Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 178

Ислоҳ нет

Ин ба назари шумоҳо менамояд, ки мардум намебинад, ин ба назари шумоҳо менамояд, ки мардум чизе намефаҳмад.

 Шумо диктаторҳо ва чокарону нукарону хидматкорони косалесатон бардошти ғалат аз мардум доред. Аз чашми мардум ҳеҷ чиз пинҳон намемонад. Вале халқ сабр мекунад, аммо сабри он беохир нест. Ҳақиқат ва адолат дар камин ҳоло барои вақту соати муайян наззорагари аъмолу кирдори шумост!

Раҳмонов давоми ин ҳама солҳо ҳамеша зурӣ кардааст ва бо зур пеш рафтааст. Ва зургуӣ ва зуркорӣ ба одат ва табиати вай бадал шудааст. То ба имрӯз фақат аз зурӣ ёфтааст. Рисолат ва миссияи давлат ва ҳукуматро дар ҳамин ёфтааст. Ин тавр нест, ки барои мардум осоноӣ ва сабукӣ оварда бошад.

Раҳмонов дида истодааст, ки халқро ҳарчи бештар гулу гиҷу гарангу ъангу данг кунад, боз ҳам тоқат карда истодааст. Мисли мурғе шудааст, ки парашро меканӣ, аммо ҷойи онки бигрезад, наҷот ёбад, боз худро дар пеши поят ҷафстар мечаспонад. Барои ҳамин болои мардум бештар ҷабру ситам карда истодааст. Ҳатто масорифу махориҷи бар уҳдаи давлат бударо ба души халқ вогузор карда истодааст. Бидуни шак ин тавр идома ёбад, халқ як рӯз мехезаду мегуяд, ки дигар бас!

Бубинед, ки ин муаллифи мо аз шаҳри Кулоб чи тавр Раҳмоновро хуб шинохтааст:

                            Кулоб

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Худо кунад, ки муборизини роҳи ҳақ ба мақсаду муродашон бирасанд. Устод ман мехоҳам як чизро бигуям, ки аксарияти мардуми Кулоб, махсусан ҷавонҳо аз ин режими Раҳмонов ва оилаи вай безор шудагианд. Мардуми Кулоб хеле вақт аст ки фаҳмиданд Раҳмонов фақат дар ғами оила ва ҳукумати худ аст. Ин шо Аллоҳ ин навбат ҳамакаса бар зидди ин оила бархоҳем хест.

Ман чаҳор сол мешавад, ки ҳам сайти «Ислоҳ» ва ҳам барномаҳои телевизионии шуморо аз тариқи интернет тамошо мекунам. Як вақтҳо барномаҳои шуморо дар моҳвора ҳам тамошо мекардам.

Ман чи гуфтан мехоҳам? Тамоми ин ҳама солҳо ман рафтору кирдори Раҳмоновро мушоҳида мекунам ва барои худам ин номард ва шахсияти вайро кашф ва маълум кардам. Ба ин хулоса расидам, ки Раҳмонов ҳамеша халқро фиреб кардаасту карда истодааст.

Раҳмонов дар ҳақиқат тавонист бо баҳона ва фанду фиребу гулзадани мардум бо номи «номуси ватандорӣ» ба мақсадҳои худ бирасад ва нақшаҳои касифи  худро амалӣ намояд.

Масалан чи хел? 

Дар аввал якта нимта сумдорҳоро оҳистаяк мегуфт, ки «а бача барои ватан ягон чи кнен охи».

Ин гапро борҳо такрор ба такрор мегуфт. Баъд ҳатман ягонтоаш месохт ягон чи, масалан мактаб, масалан майдони варзишӣ, масалан пул ё ин ки ягон ҷоро таъмир мекард.

Вақте солҳои пеш Раҳмонов ин гапҳоро мегуфт, мегуфтандаш, ки ҳоло мекунем, ҳозир камтар шароитҳо соз нест. Ё инки ягон намуд условияаш мемонданд.

Он вақтҳо Раҳмонов мисли имрӯза набуд, он қадар мустаҳкам ва мутмаин набуд,  кам –кам ибо мекард, ҳарос дошт аз мардум.

Боз мегуфт, ки барои ҷашни Истиқлолият «бсозен, обод кнен, камтар давлат ба по хеза, дига шмора ғам наметем».

  Аз куҷо медонистанд, ки ҳоло ғам медиҳанд вале агар пагоҳ ба по хезад давлат,  ғам ҷойи худаш, чубашон мезанад. Ғам доданаш созтар буд. Мезаданд наркотикрову,  Раҳмонов ҳеҷ чизашон намегуфт. «Моненшон мегуфт, ай сари фоидашон обод мекнан».

 Баъди солҳо Раҳмонов боз тактикаашро каме дигартар карду дар баробари «обод кардан», боз гуфт, ки «иқаи дига мадам бтен ма бюҷетда партом, мардума маош додан даркор. Мо кати шмо накнем, ки мекна дига?».

Инаш ҳам гузашт. Вақте Раҳмон мустаҳкам шуд, тамом, стратегияи контрнаступленияро пеша кард. Соҳибкорони дарбориро барои намуна гуфт «бсозен мактабу дигару дигар, ки дигарорам қизиқшон кна». 

  Аммо  акнун замоне расидааст, ки мардуми оддиро ҳам гушпарӣ карда истодааст, ки «ватани шумост, бояд кам ҳам бошад,ягон чи партоед». Ва ҳоло ба дараҷае оқипадар шудаанд, ки 100 сомонӣ ҳам бошад, ҷамъ мекунанд аз мардуми камбағал. 

 О, бюҷет гуфтанӣ чиз -хазинаи давлат канӣ?! Миллиардҳо ҷамъ мешавад. Куҷо мебарӣ?

 Барои ҳамин мегуям, ки тавонист Раҳмонов, лапша кашол кунад, фанду фиреб диҳад, кору мақсади худашро пеш барад. Ҳозир бюҷет фақат барои Раҳмонов аст, тамом.

  Дар пеш боз як марҳилаи дигар аст, ки мардум бояд худашро худаш таъмин кунаду боз корҳову вазифаҳои давлатро ҳам кунад. Ана баъд тамом. Ва Раҳмонов «Тоҷикистон ба пеш» гуфта ҳамаро аблаҳу аҳмақ фарз карда ҳукумат рондан гирад! 

                        Исфара

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин шабурӯзҳо мавсими маъракаи даъвати тирамоҳӣ, облаваи навбатӣ сар шудааст. Чанд сол мешавад, ки Чоркуҳи Исфара дар рӯзи аввали ин маърака нақшаи даъват ба аскариро иҷро мекунад. Ҳамчунин аз вилоятҳои Тоҷикистон аввалин шуда Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаи ҷалби ҷавонон ба артишро дар ҳамон рӯзи аввал ба охир мерасонад. Фикр мекунед, ки чаро Чоркуҳ ва Бадахшон даъватро зуд ба анҷом мерасонанд? Барои онки Раҳмонов ва ҳукумати вайро сахт дӯст медоранд?  Не, тамоман баракс. Аз афту андоми хунукаш безоранд. Агар фаромӯш накарда бошед ҳолатҳои овардани ҷавонҳо аз муҳоҷират, дар подвали милисахонаҳо шинонилани падару модари ҷавонҳои синни даъват, билет харида аз Русия овардани ҷавонҳо, бастани дари  масҷидҳо ва шартгузорӣ, ки нақшаро иҷро мекунед, баъд намоз мехонед ва аз ҳамин гуна зулму истибдодро дар аввал дар ҳамин Чоркуҳ татбиқ карда буданд. Мардум барои онки чунин аъмоли ғайриинсонӣ, ғайриқонунӣ боз такрор нашавад ночор шуд, ки ҳар мавсим зудтар нақшаро иҷро кунад. Чун дар муқобилаш на ҳукумат, на қонунро дид, дар муқобилаш ғосибу вайронгарро дид.

  Аммо мутаассифона дар ҳамчунин шароит ҳам боз одамҳои худи ин ҳукумати зиддихалқӣ, масъулину маъмурини он талош мекунад, ки фарзандаш хидмати сарбозӣ наравад.

Бародар Муҳаммадиқбол ман чи гуфтаниам?

  Дар баҳори соли гузашта, майи соли 2023  раиси ҷамоати деҳоти Зумрад Мубашира Атохонова писари худашро аз хизмати ҳарбӣ гурезонд Ва мо аз саркашии фарзанди раиси ҷамоати Зумрад аз хизмати ҳарбӣ ба раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ба прокурори шаҳри Исфара Зуҳурзода Фатҳиддин Саидамирзода ва ба сардори шуъбаи корҳои дохилии Исфара Исозода Набиҷон аз ин кирдори раиси ҷамот шикоят намуда будем ва гуфта будем, ки сабаб дар чист, ки раиси ҷамоати деҳоти Зумради Исфара амру супоришҳои Пешвои миллатро иҷро намекунад? Дар идомаи номаамон, ки дар Фейсбук ҳам нашр кардем навишта будем, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласа таъкид намуданд, ки фарзандони роҳбарони ҳамаи зинаҳо аз аъзои ҳукумат то вакилони парлумон, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, раисони шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо хидматчиёни давлатӣ бояд худашон намуна дар ҷиҳати риояи Конститусия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бошанд. Аммо раиси ҷамоати Зумрад Атохонова Мубашира фарзандаш даъватшаванда Ансор санаи 27 май бояд аз Россия расида меомад. Наомад. Ва бо ҳар баҳона Атохонава Мубашира фарзандони деҳқон, омузгору табибро маҷбур ба хизмати ҳарбӣ фиристонд.

Имрӯз фарзанди худи раиси ҷамоат суиистифода аз мансабу мавқеи модараш карда аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунад. Ин магар аз руи адолат аст?

 Аз раиси шаҳр Баҳовиддин Баҳодурзода, прокурори  шаҳр муҳтарам Зуҳурзода  Фатҳуддин Сайидамир, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Исфара муҳтарам Исозода Набиҷон хоҳиш мекунем иҷрои амру фармонҳои Пешвои миллат миёни ҳама қишрҳои ҷомеа баробар риоя карда шавад ва дар навбати аввал фарзанди раиси ҷамот Атохонова Мубашира Ансор ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шавад.

Дар ҳамон мавсими даъват раиси ҷамоати Зумрад Атохонова Мубашира нақшаи даъвати ҷамоатро  иҷро намудем гуфта ҳисобот дод. Аммо фарзанди худи раиси ҷамоат, ки Ансор ном дорад санаи 27.05 2023 чиптаи парвози ҳавопаймо дошт ва бояд аз Федератсияи Россия  меомад. Вале чи хеле гуфтем фиреб карду наомад.  Маълум шуд, ки ин чипта сохта ва қалбакӣ ва барои намоиш будааст. Аз масъулони шаҳр, Прокурори  шаҳр, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Исфара, комиссари ҳарбии шаҳр хоҳиш мекунам мисли фарзанди деҳқон фарзанди Раиси ҷамоатро талаб намоед ба хизмати Ватан-модар равад, зеро хизмат барои ҳама табақаҳои ҷомеа фарз ва қарз аст!!

 Аммо ҳоло боз ҳамин раиси ҷамоат мардуми маҳалла ва деҳоти ҷамоатро таҳти фишор қарор дода истодааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси шаҳри Исфара ягон чорае наандешиданд. Кас гумон мекунад, ки инҷо аслан ҳукумат вуҷуд надорад.

 Гуфтаниам, ки дар таъмири роҳ ва мактаб аз ҷониби Ҳукумат ва Ҷамоат як сомонӣ сарф нашуд. Харҷи таъмирро шермардони Зумрадшоҳ пардохт карданд. Барои таъмири роҳ тахминан сесад ҳазор сомонӣ сарф шуд. Мо аҳли деҳа миннатдории худро ба он нафаре, ки дар ин кори хайр ва ободии деҳа заҳмат кашиданд Рӯзибой Нарзуллоев ва раиси маҳалла Воҳидов Давронбой мерасонем. Ва дар таъмири мактаб собиқ хатмкунандагон ҳамин дабистон ҳар як синфхонаро тақсимот карда саҳм гузоштанд.
Айни ҳол раиси ҷамоат Атохонова Мубашира бошад сӯистифода аз мансаб карда кӯмакпулии як вақтаина ҷудо мешуда ба сокинони маъюбро якчанд нафарҳои маъюбро хат зада бо ҳамроҳи зердастонаш ба ҷойи ин кӯдакони маъюб танҳо дӯстон ва рафиқони худро номнавис кардааст. Ин нома аз забони як модари кӯдаки маъюб омада расид. Ин зан барои арз ба ҷамоат меравад аммо мубашира кори худро қонуни хондааст.
Мо якум маротиба ба «Ислоҳ» нома менависем. Умедворем ин номаи моро чоп менамоед. Иллаташ дар он аст,ки ба ҳар мақомоте шикоят кардем баракс шикояти кардаамон бар зидди худамон тамом шуда аст ,то имрӯз. Агар ба шикоятҳои мо мақомоти марбутае дар боло зикри номашонро намудем расидагӣ мекарданд, мо ба «Ислоҳ» чаро номаи шикоятӣ нависем ?

                                 Сари хосор

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам ҳаматарафа хуб бошед.

 Хабарҳои наву тоза вале ғамангез аз Сари хосор дорам ва бароятон ироа мекунам.

 Дар ноҳияи Балҷувон, ҷамоати деҳоти Сари хосор вазъият дар як ҳолати хело бад қарор дорад. Одамкушӣ ба авҷи аъло расидааст. Аммо ҳамаашро худкушӣ гуфтаву  бо дастгирии Пабло Эскобар, яъне Ҳасан Ҷангӣ касали руҳӣ оформит карда истодаанд. Ин хонасухта нақши Пабло Эскобарро бозида дамкушҳо ва таҷовузгаронро дастгирӣ мекунад.

  Эй, Ҳасан Ҷангӣ  бас кун! Камтар аз худо битарс. Ту ҳам инсонӣ, як рӯз мемирӣ. Аз одамкуш ҳимоя мекунӣ, аз нашъаҷалоб ҳимоя мекунӣ. Раҳматии Ҳомидро як нима кардаӣ, бори хирс кардӣ. Дар беморхонаи Ховалинг духтурон ҷои туро дида буданд. Зани ҷиянатро нияти бад кардӣ: «хдша кушт, касали руҳиш гузарондӣ, баскн эй хунасо».

 Шералиев Илҳом бо бачаҳои Раҳмони Исуфбой даъвои ҳамсоягӣ доштанд. Бо дастгирии Ҳасани Ҷангӣ, Шералиев Илҳомро қапиданду дар дарахти чормағз бастанду таҷовуз карданд. Бечора «иқа даъво кад гапша ҳиҷҷо гуш накадан на милеса на суд на пракрор гаштай тефакош кашол».

 Духтари Хуҷамардов Ҳамид аз деҳаи Шаҳидон, келини усто Абдуалим буд. Дар деҳаи Афардӣ зани усто Абдуалим бо номи Бибӣ уро ҳамроҳи келину духтараш куштанд. Ҳамсояҳоя шунида будаанд, ки тарафи духтари Хуҷамардов Ҳамид мегуфтааст, ки «ахир ма тра мекшм». Ин зани усто Абдуалим бо номи Бибӣ машҳур аст. Аз деҳаи Темурмалик аст. Модар шавҳари аввалааш яъне хуштоманашро куштагӣ будааст. Боз як кудаки дигарро ҳам куштагӣ будааст. Дар одамкушӣ таҷриба доштааст. Ҳатто наберааш гуфтааст, ки «момам янгама ай пштш ҷиқид ғалтид ҳуч кадан друни оғил дроварданш, каг буто хдша ҳалқовез кадай. Нахо шахсе нияти худкушӣ кна дар пош наски сафед, дар чашму руш ҳархел рангу бор ороиш додагӣ бдай». Экспертиза исбот кардааст, ки ин марги маҷбурӣ аст .Муддати як сол мешавад Хуҷамардов Ҳамид даъво дорад, аммо ягон мақомот гуш намекунанд. Барои онки Ҳасан Ҷангӣ ва Азим Иброҳим дар ҳимояти ин зани қотил бо номи Бибӣ  қушанд.

 Аз деҳаи Шингидара одамҳои кури Сайф, раиси ҳозираи ҷамоатро бо маводи бангдона дастгир карданд. Гуфатнд, ки 40 килоро ташкил медод. Ба дастгирии Ҳасан Ҷангӣ озод карда шуданд.

 Набиев Сайфиддин аз дараи Осиёбак бо зане бо номи Шаъмӣ муносибат дошт. Аз инҳо як духтарча ба дунё омад. Аммо кудакро кушта бурда дар сари боғашон гур карданд. Аз ин воқеъа кормандони орган бохабар шуда пурсу посро сар карданд. Шаъмиву Сайфиддин гуфтанд, ки мурдагӣ таваллуд шуда буд. Экспертиза фарёд карданд, санҷиду гуфт, ки 24 соат кудак зинда будааст. Модари кудак гуфтааст, ки «Сайфиддин мара гуфт то гудака накшӣ, ма тра намегрм. Дар хрҷин дохтм кштмш». Бо ёрии Ҳасан Ҷангӣ Набиев Сайфиддин сумро доду халос шуд.

 Навасаи Бобои Шовалӣ, бачаи Шерхон бо духтари Саиди нуршайтон кам -кам суҳбатҳои пинҳонӣ доштаанд. Як шаб бачаро Саид дар пушти хонааш меқапад, мезанаду ба кедман мекушад. Худи ҳамон шаб Саид мурдаро бо додараш Комил ё Асад ҳуч карда мебаранд дар хонаи Шерхон дар ҳавлиаш кашол мекунанд. Гуё худкушӣ кардааст. Ҳатто худи ҳамон шаб ҳамин бача ҳамроҳаш ҳамроҳе ҳам доштааст. Вақте Саид мебинад мегуяд:, биистен. Ин бача мистад аммо ҳамроҳаш мегурезад. Бо дастгирии Ҳасан ҷангӣ касалии руҳӣ оформиташ карданд, тамом шуду рафт кор.

  Ҳасан Ҷангӣ дар муддати 10 сол раиси ҷамоати Сари хосор буд. Айни ҳол дар Балҷувон идораи ҳифзи табиатро дар ихтиёр дорад. Кораш фақат талаву тороҷи мардум ва фисқу фуҷур аст. Ман бо тариқи «Ислоҳ»-ин минбари мардумӣ ба кормандони ноҳияи Балҷувон аз он ҷумла  ниҳодҳои дахлдор, аз он ҷумла онҳое, ки дар ҷамоати Сари хосор фаъолият мекунанд, гуфтаниам: «куҷо мара мековен? Ма дар байни шумойм ҳарӯз катитон салом мекнм, беҳуда хтона ғам натен, ислоҳ шавен то азизи мардум гарден. Маҳам брам ай паи ягон кори дигам шавм ва ҷиноятҳои шуморо ба «Ислоҳ» нанависам.

                                            Ваҳдат

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат аз ҷамоати Раҷаб Исмоил деҳаи Зарнисор. Мо як раиси маҳалла дорем, ки Барот ном дорад. Ин раиси маҳалла ҳамроҳи Саидзода Умед, раиси ҷамоат Зарипова Мавзуна, котибаи раиси ҷамоат ва ҳамроҳи Фарҳод, муовини раиси ҷамоат ва дигаркорманди идораи андоз Ислом вес ҷамоатро ба дод овардаанд. Аз рӯзе, ки ин одам раиси ҷамоат шудааст мардумро безор аз ҷонашон кардааст. Дар Прокуратура мефурӯшад дар 6-ой мефурӯшад ва бо ин роҳ мардумро аз мақомот метарсонад. Мардуми мо камбағал мебошанд. Умед раиси ҷамоат шуду ҳамаи коргаронашро аз ҷамоати Гурунуф, ки пеш онҷо кор мекард овард.

  Ба наздикӣ аз як ҳамсинфи ман, ки туй дошт 3000 сомонӣ барои иҷозатномаи туй  гирифт. Боз як котиба дорад бо номи Зарипова Мавзуна, ки барои гузаронидани  ақди никоҳ 800 сомонӣ аз ӯ гирифт. Ин котибааш аслан бесавод аст, аммо тули 2 сол мешавад, кор мекунад. Ҳоло хонаи 2 ошёна ва як мошини 110 ҳазор сомона дорад, ки бо рақамҳои 2777 мегардад. Бар замми ин қадар корҳояш тарафи ҳамсояҳо мегуфтааст, ки тағои ман коргари коррупсия мебошад. Ин котиба ҳамроҳи раис Саидзода Умед алоқаҳои ғайримашруъ ҳам  доранд, ки чанд нафар дидааст. Ва як коргари дигараш бо номи Ислом. Ин ҳам як ҳаромхури дигар аст. Мардум агар ягон сохтмон кунанд, ин дарҳол хабардор шуда ба амният хабар медиҳад. Хулоса, ин ҷамоат мардумро рӯз намедиҳанд.

Ва коргари дигараш повесткаро бурда аз хонаҳо 1000 сомонӣ пули повестка мегирад. Аз дастаи инҳо мардум хеле азоб кашида истодаанд.

Ин ҳаромии Бароти раис бошад бо Кемри2 бо номерҳои 8144 мегардад. Светофорҳои Ваҳдат ба ин ҳамеша зелённий мебошад. Ин одам дар Андигон зиндагӣ мекунад ва як магазини дигар дорад дар Андигон. Барои билети ҳарбии сохта (фалшивий) то 20ҳазор сомонӣ гирифта боз ҳамон билети ҳарбиро намедиҳанд, фиреб мекунанд мардумро. Боз ин Фарҳодаш аз камбизоатҳо  2500 -3000мегирад, мегуяд ҳақи раис ва ҳақи дастгоҳ мебошад. Як ҷураам аз Хуҷабойқул мебошад. Гуфт тули 6 моҳ ҳисоботи ҷамоатро менавиштааст. Ин раиси ҳаромхур додарашро шофери худаш гузарондааст. Аммо дар асл додараш шофер нест. Тамоман муфту ройгон аз давлат маоши ронандагӣ мегирад. Охир ин ҳама зулмро мо дигар чихел тоқат кунем ва бар дурӯғ «Тоҷикистон ба пеш» гуфта гардем? На барқ, на об, на маош, на кор, на адолат ….

                       Шаҳринав

     Ассалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракатуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз мухлисони «Ислоҳ. нет» ҳастам. Ман аз Шаҳринав, яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳастам. Ин суханҳои бародарҳоямон100 дар 100 рост аст.

 Ман ба ҳамаи барномаҳои шумо лайк гузошта тамошо мекунам ва ҷураҳоям мегуянд: «эй,тамошо накун мебаранд трмат мекнан».Аммо ман фақат тарс аз Аллоҳ дорам. Маро аз синфи 9 аз мактаб пеш карданд. Ман боз рафта ба директор гуфтам, ки чи хел кунем, ки таҳсили мактабро давом диҳем. Директор ба ман гуфт 1000 сомонӣ бидеҳ, корҳоят ҳал аст. Ман ин гуна маблағ надорам гуфтам. Ӯ ба ман гуфт: «агане бза бра ай иҷа». Ягон ҷои кор нест. Ман тули 2 сол аст, ки дар Русия қарор дорам. Ана мактаб ҳам сар шуд. Акнун бачаҳоро маҷбур карда истодаанд, ки партаву стол бихаранд. Партаву стол 800 сомонӣ аст. Дар бозорҳо ҳамаи чиз қимат, бекорӣ безорамон кард. Дар мактаб пули таъмир, пули обуна, пули тиреза, пули рӯзнома, пули китоб, пули газета, пули ишками директор гуфта мегиранд. Ба худо безорамон кардаанд. Ба мактаб сатр набанд, аммо юбка мумкин. Ман низ бояд загранпаспорт мегирифтам. Рафта дар навбат истодам ва даромадам. Маро нигаҳ карда гуфт,ки 500 сомонӣ зиëдтар бидеҳ тезтарак мекунем. Аммо ман як тин бештар надодам.      Соли 2021 буд. Зимистон хунук. Ба хона аз барқ омаданд. Рост мо қарз доштем. Бе пурсу посу додани срок барқро канда рафт. Ман кадомашро гап занам . Порахурҳои мактаб, порахурҳои ҷамоат, порахурҳои ноҳия, порахурҳои вазорат. Ягон илоҷи гурехтан надорӣ. Ин дуздиву ғорат аз боло сар шуда аст. Ҳозир кадом  саги калоне меомадааст, ҳамаи гулдухтарҳо маҷбурӣ ба маршировка рафта истанд. Бас аст хап кардан, бас, бас,бас. Ин дуздро нест кардан лозим ҳамаи мову шумо ғулом шудем. Агар ин мактубам нашр шавад аз шумо хурсанд мешудам.

Share This Article