Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай дар назди мардум он қадар шумрӯ шудааст, ки ҳар қадами ӯ ва ҳар иқдому қарори онҳоро ба риштаи таҳлил кашида дар пушти ин қарор чи пинҳон астро ошкор мекунанд. Матлаби аввали ин навбати «Номаҳо…» ҳам роҷеъ ба қарори ахири Раҳмонов суҳбат мекунад ва маълум мегардад, ки ин бор ҳам Раҳмонов манфиати хонаводаашро бар манфиати мардум ва миллат тарҷеҳ додааст.
Агарчи Раҳмонов ва дастгоҳи вай иддао мекунад, ки бо неруи барқ мушкил надорем, вале мардум барои мо чизи дигарро мегуянд. Дар Истаравшан ҳам мисли соири ноҳияҳои кишвар неруи барқро ҳамарӯза қатъ карда истодаанд.
Аммо, номаи бисёр ҳам дардовар ин бор ҳам аз сокинони ҷафодидаи Кулоби бостонӣ расидааст, ки мебинем, олу авлоди Раҳмонов бо инҳо бисёр ҳам золимона рафтор мекунад. Сокинони ба як буридаи нон зори ин минтақаро яке аз хусурбачаҳои Раҳмонов аз кор дар сангови кони тиллои Шугнов маҳрум кардааст. Беҳтар аст ки ба мутолиаи ин нашри «Номаҳо» бипардозем:
Душанбе
Салом бародари мубориз, Муҳаммадиқбол! Ман дар яке аз ташклотҳои хурди қарздеҳӣ кор мекунам. Вале номамро гуфта наметавонам. Дар бораи як фармоне, ки Эмомалӣ Раҳмонов имзо кард суҳбат карданиям. Масъала дар бораи ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ меравад. Ҳозир аз аввали август ин кор дар Тоҷикистон шуруъ шуд.
Инҷо чанд масъала аст ки одамро ба шакку шубҳа мебарад ва ин фармон ин қарори тарзи нави пардохт бисёр нигаронкунанда аст.
Қароре, ки нав қабул карданд оиди пардохти ғайринакдӣ, бисёр нигаронкунанда аст.
Аввал ин ки инро хеле таъҷилӣ ва бошитобу саросемавор ба роҳ мондаанд. Аз руи баъзе маълумотҳо маблағҳоро ба ҳисобҳои муайян ва аз онҳо ба суратҳисобҳои «однодневка» гузаронида сипас ба ба оффшорҳо мефиристанд. Соли охир баъзе ҳаракатҳояшон нишон аз нобоварӣ аз ҳукмрониашон мекунад, ки бо ҳар роҳ маблағҳоро ҷамъ кардаву мардумро ҷафида сумҳоро бароварда истодаанд. Яъне ҳуй хурданианд. Харидани самолёти 92 миллиондолларӣ ҳам беҷиҳат нест. Онро барои фирори оилавӣ ва барои рӯзи мабодо харидаанд.
Дуюм ин ки баъди қабули қарори легализацияи капитали бо ҳар роҳ ба даст оварда яъне қонуни гардонии пулу моли аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада ин дуюм роҳи ба киссаҳои мардум даст задан аст. Мардум маҷбур аст ки пулҳояшонро дар карта ё счёт партофта доду гирифту пардохтро анҷом диҳанд. Дар ягон банкоматҳо пул нест, ки мабодо ба мардум лозим шуд, бигирад. Мақсад аз ин дар он аст ки агар дар дасти мардум маблағ ва дороӣ зиёд ҷамъ шавад, онҳо метавонанд рӯ ба сиёсат оранд. Ин фикри болост. Яъне, ки набояд мардум дар хонааш маблағ дошта бошад. Инчунин вақте маблағи аҳолӣ дар бонкҳо қарор дорад вақти фирор ҳатто онҳоро низ интиқол диҳанду ҳамаро холӣ карда фирор кунанд.
Бинобар маълумотҳои ба дасти мо расида акнун тамоми амалиёти интиқолу таҳвилу пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ ба воситаи таҷҳизоту технологияе, ки ширкати “Фароз” ворид мекунад, анҷом дода мешавад. Ширкати “Фароз” якҷо бо Амонатбонк ва Бонки миллӣ бо харҷи миллионҳо сомонӣ аз бюҷети давлат барои фароҳам ва мусоид кардани шароит ба низоми нави ҷоришуда таҷҳизот ворид мекунанд ва “Фароз” на танҳо аз ҳисоби ворид кардани ин таҷҳизот ҳамчунин аз ҳисоби хидматрасонӣ ба муштариҳо аз ин ҳисоби парохти ғайринақди як фоизи муайян мегирад. Яъне инҷо ҳам ин тағйироти бунёдӣ дар низоми пардохт бар манфиати хонаводаи худи Раҳмонов аст.
Аз тарафи дигар ин тағйирот мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Ин мушкилиҳоро дар худи ҳукумат хуб медонанд. Масъулони Бонки миллӣ ва Амонатбонк ҳам медонанд, аммо азбаски манфиати оилаи Раҳмонов дар миён аст, сокитанд. Чунки на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, махсусан деҳот ин шароит муҳайё аст. Масалан раиси ноҳияи Мастчоҳ рӯирост гуфт, ки ноҳияи ӯ барои қабули ин тарзи пардохт омода нест.
Дар ҳақиқат хеле саросемавор ин корро кардаанд.
Дар Тоҷикистон масъалаи суръати интернет ва аз ин ҳам бадтар таъминоти неруи барқ мушкил дорад. Хуб, бубинем, чи мешавад.
Истаравшан
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мо ба шумо аз мушкилоти шаҳри Истаравшан мегуем. Шумо дар барномаҳоятон дуруст мегуед, ки ҳоло дар айни тобистон, ки мо бояд доимо свет дошта бошем, надорем. Дар Истаравшан ҳам рӯзонаҳо светро қатъ карда истодаанд. Ман худам зиндагони дорам инҷо ва свет надорем.
Ман аз деҳаи Равғангарони ҷамоати Гули Сурх ҳастам. Дар маҳаллаи мо як нафар-Бобоев Комил бригадир аст. Заминҳои маҳалларо фурӯхту тамом кард.
Дар даромадгоҳи маҳалла замини обӣ доштем, ки мардум кишту кор мекард. Нимашро ба ҳоҷи Ҳайит фурӯхт. Ин заминро бозор сохт. Хост бозори марказиро инҷо биёрад. Ҳеҷ кас наомад, фақад дору фурӯшҳоро ба зӯрӣ овард. Дар пушити бинои ҷамоат замини обӣ доштем. Соли 2015 ҳамаи замини обиро ба бойҳо фурӯхт, ба камбағалон надод. Бояд ба камбағалон ҳам медод. Камбағалонро аз маҳала берун ҷой кард. Ин маҳалла на об дорад ва на замин ва на як маршруте, ки битавонӣ бо он ба шаҳр биравӣ. Дар даромадгоҳи маҳаллаи Ниҷони низ замини корам буд. Ин заминҳоро ҳам ба одамони пулдор фурӯхт, одамоне, ки замин доштанд, ба онҳо ҳам фурӯхт. Мондагии заминҳоро ҳам ҳамин хел фурӯхта истодааст. Пинҳонӣ пул гирифта заминҳоро фурӯхта истодааст. Касе пул медиҳад, дода истодааст. Ҳамин соли 2023 чи хеле шуду кораш ба суду прокурор афтид. Аммо ҳоло дастгир нашудааст. Вай дар ин кор ба раиси ҷамоат шарик аст.
Аммо, мо ҳайронем, ки ин ҳама заминҳоро ба одамони пулдор додан гирад, пас мардуми камбағалу фарзандони онҳо чи кор мекунанд? Магар ин замин замини давлату замини халқ нест? Ин ҳукуматдорон куҷоро нигоҳ мекунанд?
Дар маҳала як нонвойхона доштем. Пештар дар ин ҷо Олимов Зафар бо додаронаш кор мекард. Ҳозир бошад ин нонвойиро склади шахсӣ кардаанд. Вақте амакаш муовини раиси шаҳр буд онро аз они худ кард. Мо ба Зафар Олимов гуфтанием,ки Зафар нонвойхонаро ё худат ба кор андоз ё ба касе дигар деҳ, ки кор фармояд. Вагарна оқибатат вой мешавад.
Боз як ҳодисаи дигарро ба шумо гуфтаниам. Як нафар бо номи Муним Ашӯров дар бари чойхонаи маҳалла хона дорад. Як зимистон чойхона месузаду сухтор ба боми хонаи ӯ ҳам мегузарад. Ҳамин сухторро баҳона карда 3 утоқи чойхонаро аз худ кард. Муним Ашуров чойхонаро дар ҳолати аввалаш бозгардон. Ту ҳоҷӣ ҳастӣ, ҳақи халқро нахур.
Дар маҳалла магазин дорем. Ҳоҷӣ Азиз, қудойи муовини раси шаҳр ҳозир гирду атрофи магазинро-яъне заминҳои ба магазин тааллуқ надоштаро иморат карда гирифта аст.
Мо, аз як чиз ҳайронем.Чаро ҳукумат иҷозат медиҳад, ки ин гуна иншоотҳои ҷамъиятро шахсони алоҳида хусусӣ карда гирифта истодаанд? Магар ин иншооти ҷамъиятӣ дигар даркор намешаванд? Чойхона, магазин, нонвойхона, ҳамеша дар ҳар деҳаву шаҳр даркоранд охир. Аммо инҳо ба хотири кисаи худашон шуда ояндаи мардумро фурӯхта истодаанд. Ҳукумат куҷоро нигоҳ мекарда бошад?
Исфара
Салом, бародар Муҳаммадиқбол!
Мо, зода ва истиқоматкунандаҳои шаҳри Исфара ҳастем. Мо чанд нафар аз ҷавонҳоем ва чанд маълумотеро дар даст дорем, ки мехоҳем ба воситаи барномаи шумо ба самъи тамошобинони Исфара расонем. Чунки дигар ҷойи навистан надорем ва мехоҳем, ки шумо дархости моро ба инобат гиреду дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр намоед.
Шукурҷон Собитов, бозоркоми пешинаи Исфара ҳама заминҳои Исфараро ба мардум фурӯхт. Кришаи Шукурҷон Собитов сардори собиқи милисаи Исфара буд, ки домоди Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов буд. Вай ҳам мисли хусураш бурут дошт. Ҳозир вай дар Истаравшан сардори милиса аст. Ростӣ, дақиқ намедонам, ки ҳоло ҳам дар Истаравшан кор мекунад ва ё не. Шукурҷон Собитов аз мансабаш истифода карда заминҳои боғи Насадро тақсим кард ва ба чанд сарватманд фурӯхт ва ба бародари худаш Фурқат ҳам дод. Абдулло гирифт, Ҳусейнбой Боиров гирифт ва чанд нафари дигар замини Фурқатро Ҳусейнбой нигоҳубин мекард, кишту кор ҳам мекард. Фурқат як замини дигар дар роҳи аэропорт, поёни канали сементин дорад ба номи Себзор. Онҷоро ҳам ҳамин Ҳусейнбой нигоҳубин мекунад. Ҳусейнбой ёрдамчии домкоми маҳаллаи қалъаи Сироҷ, маъруф ба қалъаи Ширеч аст. Ҳусейнбой се фарзанд дорад: Илҳом, Ғулом, Меҳрулло. Ягон фарзандаш ба хидмати ҳарбӣ нарафтааст. Ва инчунин Амир буд, корманди ҷамоат. Соли 2013 ё 2014 буд ба хонаи Ҳусейнбой зада даромад барои ба хизмат бурдани фарзандаш Ғулом. Ғулом дар ҷогаҳи хобаш баҷо шуду модараш бошад кордро гирифта худамро мекушам гуфту вале фарзандаш ин ҳолатро дида аз хона баромад. Ӯро гирифта бурданд. Ва Ҳусейнбой ба Шукурҷон занг зада мегуяд, ки фарзанди манро бурданд. Шукурҷон ба маблағи 25.000 сомонии пора писари ӯро аз хизмат озод мекунад. Ва бо ҳамин Ҳусейнбой подгузники ин оила шуда мемонад. То ҳол тарафи ҳукумат асту Ҳусейнбой ба ҳамсоягону ҳамдеҳагон зулм карда истодааст.
Раиси маҳалла Баҳодурхуҷа мебошад. Раиси занон бошад Малика. Баҳодурхуҷа 24 соат пиён аст. Малика бошад дар ҳарҷо гап мезанад, ки дар набудани Баҳодурхуҷа метавонед ба ман муроҷиат кунед. Мегуяд, ки барои туй кардан иҷозатнома 500 сомонӣ аст. Ва ё мегуяд, ки ба як газетаи ҷумҳуриявӣ, ё ба як вилоятӣ ва ҳамчунин ба газетаи шаҳри Исфара обуна мешавӣ, сипас иҷозати туйро мегирӣ. Вақте идораи ҷамоат меравед, онҷо мегуянд, ки бояд ба150 сомонӣ ба газети «Ҷумҳурият» ва ҳамчунин ба газетаи «Минбари халқ» ба 110 сомнӣ обуна шавӣ.
Раиси пешина Муҳибулло ном дошт, шахси бисёр ҳам ғоратгар буд. Манзурам раиси ҷамоат. Ҳамаҷоро ғасб карда буд. Соли 2017 ӯро аз кор гирифтанду ба ҷояш дигар касро монданд. Аммо як сол нагузашта раиси ҷамоатро боз нав карданд. Дар барномаи шумо дар ин бора нашр шуда буд. Он шахс баъдан ба Амрико фирор кард. Баъд боз як духтар шудааст. Ин духтар аз Кулканд ва номаш Парвина аст. Дар мактаб кор мекарду бо бачаи як сароянда- Абдураҳмон Шамсиев рафту омад дошт. Фаҳмидем, ки онҳо ҳамдигар……Уро баъд аз дарс мегирифту куҷое мебурд. Айни ҳол як бизнеси «нав» кушоданд. Акбарҷон ва Илҳом аз маҳаллаи Айнӣ, Ваҳдат ва Ҷари арускушакро асфалт мекунем гуфта аз ҳар хона 3000 сомонӣ маблағ ҷамъ карда истодаанд. Дар маҳалла аксарият камбағалҳо ҳастанд. Мо аз куҷо ин қадар маблағро ба онҳо диҳем? Мо гуфтем, ки надорем. Гуфтанд, ки назди дари хонаи шуморо мумфарш намекунем ва ё шуморо ба амният месупорем, ки ба ободонии ҷаноб гуфта итоат накарда истодаед. Мо чи кор кунем намедонем. Дар Тоҷикистон адолат вуҷуд надорад. Ин ҳолатро одамони боло назорат намекунанд. Ду кудаки дирӯза омадаасту ба сари халқ зуроварӣ мекунад.
Агар инҳо аз ин амали худ, маҷбурӣ пул гирифтан даст накашанд, тамоми ҷиноятҳои селсоветро менависем.
Директори мактаби рақами 30 Абдурафе Бобоев аст. Собиқ директори ин мактаб Бобоева Мушаррафахон Абдурафиевна чанд сол дуздиду хурд. Мо вақти мактабхонӣ ба мактаб аз хонаҳоямон ҳезум ва ангишт мебурдем, ки синфамонро гарм кунем. Инҳо бо қаравули мактаб, ки Шарфибой ном дошт шабона ангиштҳои овардаи моро ба халтаҳо андохта ба ахонаҳои худашон мекашониданд. Инҳоро як корманди мактаб меқапад. Номи ин одам Ёдгорҷон аст. Барои даҳони Ёдгорҷонро бастан ба ӯ ҳам ангишт медиҳаду ҳамчун усто дар мактаб кор мегирад. Ҳамсари Ёдгорҷон дар мактаб фаррош буд. Ва, инҳо дуздиҳояшонро идома медоданд. Мушаррафхон Бооева бо як директори пешин, номаш Абдуқодир муносибат карда дар ҷойи вай директор шуд. Мо якчанд маротиба дар оғи Насад дида будем,ки Мушаррафахон дар пеши мошини Абдуқодир нишаста мерафт ва чанд маротиба ҳам дидаем, ки корҳои ғайри маъмулӣ бо Абдуқодир анҷом дода буд. Аксари сокинон ин ҳамаро медонанд.
Ҳоло директори нав Умарҷон аст. Дар бораи ӯ баъдтар менависем.
Дар бораи Илҳоми сиёҳ нагуфтем. Илҳоми сиёҳ дӯсти Акбарӣ аст. Соли 2015 ё 2016 дар кучаи Айнӣ оби нушокӣ гузарониданд. Ин дар онҷо ташкилотчӣ буд. Хеле нағз пул кор кард. Ва боз мехоҳанд, ки инҳо асфалт кунанд ва аз онҷо Илҳоми сиёҳ пул кор кунад. Илҳоми сиёҳ, инро дониста мон, ки он шиками калонат пур аз фисқу фасод аст. Даст аз болои мардум бардор. Вагарна ин ҳама ба хубӣ поён намеёбад. Мо гуфтему ту шунав. Сабри мардумро лабрез кардетон!
Шукурҷон Собитов хеле мардумро фиреб карду пулҳояшонро хӯрд. То «криша»-аш нарафт ӯро аз ҷояш ҷунбонида натавонистанд. Вақте кришааш аз Исфара рафт, ӯро боздошт карданд. Баъд боз бо мусоидати кришааш ӯро аз маҳбас озод карданд. Ӯ як мошини Мерседес дошт. Номери ин мошин 6000 буд. Баъд аз раиси бозор шуданаш криша пайдо карду бо такя ба вай даст ба заминфурушӣ зад. Муддате нагузашта мошини нав гирифт. Ин мошин Тойота Прадо буд, рақами қайди давлатияш 2222. Бо ин мошин аз тюрма бароварданду бо карнай ва сурнай пешвоз гирифтанд ва дар назди бинои амнияти шаҳр аз мошин фаромада гуфт, ки ман ҳамаатонро задагӣ. Кришаи ман домоди охранники ҷаноб аст ва ҳақоратҳои безеб карду рафт ба хонаи худ. Рафт ва се руз туй дод дар хонааш ва фарзанди хурдиашро дар туйхонаи Навгилем туй кард. Оши наҳор дод. Магар риояти қонун фақат барои камбағалҳо аст? Танзим куҷоро нигоҳ мекунад. Магар шумо аз ин касифон метарсед.
Дар мавриди писараш Азизҷон Собиров, ки лақабаш Азизи чук аст. Ин ноҷавонмард мактабро нағз нахонд. Бо як муаллимаи мактаб, яъне мактаби 30-ро дар назар дорам, муаллима номаш Махфират буд. Инҳо синфи 10 то 11 муаллмаро …бо як дусташ, ки Вақос ном дошт. Як чанд бор дар дохили синфхона бо чашми сар дида будем, ки ду нафара бо муаллима чунин мекарданд. Мо хурд будем,дарро зада қафо мегурехтем. Баъд дар долони мактаб меистодем. Онҳо мебаромаданду нигоҳ мекарданд ва боз давом медоданд зинокории худро дар мактаб. Ин корро чандин бор дидаем. Чанд муаллимае ба ин мактаб меояд, бо онҳо ин корро анҷом медиҳад.
Як муаллима буд, ки соли 2017омад ва аз фанни информатика дарс медод. Номаш Фируза буд. Чунин корҳои бадро анҷом медоданд охир ин мактаб аст магар ё фоҳиша хона?.Як талаба бо номи Фаридун буд. Беҳад бачаи бад буд. Вай чанд маротиба видеоҳои ин амалҳояшро бо он муаллима ба мо нишон ҳам дода буд. Муаллима беҳад хушруй буд. Либоси бисёр ҳам урён ба бар мекарду ба дарсҳо меомад. Пеши пироҳанаш ҳамеша боз буд ва пеши бари дамидааш ҳамша намоён буданд. Духтарҳо мегуфтанд, ки муаллима пешатон кушодагӣ, маҳкам кунед. Дар ҷавоб мегуфт, ки шумо ҳам доред, ку. Чи писарони шумо пеши барро надидаанд? Инҳо аз вай зурашро дидагиянд гуфта механдид.
Як рӯзе бо хонандаи дигар дидем,ки дар синфи компютерӣ…..Баъд фаҳмидем,ки ин талаба ба муаллима хеле маъқул будааст. Он қадар зебо набуд. Вале камтар фарбеҳ буд. Ин талаба соли таваллудаш 1999 буд. Калиди кабинет ва компютерхона ҳамақт дар дасти ин бача меистод. Ва калиди як кабинети дигар, калиди завучи мактаб ҳам дар дасти ӯ буд. Ин ҷавон фақат барои ишқварзӣ ба мактаб меомаду халос. Чанд духтарин ин мактабро то шавҳар карданҳояшон ва ё то мактабро тамом карданҳояшон дар ин кабинетҳо дароварда маишат мекарду мегашт.
Чунки ба ӯ ҳеҷ кас гап зада наметавонист. Мо як маротиба дар теефони ӯ дида будем, ки даухтарро лублуч карда сурат гирифта аст ва дар болои миз бо муаллима белибос-модарзод расм ҳам дошт. Ин ҷавон чи хеле буд, ки дар мактаб бо 6 толиба ва 3 муаллима айшу ишрат карда мегашт. Ва худаш чанд маротиба ба мо гуфта буд, ки ман ягон духтарро нодухтар накардагӣ ҳастам. Ҳамту ишҷварзӣ мекунаму халос. Лекин муаллимаро бале . Чунки онҳо мегуфтанд, ки агар ин корро накунӣ,мо туро аз имтиҳон меғалтонем.Ин талаба бо директори мактаб ниҳоят рафту омади хубе дошт. Вақте муаллимаҳо телефонҳои моро мегирифтанд бо воситаи ҳамин талаба метавонистем, ки телефонҳои худро ба даст оварем. Аз дасти ин талаба на директори мактаб монду на завучи мактаб ва на муаллимаҳои ин мактаб. Намедонем, ки ин талаба чи хислат дошт, ки ин қадар муаллимаҳо ба вай часпидагӣ буданд.
Ин навишта аз тарафи сокинони деҳаи Навгилеми Исфара ба шумо ирсол карда шуд.
Кулоб
Ассалому алайкум устоди азиз Муҳаммадиқбол! Ман аз як бедодгарии як хусурбачаи пешво дар Кулоб ба шумо менависам. Дар деҳаи Сияҳпари ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг кони тилло мавҷуд аст. Ин кони тилло дар дасти наздикони Президенти Тоҷикистон аст. Аммо дар онҷо сангове ҳаст, ки мардуми тақрибан тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳанӯз аз давраҳои шуравӣ кор мекарданд, албатта, мардуми бекор ё аз Русия депортшуда ва ё онҳое, ки ҳатто пули билет барои рафтан ба Русияро надоранд, аз Душанбе, Ёвон, Файзобод, Данғара, Фархор, Масковски ва дигар ноҳияҳо.
Албатта кори онҳо осон нест, хеле мушкил аст. Дар баробари ин ҳама мушкилӣ боз як хусурбачаи прездент омада мардуми заҳматкашро аз як сангове, ки аз кони тилло хеле дур аст, сур кард. Онҷо дар фасли баҳор оби борон аз ҳар дараи куҳҳо мефарояд ва ба як дарëи калон табдил мешавад. Баъд дар моҳҳои июн мардум рафта онҷо чодур ва хайма мезананд (палатка), шаб хоб ва рӯз кор мекунанд. Тилошуëн заминро мекананд, кандани замини сангов душвор аст. Бечораҳо кор мекунанд. Онҷо як дастгоҳ ё асбобе аст ки хоки кандаро мерезӣ ва сипас тилло зарача -зарача намоëн мешавад. Сипас тилоро ҷамъ мекунӣ. Дар онҷо магазини қабули тилло кор мекунад. Чанд грамме ёфтӣ, бо нархи арзон мехарад.
Хулоса, онҷо як сангов асту аз кони тило хеле дур мебошад. Мардум ба азобу машаққат ва аз ноилоҷӣ, аз бекорӣ, маҷбур барои як луқма нон ёфтан онҷо кор мекарданд. Ҳамин чанд рӯзи пеш коргаронро огаҳӣ доданд, ки дигар инҷо кор накунед, ҷилу пустакатонро гиред аз инҷо равед. Мардум пурсид, ки охир барои чи равем? Ҷавоб доданд, ки инҷоро ҳам хусурбачаи ҷаноб харид. Барои ҳамин шумо дигар ҳақи дар инҷо кор кардан надоред. Мардум гуфтанд, ки охир хусурбачаи ҷаноб кони калони тило дар дасташ аст, ин сангов ба вай чи даркор?
Ҳамин тавр хаймаҳои мардумро солдат оварда маҷбурӣ канданду дар мошин бор карданд. Коргарҳоро ҳам задаву куфта ба болои борти мошин савор карданд ва аз онҷо ба тарафи шаҳри Кулоб наздикии айропорт оварда партофтанд.
Баъзе аз коргарон дуюмбора аз бекорӣ маҷбур мешаванд ба ҳамон ҷазираи сангов мераванд. Хусурбачаи ҷаноб дар онҷо посбон гузоштааст ва ин посбон инҳоро намемонад кор кунанд. Мегуяд агар аренда хоҳед ба шумо медиҳанд, як сотихаш 1000 сомонӣ. Аз онҷо оë тило меëбед ë не такдират медонад.
Он вақт бесоҳиб буд. Дар ҳар куҷои сангов мехостӣ кор мекардӣ. Аз як ҷояш намеёфтӣ, аз ҷои дигараш пайдо мекардӣ. Ва бо ҳамин ризқу рузиатро аз Шугнов каму беш ҳам бошад ба даст меовардӣ. Яъне аз Сияҳпар. Аз Сияҳпар то Ховалинг 75 километр ва аз Ховалинг то Кулоб 80 километр. Аз Ховалинг ба Шугнов танҳо мошинҳои ба қувват Уазик меравад.
Хулоса, мардумро аз як луқма нон маҳрум карданд.
Ин маълумотро ба мо яке аз коргарони ҳамон сангови Сияҳпар аз ноҳияи Восеъ равон карданд, ки шумо дар Русия ҳастеду мо бародар Муҳаммадиқболро мешиносем. Чунки як сол дар Русия кор карда будем. Бародар Муҳаммадиқбол ҳамин гуна ҳаромхурону золимонро ислоҳ мекунад.Азбаски мо дар ватан интернет надорем, шумо ин маълумотро ба ӯ расонед ва гуед, ки аз номи як гурӯҳ коргарони ҳамон сангов, ин маъулмот ба шумо аст, ба самъи мардум бирасонед.
Худоё, чашми ин авлоди носерам кай сер мешуда бошад. Тикаи нони даҳани бечораву камбағалро шапида гирифта истодаанд. Шарму ҳаё надоранд. Як кони калон дар дасташ,боз чашмаш ба ҳамин сангов, ки барои ним грам ёфтани тилло одамҳо чанд тонна хокро ғалбер мекунанд….Э, заҳри баданатон шавад. Дар оши ғаматон равад пули ҳамин тиллоҳо!
Зафаробод
Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқбол. Рости гап ман барномаҳои шуморо тамоман тамошо намекардам. Аслан Ютубро фақат киноҳояшро мебинаму халос. Вале як бор дар барномаи шумо, ки бародарони муҳоҷирамон тамошо мекраданд, суҳбатҳои як духтарро аз Зафаробод дидам, ки худашро журналист нишон дода бо шумо баҳсу даъво карда истодааст. Ҳайрон шудам. Номашро Мирзозода Моҳинур Чунки ман ин духтарро хуб мешиносам. Ин ягон журналист набуд. Баъди ҳамин барнома канали шумо ва баромадҳои Шуморо тамошо мекунам. Ҳоло мехоҳам воқеияти аслиро бароятон дар мавриди ин зан бигӯям.
Ин духтар шайтон дар сурати инсон аст. Ба мисли ӯ одами паст, худозада, беномусро ман дар ҳаёт надидам, чунки ин шахсро ман лично мешиносам. Ин духутар дар Тоҷикистон набуд, боварам кунед ончи ҳаст ҳамуна гуфта истодаам. Ростӣ ҳамин видеои баромади ӯро дидам ва ба гуфти русҳо офигеть кардам.
Барои чи ман хостам ба Шумо нависам? Просто виҷдонам набардошт, ки ҳамин хел одамҳо мебароянду гап мезананд.
Ин духтарро як бачаи айнигӣ номаш Файзмаҳмад, кличкааш Федя, аз Тоҷикистон Москва меорад. Гап дар инки:
«и духтар ай шуш ҷудо шидагиай, короче меораш ранги постоянка истифодаш мекард. У бача хдш ҳам як тупой, далбаеб буд, бесавод, беақл буд. И духтар хела кати Федя кор кард. Да як компанияи сехи чойбарорӣ кор мекарданд. Чашмош боз шид, дид дунёра. Бад якрӯз кор намеояду худша касал мепартоя, ки кор намерам, хона дам мегирм. Федя мега дам гир. Ин духтар либосоша ҷам мекна, ҳамаи пулу чизу чораи Федяра мегира мегреза мерава пеши дигар бача.»
Ин як акааш Умед ном дорад, бачаи соз аст, навозанда мебошад:
«Ма намедонм у чихел рузноманигорай, у и гапора чихе придумат мекна, чихе шидай, ки да сари у ихели фикро омадай, бромадай ихели гапи дуруғ гап мезана, чи чиз ура маҷбур карда бошад. Духтари опасныйяй ӯ боварам кунен.
Ма и духтара қариб 6 моҳ медидум ҳарруз, аруси Федя, ки буд ма да чашмош нигоҳ намекардум. Лек медонистм, ки дилш сахт мекашид, бачако чанд кас нақл мекардан,ки кати мо созай баремша ягон гостиница, корша буд кунем. Ма бо мегуфтм,ки накуне руи хотири Федя.Акаи Муҳаммадиқбол, ин навбат агар ин духтар барояд, муроҷиаташ кун, ки Федя мегуяд, пулҳои дуздидагиро баргардонад: «Паат пулои одамора медузда бо ай коррупция гап мезанад. И духтар я саги бесоҳибай да Россия мегарда, аку может озир рафта боша ТҶК».
Акаи он духтар- Умед Тоҷикистон рафт. Бо ҳамон Файзмаҳмад (Федя) бо ҳам рафтанд. Ман як вақтҳо бо Федя кор мекардем, баъдтар Федяро аз кор сур карданд. Ҳоло дигар алоқа надорем. Аммо ҷурагии сахт надоштем, вале ҳамин қадар медонам, ки он духтар дар Маскав бо мо кор мекард, ҳоли саг дошт:
«Из-за того, что с первого дня Федя мне сказал, что она моя жена, и с того дня не интересовался про неё.
Просто мне стало интересно, когда я её увидел как она с вами спорит, откуда она взяла столько смелость, и самое главное почему она врёт? И что, или кто заставить её это говорить?
Просто я был в шоке, в Москве она была как дохлая крыса, она сейчас на родине, так говорят. Мне бесит просто, когда человек нагло врёт!
ВАҲДАТ
Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои ширинсухан Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман аз шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Чуянгарон, деҳаи Амоншайхӣ мебошам. Шикояти ман дар бораи директори мактаби№10 Обидов Давлатшо Саъдуллоевмч аст. Ин нафар аз соли 2007 инҷониб директории мактабро ба даст дорад. Як шахси бе имон фосиқ ва мунофиқ мебошад. Рӯзе нест дар мошинаш бо як фоҳиша зино накунад, ҳатто бо хонандаҳо дастдарозӣ мекунад. Дар солҳои аввали кориаш зиндагии миёнаҳолона дошт. Аммо ҳозир бошад соҳиби чанд хона ва чанд замин шудааст. Аз замини мактаб 6 сотих заминро ҷудо карда дар онҷо боз як хонаи дигар сохта истодааст. Мошини савориаш 90.000 сомонӣ мебошад. Ду духтараш донишгоҳ мехонанд ва имсол писарашро ба академия дохил кардааст. Магар ин ҳама маблағ аз куҷост? Маълум аст ки як ғоратгар мебошад. Дар мактаб зиёда аз 3000 талаба таҳсил мекунанд. Дар оғози соли хониш сари ҳар як синфи якумхон то 300 сомонӣ маҷбурӣ мегиранд.
Агар дар синфи 1 (а) ё инки 1( б) хонанд боз то 600 сомонӣ пул мегиранд.
Як қайсингул дорад дар мактаб номаш Шаҳноза мебошад. Вақте кудакро ба мактаб ба синфи якум мебарӣ, директор мегуяд пеши Шаҳноза рав, вай ҳамаашро ба шумо мефаҳмонад.
Бовар кунед акаи Муҳаммадиқбол хело ҳам ҳаромхур мебошанд. Ман алҳамдулиллоҳ 4 фарзанди мактабхон дорам. 3 сол мешавад ба хотири фарзандонам наметавонам аз Русия ба хона равам. Мактаб сар мешавад директор бо Шаҳноза сар мекунанд ба ҷамъоварии пул: пули китоб, пули обуна, пули ремонт, пули маориф, пули падаркаи муалимон, пули ину он. Хело ҳам пул металабанд.
Барои як ремонти мактаб сари ҳар як талаба то 40 сомонӣ талаб мекунанд. Фақат синфхонаро, ки 30 талаба дорад фарш ва деворҳояшро ранг мекунанду халос. Барои хатмкунандагони мактаб аз ҷониби маориф барои ҳар донишгоҳ квота ҷудо мекунанд. Ҳар кас метавонад онро бо дониши худ ройгон ба даст орад. Аммо ин ҳаромхури золим квотаи ҳар як донишгоҳро нархгузорӣ кардааст ва квотаҳоро мефурӯшад. Ногуфта намонад домулло, ки боз 4синфхонаи дигар сохта истодаанд. Барои сохтумони ин синфхонаҳо сари ҳар як хонаи маҳалла100 долларӣ маҷбурӣ ҷамъ карда истодаанд. Чаро ин дуздонро тафтиш намекунанд мақомот вале лайкмону “Ислоҳ” тамошокун мекобанд ?