Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№76

Ислоҳ нет

       Хонанда ва дӯстони азизи Ислоҳ! Аз шумо хоҳишамон ин аст ки суҳбат аз низоъу хусумати байни худу ҳамсоя ё ҳамдеҳаро барои мо нафиристед. Аз мушкилоти маҳалла, деҳа, ҷамоат ва ноҳияатон ва шаҳру вилоят ва Душанбе бигуед, ки нашру пахши онҳо бароятон натиҷабахш бошад ва мақомот ва масъулинро водор созад, ки пайи анҷоми рисолат ва вазифаҳои худ бошанд. Дар ин нашри барнома як шикояте аз сокини Деваштич нашр мешавад. Вай ба номае дар барномаи № 49 посух дода ва ҳамдеҳаҳои худро дар дуруғгуӣ ва туҳмат бастан ба падараш айбдор мекунад. Мо, аз нашри ин нома сарфи назар карданӣ шудем, бо ин мулоҳиза, ки ба моҷароҳои оилавӣ, баҳсҳои хонаводаӣ ва низоъи байни худу ҳамсоя ва ҳамдеҳа кордор намешавем, вале муаллиф худи моро иттиҳом зад, ки ҷониби тарафе шудаем.

 Дӯстону нодустон, Худоро гувоҳ мегирем, ки ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд ва нахоҳад шуд. Мо, ҳамеша холисона ва бидуни суистифода аз минбар кор кардаем ва оянда ҳам ҳамин тавр мешавад.

Аммо, бори дигар таъкид ва гушрас мекунем, ки масоили хусусии худро ба мо нафиристед, ки минбаъд нашр нахоҳад шуд.

  Вале ин навбати «Номаҳо…» ҳам ҷолибу хонданӣ аст:

                                             Деваштич

                                 (Раддия ба барномаи №49 )

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Деваштич, аз деҳаи Чуянгарон. Шумо дар барномаи №49 дар ҳақи падарам туҳмат кардед.

  Падари ман Бобоев Худойназар раиси маҳала буданд. Аммо 6 моҳ шуд, ки кор намекунанд, раиси маҳалла нестанд

Инсонеро, ки дар маҳалааш хост роҳбар шуда барои охираташ ободӣ кунад имрӯз ӯро таҳқиру туҳмат мекунед, аз Худо шарм намекунед?

Мо тарафдори ҳақиқат мегуед ва гуфтед, ки 4 фарзанди падар ман хизмат накардааст. Ин тавр нест. Фарзанди калонии падари ман солҳои 2003 то 2005 хизмат кард. Гуфтед, ки тракторро гирифта ба фарзандонаш дод. Аз ҳар сари хона картошка ҷамъ кард гуфтед. Ҳамаи ин гапҳо дуруст нест. Магар сафари ҳаҷ ҷиноят аст, падари ман ҳиҷ гоҳ 5 бор ҳаҷ нарафтааст.

  Соли 2015 хостанд раванд. Инсоне, ки посредник буд фиреб кард. Дигар нияти сафар накардаанд.

 Магар як инсоне, ки барои деҳааш масҷид, ҷанозахона, скваж, оби нушокӣ баровард, албатта бо дастгириву кумаки халқ, дар як чунин инсон шумо чи фикр мекунед?

Падари ман маошхур набуд, холис барои ризоияти Аллоҳ хизмати халқ кард.

  Бародар Муҳаммадиқбол! Ман медонам, ки ин номаи пур аз туҳмату таҳқир нисбати падари ман ва оилаи моро кӣ ба шумо ирсол кард. Ҳозир ҳамин номард оби кран хурда истодааст, заминаш ҳам соҳиби об шуд.

Ҳар касе дуруғ мегуяд, бигзор зани вай талоқ бишавад. Валлоҳӣ, биллоҳӣ, таллоҳӣ бародар Муҳаммадиқбол ҳамаи гапҳои навиштааш дар бораи падари ман дар барномаи №49 дуруғ аст.

 Ма ба шумо паёми садоӣ ҳам фиристодам. Шумо чоп накардед. Вале ин бор бар асоси қонуни матбуот ҳақ надоред, ки чоп накунед.

Боқӣ дар амони Худо бошед.

                            Ҷалолиддин  Балхӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Кайҳон, ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бароятон менависам. Дар деҳаи мо суръати интернет хеле суст аст. Мо аз Хадамоти алоқа талаб дорем, ки ба деҳаи мо як базаи нави стансияи антенна оварда монад. Ҳатто бо телефон, чи расад ба интернет суҳбат карда наметавонем. Даруни хона интернет тамоман кор намекунад. Дар берун камтар истифода мебурдем, ҳозир ҳаминро ҳам бало зад, кор намекунад. Танҳо месенҷер кор мекунаду халос. Ютубро тамоман истифода карда наметавонем. Ягончиро наметавонем тамошо кунем.

Чанд бор ба ширкати Мегафон занг зада шикоят кардем, аммо бефоида. Мегуянд, ки дар тарафи шумо базаи стансияи антенна вайрон аст: «мутахассисон кор карда истодаанд, дар фурсати наздик бартараф мекунанд». Аммо ҳеҷ бартараф намекунанд. Соли дароз ҳамин гапро мегуянд. Ҳар моҳ мо маблағи симкартаро месупорем, аммо дуруст истифода бурда наметавонем. Аз Хадамоти алоқа дархостамон ин аст ки биёянду тафтиш кунанду ширкати Мегафонро муваззаф намоянд, ки ин мушкилиро бартараф созад

                                   Масчо

Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Илоҳо ҳамеша соқу саломат бошӣ. Мо як гуруҳ муҳоҷирон аз Масчо дар шаҳри Маскав ҳастем. Мо ҳамаи барномаҳои Шуморо тамошо мекунем. Мо муҳоҷирон аз тарафи пулиси Русия ҳамарӯза сахт таҳқир мешавем. Аммо аз ватан ҳам хабарҳои баде ба мо мерасад. Дар ноҳияи Масчо қувваи барқ аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз  18 то 22-и шаб дода мешавад. Боқии тамоми рӯз қувваи барқ дода намешавад. Мардум барқ надорад. Худо шумо барин роҳбарро дар лаънату нафраташ гирифтор кунад ва иншоаллоҳ, ки бо ин зулму ситам дар нори ҷаҳаннам хоҳед сӯхт. Охир, то ба кай мардуми тоҷик зимистону тирамоҳи худро бе қувваи барқ мегузаронад. Боз шарм накарда Тоҷикистон биҳишти рӯи замин мегуед.

Ин депутатҳои калушу маҳсӣ фақат ваъда медиҳанду иҷро намекунанд. Фардо дар пешгоҳи худо чи ҷавоб медода бошанд? Пешоби миллат, СС.Ятими лаъин бисёр одамҳои бегуноҳро тюрма карданд. Шумо намояндаи халқ ҳастед, ягон бор ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ эътироз намудед, зид баромадед? Не! Азиззода Ғайрати беғайрат Масчоро ҳаром карда боз депутат шудӣ! Ту ҳамон Ғайрати беғайрати бешрафи арақфуруш ҳастӣ. Вой бар ҳоли ин мардум! Агар ин Раҳмонову Рустаму Озода роҳбарони халқ мебуданд, имрӯз ҳазорҳо ҳазор модару зани тоҷик дар Русия таҳқиру таҷовуз намешуданд. Ин корношоямону беномусон гумон мекунанд, ки касе намебинад, аммо камераҳои худованд ҳамаашро фиксироват карда истодааст. То кай ғорат ва таҷовуз мекунед? Ин шо Аллоҳ рӯзе фардо фаро мерасад ва ҳамаат сарнагун хоҳӣ шуд.

Бо фармони Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбойи раиси вилояти Суғд Азиззода Ғайрат, Умед Зокиров ва дигар мунофиқу даюсҳое, ки бо шумоҳо ҳамкорӣ мекарданд, ҷони марди накукори ватан Тоҳир Азиззода( худо раҳматаш кунад)-ро гирифтед ва ба куштор даст задед:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Шумо нукару югурдакҳои Қофлонбой гумон накунед, ки мардуми Масчо ин воқеаро фаромуш мекунад. Ҳаргиз не! Хулоса. Оё Муаммар Қаззофӣ ва Саддам Ҳусейну Нурсултон Назарбоев ба инҳо дарс нест?

Дар бораи инҳо чи қадар сухан кунем ҳам кам аст. Ин шо Аллоҳ инҳо ҳамааш аз Муаммар Қаззофӣ ва Саддам Ҳусайн бадтар мешаванд.

Ба шумо барори кору фатҳу нусрат мехоҳем!

                                   Қубодиён

   Салому устод Муҳаммадиқбол!

 Мехостам дар бораи ноҳияҳои Шаҳритуз ва Қубодиён каме суҳбат кунам. Аммо пеш аз он мехоҳам як чизи дигарро бипурсам. Ин чоплусҳо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ворид шуда сухан мекунанд. Барои чи мақомот онҳоро боздошт ва ба ҷавобгарӣ намекашанд? Боз ошкоро мегуянд, ки «шишта барномаи шуморо тамошо доштам, хостам дохил шуда суҳбат кунам».

  Магар дар Тоҷикистон ин барномаҳоро тамошо кардан мамнуъ  нест ё ин ки барои чоплусҳо иҷозат аст, ман намефаҳмам. Магар қонун барои ҳама як нест? Ин қадар бесавод ҳастанд, ки Барқи тоҷик лимитро эълон кард, аммо ин чоплусҳо мегуянд дар ҳама ҷо барқ ҳаст. Наход ин қадар кур ё беномус будан мумкин бошад. 

Дар Қубодиён бозорро сузонда ба соҳибкорон ҷойҳои худашонро боз дубора фурухтанд. Аксарияти тоҷирони бозор аз 30 то 40 ҳазор сомонӣ аз бонкҳо қарздор ҳастанд.

Ва боз аз назди беморхонаи кӯҳна то маҳаллаи 8 -март чанд сол пеш муҳоҷирон пул равон карданд ва мардум худ ин роҳро асфалт кард, албатта, бо як ҷанҷоли калон. Пеш  аз ин чанд маротиба пули мардумро гирифта асфалт накарда буданд. Ин маротиба худи мардум техникаҳоро пул доданд ва асфалтро низ худи онҳо хариданд. Инро АЛМАЗ 500+ хубтар медонад.

Ана акнун мегузарам дар бораи Шахритус каме бигӯям. Дар ноҳияи мо низ айни чунин кор шуда истодааст. Аз маҳаллаи Искра то маҳаллаи Карл Маркс халқ худаш пул ҷамъ кард- муҳоҷир то деҳқон- асфалт карда истодаанд ва бунгоҳҳои тиббӣ  сохта истодаанд. 

Ҳамаи инро мардуми оддӣ ва муҳоҷир  созад, давлату ҳукумат чи кор мекунад? Кай ба мардуми одӣ фоида ин давлат мерасад? Ман намедонам (хоҳиш мекунам маро нодуруст нафаҳмед, миннат карданӣ нестам) Муҳоҷир оилаашро хуронад, хона созад, мошин гирад ба бечорагон кӯмак кунад ё дар Русия барои вафот шудагон пул ҷамъ кунад, то ки ба ватан фиристанд, асфалт, мактаб, роҳҳоро таъмир  кунад, кадоми инҳоро кунад? Охир мо муҳоҷирон пулро аз шохи дарахт намечинем, ё инки аз замин руфта намегирем. Боз дар инҷо аз дасти мақомоти Русия дар азобем. Ба мо кӣ кӯмак мекунад, кӣ дарди моро гӯш мекунад. Ҳадди ақал монед падару модарон, апаву хоҳарони мо тинҷу ором зиндагӣ кунанд. Безор шудем охир. Ин қадар номард нашавед. Осиёб бо навбат аст гуфтаанд. Бо изну иродаи Худованди меҳрубон мо бар мегардем ва аз шумо посух хоҳем гирифт.

Дар охир гуфтаниям, ки мардуми Шаҳритус аз шумо хохиш мекунам хап наистед. Медонам ҳамаи мову шуморо ин мақомот азоб додааст. Нависед то ин ки ин палидҳоро тамоми  мардум бидонанд ва шиносанд.  

                                                     Исфара
  Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин!Аз Чоркуҳ,аз мактаби №49 ва аз камбудиву ситами шуъбаи маорифи Исфара менависам.

Рузи10 октябр дар хона нишаста будем. Бачаҳо аз мактаб даъватнома барои падару модар оварда доданду гуфтанд агар наравед ба ҷавобгарӣ мекашидааст. Даъватномаро мебинам, ки дар ҳақиқат дар он аз падару модарон даъват шудааст, ки биёянд ва низ таъкид шудааст, ки барои наомадан ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Ин дар асл даъватнома неву таҳдиднома буд. Бояд рӯзи 11октябр соати10.30 мерафтем.

 Соати10.30 ҳама кору зиндагиашонро партофта рафта буданд. Мардоне буданд, ки синнашон ба 70 расида буд. Ҳатто беморҳо рафта буданд, ки мабодо ба ҷавобгарӣ накашанд. Дар синф қариб 50 мард ва наздики 60 зан ҷамъ омаданд. Соат аз 11 гузашта буд, ки сардори амният Шофизода Шамсидин ва кормандони ҷамоат, шуъбаи кор бо ноболиғони милиса Аюбхонзода Фатҳидин ва муаллимаҳои дигар даромаданд. Касе сухан намекард. Ҳама сукут карда буданд.

Директори мактаб Олимова Отун маҷлисро сар карда суханро ба сардори амният медиҳад.
Сардори амният Шофизода Шамсидин суханро аз таърифи ҷанобашон оғоз карда баъдан аз қавли ҷанобошон тарсондани аҳли толорро сар мекунад.
Аз терроризму ҷанги 92, сарҳади қирғизу сарҳади Афғонистон гуфту баъд аз ҷанги Ховари миёна ва баъд дар бораи ҳизбҳо мисол оварда баъд ба руймоли
духтарҳо гузашт. Вай мегуяд руймол ин ахлоқи духтарро нишон намедиҳад, дилашон пок бошад, ин ахлоқи неки духтаронро нишон медиҳад. Дар ҳамин вақт дар миёни ин қадар мардон ягон кас намегуяд, ки руймол ахлоқу илму маърифати духтарон нест, балки ин фармони Аллоҳ аст. Хусури раиси ҷамоат Ҳошимхон, ки худро мулло мегирад ҳеҷ чиз намегуяд. Вақте   Шамсидин Шофизода мепурсад: «мана домулло шумо гуед, рост ҳаст?» Домулло каллаашро ҷунбонда мешинад. 
Баъдан суханро ба коргарони ҷамоат медиҳад. Онҳо ҳам  гуфтанду гузаштанд. Суханро ба муаллимаи номдор,  хоҳари раиси пешини колхози Чоркуҳ Олимов Неъмат Мутайбахон бо кличкаи Фифи муаллима дод. Вай бо худ даҳ варақ оварда буд ва шуруъ кард ба қироати он, ки он қонун дар бораи падару модар буд. Коргарони ҷамоат ба вай гуфтанд, ки муаллима кутоҳтар кунед.

Муаллима ҳам мухтасар гап мезанаду мегуяд, ки ончики фарзандонатон бесавод ҳастанд, ин ҳама аз шумоҳо вобастагӣ дорад.
Хитоб ба Фифи Фифиҷон карданием!

 Шумо, ки ягон ҷоро нахонда бо ёрдами акоҳоятон муаллима шудед, намедонед, ки агар бача дар мактаб дарс ёд нагирад, дар хона падару модар масъалаҳои мактабиро аз куҷо медонад. Ҳой, муаллимаи нохонда, падару модар фақат метавонанд, гуянд, ки бачам дарсҳоятро хон. Бача, ки вазифа аз мактаб нагирифта бошад, аз куҷо падару модараш маҷбур кунад. Ҳой, муаллима, аввал дар мактаб дарс диҳед, баъд ба бача вазифаи хонагӣ диҳед, он вақт бача дар хона дарс мехонад.
Баъдан директори мактаб Олимова Отун додарзодаи муаллима Фифи ва Олимов Неъмат гапро сар кард. Ин муаллима аз илму маърифат гап назад. Гапро бар сари формаи мактабӣ бурд. Гуфт, ки 1200 форма заказ кардааст, аммо ҳамагӣ 450 форма харидаанду 750 нафари дигар ҳам бояд аз номи мактаб рафта харидорӣ
кунанд, ҳадди ақал яктоӣ!

Хитоб ба муаллима!  

Ҳой муаллимаи аз ошхона бо ёрдами амакҳоят ба курсии директор омадагӣ, гуш кунед!  Вақте шумо ба мактаб омадед, ба омузгорӣ наомада будед. Шумо аввал зарфшу, посудамойшики мактаб будед. Он вақт мактаб ба талабагони то синфҳои 4 хурок медод. Мо аз муҳоҷират омадему фаҳмидем, ки шумо муаллима шудаеду баъд директори мактаб. Шумо, ки аз ошхона ҳастед   намедонед, ки кай формаи мактабиро бихаранд. Муаллима! Мардум формаро моҳи август мехаранд, на мохи октябр. Формае, ки ба шумо боло супориш кардааст, касоне мехаранд, ки пулдоранд. Одамоне, ки пул надорад, моҳи август меваҳои боғашро хушк карда бо пули ночиз фурухта форма харид. Онҳо аз кучо пул ёбанд? Ё боз ягон чизашонро маҷбур бурда бо пули ночиз фурухта ба шумо обру харанд? Шумо бошед ба боло рӯям гарм шавад гуфта маҷбур мекунед.
 Мисоли шумо пулро ба осонӣ намеёбем.

 Ногуфта намонад, ки инҳо беҳад забонашон сахт будааст. Духтарҳоро аз пушти руймолашон бисёр ҷанг мекунанд. Вале вақте духтарони ашхоси бою сарватмандро мебинад забонашон лол, гап намезанад. Э, муаллима, шумо ки руймолатонро аз пушт мебандед, бастан гиред. Дили шумоҳо «пок» ҳаст,ку!  Барои ҳамин бо як муаллим гапатон баромад, аммо духтарҳои мардум дилҳояшон бо руймолашон поку тозааст.
Шоир мегуяд:

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То ба охир мерасад девор каҷ.

Ба гуфти пешвоятон шумо ҳам мусулмон ба дунё овардааст. Аз барои ҳамин, пули директориатонро гиреду фақат ба ҳаёву иффати духтари мардум нарасед. Рӯзе мерасад, ки аз вазифа меравед ва боз ба ҳамин мардум мемонед, ин тарафашро хуб фикр кунед хоҳар.

                  Номаи дуввум аз Чоркуҳ
 Бародар Муҳаммадиқбол, салом! Ҳамсояи Лайсиддин Шароповам. Мебинам, ки касе дар бораи Сангинов Акрам суҳбат намекунад. То ҷое медонам вай дар шахтаи Шуроб кор мекард. Сардор буд. Соли 2019 ё  2020 коррупсия дастгир карда аз кор пеш мекунад. Соли 2021 боз через карда ба кор медарояд. Вай пули коргаронро пура намедод. Вай дар кучаи Таги сада, сари обҷувоз, пеши нонвойхонаи Лайс, дар поини он магазин ва дар болои он хона сохт. Чаҳор асп ва дар Гулистони Исфара 1 гектар замин дорад. Вай ба ғайр аз шахта дар ҳеҷ куҷое кор намекунад. Ман ба вай гуфтаниям, ки аз аллоҳ битарс. Хонае, ки ту сохтаӣ ба сарат бало мешавад.

Аз мо як гуфтан буд, вақташ расад ҷавоб медиҳӣ, ин шо Аллоҳ. Ин  нафар пеш наркотик бизнес мекард. Аз пушти ӯ як мард ба зиндон шишта баромад-Солеҳ Раҳимов. Лақабаш гитам. Писараш дар суди Исфара кор мекунад. Дар охири гап ба Лайс Шаропов гуфтаниям: Ба ту 1 моҳ муҳлат. Агар истеъфо надиҳӣ, чи хел ва бо кадом роҳ дар Сари ҷар дар пушти ҳамом заминро гирифтӣ, чи хел бо любовникҳоят дар Шуроб одих мекардӣ, чи хел ба занат зулм мекардиро навишта чоп мекунам. Беҳуда дар бригадаи 9 аъзои тими Ислоҳро накобеду напоед, мо медонем, ки аз куҷо ва чи хел роҳӣ кунем.

                                     Панҷакент

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

 Ман сокини шаҳри Панҷакентам. Хостам ин номаро нависам, ки дар барномаи «Номаҳо….» бихонед. Ин, алъон ягона роҳест ба режиме, ки руз аз руз ба ин мардум зиндагиашонро душвортар карда истодааст, эътироз ва мухолифати худро баён кунам. Вале ҳар гоҳ мардум бар зидаш хестанд, ман ҳам дар канори онҳо ва дар қатори муборизон хоҳам буд.

Ин мардум ҳамаруза, хонахез гурехта рафта истодаанд аз зодгоҳ, аз ватани худ аммо ин оилаи гушназада ва одамони вай дар тамоми ноҳияи мо реша давонида истодаанд. Ман, медонам, ки дар дигар ноҳияҳо ҳам вазъ чуунин аст. Инҳо мисли ҳамон қавми муғуланд, ки ҳоло ҳатто хонаҳои моро соҳибӣ мекунанд.

  Бародари азиз! Ман чандин сол дар ҳукумати ноҳия кор кардаам. Ҳоло кору бори ин «омадаҳову овардаҳоро» мебинам, сахттар ва душмантар аз муғуланд. Аслан задагианд. Пофикашон аст. Фақат пул! Тамом!

  Дар Панҷакент хеле вазъият бад. Мардуми одӣ умуман вазъияташон безеб. Проблема хеле бисёр шуда истодааст. Лекин ин коргарони ҳукумату дигару дигар фақат дар фикри аз кӣ чи хел пул канда гирем. Ба мардум раҳм надоранд. Ин мардум милати худашон ку?! Барои чи тараҳҳму шафқат надоранд?

Гоҳо фикр мекунӣ, инҳо фарзанди одам нестанд. Манзурам ин раисону кормандоне, ки мардумро ба ҳар роҳ фақат пулашонро мекананду дигар ягон сабукие барояшон намебиёранд. Бобою бибӣ ва падару модар инҳо ҳам одам буданд. Ба инҳо чи шуд? Охир чашм кушоеду азоби халқро бинед! 

  1 проблемаи ҷиддӣ ин бемористону поликлиникаҳои шаҳр аст. Аз ҳама фасодзадатарин муассисаҳои давлатӣ дар Панҷакент мебошанд. Нафари бепул агар касал шавад, ягон касали гузаранда, ки худи организм табобаташ мекунад, ва ин одам болнитса равад, барои вай як намуд ретсепте мнависанд, ки мегуӣ, касали руи ҷогаҳ бошад. Ва, боз ҳатман метарсонанд, ки шумо бояд хоб кунеду таҳти назорати мо духтурҳо бошед. Ана баъд байту ғазал сар мешавад. Дар таги қарз меғутед. Вале баъди қарз боз аз беморхона бо даҳ касли дигар берун мешавед. Чунки қарз худаш як касли бисёр ҳам сахту дер табоатшаванда аст ва фикри пардохти он шахсро сактаи мағз ё дилзанак мекунад.

Духтурҳо ва медсестраҳо дар поликлиникаи шаҳр як намуд суҳбат мекунанд, ки как будто вай инсон не саг бошад. Гапзаниҳо аз осмон, худашон шоҳ табъашон вазир. Бе пул назначени нест! Дар ҷоят ғалтида мурӣ ҳам, нигоҳат намекунанд.

Дуюм ҷои фасодзадатарин идораи ЗАГС аст. Тамоми документ дошта бошӣ, боҷи давлатиро супорида бошӣ ҳам бояд «ҳақ»-ашонро диҳӣ. Вагарна имрузу фардо гуфта чунон кашолкорӣ мекунанд, ки дар ҷонат мезанад.

 Хулоса дар ЗАГСи Панҷакент коргарони он бе пул сухан намекунанд.

 Дар Панҷакент дар кадом идорае надароӣ, нотариус, паспортный стол, милиса, санэпидемстансия, судхона, экология, пожар, водоканал, ҳукумати шаҳр, кумитаи замин, хуллас ҳама ҷо бепул ба тарафат нигоҳ намекунанд. Ҳамин тавр ҳаромхурӣ карда бо мошинҳои хориҷӣ ва ресторанҳои қиммат кайфу сафо карда гаштаанд.

Э, мардум, илтимос чашматонро кушоед. Ин сойкелдиҳои омада ҳоло духтарҳои шумову келинҳои шуморо «кайф» карда истодаанд, набераҳоятонро, духтарҳои ноболиғатонро ҳам кайф карда мегарданд. Ақалан гап занед, нависед ба «Ислоҳ».Як руз не як руз ин ҳаромхурҳо дафъ мешаванд. Садо баланд кунед!

Инро ҳам бояд бигуям, ки дар Панҷакент чи ободие шуду шуда истодааст, фақат соҳибкорони худӣ ва худи мардум карда истодаанд. Аммо онҳоро коррупсия, милиса, амният ва прокурор бовар кунед, ки сокашонро меҷафанд.

 Бо вуҷуди ин ҳама ғорату зулм обод карда истодаанд. Вале ҳокиму ҳукумати ноҳия аз дасташ чизе намеояд. Туф ба чунин ҳокиму туф ба чунин ҳукумат.

Пешниҳоди ман ин аст ки нархи ҳар як услугаи коргарони давлатиро дар дари кабинеташ нависанд ва мардум бояд донад, ки ба ғайр аз боҷи давлатӣ ба ягон коргар пул надиҳанд. Вале ман бовар дорам, ки шумо худатон ҳамаро спетсиално фасодзада карда истодаед. Ин система дар дасти шумо!  Шумо имруз мардум ва ватанро ба қафо бурда истодаед.

Ҷавонҳо, бедор шавед. Бас кунед бефарқиву беҷуръатиро. Бубинед, ки дар дунё мардум чи тавр зиндагӣ доранд?

 Вақте ба сари қудрат ин оилаи гурусна нишастааст, чи хел мо пеш меравем? Дароеду бубинед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин оила бо набераву абераву ҷураи набераву охранники аберааш ҳама дар охирин маркаҳои мошин савранд. Ин ҳама аз куҷо?

Дар телевизион дидам, ки Исмоили набераашро бо худаш гирифта дар ноҳияҳо сафар мекунад. Ин қадар масту махмуру азхуд бехуд шудааст.

   Ин мошину бустонсароҳо, ин зиндагии ба дабдаба аз куҷо? Бобояш 30 сол боз сари қудрат аст. Ҳоло агар тағояш Рустам ояд вазъ беҳтар мешавад? Не. Сад қасам, ки бадтар мешавад. Чунки инҳо аз ин бобояшон фақат илми дуздиву ғорату зулму ситамро ёд гирифтанду ба мерос мебаранд. Инҳам бадтар аз бобояшон ҳаромхуру зинопешаву алайҳи дин мешаванд. Инҳо давоми ин ҳама солҳо омухтанду дар хуну устухонанд дуздии молу мулки давлату мардум ҷо шудааст. Инҳо фақат ба дуздӣ ва бойшавӣ фикр мекунанд. Фиребу найранг омухтанд.

Ага коре кардеду аз ин Оила тавонистем наҷот ёбем бу рӯзҳо ва ояндаи нек метавон умед кард, вале агар тағйир наёфт, ояндаи шумову бачаҳоятон бадтар аз имрӯз хоҳад шуд.

 Бародар Муҳаммадиқбол раҳмат ба ту ва бар падари ту, ки тавониста истодаӣ, ки чашми ин мардуми ба хоби ваҳшатноки зимистонӣ рафтаро боз кунӣ. Ман як орзу дорам, ки мардуми тоҷик ҳам, мо тоҷикҳо ҳам озод бошем, озоди воқеӣ.

                                      Хуросон

   Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин нома аз деҳаи Сабзазори ноҳияи Хуросон фиристода мешавад. Аммо намедонам аз кадом мушкилотамон шуруъ кунам.

 Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳия омада ваъда дод, ки мактаби №7-ро ман худам омада мекушоям. Мактабамон аз асри Ленин монда буд. Аммо ҷояш ҷои хуб буд. Чанд ба ном активи ин ноҳия бо номи Ҳаким ва Шери раис онро ҳам аз худ карданд. Ҳаким заминсози ноҳия буд ва Шер, раиси ҷамоат. Ин дуздон чустучолокиашонро боз дар инҷо истифода бурданду нақшаи мактабро, ки дар ҷои худаш сохта мешуд, дигар карданд. Як зданийро, ки 50 сол пеш сохта шуда вале «хоб» буд, каме краскаву шпаклёвка карда онро мактаб сохтанд. Имсол сарвазир лентаашро қайчӣ кард. Магар инро Эмомалӣ Раҳмонов намедида бошад? Ба ин мардум ваъда дод, ки  ман худам ин мактабро омада мекушоям. Охир ин зданий-бино барои садик-боғчаи кудакона сохта шуда буд. Синфхонаҳо он баро талабагони мактаб мувофқ намеояд. Танг аст. Дар синфхонаҳо ҳамагӣ 6 парта ҷо мегирад. Талабаҳо дар як парта 5 нафарӣ мешинанд. Эй, Эмомалӣ Раҳмонов! Магар ин аст он мактаби замонавии ваъда кардаат.

  Ҳаким ва Шери раис бошанд ҷо ва замини мактаби пешинаро дар номи худашон карданд, ки масоҳати он аз 3 гектар ҳам зиёд аст .

Ин Ҳакими дузд бошад заминҳоеро, ки дар куҳ мардум гандум мекориданд ҳамаашро ба номаш карда гирифт. Мардум дар онҷо гандум корида зиндагиашонро пеш мебурданд. Ҳоло аз дасти мардум бо зурӣ гирифтааст.

  Ҳоло аз чанде аз бузҳои деҳа ҳам  гуфтан мехоҳам. Мардум аз дасти инҳо ба дод омадаанд. Якумаш Махмадулло бо лақаби каргас, дуюмаш Абдуллаев Боймаҳмад, сеюмаш Исматов Салим, ки дар ҷамоат кор мекунад. Писароне, ки синашон ба хидмати ҳарбӣ расида бошад бо ҳамроҳи чанд лошахур ба хонаҳои онҳо рафта аз онҳо то 10 ҳазор сомонӣ мегиранд. Ин беномусҳо ҳатто талабагони мактабро аз масҷид зада берун мекунанд.

   Ноҳияи мо дар аҳди шуравӣ ҳамаҷоҳояш ба об таъмин буд. Ҳоло бошад 10% бо об таъмин нест.

  Имсол Исмоили дастбахайр ба деҳаи ҳамсоя об баровард. Аммо оби баровардаи вай ҳамагӣ 7 минут омад ва ба ҳамин тамом шуд. Вале онро дар телевизион нишон додаву воҳимаю ҳамҳама карданд, ки деҳаро аз об таъмин кардем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳишам ин аст ки ин номаи маро нашр кунеду хонед.  Ман боз аз дастдарозии директори ин мактаб ба талабаҳо ба шумо видео ирсол мекунам ва аз дуздиҳои раиси ноҳия, мудири шуъбаи маориф менависам. Ман дар ҳукумат кор кардаам ҳамаи дуздиҳои инҳоро хуб медонам.             

Share This Article