Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №204

Ислоҳ нет

Бебандуборӣ, хунукназарӣ,танҳо манфиат ва суди худро дар ҷойи аввал гузоштан миёни мақомоти Тоҷикистон қадамбақадами порагириву порадиҳиву фасоду ришват ҳамроҳӣ карда истодааст.

  Дар шаҳри Душанбе, махсусан баъд аз ба сари қудрат омадани Рустами Эмомалӣ тамоми сохторҳои давлатӣ, аз кору фаъолияти муназзам мондаанд. Сабаб дар он аст, ки назорат ва тафтишот аз болои онҳо ба ҳоли худ гузошта шудааст. Дар ин нома як нафар аз ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ иллати нокомӣ ва нокоромадӣ дар ин соҳаро аз таҷрибаи шахсии худ ин тавр ҳикоят кардааст:

                      Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Душанбе менависам. Ман наздики ду сол дар автобазаи рақами 3 –муассисаи нақлиётии мусофиркашонӣ кор кардам. Рост, чандин сол дар муҳоҷират будам. Муҳоҷират дилбазан шуда буд, барои ҳамин ба автобазаи 3 омада корро шуруъ кардам. Дар бораи ин автобаза чи гуфтаниам? Директори автобаза Ҷурабек Шамсуллоев аст, аз Данғара. Як солу шаш моҳ кор кардам. Вақте ба ватан омадам хати сайри 15ро боз карда ва дар он нав автобус сар доданд. Ман дар хатсайрҳои 4 ва15 мегаштам. Ростӣ дар аввал соз буд. Як моҳи аввал кор кардем, план кам буд-280 сомонӣ. Баъд 300 ва баъдтар 350 шуд. Ба ҳар сурат як чи кор мекардем. Солярка ҳамон солярка, круг ҳамон круг буд. Барои се круг ба автобусҳои калон 60 литр солярка медоданд. Барои автобусҳои майда(АКИА) 50 литр.

Шаб меомадем заправка мекардем саҳар меомадем кор. Вале баъдтар фаҳмидам, ки дар баки автобус солярка кам аст. Барои се круг намерасад. Путевкаро саҳар медоданд бояд се круг мекардем. Солярка намерасид. Онҳо бо норма медиҳанд, ку. Бояд ҳамон андоза диҳанд, ки расонад. Аз база баромада рафтан то бегоҳ се круга гашта гашта бояд биёиву база дароӣ ва мантиқан бояд ягон гард солярка монад. Аммо, валлоҳӣ дар ду круг соляркаашон намерасид, аз кисаи худамон заправка мекардем.

 Роҳкиро дуввуним сомонӣ, амо пардохт бо карта яку ҳаштод аст. Боз одамони ройгон: донишҷу, нафақахур. Болои  ин ҳама зулму ситам боз баъзе клиентҳо бо мо ҷанг мекарданд. Моро чи гапҳое, ки гуфтагӣ нестанд. Бо баъзеашон ҷанг кардаву занонзанӣ ҳам кардаем. Маро шоферҳои дигар мегуфтанд, ки «ту бо и девонагит долго намерӣ». Ман мегуфтам, ки охир бегаҳ пули планро аз куҷо месупорам. Ин одамҳо, ки бо мо ҷанг мешуданд, аз куҷо инро медонанд?

 Ин Шамсуллоев Ҷурабек 13 сол шуд, ки дар ҳамин база кор карда истодааст. Соляркаро аз бакҳои автобусҳои мо медуздиданд. Бакҳои мо қулфу калид дорад. Аммо ин автобусҳо запасной калид доранд. Яктоаш дар дасти шофер яктоаш дар дасти база меистад. Инҳо шабона медаромадаанд аз ҳар як автобус   камаш 10 литр медуздидаанд, мумкин 15 литр. Саҳар путевкаро медиҳад дигар мегуяд чи коре мекунӣ кун. Бегаҳ мешавад фикри онро намекунад, ки имрӯз ин холӣ рафт, одам кам буд не, ин фикрҳо нест. Пули планро бояд бисупорӣ, тамом.

 Боз саҳариҳо БДА-ГАИ-ҳо меомаданд дар дами дарвоза истода приверка мекарданд. Мо шаб автобусҳоро бо пули худамон мешустем. Даҳ сомонӣ медиҳӣ берунашро обшапак мекунад, даҳ суми дигар духтарҳо медароян дарунашро мешуянд. 20 сомонӣ ҳар рӯз даруну берун- мойкаи автобусо. Боз духтур мегирад механик мегирад, диспетчер мегирад, аз ин тараф ва аз он тараф. Мо беғайри хурду хурок ва ғайри планамон сад сомонӣ расход доштем.

  Ба ба Сулаймон пул медодем. Вай мегуфт, ки планро наличий супоред. Ман бо карта супориданро намедонистам. Мо планро месупоридем. Охирон плани линия  650 сомонӣ шуд, линияи 15,820 сомонӣ хатсайри 4 буд.

   Путевкаҳоро шаб месупордем. Сулаймон мегуфт, ваҳдатӣ наличий супор. Мо хабар надоштем, ки Сулаймн аз сари пули мо ссесад то чорсад сомониашро намесупоридаст. Ман қарздор шудам. Ҳафтум ё ҳаштум моҳи кор буд. Даже мошинамро фурӯхта пули план додам. Ба Аллоҳ қасам аз банк қарз кардам пули план супоридам. Аммо маро 8-9 ҳазор қарздор карданд. Гуфтанд, ки ту аз план қарздорӣ. Ман гуфтам, ки ҳаррӯзаашро месупоридам, чи хел қарздорам.

 Вақте ки ҳисоб кардем маълум шуд, ки Сулаймон фиреб мекардааст. Сулаймон омад гуфт, ки «э ман аз хотирам барвардам путевкаи туро, фаромӯш кардам». Ман худмро қапида натавониста задамаш. Сулаймон ғалтид. Чанд ҳамкоронам буданд, халос накарданд, хандиданд. Як нафари онҳо гуфт, ки додарҷон бо ин сарукала назан хешовандонаш дар мақомот зиёданд. Боз гуфт, ки кадоме аз ҷиянҳояш дар Душанбе сити кор мекунад. Баъд фаҳмидам, ки дар сити корт, ки мусофирон аз он истифода мекунанд, кор мекардааст

Бовар кунед, ки дар Тоҷикистон дар стройка кор кардам нашуд, дар доставка кор кардам нашуд, дар ронандагӣ кор кардам нашуд.

Корро бас кардам, балки барои гапгардонӣ аз кор берунам карданд. Барои онки музди меҳнати худамро талаб кардам. Саг дар Тоҷикистон қадр дорад коргари оддӣ не.

Раис руирост гуфт пошел на@й: «Кудак мефорад кор кун намефорад пошел …»

Дигарон ҳама зери ана ҳамин пошел… кор карда истодаанд.

Ман баргаштаму омадам Русия

То ин Эмомтапак гум нашавад намешавад дигар дар ватан зиндагонӣ тоқатфарсо аст боварам кунед. Бояд як коре кунем…

                     Айнӣ

 Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол!

Устоди гиромиқадр умедворам, ки хуб ҳастед. Аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ бароятон ин номаро ирсол менамоям.

Пас аз инқилобе, ки дар Сурия шуда гузашт ва режими Башор Асади диктаторро сарнагун карданд. Ҳукумати Тоҷикистон бе сарусомонӣ ва тарсу таҳлукаи худро пиҳон карда натавониста истодааст.

Он нафароне, ки дар қайди военкомат ҳастанд ë худ сарбозони эҳтиëтиву шикорчиëне, ки бо ҳуҷҷати силоҳи шикорӣ доранд. Ҷавонон ва мардони аз 55 солаи поёни дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, масалан ронанди таксӣ, старекс, мудири дуконҳо, баъзе аз духтуронро даъват карда дарси ватандустиву (зиракии сиëсӣ) ба қавли гарданбалонигазии пасво машқи омодагии ҳарбӣ гузарониданд.

 Рӯзи 3декабри соли  2024 дар ноҳияи Айнӣ қариб 6-ҳазор нафарро ҷамъ карда дарс гузаронданд, ки дар ҳама ҳолат ҷонибдори пешвои муаззами миллат бошанд (мақсад инки дар ҳолатҳои нохуш ë инки ягон инқилоб тарафдориаш кунанд). Худо хоҳад ягон кас барои ҳимояи ин золим намехезад. Ҳозир айни ҳамин корро дар хело аз ноҳияҳои дигар анҷом дода истодаанд. Ҷиҳати хубиаш дар онки мардум фаҳмида истодааст, ки ин пасвои гарданбалонигазӣ сахт тарсида истодааст. Худаш барои худаш ин шо Аллоҳ гурашро меканад.

  Устод, деҳаи мо яке аз калонтарин ва сераҳолитарин деҳаҳо дар Тоҷикистон аст. Қариб 90% аҳолии деҳа барномаҳои шуморо тамошо мекунанд ва аксарият мегуянд, ки «Ислоҳ» ва мудири он гапи росту ҳақиқатро мезанад. Хелеҳо тарафдори шумоянд.

Ба шумо ва тамоми муборизин муваффақият хоҳонам.

                                             Хуҷанд

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман сокини Хуҷанд ҳастам. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд-ХГУ. Вазъияти имрӯзаи кишвар хело вахим аст.   Буҳрон рӯз то рӯз амиқтар мегардад. 

Натиҷаи порадиҳӣ ва порагирӣ чунон аст ки дар як ноҳия – Конибодом аз сари сол наметавонанд ҷинояткорҳои одамкушро дастгир бикунанд. Ин аст натиҷаи бо пора хондан дар Академияи милиса ва бо пораву тағобозӣ вазифа харидан. Асри 21 аст, бо таҷҳизотҳои махсус то генетикаи ҷинояткорро метавон ошкор кард. Бо як қатра оби бадани ҷинояткор, ё як тори муи вай метавон пурра, кӣ буданашро ошкор кард. Ин аст натиҷаи мусибати порадиҳӣ ва порагирӣ!

  Оиди чароғ. Дар Душанбе свет нест. Хешу табори худам гуфтанд, ки ба 14ум этаж пиёда баромада мефуроянд. Аслан буҳрони энергетикиро хело осон ҳал кардан мумкин аст. Максимум 3сол лозим. Ман 100% пружаҳои тайёри худро дорам барои баромадан аз ин буҳрон, бо маблағи хело хурд метавон ҳал кард. Асосан мардум барқро барои гарм кардани хонаҳои худ ва хурокпазӣ масраф мекунанд. Яъне, бояд дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳамон системаи ягонаи оби гарму буғи Шуравиро барқарор кард ё каме дигар кард. Мисол дар Хуҷанд котелнии маҳаллаи моро бурида дар ҷояш бинои 9 ошёна хона сохтанд. Он котелний тақрибан 15 дом, 2мактаб ва 1детсадро бо оби гарм таъмин мекард. Акнун он чизро вайрон карданд, фикр кунед ҳамин қадар дому мактабу боғча ба барқ мегузаранд. Ягон системаи энергетикӣ дошт намедиҳад чунин сарфи барқро дар деҳаҳо бошад ҳам ҳама чи ҳаст, ҳатто барои истеҳсолу истихроҷи гази табиӣ. Яъне аз партови гову гусфанду мурғ ва ҳатто одам метавон биогаз гирифта бо катализаторҳои махсус тоза карда ба халқ пешкаш кунад. Ин кори душвор нест. Ягон майда тапаки говро тайёр кардан лозим нест. Баъди биогазро гирифтан дар реакторҳо партов боқӣ мемонад партов, ки онро метавон ҳамчун пору дар замини деҳот истифода бурд, беҳтарин пору мешавад. То масъалаи гармӣ ва газро як тарафа накунем аз буҳрони энергетикӣ намебарояд давлат. Охир ин тавр намешавад дигар. То ба кай мардум ба ин ҳол тоб меоварад? Ин Эдикро ягон сектори иқтисодаш ё кори вазоратҳояш дуруст нест, дуруст кор намекунад. Ҳама машғули дуздӣ. Бахшиш гуфти русҳо «все через жопу».

                               Турсунзода
Ассалому алайкум,бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Турсунзода бароятон менависам. Дар бораи главный инженери горсвети Регар гуфтаниам. Файзалӣ номаш. Як лаганбардор, лесак ва козёлу дузд. Барқро ба бозор, ба ошхонаҳо, ресторану мағоза ва дукону кафеҳо мефурушад. Дар шаҳр набояд ограничений бошад. Аммо ин кушта истодааст дар Турсунзода. Аз ҳисоби лимит Файзалӣ барқро мефурӯшад. Бисёр инсони бад, ягон касро писанд намекунад
Фақат кораш лесидани раиси барқ ва барқфурушӣ. Барои ҳар як дукон ё столовый доля муқаррар кардааст, ки аз 500 сомонӣ сар мешавад, аммо то 1500 сомонӣ ҳам мегирад.
Мақсад барқи барои мардумро ба дигар ҷойҳои пулдор мефурӯшад. Барои ҳамин барқи моро дар шаҳр ҳам мекушад. Охир хонаҳои мо бетонӣ аст. Вақти союз сохтагианд. Хонаҳои мо холодилник мешавад. Кудакҳо касал. Ин Файзалии лесак  аз Худо наметарсад.
Зимистон омад, тамом, ҳар сол ҳамин аҳвол. Аз шумо илтимос, ҳамин навиштаи маро чоп кунед, то халқи Регар ва низ идораи коррупсияву амнияти прокурор бифаҳманд ва бигзор чораҷуӣ кунанд.

Регарро инҳо расво карданд. Дар кучаи мо одамҳои бойю пулдорро бо кабели алоҳида гузаронида барқашонро доимӣ кардаанд. Мо чанд бор муроҷиат кардем, аммо касе аз ҷумла раиси Барқи тоҷик ҳам гушамон накард. Ҳоло акнун шикояти моро ба воситаи «Ислоҳ» мефаҳманд. Ин Файзалӣ ба ҳадде обнаглет кардагиаст, ки бо одамҳои алоҳида гапзанон карда пул гирифта барои онҳо иҷозати сохтану истифода кардани трансформатори алоҳидаро ҳам додааст.

Бояд мақомот як бор омада ба кучаҳои мо даромада санҷанд, ки инҷо чи гап аст?

                                            Норак

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Нома аз шаҳри Норак. Ман ҳарчиро аз сар гузарондам ҳамонро мегуям. Муроҷиат ба ҳеҷ кас намекунам, чунки натиҷа надорад, чунки ин ҳукумат хукумат нест. Аз ҳарчи дил пур аст, аз забон ҳамон мебарояд. Ман ҳамеша бо «Ислоҳ.ТВ» ҳастам. «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро мебинам. Аз Норак бошад ҳеҷ кас наменависад. Барои он наменависанд, ки беғайраттарин бенангтарин, беномустарин мардуми Тоҷикистон ҳастанд. Ҳой мардум нависед ва аз номуси худ дифоъ кунед. 32 сол боз хомушед.

 Чаро ҳама мардуми Тоҷикистон аз ҳодисаҳои маҳалли худ ҳарф мезананд, ба ғайр аз мо? Норакиҳо беномусиро ихтиёр кардаед? 

  Ислоҳ.ТВ чист? Ислоҳ.ТВ майдони иттифоқиву муттаҳидӣ бар муқобили ин диктатор аст! Мехоҳед мард бошед, пас бо мардони Худо бошед. Ислоҳ ҷои шермардҳост! Ба шумо чи шудааст? Норакиҳо вақти инқилоб расидааст.

Ман дарди диламро мегуям. Аз муҳоҷират омадам. Хостам замин барои ҳавлӣ харам, хона созам. Орзу дорам дар хонаи заминӣ зиндаги кунам. Аз хурди квартираро бад мебинам, аммо нашуд, дар насибам набудааст. Тамоми деҳаҳои Норакро гаштам то замини фурӯшӣ ёбам, пайдо нашуд, боз ноилоҷ квартира харидам. Аммо бо як таърихи дарозу ғамангез рубару шудам. Аввал рафтам замини совхоз ва бо шахсе вохурдам. Ва аз он шахс пурсидам. Он шахс гуфт бачаҷон дар инҷо замин намеёбӣ. Хонаҳои тайёри фурушӣ бисёр қиматанд. Бо ҳам бисёр суҳбат кардем.

  Ин шахсро хуб мешиносам. Шахси ростгуй аст. Ва нақли ин заминҳои совхозро кард. Чи хел ин заминҳои совхозро ба замини наздиҳавлигӣ табдил карда ба мардум фурӯхтанд. Ин заминфурӯшӣ 15 сол пеш шуда буд.

Раиси шаҳри Норак бо сардори полис ва сардори амният, раиси кумитаи замин архитектура, пожар, экология, санэпидемстансия, хулоса аз тамоми мақомоти давлатӣ роҳбарҳояшро ҷамъ овард дар назди замини совхоз бо полиси бисёр, ва чизе гуфтанду рафтанд.

 Пас, аз он рӯзи дигар баргашта омада ҳарҷоҳарҷо дар гирди ин замини совхоз яке аз дигаре дуртар ин заминро муҳофизат мекарданд. Бо фармони ҳукумати шаҳр экскаватор оварда гирдогирди ин замини совхоз хандақ карданд ва хокашро аз пеши замин рехта бораи баланд гирифтанд ва боз аз ҷои обмонии доимиаш, ки аз дараи даҳана омада ба ҷуйбори совхоз мерезад, аз ҳамин ҷои доимиаш об монданд.

Ду моҳ беист об монданд. Полис муҳофизат мекард. Совхози обод ба ботлоқ мубаддал шуд. Ва об оҳиста- оҳиста камтар ва хеле дер паст шуд. Баъд оҳиста- оҳиста най ва ғумай, алафҳои ботлоқӣ баромад ва ба найзор табдил ёфт.

Ҷои аҷибашро гуш кунед. Боз раиси шаҳр бо тамоми дастгоҳаш омаду комиссия ташкил карда аз ташхис гузаронда заминро бекор карданд. Замини вайрона оформит ва списат карданд. Бародар дидед мафияро? Баъд архитекторҳо омаданду заминро поро -пора карда ба мардум фурухтанд. Ин замини совхоз даҳсолаҳо сабзавоту хурока месабзонду ба мактабҳо ва ба боғчаҳои кудакона, ба заводҳо, ба ҳама муассисаҳо, ба обшепит, ошхонаҳои шаҳр, маҳсулоти тару тоза таъмин мекард. Бубинед азизон як мақоле ҳаст: «донӣ ҳилла(яъне услуби кор) чапа карди фила».

 Аҳсан, аҳсан ба ту барин ҳиладон, ҷоизаат медали пашмӣ.  

  Охир ин совхоз ними зиёди мардуми Норакро маош медоду мехуронд. Шумо чи кардед? Ин моли давлат ва моли миллат аст. Набояд моли давлат нобуд шавад, давлат ба нобудӣ биравад, миллат хароб мешавад.

  Агар аз дигар паҳлуи кор бингарем, хеле аз мардуми бехона соҳиби хона шуданд, Дурустаст ки мардум бисёр ба хона ниёзманданд.

  Ва боз аз боғи мактаби Тугмазор нақл кард. Яке аз рӯзҳо ҳодисаи табиӣ шуду раъду барқ ба амал омад. Туфону заминларзаи сахт шуд. Мардум ҳама ба хонаҳои худ даромаданду дарҳоро занҷирбанд карданду аз хонаҳо набаромаданд. Фардояш табиат ором шуду мардум яке аз паси дигаре аз хонаҳои худ баромаданд. Диданд, ки боғи мактаби Тугмазор нест. Нимашро замин фуру бурдааст ними дигарашро туфон тахриб кардааст. Ва ҳам боғи мактаби Тугмазорро.

 Як рӯзи дигар рафтам ба тарафи заминҳои оҳакпазҳо. Ҳамин ки ба қишлоқ даромадам, қишлоқ як ҷои холӣ аст. Чунон ҳаво гарм буд. Зуд ба интернет нигаристам, Арабистони саудӣ 45дараҷа гарм буд. Ҷои истодагиамро дидам- Норакро, ки 40 дараҷа гарм буд. Норак аз Арабистон ҳамагӣ 5 дараҷа фарқ мекард.

 Хулосаи гап инки инҷо на об дорад ва на ҳоле мардум дорад. Ба ду хона даромадам. Заминеро дидам бо сементблок. Аз хати девории мардум ду ё се метр баромадааст. Пурсидам ин хонаи кист ва чаро дар роҳи мардуми даромадааст, хато кардааст чи? Ба ман ҷавоб доданд, ки хато накардааст. Дар инҷо хатоӣ нест. Ин кор қасдан шуда аст. Агар хато мекард, ду метр аз даруни замини худаш хато мекард. Боз гуфтанд инро мешиносӣ? Ҷавоб додам, ки не. Ман якум бор дар инҷоям. Гуфтанд ин хешу табори Шуҳрат, муовини раиси шаҳр пешина архитектор аст. Бале, рост гуфт он шахс. Чаро хато накард? Даруни замини худаш ду метр надаромаду хато карду роҳи мардумро гирифт.

   Ростӣ, сахт дилам хунук шуду аз роҳам гаштам. Омадам пушти қабристони русҳо. Онҷоро подахобраваки воқеъӣ кардаанд. Пурсидам ҷои подаи шумо лаби дара буд, чаро ин ҷои вайронаро интихоб кардед? Подабон гуфт лаби дараро кадом муйсафеди филчакун чапа кард. Ин ҷои вайронаро дар ҳукумат подахобравак оформит карду халкро фиреб доду худаш лаби дараро гирифту ба худаш боғ сохт. Ва ман, ки орзуи деринаи кудакиям дар хонаи замини зиндагӣ кардан буд, заминҷуиямро идома додам. Рафтам болои гаражҳо. Аз болои гаражҳо ба поён хамидам. Боз бо шахсе ҳамсуҳбат шудам.

Бародар Муҳаммадиқбол, ҳамаи гапҳоям рости алифанд. Ҷои «терористиша» гуш кунед акнун. Як майдони калони аз стадион шаҳри Норак ҳам калон замин буд. Он шахс нақл кардан гирифт ва ман кам- кам суол кардам. Гаражҳо дар пушти хлеб завод ҷойгир аст. Ин майдони варзишии полисҳо буд. Пурсидам чи хел полисҳо? Шахс гапҳояшро гуфтан гирифт. Тақрибан 15 ё 20 сол пеш яке аз хешовандони бачаи Марями гурсухта, хусурбачаи Марям Девонаюфҳо (Сафиалло)дар ин шуъбаи полиси шаҳри Норак муовини сардор кор мекард. Ин нафар бародари Шералӣ Хайрулоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон мебошад. Майдон ба он дараҷа   васеъу калон буд, ки дуюм калонтарин майдон дар шахри Норак буд. Ҳамаи ин майдонро бо тамоми васеияш аз худ мекунад. Аз пушти язнааш шуда ягон мақомот бо инҳо сарбасар шуда наметавонанд. Хулоса аз фурсат истифода мебаранд, ва ҳамаи ин заминро се сотик чор сотик карда ба мардум мефурушанд. Полисҳо дар ин майдон варзиш мекарданд. Футбол мекарданд. Ҳатто машқҳои ҳарбию ҷангияшонро мегузаронданд. Дар танаи деворе чархҳои мошини калон рубару тал задагӣ буд. Дар инҷо нишон монда тирпаронӣ мекарданд. Бародар, ман тарафдори имрӯза полисҳо нестам. Полисҳои имрӯзаро тоби дидан надорам. Чунки ҳамаашон дар хизмати бачаи Марями гурсухтаанд, на дар хизмати миллату ватан.

  Ин майдон майдони ин миллат аст. Ин майдон бояд баргардонда шавад. Бачаи хусурбачаи Марями гурсухтаӣ. Ба онки хусурбачаи Марями гурсухтаам гуфта любой номаъқулиро мекунӣ?

   Ҳой мардуми Норак! Вақташ расидааст, ин вақти Инқилоб аст.

  Ман ҳар рӯз дар кучаҳои Норак давр мезанам. Рӯз то рӯз мардум ҳолаш бадтару бадтар шуда истодааст. Мардум ба умеди ҳеҷ кас нашавед, тақдири худамонро худамон тағйир медиҳем.

  Бародар Муҳаммадиқбол! Бахшиш аз шумо, номамро намегуям: «Имон ба Худо. садоқат ба ватан, хидмат ба мардум».

                                 Хуросон

  Ассалому алейкум бародар Мухаммадиқболи Садриддин! Ман сокини ноҳияи Хуросон, ҷамоати Садриддин Айнӣ, деҳаи Ҳалқаҷар. Имрӯз ман дар бораи мактаб ва чарогоҳҳои Ҳалқаҷар гуфтанӣ ҳастам. Шоймардонов Маҳмадқул соли 2023-2024 директори мактаб буд. Вале моҳи августи 2024 аз директории мактаб даст кашид. Гуё барои директор буданаш дар дипломаш чи маълумоте намерасидааст. Ҳамин хел гуфтааст ба талабаҳо. Лекин масаъла дар асл ин нест. Соле, ки директор шуд Маҳмадқулро маҷбур карданд, ки аз ду писаре, ки дар Русия дорӣ, яке омада хизмат кунад. Писари дуюмаш соли гузашта омаду хизмат рафт. Сабаби баромадан аз директори ҳамин, ки имсол писари дигараш, ки дар Русия буд, ӯро низ биё гуфта ба хизмат мебурданд, албатта, агар аз директории мактаб намебаромад. Хуб аз директорӣ баромад ҳам, ки чи шуд? Ба ҷояш одами соқ омад? Не! Ҷиянаш Мавлонов Асомиддин директор шуд. Бале, ҳамон Асомиддин, ки дар донишгоҳи Носири Хусрав омӯзгори бесавод буд ва барои робитаи номашруъ бо донишҷудухтаре аз донишгоҳ пешаш карда буданд.

 Ҳатто ба хона наомада аз Қурғонтеппа ба Русия рафта буд. Ана ҳамин шахс дар болои сари кудакони мардуми Ҳалқаҷар  директору омӯзгор шудааст. Духтаронро маҷбур карданд, ки руймол неву тоқии чоргулро монда мактаб биёянд. Духтарҳое, ки сатр не, румоли оддӣ баста мактаб мерафтанд, ҳамин худи Асомиддин тарафи он духтарҳои румолдор мегуфтааст, ки дили шумо бад, ки руймол баста меоед. Духтарҳои руймолдор гӯйё  дили бад доштаанд. Асомиддин, ки бо шогирди худ донишҷу духтар «соз» гирифта буд, дили соф доштааст.

Акнун аз муваффақиятҳои  Асомиддин Мавлонов мегуям. Ду бачаи синфи 9, ҳамсинф, дар вақти танаффус бо чуб бозӣ мекунанд. Дар вақти бозӣ нохост чуб ба чашми яке мезанад. Чашмаш кафид. Ҳоло ин бача кур шудааст ва дар беморхона қарор дорад. Майлаш ин тақдир будааст.

   Алӣ ҷияни Асомиддин ҳамсинфи худ Идрисро зада биниашро мешиканад, Лекин ягон чора дида нашуд. Барои онки Маҳмадқулу Асомиддин тағои Алӣ мешаванд. Раҳмонқулов Исмоилсоли тавалдуд 1999, муаллими таърих, писарбачаи синфи 8 -ро зад, пардаи гушаш кафид, дидем, ки Исмоил ҳоло ҳам муаллим аст.

  Асомиддин Мавлонов  ту мегуӣ, ки задан мумкин нест, канӣ Исмоилро аз мактаб пеш кун, не, намекунӣ. Агар ҳар муаллими мезадагиро аз мактаб пеш кунӣ, дар мактаби рақами 24-и Ҳалқаҷар муаллим намемонад. Ҳатто Азизов Алиҷон, ки маъюб аст ҳамон мушт карда мезанад. Асомиддин ту худатро мард мегирӣ, лекин ҳамон Гулчеҳра, зане, ки ду сол пеш директори ҳамин мактаб буд, ҳамон зан аз ту дида мардтар буд. Мусоев Маҳмадраҷаб тақрибан 70-72 сола, роҳбари синфи як буд. Барои задани талабаи синфи як Мусоевро аз мактаб пеш кард. Раҳмонқулов Умед як талабаи синфи11- ро ту тарафи хонаи амаки ман нигоҳ карда гузаштӣ гуфта дар мактаб зад, ӯро ҳам Гулчеҳраи директор аз мактаб пеш карда буд, ки талабаро задан мумкин нест. Лекин ту Асомиддин ин ҳардуро ба кор қабул кардӣ. Инро чихел фаҳмем ?

Хонандагони синфҳои 3-4-5 ро худам пурсидам, ки мактабро тамом кардед, дар оянда чи мешавед? Гуфтанд муаллим. Барои чи муаллим? Кудакҳо гуфтанд, ки муаллимҳое, ки моро мезананд, мо муаллим шуда бачаҳои онҳоро мезанем.

Нигоҳ кунед, ки фикри кудакҳо дар хондан не, балки дар қасд гирифтан ва задани кудакони муаллимон ҳастанд. Талабаҳои болоӣ бошанд мегуянд, ки ҳамин мактабро тамом кунем баъд аз пеши роҳамон Дониёри кур, Ҷамшед савча, Абдураҳмони хучакӣ Маҳмадқули шайтон, Асомиддин, худи директор, Асалмуроди шикамба медонем, ки чи кор кунем. Худи талабаҳо шоҳиданд, ки Асалмурод синфи 11-ро бо мушт зада дар замин ғалтонд. Дигар муаллимҳое, ки номатонро нагуфтем хурсанд нашавед, ки шумо бегуноҳед, шумо ҳам гуноҳ доред, аммо дафъаи баъди номҳои шуморо хоҳем гирифт. Хулоса, муаллимҳо аввал одам шавед. Ба талабаҳо ранги одам дарс гуед.  Сурияро дида истодаед. Ин ҳаёт чархи гардон аст. Яке давлат переворот мешавад, шумо ку дигар дар мактаб дарс дода наметавонед, лекин дар байни мардум ақалан саратонро бардошта гашта тавонед. Мо бовар дорем ин давлати Раҳмонов дигар тамом шудааст ҳеҷ чизеаш намондааст.  

Солҳои 2011-2012 раиси қишлоқ Миров Боймаҳмад буд. 750 гектар замине, ки дар болои деҳаи Ҳалқаҷар воқеъ буд аз мардум пул ҷамъ карда ба номи ҳамин деҳа документ карда гирифтем гуфт Боймаҳмад.

Баъди 3-4 сол Азизов Бурӣ дар ноҳия кор мекард, масъули нафақа ё пенсия буд. Як бегоҳӣ омад гуфт чарогоҳи қишлоқро бачаҳои ҳамсоядеҳа гирифтанианд. Баъд мардум гуфт чарогоҳҳоро гирифтагием ку. Азизов Бурӣ мегуяд, ки у документ фалшивий будааст. Боймаҳмад мегуяд, ки набошад Комитети замин фиреб кардааст. Ҳоло комитети замин дар ҳақиқат фириб кард ё Боймаҳмад инро худо медонад. Азизов Бурӣ мегуяд, ки ин дафъа пулро ҷамъ кунед «даводавша ма худум мекунум, касере, ки гуед замина ба номи ҳаму мекунум». Лекин 400-гектарро ба номи қишлоқ карду 350- гектари дигарро аз пули ҷамъкардаи қишлоқ ба номи наберааш кард. Ана баъд сар шуд. Даҳмардаҳоро ҷо кард. Онҳо бошанд шабона дар чарогоҳи деҳа  мечаронданд.

  Соли 2011 китобхонаи мактаби рақами 24-и Ҳалқаҷарро ҳисоб карданд, қарздор баромад. Ҳамон соли 2011 дар мактаб 360-400 хонанда буд. Сари ҳар як хонанда 22 сомонию 50 дирам расида буд. Холов Карим қарзи китобхонаро канд. Вале соле, ки мактаб қарздор шуд, солҳои 2002-2003 Азизов Бурӣ дректори мактаб буд. Дар вақти директории Азизов Бурӣ мактаб қарздор шуд. Азизов Бурӣ ва Шоймардонов Маҳмадқул ба мисли падару писаранд. Азизов Бурӣ дар вақти масъули шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ( пенса) буданаш дар як ташкилӣ гуфтааст, ки «мо коргари давлатем, мода намоз хондан мумкин нест». Ин сухани ӯро ҷиянҳояш нақл кардаанд. Баъд аз онки худаш ба нафақа баромад, раҳи масҷид ба ёдаш зад. Байни масҷид ва хонаи Азизов як девор асту тамом. Маҳмадқул бошад, ҳамагӣ як сол директор шуд, аммо тарафи талабаҳо мегуфт, ки агар ба масҷид меоед масҷидро маҳкам мекунам. Ман гуфтаниам, ки Маҳмадқул аз дасти ту меояд, маҳкам кардани масҷид. Чунки коре,ки ту мекунӣ ба сари шайтон ҳам бовар кун намеояд. Шайтон мегуяд, ку «Дӯстии мо бо одам аз аввал мустаҳкамай, баъзеҳоша мебинум мегум бачаи атамай». Гап соҳибша ёфт, Маҳмадқула бераҳмш…

Share This Article