Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дигар ҳеҷ гуна рақиби ҷиддие надорад, ки ба муқобили он мубориза барад ва бо ин васила иддао кунад, ки «ман бо хун омадаам ва бо хун мемонам». Онҳое, ки дар гузашта ҳамчун рақиб ё ҳариф ёд мешуданд, Мирзо Зиёев, Муҳаммадбоқир ва дигарон , ҳама ё кушта шуданд, ё ба хориҷ фирор карданд, ё бо таҳқиру зиндону шиканҷа аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуданд.
Имрӯз дигар на ҳизбе боқӣ мондааст, на ҳаракате, ки мардумро ба адолат ва муқовимат умедвор кунад. Аз ин рӯ, ҳукумат фишорро мустақиман ба сари мардум равона кардааст. Ба ҷои мубориза бо рақибони сиёсӣ, акнун худи мардум ба ҳадафи фишор ва тарсофаринӣ табдил ёфтаанд.
Ин номае, ки сокинони маҳаллаи «Ҳазрати Мавлоно» воқеъ дар миёни шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе фиристодаанд, нишонаи равшани ҳамин сиёсат аст. Дар он зикр мешавад, ки кормандони милитсия ва дигар мақомоти амниятӣ бо баҳонаҳои гуногун ба хонаҳои мардум зада даромада, таҳдид, шиканҷа ва боздоштҳоро бе ҳеч асос анҷом медиҳанд.
Системаи ҳокимиятӣ, ки акнун ягон рақиб надорад, ба ҷои он ки фурсатро барои беҳбудии зиндагии мардум истифода барад, баръакс аз набудани рақобат истифода карда, фазои тарс, хомӯшӣ ва зулмро ба авҷи худ расондааст. Ҳукумати Раҳмонов имрӯз на барои мудирият, балки барои зиндон кардану хомӯш сохтани мардум амал мекунад.
Ин навъи ҳукуматдории золимона наметавонад поянда бошад. Зеро вақте мардум бубинанд, ки дигар ҳеҷ касе намондааст, ки аз онҳо дифоъ кунад, худ ба по мехезанд.
Ваҳдат
Салом, бародари муборизи роҳи адолат Муҳаммадиқболи Садриддин!
Аз Ватан ҳар рӯз хабарҳои ногувор мерасад. Чанде аз наздиконам аз шаҳри Ваҳдат бо ман тамос гирифтанд ва хоҳиш карданд, ки ин ҳолатро ба шумо бирасонам, то шояд тавассути «Ислоҳ» ба гӯшу назари мақомот расад ва пеши роҳи ин зулму ситам гирифта шавад.
Мавзӯъ дар бораи амалиётҳои кормандони милиса дар маҳаллаҳои атрофи мақбараи ҳазрати Мавлоно мебошад. Ба гуфтаи шоҳидон, милисаҳо хона ба хона мегарданд ва аз мардум талаб мекунанд, ки:
«Касе агар наздиконатон дар Русия бошанд фарзанд, бародар ё падар рақами телефони онҳоро диҳед».
Баъдан ба он рақамҳо занг мезананд.
Якчанд ҳамсояи амакам, ки феълан дар муҳоҷират кор мекунанд, гуфтанд, ки ба хонаи онҳо даромада рақамҳои писаронашонро гирифтанд ва ба онҳо занг зада, таҳдид ва талаб кардани маблағро оғоз карданд. Ҳатто модари яке аз ҷавонон фаҳмондааст, ки фарзандаш 10 сол боз дар Русия асту барнагаштааст. Аммо милиса пофишорӣ карда гуфтааст:
Занг мезанад? Гап мезанад бо шумо?
Модар тасдиқ кардааст, ки бо фарзандаш ва набераҳояш дар тамос аст. Онҳо рақами писарашро гирифтанд. Ҳоло маълум нест, ки ба ӯ занг задаанд ё не, вале гуфтанд, ки ӯ шаҳрвандии Русияро гирифтааст.
Ин кормандони ВКД на танҳо хона ба хона мегарданд, балки дар роҳҳо низ одамонро нигоҳ дошта, тарс медиҳанд. Мардумро номнавис мекунанд ва талаб мекунанд, ки рақами муҳоҷирони хонаводаашонро диҳанд. Агар касе сарпечӣ кунад, дар рӯи номаш «галочка» ё аломати савол мемонанд. Баъдан ё гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаат меоянд ё туро ба шӯъба мебаранд.
Хулоса, милисаҳо ҳар тӯҳмату баҳонае, ки метавонанд, истифода мебаранд, то аз муҳоҷирон ва наздикони онҳо пул бигиранд. Гӯё ба онҳо супориш додаанд, ки «худатон пул кор кунед ва модом маблағ биёред».
Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, дар ин ғарибиву мусофирӣ ҳам моро осуда намегузоранд. Ҳамеша бо изтиробу хавотир барои оила ва фарзандонамон зиндагӣ мекунем.
ҲАМАДОНӢ :Ноҳияи рекордшикани фасод ва порахӯрӣ
Ассалому алайкум, бародари муборизи роҳи ҳақиқат ва адолат, Муҳаммадиқболи Садриддин!
Мо як гурӯҳ сокинони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо дили пур аз дарду фиғон ба шумо муроҷиат мекунем. Дар ноҳияи мо фасод ва порахӯрӣ ба ҳадде расидааст, ки ба назар мерасад дар тамоми кишвар мислаш нест. Дар ҳар даргоҳе, ки қадам мегузорӣ, талаби ришва ва муносибати таҳқиромез пешвозат мегирад.
Ба назари мо, раиси ноҳия талош мекунад, ки дар корҳо осонӣ оварад, мардумро аз машаққат наҷот диҳад. Аммо зердастон, аз ҷумла кормандони ҳукумат, милитсия, андоз ва кумитаи замин гӯё аз паси ӯ ҳар чи дилашон хоҳад, мекунанд.
Кумитаи замин ,манбаи фасод
Масалан, раиси Кумитаи замин Абдураҳмонзода як шахси бемасъулият аст. Вақте ба утоқи кораш меравӣ, наметавонӣ пайдоаш кунӣ. Ҳар рӯз баҳона: «Маҷлис доштам», «Вақти хӯроки нисфирӯзист». Баъди хӯрок бошад, тамоман дарро намекушояд. Дар канори ӯ, муовинаш Ҷумъахон Ғозиев мисли саратон ба хоки ноҳия реша давондааст. То ҳатто заҳбуру ҷӯйборҳоро фурӯхта истодааст. Вақте мепурсӣ, ки чаро ҷойи чарогоҳи мардумро фурӯхтӣ, мегӯяд: «Фармони раиси ноҳия аст».
Архитектураи бемақсад ва «тормуз»-и дастгоҳ
Ғанӣ Мурод, ки дар идораи архитектура фаъолият мекунад, ба ҷои хизмат ба мардум, мардумро ба ғами худаш гирифтор мекунад. Аз номи раиси ноҳия замин чен мекунад, вале талаб мекунад, ки аввал мошинашро пур кун, баъд хӯрок диҳӣ ва дар охир маблағ. Дар байни мардум ӯро бо лақаби «тормуз» мешиносанд. Вай як гурӯҳи дигарро бо худ дорад: Қурбон, Хӯҷаи дузана, Маҳмуди минарав ва як ҷавонеро бо лақаби «Кчик».
Фишори экология ва милиса
Масъалаи дигар ,шикоят аз шӯъбаи экология аст. На дар зимистон барқ дорем ва на дар тобистон. Аммо ҳатто шохи хушкидаеро, ки барои сӯзишворӣ занем, бо милитсия ҳозир мешаванд: протокол, акт, ҷарима… Номбурда Фаррух, корманди экология, яке аз симоҳои асосии фасодкор аст. Гӯё аз болои ӯ «раис аз Кӯлоб» дастур дода бошад, ҳаққи ӯро низ талаб мекунад. Мо намедонем, ки он раис ҳаст ё нест, вале маҷбурем пул диҳем.
Ҷамоати Дашти Гуло , макони заминфурӯшӣ
Дар ҷамоати Дашти Гуло раҳбарони фасодпеша мисли Ҳабибулло Исмат ва Ҷумъахон Ғозиев одамонро ба дод овардаанд. Ҳатто ҷӯйборҳою роҳҳоро тоза намекунанд, вале аз мардум фақат пул талаб мекунанд. Ба масҷид, мактаб, ҷамоат равӣ масъала танҳо «маслиҳати сум» аст.
Масҷидро сиёсатӣ карданд
Дар масҷиди Лаби Сангоб муллои босаводе бо номи Ғайбулло имомӣ мекард. Акнун ӯро канор зада, шахсе чоплусеро бо номи Шароф ба ҷойи ӯ овардаанд, ки ҳатто суханашро намефаҳмӣ. Мо мехоҳем, ки ҳоҷӣ Ғайбулло ба вазифааш баргардад.
Таркиши фасод дар роҳсозӣ
Дар роҳи байни Фархор то Ҳамадонӣ 18 километр аст. Гуфта мешавад, ки барои он се миллион сомонӣ ҷамъ шуда буд, аммо тамоми маблағро дуздидаанд. Раиси ҷамоати Маадӣ, ки ҳама маблағро аз дорухонаҳо, мағозаҳо ва нонвойҳо ҷамъ овард, акнун соҳиби хонаи сеошёна шудааст. Кори дигаре ба ҷуз аз ғорати мардум накардааст.
Сагҳои дайду ва марги ноболиғ
Мушкили дигар сагҳои дайду аст. Як кӯдаки ноболиғро саг захмӣ кард ва баъдан вафот кард. Аммо ягон масъули ҷамоат, аз ҷумла раиси нав Ҷумъахон, ягон кӯмаке нарасонд. Ветеринар Маҷидов ва писараш барои бепарвоӣ ва сабаби марги кӯдак бояд ҷавоб гӯянд. Сардухтури ноҳия низ бо беҳавсалагӣ ва беэътиноияш бояд барканор шавад.
Таҷовузи ҳуқуқи ноболиғон аз ҷониби милиса
Милисаи Дашти Гуло Комрон бо дастгирии роҳбараш Муҳаммадшариф (сардори ноболиғҳои ноҳия аз совхози Ангурбоғ), мағозаҳоро мепӯшанд, ноболиғонро дастгир карда, аз онҳо пул меситонанд. Касоне, ки пул надоранд, мавриди таҳқир ва «истифода» қарор мегиранд.
Мо аз роҳбарони масъул ва мақомоти кишвар талаб мекунем, ки ба ин фасоду зулми густарда расидагӣ кунанд. Мардум тоқати ин бедодиро надоранд. Агар гӯш кардани садои мардумро идома надиҳанд, эҳтимол аст, ки норозигӣ ба зӯр ва эътирозҳо табдил ёбад.
Бо эҳтиром як гурӯҳ шаҳрвандони ноҳияи Ҳамадонӣ.
Санкт-Петербург
Ассалому алайкум, бародари муборизи роҳи ҳақ ва зидди зулм!
Муддатест мехостам дар барномаҳои Шумо ширкат варзида, андешаву назароти худро доир ба баҳсҳои марбут ба роҳбарияти нави ҲНИТ баён кунам. Ман ҳамчун шахсе, ки беш аз сӣ сол дар сафи ин ҳизб будам, бовар дорам, ки ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст ва Муҳиддин Кабирӣ бояд истеъфои худро эълон намояд.
Имрӯз дигар на дар байни ҷомеа ва на дар миёни аъзои худи ҲНИТ ӯ ҷойгоҳ ва эътибори қаблиро надорад. Ҷаноби Кабирӣ ҳарчанд аз «аснод» сухан мегӯяд, аммо худ, ки бояд намунаи раҳбарии як ҳизби исломӣ мебуд, ба бисёр арзишҳои он хиёнат кард. Раҳбари ҳизби динӣ набояд зиндагии шахсии худро ба бӯҳронҳои ахлоқӣ ва шубҳаҳои фурӯдиҳандаи обрӯ бикушояд. Ҳатто агар ӯ худ ин амалҳоро анҷом надода бошад ҳам, номи ӯ ба гуноҳҳои бузург ва ғайриахлоқӣ алоқаманд шуд ва ин барои раҳбарии як ҳаракати исломӣ кофист, то ҷойгоҳи худро холӣ кунад.
Оё шоиста аст, ки раҳбари ҳизби исломӣ ба…….? Оё мешавад ба чунин шахс бовар кард? Оё ӯ ҳақ дорад, ки боз дар садри ин ҳаракат қарор бигирад? Ҳеҷ гоҳ!
Ман бар ин назарам, ки ҳамин ҳоло ҳам метавон интихоботи раис ва раёсатро баргузор кард. Имрӯз имкониятҳои онлайнӣ инро иҷозат медиҳанд. Ҳар як узви ҳизб метавонад ба таври мустақим дар ин раванд ширкат кунад, ҳатто аз дуртарин гӯшаҳои ҷаҳон. Интихобот метавонад дар чанд марҳила сурат бигирад, то ки ҳизб раҳбарияти нав ва машруъ пайдо кунад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бояд аз иштирок дар ин интихобот худдорӣ намояд. Ӯ бист сол роҳбар буд дигар бас аст.
Ҳизби исломӣ бояд дар ҳама ҷабҳа намуна бошад, хусусан дар масоили ахлоқ ва шаффофият дар роҳбарият. Мутаассифона, ҷаноби Кабирӣ на танҳо эътимод, балки машруъияти роҳбарии худро аз даст дод. Зиндагии шахсӣ ва равобити маишии ӯ ба масъалаи ҷамъиятӣ табдил ёфта, боиси фурӯпошии обрӯ ва эътибори ҳизб гардидааст.
Имрӯз мардум дар гумроҳӣ ва ноумедӣ қарор доранд. Онҳо дигар намедонанд, ки аз пушти кӣ раванд. Кабирӣ ба ҷои он ки барои ҳизб ва пайравонаш масъулият эҳсос кунад, ҳама чизро қурбони ҳифзи мақоми шахсии худ намуд. Агар ӯ дарвоқеъ барои ҲНИТ дилсӯз бошад, бояд ихтиёрӣ канор равад ва роҳро барои дигарон боз кунад.
Киштии Кабирӣ шикастааст. Бо ӯ ин ҳаракат ба соҳил намерасад. Вақт он расидааст, ки агар бо киштӣ наметавон равон шуд, пас савори заврақ ва қаиқ шавем, вале ҳаракат кунем, иқдом кунем, хомӯш набошем. Фурсат мегузарад.
Бо дуруду эҳтиром, Як наҳзатии солҳои 90-ум Санкт, Петербург
Кулоб
«Подставка» ва порахоҳии навбатӣ дар Кулоб: Мардум аз Мадизода Амриддин меноланд
Як корманди милисаи Кулоб бо истифода аз мансаб ва тарсонидан, аз мардум пул канда, падару модари муҳоҷиронро шиканҷа медиҳад
Кулоб — манбаи мӯътамади Ислоҳ
Дар шаҳри Кулоб як корманди мақомоти милиса бо номи Мадизода Амриддин ба шаҳрвандон фишор оварда, онҳоро бо баҳонаҳои беасос «подставка» мекунад ва аз онҳо маблағ талаб менамояд. Ба дасти мо номае расид, ки тавассути як ҳамватани муҳоҷир аз Маскав фиристода шуда, дар он ҳолати як оилаи бечора ва зулми як корманди милиса нақл мешавад.
Ҷазои падару модар барои фарзанди муҳоҷир
Файзов Амрохон як марди фурӯтан ва савдогар дар бозори Кулоб аст, ки дар маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекунад. Писараш чанд сол дар Маскав муҳоҷир буд ва баъд аз он, бо сабабҳои номаълум, ба Афғонистон ва баъдан ба Олмон рафтааст. Ин амали писараш, ки синнаш беш аз 19-сола аст, сабаби фишору таъқиб ва таҳқири падару модараш аз тарафи корманди милиса Мадизода Амриддин шудааст.
«Он мардаки бечораро ҳар рӯз ба идораи милиса мебаранд, фарёд мезананд. Зани ӯ ҳар рӯз мегиряд ва мегӯяд, ки дигар аз зиндагӣ безор шудааст», омадааст дар нома.
Модари писар ҳар ҳафта даъват шуда, маҷбур мешавад пул диҳад, то «парванда» ё «саволҳо» қатъ шаванд. Онҳо мегӯянд:
«Як луқма нон, ки аз савдо меёбем, ҳамашро ба ин зулму порахоҳӣ медиҳем. Савдо мекунем, лекин барои Эмомалӣ ва сагҳояш кор мекунем. Милитсияи маҳаллӣ мисли ин Мадизода, ҳар рӯз талабгор аст».
Таҳқиру шантаж бо телефони мобилӣ
Ба гуфтаи манбаи мо, Мадизода Амриддин ҳатто телефони шахсии одамонро гирифта, бо он ба сомонаҳо ворид мешавад, лайкҳо мегузорад ва пасон аз болои одамон шантаж мекунад.
«Телефонҳоро мегирад, ба аккаунтҳо медарояд, лайк мемонад, баъд мегӯяд, ки ту ифротӣ ҳастӣ, ту террористӣ. Мепартоямат пушти панҷара. Баъд пулашро талаб мекунад», гуфтааст шахси дигаре ба мо.
Бачааш донишҷӯ буд ҳоло нопадид
Писари дувуми ин оила, ки дар донишкадаи тиббӣ таҳсил мекард, маҷбур шуд таҳсилашро партофта, ба Маскав фирор кунад. Ҳоло волидайнаш намедонанд, ки ӯ дар куҷост.
«Аз дастаи сумгӯйҳо партофта рафт. Бачаи босавод буд, лек ҷон ба лабаш расид», омадааст дар нома.
Хомӯшӣ ва тарс , дастгоҳи зулм фаъол аст
Ин мисол, танҳо як пора аз фоҷеаи умумиест, ки ҳар рӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон такрор мешавад. Мақомот, ба ҷои дифои ҳуқуқи шаҳрванд, худ ба як абзори тарсонидан ва порахоҳӣ табдил ёфтаанд. Ҳар касе, ки фарзандаш муҳоҷир аст, ҳар касе, ки як лайк дар шабакаи иҷтимоӣ дорад, имрӯз дар хатар аст.
Суоли асосӣ ин аст:
То кай шаҳрвандон бояд зери фишору таҳқири чунин кормандони «қонуншикан» зиндагӣ кунанд? То кай падару модар барои кор ва қарорҳои фарзандони болиғашон, ки аллакай мустақиланд, ҷавобгар шаванд?
Душанбе
Талхакафии «наздикон» баъди боздошти Исмати Дулик
Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!
Баъд аз боздошти Исмати Дулик, дар байни бисёре аз мансабдорон ва «наздикон»-и ҳокимияти феълӣ тарсу ваҳшат афзудааст. Яке аз онҳо, ки сахт ба изтироб афтодааст, ин Хайрулло масъули баландпоя дар сохтмони НБО «Роғун» мебошад.
Ба нақли шоҳидон, Хайрулло гуфтааст:
«Ина Ислом (Исмат) ин қадар хизмат кард, наздик буд, охираш ҳамин шуд. Пас ман, ки камтар бинам, бояд чашмамро кандан!»
Ӯ ҳамчунин иқрор шудааст, ки «ману Исмат ҳама корро бо ризоияти «боло» мекардем, вале бин чӣ ҳол шуд».
Хайрулло ба атрофиён гуфтааст, ки ният дорад баъди рафтани Раҳмонов Тоҷикистонро тарк кунад, зеро эҳсос мекунад, ки ҳар лаҳза метавонанд ӯро низ дастгир кунанд. Ӯ айни замон бо миллионҳо доллар камбудӣ ва аудити сохтааш рӯбарӯст.
«Схема»-и молиявии оилавӣ
Гуфта мешавад, ки Хайрулло шеваҳои «списание»-ву «отмывание денег»-ро аз писараш ёд гирифтааст. Писараш дар Вазорати молия кор карда, дар чандин сохторҳои иқтисодӣ таҷриба андӯхтааст. Ҳамзамон соҳиби якчанд ломбард буда, тавассути додани қарзҳои бо фоизҳои бузург одамони зиёдеро аз хонаву ҷой маҳрум кардааст.
Ин шахс ба номи қарздорҳояш «фирма»-ҳои якрӯза кушода, маблағҳои давлатиро, ки барои хариди таҷҳизоти НБО «Роғун» пешбинӣ шуда буданд, бо роҳҳои машкук «обналичка» карда, маҳсулоти пастсифат ворид намудааст. Фоидаи зиёдро ба хориҷ интиқол додаанд.
Хайрулло ҳисоби бонкӣ ба номи духтараш Фарзона, ки дар ИМА бо шавҳараш (номаш Сулаймон) зиндагӣ мекунад, боз кардааст. Барои ҳамин бо додани “доляи калон” тавонистааст, ки домодашро ба вазифаи ёвари сафири Тоҷикистон дар ИМА таъин кунанд.
Нақшаи фирор ба Амрико
Ба гуфтаи афроди наздик, Хайрулло ният дорад ба Амрико гурезад ва дар онҷо паноҳгоҳ гирад. Ӯ бар ин бовар аст, ки бо доштани маълумоти муҳим ва сирҳои дохилӣ метавонад барои мақомоти амрикоӣ шахси “қиматбаҳо” шавад. Гуфта шудааст, ки моҳи оянда бо баҳонаи муолиҷа ё корҳои шахсӣ ба хориҷ сафар хоҳад кард.
Хайрулло гуфтааст:
«Ин авлод Раҳмоновҳо — нару модааш номарданд. Агар Рустам ба қудрат бирасад, дигар чӣ интизор шаванд мардум?!»
Изтироби Музаффар Юсуфӣ Прокурори нақлиёт
Шахси дигаре, ки сахт ба ҳарос афтодааст, Музаффар Юсуфӣ Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аст. Ӯ молу мулкашро ба номи хешовандону шогирдони наздик мегузаронад ва гуфтааст:
«Исмат ин қадар хизмат кард ба ин авлоди гишнада, охираш чӣ шуд? Ман аз инҳо раҳм интизор нестам».
Музаффар инчунин таъкид кардааст, ки «Хусусан, Ҳасани ишкамдам, ки Исмат ба ӯ содиқ буд, охирда худашро қурбонӣ кард». Ӯ дар сӯҳбат бо дигарон гуфтааст, ки «Юсуф Раҳмон ҳеҷ гоҳ имкони намоиш додан дар назди президентро истифода намебарад, Воҳидзода бошад, умуман “гурда” надорад».
Ба гуфтаи Музаффар, пас аз Исмати Дулик, навбати Шералӣ Кабир мерасад. Вай аз қавли Зафар, писари генерал Абдулло Назаров, гуфтааст:
«Падарамро бо фармони Ҳасан куштанд, то ин ки тиҷорати сангҳои қиматбаҳои Помирро ба даст гиранд».
Розҳои дохили авлод ва «Клеопатра»
Музаффар Юсуфӣ боз гуфтааст, ки ягона «хизмати хуби» Зайнулло ин буд, ки тавонист аз фурудгоҳ Шерзод шавҳари Тахминаи Раҳмон, ки бо лақаби «Клеопатра» шинохта мешавад, дур кунад.
«Ин Шерзод на бо шарофати бародараш, балки аз ҳисоби янгааш каттагӣ мекунад», гуфтааст ӯ.
Акнун, пас аз боздошти Исмати Дулик, бисёриҳо, ҳатто дар сатҳҳои болоии қудрат, ба ояндаи худ ба шакку тардид менигаранд. Гуфта мешавад, ки худи Ҳасан ва Раҳмонов низ сардаргум мондаанд, ки бо Исмат чӣ кунанд, зеро ӯ бисёре аз сирҳои хонавода ва дуздиҳои онҳоро медонад.