Номаи аввали ин нашри барнома хеле маълумотҳои ҷолиб ва омӯзанда дорад, ки хислату хосият ва моҳияту фалсафаи ҳукумати Раҳмонови диктаторро бозгу мекунад. Муаллиф ваъда кард, ки дар сурати нашри он дар шумораҳои минбаъда барои ҳар гуфтааш факту рақамҳо меоварад. Барои ҳамин мо онро дар ин шумора нашр менамоем.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Чун ҳарвақта на ном мегуям ва ҷойи зисут ҷойи корамро. Хондед мефаҳмед ва мешиносед, ки ман ҳамон дӯсти шумо дар даруни ҳукумат ва оилаи Раҳмоновам.
Давоми беш аз се даҳаи истиқлол, бовар кунед, дар ягон давру замон Прокуратура ва Прокурори Генералӣ ин хел беқадр набуд, онгуна, ки ҳозир ҳаст. Ҳабибулло Воҳидзодаро ягон нафар дар Прокуратураи генералӣ писанд намекунад. Кадом прокурореро чи хеле форад, ҳамон хел карда истодааст. Аз Юсуф Раҳмон метарсиданд, ки қудои Чаноб аст гуфта вале ин Воҳидзодаро бошад тамоман ба инобат ва эътибор намегиранд.
Ҳозир дар зиндонҳо 14800 нафар бештар аз меъёр нигоҳдорӣ мешаванд, ки ин ҳолат ҳам дар ягон давру замон набуд. Шароити зиндониҳо бисёр бад аст. Зиндониҳо бисёр умедвор буданд, ки Раҳмонов авф мекунад, аммо накард. Танҳо дар як зиндони маъруф ба Советский 3000 нафар маҳбус аст. Дар ҳар казарма бояд 700 нафарӣ бошад, аммо аз ҳазор зиёданд.
Раҳмонов «лайк» мониро аз қонуни ҷазо берун кард. Аз руи мантиқ онҳо, ки бо лайк нишаста буданд, бояд раҳо мешуданд, аммо нашуданд. Як нафар аз маъмурони зиндони Советский гуфт, ки ҳамаи инҳо подконтроли бевоситаи худаш аст. Лично худаш назорат мекардааст ва ҳисобот мепурсидааст.
Шабурӯзҳои иди Рамазон ё шабурӯзҳои баъди ид дар ноҳияи Восеъ 20 касро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир дастгир карданд.
Қурбони Бех, раиси ноҳияи Вахш писархолаи Ҳабибулло Воҳидзода аст. Модари ин ду нафар фархорианд. Ҳозир боз козери Қурбони бех хестагӣ. Мегуянд, ки барои мактаббачаҳоро ба мактаб бурда овардан автобус ташкил кардааст. Гуфтааст, ки дар ин вазифа то мурданам меистам.
Бинобар маълумотҳои расида Раҳмонов аз таъини Собирзода ба мақоми вазири мудофиа дар ҷои Шералӣ Мирзо пушаймон шудааст. Гуё Собирзода ҳам аз хайли Фаттоҳ Саид аст ва инро президент фаҳмидааст. Собирзода пойҳояш маъюб будааст, инвалид. Бинобар шунидаам ӯро сахт маҳдуд кардааст ва намегузоранд, ки аз қисмҳои ҳарбӣ назорат ва дидан кунад.
Раҳмоналӣ Раҷабалиевро, ки оварда дар МЧС раис монданд аз ҷойи кораш розӣ аст. Гуфтааст, ки нав ҷои хубро ёфтааст.
Ҳабибулло Воҳидзода аз зани аввалаш фарзанд намеёбад. Зани дуввумаш аз Ашт. Аз ин ҳам фарзанд наёфтааст. Гуфтааст, ки фарзанд надорам, бимонанд то вақти нафақа кор кунам, худам аризаи аз корравиро менависам. Гуфтанд, ки дар ҷои вай кадом як нафари наздик ба Рустамро омода карда истодаанд.
Аз руи маълумотҳо Раҳмонов Путинро сахт бовар кунондааст, ки баъди овардани Рустам ба курсии президентӣ аввалин иқдоми Точикистон даромадан ба ҳайати ЕВРАЗЕС аст.
Чизи асосӣ ва муҳим ин ки Раҳмонов тавонист мардумро ба худтаъминкунӣ, худкифо расонад. Мардум худаш худашро таъмин мекунад. Андози давлат месупорад, бюҷетро пур мекунад, роҳ месозад, мактабу беморхона месозад боз доля медиҳад ба Раҳмонову авлодаш, ки онҳо осоишта зиндагонӣ кунанд. Бюҷет танҳо дар руи коғаз ва барои Раҳмонову оилааш.
Вазоратҳо фалаҷ гашта истодаанду аз фаъолиятҳои аслӣ монда истодаанд. Сифат фарма соҳаи тандурустиро, Авесто групп соҳаи иқтисодӣ ва сармоягузориро, Фароз соҳаи сохтумону маорифу гумрукро ва умуман ҳамаро хароб кард. Дар таги даст ва подконтроли худ карданд. Хуб, дар ин ҳолат вазорату кумитаҳо чи даркор аст? Дар ин ҳолат ҳамаи онҳоро барҳам диҳанд ва эълон кунанд, ки ҳукумати Оилаи Раҳмонов на ҳукумати Тоҷикистон.
Сифат фарма боз миқдори зиёди дорухои муҳлатгузаштаро ворид карда ва аз нав дар корхонааш коркард карда истодааст. Вой бар ҳоли ин мардум ва ин ватан.
Нуробод
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Номаи навбатӣ аз қишлоқи Сари қоши ноҳияи Нуробод ирсол карда мешавад. Ман дар «Номаҳо..№200» дар бороаи Сари қош хондам ва дар ин нома ягон ҳарфу сухани нодурустро наёфтам, ҳамааш рост буд. Аммо дар бораи бузи прокуратураи ноҳияи Нуробод, ҷамоати Хумдон ягон кас нанавист. Хеле мунтазир мондам ва ҳоло худам мегуям, ки ин буз Зайниддинов Аброр аз Сари қоши боло мебошад. Кори вай подставаи мардум ва посредникӣ аст. Ва бо ин роҳ пул кор мекунад. Дар Сари қоши боло Аброр гурӯҳи худро дорад.
Якум Пиров Саидҷони дукуна, дуюм Сафари Мирзогулоб.
Инҳо бо Асоев Баҳруддин соз нестанд. Худро калонҳои Сари қоши боло мегиранд. Маҳбубшо ҳам дар ҳамин гурӯҳ шомил аст. Баҳор бо баҳонае, ки ҷуйбор мекашанд, аз мардум 100 сомонӣ ҷамъугир карданд. Аммо аз харҷу масрафи пул ягон ҳисобот намедиҳанд. Ин Аброр ба мисли як канаи ҳайвон дам карда гуё аз дунё баромадааст.
Вай аввал дар Федератсияи Россия бо ҳамроҳи писарони холааш кор мекард. Онҳо пулдор ҳастанд. Дар ҳамон ҷо ҳам ба бузӣ машғул буд. Бо полиси Россия забон як мекард ва мегуфт равед Алишерро ғам диҳед, ман миёнарав мешавам, пулро мегирему тақсим мекунем. Ин корҳоро ҳам мекард. Бо пули бузӣ соҳиби хонаву дари замонавӣ шуд. Ҳозир ин корро дар қишлоқ такрор мекунад. Прокурорро меораду ташкили хуб мекунаду мехараду баъд миёнаравиро сар мекунад ва мардумро подстава мекунад.
Меравем ба мактаби №6 Сари қош ва дар бораи Одинаев Ғаффор ва фарзандонаш. Онҳо мактабро ба мисли як чизи шахсии худ кардаанд, хоҳанд меоянд, нахоҳанд не. Одинаев Қадриддин, Одинаев Садриддин корашон арақхуриву бангкашӣ аст. Мактаби №6 ба мисли як ҷои бесоҳиб гаштааст. Аз раёсати Ғарм меоянду ҳақашонро мегиранду мераванд, пофигу, ки дар онҷо чи гап аст.
Меравем ба Сияҳоб. Посредникҳои кумитаи замин Қиёмуддин, Абдураҳими маскан лақабаш ва Сафархуҷа. Инҳо шахсоне ҳастанд, ки хеле хатарноканд. Дар байни мардум мегарданду мебинанд, ки дар куҷо замини ҷанҷолӣ аст. Сипас маслиҳат карда ставкаи худро мемонаду бо кумаки Қиёмуддини кумитаи замин мефурушанд. Абдураҳими Фидо бо лақаби маскан бисёр одами шайтону дуруя аст. Агар хато накунам дар аввал бо Маҳмадсиддиқи раиси скотпрогон ба фурухтани замин машғул буд, ҳоло аз ҳисоби суми ин бизнеси хубаш соҳиби мағоза ҳам шуд. Сафархуҷаи Исмати тракторист ҳам дар Сияҳоб пешрафти хуб дорад. Аз пули бизнеси замин соҳиби мағоза ва ду мошин шуд. Ман намедонам, ки чаро мардуми Сияҳоб хомушанд. Ё намефаҳманд ё метарсанд. Дар куҷое лимити замин фармон мебарояд ин ду касиф тайоранд.
Мегузарем ба участковыйи Сари қош. Номаш ҳоҷӣ аст. Як руз омад бо ҳамроҳи як милисаи духи дигар рейд гузаронд. Аз ҳар як хона аз 400 то 600сомонӣ гирифта дар кисааш зада рафт. То ҳатто аз духтурхона гирифт. Ман мехоҳам аз начальник милицияи ноҳияи Нуробод пурсам:-ҳисобот диҳанд, ки ин пул ба куҷо рафт, коррупция куҷоро нигоҳ дорӣ? Дар Сари қош назар ба дигар деҳаҳо буз бисёр аст. Лекин задницаи худашонро спасать карда наметавонанд. Чи рейде сар мешавад аз Сари қош сар мешавад. Бовар кунед, ки мардумро ранги лата кардаанд. Дар охир ба бузи прокуратура Аброр гуфтаниам, ки шумо ягон қадр надоред. Буз буз аст. Агар зур бошӣ, масҷиди Сари қоши болоро бикушо, вале медонам, ки ту алтарӣ вале агар мекардӣ ҷавонмардӣ буд барои ин мардум.
Албатта, дар ин навиштаи ман хатоӣ дида мешавад. Лекин бовар дорам шумо ислоҳаш мекунед. Бо эҳтиром сокини Сари Қоши Нуробод.
Ҷалолиддини балхӣ (Колхозобод)
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Ман аз ҷамоати Тугалам, участкаи Пивазавод, деҳаи Ленингради ноҳияи Колхозободам. Ман дар бораи раиси маҳаллаамон гуфтан мехоҳам. Ин раиси маҳалла моро бисёр ғам медиҳад. Гуфти гапо буза бераҳмуш. Номи вай мулло Ҳаким аст. Тақрибан ҳар рӯз дар масҷид маҷлис мегузаронад. Масҷид ҷои тоату ибодат ва гапу ҳарфи Расулу Худо аст, ҷои маҷлис, ки нест.
Ду мошин дорад. Яктояш саворӣ-мерседес, якеи дигараш майдаи боркаш. Ин одам аз деҳаи Ленинград аст. Ин мулло агар раиси ҷамоат ё участковый биёянд аз хазинаи масҷид 500 сомониро мегираду медиҳадашон. Гуё бензинпулӣ. Доим мардумро метарсонад, ки масҷидро маҳкам мекунанд ва бо ин баҳона барои ин кор сум ва барои он кор сум гуфта аз мардум пул меситонад ва боз аз сандуқи хайрияи масҷид ҳам пул мегирад.
Дуввум, ин муллои раиси маҳалла агар дар қишлоқ туй шавад аз соҳиби туй ҳатман 200 сомонӣ мегирад. Туй меояду мегуяд, ки ба хонаи ман ошу шурбо ва нону қанд роҳӣ кунед, чизе бошад роҳӣ кунед мегуяд.
Севвуми ҷинояти ин раиси маҳалла ин аст ки бачаҳои марумро аз Русия оварда хизмат мефиристад. Аммо худаш се бачча дорад, ки ягон нафараш хидмат накардааст. Бачаҳои худаш дар бозори Колхозобод точка доранд, савдо мекунанд.
Чорум ҷинояташ ин аст ки бевазанҳои дар ҳақиқат ниёз ба кумак дошта ва камбизоат бударо дар қатори камбизоатҳо намегузаронад, тавре мекунад, ки онҳо ҳар рӯз пешаш биёянд. Ягон нияти бад ҳатман дорад.
Ҳар касе аз ҳаҷ бармегардаду меояд онҳоро воҳима мекунад, ки аз танзим омаданд, ман маъракаатон вайрон нашавад гуфта хонаи худам бурда ташкилиашон кардам ва ба дасташ 500 сомонӣ додам. Ҳоҷии бечора намепурсад, ки ту рост мегуӣ ё дуруғ мегуӣ, мебарораду панҷсад сомонӣ медиҳад.
Бародар ин чи мардуми Ленинград ва мардуми Пивзаводро бисёр ғам медиҳад. Дар бораи ин буз дар барномаҳои оянда ҳам навишта мефиристем.
Хоҳиш аз шумо,ки дар «Номаҳо…» пахш кунед, шояд ин бадбахт бинаду бас кунад.
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чи илоҷ, ки ҳоло ягона ҷое, ки арз мекунему арзамонро мешунавад ҳамин «Ислоҳ» аст.
Мо чанд ҷавон аз деҳаи Гулистон, ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рудакӣ ҳастем. Мо ду раиси маҳалла дорем. Яке дар колхоз дигаре дар совхоз. Раиси маҳаллаи колхоз Шарипов Маҳмад ва раиси маҳаллаи совхоз Алимхонов Ҳошим мебошанд. Инҳо бо ҳамроҳи раиси ҷамоати Лоҳур Пиров Абдулло дар поёни деҳаи мо ду нассоси калон буд, ки ду деҳаро бо об таъмин мекард ва ҳар нассос ба миқдори ҳазор куб дар як сония об мепартофт. Гуё, ки ба фармони раиси ҳозираи ноҳия Абдуғаффор Ҳиматуллозода, ки пеш аз омаданаш ба ноҳияи мо муовини Прокурори генералии Тоҷикистон буд барои омадани пешвояшон ба ноҳия нассоси моро канда гирифта ба дигар ҷамоат бурданд ва ба ҷанобашон нишон доданд, ки гуё нассос оварда шинониданд. Аммо то ба ҳол гашта наоварданд. Се сол мешавад, ки наоварданд.
Ҷинояти дигари раисони маҳаллаҳо ин аст ки аз ҳар як призивник бо ҳамроҳи коркунони военкомат аз ду то панҷ ҳазор сомонӣ мегиранд. Фишор болои падару модарҳо меоранд, падару модарҳо ноилоҷ пул медиҳанд. Аз худи авлоди ман ҳар шаш моҳ то панҷ ҳазор сомонӣ мегиранд. Охир ин чи зулму ситам аст болои мо? Мегуфта бошед мо ғулом бошем ва бояд ба инҳо дан медиҳем.
Ҷинояти сеюми онҳо ин аст ки агар ягон камбағал ҳатто ҳоҷатхона созад бояд аз ҷамоат иҷозатнома гирад, иҷозатнома бар ивази 500 сомонӣ. Вале агар сохтмони хона бошад то се ҳазор сомонӣ мегиранд. Агар мардум пул надошта бошанд ба хонаи онҳо участковийи Лоҳур омада ҳуҷҷатҳоро гирифта ба фалон кабинет биё гуфта таҳдид мекунад. Худое нахоста ягон хатоӣ аз худт ёбад, аз панҷ то ҳашт ҳазор сомонӣ мегиранд. Ин пулро ба касса намесупорӣ , ин пул ба кисаи ҳамон милиса аст. Агар сангро болои санг монӣ бузҳояшон хабар медиҳанд, чунки аз ин пул бузҳо фоиз мегиранд.
Дар хонаи ҳамсоя худоӣ буд. Раиси маҳалла дар ҳамин иштирок кард, ҳамроҳи мардум хуроки соҳиби худоиро хурд. Раиси маҳалла Аҳмад ном дорад. Аммо аз маърака баромаду (ман дар даруни ҳоҷатхонаи масҷид будаму вай дар берун ҳеҷ кас набуд) ба телефон ба кадоме гуфт, ки «фавран расида биёед, ки одам бисёр аст, дар се дег хурок кардагӣ аст». Баъди ягон 15-20 минут танзим омад ва ҳамсояи моро ҷарима карда рафт. Аҳмади раиси маҳалла ва Пиров Абдуллои раиси ҷамоат офитсиално дар КДАМ кор мекунанд. Ин ҷарима ба кисаи корманди танзим меравад , на ба каса ва буҷа инро хуб фарқ кунед!
Инҷо мехоҳам, ки мардуми Гулистон бузҳоро шиносанд: бародарон Аҳмад ва Латиф Шарифовҳо, Умед Файзалиев ва Миҳинбек, ки таксӣ кор кор мекунад. Ин Миҳинбек агар ягон ронандаи дигар нафорад ба ГАИҳо бузӣ мекунад, ки фалонӣ офитсилано таксӣ нест. ГАИ ӯро дошта протоколи 510 мекунад
Номҳои бузҳо: Шарипов Латиф, Шарипов Аҳмад, Умед Расулов, Маҳмадсаид Шарипов, Хуршед Юнусов, Ёқуб Файзалиев, Миҳинбек Файзалиев, Фарҳод Бобиев мебошанд.То ҳатто ду зан ҳам буз аст.
Раисони маҳалла худашон ҳам дузданд ва ҳам бузанд. Барои ҳамин дуздҳо ва бузҳои қишлоқро ҳеҷ кор карда наметавонанд. Бо ҳамроҳи милисаҳои Лоҳур ва район кор мекунанд, яъне ба онҳо доляи калон медиҳанд. Албатта, аз ҳисоби киссаи мардум.
Чанд сол пеш падари Файзуллоев Фарҳод ва Миҳинбек, тахминан 13-14 сол пеш ва Искандар бо ҳамроҳии додараш Файзуллоев Рузибой дар адири Қирғоч, ки дар ноҳияи Ғозималик воқеъ мебошад якчанд моли калони шохдор яъне говҳоро дуздиданд. Соҳибаш қапид ва ба отдели ноҳияи Ғозималик дод. Аз соҳиби гов пеш баромада оғили говдорро бо коҳҳояш алов зада пурра нобуд карданд. Искандаре, ки оғилро алов сар дод, баъди мурданаш фаҳмидем, ки полковники амният будааст. Рузибой ва Кенҷабой, ки бародаронаш мебошанд, дар ҳаётанд. Ҳозир фарзандонашон Фарҳод ва Миҳинбек касби падарашонро идома дода истодаанд. Амнияти ноҳия ва милисаҳои ноҳия ягон кор карда наметавонанд. Мо мехоҳем, ки ин масъаларо Генпрокурор тафтиш карда бинад. Ва дар охир ман мехоҳам, ки мардуми Гулистон бетараф наистода бинависанд.
Хулоса, қишлоқро ҷазир карданд. Халқи одиро ягон хел нафаскашӣ намемонанд. Барои онки бо одамҳои боло зуранд-доля дода мегарданд. Ҳар моҳ дар қишлоқи мо дуздӣ мешавад:-гов, гуспанд, асп ва ҳатто аз хонаҳо оҳанҳоямон гум мешавад. Мисли онки ин кор ба система мубаддал шудаст. На фақат ҷои мо, тамоми Тоҷикистонро ҷазир кардаанд. Раиси маҳалла ва раиси ҷамоат як справкаро ба пул медиҳанд. Одами камбағал 10 сол ждат мекунад, замин гирифта наметавонад. Одамҳои дузду буз занҳояшонро қонунӣ бо суд ҷудо карда аммо дар асл зиндагии якҷоя доранд, барои онки хонаҳои пешинаашонро ба занҳояшон диҳанду боз худашон замин барои хона бигиранд. Сетоӣ -чортоӣ замин гирифтагианд. Марҳамат тафтиш кунед як ду не даҳото чунин аст. Медонем шумо тафтиш намекунед, чунки худатон дар ин дуздиҳо ва шуримуриҳо шарикед.
Дар Гулистон на об ва на свет дорему на роҳ дорем. Ду масҷид доштем, ки якеашро маҳкам карданд. Баъд аз соли истиқлолият мо об надорем. Он насосҳо, ки гуфтем аз Союз мондагӣ буд. Он хел нассосҳоро ноҳия харида наметавонад. Вале клет карда метавонад.
Ростӣ, одами баномус кам мондагӣ.
Бародар Муҳаммадиқбол саросема навиштем. Агар ягон хатоӣ бошад узр. Дар оянда боз менависем.
Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Чанд рӯз пеш барномаи номаҳо дар бораи Вахшро тамошо кардам. Онҷо гуфтанд, ки дар қишлоқҳо садик –боғчаи бачагона намонд, садикҳоро фурухтанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Бигзор дар қишлоқ майлаш намонда бошад, дар Душанбе нест. Ин қадар домҳои баланд сохтагианд, ки фундаментҳо, котлаванҳо барои 5 этаж аммо дом 15 -16 этаж. Домҳое, ки ба расчети чору панҷошёна буд то 15 ошёна бардоштагианд. Аммо дар он территорияҳо то ҳозира ҳамон мактабу ҳамон садикҳои давраи союз ҳастанду тамом. Ягон нав кардагӣ нестанд.
Дар садик барои як гурӯҳаш то 47-48 нафар кудакро қабул мекунанд, маълум, ки барои пул. Ин садикҳо садики давлатианд. 150 сомонӣ сари ҳар кудак мегиранд. Садикпулӣ. Боз пулҳои дигар ҳам мегиранд. 50 сомонии дигар пули фонд мегиранд, маълум нест пули чи фонде аст? Хулоса, сари ҳар кудак 200 сомонӣ мегиранд. Аммо ягон шароит надоранд. Барои онки дар ҳақиқат садик кам аст. Мудирони садикҳо шумори кудакҳоро зиёд мекунанд, ки пул бисёр ҷамъ кунанд. Агар дар назди ягон-ягон домаш насохта бошанд, дигар нест. Кудакҳои бечораро мехамбонанд ва онҳо дар ҳамон тротуарҳои сари раҳ бозӣ мекунанд. Аз байни поҳои одамои мегузаранд. Дар Душанбе, дар сентр ҳамин аҳвол аст. Ҳоло он районҳоро бигзоред дар ҳоли худашон монем. Ин қадар домҳоро сохтанд вале расчети не садикашро гирифтагианд не детский плошадка ва не мактабро.
Домро месозанд, гуё буд мекунанд, одамҳо меоянду зиндагиро сар мекунанд, он лулаҳое, ки барои канализатсияанд ба расчети чорэтажаҳову нуҳэтажкаҳо буданд, барои ҳамин постоянно, ки забитий мешавад трубаҳо. Баъд роҳҳоро мекананд ва аз сар боз труба мехобонанд. Дар сурате, ки бояд он домсоз аввал канализатсияашро мувофиқ ва мутобиқ кунад, баъд сохтмони домро сар кунад. Вале инҳо ҳамаро наоборот мекуннад. Ҳозир шаҳр ҳама каша. Домҳои сохтагӣ проблемма шуда истодааст.
Қувваи трансформатор намерасад, трубаҳои канализатсия забитий мешавад, роҳҳоро канда истодаанду бо аз сар шинонида истодаанд, як рузи сиёҳ аст дар пойтахти кишвар. Хуб инҳоро як бало карда иваз мекунанд. Лекин ҷо мондагӣ нестанд барои детский плошадка, барои садик, кудакҳо ҷои рафтан надоранд. Як ҳаёт одамҳо онҷо зиндагӣ мекунанд, вой бар ҳоли онҳо ки ҷои бозӣ надоранд.
Ин ҳаромҳоро намедонӣ кадом корашонро бигуӣ. Ягон майда дар фикри халқ, дар фикри ободӣ нестанд. Фикру зикрашон ин аст ки як илоҷе кунанду «пул канем гирем». Намегуяд, ки хайр ҳамин домро карда истодаам, биёед ҳаминҷо ҷои плошадка барои бозии кудакҳо ҳам бимонем. Ин хел гап нест. Ҳатто ҷои мошинмонӣ барои одамҳо дар пеши домҳояшон нест. Се- чор мошин мемонанд, двори майдаҳак пур мешавад.
Ман ҷое, ки худам зиндагӣ мекунам, онҷоро гап зада истодаам. Ана ҳамин хел шароит аст. Мошини сухторхомӯшкунӣ, ёрии таъҷилӣ аслан наметавонад наздики дом шавад. Бовар кунед инҳо Душанберо Вахшу Данғара кардаанд, шумо аз Вахш мегуед.
Рости гап ман сахти бадашон гирифтам. Баъд бифаҳмем, ки у чи фонд будааст. Мегуянд ин фонде аст ки мебарӣ дар дасти муаллима ва мураббия медиҳӣ. Охир ман мегуям, ки муаллима аз садики давлатӣ маош мегирад, боз чи хел ин одамҳо ҷамъ карда медиҳанд?
Бисёри ҳамин падару модарҳо «э, хай ҳамин панҷоҳ сум будайда» мегуянду медиҳанд. Мутаассифона ҳамин хеланд халқи мо, боз тарафдорӣ мекунанд.
Барои ҳамин на фақат дар Вахш, дар худи пойтахти Тоҷикистон садик вуҷуд надорад гуем хато намешавад.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Кулоб бароятон менависам. Бовар кунед, ки ин Раҳмонову аҳлу авлодаш, новобаста аз онки воҳима мекунанду каттагарӣ мекунанд баъди ҳодисаи Сурия дар эзорошон тар кардагианд. Ранги мурғи курк, ки болои тухмҳояш инвару онвар медавад, лаб мезанад, ҳамон хел шудагианд.
«Камтарак халқ бҷумба талхакафанд, лекин як одаме даркор, ки бхеза бброяд як сараш кунад, тамом». Просто халқ гумроҳ аст, намедонад ки чи кор кунад. Аммо ҳозир мардум фаҳмидагианд, ки вовчику юрчик ҳамааш дуруғ будаст. Ҳама гуфта истодаанд, ки моро Раҳмонов аҳмақ кард. Дар Ғарғара як беморхона сохтанд, ки дар Тоҷикистон нест, чойхонаи Хуррамшаҳри Данғарара бин, Донишгоҳи тиббиро бурданд дар Данғара карданд. Данғара магар ҷойи дарси амалӣ барои духтурони оянда дорад?
Ин мардуми мо Сангаку бобои Салмону Рустами Абдураҳиму Лангариву дигару дигараш барои чи мурд. Барои онки Исмоили пингвин савори аспи 100 ҳазордоллара шаваду бачаву домоди бобои Сангак незачто турма шаваду ҳукми абад гирад? Ҳозир ҳолу рӯзи беваи бобои Сангакро мебинӣ дилат реш мешавад.
Раиси шаҳри мо барои падару модараш ҳайкал мондаст. У худаш кӣ аст ки бояд ҳайкалаш монанд.
«Э, бахудо мо мардуми Кулоб ҳила истодаем. Девнамон кадагианд. Гуё да Кулоб дига шермардо намонд ҳамара аз Данғара овардестан, даҳ милиса бошад 6тоаш ай Данғара.
Чаро Кулоб маркази вилоят як ҳаёт буд ҳозир буда наметонад?
Дар вақташ ҳукумати онвқта ҳам мехост ягон вилоят бо номи Кулоб набошад. Инҳо ҳам ҳамин хел карда истодаанд.
Мо дер фаҳмидем, ки ҳамааш ташкилӣ будааст. Аз дигар қишлоқ маска пушида омада инҳо вовчиканд гуфта паронда мекуштанду бо ҳамин дар даруни як қишлоқ хун ба по мекарданд, боз аз ин қишлоқ мерафтанду аз руи спискаи пешакӣ тайёркардашуда сокинони он деҳаро мекуштанд ва онҷоро ҳам ҷанг меандохтанд.
Инҳо ҳамаш кори сохта ва махсус будааст. Аз ҳамаи ин Раҳмонов хабардор будаст.
Сангака Раҳмонов ташкил карда кушта будааст. Умаралӣ Қувватови моро ҳам Раҳмонов кушт. Мардуми мо ҳамаи ин гапу корро хабардор шудааст. Ҳозир тайёранд, ки бихезанду Раҳмоновро барои ин ҷинояту хиёнатҳояш сарнагун созанд.