Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №225 

Ислоҳ нет

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвоза ва ё дари вурудии асосии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, тавассути он ҳамарӯза садҳо ҳамватани мо, меҳмонони кишварамон дарову баро мекунанд. Ва, зарур аст ки он аз ҳар лиҳоз дилкашу озода ва муносиб ба одобу расму русуми мо, тоҷикон бошад. Аммо дар асл вазъу ҳоли ин фурудгоҳ чи гуна аст? Ва, оё раҳбарони имрӯзӣ, ки ҳамаҷоро олуданду харобу хазон карданд, ҳади ақал бо ин дарвоза муносибати одамвор кардаанд ва ё баракс инҷоро ҳам шабеҳи дигар муассисаву корхонаҳои давлатӣ фақат барои манфиати шахсии худ доранд суиистифода мекунанд?

  Муаллифи номаи зер ба ин савол посухи рушан додааст:

                                 Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Агар иҷозат диҳед, як нома дар бораи ваъзи ногувори фурудгоҳи Душанбе ба шумо барои нашр мефиристам.
Хадамоте, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба мусофирон мерасонад, дурусттар гӯем намерасонад, як қиссаи таассуфбори ҷудогона аст. Чунонки маълум аст, «Сомон эйр» ҳавопаймоҳои худро бо роҳи фиребу дуздӣ аз пули саҳмияҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҷамъ карда буданд, харида буд. Вале «Сомон эйр» ҳеҷ гоҳ ба суди мардуми Тоҷикистон кор накард. Сатҳи хадамоти он яке аз поинтаринҳо дар ҷаҳон аст. Дар парвозҳои худ ба мусофирон ду бурда нон, ки дар байнаш як барги карам ва ду бурида помидор дорад, медиҳанду бас. Бо як истакон об ё чой. Дигар ҳеч чиз. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин гуна парвозҳо ҳатман хӯроки гарми хушмазза бо анвои зиёди обу нӯшобаю чою қаҳва пешниҳод мекунанд. Ин як шармандагист ва таҳқири мусофироне аст, ки билетҳои «Сомон эйр»-ро маҷбуранд бо нархи баланд бихаранд. Яъне ба шарофати мусофирони тоҷик аст, ки фурудгоҳу ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» фаъолият мекунанду даромадҳои ҳангуфте ба даст меоранд, вале ба ҷои сипос, мусофирони худро бо ин хадамоти пасташон таҳқир мекунанд. Ҳатто дар ин моҳи мубораки рамазон савоб нагирифтанд. Ҳоҷатхонаҳои ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» чун одат бисёр чиркин, бадбӯ ва бидуни собуну дастмол аст.
Умуман фазо ва атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як гадохонаи калонро мемонад. Аввалин дари он гадохона минтақаи паркинги мошинҳо аст, ки дар даромади он ду нафар ҳамеша меистанд ва аз ронандаҳо барои вуруд ба он минтақа пули нақд ҷамъ мекунанд, вале дар иваз ҳеҷ расиде ба ронандаҳо дода намешавад. Мегӯянд ин нуқтаи пулҷамъкунӣ ба яке аз домодҳои пешво тааллуқ дорад. Ногуфта маълум аст, ки ин гуна ҷамъ кардани пул ғорати ошкорои мардум аст ва ба буҷаи давлат ҳеҷ молиёте супурда намешавад. Ҳол он ки пешво дар суханрониҳояш борҳо таъкид карда буд, ки пардохти хадамот дар кишвар бояд ғайринақдӣ бошад, то фасод камтар шавад, вале дар амал чунин аст. Дар фурудгоҳҳои ҷаҳон ҷамъ кардани пул аз мошинҳо кайҳо комилан автоматикӣ шудааст ва касе ҳам даркор нест. Шумо бо корти бонкӣ пулро пардохт мекунед ва дарвозаи минтақаи паркинг ба руи мошини шумо боз мешавад ва ҳамзамон дастгоҳ ба шумо расид (квитансия ё чек) содир мекунад. Яъне ҳама чиз шаффоф аст.
Пас аз ин навбати гадоӣ ба милисаҳои таги дари бинои фурудгоҳ мерасад, сипас кормандону боркашҳо, чунки навори қабули бори мусофирон кор намекунад ва дар ниҳоят сарҳадбонону гумрукиҳо, ки ба истилоҳ ҳаққи онҳо аз ҳама калонтар аст. Ҳар яке аз онҳо мисли ҳайвонҳои даранда дар пайти қурбонии хеш ҳастанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе толорҳои ба истилоҳ CIP ва VIP ҳам ҳаст, ки дар ивази пул ба мусофирон хидмат мерасонад, вале ҳолат дар он ҷо аз толори умумӣ кам фарқ мекунад, дар баъзе мавридҳо ҳатто бадтар аст. Масалан, агар шумо аз тариқи толори CIP ба Душанбе оед, яқин донед, ки бори шумо дар охири охирон ба шумо мерасад. Фаронсавиҳо вақте розӣ шуданд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як терминали нав созанд, пешниҳод карда буданд, ки онро бузургтар созанд ва бо шароити беҳтар, вале он замон пешво ба баҳонаи камбуди пул розӣ нашуда буд, чунки 70 дарсади харҷро бояд Фаронса мекард ва 30 дарсади харҷро Ҳукумати Тоҷикистон.
  Акнун мехоҳем ба аҷибтарин чизи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар сарлавҳа ҳам омадааст, баргардем. Ҳоҷатхона ё дастшӯӣ? Ҳоҷатхонаи мардонае, ки дар табақаи дуввуми бино дар толори интизорӣ қарор дорад. Ин ҳоҷатхона ҳамеша касиф ва бадбӯ аст. Маъзарат мехоҳам ҳамеша бӯи баду ғализ мекунад, зеро дастгоҳи обрасонии онҷо дуруст кор намекунад ва ҳеҷ кас онро тамиз намекунад. Масалан, писсуар ё туалети сарпоӣ, ки сенсорӣ аст (ба шарофати фаронсавиҳо), обрасониаш кор намекунад, бинобар ин пас аз ҳар идроре ғализии бадбӯӣ дар ҳоҷатхона меафзояд.

Дар ҳоҷатхона собундони деворӣ ҳаст, вале дар дохилаш ҳеҷ гоҳ собун нест. Аз ин рӯ, мусофирон пас аз қазои ҳоҷат имкон надоранд дастони худро ба таври лозим бишӯянд ва тоза кунанд.

 Дар ҳоҷатхона дастмолдон ҳам ҳаст, албатта, ба шарофати фаронсавиҳо. Вале дар дастмолдонҳо шумо ҳеҷ гоҳ дастмол ё ҳамон салфеткаро пайдо намекунед. Гузашта аз ин, ошиқмаъшуқи поёнии дари ҳоҷатхона шикаста аст ва ба ин сабаб дари ҳоҷатхона на дуруст боз мешавад, на баста мешавад ва ҳамеша дар ҳолати хамида ва нимроғ аст. Ин нимроғӣ сабаб мешавад, ки қазои ҳоҷати мусофирон аз берун дида шавад ва бадтар аз ин бӯи гандаи ҳоҷатхона тамоми фазои толори асосии интизори фурудгоҳи байналмилалии Душанберо фаро гирад. Вале аҷибтарин чиз дар қазияи ҳоҷатхона дурбини мадорбастае аст, ки дар дохили (?) ҳоҷатхона насб шудааст ва дар зери он эълони русии зерин часпондаанд: «Внимание! Ведется круглосуточное видеонаблюдение!» Ба иборати дигар, масъулини фурудгоҳ ба мусофирон ҳушдор медиҳанд, ки раванди қазои ҳоҷати шумо аз тариқи ҳамин дурбини мадорбаста назорат мешавад. Намедонем дар ҳоҷатхонаи бонувон чи ҳолат бошад?! Дар ҷаҳон боз чунин ҳоҷатхона дар пойтахташ пайдо кардан мумкин бошад! Ба фикри мо, мо дар ин масъала фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истисно аст!
Умедворем, нашри ин мулоҳизаҳои мо, мусофирон, ба беҳбуди шароит дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъсир расонад, ҳарчанд ба ин чандон бовар надорем, зеро об аз сар лой аст.

                                            Нуробод 

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мехоҳам дар барои як бригадири ҳақикасхур ба шумо гап занам. Ин бригадир баччаҳоро фанд мекунад. Дар Москва пулҳояшонро 40% мегирад ва сумро дар картаҳояшон аз фирма мегузаронанд чанд фоизашро баъд ва боқимондаашро  наличка медиҳанд. Ин оқипадар ҳамонро, ки дар картаҳо мегузарад барои худаш мегирифтааст. Ин номард Ҳамидов Машраб  аз Яхчи Нуробод мебошад.

 Хулоса, домулло, мо дар Москва кор мекунем. Бригадири мо аз ноҳияи Нуробод аз Яхч Ҳамидов Машраб аст. Қариб 80 -90 кас ҳастем. Фирма 20 % суми маошҳоро  ҳар моҳ дар карта мегузаронад. Ҳамидов Машраб ҳамин миқдор суми картаҳои одамҳоро мегирад. Баъди 10 -15 рӯз бошад фирма  80% маошро нақд медиҳад. Барои он 20% ро тавассути картаҳо медиҳад, ки он миқдори маблағ ҳамчун маоши мо ҳисобида шавад ва аз нуги он камтар налог пардохта шавад.

  Мо як ҳафта кор кардем бароямон як рубл надоданд. Ба мо гуфтанд, ки ба як кори дигар меравем. Охир ин чи зулм аст? Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест Русия омадем ба ин ҳолат гирифтор шудем. Охир мо чи кор кунем ва куҷо равем дигар? Ҳеҷ куҷо ҷойи шикоят надорем, танҳо «Ислоҳ». Бародар ин мусибати ба сари мо омадаро нашр кунед, то ҳоламон ислоҳ шавад.  

                                          Душанбе

  Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин номаро аз дидаву шунидаи худам навиштам. Бори аввал аст ки нома менависам. Агар хатоие бошад, худатон ислоҳ кунед. Чунки «Ислоҳ» ислоҳкунандаи дигарон аст. Ислоҳаш кунед, шояд ба гуши кари мақомот расаду даст аз азияту озору зулму ситам бардоранд.

Инҷо мехоҳам дар бораи як духтури касалиҳои пуст профессор Қосимов Олим Исмоилович, ки зодаи шаҳри Панҷакент асту дар беморхонаи Яккачинор кор мекунад бинависам. Марди хоксору донишманд оқилу кордон, бе анализ табобат мекунад. Шифо аз ҷониби Аллоҳ мешавад, аммо давояшро баъди табобати ин духтур мебинӣ. Аммо сахт пул мегирад. Аз 15то 20-касро қабул мекунаду сари ҳар як нафар 100сомонӣ мегирад. 20ум нафар буд шуд мехезаду меравад. Оё намешавад, ин корро дар фирмаи «Фароз» неву давлатӣ кунед ва бо маблағи муайян, масалан 50 сомонӣ.

 Чунки ин одам сардори ин поликлиника мебошад, номзади илмҳои тиб аст, аз бюҷети давлат маош ва нафақа мегирад, боз аз ҷайби мардум мегиранд. Як зан мегуяд: «ма ай Шаҳритус омадам 50 сомонӣ дорм. Медсестрааш ошкоро мегуяд, ки фарқ надорад, қабули духтур 100 сомонӣ мебошад». Ман духтарчаамро, ки 8 сола мебошад, бурдам касал буд. Аммо он қадар касали сахт набуд. Диду як мазу 2 таблетка нависту гуфт 100 сомонӣ мешавад. 100-ро медиҳиву назначениро мегирӣ. Доруҳои навистагии ӯ фақат дар ҳамон аптекаи пеши ҳамон беморхона мешаванд. Як пачкааш 600 сомонӣ, камаш 3 ё 4 пачка менависад: биёву бигир.

  Бо як эронию як афғон шиносам Як рӯз сухан дар бораи Тоҷикистон рафт. Ба онҳо гуфтанд Тоҷикистон ватани зебо аст, кутоҳ таъриф карданду баъд дар бораи  нарху наво гуфтанд, ки бениҳоят гарон аст. Аммо пулат бошад духтар беҳисоб. Афғон гуфт: «ма ҳами тоҷикода ҳайронам пастаяна нойит мекунану бурда доля метан». Ман гуфтам, хайр чи кор кунанд? Афғонӣ гуфт:  «ман 50 солаюм, то ҳозира ҷанг аст дар Афғонистон, аммо ин зулме дар Тоҷикистон дидам боварам кунед дар Афғонистон тамоман нест».

   Эронӣ пурсид чи хелӣ зулм? Ман зулм намебинам. Гуфт тамоми даромад, чи конҳои тиллою сурмаю ангишту дигару дигар, андозу свет дар дасти оилаи Э.Раҳмон ва мақомоташ ҳаст. Боз барои як лайк аз 40 то 100 ҳазор сомониро мегиранд аз мардумаш, ки ин маблағро қарз мекунад мегирад ва рафта дар Русия ғулом мешавад ва дар ҷанги Украина кушта мешавад. Аммо Эмомалӣ хап. Ҳамин тоҷикҳо ҳастанд, ки Эмомалаӣ ҳаст, инҳо набошанд Эмомалӣ худаш кист?  Инро фикр мекарда бошад. Боз бар болои ин ҳама даст ба корҳои ғайриинсонӣ мезананд. Масалан духтарҳое, ки ба мақомот маъқул мешаванд, аз синфи 9 то 20 сола аввал худашон таҷовуз мекунанду баъд ба афғонҳо мефурушанд. Ё барои онки гап набарояд, гуфти ҷанобашон безарар мегардонанд. Кутоҳ, вале бисёр гапҳоеро гуфт, ки валлоҳӣ мани тоҷики ин сарзаминам тамоман намедонистам то ин андозаашро.

Баъд ман пурсидам, ки модоме шумо ҳамаро медонед, мумкин дар баъзе корҳо ҳамкорӣ доред? Мегуянд, ки аз 3 нафар 2тоаш буз аст. Якеаш бузи амният дигариаш бузи ВКД. Мо пас чикор кунем? Ва пешниҳод кард, ки дар минтақаҳое, ки зулм бисёр аст, ин минтақа бояд, ки ба шикор гузаранд. Пурсидам,ки чи хел? Гуфт Русия 20 сол зад Панҷшерро гирифта натавонист. Бо самолет зад, сарбозонаш шабона монданд. Ҷавонмардони тоҷики панҷшерӣ онҳоро селабур карданд. Барои ҳамин армияашро аз Панҷшер баровард. Вале шумо дар минтақаҳо корҳое бояд кунед. Мисол участковий ё амниятие, ки зулмкор аст ва ё афроди алоҳидаи доносчикҳоро мушаххас кунед зарари худатонро расонед, то дарс шавад барояшон. Агар чанд касеро,ки маҳкам мекунанд халқ шабона рафта (дар отдел шабона шумораи навбатдорон кам аст) онҳоро озод кунад, дигар оҳиста-оҳиста участковий аз Кулоб намераваду аз ҳамон минтақа мемонанд.

 Аз чунин зиндагии даҳшатноке, ки ҳарруз фикр мекунӣ аз кучо ёбам, ки зиндагиамро пеш барам ва дар дилат даҳшат аст ки ҳозир меқапанду як айбро дар сарам бор мекунанд ва дигар чизе надорам «хонама фурӯхта сумашро онҳоро метиям» мардона мурдаву осуда хоб рафтан хубтар аст.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои марбут ба Комсомолободро аз канали ютубии шумо тамошо кардам. Гуфтаниям, ки дар бораи Шоҳ мардуми онҷо ки кор кардаанд, нависанд. Чунки худам ба меҳмонӣ барои тамошои бузкашӣ рафтаму дар 3 юм тунел моро қапида гуфтанд, ки роҳ маҳкам аст. Онҷо мошинҳо ҷамъ мешаванду аз 20 мошин зиёд шуд сари мошине ҳамон шаб 20сомонӣ ҷамъ карданду роҳро кушоданд. Онҷо ман бо ҳамон корманди тунел камтар ҳамсуҳбат шудам. Гуфтам бародар чаро дар 2юм тунел аз шаҳр меоӣ мебароӣ роҳ ях баста. Пайи чархҳо мошин чуқур шуда таги мошинҳо мерасад ва баъд вақте тормоз медиҳанд ях намеқапад, авария бисёр мешавад. Инҷо дарозиаш зиёда 1км мебошад.Чаро дар ин подём пеш аз асфалт ягон кабел намондед, зимистон ключаташ мекардед,онҷо ях намешуд. Вай як нигоҳе карду гуфт:- мардак барин чи кораӣ, ягон агент набошӣ? Гуфтам не, аллоҳ шоҳид аст ягон агент нестам.

Баъд гуфт, ки онҷо сими махсус буд, ки метри онро бо доллар харидаанд. Ин маблағи калон аст. Аз ҳукумати шаҳр омаданду гуфтанд асфалтро канед. Хитоии роҳсоз пурсид, ки чаро? Гуфт шумо девонаед, ки ин сими қиматро дар инҷо мондед? Хитоӣ гуфт ин роҳ бояд ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгу бошад. Агар мо ин симро, дар асл ин сим нею чи номи дигар дорад, гуфт, ман намедонам, аммо ту сим гуфтӣ, ма аз гапи ту мегуям намекандем садама руй намедод. Гуфт: «ма задагиюм камисияи байналмилалира».Гуфт хайр, ту, ки задагӣ бошӣ зимистон авария бисёр ва роҳ маҳкам ва маргу мир зиёд мешавад.

 Гуфт парво накун, муранда ғармӣ бошад, очаашонро фалон кунам, инҳоро нобуд кардан даркор. Мегуяд, хуллас кандему он симро, ки аз ду тарафи роҳ буд ҷамъ карда додем, гирифтанду бурданд. Хитоӣ ин роҳро то ҳозир аз комиссияи давлатӣ гузаронида натавониста истодааст. Агар боз дигарҳо дар бораи ин роҳ ягон маълумоте дошта бошанд, нависанд. Чунки бояд Раҳмонов фаҳмад, ки барои фармони ту мақомотат чи корҳоро мекунанд.

 Пешниҳоди ман ба шумо ва ба миллати азизам ин аст ки хап нашинед, хезед аз худ ҳимоя кунед. Ё гапи ин афғонро гиреду дар қисми амал гузаред. Пешниҳод ба шумо ҳамин мақомоте баъди 2015 дар вазифаҳо аз участковий то началник кор кардаанд оянда аз пенса маҳрум созед. Чунки инҳо кроме маошашон хуни халқро макидаанд ва генералу полковник шуда пенсияи калон мегиранд. Полковник аз 3 то 4000 сомонӣ, генерал аз 4.5 то 7ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.

 Инҳо боз баъди пенсияашон боз ҳақи мардумро мехуранд. Барои ҳамин инҳоро маҳрум созед ва фарзандони инҳоро чи хеле худашон мегуянд фарзандону наберагони хоинони миллат нависед. Онҳо рафта дар Русия кор кунанду баъд худашон ба дашноми бобову падарашонро сар кунанд.

Фаромуш кардам аз духтуре, ки дар 10 корпуси Қараболо номаш Маҳмадлоиқ тақрибан 44-45 сола мебошад, бигуям, ки ба гузаронидани доруи химия барои касалиҳои рак машғул аст.

Як шиносам дируз гуфт ин ҳукумати моро кадом идораи фасодзадаашро гуем? Мегуяд, ки хоҳарамро бурдем касали рак гуфтанд. Ҳар сешанбеи саршавии моҳ оварда химияш мегузаронем. Гуфт як сол бурдемаш ҳар сешанбе. 2800сомонӣ месупоридем, аммо касаламон вазнин шуду тавсияи як шиносамонро гирифта Ҳиндустон бурдемаш. Ҳиндуҳо гуфтанд ин касал дар вуҷуди ин бемор тақрибан 1сол зиёд шудааст. Барои чи ҳамагӣ 2 маротиба химия гузаронидеду халос. Гуфтем не, мо ҳар моҳ химия мегузаронидем. Гуфтанд, ки фақат 2 маротиба гузаронидаанду халос, диграаш ба монанди оби ҷушомадагӣ гузаронидаанду тамом. Экспертизаашон ҳамин хел нишон дод. Илтимос касе дар бораи ин духтур маълумоти зиёде дорад нависад, то ки ин халқи ғуломи мазлуми мурғшуда ақалан аз чунин духтурон халос шаванд.

                                  Кушониён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аввало дар ин моҳи шарифи рамазон дуо мекунам, ки Аллоҳи меҳрубон шумо  ва хонаводаи шуморо дар  паноҳи исматаш нигоҳ бидорад. Ва падари шумо руҳаш шоду ҷояш ҷаннат бошад 

 Ман аз Кушониён. Шумо дар барномаҳои пешина дар бораи раиси ҷамоати навтаъиншуда Лутфуллоев Неъматуло гуфтед. Ман чанд ҷумла дар бораи ин одам гуфтанӣ ҳастам.

 Лутфуллоев Неъматулло мардумро бе ниҳоят зулм карда истодааст. Ин одам ба мардум на пули чобуқ медиҳад на суми пахта. Бар замин ин ҳарруз дар масҷид  маҷлис мекунаду мардумро мегуяд, ки «брен ариқҳо-ҷуйборҳоро биканену тоза кнен». Ин ҷуборҳоро худи ҳамин касиф истифода мебарад. Мардум мепурсад, ки дар як метраш чанд сум медиҳӣ? У дар ҷавоб мегуяд: «ман набошам шумора амният ято ба якто мебара фалонтон мекунад».  

Ин раиси ҷамоат бародари Лутфуллоев Сайфулло Асадуллоевич аст ки дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар омузгор кор мекунад. Дар бораи чи гуна раиси ҷамоат шудани ин Неъматуллои даюс дар шумораи пешина гуфта будем.

Агар ин Неъматулло ин гуна азияту озори мардумро бас накунад, ин навбат муфассал қиссаи чи гуна раиси ҷамоат шуданашро, ки дар шумораи пешина мухтасар гуфта будем, ҳикояти пурра хоҳем кард.

                                         Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ба шумо моҳи шарифи Рамазон муборак бошад. Аллоҳ шуморо ба ниятҳои некатон бирасонад. Ман як модарам. Мехоҳам аз як ноадолатӣ суҳбат кунам. Дар наворе, ки дар Инстаграм баромад, ки 6 нафар донишҷуи Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино байни ҳам ҷанг мекунанд, бачаи ман ҳам дар ин донишгоҳ мехонад.
Ду бачча чанг мекунанд барои як духтар, аммо баччаи ман онҳоро ҷудо мекунад, тамом. Аммо дар навор, ки дар инстаграм ҳаст ва онро духтарони донишгоҳ партофтаанд ҳамаи ҳамин 6 кас афтодаанд.
Милиция омада 6 баччаро бурда барои7шабонарӯз дар спецприемник маҳкам кард. Баччаро ягон дело накарданд, фақат 7сутка маҳкам карданду тамом. Хуб, майлаш гуфтем, ноҳаққӣ шуд. Ду кас ҷанг кардагӣ. Аммо инҳо бурданду 6 касро маҳкам карданд, аз ҷумла бачаи ман ҳам маҳкам шуд. Баъди 7 шабонарӯз инҳо аз спетсприёмник озод шуданд вале ҳамаи он 6 касро аз Донишгоҳи тиббӣ ихроҷ карданд.
Пеши декан рафтам ва пурсидам, ки барои чи бачаи маро хориҷ мекунед, чи гуноҳ кард, ки хориҷ мекунед? Вай баракс ҷанг накунед гуфта дар мобайн даромад, ҷудо   кард. Барои ҳамин кори хубаш магар хориҷ мекунед? Ку ҳақиқат ва ку адолат?

Деканаш мегуяд, ки «видео то боло рафтагӣ, барои ҳамин хориҷ кардем».Мегуяд ректор гуфт, ки то прездент ин навор рафтагӣ. Гуфтам, «ха, охи ягон кори бад шидагӣ нест ягон каса накуштан мисол».
Ман ба ҳамин ректори мединститути ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳриддини Нуриддин гуфтаниам, ки аз Аллоҳ магар наметарсӣ, ки чор бачаро ноҳақ хориҷ мекунӣ?
Хамин инсон ректори мединститут
Ту ҳам падарӣ, фарзанд дорӣ, фарзанди тура ноҳақ хориҷ мекарданд, чи кор мекардӣ?
Ман, расман ба Прокурори Генералӣ ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин ҳодисаи ҷанг ва ноҳақ ихроҷ кардани 4 нафар донишҷуи бегуноҳро тафтиш кунад ва адолатро барқарор созад.

Ректори Донишгоҳи тиббӣ Муҳриддини Нуриддин боз ин корашро ба каллаи Президент зада истодааст. Гуфта истодааст, ки фармон аз боло шуд, барои ҳамин хориҷ кардам. Президент дар як баромадаш гуфт, ки Донишгоҳи тиббӣ ояндаи мо аст. Наход барои ҳамин кор донишҷуй-табиби ояндаро хориҷ кунад?

Бародар Муҳаммадиқбол, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар нашр намоед.

                            ДАНҒАРА

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ домулло Муҳаммадиқболи Садриддин.  Шикояти мардум Данғара аз ширкати мегафон.  9 сол шуд ман симкартаи ширкати Мегафонро истифода мебарм ягонбор бе шот яъне бе пул мондаги нест симкартам бе сабаб махкам шуд.  Данғара маркази ширкати мегафон рафтам дар маркази мегафон мардуми зиёд ҷамъ шуда буданд хуб маълум шуд,ки  аз онҳороҳам махкам карда будаанд. Акнун бадбахтиро бубинед дар маркази Данғара барқ нест ба мардум мегуянд равед бегоҳ барқ шуд баъд биёед. Медонед барқ кай мешавад? Барқ соати 17:30 мешавад то соати 18:00 ширкати Мегафон кор меркунад. Занҳо мегуянд мо кудакони хурди ширхор дорем, кудакони мактабхон дорем охир моҳи рамазон аст ягон илоҷ кунед.  Аммо кормандони Мегафон бошад аслан парвое надоранд. Бар замми ин боз коргарони ширкати Мегафон хело муомилаи бад ба занҳо ва солмандон бархурд мекунанду ҷавоб медиҳанд.  Мардум ҳама намедонанд, ки инҳам бозии худи ширкати Мегафон аст. Ҳатто як дивижок надоранд, ки мардумро сари вақт ҷавоб диҳанду мушкилашонро ҳал кунанд. Бадбахтӣ инҷост,ки намедонанд мардумро бо чи роҳ пулашонро гиранд дар ҳамин моҳи рамазон.  Мардум рузадор аз қишлоқҳо ба маркази Данғара зодгоҳи Президент меоянд кормандони Мегафон мегуянд свет нест мардумро ҷавоб медиҳанд. Агар ин шикояти моро ба мардум ва ба ин ҳукумати ҳаромхур ки доим аз пайи озори ин мардум асту пайваста бо ҳар роҳу услуб мардумро азоб медиҳад.  АЛЛОҲ лаънат кунад Эмомалӣ Раҳмонова ҳам роҳи оилаи дузду ғоратгараш. Охир агар қарзи ширкат зиёд шавад бояд онро шумо аз кисаи мардум бигиред? Охир мо ғулом нестем шаҳрвандони озоди ин ватан ва кишварем.  Худо лаънатшон кунад бо ин мушкилоти сунъие болои мардум меоранд ба хотири пул кор кардан. ИНШААЛЛОҲ мо дигар итминон дорем, ки охири рӯзҳои дар курси мондаанашон аст.  Бо эҳтиром аз номи мардуми Данғара. «Ислоҳ» илтимос номаи моро нашр кунед!

Share This Article