Нашри аввали «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар соли 2024-ро бо матлабе шуруъ кардем, ки аз як идораи муҳим ба дасти мо расидааст. Ин гуна таҳдидҳоро мо дар ин чанд соли мубориза зиёд шунидаем ва бовар дорем, ки Раҳмонов шайка ва дору дастаи ҷинояпешаи вай барои онки ба ҳадафи нопокашон бирасанд, ба ҳар кори пасту палид, аз ҷумла қатлу куштор ҳам даст мезананд. Ва куштори мухолифин дар корномаи Раҳмонов ҳодисаи нав нест. Аммо, ин таҳдидҳо моро аз роҳ бадар намекунад.
То ҷое аз манобеи дигар хабар мерасад ҳатто барои «безарар» гардонидан ва «сокит» кардан, «харидан» ва ё истирдоди банда ҷоизаи калоне ҳам тахсис додаанд. Ҳар коре мехоҳед, бикунед. Аммо дониста бошед, ки бо куштани як нафар чизеро иваз карда наметавонед. Дар барномаҳо борҳо гуфтаам ва боз ҳам мегуям мактаби “Ислоҳ” ва роҳи гузоштаи он идома дораду худатон хуб медонед, ки халқ дар садади барандозии шумост ва фурсати шумо андак мондааст:
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мехоҳам боз аз як нақшаи махуф ва зишти мақомот бароятон хабар диҳам. Ин нақшаро мо метавонем «контрнаступление» ном гузорем. Ва он аз чанд марҳила иборат аст.
Марҳилаи аввал таҳдидҳои сохта ва бофта ё сфабриковни. Яъне Исаков Аюб, ки ба ҳамагон маълум аст проекти мақомот аст, таҳдид ба қатл мешавад ва ҳоло дар Ютуб ин корро карда истодаанд. Ва гуё ин қатл бо дастури устод Муҳиддин Кабирӣ анҷом мегирад. Ҳатто сабтҳои аудиоӣ ҳам ҳаст.
Марҳилаи дуюм, марҳалаи баъд аз таҳдид, марҳилаи иҷрои таҳдидҳо аст ва ин таҳдидҳо бояд ба амал бароврада шаванд. Ин д…би Аюб ва монанди ӯ фикр мекунанд, ки онҳоро ба майдони ягон филм ё сериале баровардаанду онҳо номдори миллат мегарданд. Мақомот ҳатман ин д…ро «убрат» мекунанд ва ин корро бори души устод Кабирӣ мекунанд. Аюб намедонад, ки ин нақша бояд то охир амалӣ гардад.
Марҳилаи охир ва ҷамъбастӣ ин ҷамъи далелҳои сохта ва ифтитоҳи парвандаи дигар роҷеъ ба даст доштани устод Кабирӣ дар ин гуна амалҳои хунин ва бори дигар ироаи дархост барои дастгир ва истирдоди ӯ аз Аврупо ба Тоҷикистон аст.
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, ин маълумот мувассақ аст ва фикр мекунам аз он бояд тамоми миллат ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам бохабар бошанд. Чунки ҳоло дар ҳукумат як навъ бебандуборӣ ва як навъ ташвишҳо ба мушоҳида расида истодааст.
Раҳмонов баъд аз сафари ахираш ба Маскав як навъ нигарон ва норозӣ ба назар мерасад. Натавониста истодааст, ки амалиёти валиаҳд-овардани Рустам ба ҷойи худашро ба иҷро дароварад. Мисли онки Путин комилан зид аст. Барои ҳамин бояд боз ягон тавтиаву дасиса карда нишон диҳад, ки неруҳои исломӣ ҳамчун манбаи хатар ҳанузам мушкил пеш меоваранд ва бояд, ки Раҳмонов ва ё фарзанди Раҳмонов ҳатман дар роҳбарии Тоҷикистон бошанд.
Шояд нақшаи «убрат» кардани Исаков Аюб кори худи мақомот бошаду Раҳмонов дарак надошта бошад ва бо ин васила СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода Раҳмоновро бори дигар тарс диҳанду аз фикри овардани Рустам мунсариф кунанд.Чунки бо ин роҳ метавонанд, ки ҳузури худ дар ҳукуматро ҳифз кунанд ва аз омадани Рустам ба қудрат ҷилавгирӣ кунанд. Чун Рустам ояд онҳо ҳатман аз вазифаҳо меравнад.
Эй Аюб ва нафарони монанд ба ӯ! Бишнавед ва пунбаро аз гушҳо баркандед, ки ин Раҳмонов ва шайкааш то шумоҳо ҳазорҳоро истифода бурду убрат кард, як қопча орд ба хонаи онҳо роҳӣ кардагӣ нестанд. Чи ин қадар пушту пеши болову поёнатонро медаронед? Раҳмонов ба ягон нафар тараҳҳум накардааст, ки ба шумо кунад. Ба вай шоҳид даркор нест!
Исфара
Ба номи Худо! Салом бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз истиқоматкунандаи ҷамоъати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара. Ҷамоъати деҳоти Сурх аз 3 -деҳа иборат аст:
1) Деҳаи Сурх, 2) Сароб ва 3) Чорбоғ, ки ҳудуди 17000 аҳолӣ дорад. Раиси ҷамоати деҳоти Сурх Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини ӯ Ҷумъаев Баҳодурҷон Сафарович ҳарду аз мардуми деҳа ба ҳар роҳу васила ва фиреб пул меситонанд. Дар вақти облава аз нафароне, ки фарзандони онҳо синнашон ба хидмат расидааст, ба роҳи тарсонидан аз ҳар нафар аз 5000 то 10000 сомонӣ барои як мавсим талаб мекунанд. Ҳатто оилаҳое, ки дар Русияанд аз онҳо ҳам сум мегиранд. Ман худ шоҳиди онам, ки мардум аз дасти ин ҷинояткорон ба Русия фирор мекунанд, то каме бошад ҳам озод бошанд. Илова бар ин касе маъракае баргузор кунад, дарҳол танзим меояд ва ба таҳдид кардан шурӯъ мекунад барои сум кандан аз соҳибхона. Дар ҳудуди ҷамоъат 15 масҷид вуҷуд дорад. 8 тои онҳо баста шуд. Як масҷид ҳатто фурӯхта шуд. Бо мусоидати раиси ҷамоат масҷиди Таги Сада фурӯхта шуд. Нафаре ин масҷидро харидори кард Алибой Наврӯзов ном дорад, ки бо лақаби Алӣ Ҷенго машҳур мебошд. Аз боқии масҷидҳо дар моҳи рамазони соли гузашта бо баҳонаи нарасидани сарбоз пул гирифтанд. Гӯё аз маҳалла касе ба артиш нарафтааст ё сарпечӣ кардааст. Маълум нест, ки ин масҷид аст ё военкомат. Намегузоред мо озодона намоз бихонем. Магар дигар ҷо ҷой надоред, дар масҷид сарбозонро ҷой мекунед? Боз масҷид ва намозгузорон гунаҳкоранд. Ва имомхатибон бошанд ба монанди тӯтӣ ҳар чи амният равон кард онро мехонанд.
Деҳаи Сурх бо Қирғизистон ҳамсоя аст. Моҳи январи соли 2022 дар маҳаллаи Таги Сада 11 хонаи сокинон аз тарафи сарбозони қирғиз хароб шуд. Ҳамаи коркунони ҳукумат аз амният, МВД, МЧС ва ҷамоат омада навор гирифта ваъда карданд, ки бо фармони Пешвояшон ба осебдидагон кумак карда мешавад. Як солу 6 моҳ гузашт аммо кумак нарасид. Куҷо шуд ваъдаҳои дурӯғини ҳукумати пешво? Падари Сарвар Обид Аҳмадов ҳам дар ҷамоъати Сурх солҳои қабл раис буд. Вай зидди дину масоҷид буд. Аз рӯи ҳамин корҳояш баъди қабули қонуни танзим дар Исфара раиси танзим шуд. Соли қабл ин душмани дин аз дунё рафт. Ва як бародари амаки Сарвар ба номи Ҳасанбой Аҳмадов дар ҷамоъат котиб аст. Аз справка ё метриска ё ҳар ҳуҷҷати дигар пул талаб мекунад. Ин ҳам ранги бародараш Обид Аҳмадов мебошад- зидди дин. Баъди дастгир шудани Камолиддин Шаропов бо иттиҳоми ҳамкори бо Ислоҳ, боз ба дили мардум тарсро ҷо кардааст. Аммо, мардум ҳам аз инҳо дигар сари тарс надоранд.
Бародар як чизро мехоҳам бигуям, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» таҳти № 54 ҳар чизе ба шумо расонида шуда буд воқеъият аст. Ман худ шоҳиди ҳар чизе зикр кардед, ҳастам. Онҳое, ки номашон зикр шуд раиси ҷамоъат Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини раис Ҷумаев Баҳодурҷон Сафарович дар таҳлука афтоданд. Дар байни коргарони ҷамоъат гумонҳо нисбат ба якдигар пайдо шудааст.
Соли 2022 дар моҳҳои июл ва август мардуми маҳаллаи Навободи ҷамоъати Сурх тақрибан 1- 1,5 км роҳи дохили маҳалларо асфалт карданд. Ин кор «барои ободии ватан» ва аз ҳисоби мардум ҷамъоварии маҷбурии маблағ сурат гирифт. Ва нафаре ба номи Каримов Мусо бо лақаби (кали Шариф) ба ҳар роҳ аз сокинон сум мегирифт. Мегуфт мошин дорӣ, бояд сум диҳӣ. Касе рад мекард ба Сарвар хабар мекашид. Дар охир ба ман маълум нест чанд ҳазор $ ҷамъоварӣ карда шуд. Ин маҳалла бизнесменҳои зиёд дорад. Роҳ асфалтпуш шуд. Аммо суми боқимонда аз кисаи мардум ба киссаи раиси ҷамоъат ва ноибаш рафт. Ба гуфтаи кали Шариф на камтар аз 15000 $ боқӣ монда будааст.
Дуздӣ аз Пешвояшон сар карда то раисони ҷамоъатҳо ба авҷ расидааст. Сарвар боз мегуфтааст, ки «давр дар даст аст, бояд давро биронем. Ин раисӣ ба ман мероси падар аст». Чи хеле медонед падараш солҳои 2000 ум раиси ҷамоъат буд. Боз мегуфтааст, ки «маро ҳеҷ касе аз раисӣ гирифта наметавонад, ҳамааш аз ман доляашро мегирад, расми манро бинад дуқат шуда салом медиҳад, ҳатто ҳукумат иваз шавад ҳам ман раис боқӣ хоҳам монд». Вақто Сарвар раис шуд ранги пешвояш ҳеҷ чиз надошт, ранги гадо як тарафи пошнаҳои туфлиҳояш хурда шуда буд.Имрӯз бошад аз ҳисоби дуздӣ сарулибосаш дуруст шудааст.
Дар барномаи №217- и «Минбари муҳоҷир» ранги Сарвар як раиси ҷамоъати дуздро дидам ба номи Қаҳрамон аз Шаҳристон. Ин ҳамаи раисони ҷамоат як хел будаанд.
Каримов Мусо ё Кал Шариф қаблан дар Русия мент буд. Ба ҳамагон маълум аст ки бо ҳамкорӣ ё ба дасти вай чанд нафар бизнесменҳои қишлоқ ба қатл расонида шуд. Ду нафар ака ва додар ба номҳои Ашурмуҳаммадов Орифҷон ва Ангурмуҳаммадов Амонуллоҳ бо таври ваҳшиёна дар манзили зисташон дар шаҳри Москва, дар моҳи июни соли 2005 кушта шуданд. Ва чанд нафари дигар бо туҳмат зиндон шуданд. Ҷинояти дигари Кал Шариф аз Тоҷикистон ба Русия меваи хушк интиқол медиҳад ба роҳи Оҳан ва дар дохили вагонҳо гераинҳои домоди пешворо ба ҷо карда бурда ба нафарони маълум мерасонад.
Солҳои пеш 3 нафари дигар бор интиқол медод ба Россия ба номҳои 1) Ҷураев Ҷура, 2) Додохонов Абдураҳим ва 3) Сафаров Камолиддин. Ҳар сеи ин нафарро бо ҳар баҳона аз ин кор боздошт ва аз худ кард ин бизнесро. Гоҳо борҳои онҳоро дар роҳҳои Қазоқистон аз вагон медуздид, ё дар дохили вагон гера ҳаст гуфта хабар мекард. Дар охир онҳо қарздор шудаву маҷбур шуданд аз ин кор берун шаванд.
Баъди барномаҳои шумо ман хеле чизҳоро фаҳмидам. Дар ҳукумати имрӯза ба монанди Сарвар кам нестанд. Дар бораи онҳо дар оянда ҳам менависам.
Дар охир як суоли шахсӣ дорам. Ман аъзои ҲХДТ будам. Оё Аллоҳ маро мебахшида бошад? Ин саволро аз ягон муллои буз пурсӣ даррав ба амният хабар медиҳад, барои ҳамин аз шумо пурсидам.
Бародар ҳоло мавсими сарбозшикор ба поён расида бошад ҳам аммо мешавад гуфт, ки дар деҳот идома дорад.
Дар ҳамин мавсими сарбозшикори тирамоҳӣ дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам чанд нафар барои фарзанд ё наберааш боздошт шуда рӯзҳоро дар боздоштгоҳҳо сипарӣ кард. Нафароне, ки боздошт шуданд аз ҳамин маҳалла: 1.Ниёзматов Одилҷон
2. Носиров Абдумуталлиб 3.
Нусратов Ҳабибуллоҳ
4.Самадов Аблулҳафиз ва афроди дигар.
Ҷурми онҳо чист? Сум надодан дар ин мавсим ба Раис ва ноибаш. Ин ҳукумат, бовар кунед, аз ҳад гузаронда истодааст. Касе ба ин ҳарду дуздони ҷамоъат-раис ва ноибаш сум медиҳад, ором ва бе мушкилӣ гашта истодааст. Чанд нафаре, ки Сарвар ва Баҳодур аз онҳо сум – маблағҳои зиёд гиритфтааст, онҳо чанднафарӣ фарзандони ба синни сарбозӣ расида доранд.
Барои мисол Боирҷонов Ҳамидуллоҳ солона то 30.000 сомонӣ,
Лутфуллоев Сафиюллоҳ то 25.000 сомонӣ,
Исломов Миршафеъ 15000 сомонӣ,
Раҳимов Маннон 30.000 сомонӣ.
Ин нафароне зикр кардаам фақат аз маҳаллаи Масҷиди Сурхӣ мебошанд. Ба монанди инҳо боз шояд садҳо нафари дигар бошад. Сарвар ва Баҳодур, раис ва муовини раиси ҷамоат касе сум надиҳад ба 6-ой мефурушанд. Онҷо як инсони кали бисёр луси хира аст:- Боқизода. Номашро фаромуш кардам. Чанд нафарро даъват карда аз онҳо пурсидааст, ки шумо чи моликият ва чанд хона, чанд гов ва ҳатто мурғ доред? Дар Русия хона доред? Охир шумо чи кор доред, ки кӣ чи дорад? Аз шумо хоҳиш дорам дар бораи ин дуздон ва хиёнаткорҳо як барномаи махсус нашр кунед.
Ва дар охир дар бораи шахсияти домулло Насруллоҳ мехоҳам гап занам. Ин одам дар вақтҳои охир қаҳрамони барномаҳои шумо шудааст.
Азизов Насруллоҳ Ҳабибуллохонович 1966 дар деҳаи Сурх ба дунё омадааст. Ва таълимоти динии худро дар назди амаки худ Қорӣ Холиқ оғоз кардааст. Баъд дар шаҳри Қуқанди Узбекистон дар назди домулло Баҳромҷони қуқандӣ, ки бо амаки Насруллоҳ дусти наздик буд, идома додааст. Насруллоҳ то солҳои 1995 ягон уламои Тоҷикистонро эътироф намекард. Ҳамаи уламои ҷанубро бо исми ваҳҳобӣ ёд мекард. Ҳатто дар суханҳояш мегуфт мо ба Муфтиёти Тоҷикистон эҳтиёҷ надорем ва мо пайрави аз Узбекистон мекунем. То соли 1998 Насруллоҳро касе намешинохт. Амакаш Қорӣ Холиқ имоми масҷиди Ҷомии деҳа буд. Пеш аз маргаш Насруллоҳро имом таъин карда буд. Баъди омаданаш ба ин вазифа сар кард ба ҳамкорӣ бо милитция ва амният. Ҳама мардум аз ин огоҳ аст. Аз армия омад дар солҳои 1988. То соли 1995 як мопеди куҳна дошт. Ҳамроҳи бародараш Сафиюллоҳ Азизов бо навбат савор мешуд. Баъд як Запароже харид ва то соли 2005 ҳеҷ моликияте надошт.
Солҳои 2003 вақте Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ ба истироҳатгоҳи Зумрад меомад, Насруллоҳ бо воситаи амният ба Ҳикматуллоҳ гуё мурид шуд ва корҳои худро бар зидди ҲНИТ оғоз кард ва то ҳол идома дода истодааст. Ин Насруллои беақл ба муридонаш мегуфтааст вақте ҲНИТ пирӯз шуд дар Тоҷикистон аввалан сари маро мебурад.
Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки шоҳидони зиёд дорад. Соли 2016 ҳамсинфони Насруллоҳ дар манзили Мусоев Бобои Мусо нишасте доштанд. Нафороне, ки дар дар онҷо буданд: Раҳимов Ҳоҷӣ Алиҷон, Ҳотамов Одил, Эгамов Усто Толиб, Ҳомидов Муродҷон, Хоҷаев Ҳоҷӣ Бурҳон ва Деҳқонов Бобои Деҳқон. Бинобар гуфтаи Деҳқонов Бобои Деҳқон, Аллоҳ раҳмат карда бошад Насруллоҳ ба нишасти ҳамсинфҳо омад ва каме нагузашта намози ҷамоъат мехонанд. Дар вақти адои намоз пулисҳо ҳозир шуданд ва гуфтанд намоз ғайр аз масҷид дар дигар ҷойҳо манъ аст ва чизҳои дигар. Ба гуфтаи шоҳид Насруллоҳ пеш аз омаданаш ба пулис худаш занг зада адресҳоро дода будааст. Баъдан ҳама нафаронро ҷарима карда буд ва аз дигар нафарҳо ҳам ин ҳодисаро шунидам. Дар боло зикр кардам то соли 2005 ҳеҷ моликият надошт. Ҳозир дар назди хонааш ҳудуди 2 гектар заминро аз худ кардааст.
Ҷинояти дигари Насруллоҳ ин аст, ки ба шаҳрвандони Афғонистон шиносномаҳои тоҷикӣ гирифта медиҳад. Барои сум ба ҳама кор розӣ аст. Соли 2003 ё 2005 аз Узбекистон ба туйи ҷиянаш Азизов Қорӣ Нуруллоҳ аз Узбекистон муллоҳоро ғайрирасмӣ вориди Тоҷикистон карда буд. Нафаре, ки меҳмонҳои ӯро ба таври қочоқӣ оварда буд ба номи Ҳоҷӣ Абдуллоҳ Комилов баъдан 4000 $ ҷарима шуд. Насруллоҳ бошад худро бо ҳар роҳ халос кард.
Ва боз як ҷинояти дигари Насруллоҳ. Вай ба Каримов Ҳомид фатво медодааст, ки куштани фалонӣ ҷоиз аст, ё моли фалониро гирифтан ҷоиз аст. Ва ба фатвои Насруллоҳ Каримов Ҳомид дар ҳудуди деҳа тақрибан 10 нафаро нобуд кард ва дар охир худ бо дасти ин ҳукумат нобуд карда шуд. Муйсафедон мегуфтанд бобои Насруллоҳ ба ҳукумати Ленин солҳои 1920 хидмат карда буд. Ин ҳам мисли бобояш: харбуза аз палакаш дур намеравад. Ва бобояш ба номи Мулло Мағзум бо ҳамкории ҳукумати комунистӣ муллоеро бо номи Қорӣ Абдуалим, ки донишманди беҳамтову беназир буд дар Гарди Тангӣ ба шаҳодат расонид. Онҷо то ҳол ба номи санги Шаҳидон ёд мешавад. Ва нафари дигар ба номи Муҳаммадшариф, ки шоҳиди ҳодиса будааст бо таври ваҳшиёна бо зарби санг кушта шудааст. Ва дар охир бобояш ба фарзандонаш гуфта будаст, ки маро ба қабристон нагуронед, метарсам,ки қабр берун накунад, чунк ман нафарони зиёдро ноҳақ куштаам. Ва барои ҳамин Бобои Насруллоҳ дар хонаи амакиаш Азизов Қорӣ Холиқ гуронида шудааст ва то ҳол қабраш дар онҷост.
Масчо
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини нохияи Мастчоҳ ҳастам. Рости гап ман як сол мешавад аз вазифаи давлатӣ барканор шудам.
Ман пештар дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолият доштам.
Ман дар даврони кории худ низ шуморо тамошо мекардам ва мегуфтам оё ҳамин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» рост бошад ва инҳоро кӣ менавишта бошад, гуфта ба фикр меафтодам. Имрӯз дарк кардам, ки мардум беҳуда гап намезадаанд. Намедонам аз шармандагиҳои раиси бесаводу майзада оғоз кунам ё аз тарсу ваҳми мардуми Тоҷикистон.
Ноҳияи мо рӯз то рӯз валангору хароба гашта истодааст. Аз мактаб сар карда то беморхонаву роҳу масҷиду идораву бозору дигару дигар ҳеҷ гуфта намешавад. Чун ҳамаш касиф аст. Пораву ҳарому зинову зулму тарс дар он ҷойҳо реша гирифтааст.
Амният дар Мастчоҳ чунон як режимеро пеша карда аст, ки мардум талхакаф шудаанд. Дар ҳамаи масҷидҳои Мастчох 99% гап да бораи қаҳрамониҳои Эммануел меравад. Ализода Аъзами Навруз, раиси ноҳияи Мастчоҳ аст. Азбаски як майзада мебошад, ӯро аз раиси дастгоҳ – Атовулозода ҳамон одами Қофлонбой сар карда то архитектору Зариф Ҳомидов ва боз дигар коргарони кумитаи замину соҳибкорону дигарон дар нуги ангушонаш бози доронда заминҳоро ҳуҷҷат карда гирифтаву фурӯхта истодаанд.
Вазъ дар Мастчоҳ бисёр безеб. Мардуми Мастчоҳ дигар гӯё мастчоҳӣ нестанд, мисли маҳбус ҳастанд. Ҷавонҳоро аз хидмати ҳарбӣ сар карда фиреб медиҳанд. Чандин аскарбача кушта шуда омад, лек ҳама хомушанд. Ман ба ҷавонони Мастчоҳ гуфтаниям, дигар роҳ нест. Ҳадди ақал тихо подполи ягон кор кардан даркор. Падару бобоҳойи мову шумо дигар муҳтоҷи як тика нон ҳастанд. Дигар онҳо мову шуморо намегуянд, ки ин режим нодуруст аст, балки мегуянд зиндагӣ рафта истодааст. Ҷавонмард то 35 солагӣ боғайрат мебошад. Баъди 35 дигар пойбанд аст. Ҳоло қувват, ки доред ягон кори шоиста кунем то дар таърих русиёҳ набошем.
Фархор
Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаи ман аз ҷамоати деҳоти Ғайрати Фархор аст. Дар ҷамоати мо ҳаромхурӣ бисёр шудааст.
Аз мактаби №6 ба номи Пушкин сар мекунем. Директори мактаб Маҳмудов Сайдхуҷа ҳамаи авлодаш, аъзои хонаводааш ҳоҷию муллоанд. Аммо худаш пиёниска.
Дар арафаи соли нав аз синфҳои як- 5 сомонӣ, аз синфи ду-10 сомонӣ, аз синфҳои се- 15 сомонӣ ва аз синфҳои чор, панҷ, шаш ва ҳафт 17-20 ва аз ҳафт боло 25 сомонӣ талаб карда гирифтанд. Дар мактаби мо қариб чор ҳазор талаба мехонд. Як вақт маҷлиси падару модар шуд. Мо рафтем фақат як одам гапи хуб зад. Аммо ин мардуми беномус ба ҷойи онки дастгирӣ кунанд ҳама хандиданд. Он бачаро номашро намедонам, аммо фамилияаш Каҷаков буд. Ба фикрам номаш Зикур буд гуфт: “муаллимҳо ва муаллимаҳои муҳтарам гуш кунед. Ҳамин шуморо чихеле ки мефора шав ачон кунен ховрен, ами мардуми муҳоҷирам мефора ë ки заношона, ай даст сум гуфтани шумора бечоро наметонан хоношон омада агар пул натан кудакша ай мактаб пеш мекунен. Майлаш пешаш кунен, боз милесада метенуш ки намиëяа, агане хондани амуво бе фойдаҳай чунки мехонан атестата мегиран мераван Русия. Нест ҷой кор. Як вазифара мегиран 20 сол 30 сол ай даст наметан ино то инистут мехонан 30 ждать мекунан ҷой кора пир мешаван».
Ва ҳоло боз дар бораи ҷамоат гап мезанам.
Як раиси ҷамоат доштем ба номи Иззатуллоев Оймаҳмад, чанд сол раисӣ кард. Ягон 20 сол раисӣ кард. Баъди вай як даҳмардаро дар ҷойи вай раис монданд. Маҳмадалӣ Ғуломов. Як сол раисӣ кард, ки гирифтанаш. Бесавод буд. Баъди вай як раиси дигар омад, бо номи Одина Мирзоев. Раиси хуб буд, чунки дуздӣ намекард ва намемонд, ки дуздӣ кунанд. Уро Сайдакбар Мирзоев ва Гашов Сайфулло Ҷабборович подстава карданд. Дар болои столаш 1200 сомонӣ монданд, коррупсия даромада меқапад. Мебарандаш Кулобу чи кореаш мекунанд, шаш моҳ пас мемурад. Гашов Сайфулло Ҷабборович мешавад раис ва Сайидакбарро ҷонишин мегирад. Як панҷ ё чор сол раисӣ мекунад. Дар ин вақт раиси ноҳия иваз мешавад. Мегуяд, ки касе 5 ҳазор доллар диҳад вай раиси ҷамоат мешавад. Сайфулло намедиҳаду бас мекунад. Боз ҳамон даҳмарда гову молро мефурушаду пулро медиҳаду мешавад раис. Баъд корро сар мекунад. Бинои ҷамоати мо калон ва дар бараш як зали калон дошт- кинотеатр буд. Ин даҳмарда ними ҷамоатро гирифту магазини ду этажа кард ва ними дигарашро ба ҳоҷӣ Суҳроб фурухт. Бародари директори мактаб. Вай магазини ордфурушӣ кард. Ними дигарашро артел кард. Талабаҳои мактаб бояд формаро аз у бояд бихаранд.
Як экскаватор ба хоҷагӣ аз ноҳия доданд. Барои тоза кардани заҳбурҳо. Вай ба водхоз тааллуқ дошт. Раиси водхози ҷамоати мо Саидакбар Мирзоев. Трактор нав буд. Ҳамагӣ як сол кор накарда буд. Тракторист Ҷабборов Нуриддин бо лақаби нукаш. Вай тракторро фурухт. Ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ тракторро Давлат Толибов харид. Вай устои мошин мебошад ва осиëб дорад. Уро мардум Давлати санифа мегуянд.
Нурулло Гашов муллои деҳа аст, вай дар масҷиди ҷомеъ фақат аз пешво ва аз пахтаву аз хидмати сарбозиву аз ҷамъоварии хошок гап пезанад ва фақат Наҳзати исломиро сиёҳ ва бад мекунад. Мегуяд, ки аз онҳо, хусусан аз Муҳаммадиқболи Садриддин эҳтиёт шавед. Дигар гап надорад. Хиёл мекунад, ки мардум куранд, намефаҳманд.
Деваштич
Салому дуруд аз як бародари муҳоҷири шумо аз Русия, ки тули 10 сол аст берун аз ватанам. Хоҳиш мекунам бидуни тағйирот нашр кунеду хонед. Ман яке аз сокинони ҷамоати дехоти Ваҳдат ҳастам. Мехоҳам дар бораи бузҳо ва крисахои деҳаи Басманда гап занам, барои он ки ин мардум хомушанд. Яке аз ин крисаҳо Имомаддин Ғафуров мебошад. Дар ягонҷо хондагӣ нест. Бародараш, ки проректори Донишгоҳи миллӣ буд, дипломро гирифта додаги аст. Имомаддин Ғафуров мардуми Басмандаро лох кардааст. Вай аввал дар военкомат буд. Ба ҷони ҳама расонд. Мардуми сарбаланди Қалъаи дуст кумак карданд, коррупсия бурдаш. Вале баъди чанд моҳ бо ёрдами бародаронаш бо зиёда аз 50 000 ҳазор доллар дода халос шуд. Айни ҳол ин аблаҳ дар вазифаи раиси танзими анъана ва ҷашну марорсимҳо кор мекунад. Вале ҳоло ҳам ҳамчун военкомат аз мардум доля мегирад. Имомаддин Ғафуров 5 бародар дорад. Се бародаронаш дар вазифаҳои баланди мақомот кор мекунанд:
1)Хайрулло, проректори Донишгоҳи миллӣ буд. Ҳоло дар вазифаи директори маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи миллӣ кор мекунад. Порахури хело маъруф аст ва дар Душанбе чанд хона дорад,ки аз порахур буданаш шаҳодат медиҳад.
2)Абдуғаффор дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад. Одами боимон аст, дузд нест.
3)Яке дигараш дар ВКД аст. Рутбаи подполковникӣ дорад.
Дар соли 2023 як бачаи деҳқонро аз деҳаи Овчи облава карданд. Бурданд хизмат. Чанд вақт пас аз ҷойи хизматаш, аз Масчо кушта оварданд. Аммо ҳеҷ расона дар ин бора нанавишт.
Имсол ставкаро хезонданд. Имомадин дар як мавсими облава аз як одам аз то 5000 сомонӣ мегирад. Яке аз дорандаҳои деҳа Исмоил Ҳоҷӣ дар круги Имомаддин аст. Бачаҳои бойҳо озод мегарданд, бачаҳои камбағал хизмат мекунанд. Масалан бачаҳои Исмоил Ҳоҷӣ ва ё хонаводаи ҳоҷӣ Ҳамроқули Юнус аскарӣ намераванд. Савол ба Имомаддин:-ё зурат намерасад ё пул гирифтаӣ? Тамоми ҳамсояҳояш ҳам ба хизмат намераванд.
Имомаддин ба кругаш гуфтааст, ки “акаҳом дар вазифа, мехураму мегардам зани гапзана ме..м”.
Имомаддин 2 зан дорад. Якеаш қонунӣ аз Басманда, якеи дигараш аз Бустон. Соли гузашта дар Душанбе дар 700 000 сомонӣхона харид. Худатон фикр кунед, ки як корманди танзими анъана бо маоши 1250 сомона чихел хона харида бошад?.
Дар Бустон низ хона дорад. Боз чанд бор аз пули ҳаром ҳаҷи умра кард.
Дар Басманда чанд гектар замини обӣ дорад. Аммо мардуми одӣ аз 5 то 10 сотихӣ. Мардум фарзандамро аскарӣ набаранд гуфта ба вай пора медиҳанд. Агар надиҳанд бачаашонро мебаранд. Баъзеашон ранги ғуломанд. Дар заминҳои ин палид бе пул кор мекунанд, то фарзандашонро аз Русия фарёд накунад. Мардум то ин ҳад лох шудаанд. Падару модари шахсоне, ки дар Русияанд мегуяд “ё пула биёр ё бачата, наовардӣ учаскавоя фарёд мекунам”. Чанд сокини деҳаро бурда бо зурӣ 15 шабонарузӣ шинонданд, то фарзандашонро фарёд карда оваранд. Боз “вариант” мемонанд: ё 10 то 20 ҳазор пул медиҳӣ ва ё бачаатро меорӣ. Ҳоло ҳамаро бо моддаи Муҳаммадиқбол тарсондагианд. Мардум лох шудааст. Як худозада шуморо тарсонидааст. Бачааш дар Донишгоҳӣ миллӣ дар курси 3 мехонад. Мегуянд уро ҳам бо ёрии Хайрулло дохил кардаанд. Муаллимонаш мегуянд як бесавод буд.
Мехоҳам дар бораи раиси деҳаи Басманда ҳарф занам.
Раиси деҳа ҷияни Имомаддин Ғафуров, писари бародари калонаш аст. Номаш Ҳаётулло. Ин ҳам як бесавод аст. Чанд вакт дар Душанбе хонд, тамом накарда партофта омад. Вале дипломро бо ёрии тағояш Хайрулло гирифт. Ин аввал дар танзими анъанаи ҷамоат кор мекард. Баъдан раиси Басманда шуд. Тамоми мошинҳои хоҷагиро ва заминҳоро фурухт. Сафедорҳои (дарахтони калони сояафкан)-и деҳаро обу лой кард. Аз ин ҳисоб опели вайронаи худро бо Хондаи сиёҳ, ки 15ҳазор доллари амрикоӣ аст иваз кард. Ин ҳам 2 зан дорад. Як занаш дар хонааш барои дигараш дар гаражи халқ хона кардааст. Онҷо зиндагӣ мекунад. Вақте раис шуд тамоми гову гусфандҳои ниммурдаеро, ки 10-15 сол пеш барои нигаҳбонӣ ба халқ дода буданд, ҳамаашро ҷамъ карда гирифт. Нимашро фурухту обу лой кард. Ин ҳам ҳамчун тағояш дар болои деҳа 2-3 гектар замин дорад. Дар ҳоле, ки мардум дар як ҳавлӣ 3-4 хоҷагӣ ва ҳатто баъзе 5 хоҷагӣ зиндагӣ доранд.
Имоми деха Маҳмадшукур як одами беимон аст. Ҳар намози ҷумъа фақат дар бораи хайр ва таърифу тавсифи пешво машғул аст. Мегуяд бачаҳоятонро ба хизмат равон кунед, ҳукми подшоҳ фарз аст.
Э, домуллои беимон! Агар фарз бошад, чаро дар бораи дигар масалаҳо намегуйӣ? Масалан агар одам ноадолатиро дида бетарафӣ зоҳир кунад, чи мешавад чизе намегуйӣ? Ин домулло дар деҳа як келинчакро расидааст, вале худаш инкор карда мардумро угрожат карда мегуяд: “ман амниятба метиям шуморо прократура ба метиям, шиносом вазнин, эҳтиёт шавед”.
Ман дар ҳайратам, ки ин мардум то ҳол аз пушти ту барин беимон намоз мехонанд.
Як бачааш дар як барномаи “Минбари муҳоҷир” баромада худро муаллими ҳарбӣ нишон дод. Аммо вай дар ҳукумати ноҳия кор мекунад, на муаллим. Домулло кам -кам бо гераву нашъа ҳам сару кор дорад. Дар деҳа як магазини калони 2 ошёна, дар Хуҷанду Бустон 3 хона дорад, ҳар якеш 2-3 хонагӣ аст.
Як бача аз деҳаамон домуллоро дар шаҳри Хуҷанд бо як зани бева меқапад. Мегуяд, домулло, ин чи кор аст?Домулло мегуяд ман хононда истодаам ин хохарамро. Бача мегуяд домулло дар ресторан мехононед? Домулло аз шармандагӣ мехезаду меравад.
Дар деҳа Чуназари чупон раиси кумитаи танзим шуд.Ин чи шурест,ки дар даври қамар мебинам.Ростӣ ин чизҳоро мебинаму ғамгин мешавам. Наход дигар одам набошад дар деҳае,ки зиёда аз 10 ҳазор аҳолӣ дорад, ин гуна ноҷавонмардро ба мансаб таъин кардаанд.
Дар бораи сару либос гуфтаниям. Дар мактаб хонандаҳоро маҷбур доранд, ки либоси мактабиро аз мактаб харанд. Ин чи адолат аст? Вазир публично ихтиёрӣ мегуяд. Аммо дар инҷо талабаҳоро маҷбур мекунанд. Ман ҳайронам.
Дар мактаби 7(ҳозир бо номи Рустам Ҳасанов аст) Суҳроб гуфтанӣ муаллими адабиёт кор мекунад. Суҳроб ба ту гуфтаниям, чаро китобҳои куҳнаи фарсударо бо пул медиҳӣ. Дар ҳоле, ки ин китобҳо баъди 5 сол бояд бепул бошад. Аз ин пулҳо мошини портер гирифтӣ, бас нест? Мон, ки мардум рузашро бинад, лошахур.
Мутассифона дар Басманда буз хеле зиёд шудааст. Бузҳо руйрост мегуянд, ки ман бузи раиси деҳаам ва фахр ҳам мекунанд. Раиси маҳаллаҳо ҳам бузанд. Ҳамаатон эҳтиёт бошед. Мардум раисро дар пеши инҳо бад нагуед, ки мерасонанд хабарро.
Дар деҳаи мо 80% ҷавонон баъди хатми мактаб ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Дар Русия (Красноярск) яке аз ҳамдеҳаҳоямон Субҳон Солиев бо лақаби (Субҳон строй) маълум аст. Ин номардпули мардумро мехурад. Ба бачаҳое, ки нав омадаанд дар стройка 30-50 ҳазор маош медиҳад. Дар ҳоле, ки дар ин шаҳр маош дар стройка дар як моҳ аз 70 то 120 ҳазор аст. Ин ҳаромхур аз ин пулҳои ҳаром дар Хуҷанд хонаи 3 утоқа харид. Вале баъди чанд вақт, ки мардум сар бардоштанду пуламонро деҳ гуфтанд хонаро фурухт ва пули мардумро дод. Фақат пули як соли охири кори бачаҳоро дод аммо зиёда аз 5-6 сол аст ки хуни халқро мемакад. Як шиносам гуфт, ки ман гуфтам “акоҷон пули маро чаро кам медиҳед охир ман дар 1 моҳ 30 руз кор кардам, чаро маошам 58 ҳазор гуфт, агар форад кор кун, нафорад пошел на.. инҷа хонаи додот нест” ҷанг кардам. Вале ҳамаи ҳамдеҳаҳоям хомуш дар тамошоянд. ягонтоаш дух намекунад, гап занад. Вале хешу табори худаш на камтар аз 100 ҳазорӣ мегиранд дар як моҳ. Дар стройкаи Субхон бузҳо низ ҳастанд, кори инҳо хабаркашӣ. Ба козёлҳо гуфтаниям шуморо рӯзе мешавад ин мардум тепача мемонанд, эҳтиёт бошед.
Дигари команда камандаи бачаҳои Раҳматча
Бачаи калониаш Олам ном дорад. Инҳо ҳам ба сохтмон машғуланд, вале да Подмосков.
Инҳо ҳам ранги ҳамон Субҳони падарсаг хароман пули мардумро мехуранд, агар ягон кас норозӣ шавад аз маошаш инҳо намегуянд маъқул набошад, рав группавой мезананду маъюб мекунанд. Яке аз подхалимҳои ин гуруҳ бачаи Бобои Пир аст. Ин номард бо 5-6 нафари ба худ наздик бачаҳоро зада метарсондааст. Як одам гуфт ин номард ҳангоми мастӣ гуфтааст, ки “ма зани любойташа фалон мекунам”, яъне басмандагихоро гуфтааст. Шерони шуҷоъи Басманда куҷо шудед, ин номардро лаҷомашро кашед. Ин ҳам ранги падараш ҳаром мемурад Ин ша Аллоҳ.
Чи хеле мегуянд: Гандум аз гандум бируяд, ҷав зи ҷав.
Муроҷиат ба шахсоне, дар дасти ин падарсагҳо кор мекунед. Ҳеҷ гоҳ якатон ду намешавад, ҷои кори дигар ёбед. Аллоҳ ҳамаатонро нигаҳбон бошад.
Дар Басманда дар тули 2 соли охир 4-5 нафарро бо иттиҳоми ифротгароӣ 307 ҳабс кардаанд. Вале ин номардони порахур хурда гашта истодаанд. Ин чи адолат аст? Прокурори ноҳия биё тафтиш кун, агар бовар накунӣ, мебинӣ.
Бо ҳамин нома ба охир мерасад, агар тағйирот пеш омад, боз менависам Худованд нигаҳбони ҳамаи муҳоҷирон ва шумо бошад.