Нақшаҳои шум ва ҷиноятҳои полковник Шоҳрух Саид дар дохил ва хориҷ  

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Полковник Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД(УУР) бо ин нақша ва ваъда, ки то ду-се моҳи оянда,ман: –Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев, узви аршад ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистонро дастгир ва даступобаста ба Тоҷикистон мебарад, доираи салоҳият ва ихтиёроти худ ва ниҳоди зери контролашро васеъ кардааст. Ҳамакнун тамоми ҷараёноти таҳқиқу тафтиш ва боздошту истирдоди шаҳрвандони таҳти пайгард дар хориҷ аз Тоҷикистон ба дӯши танҳо УУР гузошта шудааст.

Гап сари он меравад, ки аз моҳи марти соли гузашта бахше аз ваколатҳои КДАМ-ро гирифта ба ихтиёри ВКД, дақиқтараш Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, маъруф ба «9-ий отдел» вогузор карданд. Ба таъбири дигар аз СС.Ятимов гирифтанду ба Шоҳрух Саидзода доданд. На танҳо аз ваколатҳо маҳрум намуданд, ходимони амниятӣ, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекарданду мекунанд, минбаъд ба Шоҳрух Саидзода гузориш медиҳанд. Салҳои пеш дар шабакаҳои телевизионӣ аз дастовардҳои КДАМ зиёд мегуфтанду нишон медоданд, ҳоло бошад қариб,ки дида намешавад. То соли гузашта КДАМ бюҷети номаҳдуд дошт, яъне ҳар чи қадаре, ки мехост аз ҳисоби бюҷети давлатӣ бо ҳар баҳона пул мегирифт. Феълан тарафҳо иваз шудаанд. Чунки Рустами Эмомалӣ барои Шоҳрух аҳамият ва эътибори бештар дода истодааст ва дар нақши асосӣ Шоҳрух бо Раёсати кофтукови ҷиноятӣ бозӣ мекунанд. Акнун кормандони амният(КДАМ) низ ҳар нафареро бо кадом ҷурме дастгир кунанд, оварда ба Раёсати таҳти назорати Шоҳрух Саидзода таҳвил медиҳанд. Акнун кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятӣ метавонанд, ки ходимони амниятро бо иттиҳоми барои мисол «хиёнат ба ватан» ё ки нисбати сиёсати Пешвои миллат ягон нияти бад надошта бошад ба шӯъба даъват карду мавриди пурсиш ва тафтиш қарор диҳанд. Феълан дар ин васат танҳо ноҳияи Фархор истисно аст, чунки дар ин ноҳия ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ба дасти одамҳои Ятимов аст. Вале, маълум аст ки ин ҳолат давомдор нахоҳад буд ва Шоҳрух инҷоро ҳам таҳти контрол мегирад.

Тарҳе баргирифта аз Узбекистон 

Гуфта мешавад, ки ин тарзу услуби ба истилоҳ ислоҳот дар сохторҳои қудративу низомиро Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳукумати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон омӯхта ва ба он пайравӣ кард. Мирзиёев ҳукуматро аз таҳти контроли СНБ-Хадамоти амният гирифт ва ба ВКД дод, ки ин ягона роҳи бақо ва идома додани ҳукуматаш буд. Чунки СНБ як ҳукумати даруни ҳукумат буд, айни коре, ки феълан СС.Ятимов дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Инро айнан Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли табаддулоти давлатӣ анҷом дод. Ин навъи табаддулот дар мақомоти қудратӣ- интизомӣ ба он ҷиҳат ҳам ҳаст, ки мансабдорони баландмақом мисли саг ба раис вафодор бошанд ва тарсанд, чунки раис «ҳарчизе бихоҳад,мекунад».

Шоҳрухи наркобизнес бар алайҳи наркобаронҳо

 Шоҳрух Саидзода дар соли 2021 як амалиёте бар зидди наркобизнесҳои Тоҷикистон гузаронд ва онро шабу рӯз дар телевизионҳо намоиш дод. Бар ин корномаи Раёсати кофтукоби ҷиноятӣ таҳсину офаринҳо карданд. Вале инҷо дар зери коса нимкоса вуҷуд дорад. Яке аз наркобизнесҳои «катазан» ва миллионери Тоҷикистон Муқим Қурбонов бо лақаби «бачаи кампир» буд. Албатта миллионҳоро «бачаи кампир» аз ҳисоби тиҷорати маводди мухаддир ба даст овардааст. Савол ин аст ки  пас чаро ӯро то ин замон дастгир накарданд? Ва, вай тавонист, ки аз фурӯши наркотик миллионер шавад? Гумон мекунед, ки мақомот:-милиса ва амният дарак надоштанд, ки Муқимча наркобизнес аст? Баракс, на танҳо хабар доштанд, балки бо дастгирии СС.Ятимов ва Мансур Умаров муқимча ин тиҷораташро идома ва равнақ медод ва ҳар сол барои ин ду нафар 1 миллион долларӣ «доля» медод.

Шоҳрух дар Туркия

Шоҳрух Саидзода баъд аз онки салоҳияту ваколатҳои Раёсати зери назораташро васеъ кард, чандин нафар аз ходимони милисаро ба Туркия роҳӣ кард. Барои боздошту овардани Сӯҳроби Зафар, раиси «Гурӯҳи 24». Манбаъе, ки ин маълумотро барои мо расонд, исми ин гурӯҳи кормандони милисаро, ки вориди Туркия шудаанд, дар даст доштааст, аммо гуфт беҳтар аст як каме сабр кард.

Ёдатон бошад, замоне,ки Умаралӣ Қувватов, роҳбар ва бунёдгузори «Гурӯҳи 24»-ро дар Туркия ба шаҳодат расониданд, ходимони милиса ному насаб ва шиносномаи худро иваз карда буданд. Барномаи қатли ӯро, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов дар тарҳрезӣ ва маблағгузориаш якҷо бо Шамсулло Соҳибови домодаш ширкат карда буд, ВКД ва аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳамин Шоҳрух Саидзода татбиқ карда буд. Шоҳрух Саидзода, ки моҳи апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД омад, дурусту дақиқ бо «о,кей»-и худи Эмомалӣ Раҳмонов ба ин мақом расид, вагарна Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ аслан инро намехост. Ҳамин ҳоло ҳам дар «круг»-и худаш аз ҳузури Шоҳрух Саидзода ба шиддат изҳори норозигӣ мекунад:

«Яг гудаки риха дар таҳи фуки ман оварда мондаст. Ҳарчи хабаре шавад ба Рустам мегуяд ва Рустам ба падараш мерасонад. Аз пушти ман кор кадестай».

Ногуфта намонад, ки Шоҳрух Саидзода ба курсии нафаре нишаст, ки сардори гурӯҳи аҷиршудаи милисаҳое буд, ки дар Туркия Умаралӣ Қувватовро дар пеши чашми зану фарзандонаш бо тири туфанг зада куштаанд. Ин нафар он замон сардори милисаи фурудгоҳи ш. Душанбе Исозода Набиҷони Исо фамилияи пешинааш (Грезов Набиҷон Исоевич) соли таваллудаш 07.06.1977зодаи н.Восеъ буд, ки баъдан сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВКД ва сипас, баъд аз онки Шоҳрухро дар ҷояш нишонданд, чанд муддат дар мақоми сардори ШКД дар Бохтар кор кард.   

Хуб, ҳоло бубинем, ки Шоҳрух дар Туркия ба чи корҳо машғул аст. Рӯи 30 декабри соли гузашта Насим Шарифов як нафар аз аъзои аршади «Гурӯҳи 24» дар манзили зисташ дар Истанбули Туркия дастгир шуд. Қаблан низ ин узви баландпояи ин гурӯҳро ду маротиба дар Туркия дастгир карда буданд. Насим Шарифов, дар шабакаи радиои «Зело» барномаи «Гурӯҳи 24»-ро пеш мебурд. Аммо ин бор низ тири Шоҳрух Саидзода хок хӯрд. Мақомоти Туркия ҳамагӣ баъди 6 рӯз, рӯзи 5 январи соли ҷорӣ Насим Шарифовро ба иллати онки талаб ва дархости Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ дорад, озод карда таслими гурӯҳи милисаҳои фиристодаи Шоҳрух накарданд.

Манбаъи мо афзуд, ки ҳоло дар айни тоҷикҳои Туркия Шоҳрух Саидзода тавонистааст, ки чанд нафарро ба худ ҷалб ва «буз» кунад. Гуфта мешавад, ки ин ҳайати фиристодашуда аз 30 нафар ҳам зиёд аст. Онҳо чанд ҳафта қабл аз соли нав эъзом шудаанд ва ба ҷуз аз аъзои «ГР-24» ва ҲНИТ ҳадафи асосии дигари онҳо боздошту истирдоди онҳоест, ки дар шабакаҳои маҷозӣ канал доранд, сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Ҳамаи онҳоро бо иттиҳоми моддаи 307 айб задаанд. Феълан дар Туркия чандин нафар аз афроди вобаста ба ҷамоати «Таблиғ»-ро дастгир кардаанд.

Яке аз онҳо Муҳаммадиқбол ном доштаст. Ӯро низ дуюмбора маҳкам карданианд. Омаданд хонааш худашро наёфтаанд, занашро бурдаанд. Гуфтаанд, худаш ояд баъд ҷавоб медиҳем.Манбаъи «Ислоҳ” афзӯд ҳамсари Муҳаммадиқболи таблиғиро чанд рӯз боздошт намудаанд вале аз худаш дараке нашуда ва чанд рӯз шуд ҳамсарашро раҳо намудаанд. Вайро,танҳо ба он хотир,ки ҳамноми ман аст, дастгир кардаанд. Таблиғиҳо як оддат доранд,ки вақте хуруҷ мебароянд телефонҳояшонро дар хонаҳояшон мегузоштаанд. Телефонашро Муҳаммадиқбол дар хонааш гузошта будааст ва бо пилинги симкорт ӯро пайдо карда будаанд мақомоти интизомии Туркия. Аммо меафзояд манбаъи мо, ҳамаи онҳоро мақомоти Туркия раҳо хоҳанд кард. Барои мисол як нафареро, ки тамоман дар сиёсат ва ҳизбу гурӯҳҳо алоқа ва дахл надорад, масалан ҳоҷӣ Умарро ҳам бо дархости Шоҳрух Саидзода дастгир кардаанд. Гап сари он меравад, ки баъди «шеф» шудани Шоҳрух тамоми феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯ тариқи Интерполро нав карданд. Ҳоҷӣ Умар фақат тасбеҳу ҷонамоз мефурӯшаду халос. Ба касеву чизе кор надорад.Таблиғиҳо, маълум аст, ки ҳамеша мегарданд, якҷо намешинанд. Корашон ҳамин аст. Онҳо мераванд барои корҳои таблиғии худ, аз 7 рӯза ,то 20 ва чила ва чор моҳа ҳам хуруҷ мекунанду даъват мекунанду мегарданд. Ин усули даъвати ин ҷамоъа аст . Онҳо аз барои худо, сирф холисанлиллоҳ ба таблиғ машғул мешаванд, бидуни ҳарфе задан аз сиёсат. Ҳатто то охири хуруҷашон бо ҳамсару кудаконашон гап намезананд.

Сӯҳроби Зафар, роҳбари «ГР-24»-ро наёфтанд. Яке аз шогирдонашро қапиданд, вале чуноне гуфтем, озод шуд. Ба ҳамин тариқ феълан10 нафар таблиғиҳоро тавонистанд, ки маҳкам кунанд. Шоҳрух, сахт воҳима карда истода буд, ки бубинед, чихел кор карда истодаам. Боздоштгоҳҳои Туркияро аз хоинони миллати тоҷик пур кардам. Аммо раҳоии Насим Шарифов ба сари шодиву хурсандии вай сатили оби хунук рехт. Ва, гуфта мешавад имрӯзу фардо он нафарони таблиғӣ ҳам раҳо хоҳанд шуд. Вакилони мудофеи онҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо экстрадитсия намешаванд. Чуноне гуфтам инҳо «спискаи розиск»-ро барои соли нав «обнавит» карда буданд. Набошад ин одамҳо дубориву себорӣ ғалтидаву сафед шуда баромадагианд. Инҳо қарори суд доранд. Адвокатҳояшон гуфтаанд, ки ҳамаашон давоми даҳ -бист рӯз озод мешаванд. “Ҳеҷ гуноҳ бор карда наметавонанд”.

Шоҳрух дар Русия

Шоҳрух Саидзода дар соли гузашта дар Русия муваффақ ба боздошту истирдоди чанд тан аз мухолифону мунтақидони режими Душанбе шуд. Намояндаи «ГР-24» дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон нимаи дуввуми моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дастгир ва сипас ба Тоҷикистон мустарад шуд, ки баъдан додгоҳи Душанбе ӯро ба 20 сол равонаи зиндон кард. Дар ҳоле ӯ шаҳрванди Русия буд вале шаҳрвандӣ судаш накард.Дар моҷарои ин узви «Гурӯҳи 24» ин нукта баҳсомез буд, ки ҳамтои русии Шоҳрух Саидзода дар як посухи катбӣ ба Сӯҳроби Зафар, роҳбари ин гурӯҳ мегуфт, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон дар Русия ғайриқонунӣ зистааст, аммо алайҳи вай кадом тафтишоте сурат нагирифтааст вале вай 18 май тарки Русия кардааст. Албатта, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон бо хоҳиши худ тарки Русия намекард ва яқин аст ки ӯро доштанду таслим намуданд. Чун мақомоти фосиди Русия ин гуна муомила бар сари шаҳрвандони тоҷикро на як бору ду бор анҷом додаанд.

    “Бо айни ҳамин шева Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия  боздошт ва сипас ба ватан истирдод шуд ва Додгоҳи Олӣ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.”

Онгуна ки ба Туркия гурӯҳи ходимони милисаро эъзом кард, айни замон намояндаҳои ВКД-и Тоҷикистон ба шаҳрҳои зиёди Русия фиристода шудаанд. Онҳо расман барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ, кумак барои назорат бар фаъолияти муҳоҷирон, диаспораҳо, созмонҳои фарҳангиву иҷтимоии тоҷикҳо дар Русия истихдом шудаанд. Аммо ҳадафи сафарҳои кории онҳо тамоман дигар аст, ки ҳатто мақомоти дохилии Русия ҳанӯз аз он пай набурдаанд. Пешопеш бигӯям, ки як ҳадафи фиристодани ходимони Раёсати кофтукови ҷиноӣ ба Русия ин аст ки дар Тоҷикистон барои онҳо «нон» нест. Вале инҷо ҳадаф «доля» бастани бизнесменҳои тоҷики қаламрави Русия аст. «Доля» бастан, дақиқ кардани мавқеъу дидгоҳи иҷтимоии онҳо, ки бо мухолифин ҳастанд, ангеза ва таҳаррукоти зиддираҳмоновӣ доранд, ба сиёсат «қуш»-анд ё хайр ва дар сурати таъйиди ин занну гумонҳояшон шикасту нобуд кардану депорт кардану иттиҳом задани онҳост. Ҳадафи асосии Шоҳрух ва Рустаму падараш ҳамин аст, таҳти контрол гирифтан ва бар манфиати худу режими худ истифода кардани бизнесменҳои пулдори тоҷик дар Русия, ҳатто агар онҳо шаҳрвандии Русияро ҳам ба даст оварда бошанд. Онҳо набояд изн ва имкон диҳанд, ки дар Русия аз ҳисоби тоҷикҳо шахсиятҳо ва лидерҳо пайдо шаванд. Бояд на танҳо дар дохили кишвар, дар Русия ҳам гап гапи Рустаму падараш бошад. Касе пули зиёд дорад «доля» мебанданд. «Воля»-и 100% дода шудааст: “Ту пулдор ҳастӣ”, шантаж мекунанд. Барои мисол мегӯянд, ки моҳона 1 миллион рубл оварда медиҳӣ. Вагарна депортат мекунем. Айни замон бачаҳои Хабаровскро шантаж карда истодаанд, тарс дода истодаанд.

“Аз ҷумла як нафари бизнесмени тоҷикро,ки аз Ҳисор асту 30 магазини калон дораду номаш ҳам Ҷунайд аст,хеле азоб дода истодаанд. Ҳамчуноне Раҳими ғармиро ҳам хеле зиёд ғорат кардаанд. Ҷунайдро 10.000.000 рубл «доля» бастаанд. Барои онҳо шантажу иръоб 2Х2 аст. Як «запрос» ташкил мекунанд, то онро мақомоти Русия баррасиву бозҷӯӣ мекунанд, тиҷорати ин афрод талаву тороҷ мешавад. Худи онҳо ба ҳадде таҳти фишор қарор дода мешаванд, ки ҷуръати даъво ба мақомоти Русияро ҳам намекунанд.”

Аммо, манбаъи мо тавсия медиҳад, ки бизнесменҳои тоҷик бояд ба мақомоти Русия воқеиятро дар як номаи муфассал бифаҳмонанд ва худро асири ин дастаи ҷинояткор қарор надиҳанд. Вагарна ҳар кадоми онҳоро ҷудо-ҷудо мешикананд. Чунки ин гурӯҳи ташкилкардаи Шоҳрух Саидзода ҳадафи ниҳоияш ҳамин аст. Пулҳои онҳоро бо ҳар роҳе ғасб каран ва оқибат худашонро бо ягон гуноҳи сохтае шинонидан аст. Бизнесменҳо бояд ҳамаашон эҳтиёт кунанд, ки ин нақша дар ҳоли иҷро шудан аст. Аз Каромат Шарифов шурӯъ шуда буд ва Иззат Амон ҳам кори дасти ҳамин гурӯҳ аст. Агар дар ёдатон бошад дар оғози сол эълон намуда будам,ки то охири марту апрел 22 нафар истирдод мешаванд. Магар чунин нашуд? Ҳамаатон шоҳиди ончи гуфта будем будед. Танҳо Иззат Амонро аксарият медонед, чун бештар бозтоб ёфту расонаӣ шуд. Аммо афроди зиёди дигар истирдод шуданд, ки номҳо ва мушаххасоти онҳо дар “Ислоҳ” мавҷуд аст. Агар хоста бошанд ном ба ном ва чи гӯна дороиҳояшонро гирифтанду баъзеро раҳо ва бархеро зиндонӣ ва бархеи дигарро бузи худашон кардаанд. Ин ҳам дақиқан ҳамон проекти оғози соли 2021 вале бо шевои Шоҳрухи бачаи Фатоҳ Сайиди ба ҳама маълуму ҳувайдо модари интригаҳои махуф аст.

     “Феълан Шоҳрух Саидзода тамоми талошашро бар зидди бадахшониҳои Русия равона кардааст.Тазоҳуроти сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар рӯзҳои гирдиҳамоии ахири бадахшониҳо дар моҳи ноябр дар Хоруғ, гӯиё Шоҳрухро барои муқобила бо бадахшониҳои Русия шӯронидааст.”

Манбаъи мо мегӯяд, ки ному насаби бадахшониҳои соҳибнуфуз дар Русияро номнавис карда ва ҳар яке аз онҳоро алоҳида «омӯхта» истодааст. Дар ин кор вай аз хидмати бузҳояш, ки ҳоло хеле зиёд шудаанд, истифода карда истодааст. Дар шумори «бузҳо»-и асосӣ ва «ключевой»-и Шоҳрух  Абдусамад Абдураззоқов, ки бо номи Ҳоҷӣ Самад маърӯф аст, дар боздошту истирдоди марҳум Каромат Шарифов роли асосиро бозидааст ва нафаре дигар, ки худро бизнесмен метарошад:-Баён Олимов, ки бо мусоидати ҳамин нафар Иззат Амон дастгир ва ба Душанбе экстрадитсия шудааст, мақоми хос доранд ва имшабу рӯзҳо хеле фаъол шудаанд. Бинобар маълумоте, ки мо дорем Баён Олимов аз ноҳияи Айнӣ аст. Вай дар гузашта ёрдамчии Асадулло Ғуломов будааст ва аз ин ҳисоб бо Акбари писари Ғуломов, раиси ширкати тавлиди сементи «Ҳуаксин семент»  шинос шуда ва тавассути ҳамин Акбар бо Шоҳрух робита пайдо кардааст. Вай 150.000 доллар додааст то дар ҷойи Мирзомуддинов Сайидбег, раиси ҲХДТ дар Русия шавад. Ҳеҷ нафаҳмидем,ки чӣ гӯна як ҳизб дар хориҷ аз қаламрави кишвар фаолият анҷом диҳад. Аммо ин ҳукумати “Пешво” аст ва ҳама чиз шуданаш имкон дорад. Вагарна ҳеҷ қонуни кишваре фаолияти як ҳизби давлати дигарро дар қаламрави худаш иҷозат намедиҳад,агарчи ҳизби ҳоким ҳам бошад. Ба ин кор ӯро Абдусамад Абдураззоқов маъруф ба ҳоҷӣ Самад ёрдами молӣ карда истодааст.

“Дар бораи Баён Олимов ва ҳоҷӣ Самад дар зудтарин фурсат як матлаби муфассал тақдими шумо хоҳем кард. Аммо ҳоло ҳамин қадарро бояд бидонем,ки Баён Олимов ба ҷуз аз помириҳои пурнуфузи Русия ҳамчунин рӯихати шахсони пулдор ва таъсиргузори тоҷик дар Русияро омода карда истодааст. Ин рӯйхат барои Шоҳрух Саидзода фиристода мешавад ва чуноне гуфтем Шоҳрух ҳоло бештар доира ва доманаи фаъолияташро ба Русия кашонидааст.”

Мо,то чи ҳад ба воқеият наздикӣ доштани ин хабарро наметавонем тасдиқ ва ё такзиб кунем. Ҳангоми омода намудани матлаб манобеъи “Ислоҳ” аз таҷамуъи ашхоси бо нуфӯзи Тоҷикон дар Москав чунин хабареро расониданд,ки дар ин ҷаласа ширкат доштаанд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Гулмаҳмадзодаи диссернетӣ, Тоҷиконро ҷамъ оварда ва мехостааст як Диаспораи сохта ва зери чатри сафорат ташкил намояд. Мехостаанд, ки Абдусамад Абдурразоқовро ба он раис гузоранд. Ҳадаф аз ташкили ин Диаспора ҷойгоҳи холии Иззат Амонро касб намоянду муҳоҷирони тоҷикистониро идора ва роҳбарӣ намоянд,то бар зидди “сиёсатҳои хирадмандонаи пешвои миллат” нараванд. Ба гуфти манбаъи мо на он корҳоеро, ки Иззат Амон мекард балке ба он корҳое Доктор Абдулло Давлатов дар “Союз таджикистанцев в России»  ё “Иттиҳоди тоҷикистониён дар Русия “ дар гузашта анҷом медод ва ин иттиҳодияро Сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев барҳам дода буд, онро ду бора таъсис диҳанд. Муваффақияти ин иттиҳодия ё диаспораро ҳолдонҳо начандон муфид медонанд. Чун, ки ин як чизи сохтае аст, ки ба дарди муҳоҷирон дар ҳоли ҳозир намехурад. Муҳтавои ҷаласаи Сафорат ва дигар масоиле, ки дар он гузашта аст, ҳатман тақдиматон хоҳем намуд.

Ташкил ётарҳи куштор дар Русия

Тибқи маълумотҳои гуногӯне,ки ба “Ислоҳ” дар мавриди амалкардҳои Шоҳрух Саид дар Русия  расида яке дигараш ин аст. Як ҳадафи дигари Шоҳрух Саидзода ва намояндаҳои фиристодаи вай ба Русия Илҳом Шокиров тоҷири сарватманди тоҷик аст, ки гӯиё Владмир Путин маҳз ӯро ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмонов оварданӣ аст. Шоҳрух бояд ин нафарро бо ҳар роҳе набошад аз байн барад, ҷисман нобуд кунад. Барои ҳамин вай бо чанде аз милисаҳои баландмартабаи яке аз манотиқи қафқоз гӯиё гуфтугузор пеш бурда истодааст барои ёфтани як «киллер»-и касбӣ.

Гурӯҳи махсуси деверсионӣ дар итоати Шоҳрух

Шоҳрух ҳануз баъд аз чанд вақте ки сардори Раёсат шуд, бо маслиҳату машварати Рустами Эмомалӣ як гурӯҳи махсусеро аз ҳисоби кормандони гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи амният ва «6-ой» «отдел»-и вазорати дохила ташкил дод ва барои онҳо дар Қулписта, мақарри воҳиди низомии марбути генерали марҳум Сӯҳроб Қосимов ва низ дар дараи Варзоб маҳалли зисту тамрин бунёд кард. Хабарҳои дарёфтӣ аз он мегӯяд, ки ин гурӯҳ дар ибтидо ҳудуди 40 нафар буд, аммо ҳоло бамаротиб афзудааст ва онҳо маошҳои аз 10.000 сомонӣ боло мегиранд ва барои омӯзишу машқи онҳо инструкторҳо аз Исроил даъват шудаанд. Ин афрод амалҳои диверсионӣ, таркишҳо, кушторҳо ва аз ин қабил тактикҳои ҷанги дар шароити осоиштаро омӯзиш мебинанд. Гуфта мешавад ҳам дар таркиби ҳайати эъзоми ба Туркия ва ҳам ба Русия чанд нафар аз аъзои ин гурӯҳ низ фиристода шудаанд.

Як миллион доллар барои истирдоди Тоҷикон аз Русия ба УУР ҷудо шудааст

Маълумоти оперативии дигар аз ВКД ба “Ислоҳ” дар мавриди истирдодҳои тоҷикон аз Русия чунин омадааст: “як миллион доллар барои истирдоди ҷавонони Тоҷик ҷудо шудааст ва барои ҳар нафар даҳ ҳазор доллар бояд масраф карда шавад, то бе сару садо истирдод шаванд.”

Ҳангоме аз манбаъ пурсидем ин маблағи даҳ ҳазор доллар  барои чӣ бояд сарф шавад ?

Манбаъ афзӯд: “масалан як маълумот аз нафаре мерасад аз бузҳои УУР дар Русия ба ин ниҳод барои он,ки мақомоти фасодзадаи Рус ҳеҷ мушкиле эҷод накунанд, масалан напурсанд бо кадом сабаб ва иллати боздошту истирдодро ва талаби ҳалномаи додситониро,  бояд барои напурсидани онҳо ин мабалғ масараф шавад ва он шахс ба Тоҷикистон истирдод шавад.”

Инчунин аз додситони варақҳои муҳрзада омода дар дасти ин афроди Шоҳрух Саид дар Русия алакаи вуҷуд дорад. Танҳо ному насаби ҳар шахсеро хоҳанд менависанду ӯро истирдод менамоянд. Инчунин афроди сармоядори Тоҷикро аввал ному насаб ва комилан мушаххасоташонро мефаҳманд ва сипас ному насабашро дар он варақи додситонӣ менависанду рафта нишонаш медиҳанд. Мегӯянд агар нахоҳед истирдод шудан, фалон миқдор маблағро ҳар моҳ ва ё як бор  медиҳи ба мо ,шуморо истирдод намекунем.“ҳамаш дасти худмондаҳаи” Доштани шаҳрвандии Русия ва як шаҳрвандӣ ҳатто барояшон ҳеҷ аҳамияте надошта будааст.

Тибқи маълумоти ин ҳафта  ба “Ислоҳ”  расида: ” 13 нафар Исфарагиҳо ва 17 нафар аз манотиқи гуногӯни кишвар, ки дар Русия буданд ба Тоҷикистон дақиқан бо ин шево истирдод шудаанд. Ҳатто ин истирдодҳо расонаӣ нашудаанд.  Пули ҷудо шуда дар ин самт кори худро кард гӯем ҳам хато намекунем. Танҳо Амриддин Аловатшоев расонаи шуда асту тамом. Иллаташ аз Бадахшон будани ӯст,ки дар ҳол аз боздошташ хабар нашр шуд. Аммо ҳеҷ адвокате натавонист монеъи истирдоди ӯ шавад.”

Онгуна ки гуфта шуд, Шохрух Саидзода бар зиди наркобизнесҳо чанд амалиёт гузаронида аз ҷумла «бачаи кампир»-одами наздики СС.Ятимовро дастгир кард. Мақсади Шоҳрух ин аст ки ин тиҷоратро гирифта ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ диҳад. Шоҳрух он наркобизнесхоеро дастгир карду карда истодааст, ки онҳо солҳост дар Русия территория ва одамҳои худро доштанд. Онҳо ба афроде мисли Ятимов ва ё Рамазон Раҳимзода фақат «доля» медоданду халос. Маводди мухаддир тӯли ҳафта мерафт Русия ва баъд аз як ду як ҳафтаи дигар то Испанию Италия ва аз онҷо ба дигар кишварҳои Аврупо. Ҳамаи ин маблағҳо тавассути «Спитаменбонк»-и Озодаи Раҳмон табодул мешуданд. Ҳоло авзоъ ранги дигар гирифт. Фурӯши маводи мухаддираро танҳо Рустам ва Зоири язнааш зери контроли худ гирифтанд яъне 70% клани данғарагихо ва 30% клани  қурғанихо. Дар ташкил ва иҷрои корҳои ин сет Шоҳрух Саид нақши муҳим дорад. Ба восиати Далер Давлатов, полковники гумрук бе мамоният аз сарҳад мегузаронад, ба воситай Фарҳод Камолзода «эшелон смерт»-и то шаҳри Екатеринбурги Русия меравад ва онҷо бошад Раҷабали Баёнов бо лақаби «чербака» бо ёрдаму дастгирии сардори дастаи А. Д маводи мухаддираро ба тамоми вилоятҳои Русия ва то ба Аврупо интиқол медиҳанд. Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳам, ки ана ҳамин А.Д Иззат Амонро қапида ба мақомоти Тоҷикистон супоридааст. Вазифаи навбатии А. Д «безарар» гардонидани Илҳом Шокиров аст. Нафаре, ки аз одамҳои наздики путин ба ҳисоб меравад.

Як бозии дигарии Шоҳрух ва Рустам дар ин авохир ин аст ки Шодӣ Ҳафиз, шавҳари хоҳари Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона (УБОП)-ро зоҳиран ба самти худ кашидаанд. Барои он ин корро кардаанд, ки Шодӣ Ҳафиз ба корҳои Шоҳрух халал нарасонад. Додани унвони генералӣ ба Шодӣ Ҳафиз як манёври сиёсӣ буд, ки бовар кунад ба ӯэътимод доранд ва вай ҳам узви тими Рустами Эмомалӣ аст: «ту ҳамроҳи моӣ ва туро мо дар қабатмон мегирем». Манзурашон ин аст ки Шодӣ Ҳафизро аз Рамазон Раҳимзода ҷудо кунанд ва дар доираи манфиатҳои худ истифода кунанд. Шоҳрухро то ба ҳадде воля додаанд, ки аз пушти СС.Ятимов ҳам «слежка» карда ва баъзе аз маълумотҳоро аз болои вай ба Эмомалӣ Раҳмонов додааст. Чунки Шоҳрух бо Эмомалӣ Раҳмонов «доступ»-и мустақим дорад ва ҳар гоҳе бихоҳад ба манзили зисти Раҳмонов ҳам меравад. Эмомалӣ Раҳмонов Шоҳрухро «писархонд» кардааст ва ҳатто ҷашни рӯзҳои таваллуди ӯро на як бору ду бор ташкил ва аз ҳисоби худаш баргузор кардааст. Дар мавриди шиносоии Шоҳрух бо Раҳмонов дар матолиби оянда мегӯем ва онро хубтар онҷо баён хоҳем кард.

Шоҳрух! Биё, биё, мунтазират ҳастем. Биё, ку бубинем аз дастат чӣ меояд? Ин ҳама шаш соли расо СС.Ятимов зӯр зад, ҳатто як навбат муваффақ ба дуздии Шарофиддин Гадоев шуд, вале шармандаву рӯсиёҳи ҳарду олам шуда чору ночор раҳояш кард, аз дасташ чизе наомад. Миллионҳои бюҷети мамлакат, пули халқи қашшоқро чошу барчош карда, Эмомалӣ Раҳмонову Озодаву Рустамро фиреб додаву гӯл задаву аблаҳу аҳмақ карда «қариб омад, гапзанон шудагӣ, имрӯзу фардо меоремашон» гуфта, оқибат «дсто боло» ва иқрору эътироф кард, ки «неъ,нашид, натавонистум».

Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомалӣ дигар аз интизории зиёд, ки Ятимов моро дошта даступо баста мебарад, хаста шуданд ва ҳоло «эстафета»-ро чуноне фаҳмидем Шоҳрух ба даст гирифт.

Шоҳрух вориди майдон шуд: «Ана, акнун нигоҳ кунед ва мунтазир шавед, сад миллион харҷ шавад ҳам, миёрамшон. Ҳеҷ киро наёрам ҳам ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддинро меёрам. Ҷанобу Рустам ва махсусан Озода сахт хурсанд мешаванд, гӯшҳояшон ором мегирад».

Э,й бобо! Хуш ба ҳолат. Шурӯъ кун, ки дер нашавад. Вале, то он лаҳза, ки «буқапиву бубаримон,ман сокит намемонам ва менависаму мегӯям, ки ту киӣ? Ва, агар бисёр ҳам гузаронидӣ аз саргузашти шӯрангези падарат Абдуфаттоҳи Сайид, собиқ раиси Хадамоти гумрук, собиқ раиси Ожонси мубориза бо коррупсия, дӯстиву рафоқати танготангаш бо капитан Умед Камолов, ки ҳоло дар ҳоли фирор дар Туркия ба сар мебарад, агар одам бурданӣ ҳасти аз Туркия шуйи отата бар катит охир Шоҳрух. Отат дар 13 ҳазор доллар ҷарроҳи шуданаш боз омад корҳояшро давом дод ва интизори Умед аст.  Инчунин аз Коллеҷи тиббии Умед Камолов, ки як макони саропо ҷинояту ҷинояткорӣ аст ва низ аз худату иллати аз занҳоят ҷудо шуданатро қиссаву ҳикоятҳое ҷолиб ба дасти мо расидааст, ки маайда –майда ва ба гуфти эрониҳо явош-явош нашру пахшашон мекунам. Танҳо аз ҳама интригаҳои падарат Шоҳрух 150 сафҳа маълумот дорем,ки тақрибан 12 филми бисёр сериягӣ мешаванд ва ҳар рӯз онҳое маълумотҳоро бароямон ирсол намудаанд мепурсанд,ки кай нашраш мекунед? Аммо , то имрӯз коре накардем вале ҳамааш омодаи нашранд. Танҳо ман аз нашри ин сериял монеъ шудаам. Аммо хуб бидон ва огоҳ бош,ки ҳатто марги ман сабаби шармандагии бештари ту,на танҳо дар Тоҷикистон балке дар тамоми олам мегардад. Ту бояд ҳамеша дуъои маро куни,ки сарам дард накунад. Чун,ки кнопкаи нашр пас аз ман, дар дасти афроде хоҳад буд, ки аслан бо ту мудоро намекунанд!

Шоҳрух !Роҳи моро ба самти ватан шумо буридаед. Маҳкум ва маҳруми хонаву дарамон кардаед. Ва, ҳоло ҳатто дар ҳамин дори ғурбат ҳам изн намедиҳед, ки ҷонамон, ҷони фарзандонамон, осуда бошад. Худи Аврупо ба шикори мо, киллер роҳӣ кардаӣ. Мо, аз ин тарафи корат ҳам дарак дорем ва мақомоти марбутаи кишваре, ки дар он буду бош дорем ҳам аз ҷузъиёти он панҷ нафар хуб  бохабаранд»!

Поёни бахши аввал,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҳама моҷароҳои рангини Шоҳрухи бачаи кали Фатоҳ Сайид бо хабар шавед!

P.S

Ин бахши аввали матлаби мо дар бораи Шоҳрух Саидзода буд. Агар боз ҳам ҳама ончӣ ба “Ислоҳ” расидаро инҷо меовардем хело тулонӣ мешуд. Дар бахшҳои баъдӣ низ ҳикоёти ҷолибе аз ин кадри ояндадор, «вазири ояндаи МВД-и ҳукумати Рустами Эмомалӣ ва ё раиси КДАМ-аш» нашр хоҳем кард. Шумо ҳам чизе доред, ирсол доред, то ҳарчи рангинтар ва шӯрангезтар навишта ва тақдим бишавад.

Share This Article