Куштори ваҳшиёнаи Раҷу мулло дар шуъбаи дохилаи Шоҳмансур-2-и Душанбе сокинони ноҳияи Восеъи минтақаи Кулобро дар ҳолати шок қарор дод. Зеро ин аллакай дуввумин мавриди куштори бераҳмонаи шахсиятҳои таъсиргузор ва бонуфузи минтақаи Кулоб дар соли 2023 буд, ки бо дасти мақомоти милиса анҷом дода мешавад. Дар пайи қатли Раҷу мулло ин сарусадоҳо дар Кулоб ва навоҳии давру бари он мардумро дар таҳлукаву изтироб андохтааст, ки ҳукуматдорон (данғарагиҳо) амдан, тибқи нақшаи муайян ва бо мақсади маҳви физикии кулобиҳои сумдорро даст ба чунин ҷиноятҳои вазнин зада, яке-яке онҳоро аз байн бурда истодаанд. Хезиши сокинони шаҳри Кулоб ва дар назди бинои ҳукумати ин шаҳр ташкили таҷаммуъ ва митинг кардани онҳо дар рӯзҳои аввали соли гузашта сардамдорони режими Раҳмоновро то пойи ҷон тарсонида буд ва барои ҳамин мақсад доранд, ки махсусан кулобиҳоро наказат карда аз худ ва қудрати худ битарсонанд, то минбаъд ва дар оянда нахезанд.
Дар сеюми январи соли 2023 Абдуқаҳҳор Розиқов, яке аз ҷавонони бонуфузу боэътибори Кулобро аз манзили зисташ дастгир карда ва дар милисахона зада-зада куштанд. Ин куштори мудҳиш он замон боиси хашму ғазаби мардуми Кулоб шуда ва онҳо даст ба тазоҳурот зада буданд. Агарчи дар оғоз ҳукумат-вазорати умури дохилӣ талош кард, ки милисаҳои қотили Абдурозиқро бегуноҳ ва кушторро марги табиӣ ҷилва диҳад, аммо пофишорӣ ва тақозои мардуми Кулоб ночор кард, ки омилони ин куштор –милисаҳо дастгир ва ба солҳои тулонӣ зиндон шаванд.
Ҳоло маълум нест, ки қотилони Раҷу мулло шиносоӣ, дастгир ва ба ҷазо кашида хоҳанд шуд ё хайр, аммо хабарҳое, ки аз Восеъ ва махсусан Кулоб мерасанд, ҳикоят аз он доранд, ки аҳолӣ ва бахусус руҳияи ҷавонҳо дар инҷо бисёр ҳам бад шудааст ва аз пайвандони марҳум Раҷу мулло талаб кардаанд, аз мақомот бихоҳанд, омилони қатли ӯро шиносоӣ, дастгир ва муҷозот кунанд.
Ҳодиса кай рух додааст?
Ҳодисаи куштори Раҷу Муло 29 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба амал омадааст. Ин ҳодиса ҳам айни ҳодисаи қатли Абдуқаҳҳор Розиқов тавассути ходимони милиса руй додааст. Куштор дар дохили шуъбаи дохилаи ноҳияи Шоҳмансур-2, дар минтақаи маъруф ба Жилмассиви пойтахт анҷом дода шудааст.
29 декабри соли 2023, охирин рӯзи ҷумъа ва охирин намози ҷумъаи он сол буд. Раҷу мулло он рӯз намозро дар масҷиди маъруф ба масҷиди Хол Машраб дар маҳаллаи «Якум Советский» адо карда ва дар роҳи бозгашт аз саҳни масҷид тавассути ходимони милисаи Шоҳмансур-2-и Душанбе дастгир мешавад. Наворҳои дурбинҳои мадорбастаи гирду атрофи ин масҷид нишон медиҳанд, ки мошини Раҷу Мулло дар ҷойи «поркинг»-и масҷид ё дурустараш дар пушти масҷид дар канори истгоҳи он истодааст.
Ҳолати боздошт ва дохили мошин кардани Раҷу муллоро чанд нафар аз намозгузорон ҳам дида ва шоҳид будаанд ва онҳо гуфтаанд, ки милисаҳо ӯро бо зур дохили мошин карданд. Худи ҳамон рӯзи 29 декабр, байни соатҳои 22.30 то 23-и шаб ба наздикони Раҷу мулло аз милисахонаи Шоҳмансур-2 занг зада мегуянд, ки раведу ҷасади ӯро аз морг бигиред!
Сардори ШВКД Шоҳмансур-2 Абдуллозода аст,ки ӯ бародари Абдуллозода Ҷамолиддин вазири тандурустӣ будааст ва бо кличкаи эшон маъруф аст.
Тибқи маълумоти дигари расида ба “Ислоҳ” аз беморхонаи ёрии таъҷилӣ: Ҳангоме,ки ин ҷасад ба мо расид ва мо онро тибқи маъмул дохилашро пок намудем ва ба МОРГ таслим намудем. Инро метавонед дар ҳуҷҷатҳои воридшуда ба скори бинеду санҷед. Яъне мулло Раҷу дар беморхона намурдааст. Кушташуда ӯро ба беморхона расонидаанд.
Раҷу мулло кӣ буд?
Раҷу мулло-Раҷабалӣ Бурихонович Бобохонов 48 сол дошт. Вай соли 1975 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада буд. Ҳеҷ масъулият ва мақоме надошт. Аммо аз наркобизнесҳои маъруфи минтақаи Кулоб буд ва бинобар иттилоъи ба «Ислоҳ» расида аксарияти мақомот бо «ному кораш» ошноянд ва дар байни онҳо «резахорони дастурхон»-и вай кам набудаанд.
Мулло Раҷабалӣ аз солҳои 2000 то 2006 Раёсати бозорчаи мавсум ба “Дустӣ” ,ки дар наздикии супермаркети Мардон ё Политехникум ҷойгир аст буд.
Раҷу Мулло аз ноҳияи Восеъ аст. Вай хоҳарзодаи Нуралии кишка- Нуралӣ Назаров аст ки дар соли 1992 дар Қурғонтеппа-Бохтари имрӯза бачаҳои Данғара, таҳти фармони Ҷомӣ-командир парронида мекушанд. Баъдан Ҷомӣ -командири данғарагӣ бо талаби Эмомалӣ Раҳмонов аз тарафи Сангак Сафаров кушта ё бе зарар гардонида мешавад.
Ҷанозаи Раҷу муллоро ба зодгоҳаш таҳвил медиҳанд ва рӯзи шанбе дар Восеъ дар масҷиди кучаашон, ки маъруф ба кучаи Пожарнико аст, салоти ҷанозааш хонда мешавд.
Ҳамчуноне гуфтем, ин куштор низ дар милисахона, тавассути милисаҳо ба амал омадааст ва айни ҳол айни ҳодисаи куштори Абдуқаҳҳор Розиқов милисаҳо талош карда истодаанд, ки болои ин куштор сарпуш бигзоранд ва бипушонанд. Ба пайвандони Раҷу мулло гуфтаанд, ки вай дар автоавария кушта шуд. Аммо ин автоавария чи гуна, дар куҷо, аз тарфи кӣ, бо чи гуна мошин ва мошин аз они кӣ аст чизе гуфта намешавад. Ва чаро дар бадани Раҷу мулло ҳеҷ ҷойи шикаста дида намешавад, агарки автоавария бошад? Раҷу мулло автоаварияро бо мошини кӣ анҷом додааст, дар ҳоле, ки мошинаш дар назди масҷид ноҷунбон истодааст?
Ҳанӯз зуд аст ки дар бораи манзараи куштор ва ҳолати қатли Раҷу мулло чизе гуфта бишавад. Аммо дар бадани Раҷу мулло нақш ва изи мушту лагад ва ток хеле зиёд дида мешавад. Ба гумони ғолиб дар ин куштор чанд нафар иштирок кардаанд ва ин куштор куштори гуруҳӣ (группавой) аст.
Дар сурати иқомаи даъвои пайвандони Раҷу мулло мақомот ногузир аст даст ба эксгуматсия бизанад, қабр ва ҷасад бозкушоӣ шавад. Аммо, барои онки ин амал сурат бигирад, бояд пайвандони Раҷу мулло ҷуръат ва ҷасорат ба харҷ бидиҳанд ва даъвову шикоят кунанд.
Аз Раҷу мулло се духтар ва як писар боқӣ мондааст. Вайро зинда мебаранду мурдаашро таҳвил медиҳанд. Ҳоло, бинобар хабарҳои дарёфтӣ, наздикони ӯро маҷбур карда истодаанд, ки «хап» истанд.
Раҷу муллоро чаро куштанд?
Гуфта мешавад, ки куштори Раҷу мулло закази «бачаҳои Данғара» аст. Ва, низ мегуянд, ки ин куштор туҳфаи солинавии Раҳмонов ва Рустам ба сокинони Кулоб аст. Ҳоло, ҳарчи мегуянд ва ин табиӣ ҳам ҳаст, чун Раҷу мулло дар воқеъ як инсони бонуфуз буда ва ҳамчун нафари саховатманду дастгири камбағалу бечораҳо ном бароварда будааст. Садҳо нафарро дар ҳолатҳои тангӣ кумак карда будааст. Вай панҷ вақт намозашро ҳиҷ гоҳ тарк намекардааст.
Аммо инки ӯро чаро куштанд ва барои кӣ мушкил пеш меовард, сари роҳи киро гирифта буд, низ маълумоти мушаххас дар даст нест. Танҳо ҳамин андоза маълум аст,ки бо бачаҳои Қурған яъне Зоир Соҳибов миёнаи хубе надошту гардан намедод. Инчунин бо бачаҳои Данғара низ ҳамчунин. Хуб ин ду дигар барои ҳама кишвар маълуманд,ки киҳоянд?.
То куҷо ба ин қатл даст доштани Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон маълум нест. Аммо, полковник Алишер, корманди Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои вазнини Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз муштариҳои доимии Раҷу мулло будааст ва ба назар мерасад, ки ҳамин Алишер Раҷу муллоро дар бизнеси наркотик «кришават» мекардааст. Раҷу Мулло бо мошини гаронарзиши Лексус RX350 мегаштааст, ки номерҳои зиёде доштааст. Ба ғайр аз Алишер ҳамчунин Каримов Дилшод, раиси шуъбаи амнияти фурудгоҳи Душанбе ,ки қаблан раёсати амнияти ноҳияи Фирдавсиро ба уҳда дошт. Инчунин генерал Шералӣ Сабзов феълан раиси СБ Сомонайр дар фурудгоҳ аст ва ин генерал ҳам яке аз муштариҳои серсуми Раҷу буд.
Ҳангоми таҳқиқ як маълумоти ҷолиби дигар дар инҷо буруз кард. Амон Ҳукумов раиси собиқи КВД Роҳи оҳан ҳаргоҳе ба Тоҷикистон равад Генерал Шералӣ Сабзов ва генерал Ҷалов Абдулазиз ӯро аз фурудгоҳ то хона ва то он вақте дар Тоҷикистон бошад ӯро ҳамроҳи ва муҳофизаташ мекунанд.
Шаби пеш аз ҳодисаи куштори Раҷу Мулло, яъне бегоҳи ҷумъаи 29 декабр дар хонаи мақтул Алишери Генпрокуратура ва Каримов Дилшоди амнияти фурудгоҳ меҳмон шуда ва то соатҳои 1и шаб ҳамроҳи ӯ будаанд. Метавон гуфт якҷо бо ҳам хуроки шом хурданд. Алишер ва Дилшод, аз муштариҳои доимии Раҷу мулло будаанд, аммо ин барои бори аввал будааст, ки ин ду нафар Алишер ва Дилшод якҷоя ва бо ҳам дар хонаи Раҷу Мулло меҳмон шудаанду шом хурданд. Онҳо қаблан низ зиёд меомадаанд, аммо ҳар кадоме тоқа вале ин бор якҷо омадаанд.
Зикри исми Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар инҷо беҷиҳат нест. Полковник Алишер ҷияни Юсуф Раҳмон аст ки Раҷу муллоро таҳти чатри тағояш «кришават» мекардааст. Алишер писари бародар ва ё холаи Юсуф Раҳмон буда ва ин дар ин самти фаъолияти тағои генерали Генпрокурораш масъулият ва маъмурияти асосиро бар уҳда доштааст. Ва, чуноне мову шумо медонем, Юсуф Раҳмон аз солҳои хеле пеш дар тиҷорати маводди мухаддир ҳузури ҷиддӣ дошт ва шабака ва масирҳову гурӯҳҳои худро дорад ва дар ин авохир бо Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов дар конкурентсияи сахт қарор дорад ва танҳо дар ду соли ахир маҳз бо мусоидати Юсуф Раҳмон беш аз ним тонна(500) кг ҳероини Зоир Соҳибов дар хориҷ аз Тоҷикистон, дар Русия, Узбекистон ва Қирғизистон дастгир ва мусодира шуданд ва чандин нафар аз «одамҳо»-и муҳими Зоир боздошту зиндонӣ ва масирҳои махфии вай ошкор гардиданд. Хулоса, байни ин ду нафар тагакӣ хеле муборизаҳои шадид барои тасарруфи комили бизнеси наркотик рафта истодааст.
Бинобар фарзияҳои эҳтимолӣ, ки ба воқеият наздик аст Алишери ҷияни Прокурори генералӣ, Дилшоди раиси шуъбаи амнияти фурудгоҳ дар воридоти ҳабаҳо ва прейкурсҳои наркотикӣ аз Туркия ба Раҷу мулло дар фурудгоҳ кумак мекардаанд. Ҳамчунин ҳамин нафарон дар амри интиқоли ҳероини Раҷу Мулло ба шаҳрҳои Русия дар фурудгоҳ ҳамкорӣ ва мушорикат доштаанд. Мошини Алишери Лексус рақами қайди давлатиаш 1110 будааст.
Раҷу мулло аз Туркия таблеткаҳои психотропӣ ворид карда ва яке аз дастрас ва тавзеъкунандаҳои асосии он ба шумор мерафтааст
Гуфтем, ки иллати ин куштор маълум нест. Аммо манобеи огоҳ мегуянд, ки бори охир Раҷу мулло ба маблағи 3 миллион доллар аз Афғонистон маводи сахттатъсири психотропӣ, машҳур бо номи кристалл, яъне як навъ ҳероини санъатӣ ворид карда онро то ба Душанбе оварда будааст. Раҷу мулло асосан аз сарҳади Московскийи минтақаи Кулоб бори худро ворид мекардааст. Бо шарикони афғониаш тариқи интернет бо алоқаи бот ё «BOTIM» суҳбат мекардааст. Ин усули алоқаро радёбӣ кардан ғайримкон будааст. Зеро ҳамзамон бо суҳбат кардан ҳам садо ва ҳам матн дар фосилаи чанд сония ҳазф ба таври автоматӣ ҳазф шуда ҳеҷ изу нақше аз худ боқӣ намегузоштааст ва Раҷу мулло бо афғонҳои шарикаш тавассути ҳамин навъи алоқа дар тамос мешудааст. Гуфта мешавад, ки телефони Раҷу муллоро дар шуъба аз дасташ мегиранд, аммо рамзи онро соҳибаш барояшон намедиҳад ва барои ин кор ӯро сахт таҳти зарбу лат қарор медиҳанд. Яке аз дигар иллатҳои ин куштор, ба гуфтаи манобеи мо аз мақомоти амният ин саркашии Раҷу муло аз зикри маҳалли махфикардаи ҳамон маводи кристалл ба маблағи 3 миллион доллар будааст.
Ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки ин кор бо супориш ва хоҳиши Зоир (домоди Раҳмонов) ба иҷро дароварда шудааст, то «одамони асосӣ»-и Юсуф Раҳмонро дар наркобизнес нобуд кунад ва бо ин васила ҳам ниқор бигирад ва ҳам бозорро таҳти контроли шахсии худ бигирад.
Ба ин тартиб, Раҷу муллоро дар шуъбаи милиса зада-зада ва сипас дар ҷараёни қувваи барқ монда мекушанд.
Инҷо аз як мавриде ҳикоят мекунем, то рушантар бишавад, ки Раҷу мулло кӣ буд? Як вақт дар дачаи Юсуф Раҳмон дар Муминобод барои Рустами Эмомалӣ зиёфат ташкил мекунад. Алишер масъули ин зиёфат. Алишер Раҷу муллоро низ ба ин маҷлиси унс даъват мекунад. Маълум аст ки чаро? Чун Раҷу мулло бояд хароҷоти ин зиёфатро бидиҳад.
Бинобар фарзияҳо дар «убрат» кардани Раҷу Мулло Рустами Эмомалӣ 100% огоҳ аст. Рустамро дар ҷараён гузошта будаанд, ки Раҷу мулло ҳамин миқдор кристаллро ворид кардааст, аммо ҷояшро намегуяд. Рустам муътод ва гирифтор (зависмий)-и ҳамин кристалл-навъи санъатии маводи мухаддир будааст. Инчунин Рустам афюни пухташда,ки хело арзиши гарон дорад бештар аз ин мавод истеъмол менамояд.
Манобеъ мегуянд, ки Раҷу мулло, агачи спортсмен ҳам набуд, аммо тануманд ва бузбала буд ва ӯро як нафар, ду нафар наметавонист аз по дароварад. Ӯро чандкаса зада куштаанд. Худи Раҷу мулло ҳам «кайфӣ» будааст.
Аз Туркия доруҳои наркотикӣ меовардааст. Дар даруни термос, яхдон мошини зарфшуӣ (кухонний комбайн) ва ҷомашуӣ ва дигар чизҳо. Ин маводҳо- таблеткаҳо дар Эрон ва Сурия истеҳсол мешудаанд ва ҳангоми ворид ё содир кардани онҳо дар сканери сарҳадбонҳо ва гумруки фурудгоҳ дида намешудаанд. Нархи як донаи ин ҳабҳо
400-50 сомонӣ аст. То 5-10 000 адад дар як «партия» ворид мекардаанд. Онро одамони одӣ харида ва истеъмол карда наметавонанд.
Муштариҳои вай одамҳои калон-калон будаанд. Чандин генерал ба вай сахт муҳтоҷ ва вобаста шуда будаанд. Ҳоло дар дасти мо номи 11 генерал ва афроди воломақом,ки аз Раҷу мулло мехаридаанд ҳаст вале онро мегузорем ба як таҳқиқоти баъдӣ. Масалан писари Ҳасан Асадуллозода Муҳиддин ва дигараш Исмоили дастбахайр ва …
Ин манбаъи мо аз мақомоти амният гуфт, ки «тема»-и асосии суҳбати Раҷу мулло бо милисаҳои Шоҳмансур ҳамин масъалаи махфигоҳои кристали воридшуда аз Афғонистон будааст ва Раҷу мулло ҷойи онро нагуфтааст.
Раҷу мулло бо мудир Исо, мулаққаб ба Даҳмарда, ки яке аз қочоқчиёни бузурги маводи мухаддир асту ҳоло дастгир шудааст, низ ҳамкорӣ доштааст. Мулло Раҷабалӣ бо сардори имрӯзаи погранзаставаи Масковский сахт ҷура будааст. Раҷу мулло бо телефони рақамҳои Дубай бо афғонҳо дар тамос мешудааст. Яъне симкорти Дубай ҳам доштааст.
Ҳадсу тахмин ва фарзияҳои ин куштор гуногун аст.
Ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки ҳукумат қасд дорад кулобиҳоро ба шур андохта тавассути онҳо як митинг ташкил кунад ва сипас он митингро бо қувва ва ҳатто силоҳ бизанад ва мардумро битарсонад. Зеро руҳияи эътирозӣ беш аз пеш дар ҳоли афзоиш аст ва ҳукумат ба ҷуз аз истифода аз зур ва тарс додани мардум роҳе дигарро намебинад.
Ҳоло, бубинем, ки ин куштор ва омилини он маълум ва муайян хоҳад шуд ё ҳамин тавр болои он сарпуш мегузоранд?
Ps: Таҳқиқоти “Ислоҳ” идома дорад ва ҷузъиёти дигари ин қазияро дунбол дорем ва тақдими хонандаи “Ислоҳ” менамоем…