Никол Пашинян: “Мардум моро истихдом намудааст, то кор кунем”
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, шоми 16 -октябр тавассути шабакаҳои телевизионии ин кишвар ва ҳамчунин аз саҳифаи фейсбукии шахсии худаш эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо дод.
Ин дар ҳолест, ки нишастан ба курсии сарвазирӣ барояш бо осонӣ муяссар нашуда буд. Баҳори соли ҷорӣ ӯ тули чанд ҳафта бо ҷонибдоронаш тазоҳуротҳо алайҳи ҳукумати феълӣ барпо намуда, сарвазири собиқ Серж Саркесянро ба истеъфо водор кард. Ҳарчанд Серж Саркесян истеъфо дод, вале мебоист сарвазири навро парлумони Арманистон интихоб мекард. Ҳол он ки аксари аъзои парлумони ин кишвар аз ҳизби ҷумҳурихоҳи зери назорати Серж Саркесян буданд.
Никол Пашинян мебоист пеш аз ҳама аъзои ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар парлумонро мутақоид мекард, ки ин кори саҳле набуд. Ҳамингуна, бори аввал Пашинян натавонист аъзои парлумонро мутақоид кунад ва раъйи лозимиро натавонист ба даст орад. Ниҳоят бори дувум барояш муяссар шуд, ки аксари орои аъзои парлумонро касб кунад ва ба курсии сарвазирӣ нишинад. Аммо розӣ шуд, ки чанд шартеро ҳам қабул кунад. Яке аз он шартҳо ба истеъфо рафта, интихоботи нави парлумонӣ баргузор кардан буд.
Бино ба қонуни асосии Арманистон, порлумони ин кишвар дар сурати истеъфои нахуствазир ва интихоб нашудани ҷойгузинаш дар тӯли ду ҳафтаи оянда пароканда хоҳад шуд. Баъди пароканда шудани вакилони парлумон бояд интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ баргузор шавад.
Худи Пашинян дар як сӯҳбаташ гуфт, ки раҳбарони се ҳизби порлумонӣ, аз ҷумла ҳизби Ҷумҳурихоҳи Серж Саркесян, ӯро бовар кунонидаанд, ки тули ин ду ҳафтаи баъди истеъфои ӯ номзадҳои худро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод нахоҳанд кард.
Аммо, оё ин амал – ба истеъфо рафтану пароканда кардани парлумон кишварро ба бӯҳрони сиёсӣ дучор намекунад? Ё, ки Пашинян мехоҳад бо пароканда кардани парлумон роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ҳамвор кунад? Агар чунин аст, магар бо касби аксарияти курсии парлумонӣ тавассути ҳамандешагон, ин кушодани роҳ ба сӯи авторитаризм намебошад?
Гела Весадзе, шореҳи масоили сиёсии Қафқози Ҷанубӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки истеъфои Пашинян як амали тарҳрезишудаи техникӣ ва тактикӣ мебошад. Танҳо ҳамингуна метавон парлумонро пароканда кард ва интихоботи парлумонии ғайринавбатӣ баргузор намуд. Ҳамин тариқ, ин амал пеш аз ҳама, ба худи Пашинян ва тими сиёсии ояндаи ӯ муфид аст.
Ӯ гуфт: “Никол Пашинян аллакай бо ҳизби Рифоҳи Арманистон ёддошт ба имзо расонидааст. Тибқи ин ёддошт ҳизби Рифоҳи Арманистон мӯҳлати ду ҳафтаи баъди истеъфои Пашинян ба вазифаи сарвазирӣ номзад пешниҳод намекунад ва барои баргузории интихоботи парлумонӣ халал эҷод нахоҳад кард”.
Аммо, бино ба бовари Весадзе, дилхоҳ инқилоби сиёсӣ, ки аз ҷониби мардум назорат намешавад, оқибаташ авторитаризм аст. Аз он ҷумла, инқилобе, ки моҳи май Пашинянро ба курсии сарвазирӣ шинонд, истисно нест.
“Ҳар гуна инқилобе, ки дур аз назорати мардум мемонад, бо автократия хотима меёбад. Аммо ба саволи навгониҳои сиёсии Арманистон ба чи бурда мерасонад – ислоҳот ё рушди минбаъдаи демократия ва ё диктатура? Дар оянда таърих ҷавоб хоҳад гуфт ва пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст”.- изҳор намуд Гела Весадзе.
Қобили зикр аст, ки дар ин ду даҳаи охир интихоботҳои парлумонӣ ва президентии кишварҳои пасошуравӣ зери назорати комили тими дар қудратбуда баргузор ва ниҳоят ба фоидаи худи онҳо тамом мешавад.
Аммо, вазъияти Арманистон як каме фарқ мекунад. Дар сари қудрат ҳизбе ҳаст, ки ҳамагӣ дар парлумон панҷ вакил дорад. Таҷрибаи ҳукуматдорияш низ ниҳоят кам буда, ҳоло ним сол нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Пашинян довталабона истеъфо медиҳад ва ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ баробар ҳақ медиҳад, ки як бори дигар, баъди инқилоби рангин, муборизаи беамон алайҳи фасод ва азхудкунии мақом, қудрати худро бо баргузории интихобот бисанҷанд.
Ин дар ҳолест, аксарияти аъзои парлумонро ҳизби ҷумҳурихоҳи собиқ президент ва собиқ сарвазири Арманистон, Серж Саркесян ташкил мекунанд. Онҳо метавонанд аз ин вазъияти сиёсӣ истифода бурда, номзади худро дар муҳлати ин ду ҳафта пешниҳод кунанд ва дубора бидуни ҳеҷ интихоботе қудрати идораи давлатро ба даст биёранд. Ҳатто ҳизби Рифоҳи Арманистон, ки аз 105 вакили парлумон 31 вакил аз ин ҳизб аст, дар ҳолати бо аҳзоби дигар эътилоф карданаш, ин шароитро дорад, ки ба сари қудрат биёяд.
Серж Саркесян ҳам, ки бо хоҳиши худ довталабона ба истеъфо нарафта буд, чаро имрӯз аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷаҳде намекунад, то дубора ба қудрат биёяд?
Виталий Арков, роҳбари пойгоҳи таҳлилии PolitRUS мегӯяд, Никол Пашинян тавонист, дар ин мӯҳлати кӯтоҳ аксари узви парлумонро ба худ моил кунад.
“Пашинян айни ҳол вазъиятро хуб назорат мекунад. Таҳдиди ин ки ӯро пас аз истеъфои техникӣ “кидат” хоҳанд кард, ба тамом бартараф шудааст. Инаст, ки ӯ ба ин иқдом бо ҷасорати том даст зад”. – гуфт Арков.
Ба андешаи роҳбари пойгоҳи таҳлилии PolitRUS, пофишории Пашинян барои баргузории интихоботи парлумонии пеш аз мӯҳлат ба он сабаб аст, ки ӯ бо вакилони феълии парлумон, ки аз дигар аҳзоб ба ӯ моил шудаанду ҷонибдорияш карда истодаанд, наметавонад бо боварии комил ҳамкорӣ кунад. Барои пиёда намудани барномаҳояш бояд ӯ фраксияи баробарқудрат бо аҳзоби пештози кишварашро дошта бошад.
“Касе якбор хиёнат кард, хиёнаташро ҳатман такрор хоҳад кард. Ана барои ҳамин, бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат ӯ дар ҳайати вакилони парлумон шахсони навро дидан мехоҳад. Айни ҳол ӯ вазъиятро омӯхтааст, шахсони ҳирфаӣ ва захираҳои зеҳнии Арманистонро аз наздик шинохтааст. Баҳори имсол вақте Пашинян ба сари қудрат омад, шахсони боэътимод зиёд набуданд. Барои ҳамин аз хавфи он ки шахсони ғайри қобили эътимод ҳайати фраксияашро пур накунанд, ӯ он замон ба ин тасмим иқдом накард. Айни ҳол, ки Пашинян мушкилиҳои кадриро бартараф карда ва ҳам тими хуб сохтааст, бо боварии комил иқдом намуд, ки дар кишвар бояд интихоботи парлумонии пеш аз мӯҳлат гузаронида шавад”. – шарҳ дод Виталий Арков.
Алексей Романов, рӯзноманигори машҳури рус, ки худи ҳамон рӯзи истеъфо додани Пашинян, санаи 16 октябр дар як шароити сарироҳӣ бо ӯ сӯҳбат анҷом дода буд, мегӯяд, Никол Пашинян мисли ҳарвақта ором аст. Аз он ки ӯ имрӯз истеъфои худро эълон хоҳад кард, ягон ташвиш ва ё нигароние дар чеҳраи ӯ эҳсос намешавад.
Дар саволи Романов ба Пашинян, ки оё Шумо аз шароити пешомада нигарон нестед? Магар ин буҳрон намебошад? Пашинян дар ҷавоб гуфт:
“Ман фикр мекунам, ки дилхоҳ сарвазири легитимӣ набояд аз истеъфо додан нигарон бошад. Ҳатто агар ин истеъфо техникӣ бошад ва ё хайр. Ин хидмат аст. Мардум моро истихдом намудааст то кор кунем. Агар мардум лозим донад, корро идома медиҳем, мардум нахоҳад не. Ин як чизи оддӣ аст”.
Худи Никол Пашинян, ки одат дорад дар саҳифаи фейсбукии худаш ҳамарӯза аз фаъолияти худ гузориш диҳад, дида мешавад, ки тули ин чанд рӯзи охир бо мардум вохӯриҳо анҷом дода, дар тазоҳуротҳои мардумӣ фаъолона иштирок мекунад. Айни ҳол ӯ баъди истеъфояш, вазифаи иҷрокунандаи сарвазири Арманистонро ба душ дорад.
Бино ба гуфтори худи ӯ бояд ҳукумате дар Арманистон рӯи кор ояд, ки сар то по мардумӣ бошад. Ҳукумат ҳамеша ҳавасманди пиёда кардани ормонҳои мардум бошад. Фасод решакан гардад ва ҳуқуқу озодиҳои мардум пуштибонӣ шаванд.
“Арманистонро озоду босубот ва мутараққию пашрафта дидан орзӯи деринаи ман аст ва ҳатман ин амалӣ хоҳад шуд. Касоне, ки танҳо дар андешаи бениёзии худ ҳастанд ва миллат дар гӯшаи хаёли онҳо нест, ҳаргиз орзӯ ҳам накунанд, ки дигар ба курсии роҳбарии кишвар такя хоҳанд зад. Миллат дигарбора иҷоза нахоҳад дод”. – гуфтааст Пашинян.
Ин гуфтаҳои Никол Пашинян танҳо шиор ҳастанд ва ё амалӣ хоҳад шуд, гузашти вақт нишон медиҳад. Ҳоли ҳозир чизеро пешгӯӣ кардан мушкил аст. Аммо “Соле, ки некӯст, аз баҳораш маълум”. Тули ин панҷ моҳ Пашинян барои решакан кардани фасод дар як кишвари фасодзада, иқдомҳое намуд, ки баъзе кишварҳо мисли Тоҷикистон муддати 27 сол натавонистаанд, ақалан ҷасорат ба қадамҳои аввалин дар ин ҷода карда бошанд. Никол Пашинян тули ин панҷ моҳ барои демократикунони ҷомеъа, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва баргузории интихоботи шаффоф корҳоеро анҷом дод, ки ҳукумати Тоҷикистон тули ин 27 сол ҳатто аз гӯшаи хаёли худ нагузаронидааст.
Бо ин далел метавон гуфт, ки барои пешрафт доштани иродаи сиёсӣ лозим аст ва иродаи сиёсӣ сарлавҳаи ҳамаи мувафақият ва пешрафтҳои як ҳукумат будааст.
Воқеъан шароити сиёсие, ки Никол Пашинян дар Арманистон тули ин панҷ моҳ офаридааст, орзӯи ҳар як нафари озодихоҳу адолатдӯст аст. Умед мебарем то кишвари моро низ ба ин рӯзҳое бирасонад, ки ҳукумат дар хидмати мардум бошад, на мардум дар хидмати ҳукумат.
Никол Пашиниян 42 сола мебошад. 1 июни соли 1975 дар шаҳри Иждевани Арманистон дида ба дунё кушодааст. Аз соли 1993 ба фаолияти рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Дар нашрияҳо ва ҳафтаномаҳои Дпрутюн, Лрагир, Лрагир-ор, Молорак ҳамчун рӯзноманигор кор кардааст. Аз соли 1995 то соли 1997 ҳамчун муҳаррири Эм-эс-э ва ҳафтаномаи Молорак фаъолияти рӯзноманигории худро идома додааст. Соли 1998 ҳафтаномаи Орагирро таъсис медиҳад ва худаш ба ҳайси сармуҳарир фаъолият мекунад.
Тобистони соли 1999 дар натиҷаи нашри як матлаби бӯҳтонӣ, суд идораи ҳафтаномаи Орагирро ба 25 ҳазор доллар ҷарима ва худи Никол Пашиниян, сармуҳаррири ҳафтаномаро ба як соли зиндон маҳкум мекунад. Баъд аз ин, ҳафтаномаи Орагир баста мешавад.
Баъдан, ҳамчун сармуҳаррири ҳафтаномаи «Айкакан Ҷаманак» фаъолияти рӯзноманигории худро идома медиҳад.
Соли 2008 ӯ узви ситоди пешазинтихоботии номзади президентӣ, Левон Тер-Петросян буд. Пас аз танишҳо ва бесарусомонии 1-2 марти соли 2008 дар Ереван, мақомот ӯро дар пайгарди ҷиноӣ қарор медиҳад. Соли 2009 Пашинян бо хоҳиши худ ба мақомот таслим мешавад. Дар моҳи январи соли 2010 аз ҷониби мақоми судии Арманистон ба 7 соли зиндон маҳкум мегардад. Сипас, моҳи майи соли 2011 ба муносибати солгарди 20-солагии истиқлолияти Арманистон бо эълони авф Никол Пашиниян пеш аз мӯҳлат озод мешавад.
Дар соли 2012 аз ҳизби «Конгресси Миллии Арманистон» вакили парлумони ин кишвар интихоб шуд.
Аз моҳи майи 2018 то 16 октябри 2018 Сарвазири Арманистон ва аз 16 октябр то имрӯз иҷрокунандаи вазифаи сарвазири ҷумҳурии Арманистон мебошад.
Шавкати Муҳаммад