Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№82

Ислоҳ нет

    Обруи ин ҳукумати беобру беш аз пеш рехта истодааст. Дар идораи раиси ноҳияи Рашт Набизода Муқимӣ Раҳимҷон мо қаблан ҳам навишта будем. Баъдан Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар як ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ зимни суханронии худ аз ҷурму ҷинояти ин узви Маҷлиси Миллӣ ҳарф зада ва аз аъзои Маҷлис хост масъулияти вакилии ӯро қатъ кунанд то битавонад, аз дохили толор ба дастонаш завлона зада ва дар баробари тафтишот қарор бидиҳад, Ин ҳам дар ҳоле, ки дар оғози соли ҷорӣ ин раисро Агентии мубориза бо фасод «по наличий» дастгир кард, вале бо дахолати боло раҳо шуд.

Ҳоло дар дасти мо матлабе  расидааст, ки гумон меравад муаллифи он аз Прокуратураи генералӣ аст ва аз маводи парвандаи ҷиноии раиси Рашт огоҳӣ дорад. Аммо савол ин аст ки чаро ду ниҳод, Прокуратураи генералӣ ва Агентии мубориза бо фасод зурашон ба  Набизода Муқимӣ Раҳимҷон нарасид?                  

                                             Рашт

  Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Рашт менависам. Саволам ин аст ки чаро раиси ноҳияи Рашт бо 10-ҳо ҷинояти коррупсионии ошкоршуда то ҳол дар вазифааш фаъолият мекунад ва боз нотарсида ҷиноятҳояшро идома дода истодааст? 

Раиси Рашт Набизода Муқимӣ Раҳимҷон аз моҳи марти соли 2019 дар ин вазифа   фаъолият мекунад. Мо хостем, ки ҷиноятҳои Набизода Муқимӣ Раҳимҷонро таҳқиқ кунем ва ба самъи ҷомеъа бирасонем. Ман ҳамчун як фарди фаъоли ҷомеъа натавонистам, ки худро ба канор гирам ва дар оянда назди виҷдонам худро гунаҳкор ҳисобам. 

  Муқимӣ Раҳимҷон дар ин 4-5 соли фаъолияти кориаш даст ба ҷиноятҳое зад, ки вазъияти молиявии Раштро дар ҳолати буҳронӣ қарор дод.

 Раиси ноҳия аз раиси ҷамоати Ҳоит Шарифзода Умедҷон барои таъини мансаб ба вазифаи раиси ҷамаоти Ҳоит 75 ҳазор сомонӣ пора гирифта ӯро ба ин вазифа таъин кардааст. Тамоми корҳои сохтмонӣ, ки аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ мешавад, ба ҳар роҳу восита ғорат карда мешавад. Ин дуздиҳоро ба воситаи муовинаш Шарифзода Ҳамдулло анҷом медиҳад. Вай аз пули ғорат мекардааш 10% ҳақбар аст. Аз ин 1% ҳиссаи Ҳамдулло мебошад.

Барои мансаби бахши танзими ноҳия аз Искандаров Оятулло 10 ҳазор сомонӣ гирифт. Искандаров Оятулло бо соати дастиаш, ки дар дохили соат камера ва диктофонгузошта буд, ҳангоми додани пора раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷонро сабт карда аст. Айни замон ин сабт дар Агенти назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор дорад. 

 Дар таъин намудани мансаби раиси ҷамоати Ҳиҷборак Лочинбег раиси ноҳия бо воситаи ҳоҷагидори ҳукумати нохия Рашт Асалов Маҳмадҷон 65 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифт. Пасон Лочинбекро раиси ҷамоати Ҳичборак таъин намуд.Баъдан раиси ҷамоати Ҳиҷборак нафс ва пастии раиси ноҳияро мефаҳмад. Ба раиси ҷамоати Қаланак гуфтааст:-« Мансурҷон ин раиси ноҳия 65 ҳазори мана гирифту ягон корамро буд, накарда истодааст». Мансур бошад ба ӯ ҷавоб додааст, ки ин раиси ноҳия ба мисли пилесос ҳамаи чизро кашида мехурад. Ба ману ту ягон манфиате надорад, хубаш бас кунем. Ман ҳам 75 ҳазор ва як дулан ангишт додаам, боз қарзидор мешавем. 

 Ҳаминро қайд кардан лозим аст ки Набизода Муқимӣ Раҳимҷон аз тамоми роҳбарону ташкилотҳои ноҳия барои мансаб маблағҳои калон ба ҳар роҳу восита талаб намуда мегирад. 

 Раиси ноҳия аз Мирзомаҳмудов Ҳомидҷон як миллион сомонӣ дар давраи раиси ҷамоати Каланак буданаш гирифтааст. Гуё барои сокинон участкаи наздиҳавлигӣ тақсим карда медоданд.

  Аз мудири маориф садҳазор сомонӣ 20 январи соли 2023 худи раиси ноҳия талаб намуда буд: «мана гуфт, ки бар роҳбари дастгоҳма бтешон, ман маблағро аз дасти роҳбари дастгоҳам мегирам. Коргарони агентӣ роҳбари дастгоҳашро боздошт намуданд.

Б ӯ гуфтааст, ки бар маблағро ба дасти роҳбари дастгоҳм Холмаҳмад Ортиқов бидеҳ Мудири маориф Додарбек маблағро ба дасти роҳбари дастгоҳ медиҳад. Раиси ноҳия мегуяд   ман маблағро аз дасти роҳбари дастгоҳам Оритқов Холмаҳмад мегирам. 

Ва баъдан коргарони Агентии мубориза бо коррупсия роҳбари дастгоҳашро боздошт намуданд. Дар баробари раиси дасттгоҳ худи раиси ноҳияро ҳамроҳ бо маблағи пора  боздошт, карда мебаранд, Вале бо сабаби дар Тоҷикистон набудани қонун ва инки раиси ноҳияи Набизода Муқимӣ Раҳимҷон аз тарафи Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон пуштибонӣ мешавад, уро раҳо карданд. Чунки «даромад»-и Набизода бо раиси Маҷлиси намояндагон 50 ба 50 аст.

Дар баробари ин раиси ноҳия ҳар моҳ маро мегуфт, ки маблағҳои муайян аз директорон гирифта биёр. Дар посухаш мудири маориф гуфтааст, ки омузгор чи дорад, худаш ба зур рузгорашро мебарад.Ва инчунин ҳаштсадҳазори дигар дар давраи раиси ҷамоат будани мудири маорифи ҳозира аз шаҳрвандон барои қарори заминҳояшон  гирифта аст. Нисбаташ оиди ҳамин ҳолатҳо делои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ногуфта намонад, ки раиси ноҳия аз шаҳрвандон аз 20 то 100000сомонӣ пора мегирад. Мардум ба дод омадаанд. Раиси Рашт аз Шеров Ғазалшо ба маблағи 3000доллари амрикоӣ пора гирифта дар бари бозорчаи шаҳраки Навобод ба вай замин додааст.

Баллаев Хурсанд раиси молияи ноҳия Рашт бо супориши раиси ноҳия аз буҷаи маорифи ноҳия 1млн сомонӣ ҷудо карда дар 200000 барои мактабҳои ноҳия компютерҳои пастсифат харидорӣ ва 800000дигарашро ба фоидаи худашон истифода намудаанд. Дар маҷмуъ дар муддати чор соли фаъолияти кориаш 3млну 200000 ба буҷаи давлат зарар расонид. 

  Хонандаи гиромӣ! Худ қазоват, кунед! Як раиси ноҳия ин қадар ҷиноят содир кунад, буҷаи давлатро ба сифр баробар кунад, пас чи гуна ин давлат метавонад пеш равад, сатҳи зиндагии мардум, маош ва нафақаи мардум боло равад? 

Соҳаи маориф соҳаи ҳаётан муҳим ба шумор рафта тамоми пешрафтҳо дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аз маориф вобаста мебошанд. Чаро Набизода Муқимӣ Раҳимҷонро бо ин қадар ҷиноятҳо касе чизе намегуяд?  Ҳама ин маблағҳои ғоратшуда аз соҳаи маорифро бо ҳамроҳии Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тақсим намуда барои маишати худ истифода мебаранд. Ояндаи фарзандони мардум барояшон аҳамият надорад.

 Дар Рашт Набизода Муқимӣ, раиси ноҳия, Кишварзода Абдурашид, прокурор ва Маҳматоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон як мафия буда ҳар ҷинояте, ки бихоҳанд, анҷом медиҳанд валея, касе нест онҳоро чизе бигӯяд. Зеро Прокурор -назоратчии қонун бо раиси ноҳия ҳамдаст мебошанд. Кришаи ин ҳаромхурҳо Маҳмадтоир Зокирзода мебошад. Ба гуфти худаш гапаш ба Эмомалӣ Раҳмонов лезва аст. Агар чунин намебуд, Муқимӣ Раҳимҷон бо 10000 доллар пора ба дасти кормандони Оҷонси зидди фасод афтод, вале то ҳол дар озодӣ аст. Чунки Маҳмадтоир Зокирзода дарҳол дахолат кард ва ҷони Муқимиро харид. Акнун ӯ бояд як ҳаёт ҷуброн пардозад ба Зокирзода. Хуб, дигар он тарафаш ҳукумати ҷинояткори Раҳмоноваст. Дуздиву ғорат мекунӣ «лоя ғафс»медиҳӣ, боз кор карда мегардӣ.

                                          Ҷиргатол

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!Ман як шаҳрванди Тоҷикистон. Номам махфӣ. Аз ноҳия Лахш, собик Ҷиргатол. Номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Ман ростӣ, «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро хеле тамошо мекунам. Ман мебинам,тки аз ноҳияи мо кам навишта истодаанд. Намедонам аз чи сабаб бошад?

Дар ноҳияи мо як сехи дузандагӣ ҳаст, ки барои мактаббачагон форма медузад. 

Намедонам роҳбари он кист? Аммо либосҳои медухтагиаш барои талабагон мувофиқу муносиб нест. Вале мактабҳоро маҷбур мекунанду сари ҳар хонанда бор мекунанд.Сари як хонанда 170 сомонӣ. Либосҳоро як намуд духтаанд, ки брюкаш ба муаллим ва муаллима калонӣ мекунад. 

Аммо падару модарро меоранд ба сари муаллиму муаллимаҳо мезананд. Муаллимҳо ба навбати худ мегуянд, ки равед сехи дузандагӣ, онҷо шикоят кунед, инро мо намедузем. Онҷо мераванд, ҷавоб медиҳанд, ки «брен куҷошикоят кнен кадан гирен, фармон аз боло». 

 Баъдан дар мактабҳо ҳамаи либосҳоро ба хонандагон фурухта наметавонанд. Аз он тараф сехи дузандагӣ ҳарруз занг мезананд ва издеватся карда гап мезананд:«ҳа,муаллими советӣ, пулро кай мебиёрӣ».

Мудири маориф бовар кунед, як раққосаро мондагианд, ному насабашро нависанд, чор ҳарфашро хато мекунанд. Ӯро раиси собиқ, ҳамон даҳмарда таъин карда буд. Боз изо накашида мегуяд, ки инро кӣ вазифа додааст. Бовар кунед, як корҳое мешавад, ки одам шармаш меояд. Он раисаи раққоса бошад дар гирдаш пур аз духтарони бе шарму ҳаёро ҷамъ карда маорифро ба фоҳишахона табдил дода истодааст. Мактабҳо пур аз муаллима шудааст. Ҳамаашон не, вале баъзеашон беимонҳо барои вазифа шуда номусашонро мефуршанд. Муаллими мард кам мондааст. Монда бошад ҳам онҳо дар қатори муаллимаҳоянд. Мактабҳо ҷазир шудаанд.

 Аз талабаҳо сар карда то муаллиму муаллимаву директор буз шудаанд. Бузҳои деҳа, бузҳои ноҳия. Хоҳиш мекунам, бас кунед. Ин дафъа бо исму насабатон зикр мекунам.

Кормандони шуъбаи милиса гушна монанд, мисли шағол ба шикор мебароянд. Якум мактабҳо меоянд ва конспекти омузгоронро тафтиш мекунанд. Надоштагиашонро ҷарима мебанданд. Ҷарима барои кисаи худ. Дар асл муаллим конспект дошта бошад ҳам онро корманди милиса худаш намефаҳмад, ки муаллим чи навиштааст ва чӣ навишта шудааст. Мактабҳо тамом мешавад, ба хонаҳои мардум сар мекунанд. Аз хона ҳеҷ чиз наёбанд счетчики хонаро мебинанд. Бовар кунед, ки аз иваз кардани счетчик безор шудаем. Ҳар сол як счетчик иваз мекунем.

Бадии кор дар ин аст ки ҳар касе барои ин ё он вазифа дар ноҳияи мо таъин мешавад, одами одӣ нест: ё ҷияни генерал меояд, ё ҷияни ягон мансабдори дигар, аммо аксарият аз «бачаҳакои боло».

Маълум аст ки дар ноҳияи мо тоҷику қирғиз зиндагӣ мекунанд. Аз дасти як хел бузҳо дар ноҳияи мо масъалаи миллат пеш омадааст: ту қирғиз, ту тоҷик. Ин хел гапҳо пеш вақтҳо тамоман набуд. 

                                        Нуробод 

Ассалому алейкум бародар  Муҳаммадиқбол. Аз Нуробод менависам. Ҳоло дар ватан нестам, дар муҳоҷиратам. Аз ватан фақат хабарҳои нохуш мешунавем. Ҳоло гуфтанд, ки кормандони ҷамоат аз ҳар як хонаи ҳар деҳа 20 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Бо ин баҳона, ки дар ҷамоат ҳосили картошка хуб нашудааст. Аз халқи камбағал пул ҷамъ карда истодаанд. Гуё харида месупоридаанд. Ман намедонам ин корро чи хел фаҳмем? Хуб, картошкаи ҷамоат нашудааст, ба ин халқ чи дахл дорад? Чанд сол шуд аз халқ ҳам ҳосили картошка хуб намешавад. Худи ман ҳар сол 8 линча картошка мехарам. Боз ин ҳаромзодаҳо худи ҳамин руз пул ҷамъ карда истодаанд. Раисони ҳар як деҳаро занг зада мегуянд, ки пул ҷамъ кунед. Инаш дарди ба хайр. Ҳар сол 1000 сомонӣ аз деҳаҳо барои обунаи газета мегиранд. Боз барои пажар ҳар сол 1500 сомони аз деҳаҳо мегиранд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мо ҳама шуморо тамошо мекунем. Нурободиёнро мурғ нагуед. Ҳамаи мо аз Эмомтапак безор шудаем. Бо данат кумак мекунем, боз лайк мемонем ва агар ҳар вақте лозим шуд, хонахез омода ҳастем.

                                              Ваҳдат 

    Салому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Ваҳдат менависам.

 Мехоҳам дар бораи як муаллими порахури Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба шумо нависам ва илтимос дар барномаи «Номаҳо…» нашраш кунед.

 Ин порахур Шарипов Тиловатулло,муовини директори коллеҷ мебошад. Зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, аз деҳаи Элоко аст. Ҳангоме, ки дар ин ҷо таҳсил мекардам ба гуруҳи мо омада гуфт 50 сомонӣ барои ремонти синфхона ҷамъ кунед.тДар гуруҳ 50 нафар таҳсил мекард.Талабаҳо ҳама бароварда ин пулро додем. 

Як  ҳамкурсам пул надошт уро маҷбур кард. Ҳамкурсам гуфт устод се руз пас меорам, ҳоло надорам. Ин порахур бо дағалӣ гуфт, ки «надорӣ коллеҷ наё». Боз ин порахур қории Қуръон ҳам будааст. Боз мегуяд «ма шогирди махсуми Зубайдулоюм, дар ҳамсоягиаш зиндагӣ мекнм».

 Як руз гуфтам устод шумо Донишгоҳи миллиро хатм кардаед, званий доред. Гуфт шогирд «устодут ай авал органай». Ҳангоме аз мо 50 сомонӣ ҷамъ кард гапу чап шуд, ки комиссия меояд. Шарипов омада тарафи мо гуфт, агар пурсанд, ки пули ремонт ҷамъ кардед, шумо гуед, ки агар даркор бошад ҷамъ мекунем, аммо ҳоло ҷамъ накардаем. Як руз дар кабинеташ будем. Гуфт шогирд одамҳо худашонро тағадор мегиранд: «агар ма таға намедоштм дар и кабинет намешиштм, мара бисёриҳо паставит карданӣ бдан, ай дастшон ягон кор наёмад. Барои таъмири синфхона сари донишҷу 50 сомонӣ девори онро оҳак заду тамом.   Директори коллеҷ Бахтиёр Камолов, аз Варзоб аст, ки ӯ ҳам як порахур мебошад. Барои перевод аз як факултет ба факултети дигар 1000 сомонӣ азхуди ман ба воситаи муовинаш Шарипов гирифт. 1000 сомонӣ додам, баъд як печату имзо кард.

                                                  Нуробод

Салому дуруд ба шумо бародар Муҳаммадиқбол! Сокини ҷамоати ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нурободам.  Соли гузашта моҳҳои ноябр ё декабур буд, ки Эраҷ Наимов бо ҳамроҳии шайкаи гуруснааш ба деҳаи Миёнадара омада дар борои мактаб маҷлис гузаронд. Гуфт:- «боми мактаб хароб аст ба шумо айб нест, ки дар сари фарзандонатонмечакад». Раиси маҳалла аз сокинон190- 200 сомонӣ ҷамъ кард. Аз дорову нодор як хел.

Дар ҳоле, ки бархе ҳатто 200 сомонӣ нафақа намегирад. Пулро ҷамъ карда бо тариқи ҳашар боми мактабро пушониданд. Шиферу тунукаи куҳнаашро ба мардум бо нархи арзонтар фурухтанд ва то инки суми ҷамъ шударо барои ягон кори дигари деҳа истифод баранд. Лекин Эраҷ Наимов хост, ки аз ин маблағ доля гирад, аммо надоданаш.

Муддинов Баҳриддин котиби ҷамоат аст. Ҳамаи шаҳодатномаҳои таваллуди кудакҳоро тамоман хато навиштааст. Вақте муроҷиат мекунӣ, мегуяд ин сабт шуд, адлия равед. Дар адлия 4 нафаранд. Лутфия Соҳибназар, Ғаюр аз дараи Мучахарф, Бегиҷон ва Манучеҳр. Инҳо, бовар кунед тамоман инсофу диёнат надоранд. Коратонро буд намекунанд. 

  Бармегардем ба куҳҳои Миёнадара. Дар кухо заминдор дехаи Миёнадара хаст.  Ҳудуд ва марзи он аз Сари манор, аз замини Шоабдулло то сари Дараи намак рафтагӣ аст. Қисми поинаш то Чашмаи Босичо. Ин заминҳо ҳамааш ба Миёнадара тааллуқ дорад. Чашмаи босича то роҳо ҳозир ба деҳаи Кумбак таалуқ дорад, аммо ба фикрам андозашро мо месупорем. Мегуяд чи шартномае байни деҳаи Миёнадара ва Кумбак ҳаст, аммо касе надидааст. 

Ҳар сол куҳҳои моро ба чупонҳо мефурушанд, аммо мо андоз месупорм. Ба ин кор раиси ноҳия, ҷамоат ва хоҷагии деҳа даст доранд. Моҳи май як чупон ёфтанд, ки моли деҳаро бо ҳамроҳии моли худаш ба айлоқ бурда 2 ё 3 моҳ бонӣ кунад. Чупон куҳро нодида ризо мешавад. Омода моли халқро гирифта ба куҳ мебарояд. Аммо дар куҳ дигар чупон ҳаст. Ӯ чупонро ронданӣ мешаванд. Чупон мегуяд, ки ман ба Эраҷ Наимов 4000 сомонӣ додам, ҳеҷ куҷо намеравам. Чупон моли мардумро партофта рафт. Ҳозир раиси хоҷагӣ ва маҳалла Фақиров Мурод як бадмасти арақхур аст ки мардум ва деҳаро дар як шишаи арақмефурушад. 

                                              Хуҷанд 

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Мо мардуми ранҷдида- сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ГАИ-ҳои роҳи Хуҷанд – Конибодом ва облавачиҳои ин минтақа,намедонем доди ҷонкоҳи худро ба Қофлонбой гуем ё ба Эмин Ҷалилову Абдулло Навҷувонов.

Ягона роҳе, ки мо интихоб кардем, ба шумо навиштани дарди мардуми Суғд,танҳо шумо ҳаст. Мегузарем ба ГАИҳои роҳи Хуҷанд- Конибодом. Дар номаи пешинаи худ шумо дуруст гуфтед, ки ин роҳро як аквариуми ғорати мардум кардаанд. Охир ин «бачаҳакои боло» фикр доранд, ки мо аз ягон давлати бегонаем? Ё хуни мардумони Конибодому Хуҷанд сабзу кабуд аст. Илтимос, беиваз нашр кунед. Баъди номаи “Нафрати хистеварзиён” танҳо дар худи Хистеварз зиёда аз 17 -то, ман худам шумурдам шумораашро,корманди ГАИ дар як деҳа.Тамоми мардумро фарқ надорад ҷавон ё пирамард, ришдор ё бе риш, ҳамаро рейд карда телефон ва дигар ҷойҳои телефонҳоро гуфти худашон «проверка»доранд. Ин аст демократияи Эмомтапак? Дар бораи ғорат кардани мошинҳои ин роҳ чи гуям? ГАИ-ҳои бесавод ҳамаашон аз як минтақаи Тоҷикистон ҳастанд ва лаҳҷаашон ҳам як лаҳҷаи муайян аст. Ҳамин тавр дашном мекунанд, ки фаҳмида наметавонӣ. Як коргари ГАИ дар Хистеварз як кудакро бо мошинаш зад. Мо мардуми Хистеварз мехоҳем ин ГАИ- ҳое, ки17 нафар танҳо дар як деҳаи мо-дар Хистеварзи вилояти Суғд ҳастанд, фаъолияти ғоратгаронаи худро пурра қатъ кунанд. Мо намахоҳем инҳоро дар райони худ бубинем. Чунки инҳо на марзро ҳимоя доранд, на мардум ва на ватанро. Корашон говдуздӣ, таҷовуз, пулгирӣ аз мошинҳои роҳ.

  Ман Хистеварзро дуст медорам. Ман ватанам-Тоҷикистонамро дуст медорам. Лекин ғоратгарону ҳаромхурҳо ва хатлониҳоро не. 

Мехоҳам хистеварзӣ дар сентри Данғара ГЕНЕРАЛИСИМУС шаваду Тоҷикистонро обод кунад. Ман намедонам шумо чи хел ба ин суханҳоям реагироват мекунед. Лекин агар ки нашр кардед, бигӯед ба лаҳҷаи худашон ба ин «бачаҳако», ки роҳи Хуҷанд-Конибодом ва Хистеварзро «пулакӣ» накунанд.  

                              Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол.Ман ин ҳикоятро аз нафаре, ки дар Қушунҳои сарҳадии КДАМ кор мекунад ва рутбаи баланди ҳарбӣ ва мақоми низомӣ дорад, шунидам. Аммо, маълум аст ки номи вайро пинҳон медорам. Вай дар бораи як нафар гап зад, ки вақте мефаҳмед, ки чи корҳое мекунад, боваратон намеояд. Вай гуфт, ки ин одамро мешавад, Рембо ё одамробот гуфт. Вай Хоҷаев Сорбон ном дорад. Соли тавалудаш 1997, аз Тавилдара мебошад. Ин одам баъди хизмати ҳарбиӣ курси кутоҳмуддати Кумитаи давлатии амниятро хондааст. Вақте ба кор шуруъ кард, аз дигарон фарқи хеле зиёд дошт. Корро дар Хуҷанд, дар қушунҳои сарҳадӣ сар мекунад. Шуруъ аз соли 2017 ба ҳар куҷое, ки ин одам меравад, дар онҷо бисёр мурдаҳоромеёфтанд.Дар Чоркуҳ корро давом додааст. Вақте ба сарҳад, ба постҳо меравад, бидуни фармони  командир ва танҳо меравад.  Ҳол онки дар вақти ҷанги Тоҷикистону Қирғизистон ба тарафи пост равон кардани як нафар мумкин набуд. Аммо ӯ бе ягон монеа танҳо мерафтааст. Дар гуруҳи алохидаи махсуси разведка кор карда танҳо бо як командир кор ва фаъолияти худро пеш мебурдааст. Ва дигар ягон касро гуш намедодааст. Аз дасти ӯ началникҳои штабҳо ба дод омада будаанд.

Кадом вақте мехостааст ба хона мерафтааст ва кадом вақтеки мехостааст боз ба кор меомадааст. Дар вақти ҷанг  бо қирғизҳо барои вай зану мард фарқ надоштааст. Кадоме аз сари роҳаш мебарояд ӯро мекуштааст. 

Ва як рафтори аҷибаш ин будааст, ки агар бо вай касе ҳамсуҳбат мешавад, ҳеҷ вақт бовар намекардааст, ки ӯ қотили одамкуш аст.

Соли 2021 29 апрел дар Хоҷаи аъло ҷанг мешавад. Аксарияти сарбозони қирғизро, ки онҷо мегузаштанд, бо антиснайпер мепарондааст. Ниҳоят бераҳму шафқат аст. 

Ба кадоме, ки разбор мекардааст, дар ягон ҷанг  вай мемурдааст  ва мегуфтаанд, ки ӯро қирғизҳо парондаанд. Дар як моҳ то 20ҳазор сомонӣ расход мекардааст. Ҳол онки афсарон 3 ҳазор сомонӣ мегиранд. Пулро барои вай аз куҷо медиҳанд ва кӣ уро пуштибонӣ мекунад маълум нест.  Командири уро аз кор мегиранд ва ба ҷояш Мирзо Абдулло меояд ва сардори комендатураи Чоркуҳ мешавад. Ин ҳам як ҳаромхури дигар. Аммо Мирзо ба Сорбон ҳеҷ маъқул намешавад. Мирзо бошад ҳамаро кор мефармояд, фиреб мекунад, ки иморати Чоркуҳро месозад бо ёрии афсарону сарбозон . Вале дар онҷо танҳо Сорбон кор намекунаду тамом. Дигарҳо ҳама аз кор безор мешаванд. Аммо Сорбон парвои кори онҳоро надорад. Вакте аз пости Шуроб меояд бо Мирзо ҷанг мекунад ва бо чи сабабе худро ба дигар комендатура перевод мекунад. Дар онҷо ба кор умуман аҳамият намедиҳад. Ҳатто сарбозон баром вай алоҳида моҳи бирён карда медоданд. Як моҳ дар онҷо кор карда бе ягон фармон тамоми заставаҳои Исфараро мегардад ва ягон кас ба вай ҳеҷ чиз намегуяд. Аҷибаш дар он аст ки дар кучҷое меравад дар онҷо ҷанг сар мешавад. Тирандози беҳтарин аст ва аз снайпер ба наҳви аҳсан истифода мекунад. Кадомеро, ки мехоҳад мекушад. Тамоми сарбозоне, ки вай меомузонад бо онҳо рафтори бад надоштааст. Дигарон умуман барои вай одам ҳисоб намешудаанд. Ягон тирпаронӣ бе ӯ намегузаштааст. Вай дар шаҳри Конибодом ва дигар ҷо бо вазифадорон вомехурад. Аммо барои чи вомехурад, номаълум. Дар кадом ҷойи Конибодом (ресторан), ҷойҳои дамгирӣ ба у хизмат мекардаанд. Ҳатто особий отделҳои минтақа ба ӯ ягон кор карда натавонистаанд. Ҳарчанд, ки замполитҳо чандин бор дар бораи вай арзу шикоят кардаанд. Баъд аз қушунҳои сарҳадӣ рафтани ӯ дигар ҷанг байни тоҷику қирғиз нашудааст.  Кадоме, ки ин одамро мешиносад аз ӯ худашро дур гирад, чунки чандин одамҳо бедарак шудаанд, то ҳол ҳеҷ кас онҳоро намеёбад  

Дар Исфара як духтарро бо зӯрӣ аз Душанбе меорад. Духтари 19 сола. Як вақт ин духтар гуммешавад, дигар ӯро ҳеҷ кас намебинад. Инро ман аз як коргари қушунхои сарҳадӣ гирифтам. Ба вай таҳдид кардааст, ки ӯро дар кутоҳтарин муҳлат нест мекунад. Ба ӯ гуфтааст маро танҳо Худо аз ин роҳ мегардонад. Ҳеҷ кас дар ин дунё монеаи ман шуда наметавонад. 

Ба ҳар коре, ки ин одам даст мезанад, дар онҷо ҳатман куштор рух медиҳад. Ман бовар дорам, ки баъди паҳн кардани ин видео ин одам ҳатман бо шумо тамос мегирад.

Интернет ва Бек Сабур

Ассалому алекум ба «Ислоҳ» ва кормандони он. Мехоҳам дар мавриди як хабари аналитикии ҷолиб нависам. Бек Сабур ва мақомдорони БЕСАВОДАШ ҳатто трафики интернетро дар наздики ба Хитой медиҳад. Дар Хитой як пружа ҳаст ба номи Золотой щит“, ки трафикҳо ё сайтҳои нохоста, яъне мухолифи Чинро блок мекунанд. Мисол дар Хитой сайтҳои ютуб ва фейсбуку садҳо дигар махкам ҳаст. Раҳмон ва Бег Сабури бесавод майли он Золотой щит“-и Хитой, лек онҳо боз маълумотҳои шахсии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз бесаводи ба дасти Чиниҳо медиҳанд! Агар Сабури аблаҳ дар ҳақиқат мехост суръати интернетро тез бикунад, аввал бояд дар дохили Тоҷикистон Интранетро ташкил кард, баъдан бо магистралҳои интернетии ҷаҳони пайваст шуд. Омилҳои дигар ин гузоштани серверҳои азимҷусса дар дохили Тоҷикистон! Чи лозим бо нархи арзон ба дигар давлатҳо фурухтани барқи зиёдати бигзор ҳамон барқро ба он серверҳои азимҷусса равон кард бо нархи арзон, ки боиси воридоти миллионҳо доллар ба буҷа мешавад. Бо пеш бурдани суръати Интернет ва Интранет хело дигар секторҳои иқтисод пеш меравад, ҳатто барои соҳаи туризм.

Мисол: кудакону ҷавонони мо ҳамчун фриланс аз тамоми ҷаҳон метавонад корҳои барномасозиро бигиранд ва барномаро сохта ба доллар фурушанд. Мисоли дигар ин сохтани бозиҳову филмҳои тасвири барои кудакон дар асоси ҳикояҳову афсонаҳои халқии худамон, яъне бо мотивҳои тоҷики. Аз ҳамон Эраҷи Тилисмшиканоғоз карда то садҳо дигар ҳикояҳову афсонаҳо Филмҳои тасвири ҳам ҳамин тавр. Мисол филми тасвирии Маша и Медвед-и руси миллионҳо просмотр, яъне бинанд доранд ва ҳатто дар давлатҳои мусалмони онҳоро мебинанд кудакон. То кай тоҷику тоҷикистониро мисли як аблаҳони Ҷаҳон ин ҳаромони бесаводон дар Ҷаҳон моро намоиш медиҳанд. Тоҷикистон беҳтарин ҷуғрофияро дорад барои пешбурдани соҳаи ИТ. Мисол мо метавонем ҳамон серверҳои азимҷуссаи гуфтаҳоро дар боло дар Мурғобу дигар ноҳияҳои сардтар ҷой бикунем ва гармии он серверҳоро барои гармкардани хонаҳои шаҳрвандон ва ё гармхона истифода барем. Бо пеш бурдани Интеранет ва Интернет мо метавонем мактабҳое, ки дар ноҳияҳои дурдаст муаллиму ва ё муаллима надоранд тариқи интранет дарс диҳем ва ба донишгоҳҳои оли тайёр кунем кудаконро. Ҳамчунин пизишкони ноҳияви аз пизишкони пуртаҷрибаи дигар шаҳрҳо ва ё дигар давлатҳои маслиҳатҳо бигиранд ва садҳо корҳои дигар. Ҳамчун дар ноҳияиҳои дурдаст Шуғли Аҳоли метавонад ҷойҳои кори ба монанди операторони телефонҳои мобили,бонкҳо ва ғайра ташкил бикунанд.

Мисол: Шумо ба бонк занг мезанед он оператор тариқи компютер дар як гушаи дигари Тоҷикистон ба суолҳои шумо посух медиҳад, ё фикр кардем ягон сайёҳе занг мезанад. Омили дигар ҳамон серверҳои азимҷусса вақти кории худро ва ё ҳамон мегабайту терабайтҳои худро ба компанияҳои Ҷаҳони ба доллар ба иҷора медиҳанд. Дар замони муосир Интернет  ин танҳо бозиву филмҳову маън кардани мухолифон, балки яке аз манбаҳои беҳтарини ташкил кардани ҷои кори барои шаҳрвандон. *- Интранет ин ташкил кардани пайвасти дохили як хона,шаҳр, вилоят ва давлат ва кори саҳлу осони сердаромад.

Share This Article