Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№43

Ислоҳ нет

  Ба унвони «Ислоҳ» дар ин авохир он қадар номаҳо зиёд мерасанд, ки ростӣ, «успет» намекунем, ки ба ҳар кадоме аз онҳо расидагӣ кунем. Дӯстони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон, агар нохоста дар нашру пахши номае таъхир шуд, нигарон набошед ва озурда ҳам ҳам нашавед. Ин шо Аллоҳ, номаҳои шумо, мунташир мешаванд. Қаблан низ ҳамчунин буд, аммо, азбаски камтар меомаданд, ман талош мекардам, ки номаҳоеро, ки зарурати нашри фавриро доранд, пештар чоп кунам.

 Ҳоло акнун номаҳоро «ба навбат» гузоштем. Аз рӯи вақти расиданашон, вале, агар номае таъҷилӣ бошад, онро бенавбат ва дар навбати дар дасти нашр будаи «Номаҳо…» месупорем. Барои ин аз шумо хоҳиш ин аст, ки дар гӯшае аз ин номаҳо «таъҷилӣ» будани онро таъкид кунед. Аммо, хоҳиш аз шумо ин аст ки агар фаврӣ набуд, чизе ишорат накунед. Бигзоред бо навбат мунташир бишавад, саросема нашавед.

Хонанда ва ҳаводорони азизи Ислоҳ”!. Бо мо бошед ва тамкинро аз даст надиҳед. Чун мо бо як бало ва душмани сивуандсола, ки хонаамонро, ватанамонро, зиндагиамонро, буду набудамонро гирифтааст, сару калла мезанем. Аммо, бубинед, ки навиштану чопи номаҳои шумо бетаъсир нестанд. Маҷбуранд, ки расидагӣ кунанд:

                                Исфара

   Салому алейкум акаи Муҳаммадиқбол!

 Пас аз баромади Шумо оиди дуздҳо ва роҳзанҳои ШВКД-2 Исфара подполковник Абдуллозода Абдураҳмон, муовини сардор, подполковник Юлдошев Нозирҷон Боҳирович сардори бахши кофтукоби ҷиноӣ, капитан Аюбхонзода Фатҳиддин, масъули кор бо ноболиғон ва капитан Ашурзода Зафар, корманди бахши кофтукоби ҷиноиро аз кор гирифтанд. Раҳмати Аллоҳ бар Шумо. Аммо, бародар Муҳаммадиқбол, нафари дигар- Шарифхоҷаев Мирзо Амирхоҷаевич, муовини аввали сардор, полковники милитсия, ки аксҳояшро бар Шумо равон кардам бандаи худро ташкил карда айни замон ҳамаи валютчикҳо, бозорхо, мағозаҳои хурокиву сохтмонӣ, аптекаҳо, устохонаҳо  ва дигар соҳибкоронро ба назди худ даъват карда гуфтааст минбаъд доляро бояд ба у диханд. Ин боз як бе инсофи дигар. Мирзо Шарифхоҷаев аз Помир буда худро ҷияни генерал Навҷувонов мегирад ва бо ҳамин роҳ зердастон ва мардуми маҳаллиро тарсонидааст. Ин полковник Шарифхоҷев Мирзо бо Исмонхуҷаев Абдуманон солҳои сол ба муомилоти воситаи нашъадор машғул мебошад. 

Ҳатто кормандони ШВКД дар кучаҳо бисёр аз пушти ин хуносои Мирзо Шарифхоҷаев шикоят мекунанд. Бо генерал Навҷувонов Мирзо гуфтушунид карда бар ивази 10 ҳазор доллари ИМА майор Зоидов Баҳравар дар вазифаи муовини сардор ва ба сардори бахши кофтукови ҷиноӣ(УУР) майор Асадқулов Аҳлиддинро ба маблағи 5.000 доллар таъин кунонд. Акнун Зоидов Баҳравар ва Асадқулов Аҳлиддин шогирдони Мирзо буда супориши ин ҳаромиро иҷро карда истодаанд. 

Зоидов Баҳравар аз ҷамоати Ворух буда пештар дар ҳамин милисахона кор мекард ва як муддат ба дигар ноҳия рафта буд. Аз ҳама аҷибаш ин аст ки Зоидов Баҳравар аз айёми кудакиаш бемории сабзи ба дастӣ дошт ва тамоми мардуми Ворух ва Чоркуҳ медонанд ва бисёрии онҳоро Баҳравар бурда худро занондагӣ аст. Аҳлидин,к и аввал дар Ворух кор мекард ӯро Баҳравар пул медод ва дастгириҳо мекард ва ӯро ба роҳи худ дароварда … худ карда буд. Як рӯз дар лаби дарёи Ворух Баҳравар ташкили мекунад ва Мирзову Аҳлиддинро даьват мекунад. Маст мешаванд ва Баҳравар ба Мирзо мечаспад. Мефаҳмад ,ки Мирзо ҳам касали лутигӣ дорад ва Аҳлиддинро розӣ мекунанд ҳардояшонро мезанад. 

Мегуянд ба наздикӣ коргарони вилоят дар Қайроқум Мирзо бо занаш, Баҳравар бо занаш ва Аҳлиддинро меқапад дар яке аз котеҷхо маълум мекунанд, ки инҳо рӯзҳои шанбе якҷоя кайф мекардаанд. Вақтҳои охир ҳамсарони ҳалолии якдигар ивазкунакон мекунанд ва Аҳлиддин дар назди занҳояшон аввал Мирзо ва Баҳраварро мекунад,баъд занҳои онҳоро мекунад, ки ин корро кормандони вилоят ошкор мекунанд ва аз онҳо 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ гирифта ҷавоб медиҳанд. Ин Мирзо қариб 15 сол боз муовини сардор буда барои нарафтанаш аз ин минтақа ба кришаҳояш маблағ медиҳад, то ӯро аз инҷо нагиранд, то бизнеси героин намурад. Худаш ҳамроҳ  бо Исмонхучаев Манон мардуми Чоркуҳ ва Хоҷаи Аълоро фиреб карда мебароранд бар зидди қирғизҳо ҷангро сар мекунанд ва дар вақти ҷанг героинҳои худро аз Помир оварда ба қирғизҳои наркобизнес мефурӯшанд. 

Ҳоло бандаи дар як муддати кутоҳ ташкил намудаи Полковник Мирзо мардумро ба дод овардааст.  

Зоидов Баҳровар ба хариду фурӯши героин машғул буда падари ӯ маротибаи 3 ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғалтида айни ҳол дар маҳбас қарор дорад. Полковник Мирзо Шарифхоҷаев худашро барои е… дар вакти ин амали нанговар кардан Манижа ном кардагӣ аст. Яъне вай худашро Манижа Давлатова мегуфтааст. Агар ба дилхоҳ ворухӣ суҳбат кунед Манижа будани ӯро тасдиқ мекунад. Аз кудак то пиронсол ӯро Зоидов Баҳровар мешиносанд ва ҳама медонанд,ки вай кӣ  аст. Чанд рӯз шуд, ки бо мардуми Сурх вохурда будем. Дар як маърака гап заданд, ки вақтҳои охир бо баҳонаи танзим агар чор одам беморбинӣ равад Баҳравар Аҳлиддинро мефармояд, ки бираванду ҷарима кунанд. Корманди инҳо меравад паспорти нафари бемор ё соҳиби хонаро мегирад ва то аз 2000 сомонӣ то 5000 надиҳанд безор аз ҷонашон мекунад. Аз тамоми маъракаҳои туй 5000 сомонӣ гирифта истодаанд. Барои зери санҷиш қарор нагирифтани ин кирдорашон раиси ҷамоатҳои Сурх Сарвар ва Чоркуҳ  Лайсиддин Шарифов ҳатто шикоят карда истодаанд. Аммо азбаски инҳоро ҷияни генерал Навҷувонов Шарифхоҷаев Мирзо роҳбарӣ дорад, метарсанд, ки пагоҳ қаҳри генералро наоранд. Магар ВКД Рамазон Раҳимзода ва Шоҳрӯх Саидзода аз мухолифон хабар медиҳанд вале аз ин кормандонашон маълумот надошта бошанд?  

                                              Суғд

    Ман, як афсари милиса аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Ба Шумо мехоҳам дар бораи як нафари ифлос маълумот диҳам. Ин шахси ифлос Шодизода (Шодиев) Фурқат, муовини сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд, яъне ҷонишини генерал Абдулло Навҷувонов мебошад.

 Ин нафар зодаи ноҳияи Дарвоз аст. Солҳои 90 баъди ҷанг ба шаҳри Чкаловск ҳозира Бӯстон куч бастааст. Он солҳо ин шахс бо ҳамроҳи падараш ва бародаронаш ба хариду фурӯши наркотик машғул буданд ва инро ҳама медонист. Ман ҳамсояи онҳо будам ва ин маълумоти аниқ аст. Ҳатто додаронаш барригагӣ мекарданд ва борҳо онҳоро милисаҳо дастгир карда пулҳояшонро гирифта сар медоданд.

  Баъди рӯи кор омадани ҳукумати 30% Фурқат худашро як бало карда ба марҳум Мирзоҷага наздик карда ба МЧС кор даромад. Лекин фурӯши наркотикро бас накарда давом медод. Вай 50- 54 сола аст, рутбааш полковник. Ҳозир вай тамоми масъалаи кадри милисаи вилояти Суғдро ҳал мекунад. Навҷувоновро ҳамчун як гуфти худаш балбес истифода мебарад. Навҷувонов дар ҳаёташ чунин ташкилиҳову взяткаҳоро надида буд.

  Чанд маротиба онҳоро дар як тарабхонаи шаҳри Хуҷанд дидаанд, ки бо ҳам дар ҳузури духтарони урён мастӣ мекунанд. Агар ягон вазифа гирифтани бошӣ дар РВКД дар вилояти Суғд бояд пулашро ба Фурқат ё додаронаш диҳӣ. Як додараш бо номи Фарход сардори шӯъбаи корҳои дохилии Қистакуз аст.

Ин навиштаҳои ман ҳануз оғози кор аст. Агар чоп кардед, идомаашро навишта мефиристам.

                                         Данғара

  Бародар азиз! Муборизи роҳи ҳақ салом! Ман аз Данғара ҳастам. Дар Данғара, ки номаҳо аз пушти ин писари Майрами гурсухта дар тамоми Тоҷикистон шум шудааст. Аммо ман мехоҳам бо шумо ҳамкорӣ намоям. Мо, аксарияти кулли мардуми Данғара барномаҳои Шуморо тамошомекунем. Инҷо мехоҳам дар бораи директори як мактаб гап занам. Ин номаро аз ҷамоати Лоҳур, деҳаи Экизак мефиристам.

  Эмомалӣ Раҳимов Бегалиевич директори мактаби рақами 44 аст. Занаш синфи сеюм тамом кардааст вале дар ҳамин мактаб муаллима мебошад. Ба худо қасам савод аслан надорад, вале муаллима аст. Бо ин тарзи таълиму тарбия ҳоли фарзандони мо чи мешуда бошад? Инро фақат Аллоҳ медонад. Ин директор боз сардори маҳалла ҳам ҳаст. Аз тарафи маҳалла сетка, арматур барои гирди мазор ҷудо шуда буд. Ҳамаи инҳоро гирифта ба гирди заминҳои худаш кашид. Кадоме пурсад мегуяд, ки сеткаҳои генерал аст. Замин ҳам аз ҳамон генерал, хурокаи мактаб ҳам аз генерал. Ба кудакони бечора чизе намедиҳанд. Коргарони мактаб 2 нафаранд. Аз мактабда дида дар хонаи директор бисëр кор мекунанд. Ман намефаҳмам. Директор инҳоро хари худаш ҳисоб мекунад. Боз агар ягон гап занӣ ними мардум пушти ин лаънатиро мегирад. Ҳой мардум! Аз хоби ғафлат бархезед. Мову шуморо аз Худову расуламон дур карданд, ба чи ҳолу рӯзе афтодаем. Фарзандҳоямонро аз масҷид меронанд, мисли ҳамин директори кали лаънатӣ. Аммо сад афсус, ки заиф шудаем. Касе чизе намегуяд. Ду мусафеди солманди гумроҳ шиштаанд, насиҳат мекунанд, ки «нагу,ки масҷидро мебанданд, аз ин бадтар мешавад».

  Фарзандҳои мардум дар моҳи шарифи Рамазон омаданду хостанд таровиҳ баргузор кунанд, аммо ин директори кали лаънатӣ чи гуфт? Гуфт,ки « хай шогирдои азиз, шуморо аз масҷид сур карданӣ нестам, аммо аз пагоҳ наоед ба масчид!» Чаро? Магар дар масҷид чи гап мешавад? Кудаконро терроризм дарс медиҳанд? Магар имомхатибе, ки худи амният таъин кардааст, террорист асту террористӣ дарс медиҳад? Чаро кудакон сигарет мекашанд, нос мекашанд, дискотека мераванд, касе чизе намегуяд? Ман як чизро намефаҳмам. Чаро ҳамин прокуратура ин чизҳоро намебинад? Ин кали лаънатӣ 24ҳазор долларо, ки барои таъмиру тармими раҳ ҷудо шуда буд, хурд. Яке якбора худи ҳамон сол хона кард, духтар ва ду писарашро ба донишгоҳ шомил кард. Аз куҷо ин қадар пулро ëфт? Мегуяд аз маошам кардам. Маоши ин лаънатӣ 1000 сомонӣ аст. Ҳазор сомонӣ дар шиками хонаводат намерасад. Фикр мекунӣ мардум ту барин тайлоқанд? Мардум рафта дар Роғун кор мекунанд дар 15 рӯз 3000 то 3500 сомонӣ мегиранд. Бо ин пул ҳила шикамашонро «успет» мекунанд. Ту бо ҳазор сомонӣ ин ҳама корҳоро кардӣ? Ин директор боз бузӣ ҳам мекунад. Фарзандони мардумро дар военкомату облава мефурушад. Фикр мекунӣ, ки мардум долбаёбанд? Ман дар бораи ту бисёр гуфтанӣ дорам. Аммо шояд ислоҳ мешавӣ? Бахудо қасам, огоҳат мекунам, агар ислоҳ нашавӣ ҳама ҷурму ҷиноятатро мегуям. Эмом кали лаънатӣ, ку, бубинем он вақт генерал чи кор мекунад? Шояд боз ягон одами бегуноҳро отдел мебаред.

  Аз ëд набарор, ки тамоми қадамат зери назорати тими “Ислоҳ” дар ҷамоат  аст. Кормандони идораи ҷамоат  ба шумо ҳам дахл дорад, фаромӯш накунед. Ин бор навбати шумо аст. Муҳтарам Қурбони калак, котиби ҷамоат,  фаромуш накун, мабодо, ки пагоҳ-фардо садоят аз отдел ояд. Мардум боз ҳам мебинанду худамон ҳам шоҳидем. Бархезед аз хоби ғафлат!

Акаи Муҳаммадиқбол дар барномаи «Номаҳо…» нашраш кунед. Ҳозир ҳама раисҳо барномаи «Номаҳо…»-ро интизоранд, ки кай номашон мебаромада бошад.

Дар ҳар намозҳоямон дар ҳақат дуо мекунем. Дар масҷид, дар намози ҷумъа ҳам тамоми мардум зери лаб ба Раҳмонови малъун лаънат мефиристанд, аммо шуморо дуо мекунанд, ки дар паноҳи Аллоҳи меҳрубон бошед ва ҳарчи зудтар ғалаба кунед!

                                      РУДАКӢ

  Мо, сокинони деҳаи Шайнаки мулогадои ноҳияи Рудакӣ ва деҳаи Андрейи Ҳисор   мебошем. Шайнак ва Андрей ҳамсояқишлоқанд.

 Мо, мардуми 2 деҳа беш аз 2 моҳ мешавад, ки ҳол надорем, на шаб хобем на рӯз. Дар ҳамин 40-45 градус  гармӣ метарсем, ки дару тирезаҳоямонро ҳуй кунем. Чунки дузд медарояд. Дар Шайнак ва Андрей ҳама ин ҳолро медонанд. Бахудо ҳамаро талхакаф кардагианд ин дуздҳо. Инҳо яктову дуто нестанд. Бисрӣ будаанд. Инҳо шабу рӯз дуздӣ мекунанд. Фақат пулу тилло мегиранд. Хонаҳоро як намуд мекованд, ки як ҳодиса аст. Дар каҳдонҳо баҷо шудагианд. Чандин одамон дидаанд. Мардум шабона хоб нарафта истодаанд, ки қапандашон. Аммо кормандони милиса намемонанд. Мегуянд, ки хонаҳоятон равед, мо худамон меқапем. Мо дар ҳар куча одамони худамонро мондагием. Аммо шаб рӯз мешавад, мегуянд, ки дуздҳо хонаи фалониро задаанд. Чи қадар пул ва тиловорӣ бурдаанд. Намедонем чаро моро ин ҳукумат намемонад, ки мо ин дуздҳоро биқапем. Ин чи хел ҳукумат аст, ки се моҳ мешавад дуздҳоро қапида наметавонад. Мардуми Андрей якеашро қапиданд. Мегуянд, ки мо нав аз тюрма баромадем. Он дуздро ягон шапалоқ задаанд. Ин дуздро милисаҳо бурданд, аммо пагаҳаш боз ҷавобаш додаанд. Аммо панҷ сокини он деҳаро доштаро бурда ҳар кадомеашро 5.000 сомонӣ ҷарима кардаанд. Ба Худо, мо намедонем чи кор кунем? Баъзеҳо мегуянд, ки милисаҳо бо ин дуздҳо шариканд. Охир Шодӣ Ҳафиззода ва Шоҳрух Саид ин вазифаи шумо ҳам ҳаст , медонем ба шумо наметонем муроҷиат карда тавассути “Ислоҳ” бояд шикоятамонро кунем. Аз барои Худо ин чи рӯзи сиёҳ аст?

                                           Душанбе

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи вазъи мошинҳои мусофиркаши Душанбе ва масъулони ин соҳа гуфтаниям. Эмомалӣ Раҳмонов, сардори ГАИ-и ҷумҳурӣ ва Душанберо иваз кард, аммо ҳол ягон зарра беҳ нашудааст. Хуҷамуродов Дилшод, сардори ДПС-и  Душанбе шогирди Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода аст. Ҳама ӯро мешиносад. Ман чанде аз корҳои ӯро медонам. Дар ГАИ чи намуд кор мекунад.

 Вай 4 адад спринтер, яъне маршруткаи бедокумент, даже бо номери қалбакӣ дорад. Дар кучаи Неъмат Қарабоев (нелегалний) мегарданд. Сайид Фирдавс, муовини райиси шахр оид ба нақлиёт хешаш аст. Кадом камбағале агар дар он кучаи серодам кор кунад аввал Дилшод ҷарима ва баъд Сайид Фирдавс муовини Рустам бурда дар ҷаримагоҳи Гулбута маҳкам мекунад. Он одам маҷбур ба Дилшод 650 сомонӣ ҷарима месупорад. Баъд мошинашро мегирад. Моро дар як моҳ 5 -6 маротиба ҷарима кард. Гуфт агар бифорад, ки ГАИ ғам надиҳад, биё мошинҳои моро бигиру кор кун. «Гуфтум зурум ба арендаи ту 350 сомонӣ намераса». Кадоме агар шофёри спринтери ӯ мешавад права даркор нест. Дар кучаи Неъмат Қарабоев чи хеле мефорад кор кун. Аммо рӯзаш 350 сомонӣ барои як Спринтер медиҳӣ.

Мегуяд чи хеле мефорад ҳай кун. «Ту худут дар Душанбе тоқа мегардӣ». Ман як рӯз дар бари шофёр шиштам. ГАИ ранги саг қадр надорад. Шофёр мегуяд ба ҷуз аз Дилшод. Тамом. Номи ГАИ гуӣ номи азроилро гирифтагӣ барин мешавад. Агар бовар накунед шири модарам ҳаром. Ин шофер ба ман гуфт, ки ман категория надорам. Аммо бригадир аст: «Мора ҳиҷка дар Душанбе кор надора». Бовар накунед дар кучай Неъмат Қарабоев любой таксиро пурсед.

 У ду зан доштааст. Спринтер аз як занаш. 8 танген дар хатсайри Корвон- Гипрозем.  Дар ин хатсайр маршрут бояд нагардад (Корвон- Қараболо) аммо ягон ГАИ манъ намекунад. Ҳамин хел бе номер бе документ 100 сомонӣ аренда. Боз кришаи таксии 7сомона, то 100 нафарро кришагӣ мекунад. Дар моҳ 10000 сомонӣ. Мошини Дилшод бошад рӯзаш 100 сомонӣ. Маро гуфт «нашоти ГАИ пиён, ҳишёр ма ҷавобша метум».Ман дар аввал бовар накардам. Вақте шоферро пурсидам тасдиқ карданд ин гапро. Аммо аз дасти ин ГАИ мо рӯз надорем. Ин ГАИшникҳо рӯирост мегуянд, ки мо вазифаро харидем. Мо ба МВД навиштем. Ба фикрам ҷавобашро намегирем: саг сага нағз мебинад. Ин сардори ДПС-и республика Хуҷамуродов Дилшод аз Восеъ аст. Калони дуздони ГАИ аст. Ҳамаи таксиҳо ӯро мешиносанд. Дар як рӯз то 7000 сомонӣ кор мекунад. Охир Душанберо мисли Бразилия ё Мексика кардагиянд тамоман безпридел аст. Баъд дар тв мебини қарори пешвои миллат ва раиси шаҳр. Ин қарорҳо ба ин ГАЙҳо аслан дахл надорад. Домулло ҳар чизе меген дар барномаҳотон ҳамаш дусад фоиз рост аст , хаста шудагием аз ин дуздон.

                                               Қумсангир

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мо бачаҳои Қумсангир ҳастем. Навиштаҳои қаблии моро чоп кардеду дар барнома ҳам гуфтед. Ташаккур ба шумо! Ҳоло боз роҷеъ ба чанд ҳодиса ба шумо маълумот додан мехоҳем. Аз ҷумла дар бораи як нафар бо номи Искандаров Ҷаҳонгир, ки дар комиссариати ҳарбии ноҳия кор мекунад, гуфтаниҳо дорем.

   Соли 93 дар ҷамоати Истиқлол таваллуд шудааст.2018-19 дар идораи ҷамоати Истиқлол кор мекард. Он вақт барои навзодон шаҳодатномаи таваллуд медод. Худаш аз посёлкаи 7ум аст. Падараш гузашта шудаву модараш шавҳари дигар карда буд. Донишгоҳи Носири Хусрави Бохтарро дар соли 2016 хатм кардааст. Вақти кор дар ҷамоати Истиқлол барои як шаҳодатномаи таваллуд одамонро бисёр медавонд. Як вақт бо раиси маҳаллаи 7ум бо номи Насриддин ҷанг шуд. Насриддин барои метриска тамоми санадҳоро месупорад ,аммо як сол медавонад. Байнашон разбор мешавад. Насриддин як шапалоқ мезанад. Аз ҳуш меравад. Ба ҳуш меояд. Меравад шуъбаи милисаи Бохтар ва дар 6-ой отдел арз мекунад. Омаданд милисаҳо Насриддинро хеле кашокаш карданд. Милисаҳо оқибат мефаҳманд, ки Ҷаҳонгир худаш виноват аст. Барои ҳамин Насриддинро чизе нагуфтанд.

  Искандар ҳоло дар военкомати Қумсангир кор мекунад. Хонаҳои одамҳо повестка тақсим мекунад. Аз ҳоло сар шудааст барои даъвати тирамоҳӣ. Мегуяд ДОСААФ мебарад мехононад ва ё барои отсрочка гапзанон мекунад, пул мегирад. Барои онки дар призиви тирамоҳӣ наравӣ бояд 500 сомонӣ бидиҳӣ. Аммо аз баъзеҳо як сар гусфанд ва ҳатто буқача мегирад. Барои онки як сол наравӣ ба хидмат як буқача мегиранд. Искандар камбағал буд. Бобои Улҷа бобиаш буд. Ба дари мардум сер мекард. Гушнаву ташна мегашт. Мардуми 7ум уро сағира гуфта як тика нонаш доданд. Калон шуд, хонд. Боз ёрдамаш мекарданд.

Аз Русия бачаҳо дар картааш сум мепартофтанд, ки Искандар аво надорад, ачааш шу карда рафтагӣ аст. Вай дар хонаи тағоияш Қурум зинагӣ мекард.

Искандар, вақте дар Истиқлол кор мекард, мардуми 7умро, ҳар кадоме, ки барои хона ва заминаш сертификат надошт, хабар кашид. Омаданд мардумро штраф карданд.

 Руирост мегуяд, ки биё бихоҳӣ права бидиҳем (даъватшавандаро) вале агар ин мавсим наравӣ1 000сомонӣ медиҳӣ, ин пулро биёр то моҳи март намебарем, вале моҳи март  боз бояд платит кунӣ.

Дар барномаи қаблӣ гуфта будем, ки дар Қумсангир ҳамаро бангӣ карданд. Агар сад кило барои 24 ноҳияи вилояти Хатлон  тақсим карданӣ бошанд, аз ҳамин нисфашро ба Қумсангир меоранд ва дар ҳаминҷо реализоват мекунанд. Қумсангирро ончунон шинонидагианд, ки нисфи вилоят ченаш намеояд. Барои бачаҳои Қумсангир 50 килояшро медиҳанд. Ин барои як ҳафта аст. Дар Қумсангир баригаҳо руирост кор мекунанд. Дар як қишлоқ то 11-12 удостворенияи нештатникии милиса додагианд. «Буз» кор мекунанд. Руирост мегуянд, ки мо ҳамин хел кор мекунем. Ин бузҳо як хелаш магазин дорад, як хелаш таксӣ мезанад, як хелаш бекор ё мулло.

Хитоиҳо омадагианд, дар минтақаи Қарадум кор мекунанд. Дар тарафи «Бешаи палангон» як база ҳаст. Дар онҷо як хитоӣ аст ки тамоми мардуми Қумсангир мешиносадаш. Номаш Лав Ҷу. Як нафар нақл кард, ки барои ин хитоӣ ва ҳамроҳонаш духтарҳои туркману тоҷикро мебаранд. Дар таги дасти хитоиҳо онҳое, ки депортатсия шудагианд кор мекунанд. Бештр духтарҳоро аз Ҷиликул  ва Кулоб барои дамгирии хитоиҳо меовардаанд.

 Аз ҳамин корхона кадоме аз бачаҳо шланг медуздад. Ба участковий месупоранд. Замначалники Қумсангир номаш Давлатмурод аст. Бачаи раҳматӣ Давлат. Як амакаш Камазист буд ва дар сарҳди Панҷи поён кор мекард. Аммаки Давлатмурод Таваккал ном дошт. То соли 2000 Камаз дошт. Аз он тараф бо баҳонаи ҳар гуна бор асосан наркотик меовард. Баъд дар фурудгоҳи Душанбе то соли 2009 кор кард.

Ин Давлатмурод беҳад инсони паст аст. Ҳоло ман ба у муроҷиат карданиям

Давлатмурод хитоб ба худат. Агар ҳамон корҳоятро бас накунӣ ҷавобатро мегирӣ. Бачаҳоро аз пушти хитоиҳо омада чандинтоашро шикастӣ, чанд кас заминашро фурухта суми ҳамон шланга дод. Аз бачаҳо як кас дуздӣ карда буд, 20 каси дигарро аз қишлоқ гирифта бурданд. Ин корро Давлатмурод кард. Бачаҳои Қумсангир дар бораат менависанд. Обед куҷо мекунӣ, куҷо мешинӣ, қати кӣ меоӣ.

Ёдат ҳаст вақте президент омад охранаи президент бурда мурданак заданат. Идораи таможни даромаданӣ шудӣ. Охрана чор соат пеш аз омадани президент омада буд. Гуфтанд, ки даромадан мумкин нест. Гуш накардӣ. Бирав гуфтанд, итоат накардӣ. Даруни мошин дароварданд, баромади, ки ҳама ҷоят титупит буд.

  Бачаҳо гуфта истодаанд, ки духтаратро,  ки шӯ додиву аз шуяш баромад  қапида меорем, ба хитоиҳо ё ба афғонҳо мебарем савдо мекунем.

Хитоби дигар ба  эшонҳои Қумсангир. Яке аз онҳо эшони Абдурашид аст ки даҳ зан дорад. Вай боз бева не, фақат духтари хона мегирад. Ба мардум зарар мерасонад. 7 бача дорад. Бачаҳош дар Митиши кор мекарданд, дар Русия, Мусави писараш дар онҷо рекети кард. Ӯро заданд шикастанаш. Гурехт Тоҷикистон омад. Мардуми Обигармро беҳад ғам медиҳад. Мефаҳмад обигармӣ азоб медиҳад. Эшони Абдурашид аз деҳаи Калинини Қумсангир тарафи Ҷиликулруя. Бо хусурбачаҳои ҷаноб дар Қурған дар бозор ҳоҷӣ Хайрулло робитаи зич дорад. Қариб 6 000 гуспанд дорад. Аммо ин эшон ягон ҷо хондагӣ нест. Як акаи эшони Абдурашид Абдухалил ном дорад. Муносибаташ бо мардум бад шуд, қаҳр карду рафт Файзобод.

 Баригаҳои асосии Қумсангир дар шашуманд, мардуми ғармианд. Баригаҳои вазнин.

Дуюм баригаҳои вазнин дар Тарғоқ, тарафи Жданов (Виждан)  

Сеюм баригаи калон дар Андреев, бачааш Сомон. Мерседеси ба суми банг харидагиро зад тит- пит кард.

 Чорум баригаи вазнин дар Новая земля аст.  

Дар Қумсангир ҳоло 5 дискотека фаъолият мекунад.

Вақте домулло Маҳмадӣ зинда буд ба каллағафс (Раҳмонов) занг зад ин дискотекаро, ки он замон якто буд, убрат кард. Ҳозир дигар Қурған намераванд, Панҷ намераванд, фақат Қумсангир меоянд. Барои онки инҷо ҳама «шароит»-бангу героину духтар, ҳаст.

 Ин чаҳор баригаи гуфтаи ман дар ин дискотекаҳо ҳар шаб ҳастанд, савдо мекунанд, монополия карагианд. Аммо сафедӣ-героинро дар Калинини Қумсангир  мефурушанд. Героинро як милиса мефурушад. Ҳусниддин ном дорад. Шоев Ҳусниддин –участковийи шаҳрак аст.

Як вақт овозаҳо пахш шуд, ки як нафарро бо панҷ кудакаш табаршап карданд. Ин кор  100% закази ҳоҷӣ Раҳматуллои бародари зани Эмомалӣ Раҳмонов буд.Барои онки бояд ин заминро ҳоҷӣ Раҳматулло мегирифт. Ду одами бечораро аз Тарғок бурданд тюрма карданд. Аммо ҳамааш дуруғ буд, мардуми Қумсангир медонад.

Бояд  ҳар сол дар Қумсангир як резултат бишавад. Порсол гуфтанд, ки как будто  як мардак гуё як кудакро таҷовуз кардааст. Лекин он мард, ки дар Покистон хондааст, ҳамин тавраш карданд. Аммо имсол гуфтанд як мард гуё кудаконашро таҷовуз кардаст. Ин дуруғ аст. Он мард ҳеҷ гоҳ ин хел одам набуд. Бовар кунед ҳоло дар ҳар қишлоқ, ки сад 200 хоҷагӣ ё 2000 одам  зиндагӣ мекунад 11-12 буз ҳаст. Ин бузҳо наркомананд. Уголовнико камтар меоранду «грет» мекунанд, тамом. Ҳатто шаби хоби зану шавҳарро ҳам хабар мекашанд.

Бояд як масъалаи вазнин дар Қумсангирро инҷо бигӯям. Дар Қумсангир ҳоло зодагони Бадахшон, помириҳо рӯз надоранд. Мардуми бадахшониро дар Қумсангир як намуд шикаста истодаанд, ки мурғони ҳаво ба ҳолашон дар гиря афтодаанд. Гурдаҳояшонро канда гирифта истодаанд.  На мошинҳояшонро документ мекунанд, на праваашон медиҳанд. Паспорти загран намедиҳанд, кашокаш ва издиватсия мекунанд Помириҳоро. Барои як паспорти хориҷӣ ним сол медавонанд. Хулоса, кормандони мақомот мардуми помирии Қумсангирро сахт чап гирифтаанд аниқ фармон аз боло ҳаст.

Share This Article