Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№101

Ислоҳ нет

Ончиро, ки дар Ислоҳ ва дар барномаҳои он ва бахусус «Номаҳо..» бадашон меояду мутанаффиранд, ошкор ва намоён шудани ҳолатҳои пушти саҳнаи зиндагиашон аст. Балки чеҳраи воқеии ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки беш аз се даҳа аст зимоми қудратро дар даст доранд, тавассути «Номаҳо…»  намоён ва рушод мешавад. Мо, шиму костюм ва галстукҳои трангбастаашонро ҳуй мекунем, балки ин худи мардум аст, ки барои арзи симои асосии онҳо кумак мекунад. Чеҳраашонро, корашонро, кирдорашонро мо намудор карда истодаем:

                                             Душанбе

      Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Роҷеъ ба Дилшод Раҳимов, писари Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон мехоҳам гап занам.

Дилшод Раҳимов аз соли 2005-2010 дар Академияи милисаи шаҳри Маскав таҳсил мекард. Дар тули ин 5 сол ба як ҳоли зор, бо пулу зораву нола Академияро хатм кард. 5 сол кори ин шахс фақат ҳаромкорӣ буд. Баъди хатм ба Душанбе баргашт вале дар милиса кор накард. Ба Хадамоти гумрук рафт. Лекин чи рафиқу ҷурае, ки аз студентони тоҷик дошту бо ӯ таҳсил карданд, ҳамааш ба ВКД ба ҷойҳои равғанӣ ба кор даромаданд. Баъди зангириаш низ Дилшод ҳаромкориҳои худро бас накард. Қариб ҳаррӯз кораш арақнушӣ, зино ва қиморбозӣ дар тарабхонаҳои колхози Россия, дар дачаҳои Варзоб ва дар Душанбе, ки якчанд хонаҳои пинҳонӣ барои кайфу маишат доранд. Дар ин ‘’круг’’ Абдулфайз Шамолов (ҷияни Саидшо Шамолов) Муҳаммад Мирзоалиев, писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоалиев ва як чанд писарҳову ҷиянҳои одамони сарватманди Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Тобистони соли 2016 дар вақти як маишат дар дачаи Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси Тоҷпромбонк, ки писари ӯ Азиз дар ин круг буд, Дилшод ба ҷурааш бо номи Фируз (бо ӯ дар академия ҳамроҳ таҳсил карда буданд) мегуяд, ки аруси ӯро ба хонааш бубарад. Фируз маст бо ин духтар ба самти Душанбе равон мешаванд. Дар наздики Варзоб ГЭС ба дарахт сахт бармехурад ва мошинаш негодный мешавад. Қариб буд, ки ҳардуяш мемурданд. Баъде, ки Фируз ба худ омад, гуфт,ки он духтар ҳамсинфи ӯ буд. Мақсад Дилшодро нафурухт. Аз тарси модари ӯ духтар, ки ҳамон сол ба таътил аз Москва ба Душанбе омада буд. Дилшод нагуфт, ки бо он духтар алоқа доштанд. Баъди хомуш шудани ин ҳама кор ва табобати Фируз, ӯро бо рутбаи баланд дар Интерпол кор монданд. То имрӯз ин круг зинову ҳаромгардии худро давом дода истдаанд. Ҳаракат мекунанд, ки ба чашми бачаҳои круги Рустам нағалтанд.

Дилшод як одами хасис аст, барои ягон кайфи мекардагияш пул тамоман намедиҳад.

  Счетро фақат одамҳои гирдаш медиҳанд. То туҳфаҳое, ки ба арусҳояш мехарад, пулашро ҷураҳояш медиҳанд.

 Дилшод 1986 ба дунё омдааст. Дар кадом мактаб таҳсил кардааст, ростӣ намедонам. Айни ҳол дар худи Хадамоти гумрук кор мекунад. Номи он духтар Нигора буд. Вай дар Москва зиндагӣ мекунад ва ҳамчунин дар мактаби 20 таҳсил мекард. Дар Москва Дилшод дар хобгоҳи академияи МВД зиндагӣ мекард, метрои Коньково.

Соли 2007 аз пушти духтари қазоқ Дилшод дар ҷанги як ба як аз як қазоқ сахт шата мехурад. Дасташро қазоқ мешиканад, сару руяш каҷидагӣ, кабуду сурх буд, як моҳ аз хобгоҳ набуаромад. Падараш он вақт муовини ВКД буд ва аз тарафи ин вазорат фақат нома равон мекарданд, то ки вақт диҳанд, ки ин камақл имтиҳонҳояшро супорида тавонад.

Фируз соли тавалудаш 1988 то синфи 10 дар мактаби 20 Душанбе таҳсил мекард, Вале аз байни синфи 10 ӯро ба синфи 11-и мактаби президентӣ қабул карданд ва соли 2005 ӯ ба Академияи МВД-и Маскав дохил шуд. 

Муҳаммад Мирзоалиев дар мактаби 20 таҳсил мекард бо апааш Мадина. Таваллудаш 1990 ҳаст. Ҷураҳои мактабиаш инҳоянд: Аъзам, писари Рустам Атоев, Манучеҳр Алаев, писари як одами мақомдор, Абдулфайз Шамолов писари бародари бузурги Саидшо Шамолов, ки дар гумруки фурудгоҳи Душанбе кор мекунад. Маълумоти бештар аз дигар корҳояшонро боз муфассал аз ин круг бароятон менависам. Ман дигар ҳақиқатро фаҳмидам ва аз мактаби Ислоҳ фориғ шудаам. 

                                         Б. Ғафуров

Дуруди Худованди бахшандаи меҳрубон бар Шумо, бародари гиромии мо, Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам ва бори аввал ба шумо нома менависам. Ман ба худ бовар пайдо кардам барои навиштан ба “Ислоҳ”. Ин боварӣ ба ман баъди он даст дод, ки дар “Ислоҳ” як матлаб дар бораи Бобоҷон Ғафуров чоп шуд. Дар онҷо дар мавриди раиси ҷамоати данғарагии мо навишта шуда буд. Бале, дар ҳаиқат ҳамин хел аст. Аммо ман мехоҳам дар бораи дигар масъала нависам.

 Оғоз мекунем аз ГАИ-ҳои роҳи Ғафуров. Роҳҳои ноҳияи мо танг аст. Дар он аслан 3 мошин дар роҳ намеғунҷад. ГАИ-ҳо дар повороти назди ҳайкали “Иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ”меистанд. Ронандаҳо онҳоро намебинанд. Ва шояд суръаташон каме боло бошад. Ана, баъд сар мешавад ҷарима. Вале ин ҷарима ба давлат неву ба ҷайби ГАИҳо аст.

Шикояти мо боз аз устоҳои мошин ва соҳибони дуконҳо аст. Эй бародарҳо, нархро камтар арзон кунед. Шумо аз моед, мо аз шумоем. Устоҳо каме имон оред ба Худо. Дурушту дағал суҳбат накунед ва хусусан ҷавонҳои узбек, ба Худо имон оред! 

Дар Ғафуров нархи газ дар соли 2023 хеле гарон шуд. Ҳатто гази қирғизӣ ҳам нархаш боло рафт.

Дар инҷо мо бозор дорем. Барои онҷо даромадан 3 сомонӣ ба пост медиҳӣ ва баъд ба бозори Ғафуров медароӣ. Дар шашликхонаҳо офитсиантҳо дуруст хидмат намерасонанд. Муомилаашон дағал ва дурушт аст. Агар дар ҷои каме дуртар аз пеши бухгалтери фарбеҳ нишинӣ, офитсиантҳо хизмат намерасонад ва мегуянд “шумо ким куҷова шиштед”. Охир эй аблахҳо, инҷо ҳар як столу стул, ба шашликхонаи шумо дохил мешавад, шумо налоги инҷоро медиҳед. Онҷо як бухгалтери фарбеҳ ҳаст, дар гирдаш офитсиантҳои бе маданиятро ҷамъ мекунад, аммо клиентҳо худашон хурокро ба худашон мегиранд ва хизмати худро худашон мекунанд.  

Хурокҳояш хунук ҳаст. Онро бо микровалновка гарм карда мефурушанд. Ман талаб дорам аз ниҳодҳои махсус, ки ин шашликхонаҳои Бобоҷон Ғафуров ро тафтиш кунанд.

 Дар яке аз Номаҳо, шумо дар мавриди як офитсианти инҷо гап задед, ки ӯ алоқаҳои танготанг бо духтари СС. Ятимов доштааст. Инҷоро тафтиш кун эй Навҷавонов!

Акнун мехоҳам дар бораи аэропорти Хуҷанд гап занам. Солҳои пеш барои рафтан ба аэропорти Хуҷанд ягон сомонӣ намедодем. Аммо ҳоло онҷо 3 пост ҳаст ва сари ҳар мошин пул мегиранд. Дар дохил бошад, коргарони гумрук мардуми Суғдро ғорат карда истодаанд. Онҳо дар як моҳ зиёда аз 35000 сомонӣ  маблағ ба даст меоранд. Аз кадом манбаъ, хеле интересно. Инҳоро тафтиш кун генерал Навҷувонов!

  Дар мавриди милисаҳое, ки дар назди масҷиди Шайх Муслиҳиддин чи метавон гуфт?   Онҳо занҳои солхурдаро бо зуру иҷбор сур мекунанд ва мегуянд “бра ай иҷа, ма тра чан бор гуфтмт, набиё иҷада иҷа нафуруш сабзиву меваҳота”  ва ҳамин тавр онҳоро таҳқир карда мезананд. Аммо онҳо аз модарони ин милисаҳои аҳмақи бод оварда  шояд калон бошанд ва онҳо барои зиндагии худ дар ин сардиҳо ба тиҷорат мебароянд.  

  Хитоб дорам ба Навҷавонови алкоголик! Эй генерал, мардуми Суғд ва хусусан Хуҷанд мардуми тиҷораткор ва табибу муаллим мебошанд! Ту ин чор бодовардаатро овардӣ сари мардуми Хуҷанд. Инҳо кораш мардумро ғорат кардан ва дуздӣ аст. Инҳоро тафтиш кун ва ман дигар набинам, ки чи хел милисаҳои ту кампирҳои70 -солара бо дубинка мезананд, дар назди ” подземка”

Акнун дар мавриди доруҳои «Сифатфарма»-е, ки ҳамаи дорухонаҳоро забт кардааст, гуфтаниям. Нархҳои он доруҳо гарон аст, барои мардуми одӣ дастрас нест. Сифаташ ҳам паст. Ҳоло духтурҳо специально рекомендация медиҳанд, ки аз фалон ҷой раву доруро бихар. Яъне мардум барояшон як мол аст ки ӯро чи хеле инҳо мехоҳанд, ҳамин хел бозӣ медиҳанд ба монанди гов, ба гов кунҷора медиҳӣ, ку ҳамон хел. Ин «Сифатфарма» аз они духтари Раҳмонов аст. Барои ҳамин касе ба кори он кордор намешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳоло дар Хуҷанд  ҳама вазифаҳо ба хатлониҳо омада дода шудааст. Хуҷандиҳо дар хуҷанди худашон ягон вазифа надоранд.

Мардуми Хуҷанд Искандари Мақдуния, Чипгизи муғул  Темури лангро шикаст додаанд.

   Алайҳи ӯрусҳои истилогар шуриш карданд, Суғдро аз Узбакистон ҷудо карданд. Дар 70 соли шуравӣ барои миллат як пойтахт сохтанд ба номи Душанбе  ва баъд аз пош хурдани шуравӣ ба Тоҷикистон президенти арзандаи интихобнамудаи халқ ба монанди Раҳмон Набиевро доданд. Абдумалик Абдуллоҷонов беҳтарин роҳбари замони муосир буд. Аммо имрӯз Раҳмонови ПТУшники бе савод бар сари ҳамаи мо истод шудааст.

Хитобам ба мардуми Хуҷанд ин аст, ки барои ҳамаи мо имрӯз фарз аст зидди ин мутаҷовизин истод шавем ва нишон диҳем, номуси мо аз саводу маданияти мо болост.    

Умедворам Навҷувонов фаҳмид бо кадом мардум кор дорад! 

 Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ягон ҷояшро ба хотири хатлонӣ буданат тағйир диҳӣ, пас худат медонӣ чи мешавад. Таваккалат ба худо, худат медонӣ нашр кунӣ ё не. Агар бе тағйир чоп кардӣ, хуш бар ҳолат. ( Хело дар ин нома калимоти таҳқиромез ба як мардум буд,ки Ислоҳ ҳамчун расона онро нашр намекунем ва ҳарчи мехоҳи бигу. Инчунин агар Хатлоние шуморо ончи мегуянд нависанд онро ҳам намегузорем. Пас таҳқирро умумӣ накунед ва ин ҳақро надоред , то ба умуми мардуми як минтақа таҳқир кунед!)  

                             Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алейкум устод. Аз ҷамоати Ҳалеварди Ҷалолиддини Балхӣ бароятон менависам.

20 октябр раиси ноҳия ба масҷиди ҳамин деҳа омад. Аз шарм ва «номуси дунё» намози хуфтанро хонд. Маълум буд, ки дар тамоми умраш якум бор намоз мехонад. Баъд аз хондани намоз қуръапартоӣ сар шуд. Раиси ноҳия барои қуръапартоӣ омада будааст. Дар руихати облава номи 30 нафар навишта шуда буд. Аз он 30 нафар номи 3 кас баромад. Фамилияҳояшонро намедонам аммо номҳояшон чунин аст: Давлати бачаи Миралӣ, Алишер бачаи Сайҷамол ва Сунатулло бачаи Сафар. Ин 3 нафар бояд ба хизмат мерафтанд вале ҳамаашон дар Русия буданд. Ҳар коре ҳам карданд, онҳо аз Русия наомаданд. Ба хонаи Давлати бачаи Миралӣ мехлапат оварданду гуфтанд: «лемон хоната чапа мекнем агар бачат ай Росия наёоя».  Хело разбор карданд. Дар номи Аллоҳ ҷонам мехлапат дигар завадид нашуд. Чанд сол пеш акаи ҳамин бачаро дар хизмат як гушашро кар карда оварданд. Хулоса хело ғам доданд мардумро. Раиси ноҳия дид, ки намешавад, як шаб мардумро дар ҷамоат ҷамъ кард. 

 Маҷлис гузаронд. Маслиҳат карданд, ки ин 3 нафаре, ки номҳояшон баромад 5 ҳазор сомонӣ медиҳанд-15 ҳазор сомонӣ. 5 ҳазори дигар деҳа ҷамъ мекунад. Хуласи гап 20 ҳазор сомонӣ бояд ҷамъ мешуд, ҳама розӣ шуд. Аммо падари Алишер Сайҷамол ризо нашуд. Ман 5 ҳазор намедиҳам, 4ҳазор медиҳам гуфт.

Ба ҳамин ҳам мардум ризо шуд. Пагоҳи ҳамон рӯз Сайҷамол назди раиси ҷамоат рафту ба ӯ гуфт, ки «бифорат маҳ 3 ҳазор, ма дига ягон сум наметим». Раиси ҷамоат пулро нагирифтааст.

Баъд прокурор раиси ҷамоаро подстава кард. Ба хотири чи Сайҷамол гуфт, ки 3 ҳазор медиҳам? Ба хотири он ки шафиёри прокурори ноҳия аз ҳамин деҳа аст. Фарҳоди камерачи 8 ҳазор сомонии Сайҷамолро гирифта бо прокурор тақсим кардааст. Сайҷамолро гуфтааст, ки «Фалонта ғам набоша, бачата ягон кас намебара».

 Ҳамин хел Фарҳоди камерачӣ, шофери прокурор бо прокурор маслиҳат ва раиси ҷамоатро подставит мекунад. Прокурор  ба Сайҷамол се ҳазор сомонӣ медиҳаду мегуяд:     « бра и сумора да пеши раиси ҷамоат парто дига корт набоша». Сайҷамол ҳамин корро мекунад, пулҳоро меорад ва болои мизи раиси ҷамоат мепартояд. Раиси ҷамоат ин пулҳоро ба даст мегирад, ки одамҳои прокурор сраза медароянду раиси ҷамоатро меқапанд мебаранд ва раиси ҷамоатро 8 рӯз маҳкам мекунанд. Раиси ҷамоат як бало мекунаду баъди 8 рӯз чанд баробар зиёд пул дода мебарояд ва боз ҳам ҳамчун раиси ҷамоат корашро давом медиҳад.

 Фарҳоди камерачӣ-шофери прокурор дар деҳа чи гапе шавад- туй ё маърака- зуд бузӣ мекунад. Хитоби мо ба Фарҳоди камерачӣ! Фарҳод, чени даҳонат хур. Агар бузиву  подставаи  мардумро бас накунӣ ҳар чизе, ки медонем менависем. Номи раиси ҷамоат Шамсиддинов Наим аст.

                                    Нуробод

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам аз як мушкилоти ҷиддии Нуробод бароятон бинависам то дар боло будаҳо огоҳ шаванду чорае биҷуянд.

Мо мардуми ин ноҳия об надорем. Мардуми микрорайонҳои 6 ва 7дар фосилаи як километр об мекашанд. Занону кудакон аз дасти обкашӣ ба касал заданд. Ба раиси ноҳия гуфтаниям, ки бо он парчаме, ки шумо сохтед, ҳиҷ гармие ба мо намерасад. Охир ин ҳайкал чи мушкилро ҳал мекунад?  Магар мо бутпарастем?  Халқи бечора дар офтоб сухту рафт, шумо кай об медиҳед? Аввал об гуфтаанд баъд ободӣ. Шумо ҳам кур, ҳам гунг шудагиед. Хитоби ман ба раиси ноҳия. Ту дар   кабинети худ шишта як бор назар кун, ба он боғи росткардаат, ки чи ҳол дорад? Ба худо айб аст 

Дар ин ноҳия дискотека ҳуй кардаанд. Дар тули таърих дар мо дискотека вуҷуд надошту барои мо ва фарҳанги мо тамоман мухолиф аст. Духтарони мо ва ҷавонони моро ба фаҳшу фаҳшо бурда истодаанд. Охир ин барои чӣ?

Мутаассифона мардуми Нуробод ба дараҷае мурғ шудаанд, ки аз ҳақи худ дифоъ карда наметавонанд. Мефаҳмем, ки метарсанд. Вале ақалан ба “Ислоҳ” вазъиятро нависанд. Охир, кӣ мефаҳмад шумо навиштаед? 

                                     Конибодом

Салом Муҳаммадиқбол! Ин нома пурра ва нуқта ба нуқта нишон медиҳад, ки мо мардуми Конибодом ва Суғд аз хурд то бузург, зану мард бо шумоем. Мехоҳам ин нома ба лаҳҷаи суғдӣ ба нашру чоп расад.

  Шумо мардуми Суғда эҳтиром доред Муҳаммадиқбол ва моро мардуми бамаданияту басавод медонед. Мо ҳам шуморо эҳтиром дорем. Шумо шахси ба имонед ва 25 соат дар сутка заҳмат кашида истодаед, барои беҳбудии миллат. 

6 уми январ Исмоили Маҳмадзоҳири дастбахайр дар Конибодом улоқ ё ҳамон бузкашии минтақавии калонеро баргузор кард, ки дар он аз ҳамсояноҳияҳо то ҳамсоякишварҳо иштирок доштанд. Ба фикрам ин барномаро ягон бизнесмени зери итоати оила, ба монанди Саидмурод Давлатов баргузор карда аст. Барои солим-мукофотҳо уштурҳо, аспҳо,мошинҳо монда шуда буд. Вақте ин чизҳоро фаҳмидам ба хотирам ҳамон духтарони солим мондаи Исмоил омаду тақрибан 5 минут беист, хандидам…

  Аммо баъди 2 рӯзаш, яъне 8 январ, ба Конибодом деҳа ба деҳа ва дар маркази ноҳия аввал милисаҳо омаданд, баъд вазифадорон. Ҳама активу фаъолонро ҷамъ карда дар бораи хоини миллат Муҳаммадиқбол гап заданд. Акнун одами оқил аз ин чизҳо чи хулоса метавонад бароварад?! Ин воқеъа барои тарсонидани мардум аст ва пропагандаи безнесменҳои оила, на бештар аз ин. 

Мегузарем ба Навҷувонови Буратино (лақабаш ҳаминхел) аст. Агар Раҷаббой-ако Қофлонбой бошад, вая лақабаш Буратино) Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати милисаи вилояти Суғд дар фикре аст ки аз кадом ноҳияи Суғд хоинҳоои ба Ислоҳ менавиштагиро қападу мардумро тарсонад. Аммо ӯ як чизи муҳимро “упускать” мекунад. Вай бояд милисаҳои роҳи Конибодом – Хуҷандро пулакӣ накунад тариқи ин “гургҳои” ҳаромхураш.

Онҳо зери ҳар сояи дарахт ранги столба мошина ждат мекунанд. Ҳоло бошад ӯ номаи “Се нома ба пешвои Конибодом” –ро хонда ин рейдҳоро гузаронида истодааст. Намедонам, ки ӯро аз боло ҷаросаша мебарорад, аммо бовар кунед вай точно бе хоб мондагӣ аст. 

Ҳоло милисаҳояш зери ҳамон арчаеянд, ки аз як тарафаш мактаб дигараш детсад, мардума ғорат доран, ҳамонҷост.  Дар пеши мактаби номери 29-и ба номи Садриддин Айнӣ, онҷо зери арчаи зебра милисаҳо пул кор карда истодаанд. Гоҳо мактабҳоро рейд мекунанд. Ва агарки телефон ёфтанд ё соат, штраф мекунанд. Мардум эҳтиёт кунед аз онҳо. Шишаи мошинашон тонировка аст. Онҷо одама медароранду ним соат қатиш мешинанд. Онҳо бе ақлан ин кора мекунан, дар маркази деҳа.

Шуъбачае, ки дар Лоҳутӣ ҳаст, милисаҳои онҷо аз мағозаҳо ғизо ва дигар чизҳои мехурдагӣ мегиранд, аммо пулаша надода мераван, ранги амирони Аморати Қуқанд, дань мегирифтанд ку.

Мехоҳем аҳсан гуям ба раиси бонкҳои Конибодом, ва хусусан ба раиси Амонатбонк. Ӯ ниго нокарда, ки ӯ аз мардуми Конибодом нест, аммо барои инҷо хизмат дорад ва бояд мукофот, сипоснома ва ё ақалан аҳсану ташаккур бигирад дар ин нома. Воқеан хуш бар ҳолаш! Ман медонам Ислоҳ шабакаи воқеист ва ман то что есть ҳамона гуфта истодаам.

Ӯ тағйиротҳои хеле хуб кард ва мо дигар пул намедиҳем ба ҳеҷ кас.

Ман мағозачӣ нестам бо мағозачия бурда руст накунен «бачаҳакои боло».

Хитоб дорам ба мардуми Конибодом!

Эй мардум Раҳмонов имзо мондагӣ аст ки шаҳрвандаш ба ҷанги Украина бурда шавад, ба ватан бар гардед, вагарна ҳаром мемуреду як “удобрение” барои замини Украина мешавед. Русҳо як мардуми не стоящий, ғулом сифат аст, ки аз асри 15 Иван Грозный, то Ленину Сталину имрӯз бошад Путин, зери итоати як шахси диктатор адад кардагӣ астан, зери ӯ бошан.

Аммо Шумо фикр кунед, андеша кунед, ки шумо “ғуломи” ғуломҳо нашаведу набошед.

Ватанатон шуморо интизор аст, манзараҳои руди Сирдарё интизор аст шуморо. Нон ёфт мешавад, аммо шумо дигар боз намегардед ба ин дунё, бояд имрӯз бошед. Ҳамон 200 000 ҳазор рубли ҳаром намеарзад ба нохуни шумо, бародаро, ки шумо борои вай кушта шавед!

Ва вақте ки ба ватан бар мегардеден,ҳ амон зиндагии пеш доштед, ҳамин хел мебаред, аммо дар режими “ожидание”  албатта.

Чунки агар ин “темп” қати давом диҳем, ватани мо ҳиҷ обод намешавад, бас аст эй мардуми Конибодом! То ба кай мурғ барин дар Русия мегардед? Лозим нест то охири умр пулу бойигарӣ ҷамъ кардан.

Биёед ва дигар натарсед аз раиси ҷамоат, ки ӯ аз туй ё дигар ташкилӣ 100 ё 500 сомонӣ мегирад. Вай бо ёрии Ислоҳ бас кардагӣ аст ин корҳоша. Ман боварии комил дорам.

Натарсед ки милисаҳои шуъбачаи Лоҳутӣ шуморо руст мекунад, барои риш, ё телефонатонро проверка мекунад, дигар тарсҳо бас аст.

Ва дар охир мехоҳам, як кореро кунам, ки ӯро Пешвои Миллат,Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, накард! 

Ҳамдардии худро барои ҳама ҷабрдидагон, касоне,ки падар, модар,фарзандон хоҳар ва бародари худашро аз даст дод дар ҷанги қирғизу тоҷик, баён кунам,

Он модарони кулобӣ, қурғанӣ, данғарагӣ, ғармӣ, ҳисорӣ, бадахшонӣ, хоруғӣ, душанбегӣ, Ваҳдату Мастчоҳу Хатлону Суғду Бохтару Конибодому хуҷандӣ ва айнигиву панҷекативу аштиву исфарагӣ, ки аз пушти ин ду режимҳои диктотурии Жапарову Раҳмонов, фарзандони худро аз даст доданд,он модарону падароне, ки наздикони худро, бачаю духтарони худро, падару модарони худро, бобою бибии худро аз даст доданд, ҳамдардии худро баён мекунам ва ҳамчун суғдӣ пешонии шуморо буса мекунам, фарзандвор, бародарвор. Ман суғдиям, ҳамон будике, ки мегӯйитон, аммо ҷонам фидоятон, азизон..

                                  Фархор

Салом бародар. Ин нома кутоҳ бошад ҳам як калима изофа надорад. Ҳамааш воқеӣ аст.    

Амиршоев  Давлатолим, раиси ҷамоати 20 -солаги истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Фархор руирост даст ба ҷиноят зада истодааст. Ин Давлатолим, кали бузи мақомот хона ба хонаи мардум даромада пурсидааст, ки ҳарки пахта дорад, килограммашро бигуяд харидор овардааст. Ин корро дар деҳаи Навруз, собиқ Ламан кардааст. Чандин хонаро списка кардаву рафтааст.

Пагоҳаш раиси ноҳияро бо милисаҳо ва тележка оварда аз хонаҳои мардум пахтаҳояшонро ба зур бор карда бурдааст. Намедонем, ки чанд пулӣ дода бошад? Ин бузи мақомот ҳоло боз руихати бачаҳои синни давъатро тартиб дода аз ҳоло падару модарҳоро тарс дода истодааст, ки дар мавсими баҳорӣ омода шаванд. Ин раис боз мисли худаш чанд бузичаи дигар дорад, ки дар қишлоқи Ламан, Комсомол, Боғи финский ҳамин корро карда истодаанд. Аз дасти инҳо Тоҷикистон рафта наметавонем.

Худое нахоста агар ягон туй кард касе ва  консерт доир накард, яъне гуяд, ки дар туям ҳофиз даъват намекунам, консерт баргузор намекунам, «и казиёло ҷонта да нуки бинит миёран 35 ҳазор, қалинг бти 8,10 ҳазор ваинкаматда бти 3,4 ҳазор заксда бти бо мло иҷозати никоҳ кадан наметан то потписта нагиран барой хизмат, агар мло никоҳ кад ҷаримаш мебандан» 

 Ҳолу рӯзи мо ҳамин хел аст бародар Муҳаммадиқбол!

                                       Исфара   

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Банда он қадар маҳорати навиштан надорам. Вале маҷбурам нависам ва ин нома аз ронандагони Исфарамарз аст.

Дар шаҳри Исфара яке аз идораҳое, ки боҷаи давлатро ҳам пур ва ҳам ғорат мекунад ин БДА-1 шаҳри Исфара бо сарварии Файзидинзода Хушрӯз аст. 

Ин мақомот схемаҳои аҷоибе дорад, ки ҳатто соҳибкорони пешрафтаи дунё мисли Илон Маск ин гуна идеяҳоро намедонанд. 

Порахурии кормандони мақомоти  БДА ба дараҷае расидааст, ки рӯирост аз мардум пул меситонанд. 

Дар худи идораи БДА камераҳо насб шуда вале ягонтоаш ба гуфти худи Хушрӯз Файзиддинзода кор намекунад.

Барои дар ҳар як чорроҳа истодан (поставой) аз кормандони БДА сардор “доля” талаб мекунад ва ҳамасола моҳи декабр бо баҳонаи “сокрашение” ва ташкили руйхат аз кормандон доля меситонад вале ягон бор “сокрашение штат” намешавад. Ин туҳфаи соли навии Хушрӯз ба боло шояд бошад ё ба кисаи худаш! 

Ба ҳар як корманди БДА ба истиснои кормандоне, ки вилоят ё Конибодом таъин кардааст, доля баста шудааст.

Лозим ба зикр аст ки ягон мақомоти БДА-и вилоят ҳатто асбоби дурусти чен кардани суръат-радар надоранд. Ҳамаи онҳо расман аз Госстандарт намегузаранд ҳамааш дар коғаз! Инчунин ягон мақомот радари махсуси шабонгоҳӣ яъне ночное видение надоранд вале мардумро нимашабҳо дошта бо радари рӯзона Дневной радар ғорат мекунанд ё протокол (ин аз нақли собиқ як корманди БДА-и шаҳри Исфара) тартиб медиҳанд.

Дар идораи БДА шӯъбаи 2юм яъне он ҷое ки баъди протокол шудан шумо бояд ҷарима супорида шаҳодатномаатонро бозпас гиред порахурӣ рӯирост аст. Мардум ба коғази холӣ имзо монда миқдори пули гуфтаи Дилбар ё Диля, ки вазифаи секретаркаро иҷро мекунад, медиҳанд.

Хушрузи сардори БДА дар утоқи кориаш нест. Доимо дар “маҷлис”. Маълум нест, ки соати 8 субх дар кучо ҳаррӯз маҷлис бошад. Хуллас, қариб 1 моҳ натавонистам ба қабули “сардор” Файзиддинзода Хушруз дароям. Фақат дар “маҷлис”. Гарчанде аз дохили утоқаш овозаш мебарояд, дарро мекубӣ намекушояд. Мекушояд фақат барои “секретаркааш аз шуъбаи2юм” Дилбар ё худ Диля.

Ин Диля намедонам митиска аст ё татарка, ки ба тоҷикӣ ба зӯр ҳарф мезанад. Оиди онки дар протокол чи навишта шудааст, чи хел мефаҳмад ва миқдори ҷаримаро мегӯяд, як мавзӯи алоҳида аст ва аз рӯи гуфти кормандон беш аз 20сол кор мекунад ва чандин сардорҳоро басар кардааст. Робитаи Диля бо сардорон ин мавзуи виҷдонии худи ӯст. Аммо аламовар ин ки бо тоҷикӣ савол медиҳӣ бо русӣ ҷавоб медиҳад дар идораи давлатӣ! Наход ин Диля ивазнашаванда бошад?! 

Пули ҷаримаро ғайринақдӣ ё нақдӣ дар оинача мегирад ва ба варақаи холӣ имзо мемонӣ тамом. Вақте расиди пардохт мепурсӣ намефаҳмад ва мегӯяд: Да квитансия что-ли, так и скажи квитансия а то говориш расид пасид!!!

 Масалан шуморо протокол карданд, барои риш ё тасмаи бехатарӣ ва ҳуҷҷати ронандагиатонро гирифтанд ва муваққатӣ доданд бо мӯҳлат. Вақте ҷаримасупорӣ меравед ин Диля андозаи ҷаримаро  мегуяд ва мегирад. Расиди пардохт ё квитансия намедиҳад ва ба варақи холӣ имзоятонро мегирад. Аз шумо 169с ё 500с ба миқдори нишондиҳандаи максималӣ меситонад ва баъди нисфирузӣ ҳамаи он варақаҳои холии имзодорро бо ҳадди ақали минималӣ пур мекунад ва мутмаинам, ки бо сардор тақсим мекунад. Вақте ӯ назди сардор Хушруз Файзиддинзода медарояд дар ҳамоно баста мешавад, он тарафи кор хайр номаълум…

Як ҳилаи наверо бо ҳамроҳи гуруҳи Авангарди Исфара ба роҳ мондаанд. Дар хати пиёдагард каме дуртар корманди БДА меистад ва корманди Авангарди Исфара (пиёдагарди қалбакӣ) яку якбора хати пиёдагард ё зебраро зер мекунад ва новобаста аз он ки шумо ронандаи бо маҳорат ҳастед наметавонед саривақт манъ кунед ва корманди БДА-и каме дуртар истода шуморо медорад, он пиёдагардро шоҳид мегирад ва аз шумо пора меситонад ё протокол мекунад. Агар протокол кард дар як гӯшаи он аломатгузорӣ мекунад, ки бо кумаки Авангарди Исфара ҷарима карда шуд. Чигуна онҳо баъд ин фоидаро тақсим мекунанд ё ягон созишнома доранд рости халқӣ оддӣ намедонад…

Ингуна ронандаҳои ҳамкор низ ҳастанд, ки аварийная ситуация месозанд ва бо кормандони БДА ҳамкоранд, шуморо подстава мекунанд ё дар роли пиёдагард ё дар роли ронандаву шоҳид (понятой бо русиаш!)

Аз шумо хоҳиш ин маълумотҳо оиди фаъолияти мафияи БДА-1 шаҳри Исфара аст.

Дар рӯзи ҷумъа дар ҳудуди ҷамоати Чилгазӣ бозори мардумӣ фаъолият мекунад. Бовар кунед ин иншоотҳои ин бозорро ҳама ғасб карда гирифтаанд. Мардум сари   роҳ маҳсулоти кишоварзии худро мефурӯшад ва ба бозор ин ҳудуд тааллуқ надорад, лекин ЧЕК медиҳанд. Илова бар ин кормандони БДА1 дар саршавӣ ва охири ин роҳ истода рақамҳои мошинҳоро то омадани соҳибаш мегиранд ва баъди бозор як -як бо гирифтани пора ё тартиб додани ПРОТОКОЛ рақамҳои мошинро бармегардонанд, ки пеши тоҷирони Ӯзбекистон ва Қирғизҳо шармовар аст.  

Тааҷҷубовар ин ки бештари кормандони БДА аз Конибодоманд. Ҷонишинони  ВКД аз Конибодоманд, барои ҳамин шояд бошад ё ба гуфтаи мардум писарони Конибодом аз модар гаишник шуда таваллуд мешаванд. Инҳо ҳам давлатро ғорат доранд ва ҳам миллатро! 

 Имрӯз Исфарамарз ба Исфарамурғ табдил ёфтааст. Ягон кас зидди ин мафия гап намезанаду ҷуръаташро надорад.

Баъди чунин рафторҳо ва ғорати мардуму буҷаи миллат мошинамро фурухта муҳоҷир шудам. Бовар кунед кормандони БДА Русия аз кормандони БДА-1 Исфара сад бор ба ислом наздиктаранд агарчи мусалмон нестанд. Ман тарафдори бо пора ҳал кардани кор нестам, фақат қиёсан мегӯям бо огоҳӣ ҷавоб медиҳанд. Кормандони БДА-1 Исфара бе ҳақорат  сухан намегӯянд.  Дашному фаҳш гуфтан, фарҳанги мардуми мо дар гузашта набуд вале онро ба мо оварданду роиҷ карданд.

Share This Article