Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №241

Ислоҳ нет

Номаи аввали ин нашри барнома тамоман ғайримаъмулӣ аст. Шояд, на ҳама хонандаву бинанда баъди мутолиаи он ба дурустии он бовар кунад. Рости гап, худи мо ҳам шак дорем. Аммо аз онки муаллиф бисёр хоҳиш намудааст, ки онро ба чоп расонем, рад карда натавонистем. Хуб дигар, ихтиёр аз худи Шумо аст.

                                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародари азиз ман солҳост, ки дар хонаи инҳо кор мекунам. Намегуям, ки дар хонаи кадомашон, аммо бо ҳамаашон шинос ҳастам. Як чизро ба шумо гуфтан мехоҳам. Ҳамаи инҳо барномаҳои шуморо тамошо мекунанд. Махсусан барномаи «Семейканюс» ва «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ва боз ҳамдигарро прикол мекунанд, ки «намешава, ки дили Муҳаммадиқбола биёвем».

Албатта, ман ҳамаи гапҳои онҳоро навишта намекунам, чунки баъд дараки маро меёбанд.

Аммо чанд рӯз аст ки духтарони Раҳмонов, Тахмина, Парвина ва Озода се сумдори калонашон дар ҳолати безебанд. Хабари мусодираи 182 миллион доллар дуздиҳои Гулнораи духтари Ислом Каримов ва ба Узбакистон баргардонидани Швейтсария онҳоро бе корд кушта истодааст.

Тахмина гуфта истодааст, ки дигар ин кишвар ҷойи амн нест. Як бало карда аз онҷо ба дигарҷо бояд переводкунем.  

Парвина ҳам, ки худаш соҳиби кадом бонке мебошад, сахт дар таҳлукаву изтиробу ҳаяҷон аст. Мегуяд, ки ин ҳама солҳо ҷамъ кардему ин ҳамаро фиристодем ояндааш норушан. Бояд ягон коре кунем.

Озода план кашида истодааст, ки бо Ҷамолидин оштӣ ва созиш кунад. Гуфта истодааст, ки агар вай ягон бало карда мову шуморо спасат накунад ҳатман тақдири Гулнора дар сари мо меафтад ва шармандагиаш як тараф бошад боз ин ҳама пул барбод меравад.

Онҳо бо ҳам маслиҳат кардаанд, ки пеши отаашон бираванд.

Вақте омаданд, ки Азизмои ба гуфтаи шумо газетхонак лаву линҷо кашол руи айвон дар болои кресло пушти барзангиашро мондаву бо як нумолак ови чашм пок карда истодааст.

Тахмина гуфт, ки «э ачам фаҳмидай чи ҳоли мора? О ,пулои худи вай дар дигар ҷоянд,ку!

Озода гуфт, ки ниммиллиардашро чанд сол пеш Ҷамолиддин аз бонки Спитамен ба Шветсария роҳӣ карда буд. Кадом наберааш вазъи Гулнораро ба вай фаҳмонидааст.

Аммо модарашон иҷоза надод, ки пеши отаашон бидароянд. Мегуяд ҳозир наравен, ки сахт зиқай. Хайрият, ки русҳо надоданд, агар медоданд тамоман инфаркту инсулт мешуд, мумкин дилзанак шуда мемурд, баъд мову шумо чи кор мекардем?

Духтарҳо бо ҳаросу нигаронӣ ва бо чашмҳои пури савол мепурсанд, ки чи гапай

Мегуяд ки ҳукумати муҷоҳидони Сурия шарт гузоштааст, ки идомаи ҳузури ҳарбии Русия дар Димишқ ба он вобастагӣ дорад, ки Путин талаби онҳо барои таслими Башор Асадро мепазирад ё не?

Озода,Тахмин ва Парвина ҳам дар канори модар нишастанду нумолакҳоро бароварда оби дида пок карданро сар карданд.

Бародар Муҳаммадиқбол, инҳо чанд рӯз ждат карданд, ки худат дар ин бора гап мезанӣ, амм оягон чи нагуфтӣ. Боз ин Парвина тарафи Тахмина гашту гуфт, ки «э.и Гулнора як нафар. Мо ҳафт нафарем. Ҳоло агар фақат пулҳои Озодаро донад, ки аз ду миллиард боло аст моро зинда зинда пуст мекунанд ва гуфти Муҳаммадиқбол чнгрик мемонанд.

Мехоҳам бароятон боз як чизи дигарро ҳам гуям. Як рафиқи нағз дорам, ки дар охраннаи Озода аст. Вай маро мегуяд, ки то аз дастат омадан аз хонаи инҳо кашондан гир. Инҳо рӯзашон башумор мондагӣ. Аммо бовар кунед ҳатто як полотенсаро гирифта намешавад. Камераҳо задагӣ боз зери дарвоза қаровул дорнад аз ҳисоби ВКД.

Ин рафиқам, ки бародараш дар воений кор мекунад ва амалдори калон аст гуфтааст, ки аз ин ҳолати казармавӣ безор шудагием. Баъди сарнагунии Башор Асад то ҳамин чанд рӯзи пеш дар тамоми қисмҳои ҳарб ҳолати казармавӣ ҷорӣ шуда буд. Ин нафар гуфтааст, ки баъди ин ҳодиса Раҳмонов самолети хусусиашро сахт таҳти контрол гирифтааст. Охраннаи он комилан мусаллаҳ шудаст ва барои он самолет махсус гараж сохтаанд. Гуё Раҳмонов ба самти Белорус ё Русия мегурехтааст. Дигар ҷо ӯро қабл намекардааст. Ин бародар гуфт, ки аз кадом кори аэропорти Душанбе  норозӣ ва дилпур нестанд, ки чанд рӯзи ахир вазъияти Исмати дулик турб аст. Фурудгоҳро Агентии мубориза бо коррупсия сахт тафтиш карда истодааст. Вале ҳозир ҳоли духтарҳо бад аст ки агар ба сари мо ҳам тақдири Гулнора такрор шавад чи мекарда бошем?

То ҳозира казарма. 50%. Ҷунбидан наметавонанд. Дар кабинетҳо хоб мераванд.

Чизи ҷолиби дигар ин буд, ки имсол тамоми мардум хурду калон идгардак карданд. Касе монеа нашуд. Дигар натавонистанд пеши роҳи мардумро гиранд. Кудаку ҷавону пиру кампир ид гаштанд. Имсол аксарият метавон гуфт, ки ҳама, рӯзадор буд, албатта худи Раҳмонов надошт. Ҳама рӯзадор буд. Озода ҳам рӯза дор буд ва Парвина ҳам Тахминаро нафаҳмидам. Ман ончи ҳақиқат аст онро гуфтам. Ба хиёлам Ҷаноб гуфт нобудтон, чи коре мекуне, кадан бигире. Ҳозир, мисле, ки ҳатто аз хонагиҳои худаш метарсад. Кудаконашонро ҳамеша таъкид карда истодаанд, ки «ита гапи зиётӣ назане».  

                                      Конибодом

   Ассалому алейкум акои Муҳаммадиқбол! Ман ҷавони бистола аз шаҳри Конибодом мебошам. Мехоҳам аз ҳаёти худам ба шумо ҳикоят намоям. Хоҳиш мекунам ин навиштаҳои маро ба барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

Худи ҳозир дар Русия қарор дорам. Вақте ҳануз 1сол доштаам падарам бо як марде ҷанг кардааст. Пас аз чанд рӯз маълум мешавад, ки ӯ коргари милиция будааст. Баъд нисбати падарам туҳмате задаанд, ки гуё он одамро ба формаи милиция задааст, яъне вай милитсия будааст.  Аммо дар асл он одам дар вақти ҷанг ба формаи гражданский будааст. Хуллас, омада мехоҳанд, ки падарамро  ба  ба солҳои зиёд шинонанд. Падарам дигар ноилоҷ гурехту Русия рафт ва дар онҷо вафот кард. Сипас модарам мани ширхурро ба модараш монду худаш Русия барои кор рафт. Ҳоло акнун 20 сол шудааст, ки модарам дар ғарибӣ ва дур  аз ду фарзанд ва падару модараш кор мекунад. Валлоҳӣ қасам 12 соат зиёд ва бе выходной меҳнат мекунад-аз падару модар дур. Бобоям даргузашт, яъне падари модарам, аммо имконият надошт, ки Тоҷикистон равад. Ман ҳам мактабро хатм кардаму ғарибӣ омадам. Чунки дар Тоҷикистон ягон ояндаамро надидам. Дар Тоҷикистон зистан ҳамчун ғарқ шудан аст. Дар як рӯз 50 сомонӣ кор кунед 100сомонӣ зиёд сарф мешавад ва бо ин темп на ба мошин, на ба хона, на ба зан пул ҷамъ карда намешавад, бо ин ҳама камбудиҳо дар ягон соҳа ягон шахс кори ҳалол надорад.

 Ман орзу мекунам, ки аъзои оилаи Эмомалӣ аз ин миллат ҳамчун Башор Асад бираваду ватан озод бошад, ман ҳама вақт тайёр ҳастам. Тули 3 сол мешавад, ки шуморо тамошо дорам ва тарафдори худи шумо ҳастам  ва гуфтаниам, ки ҳар гапатон дар бораи Конибодом дар барномаи «Номаҳо….» 100 фоиз рост аст. Ман мебинам бисёртар хабарҳо аз Зафаробод ва Истаравшан мебарояд. Ман ба ҳамшаҳриҳоям гуфтаниам, ки ин қадар натарсед аз тамошо кардани «Ислоҳ. ТВ» ва бароед дар эфир ва ё инки нома навишта маълумоту хабарҳоро роҳӣ кунед, ки мардум аҳвол ва вазъияти шаҳри Конибодомро ҳам бифаҳмад. Боварам кунед ягон шаҳре нест, ки аз ин шаҳр бад бошад. Коргарони орган 10ҳо сол дар якҷо фаъолият мебаранд. Онҳо бояд баъди чанд сол ба дигар шаҳр раванду дар онҷо кору фаъолият бибаранд, аммо намераванд. Ҳар касе, ки ба ин шаҳр меояд мебинад, ки порахуриҳо ва қонунвайронкуниҳо осон аст, писанд меояду дар Конибодоми мо мемонад.

  Раҳмати калон барои шумо. Шумо ҳастеду миллатро оянда озод мекунем. Бовар дорам, ки гапҳои маро мехонеду маро мефаҳмед. Ҳаракат кардам фаҳмотар навистам. Ҳама вақт саломат бошеду муборизаро бо шумо давом медиҳем.

                             Қурғонтеппа

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаи манро аз шаҳри Қурғонтеппа, шаҳри Бохтари ҳозира қабул кунед. Дар бораи роҳбари пешини корхонаи ЭМБТ-и (дар солҳои 2012 т- 2014) ноҳияи Бохтар, ноҳияи Кушониёни феълӣ Алиев Азизулло ва ҳаромкориву ҳаромхуриҳо ва зулму ситам, хулоса корҳои бади вай нисбати зердастонаш ва дар бораи киссаковакҳои вай ,ки зердастонашро безор карда буд, гуфтаниам. Ва боз мехоҳам каме дар номаам дар бораи падараш нақл кунам, дар бораи онки ӯ чи хел сари вазифа ё ин ки соҳиби ин мансаб шудааст.

   Ин Алиев Азизулло гуфти худи шумо пацани вычерашный, ки соли таваллудаш  1983 аст ва худатон ҳисоб кунед, ки дар солҳои 2012 ва 2014 чанд сола буд ва аз чанд солагӣ сари ин вазифа омаду кор кард, чи корҳои ғайриқонуние, ки накард.

Падари Алиев Азизулло дар солҳои 1989 – 1992 ҳамчун корманди милитсияи шаҳри Қурғонтеппа кор ва фаъолият кардааст. Яъне дар солҳои 1992, солҳои бесару бесомонӣ дар кишвар. Дар соли 1992 гуё пуштибонӣ аз халқи Ғарм карда будааст. Падари Алиев Азизуллоро бо фармони Файзалӣ Саидов несту нобуд ва бе ному нишонаш мекунанд.

  Бубахшед, ҳамватанони азиз ва мардуми тоҷик. Ман миллатчӣ нестам ва миллатчигӣ ҳам намекунам ин хислати ман ҳам нест. Аз падари Алиев Азизулло як птитсаферма дар шаҳри Сарбанд қарор дорад ба писараш мерос мемонад. Алиев Азизулло пайравии падарашро мекунад ва ҳамчун уголовник дар шаҳри Қурғонтеппа кор ва фаъолият мекардааст. Ва вай бо як хешу табори наздики ман ошноӣ пайдо ва забон меёбаду аз онҳо хоҳиш мекунад, ки «манро бо президентиҳо, яъне ба «бачаҳои боло» шинос кун». Вай аз хешу табори мо бисёр хоҳиши сахт ва илтимос ҳам карда будааст. Ин хешу табори баландмақоми ман Алиев Азизуллоро бо фарзандони раҳматии Шарифбагат яъне қудои Э.Раҳмонов, бо Маҳмадраҳиму Зубайду Шамсуллову ва ғайра шинос мекунад. Азизулло птитсафермаи аз падараш мерос мондаро ба хотири вазифа ба даст овардан пешниҳод мекунад ва ин ферма ба бачаҳои раҳматии Ҳоҷӣ багат- Маҳмадраҳиму Зубайду Шамсулло ва ғайра писанд меояд бар ивази он Алиев Азизуллои ҳаромхури рубоҳи маккорро роҳбари ЭМБТ-и ноҳияи Бохтар таъин мекунанд.

Дар рафти корбарияш дар аввал Алиев Азиз ягон балоро намефаҳмид, ҳамаи зердастон фиребаш мекарданд ва дар паноҳӣ ҳам мегуфтаанд, ки ин як бесаводи тупои пацани дурӯзаро аз кадом ферма қапида оварда роҳбари ин корхона мондаанд. Ва ҳамин хел гапҳо гуфта приколу масхарааш мекарданд. Вале Давлат гуфтанӣ шахс, ки муовини аввалаш кор мекард, одами собиқадор ва бисёр бо таҷриба буд ва аз руи таҷрибаи худаш бо коллективи коргарҳо фаҳмонду гуфт: «ҳе, инсоно ҳоло истед, ин сарфарои корашро равад, корашро ёд гирад, баъд он вақт шумо пушаймон хоҳед монд». Вай ин гапро аз руи таҷрибаи корияш як гуфту гузашт. Ва гуфтаи акаи Давлат ҳам шуду омад ҳамон рӯзҳо ба сари зердастонаш. Аввал ҷайбковияшро сар кард, ҳамчун уголовник!  Яъне коргаронаш бо аризаи шаҳрвандон замин ва амволи шаҳрвандоро чену чок кунӣ мерафтанд. Баъд аз баргаштан гумон мекард, ки коргарон аз шаҳрвандон ягон чойпулӣ яъне ришва гирифтаанд ва барои ҳамин аввали корашро бо ҷайбковӣ сар кард. Ва оҳиста-оҳиста маҷлисҳои корхона зиёд шуд ва дар маҷлисҳояш сиёсатчӣ шуд. Оҳиста-оҳиста планбандӣ кард, нисбати ҳар як зердаст. Хулас, ҳаррӯз баъди кор маҷлиси корхона мегузаронд.

Сари ҳар як зердаст (сари ҳар як коргар) дар як моҳ дар солҳои 2012 то соли 2014  аз 4500сомонӣ то 6000сомонӣ план бастагӣ буд,ки ҳатман бояд ба ӯ супоранд бо ҳар роҳе набошад ин корро бояд кунанд.

Дар маҷлисҳо доим ба зердастонаш таъкид ва супориш медод, ки ҳаракат кунед, ки шаҳрвандро уговорит кунед, ки пули калон дар банк супоранд ва худи шумо дар як моҳ неву дар як ҳафта плани як моҳаатонро буд кунед. Вай бо ин гуфта мисли  рубоҳи маккор ба зердастонаш роҳи маккориро нишон медод, гуё шаҳрвандон тупоянду ягон чизро намедонанд.

 Аҷибаш дар он буд, ки агар бо заҳмату талошҳои зиёд шиносномаи техникии шаҳрванд тайёр мешуд ва пешаш барои имзову печат медаровардӣ аз зердаст именной мепурсид, ки шаҳрванд ба ғайр аз маблғи дар банк гузарондааш боз ба ту чойпулӣ надодааст? Ва  қасам медоду ҷайби зердасташро мекофт.  

Ҳоло рафти кор ва сири корхонаи ЭМБТ- и ноҳия Бохтарро мехоҳам кушоям. Барои мисол агар шаҳрванд бо кадом самте муроҷиат мекард, дар корхонаи мо, агар шаҳрванд 10 сотик замини истиқоматӣ ва 100метри квадратӣ манзили зист медошт ба ҳисоби корхона нархи техпаспорти хонааш ба 1000сомонӣ ҳисоб карда мешуд ва шаҳрванд дар бюҷети корхона 1000сомонӣ мебурд, месупорид тамом.

 Аз 1000сомонии супоридааш 100сомонӣ аз бюҷети корхонаи нохия ба когаре, ки кори шахрвандро буд кардааст, фоизро ҳамчун маош ҷудо мекард. Масалан агар коргари корхона дар як моҳ дар бюҷети корхона 10.000сомонӣ аз ҳисоби шаҳрвандон мегузаронд ба он коргар 1000сомонӣ маош ҷудо карда мешуд. Боз ба ба болои ин ҳама машаққати коргари бечора Алиев Азиз зулму ситам мекард.  Маҷбур мекард, ки мо боз аз шаҳрвандон пора талаб кунем ва доляи раисро бояд бидиҳем. Ҳаррӯза доляи раиси корхона аз ҳар як зердаст (коргари корхона) ками камаш 100сомонӣ буд. Ба ҳамин хотир ба ӯ дар ноҳия Азизи кисаков лақаб дода буданд. Чи дар ноҳия ва чи дар корхона ҳама ӯро бо ҳамин ном ёд мекард.

Ба шумо ва ба ҳама маълум аст, ки дар ноҳияҳои вилоят ягон контрол вуҷуд надошт. Онҳо ҳам доляи худашонро мегирифтанду мерафтанд. Вале ҳатман таъкид мекарданд, ки бе проблема ва тенҷ кор кун, ба мо ва ба худат проблема накунӣ, ки мо ба ҳафт пуштат кор надорем. Ба Аллоҳи бузург қасам  

Боварам кунед то ин андоза  Азиз мастӣ мекард. Пул бардоштагиаш буд корҳое мекард ба гуфтан ва тавсиф дуруст намегирад.  

Пеш аз Азиз роҳбари корхона Аҳмад Набиев буд, аз ҷамоати деҳоти Заргар. Дар деҳаи Комсомолободи Заргар истиқомат мекард. Аҳмад Набиевро дар худи ҳамин корхона дар вазифаи сармутахассиси якум ва геодезӣ ва заминшиносӣ кор мекард ва аз болои ҳуҷҷатҳо назорат мебурд ва камбудиҳои коргаронро нишон медод ва мегуфт ислоҳ кунед. Вай бисёр марди хоксору худотарс, ба қавли русҳо честни буд ва чашмони серу пур дошт. Бо падари ман ошногии сахт дошт.  

 Писари Аҳмад Набиев Икром Набиев ҳамчун коргари одӣ дар ЭМБТ- и Бохтар кор мекард. Писараш ҳам одами ботарбия ва хушмуомила буд.

Хуллас, писари Аҳмад Набиев Икром Набиев дар Қурғонтеппа Бохтари имрӯза, дар кучаи Тетц дар домҳои панҷошёна хонаи 3 утоқа дошт. Дақиқан дар доми хоҳари шумо домулло. Аммо дар он хонааш ҳеҷ кас зиндагонӣ намекард. Ин Алиев Азиз аз куҷое хабардор шуд, ки Икром Набиев дар шаҳр хона доштааст. Вай ҳатто дар бораи ин хонаи Икром дар маҷлисаш гап зада ҳатто гуфт, ки вай онҷо хона доштаасту аммо мо бедарак.

Аз рӯзе, ки аз мавҷудияти ин хона бохабар шуд он хонаро ба ҷои зинокорӣ ва айшу ишрати худ табдил дод.

Икроми бечора дар банди фикр дармонда ҳар рӯз дар пеши мо шикоят мекард, ки кадом бузи шохдори калон ба Азиз хабар додааст аз хона доштани ман дар шаҳр.  

Рӯзи дигар ману Икром барои обед баромадем. Ман аз вай пурсидам, ки Икромҷон чи дар фикри сахт фуру рафтӣ? Икроми бечора дилашро ба ман холӣ карду гуфт аҳволи хонаи манро дида намешавад. Ҳатто суратҳои ҳаромкорҳои Азизро ба ман нишон дод. Хонаи таъмир кардааш ягон ҷои ободиаш намондааст. Дилаш қарор нагирифту гуфт рафтем ҷураҷон ба чашми сарат бин, ки хонаи ман дар кадом ситуатсия қарор дорад. Ман гуфтам бародар ман туро бовар кардам. Не, биё равем гуфт, дилаш қарор нагирифту манро ҳамроҳаш бурд. Бо ду чашми сарам дидам, ки хонааш дар ҳолати нохуб қарор дошт. Буи ғализи спирту бангу ҳашиш мекард ва курпаву курпачаҳояш дар хун оғушта буд.

Кадом занеро дар вақте зино карда будааст, ки дар ҳолати касали занона қарор доштааст. Икром аз хона ба худи Азиз занг зад. Гумон кард, ки кадом одамеро дар манзили ӯ куштаанд. Икром ба Азиз занг зад пурсон шуд ва ба Азиз гуфт, ки ман аз баҳри вазифаам мегузарам агар ту ҳақиқати ҳолро қоил нашавӣ! Азиз қоил шуд ва қасамҳои пайдар паи хурд ва ба Икром гуфт «Икромҷон ту ягон фикри бад накун, дар ҳолати масти мо нофаҳмида монда будем, вай зан касали занона дошта будааст». Баъди шунидани ин сухан Икром Набиев каме ором шуду аз тиреза ба осмон нигариста худоро шукр гуфт.  

 Азиз хонаи Икромро ҷойи баргузории чорабиниҳо бо коллектив ҳам карда буду ҳам ба фоҳишахона табдил дода буд. Ман ҳама вақт бо Икром дустӣ мекардам. Вай низ бо ман дарди дилашро холӣ мекард. Пушаймонӣ мекашид…

  Бародар Муҳаммадиқбол, фикр кунам ҳамин қадараш ҳоло кофист. Вале боз дар оянда менависам. Мо чунин кормандон дорем, ки ба ин ҳолу рӯз гирифтор шудаем.

                     Конибодом

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Нома аз Конибодом. Пешакӣ гуфтанием, ки ҳар он номае, ки аз Конибодом то ба имрӯз нашр кардаед, ҳақиқат аст.

Мо як гурӯҳ муаллимаҳои макктаби N°29 ба номи Садриддин Айнӣ ҳастем ва ба «Ислоҳ» руй овардаем, чун гапи ҳақ ва ҳақиқат фақат инҷо бозгу карда мешавад.

Бидуни шафшафи зиёдатӣ аз шикояти муаллимаҳо менависем ва умед дорем, ки ягон вокуниш аз ҷониби мақомот ба амал меояд.

Шикояти мо аз болои собиқ корманди мактаб Нуъмонов Рустам, мулаққаб ба  Рустами кал мебошад. Ин Нуъмонов Рустам вақте дар мактаб кор мекард, мактабро оташ мезанад. Вай прокурори Конибодомро харидагӣ мебошад. Вале зур ва тавонаш ба мардуми одӣ мерасад. Охир, шарматон бодо мақомоти шармандаи фурӯхташуда. Охир дар ноҳия мардҳо ҳама дар Русияанд ва ягона умеди мардум ба мақомот аст. Кормандони ҷамоат ҳамаашон ку́ру кару гунганд, касе чизе намегуяд. Участковийҳо ҳам ҳамин тавранд, афсус бадбахтона. Ин чи бадбахтӣ аст? Вақте як сарвайрон мақомотро харида ин қадар бадбахтӣ меорад. Лекин бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол пас аз нашри номаи мо нисбати Рустами ҳатман аз ҷониби мақомот чораи ислоҳӣ нисбати ӯ ба вуқуъ мепайвандад. Ва шояд вазъи мо каме осон шавад.

  Бо эҳтиром як гурӯҳ муаллимони Ҷаҳонзеби ноҳияи Конибодом.

Ps: Муаллимаҳои азизи Конибодомӣ нома дар мавриди Нуъмонов Рустам навишта буде он нома нашр шуд. Агар нахонда бошед даромада хонед, аммо то ин соате ин номаи дигари шумо расидааст навораш нашр нашудааст. Бастабандии навор кори саҳлу содае нест,ки он анҷом шавад.

                               Маскав

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ва бародарону хоҳарони хонанда ва тамоши ни «Ислоҳ». Ин номаро як муҳоҷири дур аз ватан мефиристад.

Мо дур аз ватан ва оила ҳамчун бегонагон нестем, балки ҳамчун мардумоне истодаем, ки бо дард, бо умед ва бо орзуи сӯзони озодӣ пайвастаем. Вақти дароз, мо дар зери ҳукумати як золим зиндагӣ кардем — марде, ки худро раҳбар меномад, аммо танҳо бо тарс роҳбарӣ мекунад, аз сукутамон ғизо мегирад ва бо ранҷу азоби мо зинда мемонад.

Аммо дигар бас.

Ҳар боре, ки онҳо овозе хомуш карданд, ҳазорон овози дигар бо гӯшак дар «Ислоҳ» баланд шуд. Имрӯз, он гӯшакӣ ба нидои пуршӯре табдил ёфтааст. Нидои мардуме, ки дигар зону намезананд. Нидои миллате, ки омодаи бархостан аст.

Онҳо шарафамонро гирифтанд. Ояндаамонро дуздиданд. Оилаҳоро парешон карданд, орзуҳоро шикастанд ва кӯшиш карданд моро водор кунанд, ки беқувват бошем. Аммо мо беқувват нестем. Ҳеҷ гоҳ набудем. Мо танҳо интизор будем — интизори он лаҳзае, ки қалбҳоямон яксон метапанд. Ва он лаҳза — ҳамин ҳоло аст.

Ба гирду атрофатон нигаред. Шумо танҳо нестед.

Ҳар модаре, ки барои фарзандаш мегиряд, ҳар падаре, ки ғурурашро сарфи назар мекунад, то аҳли оилаашро сер кунад, ҳар ҷавоне, ки ояндаашро барои гуфтани ҳақиқат сӯзонданд — шумо он шуълае ҳастед, ки ин оташро меафрӯзед.

Ва бигзор инро бишунаванд — мо дигар наметарсем. Зеро тарс силоҳи золимон аст, вале шуҷоат ҳаққи модарзодии озодон.

Мо бармехезем, на бо нафрат, балки бо ваҳдати шикастнопазир. На бо хашми кӯр, балки бо диди адолат. Мо барои вайрон кардан наомадаем — мо барои обод кардан омадем. Барои бозпас гирифтани он чизе, ки аз мо рабуда шуд. Барои сохтани миллате, ки ба халқу мардум хидмат мекунад, на бар онҳо ҳукмронӣ.

Пас қадам занед. Сухан гӯед. Мубориза баред — на танҳо бо мушт, балки бо ҳақиқат. Бо муҳаббат ба якдигар. Бо боварӣ ба он ки ҳеҷ диктаторе, новобаста ба шадидияш, наметавонад муқобили тӯфони як халқи муттаҳид истодагарӣ кунад.

Ин замони мост. Ин муборизаи мост. Ва мо ғолиб хоҳем шуд.

Зеро таърих золимонро ба ёд намеорад — он мардумонеро ёд мекунад, ки золимонро сарнагун карданд.

Озодӣ дар роҳ аст. Ва мо — мо онҳоем, ки онро меоварем.

Шеър дар васфи он кас, ки тоҷикро беақлу, пасту террорист муаррифӣ кард ва тоҷик будан барои бисёриҳо нанг шуд:

Агар реша надорӣ ту, ман мусалмони ориёиям,

Агар номи ту торикист, ман он хуршеди тобонам.

Наметарсам агар ҳатто туфангат самти ман бошад,

Бароям марг ширин аст агар ҳарф аз ватан бошад.

Ту дар дастат табар дорӣ вале ман решаи тоҷикон,

Ҷавлона мезанам аз нав ба маҳзи аввалин борон.

Ман ҷон дар каф дорам, аммо барои ту нафас гирам, 

Ман аз мурдан наметарсам ту шилик кун намемирам.

Share This Article