На танҳо худи масъулону мансабдорони тоҷик, балки маъшуқаҳои онҳо, масҳгару фолбинҳои хусусии онҳо зиндагии муҷаллалу бо кайфу сафо доранд. Дар номаи зер аз як чунин маврид ва ҳолати ғайримаъмулӣ огаҳӣ пайдо мекунед. Бо Умрӣ ва Гуля шинос мешавед. Аз робитаи танготанги Гуля бо Қоҳир Расулзода ва инки Гуля ҳатто дар умури давлатӣ сар мехалонад хоҳед хонд. Дар воқеъ номаи ҷолиб аст:
Бустон
Ассалом алейкум домулло Муҳаммадиқбол!
Ман бори аввал ба шумо мактуб менависам, лекин ҳар барномаатонро гуш мекунам ва гоҳо мехонам. Ман аз шаҳри Бустон ҳастам. Корманди яке аз мақомотҳоям. Аслан аз Ғарм ҳастам. Илтимос номаи маро пура нашр кунед. Сокинони шаҳри Бӯстон безор аз ҳамин режими Раҳмон шудаанд. Ман шахсан худам 13сол мешавад дар мақомот кор мекунам. То чанд рӯзи пеш пора мегирифтам. Як тағоям дар мақомоти болоӣ кор мекунад. Фаҳмидам, ки порагирии ман бе фоида, охир надорад. Ман дар оила як писарам. Бобою бобокалонҳоям ҳамагӣ муллову домулло гузаштанд. Мехоҳам дар бораи як чанд касифҳо нақл кунам.
Агар аз ёдатон нарафта бошад кадом вақт шумо дар бораи хеши сарвазир бо номи Гуля матлаб нашр карда будед. Мехоҳам ҳамин нашр аниқу дақиқ шавад. Дар шаҳри Бустон як зани масажистка бо ном Лола ҳаст. Аслан номи ин зан Лола нест. Номаш Умрӣ, насабаш Раҳматова. Ин зан номашро иваз кардагӣ аст. Ду духтар дорад.
Ин зан тақрибан 55-60 сола аст. Аз ҷамоати Қистакуз ва дар Бустон зиндагӣ карда истодааст. Ин зан наркобарон ва дар любой кор қушҳаст. Любой проблемаи шаҳри Бустон дар дасти ҳамин зан аст. Аз ҳукумат то амнияту ГАИю маорифу милиса. Ин зан соли 2011-2012 дар беморхонаи шаҳри Бустон ба ҳайси фаррош ба кор меояд. Он вақт Қоҳир Расулзода раиси вилоят буд. Роҳбари дастгоҳ бошад Сатторов Ҷамил буд. Сатторов ҳамсинфи ҳамин зан мебошад. Умрӣ Раҳматова меравад ба назди ҳамсинфаш мегуяд, ки «ма масажисткагӣ, ай дастум меоя, намешавад ма да беморхонаи шаҳри Бустон масажистка кор кунам». Сатторов Ҷамил ҳам розӣ мешавад ва ин зан мераваду массажистӣ кор мекунад. Камтар вақт мегузараду ба коргарҳо ва корхонаҳо наздик мешавад. Дигар аз номи дастгоҳи вилоят дар ҳамаҷо гап заданро оғоз мекунад.
Як рӯз Сатторов Ҷамил ба Қоҳир Расулзода мегуяд, ки як масажистка ҳаст фарёд кунам массаж кунад. Расулзода розӣ мешавад ва ӯро фарёд мекунанд. Як ду бор барои массаж меояд. Аз Қоҳир Расулзода мепурсад, ки як духтар дорам дар салон кор мекунад ,биёрам нохунҳои поҳоятро маникюр кунад? Қоҳир Расулзода ҳам розӣ мешавад. Духтараш ҳамроҳаш меояд. Номи духтари дуюмаш Гуля аст. Умрӣ ду духтар ва як писар дорад. Духтаронаш ҳамроҳи худаш аммо писараш бо падараш ҳаст.
Гуля ё Умрӣ Раҳматова ба Қоҳир Расулзода маъқул мешавад. Чанд вақт равубиё мекунанд. Дигар тамоми умури шаҳри Бустонро дар души худ мегирад ва касе инҷо барои кор меояд то 500 доллар нагирад ба кор қабл намекунад.
Соли 2013 Қоҳир Расулзода сарвазир мешавад ба Душанбе меравад. Гуля чанд бор пешаш меравад. Баъд ошноии зичи Гуля бо сарвазир овоза мешавад. Гуля ба Хуҷанд меояд. Кори ин зан дар асл масажисткагӣ аст. Вақте робитаи Гуля бо сарвазир овоза мешавад соҳибкорҳо, бачаҳои сумдор пешаш меоянд. Кадоме суми бисёр дошта бошад бо духтарҳояш шинос мекунад.
Ин зани бадгашт чандин хонаву квартира дорад, мошинҳои қиматбаҳояшро зудзуд иваз мекунад. Дар новостройкаҳо ҳам чанд хона ба номи хоҳару додаронаш гирифтагӣ. Хоҳараш Раҳматова Норӣ. Ин ҳам шавҳар надорад. Протсенчик ҳаст. Бо як марди зандор мегардад. Он мард Бахтиёр аз Қистакуз аст. Хулласи калом, Гуля аз Душанбе меояд ва бо тиҷорат машғул мешавад. Дар тиҷорат бо апааш Мадина шарикӣ кор мекунанд. Апааш номашро иваз карда Нигора кардааст. Нигора шуи қонуниаш дар кадом вазорат ҳам кор мекунад. Маъруф ном дорад. Аммо бо Маъруф зиндагӣ намекунад. Баромада бо як марди зану фарзанддор ба шавҳар мебарояд. Номи он мард Эмин, аз Қистакуз аст. Аз Эмин соҳиби як бача мешавад. Чанд сол мегузараду Эмин ба Русия меравад. Мадина бо як уголовник шинос мешавад бо номи Сиёвуш. Аз вай як бача таваллуд мекунад. Мадина аз очааш мепурсад, ки ман бача кардам, чи кор кунам? Очааш мегуяд, ки «хез билета биги Москва рав пеши Эмин». Меравад як моҳ меистад меояд духтардор мешад. Номашро Севара мемонад. Ҳозир Севара се падар дорад.
Бародар ин гапҳоро ман аз забони худаш шунавида ва инҷо нақл карда истодаам. Ҳеҷ туҳмате нисбати ин оила накардаистодаам.
Сипас Гуля бо Мадинаи апааш мераванд дар бозори Панҷшанбе як мағоза ҳуй мекунанд. Чанд вақт савдо мекунанд. Гуля ё Умрӣ Раҳматова бо як соҳибкор робита ва ошиқӣ мекунад. Баъд бо шиносаш маслиҳат карда шарикӣ боз як мағозаи дигар мекушоянд. Номи ин мардро ҳам медонам, аммо беҳтараш ин аст,ки ифшо накунам. Аз 100.000 ҳазор зиёд сумҳои шиносаш-ин мардро мегирад ва ягон чор моҳ кор мекунаду мағозаро маҳкам кард. Меояду дар бозори Сомон мағоза мехарад, ҳамроҳи апааш. Баъд Ф (яъне ҳамон мард) меояд ба сари сумҳо. Мегуяд, ки «сумои мана кай бармегардонӣ?». Гуля мегуяд сум надорам. Вале агар як бори дигар сум пурсӣ ман аз болои ту ариза мекунам.
Вақте бо ҳам кор мекардаанд Ф-ро ба хонааш оварда ҳамаи хуфту хобашро дар телефон камера мекунад, баъд нишонаш медиҳад. Ин ҳамаро дида Ф талхакаф мешаваду меравад.
Духтари хурдии Гуля Лола ном дорад. Худи Гуля мегуяд, ки хурдиамро дар даруни мошин сохтагиам. Гуля соли 2015 бо як мард шинос мешавад. Ин мард устои мошин ва Дод ном дорад. Аммо номашро бо Акмал иваз кардагӣ аст. Мегуяд, ки Лола аз ҳамин мард аст. Сумҳои Акмал тамом мешавад ва ӯ Русия меравад. Он вақтҳо Гуля бо Бахтиёр шавҳари якумаш буд. Ин ҳам аз Қистакуз аст. Бахтиёр ба сари бачаҳояш меояд. Гуля мегуяд, ки бароям як мошин хар, ҳамроҳат зиндагӣ мекунам. Бахтиёр як мошин харида медиҳад. Баъд ба Русия гусел мекунад. Боз бо як марди дигар шинос мешавад. Ин мард Рустам ном дорад ва ин ҳам аз Қистакуз аст. Ин ҳам чанд ном доштааст-Эҳсон, Сарвар. Ин мард контрабандист будааст. Бо ин мард чанд вақт зиндагӣ мекунад. Шавҳараш аз Русия меояд. То омадани шавҳараш мошинро мефурӯшад ва шавҳарашро пеш карда бо ҳамон контрабандист зиндагиро давом медиҳад. Дертар пулҳои вайро ҳам мегирад, подстава мекунад, ҳозир дар Қазоқистон аст.
Гуля аз бозори Панҷшанбе ба бозори Сомон омада як ду рӯз кор мекунад. Бо охраннаи бозор шинос мешавад. Охранник номаш Маъруф. Инро ҳам ба доми худ меандозад. Баъд Гуля мефаҳмад, ки бозор аз дигар кас аст, бо вай шинос мешавад. Вонамуд мекунад, ки ошиқи он одам шудааст ва худро аз Маъруф дур мекашад.
Маъруф аз қафояш поида мебинад, ки ҳар рӯз кабинети раиси бозор медарояду як ду соат нест мешавад. Маъруф ҷугиҳоро пеши магазини Гуля меорад. Бо онҳо пешакӣ маслиҳат карда бо Гуля ҷанг меандозад ва милисаро фарёд мекунад. Мебарад милисахона. Очаи Гуля мераваду аз номи амният, аз номи сарвазир гап мезанад. Начальник милиса шугани меқапад. Занг мезанад ба УВД. Генерал Абдулло Навҷувонов он вақт раиси РВКД буд мегуяд, ки назди ман УВД роҳиаш кун. Меравад пеши генерал ҳамроҳ бо Гуля. Гуля маъқул мешавад. Генерал мегуяд, ки фалон рӯз дачаи МВД меравем ва онҷо ҳал мекунем.
Гуля меравад вале гапи генералро намегирад. Пас аз он модараш мегуяд, ки «чида кори генерала буд накардӣ»? Гуля мегуяд раиси подземнийи Сомонбозор ҳал мекунад,мегуяд «ман зани дуюмаш ҳастам охир» . Баъд генерал ба начальник милиса занг мезанад ва мегуяд дар суд нормальный штраф кунед. Мегирад якҷо бо апааш 170ҳазор сомонӣ штраф мекунад. Генерал против мешавад. Модараш меравад чанд духтарҳои дигарро ба сари генерал Абдулло Навҷувонов мебараду розӣ мекунад. Сипас генерал добро медиҳад ва суд корҳояшро хал мекунад.
Бӯстон дарвозаи Тоҷикистон мебошад. Дар инҷо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Якумин одам дар Бӯстон ҳамин худозада сатрҳои занҳоро дар назди беморхона истода кашондагӣ аст. Инро навор карда дар фесбукаш ҷой кардагӣ аст. Ин касофат дар аввал беморхонаро ғорат кард. Сардухтури беморхона нав шуд -Зулола Осимовна, ин зан яке аз наздиктаринҳои сарвазир мебошад. Ба ин сардухтур гапаш нагузашт. Корро партофта ба як омилони ҳамин беморхона кор карда истодааст.
Ин касофатҳо чанд квартира ва чанд мошини Таёта-кемрӣ доранд вале дар общежити шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекунад. Худаш рурирост «ин ҳама барои показуха» мегуяд. Инро барои раиси шаҳри Бӯстон Нигора Ғаффорзода ремонт кардагиям, 6комната ва як зали калон дорам. Раиси шаҳр ҳар рӯзҳои истироҳаташ меояд, ман дискотека ташкил мекунам мегуяд. Шахсан худаш бо забони худаш мегӯяд: «манда любой кор дабро. Мана кришам сарвазир. Камтар монд да лаби дарё як дача бардошта таёр кунам, куруги Рустами Эмомалиба медаром» мегуяд. Ҳозир дар паҳлуи группаи Алфа як фитнес кушодааст, чиста барои амниятиҳо. Онҷо занҳои шудорро мебарад шантаж мекунад барои бачаҳои амният туғрӣ мекунад. Эй бачаҳои амният! Аз худо тарсед, ман номҳоятонро ин бор намегирам. Аммо Ш.Ч.П. ҳарсеяш шавҳар доранд.
Умрӣ Раҳматова бас кун ин ҳаромкориҳоятро, вагарна капаат дуд мекунад. Кадом сумдор Гуляро роҳӣ мекунад. Гуля бо Тайота камри меравад ва бо вай шинос мешавад, менушанд. Мегуяд ман маст, ту шин дар сари рул. Баъд якҷо бо Меҳроби началники ГАИ подстава мекунад ва 10000ашро мегиранд. То ҳатто ба ГАИи дар роҳ истода мегуяд, ки ба мошинам бензин рез.
Эй Қоҳир Расулзода наход ту ба ҳамин касофатҳо ин қадар добро диҳӣ. Раиси шаҳр Нигора Ғаффори ақлатро хурдагӣ, чи дигар ҳамшираи шафқат набуд, ки омада омада ба ҳамин раҳматнома додӣ? Барои чи додӣ? Барои онки ҳар одихат рафта дар хонааш вискинушию дискотека мекардӣ, раҳматнома додӣ? Рафтӣ, надидӣ, ки хонаи худат ин хел не. Ҳоло дар домҳои шаҳри Бустон инхелӣ ҳафтхонагӣ нест. Сарвазир Қоҳир Расулзода! Ақалан ту сиёсат дорӣ, гир контрол кун. Аз пушти ту гапи зиёд гуфтаагианд ин касофатҳо. Ҳамашро мегираму менависам. Нигора Ғаффорӣ ту ҳам хезу контрол кун. Пас аз нашри ин нома камтар мушоҳида мекунам ва агар ҳолат тағйир накард ҳатман ҳама ончи дар тули ин 13 сол дидаам ва бароям расидааст бо факту далел ба «Ислоҳ» пурра мефиристам.
Духтари якуми Гуля аз дин баромада ба дигар дин гузашта колдун шудагӣ, ба ҷодугарӣ машғул аст. Хоҳараш пештар бо Бахтиёри шрам буд, ҳозир бо як бачаи амниятӣ мегардад.
Панҷ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Панҷ як маълумоти ҷолибро бароятон мефиристам.
Сайфуддинов Худобахш фарзанди Сайфуддинов Юсуф соли тавалудаш 1995 зодаи ноҳияи Панҷ, колхози Кабуд Сайфуддин ва як нафари дигар аз маркази ноҳия бо номи Фурқат тақрибан рӯзхои 4-5-уми сентябр дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ (Московский) бо ҳаҷми 20кг героин дастгир шуданд. Дар ҳолате, ки ягон шахси дигар ин корро мекард дарҳол дар ахбори ВКД нишонаш медоданд. Вале аз сабаби онки фарзанди калони ҳамин Юсуф Сайфудинов, Фаррух, ки началники ОБНОН-и вилояти Хатлон мебошад, инҳоро нишон надоданд. Аммо ҳоло ин ду қочоқбар Худобахшу Фурқат дар СИЗО-и Кулоб қарор доранд. Инҳоро КДАМ боздошт кардааст ва соҳибони инҳо бо суми калон амниятро харидагианд, ки нишонашон надиҳанд дар телевизор ва амаки ҳамин Худобахш Сайфуддинов Юнус, ки собиқ раиси ноҳия буд, ҳоло раиси ҷамоати Кабуд Сайфуддинов мебошад ва ҳамаро бо гуфти кучагӣ «храп» мезанад, ки ман ҳамкурси Муроди телехи Ҷанобам.
Ва аз фурсат истифода бурда як чизеро ҳам бародар Муҳаммадиқбол бояд ба воситаи шумо ба мардум ва мақомот расонем, ки тақрибан солҳои 2018-2019 ба хаёлам фарзанди калонии ҳамин Юнус ба номи Далер дар налоги Панҷ кор мекард. Бо вай як узбекдухтар фарзанди Маҳмуд хам дар налог кор мекард ва Далер ӯро ҳомила мекунад. Пасон духтар мефаҳмад ҳомила шудааст рафта Далерро мегуяд: «манро ҳомила кардӣ, биё равем никоҳам кун ва ба занӣ бигирам. Далер ӯро сахт лату куб карда суханҳои қабеҳ мезанад ва он духтар аз шармандаги рафта худро ба дор меовезаду мекушад». Агарчи ин ҳодисаро тамоми мардуми тарсуи Правда медонанд аммо сукутро пеша кардаанд.
Москва
Ассалому алайкум бародари қиёматӣ Муҳаммадиқбол! Аллоҳи меҳрубон нигаҳбони ҳамаи бандагонаш бошад. Ба ҳамаи муҳоҷирон сабр диҳад ва сиҳату саломат ба ватани азизамон ба пеши падару модарашон ва пайвандонашон баргарданд. Махсусан хоҳарону модароне, ки аз руи ноилоҷӣ муҳоҷир шудаанд, Худо барояшон сабр диҳад.
Ман ду сол муҳоҷир будам. Документам ҳамааш соз буд..
Якто хатогии ман ҳамин буд, ки дар ҷои истиқомат регистрация монда натавонистам. Барои он ки хуҷаини хона розӣ набуд. Чанд нафаре будем регистратсияро дар хостел монда будем. Як ду рӯз нотоб шудам ва дар хона хоб кардам. Як вақт кормандони милиция омада маро бурданд. Аз соати 12.00-и шаб махкам кардан то соати 14-и рӯз. Баъд 5000 рубл штраф карданд ва ҷавоб доданд.
Дар ҳақиқат дар Москва кор кардан азоб аст. Документ дорӣ, патент дорӣ русиро нағз гап мезанӣ боз причина мекобанд.
Бародар ман зан -як модар ва соҳиби се набера ҳастам.
Ман мехохам, ки дар ватанам тинҷӣ ва сулҳ бошад.
Мардуми тоҷики мо як дигариашонро ҳурмату эҳтиром кунанд. Одамфурушӣ байни якдигариашон нашавад. Заводу фабрика ва корхонаҳо сохта шавад, мардуми мо кор кунанд дар ватани азизи худамон. Аз муҳоҷират баргарданд.
Ман қарздор будам, Русия рафта будам. Лекин шавҳарам маро биё гуфт. Ба ватан баргаштам. Омаданамро аллкай даҳ моҳ шуд. Рости гап шавҳарам одами калонсол. Қарзи бонки маро дода истодааст. Як касалро мехонанд, камтар пул ҷамъ мешавад, қарзро бурда медиҳам. Шавҳарам дар як деҳа зиндагӣ дорад, кор нест дар инҷо. Ман ҳозир дар фикр мондагиам, ки чи кор кунам. Русия равам гуям рафтаниам наомада истодааст. Барои он ки азоб кашида будам. Аз як тараф қарздорам, чи кор кунам намедонам. Мехоҳам,ки дар ватани худамон кор кунем. Ватани бегона ба мо ватан шуданӣ нест. Охир барои мо ҳукумати кишварамон кай шароит муҳаё мекунад,ки мо муҳоҷиру ғарибу дарбадар нашавем.
Ашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман сокини ҷамоати Ашти ноҳияи Ашт мебошам. Дар ҷамоати Ашт беш аз 25000 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо бо сабабҳои гуногун феълан 15.000 ҳазор мондаанд. Ҳама аз дасти амният ба Русия куч бастанд. Боз қисме аз дасти налогу қисми дигар аз дасти милиса. Аз раиси ҷамоат шуруъ кунем. Раиси ҷамоат номаш Ёрматов Шавкат. Ин одам панҷ ё шаш сол шуд, ки раиси ҷамоат аст. Як арақхур, доимо буи арақ мекунад. Ин одам бо истифода аз мансаб аз одамҳо пул мегирад. Тамоми тули фаъолияташ ҳар сол аз мардум налоги хона ҷамъ карда ба кисааш мезанад. Аммо барои имсол, соли 2024 дуввумбора налог ҷамъ карда аз ҳама барои панҷ сол талаб карда истодааст. Вақте баъзе аз одамҳо квитансияи налогро пешниҳод мекунанд. Ин аблаҳ бо ҳар баҳона мегуяд, ки ин квитансия кор намедиҳад, чунки ин бояд дар Амонатбонк супорида шуда бошад. Кришааш писараш аст ки дар милиса кор мекунанд.
Дар ҳар мавсими облава бо ҳар баҳона аз призивникҳо пул меканад.
Ва ин аблаҳ соли 2022 як занро дар ҷои кориаш зада беҳуш мекунад. Аммо ба ҷавобгарии ҷинояти тамоман кашида нашуд.
Акнун муроҷиат ба раиси ноҳия Шуҳрат Мамадҷонов! Оё ту хабар дорӣ, ки раиси ҷамоат ба ҳар номаъқулӣ даст дорад ва пули бюҷетро дуздид. Ба ин аблаҳ делои ҷиноӣ кушод. Ва ин фақат як ҷинояташ мебошад. Аз дасти ин беномуси алкаш ҳамин сол занаш худро ба дор овехта кушт. Аммо ин сирро пушида, бо дигар сабаб мурд гуфт. Гуё ин зан ғалтида бошад. Шуҳрат агар ин сагро ба курсии судӣ нашинонӣ дар ҷинояташ ту ҳам шарик мешавӣ ва ҷиноятҳои туро низ аз ин баъд як, як ифшо мекунам ва ба «Ислоҳ» менависам.
Шумоҳо гумон накунед, ки тамоми мардуми Аштро мурғ кардагиед. Хато кардед. Ин Эмомтапак меравад, ҳамаи ту боз бо ин мардум мемонӣ. Зулмро бас кун. Ман ҳамаатро нағз мешиносам ва ҳамаи ту маро нағз шиносед.
Ва ҳоло дар бораи имомхатиб Собиров Умар гуфтаниам. Ин одам як зинокор ва аракхур мебошад. Эй, Собиров агар номус дошта бошӣ аризаатро навис. Ҳамаро гулу гумроҳ накун. Одамонро бифаҳм. Вақте ту маъвиза мекунӣ сухонатро ҳеҷ намозхон гуш намекунанд. Ту минбари пайёмбари азизамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба гадохона табдил додӣ. Ва дар вақти рамазон аз масҷидҳои панҷвақта пул нагир. Дар тамоми деҳа як масҷиди ҷомеъ ду ё се масҷиди панҷвақта фаъол аст. Дарозии деҳаи Ашт 12 км аст. Дигар масчидҳои маҳаллиро маҳкам кардӣ. Агар коратро давом диҳӣ ҷиноятҳои туро низ сад дар сад ошкор мекунам.
Ҳаштуми сентябр Эмоматапак ба ноҳияи Ашт омад ва дидед, ки дар ин намоиш фақат ҶДММ Рахшона буд. Ин ҶДММ ба раиси ноҳия Шуҳрат Мамадҷонов тааллуқ дорад. Рости гап аз тарафи раиси ноҳия ҳам ноадолатиҳо хеле зиёд аст.
Раиси ноҳия Шуҳрат Мамадҷонов пули музди гектарчиҳоро пурра деҳ. Аз ту характери зур будааст, ки ба 10литр равған договор кунӣ. Аммо вақте равған гарон шавад ту 5 литр медодагӣ. Ва то орди кирмкардагиро фурухтӣ. Падарат ҳоҷӣ. Ҳоҷие, ки гусфанди ҳароммурдагиро барои коргарон пухта додагӣ. Ва узбетаборонро дар колхози Еттитепа дар баҳор ба пахтакорӣ маҷбур мекунӣ. Баъд светро мекушӣ, ки об надиҳанд ва ҳама заминро месупорад ва Шуҳрат соҳиби замин мешавад. Ва ҳамаи пахтаи ноҳияро харида мегирад ба чанд суме, ки худаш хоҳад. Чунки хлоппункт аз раиси ноҳия -короли Ашт мебошад. Мо ҳар қадаматро назорат дорем.
Ва ҳама кучаҳоро, маҷбуран асфалт кунонида истодааст. Шуҳрат ту одамонро маҷбур накун. Асфальтро бояд ҳукумат кунад на аз пули халқ. Халқи мо бениҳоят содда аст. Асфалтзавод аз они духтари Эмомтапак. Як мошини он 24 ҳазор сомонӣ аст. Аммо нархи як метри квадратии кори он 120 сомонӣ
Ту андеша намо, ки ҳамсояат 250сомонӣ нафақа мегирад. Аз куҷо ёбад халқи одӣ? Ту шикамсерӣ, кай парвои шикам гурусна дорӣ?
Акнун хитоб ба Эмомтапак. Дар ин аср киштии кайҳонӣ неинтересно шуд. Ту бошӣ ба ноҳияи Ашт омада моҳипарварӣ ва мурғпарварӣ, боғдорӣ, мағозакушоӣ ва кушодани ҳамом ёд медиҳӣ. Ту дигар кор надорӣ. Бе ту ҳам ҳарруз кушодан мегиранду аммо аз ҷабру зулми налогу пожарнику милитсия ва дигар проверкаҳо руст мекунанд. Мардуми мо аз ин сиёсати бехирадонаи ту монда ва дилсард шудаанду аз ватани аҷдодияшон мегурезанд, инро мефаҳми?
Эй Эмомтапак! Худат шарм намекунӣ, ки халк бо пули нафақа кучаҳоро асфальтпуш мекунанд, аммо туи аблаҳ омада қайчӣ мезанӣ.
Эй мардум! Шумо агар ҳаҷ кардани худро ният кардед, ҳаҷҷу умраатонро равед. Ин асфалт кардан, пул сохтан вазифаи давлат мебошад, на аз мо ва шумо.
Ду -се нафар бузи подхалим аз Понғоз назди пешвояшон баромад карданд дар ин сафари омадаш. Ин бузҳо ҳамааш муаллим ва духтур ҳастанд. Онҳое, ки пешонаашон ҷойнамозро дидагӣ не. Ана ҳамин бузҳо буданд, ки бинои мадрасаи масҷиди домулло Абдураҳими понғозӣ пушидаро ба идораи амният доданд.
Баъди мадрасаро гирифтани амният сафи намозгузорон дар масҷиди шайх домулло Абдураҳими понғозӣ хело кам шуд. Ба ҷои 2 ҳазор нафар ҳоло бошад 700-800 нафар ба намози ҷумъа меоянд. Боз ин амнияти СС.Ятимови махуф ултиматум мондааст, ки омӯзгорон ба намоз наоянд, вагарна делои ҷиноятиашон мекушоянд. Ин аст сиёсати «хирадмандона»и пешвои ин давлат.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар яке барномаҳои пешина як аъзои Фронти халқӣ аз ташкили инқилоб суҳбат кард. Ҳамон одам дуруст қайд кард. Бояд як инқилоби калонеро ба роҳ монем. Дигар роҳ нест.
Баъди чопи он нома Эмомалӣ Раҳмонов самолёти 92 миллиондоллариашро ТО-техосмотро бурда овард. Барои мабодо!
Самолётро дар Аврупо ё Амрико аз муоинаи техникӣ гузарониданд, намедонам. Аммо як ҷиянам ҳам дар шумори ҳайати экипажи барои ТО-и ин самолёт чанд вақт кор кард. Гуфт, ки барои ТО-и ин самолёт 1униммиллион доллар аз ҳисоби бюҷети мамлакат ҷудо кардаанд.
Ҳозир бошад худаш савори чархбол Хуҷанду Кулобу Ғарму Данғараро давра зада истодааст. Худо инро назад, ки ҷони мардум биосояд.
Дар мардум мегуянд, ки давои қурут оби ҷуш. Ман ба хулоса омадам, ки давои халқи тоҷик инқилоб аст. Халқро бояд аз ҳолати тарсончакӣ ва бефарқӣ раҳо кард. Ин лаънатии гарданбалонигазӣ халқро мурғ кардааст. Аз ин авлоди патакреша халқи тоҷик безор шудааст. Як спичка шавад тамом. Мо рӯзҳои парвози Эмоматапакро нигоҳ мекунем. Ин спетсназҳояш бовар кунед, тудаи коҳанд. Як хелаш инҷо барои рисовка кор даромадагианд. Овози тирро фаҳманд ҳафт фарсанг роҳ мегурезанд.
Вақте ҳоҷӣ Ҳалим дар повороти аэропорт задашон дар брюкҳояшон мезиданд. Бародар беҷангу ҷангҷол хуб аст, ки бираванд, аммо намешавад. Халқ бояд хезад, дар тамоми корхонаҳо, донишгоҳҳо, мактабу ПТУҳо, бемористонҳо, дар ҳамаи ҷо мардум бояд дар як рӯз ва дар як вақти муайян хезад ва тарафи Душанбе оянд. Ман бовар дорам, ки «якрӯз не якрӯз халқ мехезад, на қили асп мемона на газетхонак, на Шориху на Рустик.
Бародар бесаброна ждат дорем. Бародар: «қасам ба азамати Аллоҳ омодаам ба ҳама ҷонфидоӣ, ҷони ман садқаи сари ҳамин Ватан»