Шомуддин Шарипов, муовини нави СС.Ятимов ва корномаҳои вай

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Contents
Соҳибкореро дар пеши чашми ҳама заданд, аввал дар поён сипас дар кабинеташ бурда мурданивор заданд. Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат буд. Вай омада як бино сохт ва хост истеҳсоли ҷуробро ба роҳ андозад. Ва ҳамин тавр ҳам кард. Дувуним ё се сол кор кард. Ошёнаи якуми ин биноро тарабхона ва нуқтаи шустушӯи мошин-мойка кард. Ошёнаҳои 2 ва 3ро сехи ҷуроббарорӣ ва 4умашро фитнесклуб кард. Лентаи ин биноро Раҳмонов бурида буд. Як дугонаи Озода аз роҳ мегузарад ва биноро дида мепурсад. Мегуянд, ки аз они соҳибкор аз Ваҳдат аст. Дугонаи Озода ба бино даромада раисро суроғ мекунад. Мегуянд, ки дар утоқаш аст. Ба ҳама ва дар ҳамонҷо эълон мекунад, ки соҳиби инҷо ман хоҳам шуд. Ва ба назди раис-он соҳибкор даромада мегуяд, инҷоро ту бояд бар ман диҳӣ. Соҳибкор мегуяд, ки шумо кистед, ман дар инҷо пули зиёд сарф кардам. Дугонаи Озода мегуяд, ки 100ҳазор медиҳам, аз они ман мешавад. Соҳибкор мегуяд, ки ту далбаёбӣ чӣ? Ман танҳо барои сетка ва арчаҳои инҷо 100.000 хароҷот кардам, ман намефурӯшам. Он духтар бо қаҳру ғазаб мегуяд, ки «далбаёб очатай, мебинем пушаймонт мекнм, ма дугонаи Озодаюм». Ин соҳибкор хит намекунад, ки гап дар бораи кадом Озода меравад. Баъди чор соат аз шаҳр ОМОНсҳо омада ин соҳибкорро дар утоқи кориаш зада мекушанд. Шоҳидони ҳодиса мегуянд, ки мурдаашро бо худ бурдаанд. Ҳодиса соли 2018 рух дода буд. Аз ҳамон сол то ҳозир ин бино бо тарабхонаву мойкаву фитнесу сехи ҷуробарориаш дигар кор намекунад. Дар ҳоле, ки дар инҷо 150 нафар кор мекарданд. Ин оила зулмаш маълум аст барои ҳама, аммо ҳатто дугона ва ҷураҳои духтарону писарону домодҳои Раҳмонов болои мардум зулму ситам мекунанд. Ин ҳодисаро ҳама Ёвон хуб медонанд. ” Раҳмонов дар маҷлисе дар Ёвон дар соли 2017 соҳибкор Баҳриддинро хезонда гуфт, ки ин чи намуд роҳ аст, изо намекашед, ҳама соҳибкорҳо дар Ёвону раҳатон безеб ва ҳамон соҳибкори ваҳдатиро низ гуфт, ки даҳ км Баҳриддин ва даҳи дигарро ту бояд асфалтпуш кунед ва онҳо ҳамин 20 км роҳро мумфарш карданд. Аммо вақте ин соҳибкорро куштанд, касе напурсид.”

Шарипов Шомуддин Ҳасанович, моҳи феврали соли ҷорӣ муовини раиси КДАМ-и Тоҷикистон таъйин гардид. Вай бародари марҳум Ҳумиддин Шарипов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Қабл аз онки муовини раиси КДАМ шавад дар мақоми сардори Раёсати КДАМ-и вилояти Хатлон фаъолият мекард. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки сару калаи Шомуддин Шарипов боз дар Ёвон пайдо шудааст. Дар яке аз рӯзҳои якшанбеи аввали моҳи июн ба хонааш омада ва мошини Toyota Land cruiser-ашро, ки маҳз ба ҳамон дар Ёвон мегардад ,дидаанд. Одамони шиносаш мегӯянд, ки ҳоло бо ин мошин писари хурдии Шомуддин мегардад. Агарчи аллакай чанд моҳи пеш аз ноҳияи мо рафтааст, вале ҳоло ҳам ҳамаи соҳаҳои пурдаромади ноҳияро дар даст дорад. Амнияти ноҳия, ки мусалламан дар итоаташ аст, ҳануз вақте дар Бохтар буд бидуни иҷозати ӯ дар Ёвон паша пар намезад. Акнун, ки боз «болотар», ба марказ рафтаву мақоми болотареро гирифтааст, дигар касе ҳам ҷуръат намекунад, ки боиси нороҳатии вай бишавад. Аз соли 2016 то ҳамин имрӯз, яъне аз замоне, ки сардори КДАМ-и вилояти Хатлон шуд, барои ӯ Ёвон як ҷойи «пурфайзу бобаракат» ба ҳисоб меравад ва худаш ҳам дар яке аз маҷлисҳои дӯстона изҳор доштааст, ки «Ёвон ҳами хели кайф ҳаст, ки бовар, кун аз вазифатан гиранд, меги семечка фурушму ай Ёвон нарам».

Тамоми нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, бозору мағозаҳо, дискоклубҳои ноҳия ҳама дар дасташ аст.
Дар паспортний столи ноҳия капитан Қосим кор мекунад, одами Шомуддин аст, барои ҳамин даромадҳоро тақсим мекунад. Шомуддин Шарипов Қосимро то ҳамин ҳоло кришават мекунад.

 Вақте раиси КДАМ-и Хатлон буд, рӯзе, ки ба Ёвон меомад, роҳҳо ҳама банд мешуданд, гуё, ки Президент омада бошад.

Дар Ёвон соҳиби виллои муҳташами 4этажа аст. Ин кушк аз  Амирбеки Темур, раиси пешинаи Ёвон аст, ки ба дасти ӯ омадааст. Ҳар шабе нест, ки бачаҳои вай дар клубҳои Ёвон кайфу сафо накунанду дам нагиранд

Ҳамаи бачаҳое, ки дар Ёвон ба маводи мухадир сарукор доранд ба ӯ андоз месупоранд.

 Як мағозаи калон-маркази савдо бо номи Элеганти Туркия, ки аз чор ошиёна иборат аст, калян-бари Умар ҳам дар Ёвон аз они ӯст. Ҳар шаб «шестёрка»-ҳои КДАМ-и ноҳия дар клубанд. Номи писараш низ Умар мебошад. Писараш аслан ба қонун ва ба ҳуқуқ гуфтани чиз тамоман  эътибор намедиҳад.

  Соли гузаша дар пушти клубшон, ки мусирка-партовгоҳ ва парк низ  воқеъ аст  ҷасади як духтарро пайдо карданд. Аммо касе ҷавоб надод, ки ин ҷасад аз куҷо пайдо шуд ва кӣ ӯро инҷо овардааст. Як сехи кондитерие дошт бо номи “Ширинии шарқ” ба одамони аз шаҳр омада ба иҷора дод. Баъди се соли кор ин сехро оташ заданд. Ҳама асбобу ашёяш хокистар шуд ва онҳо партофта рафтанд. Аммо Шомуддин ин сехро аз нав худаш гирифта соҳибкорҳоро ҷамъ карда бор баста аз нав барои худаш сохт.

Дар инҷо фермаи гову бузу гуспанд дорад ва ин фермаро Жорка нигоҳ мекунад ва Жорка дар асл дар ҷои правадиҳии Ёвон коргари одӣ мебошад. Аммо ба раиси худаш итоат намекунад ва кадоме чизе гуянд мегӯяд боз аз Ховалинг зангат назананд. Манзур аз Шомуддин Шарипов тарс медиҳад.
 Насимов Сафарбек, ки ӯро Фарҳод  ҳам мегуянд, раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия аст, ки чи коре хоҳад мекунад. Касе ҳақ надорад, чизе гуяд. Шаш мошин дорад. Солҳои пеш падари ҳамин Фарҳод шофёри Шомуддин Шарипов буд. Вай се ҷои варзишӣ дорад, ки дар он ҷойҳо ставка гузошта бозӣ мекунанд. Бояд қайд кард, ки Шомуддин Шарипов як шахси беҳад доно аст. Дар бозори ноҳия низ ҷияни худро сардори милисаи бозор мондааст. Ҳар кадоме ҳақро надиҳад, як хеле мефаҳмонад, ки то зиндаӣ фаромӯш нахоҳӣ кард. Инҷо як сир пинҳон аст. 

Мехоҳем ошкор кунем. Як шахс наркобарони калон дар ноҳия буд. Шуҳрати Бентли совхозӣ мегуфтанд, ки ҳар моҳа бояд 18 ҳазор барои фақат гаштанаш дар ҳудуди ноҳия медодааст ва як бор надодааст ва Шомудин Шарипов, сардори шуъбаи -и Ёвонро мегӯяд рафта бисанҷ, ки барои чи намедиҳад?

  Сардори амнияти ноҳия занг зада дар кафе Лола бо Шуҳрат во мехурад  ва пулро пурсон мешавад. Ва Шуҳрат, ки гузарондагӣ ва маст будаст мегӯяд раиси калониро гуй биёяд. Сардори амният ба Шомуддин Шарипов мерасонад. Шомуддин мегуяд, ки аввал зани турову баъд зани Шуҳратро фалон кунам. Ва аз Душанбе як гурӯҳи спетсназро бо дигар либосҳо мефиристад. Ин гурӯҳ Шуҳратро аз Душанбе то хонааш дар Ёвон думболагир карда меоянд ва хонааш медароянд ва ҳамаи аҳли хонаи Шуҳратро задаву баста тамоми пулҳои Шуҳрат-тахминан 2 миллион доллари амрикоиро гирифта мераванд.

Ҳарчанд Шуҳрат одами одӣ нест. Онҳоро Юсуповҳо мегуянд, ки аз совхози 1-и ҷамоати Гулсара Юсупова  мебошад. Ҷамоат бо номи бибияш гузошта шудааст ва Шуҳрат низ чор бародар дорад, ки одамони оддӣ нестанд:-Юсупов Илҳом дар коррупсияи шаҳри Душанбе, Юсупов Боир дар неругоҳи Норак, Юсупов Шоир дар КДАМ дар шаҳри Хоруғ ва Юсупов Баҳром дар уголовний розиски Ёвон кор мекунад.
 Аммо Шомуддин Шарипов гуфтааст, ки «ма, то вақте ҳастм, зани гап зану вазифагира фалон мекнам, бестен шумо фақат назорат кнед, ки ма вазифаи вазирира гирм мебинем»

Раиси Ёвон Саидзода Ҳамро барои хашми Шомуддин Шарипов аз вазифа гирифта шуд. Ҳамин ки Саидзода раис шуда омад, баъди ҳамагӣ ду моҳи кораш як дачаи барҳавоеро харидорӣ кард, ки боис ба хашми Шомуддин Шарипов шуд. Бар замми ин барои раис ба қимати 620 ҳазор сомонӣ мошини нав хариданд, дар ҳоле, ки мошини пешинааш низ соз буд. Баъди кор раис ҳар рӯз аз тарабхонаи барҳавои рӯбарӯи бинои ҳукумат 6 грил мехарид. Писари раис ба мактаби ноҳия  бо мошини давлатӣ ва бо муҳофиз оварда мешуд. Раис дар иҳотаи 4-5 мошин ба кор меомад. Аммо ба гуфти Шомуддин Шарипов ҳеҷ кас ҳақ надорад бо мошини зиёд ва охрана дар кучаҳои Ёвон гардад.

Шомуддин Шарипов корро тавре тартиб дода буд, ки аз ҳар ҷамоат ва деҳаҳо бояд ҳармоҳа иттилоъ гирифта шавад ва ҳар кадоме хуб кор мекунад ба андозаи то 800 сомонӣ маблағгузорӣ мешавад. Аммо ҳар касе вазифа гирад бояд аз ҳама аввал Шарипов Шомуддинро розӣ кунад. Масалан агар касе бихоҳад, ки ба амният кор дарояд бояд 55-60.000 сомонӣ пора диҳад. Барои кор дар шуъбаи милиса аз 25 ҳазор сомонӣ. Вале агар бихоҳед, ки дар прокуратура ва ё суд ба кор дароед бояд ба Шарипов Шомидин аз 150 000 сомонӣ то 250 000 сомонӣ ришва бидиҳад. Ман худ шоҳидам, ки сардори БДА нафаре бо номи Ҷаҳон буд, ки коррупсия боздошт кард. Вай бо пардохти 100.000 сомонӣ боз корро дар вазифааш истоду то ҳоло идома медиҳад. Мепурсанд, ки дирӯз коррупсия имрӯз кор, ин чи тавр шуд? Мегуяд акаи Шомуддин зинда бошад….

  Дар интихоботи ахири президентӣ соли 11.10. 2020 баргузор гардид, КДАМ ва ВКД –и ноҳия хуб кор карданд. Дар ҳукумат маҷлис ва дар маҷлис таъкид карда мешавад, ки қуттӣ ё сандуқи варақаи овоздиҳӣ бояд назорат бишавад. Ва дар сурати гум кардани сандуқи рай мактаб ҷарима карда мешавад. Аммо ин қуттиҳоро КДАМ ва ВКД, ки шабона мактабҳоро назорат мекарданд ва дар кадом мактабе, ки муаллимҳо хоб рафтаанд, дуздида ва мактабҳоро ҷарима мекарданд. Масалан мактабҳои № 30, 62, 68, 1, 49 ва 2. Ин мактабҳо ҷарима карда шудаанд. Дар ШВКД-и ноҳия, Шоҳин аз узбекзабонҳои Ёвон дар уголовний розиск бо рутбаи майёр кор мекард. Вай бо кадоме аз кормандони шуъба даъво мекунад ва мегуяд, ки ман барои фалон кардани зани ёвониҳову тоҷикҳо омадагиям. Баъди се рӯзи ин кашмакаш дар кабинети кориаш дар шуъбаи милиса корд зада мешавад.

 Як нуктаи дигарро мехоҳам бигӯям. Фермае, ки дар Ёвон Рустам Эмомалӣ ташкил намуд, ними аҳолии ноҳияро аз нони даҳонаш маҳрум кард. Ин ферма дар ҳудуди совхози 2-и ноҳия ҷойгир шудааст. На танҳо ними аҳолӣ, балки тамоми ин деҳа аз заминҳои худ маҳрум шуд, ҳатто заминҳои дигар деҳаҳоро ҳам барои хошоки ин ферма шуда гирифтаанд.

Албатта, ин кор боиси норозигии мардум шуд. Аммо шуъбаи амният-Шомуддин Шарипов ва умури дохилаи ноҳия мардумро таҳдид кардаву тарсонида ором карданд.

Домулло Муҳаммадиқбол, бародари азиз! Валлоҳӣ худам шоҳид ҳастам, ки Рустами Эмомалӣ ҳангоми ифтитоҳи кори ин ферма дастур дод, ки ба ферма бояд оби тоза ояд. Ба ӯ гуфтанд, ки оби деҳа ҳамин хел аст, чи кор кунем.

 Гуфт, ки ман ба оби шумо кор надорам, бояд говҳои ин ферма оби чашма хуранд. Оби чиркини шумо ба мардум мешавад. Медонед, ки ин говҳо аз кадом давлатҳо ва чи қадар нарх доранду бо чи қадар пул инҷо оварда шудаанд?

  Аммо саволе пеш меояд, ки аз ин фермаи ту ба мардум чи фоида, чи лозим? Ёвон замини кам надорад. Вале шарт аст ки ин ферма дар маҳалҳои аҳолинишин, дар деҳаҳо сохта шавад? Шабона аз назди ин ферма гузарӣ ба мисли шаҳр рушноӣ медиҳад. Дар зимистону тирамоҳ мардум бе қувваи барқ зиндагӣ мекунанд вале ин ферма барқ дорад. Аммо дар асл ин фермаро соҳибкорони ноҳия сохта ва ба Рустам туҳфа кардаанд. Ва дар назди ферма як хоҷагие амал мекард, ки ин зан дар онҷо масруфи кор буд. Рӯзона 70 сомонӣ маош дошт. Аммо замин ва хоҷагиро аз дасти мардум гирифтанд. Ва ҳама коргарҳоро ҷавоб доданд.
Раҳмонов ба фикри мардум набудааст ва ҳеҷ вақт ҳам намешудаст. Ва ба мардуми беғайрати Ёвон мерасонам, ки то кай хоб меистед. Як раисе дар ноҳия таъин мешавад бо куртаи куҳна меояд ва бо сумкаи пури пул меравад. Агар ҳамон дороиву бойигирии ноҳияро бар нафъи мардуми ноҳия истифода баранд танҳо мардуми ноҳия соҳиби кор не, балки аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ соҳиби кор ва вазифа мешаванд. Чанд заводу фабрикаҳое дар ноҳия амал мекунад, ки барои мардуми ноҳия басандааст. Дар ноҳия се заводи азим кор мекунад.

Як заводаш пули андози се- чор ноҳияро месупорад. Масалан ҳамин ширкати сементбарории «Ғаюр семент». Андози навоҳии Зафаробод, Шуробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Левакандро медиҳад. Ин арқому оморро шахсоне медонанд, ки дар мақомоти андоз кор карда бошанд. Маблағи андози як рӯзаи яке аз ин заводҳои ноҳия як моҳа маоши муаллимони ноҳия мешавад. Се рӯзи андози ин заводҳо ба бюҷети ноҳия вале 27 рӯзи дигари он ба куҷо мервад номаълум аст.

Дар маркази ноҳияи мо як пуле вуҷуд дошт, ки роҳи ноҳия бо ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рудакиро пайваст мекард. Дар натиҷаи сели соли 2010 хароб гардид. Фақат баъди гузашти 10 сол аз нав сохта шуд. Яъне соли 2020. Раҳмонов ба ноҳияи мо омада супориш дод, ки ин пулро соз кунанд ва ҳатто гуфт, ки хароҷоти он он қадар зиёд намешавад. Масъулони ноҳия аз тамоми мактаббачаҳои ноҳия 300 сомонӣ ҷамъ карданд. Вақти кушодани он парчам бояд меафрохтанд. 10адад. Як донаи он 300 сомонӣ будааст. Вале парчами тайёр 400 сомонӣ. Барои онки ин парчамҳоро барои омадани Раҳмонов омода кунанд боз аз талабаҳо пул ҷамъ карданд ва парчами тайёрро 400 сомонӣ хариданд. Ҳар боре Раҳмонов ба Ёвон биёяд спетсназ, ОМОН, снайперистҳо ва Алфаи КДАМ ду рӯз пеш меоянду дар масҷидҳо хоб мекунанд. Хароҷоти дурӯзаи онҳоро ҳамон кучаву масҷид ва ҷамоат бар ӯҳда доранд. Раҳмонов аз ин ҳама изо намекашида бошад? Мурданат беҳ бо чунин роҳбарию давлатдорӣ. Аз халқи худат метарсӣ, бовар надорӣ, дар иҳотаи садҳо автоматчик меоӣ! Ин чи гап аст худаш?  Ҷанг меоӣ чӣ? Боз чоплусакони леслесакаш воҳима мекунанд, ки халқ пешворо дӯст медорад. Агар халқ дӯстат дорад, пас бар сари кӣ ин қадар автоматчику снайперист меоварӣ?

 Аммо инҷо ҳодисаҳои руйдода дар Ёвонро бароятон ҳикоят мекунам.

Соҳибкореро дар пеши чашми ҳама заданд, аввал дар поён сипас дар кабинеташ бурда мурданивор заданд. Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат буд. Вай омада як бино сохт ва хост истеҳсоли ҷуробро ба роҳ андозад. Ва ҳамин тавр ҳам кард. Дувуним ё се сол кор кард. Ошёнаи якуми ин биноро тарабхона ва нуқтаи шустушӯи мошин-мойка кард. Ошёнаҳои 2 ва 3ро сехи ҷуроббарорӣ ва 4умашро фитнесклуб кард. Лентаи ин биноро Раҳмонов бурида буд. Як дугонаи Озода аз роҳ мегузарад ва биноро дида мепурсад. Мегуянд, ки аз они соҳибкор аз Ваҳдат аст. Дугонаи Озода ба бино даромада раисро суроғ мекунад. Мегуянд, ки дар утоқаш аст. Ба ҳама ва дар ҳамонҷо эълон мекунад, ки соҳиби инҷо ман хоҳам шуд. Ва ба назди раис-он соҳибкор даромада мегуяд, инҷоро ту бояд бар ман диҳӣ. Соҳибкор мегуяд, ки шумо кистед, ман дар инҷо пули зиёд сарф кардам. Дугонаи Озода мегуяд, ки 100ҳазор медиҳам, аз они ман мешавад. Соҳибкор мегуяд, ки ту далбаёбӣ чӣ? Ман танҳо барои сетка ва арчаҳои инҷо 100.000 хароҷот кардам, ман намефурӯшам.

 Он духтар бо қаҳру ғазаб мегуяд, ки «далбаёб очатай, мебинем пушаймонт мекнм, ма дугонаи Озодаюм». Ин соҳибкор хит намекунад, ки гап дар бораи кадом Озода меравад. Баъди чор соат аз шаҳр ОМОНсҳо омада ин соҳибкорро дар утоқи кориаш зада мекушанд. Шоҳидони ҳодиса мегуянд, ки мурдаашро бо худ бурдаанд. Ҳодиса соли 2018 рух дода буд. Аз ҳамон сол то ҳозир ин бино бо тарабхонаву мойкаву фитнесу сехи ҷуробарориаш дигар кор намекунад. Дар ҳоле, ки дар инҷо 150 нафар кор мекарданд. Ин оила зулмаш маълум аст барои ҳама, аммо ҳатто дугона ва ҷураҳои духтарону писарону домодҳои Раҳмонов болои мардум зулму ситам мекунанд. Ин ҳодисаро ҳама Ёвон хуб медонанд.

 ” Раҳмонов дар маҷлисе дар Ёвон дар соли 2017 соҳибкор Баҳриддинро хезонда гуфт, ки ин чи намуд роҳ аст, изо намекашед, ҳама соҳибкорҳо дар Ёвону раҳатон безеб ва ҳамон соҳибкори ваҳдатиро низ гуфт, ки даҳ км Баҳриддин ва даҳи дигарро ту бояд асфалтпуш кунед ва онҳо ҳамин 20 км роҳро мумфарш карданд. Аммо вақте ин соҳибкорро куштанд, касе напурсид.”

   Муҳсин соҳиби ресторани Дунёро барои онки ба Шомуддин Шарипов ҳақи моҳонаашро насупоридааст, подстава карданд. Гуё, ки дар ресторан ба фурӯши маводди мухаддир машғул шуда будааст. Ҳоло ин соҳибкор 10 сол гирифту маҳкам аст. Ин кор соли 2020 иттифоқ афтода буд.
 Бовар кунед, ки кормандони амнияти ноҳияи Ёвон бисёр ҳам бераҳманд. Махсусан муллоҳоро бисёр бад мебинанд. Дар қабати дуюми амният китобхона ҳаст. Онҷо муллоҳоро дароварда бисёр лату куб мекунанд. Бо пову шата байни поҳояшон мезананду меафтонанд. Як нафар аз кормандони амният аз деҳаи Зулмободи ноҳияи Ёвон аст. Дар амният муллоҳоро дароварда мезад. Ду муллоро дароварда чунон заданд, ки яке аз ин муллоҳоро мояаш кафид. Хун либосҳои сафедашро гирифт. Чакид дар либосҳояш, ҳама амниятиҳо диданд. Ин тарзи кор чанд бор руй додааст.

Аз Бохтар, аз назди Шомуддин Шарипов барои муллоҳоро аз Ёвон бурдан занг мезананд. Аммо аксари вақт амниятиҳои Ёвон муллоҳоро намебаранд. Чунки бо дастури Шомуддин Шарипов аз марказ гурӯҳи махсуси Алфа равон карда мешавад ва инҳо мебароянд мераванду аз шаҳр ё аз деҳа муллоҳоро меоранд.

 Як чоплус ба барномаи «Минбари муҳоҷир» баромад ва ҳукумати Ёвонро ва Раҳмоновро таъриф кард. Акаи Муҳаммадиқбол. Ин нафар ҷонишини КДАМ-и Ёвон аст. Вай бо яке аз масъулони Алфа дар Душанбе ҷанг карда ва инҷо қаҳр карда омадагӣ аст. Вай аз Куйбеш аст. Маҳз ҳамин нафар муллоҳоро сахт азоб медиҳад.

Ҳоло акнун Шомуддин Шарипов, муовини раиси КДАМ шуд. Вай ҳаво ва ҳаваси раиси КДАМ шуданро дорад. Бовар кунед, аҷаб ҳам нест, ки бишавад, чун суми зиёд дорад, сума меҷуқад, вазифаро мегирад…

Поёни бахши аввал, давом дорад…

Ps: Дар мавриди Шомудин Шарипов ба мо маълумотҳои гуногӯн расидааст. Дар ин бахши аввал , тавонистем то ин андоза тақдиматон намоем. Агар шумо ҳам Ёвониҳо ва Хуҷандиҳо, Хатлониҳо ки Шомиддин Шарипов дар ин ҷойҳо кору фаолият кардааст ҷиноятҳои дигари ӯро донед ба “Ислоҳ” фиристед. Албатта мо ҳам дар бахши дигар маълумотҳои дигаре дорем ва ончи мерасад тақдиматон менамоем.

Share This Article