Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №198

Ислоҳ нет

Ин нашри «Номаҳо…» пурра ба ноҳияи Панҷ бахшида мешавад. Ду номаи аввал ба қалами як нафар навишта шудааст. Муаллифи номаи саввум нафари дигар аст. Барои он ин номаҳоро дар як барнома ҷой додем, ки ҳарсеяшон ҳамдигарро такмил ва тақвият мекунанд ва ҳамагӣ аз як ноҳия ва мушкилоти он мегуянд. 

             Панҷ  

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи  баракотуҳу бародарону хоҳарони азиз! Ман ин номаро аз дохили Тоҷикистон навишта истодаам. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№ 182-юмро тамошо кардам. Дар бораи ҷиноятҳои милитсияҳои ноҳияи Панҷ гуфтед. Ҳамааш садфисад, бе ягон ғалат дуруст аст, аммо ман боз илова карданиам. Ҷиноятҳои ҳукумати Раҳмоновро  садсолаҳо нависем ҳам кам аст. Ба мисли Раҳмонов ҳаромтарин роҳбар дар таърихи тоҷикон набуд. Ин касифи касофат аз куҷо пайдо шуду мардуми тоҷик ва тоҷикистониро ин қадар дар ба дару хок ба сар кард ва ба хоки зиллат нишонд

 Ман ин номаро дар бораи Давлати кулобӣ ва ҷиноятҳояш менависам. Ин шахс дар   Панҷ зиндагӣ мекунад. Чанд сол қабл аз маҳбас баромада ба зодгоҳаш, ба шаҳри Кулоб меравад. Он вақт бародари калониаш зинда буд. Уро роҳ намедиҳад: « рав падару модарамон аз пушти ту ва аз ғами ту аз олам гузаштанд гуфта сураш мекунад». Давлат ҳам гашта пеши занаш, ки дар вақти дар маҳбас буданаш бероҳа шуда буд меояд ва мисли даюсе ба хонаи хусураш медарояд ва ба оилааш зиндагиро давом медиҳад. Тақрибан 1сол зиндагӣ мекунад, ки ин ҳаром ба духтари қайсангили худ, ки он вақт ин духтар ба балоғат нарасида буд дастдарозӣ мекунад. Аз ҳолати кор модари духтарак хабар меёбад ва ба бародаронаш мегуяд. Авлоди занаш зада зада аз хонашон меронанд ва занашро гирифта ба иҷора меравад, то ҳол дар иҷора гаштааст.

  Аз соле, ки Табаров Давлатшо ба вазифаи муовини ШВКД-и ноҳияи Панҷ (2016) меояд ҳаромкории ин ду ҷура сар мешавад. Соли 2017 Давлати кулобӣ як қитъаи заминро ҳуҷҷат мекунад, ки дар ин замин набуд, заҳбур буд. Хулоса ҳамини обпартои 15 хоҷагиро пешашро баста хок пур карда хона мебардорад. Мардум арз карданд. Вале арзи мардуми деҳаро ягон кас гуш накард. Чунки дар сари ин кор Табаров Давлатшо истодааст. Намедонам мақомоти болоӣ куҷоро нигоҳ мекунанд? Наход як муовини ШВКД-и ноҳия зиёда аз 8 сол дар як ноҳия ва дар як вазифа истад.

 Бовар кунед худи милисаҳои Панҷ аз дасти Табаров Давлатшо безор шудагианд.

Инҷо мехоҳам, ки аз чандин ҳаромкорӣ ва касофатҳои Давлати кулобирӣ бигуям. Дар деҳаамон аз як марди камбағал, ки як писар дорад, заминашро кашида гирифт.

Ҳолати кор чунин аст. Дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Шахмат як мард зиндагӣ мекунад, ному насабаш Рустамов Турдибой ва писараш Рустамов Зулфиқор мебошад. Писари акаи Турдибой ба духтари Ниёзов Назирмат, собиқ раиси маҳалла, ки ҳамсинфи Зулфиқор аст оила барпо мекунанд ва тақрибан 3 сол зиндагиӣ мекунанд. Соҳиби як фарзанд мешавад. Зулфиқор дар Муҳоҷират қарор дошту занаш дар мактаби рақами 11 –и деҳа омӯзгор буд. Бо кадом омӯзгоре «гап»-и ин зан мебарояд ва Зулфиқор аз муҳоҷират омада занашро сар медиҳад. Занаш баъди ҷудо шудан ба суд ариза мекунад, ки барои фарзандаш замин ва алимент супорад. Суд дида баромада ба хулосае меояд, ки ба номи Зулфиқор ягон замин вуҷуд надорад ва танҳо алимент меситонад. Бо ҳамин Давлати кулобӣ аз куҷое аз ин кор дарак меёбад ва пушти ин корро мегирад ва ин бевазанро мегуяд ман замин гирифта медиҳам, чунки суд ва муовини ШВКД ҷураи ман аст- агар хоҳӣ ман кори туро ҳал мекунам. Ин бевазан розӣ мешавад. Давлати кулобӣ ин занро гирифта пеши Табаров Давлатшо  мебарад ва мегуяд, ки ҳолати кор чунин аст. Собиқ шавҳари ин зан як тарсончак аст ва дар номи хусураш замини бисёр дорад. Аз ҳамин замин як қисматашро гирифта медиҳӣ. Табаров Давлатшо мегуяд агар пулаш бошад ман ҳал мекунам.

 Бевазан омада падарашро мегуяд, ки ман одам ёфтам, ки барои писарам аз ҳисоби собиқ шавҳарам замин гирам. Падараш мепурсад, ки одамат кӣ аст? Духтараш мегуяд, ки одамам акаи Давлат.

  Ин собиқ раиси маҳалла, ки ҳоҷӣ Назирмат Давлатро нағз мешиносад ва медонад муовини ШВКД ҷураи ин аст. Ва худи ҳоҷӣ Назирмат ба Давлат ҳамсуҳбат шуда корро оғоз мекунад. Табаров Давлатшо одамони кумитаи заминро бар сари Рустамов Турдибой равон мекунад ва коргарони кумитаи замин мегуянд ака заминатон бисёри бад аст. Ба номи шумо ин қадар замин набояд ҳуҷҷат шавад. Барои ҳамин ба номи шумо 15 сотик ҳуҷҷат мекунем, боқимонда 10 сотик заминатонро метавонед ба номи писаратон ҳуҷҷатгузорӣ кунед.

  Акаи Турдибой медонад, ки агар заминро ба номи писараш кунад собиқ келинаш кашида мегирад, розӣ намешавад ва коргарони кумитаи замин мегуянд набошад боқӣ 10 сотихатонро ҳамчун замини ёрирасон ҳуҷҷат кунед ва боқӣ 10 сотихашро замини ёрирасон ҳуҷҷат мекунад.

Сипас бевазан аз нав аризаи даъвогии замин мекунад. Судя аризаро боз аз нав дида баромада он замине, ки 10 сотих ҳамчун замини ёрирасон буд, ба номи  бевазан мекунад.

Акаи Турдибой мегуяд ман 1сотих ҳам ба ин зани бероҳа намедиҳам. Судя мегуяд ин замини шумо нест, ин дар ҳисоби ҷамоат аст, шумо фақат ҳамчун замини ёрирасон истифода бурда истодаед, барои ҳамин аз ҳисоби замини ҷамоат мо ба собиқ келинатон медиҳем. Акаи Турдибой ҳам одам меёбад ва пеши судя медарорад, ки барои чи ин хел қарор баровардааст. Судя мегуяд агар пул бошад ман қарорро иваз мекунам. Акаи Турдибой ин гапро шунида нангаш меояд ва мегуяд пул дода бошад ҳам ин заминро набояд ба инҳо диҳам гуфта ба одамаш мегуяд, пеши судя даро ва пурс, ки бар ивази қарораш чи қадар мепурсад. Одамаш даромада мепурсад. Судя мегуяд 30 ҳазор сомонӣ орад ман ивазаш мекунам ва ин марди камбағали бечора чи чорво ва чи буду шуде дошт фурӯхта ва 15 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта ба судя медиҳад. Судя мегуяд тамом коратон ҳал, ягон кас замини шуморо намегирад гуфта заминро пас мегардонад. Баъди 1 сол гузаштан ҳоҷӣ Назирмат омада атрофи заминро маҳкам карданӣ мешавад. Акаи Турдибой мегуяд шумо барои чи замини манро маҳкам мекунед. Барои шумо замин нест гуфта ҷанҷол мекунад. Ҳоҷӣ Назирмат бо Давлати кулобӣ хандида мегуянд мо дар дастамон санад дорем гуфта ҳуҷҷатро нишон медиҳад. Акаи Турдибой дар ғазаб пеши судя меравад ва судяро мегуяд инҳо чихел ҳуҷҷат карданд. Шумо кори манро ҳал карда будед гуфта ҷанҷол мекунад. Судя худашро ба нодонӣ зада «ман сертификат карда наметонам, онҳо аз куҷо сертификат кардаанд, рав ҳамонҷо даъво кун» гуфта пас мегардонад. Ин мард аз қаҳр ба суди вилоятӣ даъво мекунад. Суди вилоятӣ мегуяд муҳлати даъвоятон гузаштааст. Аз он ҷо ба Суди Олӣ, ба Шоҳиён ариза мекунад ва дар Суди Олӣ қароре, ки якум бароварда буд бе тағйир мемонад, яъне замн аз ҳисоби замини ёрирасон ба ин бевазан дода шудааст.

Ҳоҷӣ Назирмат пеш дар маҳалла ҳамчун раиси маҳалла ва имоми масҷиди деҳаамон буд. Бинобар сабаби ҳуҷҷат надоштани масҷид онро баста буданд. Аз ҳамин фурсат истифода бурда заминҳои масҷидро ба пули арзон ба номи худаш санад мекунад ва иморати масҷидро намемонанд, ки санад кунад ва заминҳои масҷидро аз байн 2 сол мегузарад мефурӯшад. Ва ҳоло аз масҷид танҳо имораташ монд. Боқӣ ҳамаро фурӯхт. Барои ин кораш мардуми маҳалла аз раиси маҳаллагӣ гирифтанаш.

 Боз ин Ниёзов Назирмат дар хонааш барои мардум бо процент пул медиҳад. Ин як одами рибохур аст.

  Мардуми маҳалла дар Федератсияи Русия барои ободии маҳалла ва бунёди майдончаи варзишӣ гурӯҳ ташкил карда маблағ ҷамъ мекунанд. Дар лаби қабристони маҳаллаамон камакак замини бекорхобида буд. Дар он ҷо кудакон барои бозӣ майдончаи варзишӣ ташкил карда буданд. Ҳамонҷо як ҳамдеҳаамон санади замини наздиҳавлигӣ карда атрофашро маҳкам ва ҳамаро сур кард. Ин одами ин заминро ҳуҷҷат кардагӣ падараш аст ки дар замони пеш аз ҷангҳои шаҳрвандӣ раиси колхоз буд ва тамоми заминҳои колхозро фурӯхта буд ва дар вақти ҷанг ин одамро кушта рафтандаш бо номи Алёша машҳур буд. Ман ба писарони Алёша гуфтаниам, ки падаратон аз пушти ҳамин хел заминфурушӣ мурда рафт вале 1сотихаш ҳам насиб накард. Ин майдончаро пас гардонед. Дар инҷо фарзандони худи шумо бозӣ мекунад.

  Бо ҳамин аз маблағи ҷамъшудаи муҳоҷиронро Давлати кулобӣ ва ҳоҷӣ Назирмат дарак ёфта боз мардуми деҳаро ба фиребу макрҳои худ дароварда аз Кулоб як одамро оварданд, ки вай гуё ҳамсинфи Эмомалӣ Раҳмон будааст. Масҷидро аз сар мекушоем гуфта фиребашон дода пулҳои деҳаро гирифтанд. 2 сол пеш гуфта буданд, ки дар таробеҳи ҳамон сол масҷидро мекушоем. Аз байн 2 сол гузашт. То ҳол на аз масҷид хабар асту на аз пулҳои мардум. Ман мардуми деҳаро гуфтаниам, ки кадом масҷиде махкам шудагӣ аст то ҳол ягонтои он дар ягон минтақаи Тоҷикистон гашта кушода нашудааст, ба ин шайтонҳо бовар накунед ва ба ин ду ҳароми шайтон гуфтаниам, ки бас кунед ҳаромиатонро.

 Ин Давлати кулобӣ духтари ҳоҷӣ Назирматро ба гуфти худаш никоҳ карда гирифтааст. Ин бевазан дар мактаб ҳамчун котиба дар назди директори мактаб кор мекунад ва дар бораи ин директор дар барномаҳоятон гуфтагӣ ҳастед. Чанд моҳ пеш директори мактаб Давлати кулобиро мегуяд «ин котибаи манро ба мошинат савор карда набар наёр, ман хафат мекунам» мегуяд. Давлати кулобӣ қаҳраш омада бо директор ҷанг мешавад: «ин зани ман аст чи коре хоҳам мекунам».

  Директор мегуяд ин дар хонаат занат бошад дар мактаб зани ман аст. Ҷанҷолашон то ҳол идома дорад.

   Ман ба ин мактубҳоям ягон касро пас заданӣ нестам ва ягон касро беобру карданӣ ҳам нестам. Ҳаминро гуфтаниам, ки то кай мо чашмонамонро мепушем? Бас аст охир, косаи сабрамон лабрез шуд. 

   Давлати кулобӣ аз кучо ин қадар дову даска дорад? Ягонҷо кор намекунад. Як писар дорад, ки ҳамон ҳам бошад ҳамроҳи падару модараш.

  Дар номаи гузашта ҳамон бародари мактуб нависондагӣ ҳоло ҳам аз як мошину аз як хонаи дигаре дар Душанбе доштаро нанависондааст. Боз як Кемри 2 -и сафед, ки рақами қайди давлатиаш 71 77 аст ва боз тарафи 33 микрорайони  Душанбе як хонаи 3 утоқа дорад. Агар аз ҷиноятҳои  Давлати кулобӣ китобҳо нашр кунем ҳам тамом намешаванд.

                               Номаи 2

Ва, дар ин қисмати номаам аз муфаттиши калони ШВКД-и ноҳияи Панҷ Одиназода Алиҷон мегуям

Муфаттиши калони ШВКД-и ноҳияи Панҷ Одиназода Алиҷон як наркобарон ва коррупсионери калони ноҳия мебошад. Ҷиноятҳои ин муфаттиш аз рӯзе ба ноҳия омаданаш сар шуда буд ва то ҳол идома дорад. Ин шахс зодаи шаҳри Бохтар мебошад. 4 сол пеш ба ноҳияи Панҷ ба кор омада буд. Як опели вайрона дошт. Ҳозир бошад Тойота камрии 5-сиёҳ дорад. Рақами давлатиаш 22-22 аст. Дар ноҳия мегардад, мегуӣ, ки ягон раиси вилоят бошад. Худашро ҳамин хел калон мегирад.   Чандин ҷавонписарро бо туҳмат ва беасос маҳбас кард. Кадом делое, ки ба дасти ин аблаҳ мерасад пора талаб мекунад. Агар бечора шаҳрванд надошта бошад, ё ёфта натавонад, бовар кунед делои андакро бадвоҳима карда 100 дуруғи дигарро зада ба калааш мемонад ва маҳбасаш мекунад.

   Ин инсон бисёр зираку ҳушёр аст. Чандин маротиба ӯро поидан аммо қапида натавонистанд.

   Алиҷон барои интиқоли наркотикаш аз бачаҳои вилояти Суғд шаҳри Истаравшан деҳаи Чорбоғ, ки акаву додаранд истифода мебарад. Ин ду акаву додар ба простин ва материалфурушӣ машғул мебошанд. Номи акааш Анвар ва номи додараш Абдуқодир аст. Инҳо деҳа ба деҳа простин фурӯхта мегарданд. Кадом вақт ки борҳои Алиҷон тайёр шуд, ҳамон вақт инҳо аз ҷои муайянкардаи худашон борро гирифта ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор мешаванд ва худи Алиҷон сопровождаташон мекунад то шаҳри Хуҷанд. Ин бисёр бор намекашонад, аз 5 кило зиёд намебарад. Инҳоро бачаҳои 6-ой отдели шаҳри Душанбе бисёр поиданд, аммо қапида натавонистанд ва то ҳол корашонро идома дода истодаанд.

Дар бораи порагириаш маълумот бисёр аст. Аммо аз онҳо яктояш хело аҷиб аст. Моҳи апрели соли 2024 як тракторчӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Оқчапар зиндагӣ ва кор мекунад ба трактораш юнучқаи як шаҳрвандро даравиданӣ меравад. Дар он деҳа як бачаи аз ақл бегонае ҳаст, ки шабҳо аз хонааш баромада даруни заминҳои мардум хоб мекунад, ҳамон рӯз дар даруни ҳамин замине, ки тракторчӣ бояд юнучқаашро даравад хоб будааст. Ин тракторчӣ бечора ин бачаро намебинад ва каме пояшро зер мекунад, ки пусти пояш камакак мехарошад ва доду вой карда аз ҷояш хеста ба хонааш медавад. Бечора тракторчӣ тарсида тракторро партофта аз пасаш меравад ва падару модари ин кудакро мефаҳмонад, ки ин ҳодисаи нохуш шуд вале худоро шукр, ки писаратонро ягон кор накардааст гуфта аз падару модари кудак узр мепурсад.

Падару модар «ака ягон кор кардагӣ нест, натарсед, пояшро камакак харошидасту тамом, шумо равед, бемалол коратонро давом диҳед гуфта тракторчиро пас мегардонад». Аммо баъди 2 рӯз милисаҳо дарак ёфта омада аз падару модари ин кудак аҳволи писарашро мепурсад ва хоҳиш мекунад, ки кудакро бурда аз муоинаи духтур гузаронад, то мабодо ягон кор нашуда бошад.

  Падару модар мегуянд ягон гап нест, ягон кор шудагӣ нест. Ба гапҳои инҳо гуш накарда кудакро гирифта ба беморхонаи Қараболои Панҷ мебарад ва гуё ташхис мекунад, ки узвҳои дохилаи ин кудак лат хурдааст ва нисбати тракторчӣ дарҳол дело оғоз карда тракторчиро аз сари замин гирифта ба ШВКД мебаранд ва мегуянд, ки шумо ҳамин кудакро бо тракторатон зер кардед, дилу ҷигарашро лах лах кардед гуфта метарсонад: кудак температура кардаст, хонагиҳои кудак ба бемористон овардаст ва моро занг задан, мо омадем духтурон ташхис мондан, ки аҳволи кудак бисёр безеб аст, шуморо дело оғоз мекунем гуфта баёноти ин тракторчиро мегиран ва ҷавобаш медиҳанд. Ба мо даркор шудед, занг зада фарёд мекунем гуфта тракторашро оварда дар ШВКД маҳкам мекунанд. Бечора тракторчӣ пеши падару модари кудак меравад ва мегуяд, ки ҳамин бачаи шумо мазааш гурехт, чаро манро хабардор накардед? Бечора падару модари ин кудак мегуянд, ки мо ягонҷо набурдем ва кудакамон низ ягон мушкиле нашудааст. Милисаҳо омада маро бемористон бурд мегуянд. Тракторчӣ мефаҳмад, ки милисаҳо махсус ин корро кардаанд ва кудакро гирифта ҳамроҳи падару модараш барои экпертиза ба шаҳри Бохтар мераванд ва дар онҷо аз духтур мегузаронанд ва духтурҳо писаратонро ягон кор накардааст гуфта хулоса медиҳанд ва онҳо баргашта меоянд.

  Бо ҳамин аз байн як ҳафта мегузарад. Муфаттиш Алиҷон тракторчиро фарёд мекунад ва мегуяд нисбататон делои ҷиноӣ кушодагианд, мо шуморо ба ҳабс мегирем ва тракторчӣ мегуяд, ки падару модари кудак ягон даъво надошта бошад барои чи дело мекунед? Мегуяд, ки даъво надошта бошад ҳам кудакро маъюб кардагиӣ, барои ҳамин мо туро дело карда истодаем. Тракторчӣ мегуяд кудак ягон мушкилу осебе ба ӯ нарасидааст, ана хулосаи экперт. Алиҷон варақро хонда ба ғазаб меояд, ки шуморо кӣ иҷозат дод, ки ин кудакро ба Бохтар баред, ман худам аз сар ташхисаш мекунам гуфта бечора кудаки сиҳатро бурда пои харошидагиашро гипс мекунад ва мегуяд, ки мо аз сари нав ташхис гузаронидем, устухони пои кудак каф хурда будааст. Бовар кунед, кудаки соқу саломатро гипсаш карда дар беморхона мехобонанд ва тракторчиро як шаб дар отдел маҳкам карда чуноне мезананд, ки мурдаи Ленинро ба калааш бор карда рӯзи дигараш ба калааш 50 ҳазор сомониро мебандад ё мегуяд 3 сол зиндонат мекунам. Бечора тракторчӣ чунон азоб мекашад ва ноилоҷ ба ҳамаи гапи Алиҷон розӣ шуда дар муддати 2 рӯз пулро оварда медиҳад ва ҷонашро халос мекунад. Магар сардори ШВКД,КДАМ ва дигар ниҳодҳо аз ин ҳодисае ҳама ноҳия огоҳ шуданд хабардор нашудаанд? Пас чӣ лозимед шумо дар Панҷ?

  Ин золимон то кай моро ин қадар азобу уқубат медиҳанд, ҳайронем. Охир то кай? Эмомалӣ корро карда наметавонӣ ё ин сагҳои ҳароматро лаҷомашро кашида наметавонӣ вазифаро холӣ кун! Худат гуфта будӣ, ки «кор карда наметавонен ҷойро холи кунен, кадрои ҷавон бисёранд».

 Ман ба наздикӣ донишгоҳро хатм кардам. Ба тамоми мақомот рафтам, барои кор. Оддитарин корхонаи шуғли аҳолии ноҳия бе пора ба кор қабул намекунад. Барои ба кор қабул кардан бояд 2 ҳазор сомонӣ шапка диҳӣ, баъд ба кор қабулат мекунад ва маошаш 800 сомонӣ аст. Боз баъзе корхонаҳояш меравӣ мегуянд барои мо мутахассисони ботаҷриба даркор, таҷрибаи кории на кам аз 3 сол даркор, ки ба ҳукумати ноҳия кор кунӣ. Ман мушоҳида кардам, ки дар идораҳои суд 80 фисади дело шудагон ҷавонанд, ки аз ҷавонӣ доғи суди мегиранд ва як умр дар ба дар мегарданд. Ин ҷавонҳоро раисону коргарони пуртаҷриба махсус миёнашонро мешикананд, ки ҷои моро нагиранд. Сиёсати ҷавонсозии ҳукумати Раҳмонов ҳамин бошад ?

Дар охир аз Раҳмонов як хоҳиши дорам: Истеъфо теву рав бовар кун нашудӣ!

                                        Номаи 3

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз!

 Ман як мухлиси доимии шумо аз Панҷ мебошам. 5 -6 сол аст ки мо ҳамаи оила «Ислоҳ»-ро тамошо мекунем.  Алҳамдулиллоҳ бисёр чизҳоро фаҳмидем, аниқтараш ҳуқуқи худамонро шинохтем. Ва ман имрӯз мехоҳам дар бораи чоплусҳои деҳаамон гап занам. Ҳозир ба ҳама маълум аст ки мо дар Русия ва дар ватан дар чи вазъият қарор дорем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда имрӯз ин чоплусҳо корашон фақат лесидан аст. Ҳозир дар ҳар қишлоқ дар вотсап группа доранду барои ободии деҳа гуфта аз муҳоҷирон пул талаб мекунанд. Сари як одам дар як сол 6 ҳазор рубл ва инҳо ин пулҳоро мегиранду роҳ  месозанду трансформатору столба мехарем мегуянду мактаб месозем мегуянд.

Ва боз халқи бечора алоҳида сум ҷамъ мекунаду заҳбурҳоямонро меканем. Охир аз ин дида дигар зулм зиёд намешавад. Мо налоги об, свет, хона ва замин месупорем. Ҳар сол пули ремонти мактаб меспорем, дар ҳоле, ки ин корҳоро бояд давлат кунад.

Эй, чоплусҳои гиромӣ! О, шумо чашмонатонро кушоед охир, ё ки намедонед ин корҳоро. Ба чашми мардуми бечора хок пошида мардумро ғулому бардаи худ  кардед. Аз тамоми муҳоҷирон хоҳиш мекунам: «эй бародаро, илтимос, бас кнен ин кортона. Шумо умри ин ҳукумати золимора дароз кадестен ба ин корҳоятон».

  Ба мардуми Панҷ гуфтаниам, ки эй панчиҳо! «Иқа мурғ нашавед. Агар ҳамон шермардоне, ки панчиҳо, ин оқипадари Раҳмонов, куштшон, агар зинда шаванд ба Худо да рутон туф мекнан, иқа беномус шуден? Якдигарта намедонӣ чи хел подстава кунӣ. О, бас будагист ранги мурғ зиндагӣ кардан. Як бор хутон ба хутон суол кунед, мо ба киҷо рафтестем? На динмон мондай, на фарҳонгмон! Духтаромон ба чи корҳое даст задестиян, да мактабо писаромон бошад аз он ҳам батар. То18 сола ба масҷид рафтан манъ. Таълими Қуръон манъ, сатру хиҷоби модару хохаронамон поймол! Чи кори дигар мондай, ки шумо бедор мешавен, ё ки ждать дорен, ки занову духтаронатонро да пеши чашматон таҷовуз кунанду бад шумо мехезен бар муқобили ин золимон?»

  Устод то солҳои 2014- 2015 дар Тоҷикистон каме ҳам бошад динамон озод буд. Кудакҳо ба масҷид мерафтанду таълими Қуръон мегирифтанд ва аз 2016 то ҳозира ин бачаи Марями гурсухта ошкоро противи дину мубини ислом мубориза бурда истодааст. Ин мардуми мо доимо як гапро такрор мекунанд: «ба як кас намешавад ё инки мегуянд, ки охир агар як каси дигар Президент шавад то у сер мешавад, чанд соли дигар мегузарад».

  Хоҳиш мекунам аз ҳамаи шумо эй миллати азиз! Бас кунед ин гапҳоятонро. Ин гапҳо дуруғ аст. Агар президент дар фикри ободии ватанаш бошад, аз 2 то 5сол  вақт достаточно.

  Хулосаи гап, ин ки биёед худамонро ба девонагию нодонӣ наандозему мард шавему ин пирбузбалаи аҳмақи Раҳмоновро чапа кунему баъд озодона зиндагӣ кунем. Бовар кунед устод ман он қадар саводи кофӣ ҳам надораму лекин дар ҳамин ҳаёт бо бисёр корҳо вохурдам. Ноҳақиву номардӣ бо тамоми санъаташ аст дар Тоҷикистон. Ва фикри шахсии ман дар бораи ҳамин гуруҳҳое, ки дар ватсап барои ободии деҳа гуфта пул ҷамъ мекунанд, фикр мекунам, ки ин кор хато аст. Мо бояд аввал аз боло роҳамонро росту дуруст кунем, яъне як Президенти худотарсу бо имонро интихоб кунем ва баъд ҳамааш ҷои худашро  мегирад. Дигар на роҳ месозему на мактаб.

Панҷиҳои гиромӣ бедор шавед, ва ба «Ислоҳ» нависед,то дигарҳо ҳам ин бузҳоро шиносанд.

Ва дар охир хитоби ман ба чоплусҳои деҳаи Чорсу собиқ Қизилюлдуз, ки дар группа сари мардумро тоб медиҳанду ба чашми мардум хок мепошанд. Якумаш ҳоҷӣ Амрулло бачаи худо раҳматӣ акаи Нурулло бо кличкаи (Нурлоча). Ин ҳоҷӣ Амрулло ягон ҷо хондагӣ нест. Тамоман савод надорад. Лекин ранги як радиои 5 сума гап мезанад, худашро бисёр доно мегирад, мутакаббир ҳам ҳаст. Мегуфта бошӣ, ки падари ҳамин деҳаи Чорсу бошад. Ногуфта намонад, ки ин ҳоҷии номуҳтарам званийро харидагӣ аст. Званияш капитан. Гоҳе милиса мешаваду гоҳе мулло ва гоҳи дигар човандоз. Хулоса, ранги Раҳмонов аст. Холаи ҳамакора ҳамаи корҳояш нимкола.

   Боз мегуяд, ки бачаҳо беномус нашавед, солонаатонро маҳкам кунед. Агар касе маҳкам накунад номашро мегирам, шарманда мешавад. Маро хуб гуш кун ҳоҷӣ Амруллои чоплус. Агар ҳамин корҳоятро бас накунӣ, боз аз ин дида бештар менависам. Корҳои паспардагиатро менависам:          « хулоса, мардак шав иқа налес. Мо протифи ободи деҳай хдмон нестем, неки на ба ин ҳол, ки ҳам налог супорему ҳам худамон обод кунем. Хай ина метонӣ ҳоҷӣ Амрулло ба мардум гуй, ки як сола налоготона наспоред, мо хдмон роҳҳоямонро обод кадестем. Агар мардак боши бгу ҳамин гапа ҳозир.

 Ин чоплус сум ҷам  кадестай. Бояд мактаб рост кунан ва худша да пеши калоно нишон диҳад, ки чи хел метона лесида. Ҳамаи праблемоҳот мактаби 13 да. Калаи  мардумай ай лампучка сар када то насоси обкашӣ ва печка барои гармшавӣ синфхонаҳо, ҳамаша ай  пули муҳоҷиро мегиран ва ин директори мактабмон Шарипов Давлат изо накашида доимо да группа мега, ки лампучкаҳои калидоро сухтан сум рои кнен, насос бхарем, сум рои кнен печка бхарем. Синфхонаҳо хунукай охи! Эй Шарипов Давлат ту иқа талабаҳои бечорара сум мефармӣ ба ҳар баҳона, изо намекашӣ? Ҳақи кудакой мардума хурдестӣ. Соли гузашта ай синфҳои болой барои наврузӣ пул ҷамъ кнен гуфта гирифтию да кисаш заду рузи наврузӣ шуд калтакро гирифтию модартона фалон  кунум гуфтишон, ай саҳни мактаб пешон кадӣ».

 Дар охир гуфтаниам, ки шербачаҳои Чорсу дар муқобили ин шайтонҳо хомӯш набошед!  

Share This Article