Суҳбат ва ҳарфу ҳадис аз «бесоҳибии ноҳия» аз ҳар минтақаи кишвар баланд шуда истодааст. Манзури бесоҳибии ноҳия ин аст ки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ даст ба корҳое зада истодаанд, ки мардум дар ҳайрату тааҷҷуб мемонанд. Гап дар бораи он меравад, ки дар ноҳия ва ҷамоатҳо онҳое, ки масъулиятҳоро бар душ доранд, тамоми мушкилоти худро бо истифода аз зуру таҳдиду фишор овардан болои мардум ҳал карда истодаанд. Ин муаллиф менависад, ки ҳатто табибу омузгор, куҷо расад ба раиси ноҳияву ҷамоат ва милисаву прокурору кгб, то пора нагиранд, аслан ба шумо таваҷҷӯҳ намекунанд. Ин муаллиф як мисоли мушаххас оварда исбот мекунад, ки аз ин кор худи Эмомалӣ Раҳмонов хабардор аст, аммо худро ба нофаҳмид мезанад.
Хуросон
Ассалом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бори аввал аст, ки менависам, хатогие бошад узр. Ташаккур ба Ислоҳ, ки метавонем дарди диламонро гуем. Ман аз ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи маркази ноҳия ҳастам.
Бовар кунед дар ҷумҳурӣ ин хел бесоҳибтарин ноҳия нест. Намедонам аз куҷояш сар кунам. Аз раису дигар роҳбарияти ноҳия то табибу омузгору муаллиму коргари ҷамоат ҳама порагиру порахуранд. Ман мехоҳам аз беморхона ва табибони фасодкор сар кунам. Боз дар оянда дар бораи дигарҳояш ҳам ҳатман менависам, то мардуми Тоҷикистон ҳама бидоннад, ки дар ноҳияи мо чи гапу хабар аст. Инҷо ҳар кас раис, сардори милиса, сардори амният, прокурор, раиси суд мешавад фақат халқро ғорат ва занҳоро таҷовуз мекунанд, касе чизе гуфта наметавонад. Занҳои мардони муҳоҷир, агар корашон ба инҳо ғалтад, дар дасти инҳо мисли зани худашон мешавад, ин туҳмат ва бофта нест.
Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон Файззода Ҷурабек як шахси коррупсионер ва таҷовузгар аст. Аз ҳама кормандони беморхона пул мегирад. Аз бунгоҳҳои тиббии саросари ноҳия, аз ҳамшираҳои шафқат, ки ба кор мондааст, ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо аз 100 то 200 сомонӣ мегирад, чунки «доля» бастааст. «Сума наметӣ, вазифара холӣ кун мега». Ин шахси бадсиришт чандин оилаҳоро низ ҷудо кардааст ва то ҳозира ҳамаро таҷовуз карда гаштааст. Бо пули ҳаром пора пулмаст шудааст. Корпуси зоишгоҳи беморхона бояд ба сармоягузогии давлати Олмон таъмиру навсозӣ карда мешуд. 2 бино месохтанд ва дар тагаш подвал-таҳхона сохта мешуд. Аммо подвал ҳам нашуду биноро ҳам якошёна сохтанд. Худи президент омад дид, аммо шунидем, ки маъқул нашудааст. Чунки пули сармоягузорро бераҳмона ва ноинсофона хурданд. Президент замони ифтитоҳи беморхона омад, дид, настаренияҳояш тамоман гашт. Супориш дод, тафтиш карда ҳамаашро қапиданд. Сардухтурро қапиданд, гуфтем акнун халос шудем. Вале чанде пас пули хубашро гирифтанду озодаш кардану омаду боз корашро давом дод. Бовар кунед, ки ин сардухтур бисёр ҳам одами бадкирдор аст.
Дигараш бо номи Намозов Азам, ки духтури чашм аст. Ин духтур бисёр зинокори ифлос аст. Бисёриҳо қасами ӯро хурдагинад. Кадом зан ва келинҳои ҷавон фарзандонашонро мебаранд барои муоина вақти ба қайд гирифтан рақамҳои телефонҳояшонро мегираду баъд сар мекунад занг задану гапро тоб доданро ва ба боварашон даромада корашонро мекунад. Чандин оилаҳоро вайрон кард. Ҳар зане ҷавон, ки наздаш меояд мепурсад, ки шавҳараш дар куҷо аст ва агар онҳо «бган Росиядай ида дига Худо дод ,сар мекунад ҳуҷума». Ҳеҷ кас чизеаш намегуяд. Отдел мебаранд, пулро медиҳад ба милисаҳои беномуси ноҳия, ягон нафари онҳо пеши роҳи инро намегирад: на амният ва на милиса. Гуфтааст: «пула метум, лозим шава зану духтарои милисаву амниятам фалон мекнум».
Аламовараш ҳамин аст ки бечора бародарҳои мо дар ғарибӣ. Албатта, худи ин занҳо ҳам, ки чанд вақт мешавад мардро надидаанд, бештарашон зуд ба домаш меафтанд. Ягон аломат медиҳанд ва тамом. Ва боз ин касиф дар маърака мешинаду мегуяд, ки фалон зан …дод, беҳад кайф кардам. Амнияти ноҳияи Хуросон аз тамоми ин кор бохабар аст.
Ман мехоҳам як чизро қайд кунам. Вақте духтур ва милиция таҷовузкорӣ мекунанд бадтарин хатар болои миллат мешавад. Чунки ин ду бояд тарбиятгари ҷомеа бошанд ва бояд намуна бошанд, ҳарому ҳалолро донанд, на инки касе пешашон рафт таҷовуз кунанду кудаконашон дар берун утоқ ва шавҳаронашон дар ғарибӣ бошнад. 70 фоизи мардҳо дар ғарибианд, онҳо дар кадом ҳолат қарор мегиранд? Ин лаънатиҳо бо мардону занони мо чи кор карда истодаанд?
Имрӯз ҳукумат даъво мекунад, ки мо Оли Сомонем. О, Худо бигирад туро, охир Олӣ Сомон мусулмон ва диндор буданд. Ин Азам Намозов даҳ оиларо вайрон кард. Занҳои шавҳару фарзандорро расво ва аз шавҳаронашон ҷудо кард. Худо занад инҳоро.
Бародар Муҳаммадиқбол, бовар кунед, хун дар танаам бетоқатӣ дорад. Чи хел давом диҳам намедонам.
Гапи дигар инки ҳамаи заминҳоямонро Фароз гирифту писта корид. Ин шо Аллоҳ дар барномаи дигар дар ин бора ва лулаҳои обгузари деҳаи боло ва инки раиси собиқи ноҳия чи хел дуздид, менависам.
Файзобод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман барномаи Семейканюсро тамошо кардам. Шумо дар ин барнома гуфтед, ки Оила бизнеси гуштро ҳам тасоҳуб кард. Бизнеси гушт, ҳама намуди гушт, гушти паранда ҳам, тухмро ҳам гирифтагианд. Барои ҳамин дар куҳҳо масалан Айнӣ, Яғноб, Мастчоҳи куҳӣ, тарафи Ховалинг, Муминобод, Сари Хосор ҳамаи ҳамин куҳистони кишварро Рустам гирифта дар онҷойҳо ферма кардагӣ аст. Полний чарогоҳҳоро гирифтагианд. Мардум ба дод омадагианд. Подаҳояшонро ба чаро бурда наметавонанд. Ин кор аз чандин сол аст давом дорад. Дар Данғара як заводи пахта сохтагианд. Бисёриҳо мегуянд, ки аз Хитой аст. Аммо ин гап ин тавр нест, аз худашон аст. Аз худи Эмомалӣ аст. Тамоми пахтаи ҳамон территория аз Данғара, Кулоб, Восеъ, Темурмалик, Фархор ҳамаи ҳамонҷо тракторҳои калони истеҳсоли Хитой мераванд пахтаро мехранд меоваранд дар ҳамин завод месупоранд. Дар ин завод мисли пешина пахтаро қоқу хушк намекунанд. «Прямой медозаш худуш автоматӣ қоқш мекуна, переработкааш мекнад».
Ин фирмае, ки ин корҳоро мекунад номаш «Мармарӣ» аст. Мармарӣ аз Рустам аст.
Як, ду шиносҳои ман дар ноҳияи Рудакӣ фермаи мурғ доштанд. Онҳоро рӯзбарӯз таҳти фишори налогу байториву дигару дигараш карданд. Маҷбур шуданд корро қатъ кунанд.
На фақат гушт, тамоми намуди бизнесро инҳо монополия карда гирифтагианд. Барои ҳамин тамоми нарху наво гарон мешавад.
Дар вақташ дар заводи пахта кор мекардам. Солҳои 2006-07-2008, ба гирифтани бизнеси пахта сар карданд. Ҳамон вақт литри равған севуним сомонӣ буд. Гирифтан замон бизнеси пахтаро байни як ҳафта як литр руған 6уним то 7 сомонӣ боло шуд. Кадом тиҷоратеро, ки ин оилаи Пешво гирифтанд нархро сразу як баробар хезониданд. Ҳамин гуштро ҳам ҳаминҳо намемонанд, ки арзон шавад. Одамҳо мебаранд мекушанд, арзонтар намемонанд, ки бифурӯшанд.
Ҳозир светро надода истодааст. Агар батареяи солнечний хариву дар хона истифода кунӣ, меоянд штраф мекунанд. Мегуянд, ки ҳар моҳ ин қадар сомонӣ бояд налог бисупорӣ. То ҳамина намехоҳанд, ки мардум осуда ва осонтар ва дар рушноӣ зиндагӣ кунанд.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман як хоҳари шумо ҳастам аз Восеъ. Ҳоло дар ватан ҳастам. Лекин чандин сол дар Маскав кору зиндагӣ кардаам. Ман чи гуфтан мехоҳам? Барномаҳои шуморо ҳам дар Маскав ва ҳам дар Восеъ тамошо мекунам. Дар Маскав, агар ҳамаи муҳоҷирон набошанд ҳам, аммо, бовар кунед 80-90% мардум шуморо тамошо мекунанд. Мо чандин занҳои муҳоҷир пеши худ аҳд кардаем, ки ҳар гоҳе мухолифин ба ватан баргаштанд ва ин ҳукумати золими номардро дафъи муминон карданд бо гулу гулдаста ба пешвози шумоҳо мебароем. Чунки ҳозир фақат шумоҳо ҳастед, ки пушти мардуми камбағал ва пуразоби тоҷик истодаед.
Барномаҳоятон дар бораи Бег Сабурро ҳам тамошо кардам. Аз ҷумла шумо дар бораи мағозаҳои Бег Сабур дар Маскав гуфта будед. Валлоҳӣ қасам, худам дар ҳамон мағоза кор кардаам. Он магазинро Зафар ва Диловар ном ҷиянҳои Бег Сабур пеш мебурданд. Дар подвали буйини намноки заҳзада ва пури чирку пури каламуши он магазин, ки ҳаво намедаромад маҷбурӣ хоб мекардем. Як хурокои нимкола медоанд, ки нимсеру нимгушна мегаштем. Мо ранги ойликро намедидем. Валлоҳӣ қасам, хар ворӣ кор мефармуданамон. Ҳам кори мардҳоро мекардем, бор мефуровардем, ҳам кори занонаро, тоза мекардем, мешустем. Боз як намуд гапе мезаданд, ки гуё мо одам набудем. Мегуфтанд, ки айни хона рафтан шумо ойлик мегиред, расчет мешавед. Ранги талбанда будем, дар он магазин. Ман худам якуним сол кор кардаам. Азоби сагро дар он магазин кашидаам, касалӣ шуда аз онҷо баромадам. То ҳозира 59 ҳазор рубли ман, ки он солҳо қариб ба се ҳазор доллар баробар буд, дар дасти Бег Сабур монд, он пули ҳалоли кор кардаи маро надоданд.
Бовар кунед, ки як инсони беҳад хасису мумсики гушна аст.
Ваҳдат
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Мехоҳам аз шаҳри Ваҳдат як хабарро ба шумо расонам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не дар мактаби рақами 3 ба номи Валентина Терешкова талабаҳои аз синфи 7 то 11ҳатто духтарҳои мактабро алкаш кардаанд. Ин бадбахтҳо мактаббачаҳоро ба запахи клей ва бензин омухташон карданд. Талабаҳо аз бозор суперклей мехаранд, буи клейро буй мекашанд ва масту беҳуш мешаванд. Яке аз онҳо ҷияни худам, духтари холаам буд. Ончунон омухташон кардаанд, ки гоҳо аз истеъмоли зиёд ба мурдан ҳам наздик мешаванд.Ҷияни худамро падару модараш қариб аз задана кушта буданаш.
Духтарҳоро бо буйи клей ва бенизин масту беёд мекарданд ва бойбачаҳову сумдорҳо онҳоро аз ақибашон таҷовуз мекардаанд. Шумо, шояд гумон кунед, ки ман афсона гуфта истодаам. Вале ин ҳақиқат аст, ҳақиқати талхи рӯзҳои мо. Ба ман гуфтанд, ки ба ин кор баъзе аз муаллимҳову муаллимаҳо шариканд. Онҳо духтарҳоро ба ин ҳол расонида ба сумдорҳо дода пул мегирифтаанд.
Чанд духтар, толибаҳои мактаби Аҳмади Дониши шаҳри Ваҳдатро бо ҳамин усул бачаҳои калон таҷовуз кардаанд. Айни замон онҳоро мақомот қапидаанд муқобили онҳо делои ҷиноятӣ кушода тафтишоташон давом дорад. Аммо намедонам инки тафтишот идома дорад ё пул гирифта ҷавобашон додаанд. Муҳим ҳаминхел гуфтанл ончи шунидам онро гуфта истодаам.
Ана ин аст натиҷаи фасоду фасодкорӣ ва рӯзгори сиёҳи мардум, бахусус ҷавонҳоро аз таълиму омӯзиши динӣ маҳрум кардани мақомот бо фармони пешвои шайтонашон.
Панҷ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед. Ончики бародарҳо дар бораи Панҷ номаҳо фиристоданду шумо чоп намудед, валлоҳӣ ҳамааш 100% росту дуруст аст.
Талбику бачаҳояш дар ду ҷои хуб кору фаъолият карда истодаанд, бо тамоми қуввае доранд ғорат мекунад. Барои чунин ғоратгариҳояшон Комрони началникамонро дафъ карданд. Дар ҷои вай Эмомӣ панҷии худамон шуд.
Аммо ин Эмоми Гаи аз он пештарааш бадтар кор карда истодааст.
Ман инҷо як гап гуфтаниам.
Муллоимоми мо бо началник милисаи Панҷ мегуфта бошӣ, ки акаву укаанд. Чанде гуӣ кор доранд. Мотосиклҳоро меқапанд. Як бизнес ташкил кардаанд. Як муллоимоми беимон. Через ҳамон ҳазор -дуҳазор сомонӣ мегиранаш аз отдел вале агар нашавад, ҷаримааш панҷ ҳазор сомонӣ мегуяндашон ба соҳибони мотосикл.
Имрӯз як воқеа дар военкомат руй дод. Бояд навдаъватшавандаҳо, ки 40 нафар буданд роҳиашон мекарданд. Аммо чи хеле мекунанд, ки мегурезанд. Ду нафарашро қапиданд, дигарҳояшонро наёфта истодаанд. Аммо падару модарони онҳоро маҳкам кардаанд. Имрӯз дар масҷиди ҷумъахонӣ махсуми Асадулло бисёр таҳдид кард «биёвеншон, ки делои ҷиноӣ мекунаншон, трма мекнан падару модарошона». Охир ҷавон гурезад падару модари онҳоро барои чӣ зиндон кунанд?
Ана ҳамин аст давлатдории ин Раҳмонови модарпурхато. Албатта, роҳи ҳалли ин масъала ҳаст. Масалан муҳлати хизмати ҳарбиро яксола кунад, ҳама бо хоҳиши худаш меравад. Аммо ин корро барои бизнеси худ намекунанд.
Аллоҳ мову шуморо аз зулми ин золимон раҳоӣ бахшад!
Ваҳдат
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ шуморо дар паноҳи худ нигаҳбон бошад. Имрӯз мехоҳам дар бораи мактаби ронандагии шаҳри Душанбе, ки дар 9-ум километр воқеъ аст, нависам
Автошколаи 9 -ум на ҷои ронандагӣ, балки ҷои бизнеси муаллимҳо шудааст. Дар инҷо порагирӣ ба авҷи аъло расидааст. Дар ҳолати супоридани экзамен менишинӣ, пулро медиҳӣ, ҳамаашро муаллимон мегуянд ва ронанда танҳо рақамҳоро меҷуқаду халос.
Аз муаллимоне, ки рондани мошинро меомузонанд нагуем ҳам мешавад, дар барат менишинад, вай меронад, ту бошӣ чорзону карда мешинӣ, вақт буд мешавад, тамом мефароӣ. Меоиву якчанд рӯз баъд, ҳуҷҷати ронандагиро мегирӣ. Ба валлоҳ қасам, хеч кас парво надорад, ки ин ронда наметавонад, оқибат чи мешавад. Ҳеҷ кас саволе пеши худ намемонад, баъд натиҷаашро мо мебинем, ки чи қадар садамаҳо руй медиҳанду инсонҳои бегуноҳ мемиранд
Дар ватан ягон ҷое намондааст, ки корат бе пул ҳал шавад. Ҳамаҷо пулу порагирӣ. Ҳамин ҷои экзаменсупорӣ барои гирифтани сертификати забони русӣ, барои бахилаке, ки мепушӣ 3 сомонӣ аз ту мегиранд, ки охир ин як бахилаки салафанӣ аст, чаро бояд се сомонӣ бошад? Охир дар Русия медароӣ латагияш бе пул мондагӣ аст. Дар мо бошад дар тамоми беморхонаву дар ҳама ҷо барои ин бахилак пул мегиранд.
Тамоми мардум то пои ҷон аз Эмомтапак безор шудаанд, аммо тарс доранд. Ҳукумати Раҳмонов дар болои тарси мардум рост истодааст. Ҷигарам месузад барои ватанам. Дар ин сини ҷавониам гоҳо гиря карда дуъо мекунам дар намозҳоям, ки ё Аллоҳ Тоҷикистони моро аз чанголи Эмомтапаки золиму қотил наҷот бидеҳ.
Ин режимро зудтар аз сари қудрат дафъ кун. Ҳамон сухани бародар Суҳроб Зафарро мегуям, ки «ма дар гур ором хов намерам, то и режим ай байн наравад».
Устод, ин навиштаҳо як қатрае аз баҳри дарди дили ман аст. Дар оянда боз менависам. Аммо ҳоло илтимос ин навиштаамро чоп кунед.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд вақт шуд, ки наменавиштам. Аммо боз қалам ба даст гирифтам. Маълум аст ки на номамро ва на ҷойи корамро ифшо намекунам. Шумо ҳам табъан, ки намепурсед чун хуб мешиносед маро. Ҳоло чи гуфтаниям?
Як ҳафта шуд, ки конкретно чистка рафта истодааст. Дар тамоми ҷумҳурӣ. Аз чандин минтақаҳо нафарони зиёдро дастгир карда оварда истодаанд.
Баъзеҳо мегуянд, ки ин як роҳи мардумтарсонист.
Баъзеҳо мегуянд, ки ин корҳои СС. Ятимов аст, ки бояд вай ва Ҷеки Чан-Рамазон Раҳимзодаро моҳҳои май аз кор гиранд, барои ҳамин боз авантюраи навбатӣ карда истодааст.
Ин гуна бенизомӣ ва бесоҳибӣ дар ҳиҷ давру замон дар Тоҷикистон набуд. Ҳама зур. Ягон кас ба ягон кас гардан намедиҳад. Мақсад — нафарони мансабдор. Чунки ҳамааш вазифаҳоро бо маблағҳои калон через наздикони Раҳмонов харидаанд.
Мисоли одӣ Шаҳбоз Раҷабзода, ки Раҳмонов ӯро дар назди ҳама шарманда кард, аммо ҳозир гапзану корбудкун-посредники байни оила ва мансабталабу корафтодаҳо. Мардум пешаш мераванд любой касро наказат мекунаду любой корро буд мекунад. Шаҳбоз Раҷабзода дар чанд ҷо гуфтааст, ки «к@ри хуб қанатай. Озодара я видеозвонок мекнм танаша лич када нишонш метум,тамом,бева ҳуй мета,любой кор буд».
Ва, як маълумоти дигар:
Сардори раёсати мубориза бо терроризми КДАМ бо такя ба маълумотҳои ҷамъ кардааш гуфтаст, ки он намоишҳое, ки байни мухолифҳо дар хориҷ мегузарад, як спектакл беш нест. Гуё ба ном ивази роҳбари ҲНИТ ва монанди ин, ин ҳама танҳо барои нишон додани он аст ки дар ин 10 соле, ки онҳо дар хориҷанд, гуё нақшаҳое доранд. Аммо ҳеҷ чизе нест ва ҳеҷ чизе на аз дасташон меояду на метавонанд кардан…
Аллакай базеҳояшро саволҳое, ки «о дар ин 10 сол чи тавонистем кардану боз чанди дигар бояд сабр кард, парешон карда истодааст». Он нафароне аз мухолифҳо, ки каме тасаввур ва идрок доранд, мушоҳида намуда истодаанд, ки вазъи молиявии танҳо Кабирӣ рушд карда истодаасту аммо ҳаракатҳои лозима нест.
Гуё ду маротиба писари шумо, ростӣ нафаҳмидем кадомаш, берун аз Фаронса бо резиденти мақомот (писаратон намедонист ва то ҳол намедонад, ки он нафар резидент буд) дар кадом ҷое шиштаанд. Ҳамон замон он резидент бо КДАМ алоқа намуда ҳаракатҳои дальнейширо пурсидааст, ки агар иҷозат бошад ман сари инро аз танаш ҷудо кунам. Аҷиб, аммо аз КДАМ иҷозат нашудаасту гуфтаанд, ки фақат назорат кунед. Аллоҳ меҳрубон аст,раҳм кардааст. Алҳамдулиллоҳ.
Тибқи маълумотҳо бояд дар ҳамин ду -се моҳ чи тағйироте, яъне амалҳои ғайримунтазирае анҷом шаванд (шояд дар дохил, шояд дар берун- дар байни шумоҳо), ки решающий бошад. Аллоҳ боз хубтар медонад.
Раҳмонов ва мақомот сахт хавотир буданд, ки шумо дар давраи интихобот табаддулоте анҷом медиҳед. Бовар кунед самолёташ, тайёр дар ҳолати старт,истодагӣ буд..Мардум ҳам интизори як толчоканд, ҳатман мехезанд.
Ҳозира вазъият дар дохили кишвар як хаоси сиёсиро мемонад. Мақомот конкретӣ мехоҳад, ки дар минтақаи Рашт, Ваҳдату Файзобод нооромиҳоеро ташкил кунанд ва бо ин боз диққат ва хаёли мардумро ба ин ҷалб намоянд. Ин ҳама танҳо ва танҳо барои овардани Рустам аст, ки ягон қуввае саволҳои зиёдатӣ надиҳанд.