисозанд. Ва на танҳо шумоҳоро. Бубинед, ки моҷарои Ш. Гадоевро. Ҳадафи асосӣ кӣ ва чӣ буд. Ҳоло ҳамаро мехоҳанд баргардонанд. Аммо ба ин шарту шурут, ки ба охури ӯ ва давру бараш касе даст наандозад, касе эътироз накунад, ки чаро танҳо шумо бояд тамоми сарват ва неъматҳои моддии ин сарзаминро, ки барои ҳама тааллуқ дорад, соҳиб бошед. Ва ҷамъи мардуми мусалмони тоҷик дар доираи ҷаҳонбинии зиддидинии онҳо ба сар баранд? Ва паноҳандаҳо бираванду тавба бикунанд. Ва паноҳандаҳо бираванду бигӯянд, ки шумо дуруст будаед, мо хато кардаем.  Аз тарафи дигар ба ин сабаб мехоҳанд ҳеҷ як аз паноҳандае дар берун набошад,чун паноҳандаҳо, ончуноне, ки ИНОТ дар он солҳо зӯрашон оварда буд, зӯрашон овардааст. Парвандаи ҷурму ҷиноёти бешуморашон ҷамъбаст ва таслими додгоҳи байналмилалӣ мешавад. Марҳамат, биравед, иқрор кунед, бигӯед, ки пушаймон шудем. Аммо, на падари ман, ки мурдан дар ғурбатро тарҷеҳ дод ва на мо чунин бозгаштро намехоҳем. Иншоаллоҳ, бо онки борҳо таҳдид кардаед, ки бо хун омадаем,бе хун намеравем, вале ҳоло замона дигараст.

 

  Ва гар ки дар он навбати муҳоҷират Ҳоҷӣ Қаландари Садруддин ва ҳамроҳонаш водор карданд(балки гузашт карданд), ки ҳукуматро тақсим кунед, бо вуҷуд ки абарқудартеро чун Русия дар пушт доштед, ин навбат ҳам бо луфту карами Аллоҳи бузург мо ба Ватани худ бармегардем.  Вале ба фарқ аз шумо  талош мекунем, ки шумо паноҳанда нашавед ва манзили абадиатон дар Ватан бошад. Хоҳем бахшид, чун ислом дини раҳмат ва мағфират аст…. Ва низ нангу номуси ҳамватаниамон намегузорад, ки як ҳамватани  мо дар берун аз кишвар хок бишавад.Дақиқан он кореро,ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар фатҳи Макка бо аҳли Макка бар замми он ҳама озору азият ва фишору таъқибу ҷангҳо бо он ҳазрат ва асҳоби киромаш карда буданд ва ӯ чӣ коре кард дар муқобил, он корро бо шумо мекунем.Сухани таърихияшон чунин буд: “Биравед ба дурустики шуморо талоқ кардам” яъне ҳеҷ коре надорам бар шумо ва озодҳастед дар Макка ва манотиқеки зери контроли мо қарор дорад.Ва  Ин шоАллоҳ, ки намози ҷанозаатонро  на дар ғарибӣ, дар Ватан бо ҷамъи наздиконат хоҳем хонд ва дар мазори Мавлоно Тоҷиддин дар назди Марямбиби ба хок месупорем.

 

Share This Article