Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №50

Ислоҳ нет

Дӯстони азизи «Ислоҳ»! Нашри 50 -умини барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» -ро зери даст доред ва мутолиа мекунед.

  «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар як фосилаи хеле кутоҳ ҷойи пойи худро пайдову устувор ва мавриди истиқболи гарму самимонаи хонандагону бинандагони мо қарор гирифт. Ин барномаи бисёр ҳам бобарору муваффақи мо, ки аз маҳбубияти зиёд бархурдор гардид, ба мисоли як зилзила хонаи истибдоду ситами мақомдорону чиновникҳои ишкамғафсу фориғболи тоҷикро ба ларза дароварда боиси ташвишу таҳлукаи онҳо шудааст. Вале ҳамзамон ба руҳу ҷонҳои хуфта ва карахти мардум тавону зӯр ва иқтидор бахшида тарсу  ҳаросро аз қалбу мағзи онҳо берун карда истодааст.

  Бидуни тардид, ин як таҳаввули мусбат ва умедворкунанда аст. Бале, мо майдон, минбар ва шароит додем. Аммо ин худи шумо, ҳамватанони азиз ҳастед, ки бо ифшои ошкоро ва бепардаи мушкилоти худ ин дигаргунӣ ва тағйиротро ба бор овардаед. Чун дигар хаста шудаед, тоқататон ҳам сар омадааст.

Ҳамчуноне худ шоҳид ҳастед, шумора пайи шумора доираи навоҳӣ ва манотиқи кишвар, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд ва пайваст мешаванд, дар ҳоли афзоиш аст. Мардум бо мо дарди дил ва аз Раҳмонови алайҳилаъна шикоят ва аз мақомоти вай изҳори норозигӣ мекунанд.  

 Фабрика ва ё ҳамон фермаи ҷавоб титу пит шуд. Давру бари моро, ки Раҳмонов террористу экстремист мехонад, мардум бо ирсоли номаҳои худ истеҳком мегиранд ва муҳкам карда истодаанд. Ҳар як номаи шумо мисли заҳри ҳалоҳил, мисли теғи хунрез аст, ки қалбу ҷигари Раҳмоновро аз кор мебарорад.

Инҳо васвосу девона шудаанд, ки халқ бо мо робита барқарор мекунад ва ин иртибот зиёдтару зиёдтар мешавад.

Шумо аз сомонаи мо огоҳ шудед, ки ҳоло дар ноҳияи Шаҳристон мақомот, бахусус амниятиҳо бо мардум ва ба вижа омӯзгорон чи гуна бархурд карда истодаанд. Низ огоҳ шудед, ки Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар додситонӣ як шӯъбаи махсусеро бар зидди «Ислоҳ» ва муассису мудири он ташкил додааст ва ҳоло дар тамоми  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ситод (штаб)-ҳои доимоамалкунанда бар зидди моро ташкил додаанд.

Ахиран, маълумоте дигар ба дасти мо расид, ки Юсуф Раҳмон боз як парвандаи ҷадидеро ба мақомоти Фаронса ҷиҳати дастгир ва истирдоди банда ирсол кардааст.

Дар ҳақиқат «Номаҳо…» ба масал, як ҳалқа ва як расани дор дар гардани кулуфту балони газии Раҳмонов шудааст. Эҳё, бозгашт ва тақвияти ҷуръат ва ҷасоратро ба мардуми азизи кишвар табрик мекунам.

   Ҳамватанони азиз! Ҳарчи қадар бештар нома бифиристед ҳамон андоза ҳалқа ва расан дар гардани ин балои охирзамон тангтар мешавад. Мо бо «Номаҳо…» ӯро дар чӯбаи ин дор кашол хоҳем кард. Диранг накунед ва ба ҳамин минвол идома бидиҳед.

 Аммо, хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ».Қабл аз онки ба мурури номаҳои шумо бипардозем, ду «хабар»-ро пешниҳодатон мекунем, ки исбот мекунад, кору талошҳои мо барҳадар нарафта истодааст. Албатта, дар бораи матлаби аввал, ки аз сафорати Русия дар Тоҷикистон дастрас шудааст, қаблан бархе аз расонаҳо навишта буданд, агарчи бо кадом мулоҳизоте зикри номи «Ислоҳ» -ро сарфи назар карданд. Вале маълум шуд, ки сафири Русия ба таври мушаххас «Ислоҳ»-ро дар назар дошт.

   Дар «хабар»-и дигар ҳам як ниҳоди дигар Русия «манбаъи муътамад»-и мо аст ва онҳое, ки дар вуҷуди манобеъи муътамади мо шак доранд, бигиранду бубинанд:

 Хабари аввал, Душанбе

     Обращение Посольства России в Таджикистане

Посольство России в Таджикистане <[email protected]>
Subject: Обращение Посольства России в Таджикистане
Date: июль 4 2023, at 3:37 дня
To: [email protected]

Добрый день,

  Обратили внимание на опубликованный на сайте информационного ресурса «Ислох» 15 июня 2023 года материал под заголовком «Государственный переворот», в котором, помимо прочего, идет речь о якобы поддержке Россией ряда лиц «на замену» действующему Президенту Республики Таджикистан Э.Рахмону.

Подобные утверждения являются ничем иным как набором досужих, ничем не подкрепленных измышлений, которые в корне противоречат логике развития сложившихся между двумя странами исторически тесных, дружественных отношений и формируют искаженное представление о проводимой Россией внешней политике у аудитории Вашего сайта.

Подчеркиваем, что Россия твердо привержена духу стратегического партнерства и союзничества с Республикой Таджикистан, а также принципам международного права о невмешательстве во внутренние дела иностранных государств.

В связи с изложенным просим разместить на сайте Вашего издания вышеприведенную информацию в качестве официального опровержения недостоверной информации, опубликованной в упомянутой статье.

 Хабари дуввум,Маскав:

Роскомнадзор <[email protected]>
Subject: [398#802406] Роскомнадзор информирует/the Roscomnadzor is informing
Date: июнь 2 2023, at 6:45 вечера
To: info <[email protected]>, abuse <[email protected]>

На основании требования Генерального прокурора Российской Федерации или его заместителя о принятии мер по ограничению доступа к информационным ресурсам от 31.05.2023 № 27-31-2023/Треб319-23 направляется уведомление о нарушении порядка распространения информации, размещённой по следующим URL-адресам:
https://isloh.net/hamlai-rusija-ba-ukroin-va-vazijati-badi-rusija-va-putin/

Провайдер хостинга или иное лицо, обеспечивающее размещение данного информационного ресурса в сети «Интернет», обязаны:

1) незамедлительно с момента получения настоящего уведомления проинформировать владельца информационного ресурса о необходимости незамедлительного удаления распространяемой с нарушением закона информации;

2) по истечении суток с момента получения настоящего уведомления ограничить доступ к указанному информационному ресурсу в случае отказа или бездействия владельца информационного ресурса в удалении распространяемой с нарушением закона информации.
  Владелец информационного ресурса обязан в течение суток с момента получения соответствующего уведомления от провайдера хостинга или указанного иного лица удалить распространяемую с нарушением закона информацию.
  С уважением,
Федеральная служба по надзору в сфере связи, информационных технологий и массовых коммуникаций.

Бале ин аст “Ислоҳ” агарчи бархе ҳасад мебаранду аз арзу ҳастии “Ислоҳ” ҷой худро танг ва сухану мақомашонро гӯйё кам арзиш медонанд. Аммо бидонед “Ислоҳ” ба ҳеҷ касе на ҳасад дорад ва на ҷой фаолияти касеро танг кардааст. Майдон аз далер аст ва кор кунед, то ҷойгоҳ пайдо намоед. Бо инки ҳой ман он будам ва ман инам ва…. намешавад дигар. Мо ҳадафамон, мақсудамон, нишонамон як аст.Дигар ба ҳеҷ аҳаде кор надорем ва пайваста корамонро идома медиҳем, то ислоҳотро ҷорӣ ва ниҳодина созем!

                                     Бадахшон

  Бародари Муҳамадиқбол барномаи имрӯзаатро аз дигар акаунт тамошо кардам. Занг задам натавонистам. Телефон дар хонаи дигарӣ буд,то хона омадам барнома тамом шуд Ҳаминро гуфтаниям, ки мо мардуми Бадахшон тарафдори шумоем,

Ман ҳамаи барномаҳоятонро подилится мекунам, ҳамроҳ бо бародарҳоям ва группаи Бадахшон. Дар ҳақиқат мардумро маҷбурӣ пеши пешоби миллат бароварданд. Онҳое,ки фарзандонашонро куштанд, маҳбас карданд, пешакӣ амниятиҳо онҳоро фарёд карданд, аз онҳо забонхат гирифтанд, ки ягон савол ва шикоят ба президент накунед. Мардуми Бадахшон дар тули таърихаш ба ин дараҷа зери пову таҳқир нашуда буд, ки дар дарвони ин говсуворҳо шуд. Мо ҳеҷ гоҳ ӯро намебахшем ва ҳар ончи ки мегуянд мардуми Бадахшон дар ҳамон мавқеи пешинааш аст. Барои мо Имомназари Имомназар, Муҳаммадбоқир қаҳрамонанд, аммо Раҳмонов душман ва хоини миллат ба ҳисоб меравад.

                            Кулоб

   Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Баъзан фикр мекунем, ки баъзе амалҳоро ҳукумат ё мақомот накардаасту намекунад. Чун, фикр мекунем, ки то ин дараҷа бераҳм нестанд. Мутаассифона мафҳуми раҳму шафқат ва инсофро кайҳо фаромуш кардаанду тарсе надоранд, на аз Парвардигору на аз мардум. Бародар ман як корманди Идораи давлатиам, ки аз маълумотҳо хабардор мешавам. Як сирро ба шумо кушоданиам.

Сад дар сад амали даҳшатноки садамаи рухдода бо мошини борбар дар Кулоб кори тарҳрезишудаи дасти мақомот аст, ин ҳодиса тасодуфӣ набуд.

 Қарор буд, ки тағйиротҳои кадрӣ сурат бигирад. Ин тағйирот дар чанд сохтор, дар КГБ ва МВД бояд ба амал меомад. Дар Сарраёсати сарҳадоти КДАМ ин тағйирот сурат гирифт аммо дар ВКД нашуд. Вазифа барои инҳо аз ҷону имонашон азизу ширин аст. Аз сабаби онки мардуми мо мардуми хабаркаш аст, шояд аз дилсофиаш бошад, гап зиёд пинҳон намемонад, ҳатман мебарояд. Барои чи он Дулан маҳз рӯзи барномаи «Минбари муҳоҷир» ба роҳ баромад? Барои чи бо вақт қариб баробар расид? Барои чи телефони ронандаро наёфтанд? Саволҳо зиёданд.

Замоне, ки номи барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро бо сурати Раҳим Рамазон дар сафҳа мондед, аз соатҳои 9-10-и субҳи якшанбе Рамазон Раҳимзода дар даву тоз шуд. Ӯ намедонист, ки шумо дар борааш чи мегуед? Фикр кард, ки расвоиҳояшро мебароред, талхакаф буд. Он мошини боркаш бояд соатҳои 20:00 роҳ мебаромад ва дар ҷои ҳодиса соатҳои 21:00 мерасиду тормозхояш бояд каме меқапиду куштор камтар мешуд. Аммо шумо, ки вақти барномаро дигар кардед, барои онҳо форсмажор шуд. Баъдан, ки ҳама по плану мерафт, изҳороти мақомот мебаромад, ки ронанда дар сари рул бо Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи «Минбари муҳоҷир» гап мезаду сабаби ин ҳодиса шуд.

  Агар аз руи нақшаашон мерафт, як соат нагузашта онро теракт номидаву Шуморо организатор ва куратораш мегуфтанд. Ҳатман телефонашро пайдо карда дар он занг ба барномаи «Минбари муҳочир»-ро ёфта нишон медодан. 

 Ин ронанда дар ҳамон фирма боркаш -грузчик кор мекардааст, шаҳодатномаи ронандагӣ ҳам надоштааст. Аз сабаби нарасидани ронанда ӯро мепурсанд, ки мошинро ҳай карда метавонӣ? Ӯ мегуяд, ки метавонам. Ҳамин хел мошинро ба ӯ медиҳанду равонаш мекунанд. Дар роҳ қариб, ки ба ҷарӣ меравад. Дар ҳамон фирма аз ҳама мошини фарсуда будааст. Акнун пешоби миллат бояд, ки гуноҳи домодашро пинҳон кунад ва мардуми зудбовар ва содаи Кулобро бо роҳи таъзия баён кардан ва мошинҳои нав додан даҳонашонро баста пеши роҳашонро гирад.

 Дар ин фоҷиаи мудҳиш, якум Раҳмонов ва Шамсуллои домодаш, дуюм роҳбари МВД ва ГАИ ва сеюм Гумрук гунаҳхкор аст. Пешоби миллат дар атрофаш чор генерали дузду қотилу ҳаромхури Кулобро гирифтаасту ба воситаи онҳо халқи минтақаро саркуб карда истодааст.

   Ман мактаби олиро соли 1983 тамом кардаму намедонистам, ки чизҳои мадҳушкунанда чист? Кудакони ман бошанд аз синни панҷу шаш дар Кулоб медонистанд, ки наркотик чисту наркоман кист? Ҳар як мефурухтагӣ ва истифода мебурдагии сафедиро медонистанд. Ман худам чанд бор бо сокинони Кулоб ҳамсуҳбат шудам. Онҳо мегуянд, ки ягонтоашро гап занӣ, баъди ним соат ё амният ё милиса омада мебарад: “ту муқобили давлат гап задӣ гуфта ё ҷаримаи калон мекунанд ё зиндон”.

  Мардуми шарифи Кулоб бовар накунед ба ин хоинони беномус! Агар авлоди гуруснаи Раҳмонов ҳамин хел рафтан гирад, оқибати Тоҷикистон чи мешавад, номаълум.

 Мардуми азизам хезед аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунед. Бубинед, ки як қисмамонро дар зиндонҳо кушта истодааст, як қисмамон  дар Русия ба ҳазору як касалӣ гирифтор шуда истодааст, як қисмамон дар дохил аз қашшоқиву бенавоӣ  азият кашида истодааст. Аммо оилаи Раҳмонов рӯзбарӯз калон мешавад, ба ҳамаи набераҳо вазифа ва пули бисёр даркор. Ҳоламон аз ин ҳам бадтар мешавад.

                                        Душанбе

  Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман, дар Прокуратураи генералӣ кор мекунам. Хеле шогирдони зиёдеро тарбия кардаам. Наздики 30 сол мешавад, ки кор мекунам. Имрӯзу фардо нафақа меравам. Ман, пеши виҷдони худ азият мекашам, ки агар ин гапҳоро ба шумо нагуям.

 Ин шабурӯзҳо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон худро соҳиби мутлақи ин мамлакат меҳисобад. Баъд аз онки бо Эмомалӣ Раҳмонов қудо шуд, дигар он Юсуф Раҳмони пешина нест.

    Ҳоло тавассути шуъбаи алоҳидае, ки зидди «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол ташкил кардааст айбномаи тозаеро ба мақомоти Фаронса ирсол кардааст. Ин «дело» бояд қабл аз омадани Юсуф Раҳмон ба Фаронса фиристода шавад.

 Юсуф Раҳмон бо баҳонаи касби таҷриба Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистонро оварда ва дар ҷаласаҳо менишонад. Бобохонов ба унвони кӣ меояд маълум нест.

 Дархости навбатӣ имрӯз тариқи фельдъегерская служба, яъне муросилоти пушида

( секретная почта) ба Русия барои баррасӣ ва коркард фиристода шуд. Баъди гирифтани фикру назари мақомоти ин кишврар ба Фаронса фиристода мешавад. Юсуф Раҳмон бо Игор Краснов, Прокурори генералии Русия  аввал телефонӣ сӯҳбат ва сипас равон кардааст.

 Гуфтугу бо Краснов чанд рӯз пеш сурат гирифта буд. Масъалаи Шарофиддинро ҳам ҳаминҳо доман зада истодаанд. Инҷо ягон ФСБ нест. Именно аз Тоҷикистон луқма доданд, ки

«товарищ Гадоев критикует СВО и опрадивает НАЦЫЗМ. Кроме того, Гадоев жёстко и откровенно высказывает заранее подготовленные заявление Исламкой Партии Таджикистана, запрещённая на тереторияи РТ. Непосредственным идеологом и подстрекателем является лидер запрещённой Исламской Партии Кабирӣ Мухиддин. 

В свою очередь предлагаем объединить действия и обмен соответствующими данными».

  Прокуратураи Генералии Тоҷикистон дархост карда истодааст, ки аз мухолифон бигзор як нафарашро диҳанд,мо қабул дорем. Яъне мо барои чанд нафар нею, барои нафаре, ки дар парвандаҳо мегузарад, талош карда истодаем. Юсуф Раҳмон ҳоло ошкоро дигар мақомотро дар бефаъолияти муқобили мухолифин ва бахусус ҲНИТ муттаҳам карда истодааст:  

   «Нисбат ба хоинҳои миллат, махсусан аъзоёни ҲНИТ шабонарузӣ муборизаҳои беамон бурда, барои роҳҳои аз хориҷ ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо талошҳои махсусро дареғ надоред. Айни замон заифии худро тамоми мақомот дар муқобили хоинҳои миллат нишон дода, дар ягон самт комёб нестанд, ки ин бисёр диққатҷалбкунанда аст. Ногуфта намонад, ки шумораи зиёди нафарони болои ҷомеа ру ба ҳамкорӣ бо Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин оварда, ҳолати амниятии кишварро зери хатар оварда истодаанд. Нисбати ин ҳолатҳо як чанд пешниҳодҳои махфӣ омода гаштааст ва рӯзҳои наздик барои амалӣ гаштани онҳо чораҳои махсус пешбинӣ шудааст».

 Пареруз оиди нафароне, ки тариқи вербовка дар атрофи Шумо ҷой гирифтаанд, гап рафт. Нафароне аз тарафи УУР, яъне Шоҳрух Саид ҳастанд, онҳоро тариқи маблағҳои нормальный ва ваъдаҳо, ки афв мешаванд, ҷалб намудаанд. Нафароне, ки аз тарафи КДАМ ҳастанд,онҳо бошанд тариқи бозидани ролҳо ва тариқи ин ба боварии нафаре аз шумо даромадаанд.

Хабари дигар ин аст ки баъзе аз маҳбусони сиёсӣ аз ҷумлаи аъзои баландпояи ҲНИТро спецэтап карда аз зиндонҳое, ки дар он адои ҷазо мекунанд, оварданд. Мақсад маълум. Болои онҳо бояд фишорҳои зиёд оваранд, то аз онҳо гап бигиранд қабл аз сафари Юсуф Раҳмон ба Фаронса.

   Юсуф Раҳмон дастур додааст, ки фишорро болои онҳо ба ҳадде зиёд кунанд, ки розӣ ба худкушӣ шаванд. Ҳолати нигаҳдории онҳоро вазнин ва тоқатшикан кунанд.

  Прокурори Генералӣ иҷрои ин амрро ба Фируз Бобохонов, ки сардори раёсати назорати зиндонҳо дар Прокуратураи Генералӣ мебошад, супоридааст. Фируз писари Бобоҷон Бобохонов аст.

Президент чанд соли пеш  Бобохоновро, вақте Прокурори Генералӣ буд, аз кор гирифту гуфт «дур дур гард».Бечора аз фикри зиёд девона шуда буд. Ҳар саҳар мехест, занашро мегуфт, ки костюму брюки маро тайёр кун ҳозир шофир меояд, «корда дер шид». Мепушиду раҳакӣ мешуд. Аз даҳани дарвозаи ҳавлиаш мегардонданд. Ҳамсояҳояш нақл мекардан, ки крышааш рафтагӣ бд. Дар ягон ҷамъомаду маъракаҳо фарёдаш намекарданд. Файзуллои бачаашро, ки прокурори Ҳисор буд маҳкам ва полный нол карданд. Фирузи бачааш бошад дар «поинҳо» мегашт. Яъне дар прокуратураҳои ноҳиявӣ. Аммо ҳоло Юсуф Раҳмон «ай бари боло оварда Устод гуфта бо кругои калонда дровардестайша».

  Фирузи Бобохоновро, сардори Раёсати назорати зиндонҳои Генпрокуратура монд:

  «О, чи даркор буд агане иқа солҳо мардака далбаёб кардану писанд нокардан. И як мисол бд, ки пештар агар Президент ягон чира накнен мегуфт, меридану намекардан. Ҳози боша Президент авторитет умуман надорад, любойташ любой кора мекна. Махсусан Генпрокурор бади қудоияш бо Раҳмонов тамоман ай худ рафтагияй»

                                 Конибодом

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ҷаноби оқои Муҳаммадиқболи Садриддин!

   Ман аз Конибодом ҳастам. Ҳаракат мекунам тамоми ҷинояткорони Конибодомро ба шумо маълум намоям ва тавассути шумо тамоми Тоҷикистон бо онҳо шинос шаванд.

  Шумо дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи Эмин Ҷалилов гап зада гуфтед, ки вай боғ ва замин дорад. Бале, дуруст гуфтед. Дар бораи ин одам  сонӣ менависам. Ҳоло дар бораи раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом. Ҳар ончизе, ки шумо дар борааш гуфтед 100,1% дуруст аст. Аз шумо ва тими Ислоҳ хеле метарсад. Вай ҷаласа баргузор карда аз тамоми ҷамоатҳо активу фаъолонро ҷамъ карда фармон додааст, ки ҳеҷ кас бо хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамгап нашавад. Ҳар касе бо ин душманони миллат ҳамгап мешавад ва ҳамкорӣ мекунад ҷояш дар кунҷи зиндон аст гуфтааст Тухтасунзода.

 Сардори амнияти Конибодом аз тарафи Кулоб аст. Кормандони он ҳам 99% бачаҳакои болоанд. Шумо агар бихоҳед, ки дар Конибоом паспорти дохилӣ ва ё хориҷӣ бигиред, меравед бо бачаҳакои боло рубару мешавед ва онҳо ҳоло ончунон «културнай» шудаанд, ки хуҷандиҳо садсолаҳо қафо монданд. Меоянд вежливо чи худматай мегуянд ва нархашонро мегуянд, ки фалон сомонӣ бидеҳ, фардо ё пас аз 10 рӯз биёву паспортатро бигир.

Дар бораи милисаҳо чи гӯям? Сардори милиса ҳам ва тамоми кормандони милиса то участковийҳо аз Кулобу Данғараву Фархоранд.

  Барои риш ва сатр сразу мебаранд маҳкам мекунанд. Ҳар сари чанд вақт бо ягон баҳона масҷидҳоро штраф мекунанд.

Раиси ҷамоат агар фаҳмад ягон ташкилӣ дорӣ, сразу мераваду бо овози баланд садо мезанад: пул, штраф.

Якто хуҷандии касифи высокомерный ҳам дорад, гаишники Конибодом. Ин участка дар деҳаи «Лоҳутӣ» ҷойгир аст. Ин ГАИишники   Конибодом дар деҳаи Қарақчиқум яъне Ҷаҳонзеби имрӯза фазенд – замин дар наздикии Сирдарё ва як ҷияни непростой ҳам дорад! Номи ӯ Дилшод ва хеле дузди касиф мебошад. Моторҳои лодкаи моҳигирҳо яъне рыбакҳоро медуздад, мурғҳову говҳоро медуздад. Аз бачаи 7 сола агар дар бораи ин нокас пурсӣ, мегуяд. Балки сагу моҳиҳои дар тури рыбакҳо афтодаро ҳам медузда. Ба Русия рафта меояд. Се-чор бача ҳам дорад. Соли 2018 бачаи Марями гурсухта ба Конибодом, ба ҳамон Ҷаҳонзеб омада буд ва обро мо ана ҳамон сол дида будем. Дар деҳаҳо ва ноҳияҳо 6 сол боз об надорем дар каналҳо. Охир тамоми дарахтҳо хушк шуданд. Ин азоби мо то ба кай давом мекунад?!  Он вақт бачаи Майрами гурсухта як мактабро кушода буд. Ҳоло директори ин мактаб дар Русия барои пенсия полшуяк шудааст. Барои истиқболи бачаи Майрами гурсухта  се моҳ бачаҳо тайёрӣ дида буданд. Асфалти дар роҳҳои Конибодом, дар Лоҳутӣ, Маҳрам Ҷаҳонзеб сохтаашон барои пешвози бачаи Майрами гурсухта ҳамааш шикасту рехту хароб шуд. Ин бечора муҳоҷиронанд, ки Конибодомро обод карда истодаанд. Мардҳои деҳа ҳама дар Русияанд. Бисёриҳо оилавӣ рафтанд. Агар ҷанги Украина намешуд, шояд ҳоло қишлоқҳо соф холӣ мешуданд…

                                             Ғарм

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол!

Ман як хоҳари исломӣ аз Ғарм ҳастам. Мехоҳам дарди дили худ ва ҳамаи мардуми ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхро расонам. Мо нисбати Зардаков Фаридун Туйчибекович, раиси ин ҷамоат шикоят дорем. Ин раиси касиф тамоман аз худ рафтагӣ аст. Вай сокини деҳаи Кадара мебошад. Ягон сокини коруфтодаи ҷамоатро бо руи хуш намепазирад. Вале агар фаҳмад, ки ягон маблағашро гирифта мешавад, худро ходими халқ ҷилва дода нисбаташ муомилаи хуб мекунад ва роҳе мекобад, ки чи миқдор маблағи зиёдтаре аз вай ба даст оварад. Ин касиф чунон порахур шудааст, ки ҳатто фикри як деҳаро накарда оби як деҳае, ки зиёда аз 250 хоҷагӣ аз он об истифода мекунад ба як шахс бо номи Кури Нусрат аз деҳаи Чуғдабиён фурухтааст. Писари ин шахс бо яке аз даҳмардаҳои фирмаи «Фароз» ошноӣ доштааст. Ба воситаи ин даҳмарда писари Нусрат ба Фаридун- раиси ҷамоат 200 доллар дода ин оби 250 хоҷагиро аз они худ кардааст. Сокинони деҳаи Кулоба ин обро истифода мебаранд. Деҳаи Кулоба номаш яктост аммо ба ду қисмат ҷудост: деҳаи Суғдара ва деҳаи Кулоба. Яъне дар таҳу боло дар ин ду деҳа ду раис кор мекунад. Ин раисҳо ҳардуяшон ҳам инсонҳои хубу боимонанд. Ва доимо дар хизмати халқу ватананд. Барои мисол Неъмат Ибодов, раиси деҳаи Кулобаи поён барои роҳи пуштаро соз кардан қариб 12 рӯз бо ҳамроҳии тракторист шабурӯз дар пушта монда онро ҳамвору ружд кард. Набиҷон Исломов бошад дар Кулоба қисмати болоии деҳа раис аст ва бисёр корҳои ободиро бо пули худаш карда аз дигарҳо пул намегирад. Мисол ду-се сол пеш дар деҳаи Кулоба як спортзали калонро таъмир карда ба истифода дод.

Дар ҳар моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон 25 нафар камбағалро дастгирӣ карда бо маблағи аз 350 то 500 сомонӣ ёрдам мекунад. Дар ин деҳа ду шахси собиқадори ВКД зиндагӣ мекунанд. Аз давраи пеши онҳо намедонам, фақат ҳамин қадарашро медонам, ки ҳоло онҳо инсонҳои хубу бо тақво шудаанд, ки хизмати бисёр расонида истодаанд. Вале худи Раёсати ВКД Рашт аз кормандони худашон боврӣ накарда ҳатто доимо дар пурсуҷуву суроғи онҳоянд. Шахсоне, ки дар мақомот кор мекунед, ин рӯзҳоро аз хотир набароранд.

Бародар Муҳаммадиқбол нисбати деҳаи Кулоба чунон зулму золимӣ аст ки дар деҳа ҷавонмарди хуб кам ёфт мешавад. Аксари ҷавонҳо буз шудаанд. Як гапи мардӣ зада намешавад. Дар ҳол бузият мекунанд. Боз дар деҳаи мо як оби ҷанҷолӣ аст ки сокинони ин деҳа қарори Суди олиро доранд. Вале як шахсе, ки дар боло номашро зикр намудем онро хусусӣ кардаву касеро намедиҳад.

Бо вуҷуди ин мардуми мо ободкоранд ва раиси ҳукумати ноҳия ҳам дар чандин маҷлисҳояш гуфтааст,ки ободкориро аз мардум деҳаи Кулоба ёд гиред.

                       Душанбе

   Салому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

   Ман ҳамон яке аз «манбаъҳои муътамад»-и Шумо дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳастам.Ташаккур,ки навиштаҳои маро мунташир мекунед. Фикр накунед, ки ҳама дар инҷо чоплусу лаганбардору лесаканд. Инсонҳои бо номусу боғурур ҳам кор мекунанд.

  Дар аввали суханам роҷеъ ба як масъала мехоҳам бинависам. Шумо дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» дар бораи Далер гуфта будед ва аксашро ҳам нишон дода будед. Ин нафар аз номи Зоири домоди Раҳмонов гап мезанад ва аз одамҳо сум гирифта буд, ки барояшон аз Грузия мошин меоварад. Ин ноҷавонмард то ҳозира пули мардумро надодааст. Гуфтааст, ки ба КГБ сум медиҳам ба шумо не, яъне ба соҳибони пул пулҳояшонро доданӣ нест. Як хели ин одамҳо аз бонк қарз гирифта додагианд, ки Далер барояшон мошин меоварад. Ҳоҷӣ Далер дар бозори Корвон кор мекунад, Ҳама ӯро мешиносанд. Амборҳои яклухтфурушӣ-оптовий складҳо дорад. Вай аз Чин ва Дубай бор меоварад. Ваъда кардааст, ки пулҳои одамонро бармегардонад, аммо то ҳоло барнагардонидааст. Айни замон дар бораи ин одам дар Прокуратура мавод ҷамъоварӣ карда истодаанд. Агар ҳоҷӣ Далер   сари инсоф наояд ва пулҳои мардумро баргардонида надиҳад, яқинан боздошт ва ба маҳкама кашида мешавад.

 Вале, мақсади ирсоли нома ба шумо танҳо ҳамин масъалаи Далер набуд.

 Чизи дигарро барои шумо гуфтан мехоҳам.Бояд рӯзҳои наздик бо фармони Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ як «бор»-и калони Зоири калтаро қапанд. Ҳамчунин бояд як одами наздики Зоирро вардоранду маълумоти зиёдро нисбати ӯ бигиранд.

Як маълумоти дигар ин аст ки Зоир, Авази кур( Аваз Кабирови бозори Султони Кабир, ки дигар нест) Рустам Холиқов, раиси собиқи «Тоҷикайр» ки феълан дар боздошт аст бо ҳам мерафтаанд хориҷа қиморбозӣ мекарданду меомаданд. Казино.

Нисбати бизнеси наркотики Зоир Юсуф Раҳмон маълумотҳои зиёдеро гирдоварӣ кардааст. Онҳоро бояд пеши Президент дарорад. Юсуф Раҳмон нақша дорад, ки Зоирро аз окруженияи Президент бароварад ва маҳкам кунад. Ин хабар ҳам ҳаст, ки Зоир бо Рустам Холиқов ва Авази кур якҷоя маблағҳои зиёдеро дар казино бой додаанд ва ин маблағҳо пулҳои «Тоҷикайр» ҳам будааст.

 Ҳар вақте ки Зоиру, Рустам Холиқов ва Авази кур барои қимор мерафтаанд, самолёти чартерӣ заказ мекарданд ва бо як настроении  хуб мерафтаанд. Аммо вақте ки баргашта меомадаанд, сахт асабию бе настроени будаанд. Меомаданду ранги саги гушна намедонистаанд, ки аз куҷо сум кананд.

 Прокурори Генералӣ ҳамаи маълумотҳо оиди кай, бо кӣ ва ба кадом самт Зоиру Рустами Холиқов мепаридаандро аз фурудгоҳ дархост карда гирифтааст. Илова бар ин боз Юсуф Раҳмон муайян кардааст, ки дар чанд сафари охир ҳамроҳ бо Зоиру Рустами Холиқов, домоди Рустами Холиқов Неъмат ҳам будааст. Дар дасти Юсуф Раҳмон козерҳои калон ҷамъ шудааст. Гуфтааст «Зоира гум мекунам занша ягон хеши хыдма метм».Як чизи дигари аҷиб.Агар ягон кас оиди Зоиру аъзои дигари Оила маълумотеро бипурсад СС Ятимов якум инро мефаҳмаду аз одамҳои Зоир севанчӣ мегирад. Ҳозир бошад ба дараҷае Юсуф Раҳмон қапидааст,ки «дық гуфтагиша метықа».

Share This Article