Бо таваҷҷӯҳ ба онки матолиби мунташира дар «Ислоҳ» дер ва ё зуд аз тарафи мақомот ва масъулони давлатӣ мавриди бозҷуӣ ва баррасӣ қарор мегирад,бархе аз муаллифони зирак ва огоҳи «Ислоҳ» саъй мекунанд, ки як шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба масоил ва мушкилоти ноҳияи онҳо ихтисос дода шавад. Матлаби зер аз се номаи як муаллифи мо, ки худро «Ҷагаи ҷайҳунӣ» муаррифӣ кардааст, таҳия ва тасниф шудааст.
Қаблан ҳам мо як шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо»- №168-ро махсус ба БОХТАР бахшида будем. Барномаи навбатии мо ҳам идомаи чунин таҷриба аст ва агар хонанда ва бинандаи азизи мо бихоҳад, ки роҷеъ ба мушкилоту муаммоҳои ноҳия, шаҳр ва маҳалли зисти онҳо барномаи вижа омода ва тақдим гардад, бояд матлаби муфассал бифиристад. Мисли бародар «Ҷагаи ҷайҳунӣ», ки бо дуруд ба мо ва бародарони мубориз номаашро ҳусни оғоз бахшидааст:
Ҷайҳун (Қумсангир)
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин ва кулли бародарони роҳи ҳақ. Ман ҳастам Ҷагаи ҷайҳунӣ! Бароятон аз ноҳияи Қумсангир, Ҷайҳуни имрӯза се нома мефиристам. Хоҳиш мекунам, ки номаҳои фиристодаи маро дар як барномаи алоҳида нашр ва навор кунед.
Номаи№1
Раиси ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) кист ва бо мардуми инҷо чи кор карда истодааст. Ин нома дар бораи мардуми ноҳияи Ҷайҳун ва дар бораи раиси ноҳияи Ҷайҳун аст. Раиси ноҳия зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон номаш Абдулҳафиз Одиназода- як кали хунуки порагир ё коррупсионер мебошад. Ҳама медонад, ки як имзояш на камтар аз 100 доллар $ нарх дорад. Вазифаи раисиро харидагӣ аст ба монанди раисони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар. Дар ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода қонунӣ бозори Гипрозем кушода буд. Дар круги рафиқонаш чандин бор гуфтагӣ аст ки «ман ин вазифаро бо 100 ҳазор $ харидагиам. Бояд як сол ношуда ман ин пулро барорам бо %. Ман гап занша фалон кардагиюм».
☐ + -100 000$. Деҳқонҳоро миёнашонро шикастагӣ аст. Маҷбур мекунад, ки пахта коранд ва ба ширкати пахтатозакунии (Муҳиб ё Раҳматулло ё Ҳасану Амирулло) хусурбачаҳои Эмомомалӣ Раҳмонов фурӯшанд. Ин ширкатҳо пахтаро беҳад арзон мехарад ва дар пардохти пул ҳам задержка мекунад. Мардум барои ҳамин намехоҳанд дигар тамоман пахта коранд. Агар кориданд ҳам коре карда ба ширкати хитоӣ мефурӯшанд. Ин ширкати хитоӣ бо нархи каме баландтар ва пулро дар ҷояш медиҳад.
Налогро беҳад баланд кардагианд. Шахсоне, ки дар ҷамоату маҳаллаҳо бузӣ-хабаркашӣ иҷро мекунанд ё аз налог озоданд ё налоги паст месупоранд. Аз ҳама муҳимаш ин аст,ки ягон кас ғамашон намедиҳад. На учаскавой, на налог, на қувваи барқ, на экология ва на землямер. Бо касофатии ана ҳамин Абдулҳафиз Одиназода ҳама раиси ҷамоату маҳаллаҳо буз шудагӣ ҳастанд. Ва ҳатто мардуми оддӣ ҳам бузи мекунанд, намедонам барои чи? Охир зиндагии мардум беҳад мушкил шудааст аз он ҷумла аз ҳамин бузҳо низ. Худо ҷазояшонро диҳад.
Дар ноҳияи Ҷайҳун мардуми помирӣ, ҳоитӣ, тавилдарагӣ, обигармӣ, туркманҳо ва лақайҳо зиндагӣ мекунанд. Бисёри бузҳои маҳаллӣ аз мардумӣ ҳоитӣ ҳастанд. Дар шуъбаҳои умури дохилӣ ва амният аксарият ховалингиҳо кору фаъолият мекунанд.
Началники отдел, паспортный стол, раиси ширкати Барқи тоҷик, сардори Идораи андоз, экология, раиси кумитаи замин ва ғайраи ноҳияи Ҷайҳун ҳамаашон як порагир ва коррупсионерҳои ашадӣ ва бе раҳм ҳастанд.
Бале, устод ончи шумо дар бораи фоҷеаи бозори Ҷайҳун (сухтор) гуфта будед, 100% рост буд. Абдулҳафиз Одиназода ва кормандони умури дохилӣ хабар доштанд. Барои ҳамин то ҳол ягон кас дастгир нашудааст!
Дар бисёри ҷамоату маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун трансформатор намерасад. Ин лаънатиҳо аз ӯҳдаи вазифаҳояшон набаромада истодаанд! Эмомомалӣ Раҳмонов инҳоро ту ва оилаи хоинат ба болои мардум роҳбар мондаед! Гури беваи Марями ачат ғраб-ғраб даргира бо ин давлатдорият ва низоми кории мақомоти фасодзадаат!
Ноҳияи Ҷайҳун ба як чанд қисмат ҷудо шуда, бо номҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 маъруф гаштаанд. Дар шашум (6) як наркобарони машҳури хайрхоҳ буд, бо номи
Ҳикмати наркобарон ва ё Ҳикматчаи шашумӣ. Ба монанди Мулло Раҷу ва мудир Исои наркобарон машҳур буд.
Дар Шашум нисфи як кӯчаро харидагӣ ва хонаҳои замонавӣ сохтагӣ аст. Ва ҳатто аз кори ин Ҳикмат кормандони амниятӣ ва раиси пешини ноҳияи Қумсангир хабар доштанд. Ба ӯ пешниҳод карда буданд, ки биё ана ҳамин қадар пул деҳ, вазифаи началники милисаи ноҳияи Қумсангир ё Ҷайҳунро медиҳем ба ту. Медонед, Ҳикматча чи ҷавобашон дода буд,”мн задагиюм итари вазифаи началники милисатуна, мна дар кор нес ихели вазифаҳотун. Ҳамаи мардм медуна, ки да ихели вазифаҳо раису началник беимонтарин одамо мешинанд.”
Ин Ҳикматчаи шашумӣ ҳар гоҳе ки аз сарҳад наркотик мегузаронд пули ба даст овардаашро нисфашро ба худаш мегирифт, нисфи дигарашро барои мардуми Қумсангир маҳсулоти хӯрока аз ҷумла орд, равған, гӯшт, пиёз, картошка, сабзӣ, шакар ва қанди сафед ва ғайра тон-тон хайр мекард. Ба ҳар баҳона ин Ҳикматчаи шашумиро фиреб карданд ва ба ҳабс гирифтанд. Дар он ҷо ба вай чи намуд сӯзандору карданд, ки девона шуд ва баъди 5-6 сол аз дунё гузашт. Ростӣ гап солҳои аниқи фаъолияти Ҳикматча дар ёдамон нест, лекин тақрибан аз солҳои 1998 то 2008 – 2009сол кор кард ва дар охирҳои 2009 подстава шуд. Вазифаи наркобарониро дар ноҳияи ҶАЙҲУН намедонем кӣ ҳозир роҳбарӣ мекунад. Агар гӯем,ки дар Қумсангир ҳоло ягон шахсияти бообурӯй ва мардумӣ ва ё чуноне,ки шумо мегуед ЛИДЕРИ МАРДУМӢ намондааст. Ҳар касе сар баровард яксара ҳамаашонро азбайн бо ҳар роҳе бурд. Медонед,ки Қумсангир чихел мардуми диндор ва маҳзабӣ буданд бовар кунед ҳозир мулло ва қорибача аслан вуҷуд надорад. Ҳар касе буд дар хориҷ хондагиҳоку тамоман зиндонӣ шуданд , дохил хондагиҳо ҳам намондааст. Дар умум ҳозир Қумсангир дар бадтарин ҳолати бе маърифатӣ ва бе ҳувиятӣ қарор дорад.
Аз номи зану мард, пиру ҷавони ноҳияи Ҷайҳун гуфтаниам:
Истеъфо! Истеъфо! Истеъфо!Эмомалӣ Раҳмонов, хоини миллат!
НОМАИ-2
Ҷамоати Истиқлол-7 Победа, деҳаи Телман
Дар ин ҷамоати мо бузҳои 2 пои шохдор беҳад зиёд шудаанд. Аз ҷумла раиси пешини ҷамоат номаш Ислом, ки обигармӣ буд ва раиси ҳозираи ҷамоати Истиқлол номаш Рашид, ки пештар директори мактаб буд пора дод ва раиси ҷамоат шуд, аз 9-квартал аст. Раҳимбек, Ҷаҳонгир Искандаров Толибу Бахтиёри облавачиҳои буз.
Дар бораи ҷиноятҳои Ҷаҳонгир Искандарови буз дар яке аз шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта будед, ки чи гуна духтари ноболиғи хурдии муаллими Рустамро таҷовуз кард. Шикоят карданд, ҳеҷ кас ба додашон нарасид. Вақте ки шумо дар яке аз «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта гузаштед, як, ду рӯз ногузашта аз вазифа гирифта будандаш. Якчанд вақт гузашту боз пораи калонтар дода ҳоло дар вазифааш кор мекунад. Ҳоло ҷавононе , ки мехоҳанд оиладор шаванд ба пеши Ҷаҳонгири буз омада аз 5000 сомонӣ то 12.000 сомонӣ доля медиҳад, ки облава ғамашон надиҳад то тӯй гузаштан. Ин долягириро худи Ҷаҳонгир Искандаров пешниҳод кардааст. Землямери нав шудагӣ бо учаскавойи ҷамоат шиносанд. Мардумро подстава, бузӣ, дуздӣ ва чоплусӣ мекунанд. Аз мардуми оддӣ бобои Мулло, Додарбеки доктор, Сайдикром, Ризвони охранник, бобои Мурод ва бачаву набероҳояш, Қорӣ Ҳабиб ва ғайра. Коратро бе пора буд намекунанд. Ҷамоати Истиқлолро ин худозадаҳо ранги бизнеси шахси кардагӣ ҳастанд. Дар ин ҷамоати мо агар тӯй шавад иҷозатнома аз ҷамоат аз 150 сомонӣ боло. Шаҳодатномаи никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд аз 160 сомонӣ боло. Як моҳ пас боз ҳамон ҳам тайёр мешавад.
Ҳамаи мардум аз вазифаи муаллимӣ, раиси маҳалла ва муллову муаззинӣ мегурезанд, намехоҳанд. Муаллим маошаш беандоза кам аст. Дар мактаби рақами 7-и ҷамоати мо муаллим намерасад. Директори пешин мактаб номаш Рашид буд. Дар дуздиву порагирӣ профессионал шудагӣ. Пораи калон дода ҳоло раиси Ҷамоати Истиқлол ( 7-Победа) аст.
Директори ҳозираи мактаби миёнаи умумӣ № 7 –и ҷамоат насабаш Бураков аст. Аз талабаҳои мактаб бо ҳар баҳона пул мегирад. Барои китоб аз синфи 1то синфи 11 аз 100 сомонӣ то 180 сомонӣ зиёд пул талаб мекунад. Аз масҷидҳо пул талаб мекунанд, ки дар зимистон барои мактаб ва духтурхона (болнитса) ҳезум ва кумур таъмин кунанд.
Раиси пешини земломер номаш Зикрулло ва бандааш замини мактабро ғайриқонунӣ ҳуҷҷат карда агар хато накунам ба Шамсиддин ном як шахс аз маҳаллаи Андреев фурӯхтанд. Ҳоло дар ин замини мутааллиқ ба мактаб, ки фурӯхта шуд, як майдони варзишӣ сохта шудааст, лекин пулакӣ аст. Ҳоло боз он земламери пешина Зикрулло аз пули заминфурӯшӣ муовини раиси ноҳия таъин шудааст.
Чаро то ҳол аз тарафи мактаб ягон шикоят нашудааст, бигзор аз рӯи қонун кор кунанд ва ин майдони варзиширо ба мактаб диҳанд, барои он ки талабаҳои мактаб бе пул тамрину бозиҳои варзишӣ кунанд. Муаллимҳо ҳама дар Русия аз сабаби камии маош. Агар мулло ё муазинӣ масҷид шавӣ, ту бояд бузӣ кунӣ мардумро. Агар намекунӣ бачаҳоятро аблава кулулапеч карда военкомат мебаранд. 2-3 муллоимомеро медонем, ки ба онҳо ҳамин гуна пешниҳод карда буданд ва онҳо розӣ нашуданд. Як ду сол мешавад, ки дар мавсимҳои хизмати ҳарбӣ дар дохили масҷидҳо, мактабҳо ва ҷамоат қуръаппартоӣ мекунанд.
Ҳамааш як фанду фиреб аст. Агар пора додӣ номи бачаҳоятро намепартоянд дар дохилӣ қуттӣ ва ё банка. Бузҳои ҷамоат фарзандонашон на хизмат кардаанд ва на хизмат мераванд.
Духтурхона ва ё (болнитсаи 7) коргар намерасад. Сардухтураш ва ё терапевту хирургаш аз худи Киров. Миллаташ хато накунам лақай, бо забони тоҷикӣ бо аксент гап мезанад, меафтӣ аз ханда дар гапзаданаш.
Бемор омад ба ин бемористони 7. Соҳиби бемор бояд ҳамаи доруҳояшро тез харида барад, барои он ки ягон дору нест. Агар ҳам бошад дору, просто барои показуха мондагӣ. Як сузандоруро 10 сомонӣ ва капельницаро 15-20 сомонӣ мегузаронанд. Ин ҳамааш пора (коррупсия) аст. Инҳо бояд ҳамааш бепул бошанд. Барои он ки ин беморхона (болнитсаи-7 давлатӣ аст. Сардухтур (главврач)-и пешин номаш Бахтиёр буд, шахсӣ соз буд, мардум шикоят намекард ва то ин дараҷа порагирӣ набуд.
Заминҳо ва ҳавзҳои духтурхонаро, ки барои партовҳои беморхона буданд, ғайри қонунӣ ҳуҷҷат карда фурӯхтанду хонаву дар рост карданд. Заминҳо ва ҳавзҳои ин беморхона дар красная зона) ҷойгиранд. Фурӯхта намешаванд!
Писарони ҳозираи раиси маҳаллаи Яхакпаст ҳоҷӣ Аслон Қурбонов ва бародараш Рустам Қурбонов ва домодаш писаронӣ Ёқубиҳои гуреза мешиносанд. Заминҳову ҳавзҳои беморхонаро ғайриқонунӣ ҳуҷҷат карда фурухтанд. Ҳоҷӣ Аслон раиси ҳозираи маҳаллаи Яхакпаст ва писараш муллоимоми масҷиди ҳамин маҳалла аст.
То ин дам дар ин масҷид кадом муллоимоме, ки таъин мешуд аз барои Аллоҳ гуфта бе маош муллоимомӣ мекард. Ҳоло аз мардуми бечора пул ҷамъ карда маоши муллоимомро медиҳанд (500-600 сомонӣ). Аммо бузии раиси ҳозираи маҳаллаи Яхакпаст ва муллоимомро надидаем.
Бузи Саидикром, ки дар боло зикраш кардем. Як алкаши пиёниска, ки ҳамсояҳову ҳаммаҳаллагҳояшро бузиву подстава мекунад. Ягон ҳамсояаш ё бачаҳои ҳамсояаш тӯю маърака кунад ва ё дарахтҳои замини худро бурӣ ин буз сурат мегирад ва ба учаскавой хабар медиҳад, экологияро занг зада бузӣ мекунад. Худо ин бузро задаасту худаш дарак надорад. Духтараш бероҳа, келини хурдиаш аз писари хурди ин буз ҷудо шуданӣ буд. Келинаш ягон чиро медиду медонист, ки намехост бо инҳо зиндагӣ кардан.
Бобои Мурод бо бачаву набераҳояш ҳамаро задагӣ. Ин бобои Мурод чи хеле ки худаш нақл кардагӣ аст дар иду маъракаҳо ба қавле дар вақташ Шералӣ Гулов вазири энергетикаи Тоҷикистонро дарсу таълим додагиаст. Муаллими вазир буд дар вақташ. Ҳозир катагариву дуздиву бузиҳояшон аз ҳад зиёд шуда аст. Набераҳои духтариаш қариб ҳамааш бероҳа аз даврони мактаби то ба шавҳар баромаданашон. Инҳоро ҳам Худо задааст дарак надоранд.
Ризвони охранник дар Спитаменбанки маркази ноҳияи Ҷайҳун кор мекунад. Рутбаи старшина дорад. Бо либосҳои охранникӣ дар дохили ҷамоати Истиқлол мошинҳоро манъ карда ба монанди БДА пул мегирад. Бузӣ ҳам кардагист бо облавачикҳо.
Қорӣ Ҳабиб, чандин сол фолбиниву ҷодугарӣ мекард. Баъдтар бузи ҷамоат шуд. То он даме,ки дар хонааш бачааш Мустафоро аблава дастгир кард, 6-8 моҳ хизмат нокарда бачаш аз сабаби бисёр бад задан касалӣ (не годнӣ) шуд. Худо бизанад Шерали Мирзоро бо ин военкомат хизмати ҳарбӣ
Ҳоло намедонам ин қорӣ Ҳабиб боз бузӣ мекунад ё не. Инро ҳам хонаи духтараш вайрон шудагӣ. Духтараш бева шудагӣ дар хонаи падараш қарор дорад.
Хитоби ман ба Прокуратураи генералӣ ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба Вазорати корҳои дохилӣ ба Ожонси зиди фасод ва коррупсия ба вазорати мудофиа, ба вазирҳо ва дастгоҳи Президент ва ба худи Эмомомалӣ Раҳмонов, аҳамият диҳед, марҳамат таҳқиқ кунед, санҷед.
НОМАИ-3
Мардуми ҷамоати Истиқлоли мо намози ҷумъаро дар масҷиди Лаби ғори 9-квартал (катлаван)мехонанд. Роҳе,ки 9 (квартал) -ро бо дигар ҷамоатҳо мепайвандад пул (мост) тез -тез хароб мешавад. Мардуми бечора пул ҷамъ карда обод мекунанд. Абдулҳафиз Одиназода кӯру кару гунг шуда инҳоро намебинад. Дар ин масҷиди ҷумъа аз даҳони имомхатибон ягон амри маъруфи соз намешунавӣ. Ба ҷойи амри маъруф варақаҳои КДАМ ва ВКД – ро қариб 2 соат мехонанд ва он ҳам аз рӯйи варақҳо. Мардум медонанд, ки ҳамааш дурӯғи маҳз аст. Дар ҳар як варақа қариб 20-25 маротиба ҲНИТ – ро террористӣ ном мебаранд. Ва қариб 10-15 маротиба Эмомомалӣ Раҳмоновро таърифу тавсиф ва ном мебаранд….
Эй имомхатибу домуллоҳои чоплус аз Худо наметарсед шумо? Масҷид ҷойи таърифу ташвиқи президент нест охир. ҲНИТ то 2015 сол аз шумо домуллоҳо, эшонҳо, қориҳо, муаззинҳо ва мардуми оддӣ пуштибонӣ карда буд. Охир ҲНИТ қариб 10 сол мешавад нест ҳоло ҳам чаро номашро мегиред ? Магар дар ин қариб даҳ сол бе ҲНИТ Раҳмонов чи фоида овард ба ҳаёту зиндагонии шумо, як бор мард шавед!
Намефаҳмам чоплусӣ дар минбари Расули акрам (саллаллоҳу алаҳи васаллам) кори нобахшиданист. То ҷое,ки ман медонам дин аз давлат ҷудост. Мулло кори динии худро кунад. Наход ҷавононро ба роҳи рост даъват кардан амри маъруфи оддӣ кардан натонед? Наход насиҳат карда натавонед,ки Қумсангир ба чи фасодҳо ғутавар аст ва ин ҳамаро мебинед бо чашмони саратон? Наход бар алайҳи маводи мухаддир ва шаробнӯшӣ ва бероҳгардӣ суҳбат кардан натавонед,ки фарзандони ин мардум бероҳа нашаванд? Охир ТВҳо Радиоҳо ва ҳама мактабу ҷамъомадҳо мадҳу ситоиши Пешворо мекунанд ва як ҳамин масҷидро ҳам бе сиёсат натавонед гузоштан? Камтар мард шавед. Қумсангире домулло Муҳаммадӣ ва уламои бузурги дигар буданду мардум аз онҳо рӯҳия мегирифт ба ин рӯзгори бад гирифтор шудааст.
Давлат – кори давлатии худро кунад.
Боз инро ҳм бигуям, ки беқадртарин шахсҳо дар Тоҷикистон ин домуллоҳо, эшонҳо, қориву муазинҳо шудаанд. Афсӯс!
Хитоби ман «Ҷагаи ҷайҳунӣ» ба мақомдорон ва Эмомалӣ ва оилаи яъҷуҷ ва маъҷуҷаш!
Дар муддати 32 сол барои ин кишвар ягон кори хубе накардӣ, баръакс як режими хунхорро, ки халқи тоҷикро чи дар дохил ва чи дар берун аз Ватан таъқибу зиндонӣ мекунад, ташкил кардед.
Худо ҳамаи ин ҳукуматдорону мақомдорон ва дар раъси ин ҳама Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи ҳаромашро хору залил гардонад. Агар аз осмон ситораамон биёред, дигар намехоҳематон.
Эмомалӣ Раҳмонов Аллоҳ шоҳид аст ончунон дар Қумсангир мардум ба ту ва оилаву мақомотат нафрат доранд ба Худо қасам ҳеҷ оилае нест,ки аз ту ва мақомоту оилаат зарар надида бошад. Имрӯзу фардо ҳатман мемурӣ умрат ба ҷое расидааст даст аз зулм ва ситам бардор пеш аз рафтанат.
Эмомалӣ Раҳмонов на худатро, на Рустами герчику на Озодаи қили аспатро мехоҳем!
Истеъфо, истеъфо, истеъфо!
Бураков Нуралӣ – директори мактаби миёнаи умумӣ – 7
Ҳасанов Рашид – раиси ҳозираи ҷамоат
Учаскавой собиқ – Алишер ( старший летейнант) хато накунем.
Землямер (заминсоз) – Одил ном дорад!
Инҳо ҳамааш аз ҷамоати Истиқлол деҳаи Телман
P.S
Танҳо ҳаминро афзуданиям, ки бо Ислоҳ ҳамкорӣ дошта бошед аз гуфтани камбуду навоқиси рӯзгор наҳаросед. Ҳатман мебинанд, мехонанд ва пайи санҷишу тафтиши ин ҳама мешаванд…