Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ. нет»№161

Ислоҳ нет

Мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ тули асрҳо суфтаву пухтаву бехтаву нишонрас шудаанд, ки фақат ҷой ва вақти истифодаи онҳоро бояд донисту шинохт. Масалан ман ҳозир ҳамин мақоли мардумиро мехоҳам ҳамчун нуқли ин пешгуфтор истифода кунам: «Об аз сар лой».

Яъне чӣ? Яъне инки вақте раиси ҷамоат, раиси маҳалла ва домком даст ба дуздӣ мезананд, ки раиси ноҳия, раиси вилоят ва раиси ҷумҳурӣ ҳам медуздад ва дуздии вайро раиси ҷамоату домкому раиси маҳалла ҳам медонад ва дуздишариканд. Боз мепурсед, ки яъне чи тавр. Ин тавр аст, ки аз пули мову шумо ҷамъ мекунанду синфхона месозанду роҳҳоро мумфарш мекунанд. Ҳатман раиси маҳалла ва раиси ҷамоат аз лаби ин пулҳои ҷамъшуда медузданд. Дуздӣ инҷо тамом намешавад. Раиси ноҳия, бо мудири маориф ва ё масъули идораи роҳ ин синфхонаҳо ва ин роҳҳои мумфаршкардаи мову шуморо чену андоза кардаву чанд баробар дар болояш изофа кардаву аз ҳисоби буҷа пулро мегиранд, яъне медузданд. Инҳо пулҳои ҷамъовари кардаашонро ба мушовири кадрҳо «мехуронанд»-яъне вай ҳам медуздад ва дар дуздиҳо қуш аст. Ва аз ҳама аҷоиботи аҷоиботаш ин аст, ки мушовири кадрҳо аснодро ба раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад ва мегуяд, ки се нафарро омода кардем: Сангак, Чубак, Достак. Ва мегуяд, ки аз ҳама зиёдтар Чубак доданист, тайёр аст. Раиси ҷумҳур мегуяд, ки чи нигоҳ дорӣ?

Яъне об барои он аз боло лой аст, ки боло дар дуздиҳо шарик аст, роҳнамоӣ мекунад:

                                     Ваҳдат

Салом устод Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Лақайбегии Ваҳдат ҳастам. Ҳозир дар берун аз Тоҷикистонам. Ҳоҷат нест, ки худамро шинос кунам. Барои он, ки маро хуб медонеду мешиносед. Имрӯз тасмим гирифтам, ки дар бораи як порахуру мошеники ин деҳа нависам. Бо оне, ки аз ин ҳодиса чандин сол гузаштааст аммо ҷиноят ҷиноят аст. Агар дар замони ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамову  Раҳмон Набиев ҷиноят содир карда бошед ҷиноятатонро ёфтаву ошкор мекунем. Аллоҳ хор кунад ҳар касеро, ки надидаву нашунидаашро менависаду як муъминеро ба ноҳақ туҳмат мекунад.  

Мегузарем ба ошкорсозии ин шахси мошеник.

Ин шахс Идиев Исмат мебошад. Бародари Идиев Маҳмадшои буз аст. Маҳмадшои буз ҷиноятҳояш дар номаҳо аз ноҳияҳо № 89 ҳаст. Касоне, ки тамошо накардаанд, метавонанд тамошо кунанду ӯро хубтар шиносанд.

Ҳодиса агар хато накунам дар солҳои 2010- 2015 руй додааст. Солҳои пеш аз болои деҳаи Лақайбегӣ канали об мегузашт, ки қариб ҳамаи мардуми ин деҳаро бо об таъмин мекард. Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ трубаҳои ин каналро дуздиданду дигар об намеояд. Ва ягон умеде ҳам барои омадани об набуд.

Ва Исмат, ки лақабаш Исмати хуг мебошад, дар миёнаи солҳои 2010-2015 бо ваъдае, ки ба ин канал об меоварад, қариб аз тамоми мардуми деҳаи Лақайбегӣ 20 сомонӣ ҷамъ кард ва боз баъди чанд моҳе буд ва ё як сол буд, боз 10 сомонӣ ҷамъ кард. Аммо на обе оварду на пулҳои мардумро баргардонд. Он солҳо Исмат пулдор буд, бо ӯ гап задан душвор буд. Аммо ҳоло сазои ин мошеникиаш буд, ки худо ӯро зад. Ҳоло бошад ба нони хурдан зор аст. Фарзандҳо аз руяш безоранд, гурехта ба Русия рафтанд.

Як фарзанди перед последниаш бошад дар дехаи Ескигузар як ҷавонро бо кордча мезанад ва ӯро маҳбас мекунанд, агар хато накунам 1 солу 6 моҳ.

Акнун мегузарем ба масъалаи Бек Сабур ва интернет. Дар деҳаи Лақайбегӣ ягон майда интернет нест. Мардум аз Русия як салом равон мекунанд, қариб 1 соат пас меояд. Ин мардум бовар мекунед, қариб 15 рӯз мешавад, ки бо Оилаҳояшон гап назадаанд.

  Раҳмонов медонам, ки ин видеоро тамошо дорӣ. Чуноне, ки Тахминчики духтари бодпоят гуфтааст: «отам ҳама барномаҳора тамошо мекнаву ҳақиқата ай даҳани Муҳаммадиқбол мефаҳма». Гури очат дар бигирад, ки миллатро муҳоҷир ва дар ба дару хокбарсар кардӣ. Ҳади ақал як интернети соз намедиҳашон, ки бо оилаҳояшон алоқа кунанд.

Эй мардум! Чиро интизоред, биёед бархезем ва ин Раҳмоновро дастгир карда мисле, ки дар филми ҳазрати Юсуф ҷинояткоронро карда буданд чунон кунему худро аз ин зулм раҳонем.

Раҳмонов! Дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон вазъият хело вахим аст. Мақомотат ба ватани мо маводи мухадир ворид мекунанд, мақомдоранат имрӯз барои рутбаи баландтар гирифтан сарбозҳоро подставит мекунад ва то зиндон мекашанд

 Ба ҷавонони Лақайбегӣ гуфтаниям, ки ҳаргиз ба хизмати ҳарбӣ наравед, чунки шумо ватанро неву оилаи Раҳмоновро муҳофизат мекунед.

Раҳмонов Иззат Амонро барои 200 сомонӣ туҳмат зада бурда зиндон кардӣ, ки гуё дусад сум пора гирифтааст

 Аммо як бор раиси деҳаи Лақайбегӣ Олими бузро бингаред, ки дар ҳар мавсими облава аз мардуми деҳа 400-500 сомонӣ мегирад. Марҳамат, коррупсия, ҷиноят мекобед, ана ҷинояткор. Ку як тафтиш кунед ӯро.

Боз Олим дар байни мардум гуфтааст, ки гуё маро ёфта бошаду ман дар Русия будаам, Тоҷикистон, ки рафтам меқапидаанд.

Гуфти кинои ҳазрати Юсуф, ки шумо аз руи ҳадсу гумонҳоятон суханҳое мегуед, ки ҳатто ба дарди худатон ҳам намехурад

Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед устоди азиз ва номаи пур аз дарди маро дар номаҳо нашр кунед.

                            Душанбе

Салом алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Бародар агар ба ёд дошта бошӣ, соли гузашта дар бораи либоси мактабӣ гап зада будем. Дар мактаби миёнаи рақами 6 Душанбе, назди парки Спартак ва колтсевойи пивзавод!
Бародар соли гузашта мардумро маҷбур карданд, ки либоси мактаби аз торговий центр ” Пойтахт ” ҳама аз як ҷо харанд. Баъд рафтем дидем, ки матоъи либосҳо ба монанди лимча буд, сифати пасттарин дошт ва нархаш 250 сомонӣ буд. Ман худам барои кӯдаконам рафтам аз бозор ба 220 сомонӣ истеҳсоли Туркияро харидам   ва дар мактаб ҳам аҳамият додам бисёр кас аз бозор либос харида буд.
Бизнеси оқи падарҳо соли гузашта ба фикрам, ки он қадар фоидае наовард!
Ана акнун имсол ин оқи падарҳо ҳоли нав ними моҳи июл тамом шуда истодааст ба мардум видео партофтаанд, ки ҳама аз ҳаминҷо харад, ки либоси ягона мешавад дар мактаби №6 !
Ин оқи падарҳо боз болоӣ нархҳоро имсол барои либоси синфҳои поёнӣ 100 сомонӣ қимат карданд.
Ана инро бародар мегуянд бизнеси бачаи Майрами гӯрсӯхта!
Боз як хабари дигар: рӯзи 25-26 ҳамин моҳи июл, дар территорияи 82, 91, 92 –юм микрорайонҳо сагҳои амниятӣ гуфти худат СС-и махуф, хона ба хона гаштанд ва мардумро номнавис карданд:- кадом оилае, ки фарзандонашон дар Русия аст, полности данниҳояшон ва рақамҳои телефонҳояшонро навишта гирифтанд.
Ба мардум гуфтанӣ ҳастам, ки ҳой бародаро, аз барои АЛЛОҲ шумо ждат доред, ки дар гӯшҳои ҳамаат як биркаӣ занан ва дар биркаҳо нависан,ки :
1) фермаи ҷушо аз: бачаи Майрами гӯрсӯхта-Эмомхугак!
2) фермаи ҷушо аз: гунгакмоҳи конченный наркоман!
3) фермаи ҷушо аз: Озодаи қили асп!
Ва дигар фермаҳо, давом диҳанд, баъд ба монанди ” мебахшен ” рамаи гову гӯсфанд бигардед!
Шумо ҳамин тавр ҳаётро интизоред доред, эй мардум?
Охир аз барои АЛЛОҲ худатон шоҳид ҳастед, ки рӯз то рӯз кислороди ҳамаро маҳкам доранд ва гуфти шуи Азизмои газетхонак ва духтарҳои проституткааш  русҳо: ” шаг влево, шаг вправо расстрел” ҳаминро ждат доред!
Бедор шавед ҳой мардум!
Ё ки номи миллататонро шумо иваз кардеду ТОҶИК неву ҒУЛОМ мондед?
Агар сахтам расадатон аз саратон монад ҳамин пулу моли дунё. Фардо дар назди АЛЛОҲ номаи аъмолатонро дар наздатон мегузоранд, ки дар он танҳо фақат пулу мол ва ба монанди мурғи курк зиндагӣ карданатон навишта шудагӣ асту тамом!
Бародар Муҳаммадиқбол, асло ва ягон вақт ҳамин гапро наменавиштам ва чизе талаб намекардам, ки «ихе кун ё ки дигар хел», бародар ҳами гапҳои охири мара илтимос нашр кун, ки и мардуми беномусда яки таъсир мекуна!
Бо монанди мурғ ҳама гушҳо таги тоқӣ кардагӣ “мая хата с краю” гуфта гаштаанд!
                           Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як хоҳари муборизи шумо ҳастам. Барномаҳои шуморо мебинам. Хеле чизҳоро шунидаму фаҳмидам. Ҳоло хостам номае ба шумо нависам.

Ду сол пеш вақте дар Тоҷикистон будам аз ҳамаи ин зулмҳо бохабар будам. Аммо ин барномаҳоро намедонистам. Вақте Русия омадам, барномаҳои шуморо тамошо кардам, фаҳмидам, ки дар роҳи ҳақем.

  Ваҳдат хонаи хешовандонамон рафтам. Дар роҳ бо зане рӯ ба рӯ  ва ҳамсуҳбат шудам. Пурсон шудам, ки аз куҷо меоӣ дар ин саҳари рӯз?

 Гуфт аз заводи хитоиҳо. Ин завод дар Навобод ҷойгир аст. Дар онҷо чанд завод ҳаст. Гуфт шабона меистам ва гуфт мо онҷо  чанд зан мебошем. Гуфт шавҳарам дар муҳоҷират аст. Зиндагӣ маҷбур кард. 4 кудак дорам. Пуле, ки шавҳарам мефиристад, намерасонад. Маҷбур шудам кудакҳоямро партофта кор кунам. Шабона нигоҳ мекунам заводи хитоиҳоро, то, ки ба шавҳарам осон шавад. Ба ин  заводи хитоиҳо боз аз тарафи Карими Исмоил ҳам рафта мешавад, аз самти Чуртак ҳам мешавад. 2 роҳ дорад.

  Ман сахт нороҳат шудам. Э бродарҳо, шумо чи хел ҷавонмардед, ки занҳои худро шабона мемонед, тем более дар заводи хитоиҳо. Куҷо шуд номуси шумо? 
Вақте ман хонаи бобоям Карим Исмоил мерафтам, дар онҷо бисёр меистодам. Дар пеши масҷиди эшони Нуриддинҷон сабақ мегирфтем. Бовар кунед ҳарруз хонаи ҳамон шахс одамони амниятӣ меомаданду таҳдид мекарданд. Бечора шахс метарсиду паноҳӣ дарс медод. Дар масҷиди эшони Нуриддинҷон одамони амниятӣ камера мондагианд.

  Зулм дар Ваҳдат зиёд аст. Ба гуфтан ва нома навиштан намешавад, амал кардан даркор. Бародарони Ваҳдат хезед ва ҳақи ҳалоли худро талаб кунед. Соф бесаводҳо соҳиби вазифа мебошанд. Одамони босавод дур аз Ватан мебошанд. Дар Ваҳдат ҷои паспортний стол соф бесаводҳо ҷамъ шудагианд.

Бачаам ба номи бобояш буд, ба номи худам паспорташро аз нав кардам. Гуфтанд, ки срочно 4 ҳазор сомонӣ биёр, аз сар мекунем. Пулро пешакӣ гирифтанду 2 бор ному фамилияашро дар графаи тоҷикиаш хато навистанд, то ин дараҷа бесаводанд. Аҳволи мо чи мешуда бошад, бо ин бесаводҳо? Боз  як ҳамсояи дигарамон Истанса аптека меравад. Барои асабҳояш дору навиштагӣ буданд. Дар аптека ресептро хонда наметавонанд. Доруи дозаш баланд барои касалиҳои руҳӣ менависанд. Ҳамонхел додааст. Вақте ҳамсояамон мехурад як сутка ба худ намеояд.

  Қариб мемурд. Беморхона бурда дарунашро шустанд. Вақте соз шуд, наздаш омад ва пурсон шуд, ки чаро ба ман инхел доруи дозаш баланд додӣ, ман ресептро  нишон додамат? Апа хато шуд гуфта бахшиш пурсид. Ҳамсояамон дилаш сухт ба он бачаи ҷавони аптекачӣ ва  шикоят накард.

Бародар Муҳаммадиқбол, мо хоҳарҳо ҳамавакт бо шумо ҳастем ва мемонем. Аллоҳ сояи шуморо аз сари мо дур накунад. Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Мисли падари худ эҳтиром дорем шуморо.
Ин заводе, ки ман гуфтм Далери Эмомалӣ навор карда буд. Ёдатон бошад, даромаданӣ намонданаш, раисамон нест наворгирӣ мумкин нест гуфта буданд. Ин ҳамон завод аст!.
Ва дар охир як хабари дигар. Дар ноҳияи Рудакӣ дар бемористони касалиҳои руҳӣ хешу таборҳо беморони рӯҳи доранд хабаргирӣ мераванд, майда-чайда мебаранд, аммо ба беморон намедиҳандашон. Худашон мехуранд, Дар замистон девонаҳоро аз хунукӣ азобашон медиҳанд. Боз мегуянд давлат ёрдам мекунад. Дурӯғ мегуянд. Камбизоатҳо ва беморони гуруҳи як ва дуро аз пули барқ хат мезананд. Аввал 30 сомонӣ ёрдам мекарданд, ҳозир  мумкин 20 сомонӣ боло бардошта бошанд. Боз ҳамонро ҳам ҳармоҳ намедиҳанд, се моҳ пас медиҳанд.

                   Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз  Муҳаммадиқболи Садриддин. Имрӯз  барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№146»– ро ба нашр расондед, ки дар он дар бораи ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав собиқ (Бешкент) гап мерафт. Хело хурсанд шудем. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Худованд моро дар ин роҳи муборизаи роҳи ҳақ пирӯз  гардонад.
Вале чаро аксҳои тамоми муҷримон  ва қаҳрамонони барномаро, ки ман равон карда будам дар рӯй навори видео нагузоштед? Ман он аксҳоро ба чи қадар заҳматҳо  ба даст оварда будам. Аксҳоро мегузоштед, боз барнома рангинтар мегардид. Воқеан каме ғамгин  шудам.
Ягон имкон  надорад аксҳоро болои навор гузоред? Аксҳоро бо вазифа  ва номҳояшон равон кунам ду бора аз сари нав гузоред.
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №146» хело барномаи такондиҳанда аст.
Чандин нафарҳо мегӯянд Муҳаммадиқболи Садриддин
ба нафарҳое, ки ахборотҳоро мерасонад, пул мефиристад. Яъне гуё шумо доля медиҳед ба нома  навиштаҳо. Ман гуфтам ин ҳеҷ имкон надорад, чунки ман  хабарҳои се ноҳияи Шахритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав собиқ (Бешкент)- ро ба шумо равон кардам. Муддати чанд сол аст  аз шумо чизе надидам ва тамаъ ҳам надорам. Аммо ман ба онҳо гуфта наметавонам, ки ман чанд нома равон кардам. Чунки дар байни онҳо бузҳо бисёр аст. Пул- мул нагирфтам ва ҳам надидам ва лозим ҳам надорам. Шумо ниёз ба кумак доред. Ман феълан ҳамин қадар хизмат ва заҳмат  аз дастам омад, ки кардам. Ман омодаам ҷону танамро фидои ватан ва миллати азизи мазлумам кунам.
 Ва, дар охир пайғоми як бародар аз ноҳияи Қубодиён аст, ки лозим донистем инҷо ҷой диҳем. Ин бародар аз ҷамоати Пахтакор аст. Вай мегуяд, ки аз ҷамоат омада хонагиҳояшонро гаранг карда истодаанд, ки бачаашро аз Русия биёрад: «бачаат бояд хизмат кунад ё ки тюрьма мекунем гуфтаанд»– падарамро. Дар ин ҳолат намедонем, ки чи кор кунем?

              Роғун

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Сиҳатию саломатию муваффақияти шумо орзуи ҳамешагии мо модарони заҷркашидай тоҷик аст  ва гуфтаниам, бо тамоми завқи тамом номаҳо аз шаҳри Роғунро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№ 146 тамошо кардам. Аҳсан ба бародари ин номаро фиристода. Хеле зебо навиштааст. Агар вақт имкон дод аз номи шоираи  беқаламу бедафтар саломи самимӣ расонедаш. Ҳамзамон мехоҳам гуфтан, ки барои гаражҳо хело фикронии хуб кардаанд. Мо ҳам шоҳидем, ки гирд -гирди шаҳрча ду- се қатор вагонҳо (гараж)   буд. Охир онҳо куҷо ғайб заданд? Дар мавриди свети шаҳр гуфтааст, ки сад-дар-сад дуруст гуфтааст. Хеле рӯзҳои бесветиро пушти сар карданд мардуми шаҳрак, аз қишлоқҳояш ку напурсед. Аммо обҳои пур аз қуму лой мардуми камбағалро ба дод оварда буд. Дар бораи подъезди баландошёнаҳо ҳам дуруст гуфтааст. Мошинҳо ҷои стоянка надоранд. Дар як сол як бор номери тамоми мошинҳоро аз пеши баландошёнаҳо ҷамъ карда мебаранду боз ба маблағи 150 сомонӣ рафта соҳибони мошинҳо мехаранд. Оҳҳо, лифтҳо фаромӯш шудааст. Мардум фаромуш кардаанд. Оби гарм ку 27 сол шуд ғайб зад. Майдончай бозии кудакон тамоман харобу валангор шудааст. Мусори баландошёнаҳоро пулашро аз чарми сари мардум кашидаву кандаву зада мегиранду баъд ҳар кас худаш бурда мусорашро мепартояд. Аз кадом дард гуем? Илоҳи кай он рӯзи бузург мерасад, ки агар ин гарданғафс  ба зону биафтад? Ҳар сол он рӯзро мардум 3 руз руза бидоранд. Илоҳо омин.

                                  Исфара

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол! Мо як гурӯҳи мухлисони шумо аз деҳаи Зумрадшоҳи Исфара илтимос мекунем ин навиштачоти моро дар барномаи Номаҳо аз ноҳияҳо ҷой диҳед. Бисёрии халқи деҳаи мо камбағал. Даст ба ягон кор занем зуд меоянд ба сари мо. Дар ҳоле, ки ҳамаи корҳоро худи халқи худамон карда истодааст. Раиси шаҳр барои ҷамоати мо ягон кор намекунад. Ақалан барои ягон кор як сомонӣ саҳм намегузорад. Аз мактаби деҳа сар карда то мазору масҷид худамон бо дасти худамон ва бо пули худамон таъмиру тармим кардем. Роҳҳоро асфалт кардем. Ин беинсофҳои лаъин ягон дирам ёрдам накарданд. Аз дасти инҳо ба дод омадаем. Агар як хонаи созтар бисозӣ даррав меоянду мегуянд, ки инро бо кадом пул сохтӣ, пулро аз куҷо ёфтӣ?

Мегуӣ, ки дар муҳоҷират будам, кор кардам ва бо пули ҳалоли худам сохтам. Не мегуяд, ту ба ягон ҳизб қуш ҳастӣ ё наркотик мефурушӣ. Ин номардҳо худашон чи гуфтанашонро намедонанд. Ин бузҳоро хонаашон дар бигирад. Шайхи мазорамонро ҳам бузҳо туҳмат карда фурухтанд. Он бечора Муҳаммадҷонро ҷаримаи калон карданд. Вай ба мардум бисёр хизмат мекард. Баъзе бузҳои Зумрадшоҳ ӯро ба ин беинсофҳо фурухтанд. Ҳамсари Муҳаммадҷонро видео карда фурухтааст. Вай ба бачаҳо дарси арабӣ медиҳад гуфтаанд. Ҷаримаи калон карданд. Сахт нороҳаташ карданд. Ин бероҳа Мирзоева Ситора буз аст. Дар шуъбаи реаниматсияи Исфара кор мекунад.

Ҳозир дар Зумрадшоҳ домуллои боилм кам мондааст, Аз дасти ҳамин бузҳо, албатта. Бачаҳоямон касал мешаванд ё аз ягон чи метарсанд, мебурдем пеши домулло, мехонданд. Ҳамин домулло Муҳаммадсолеҳ ҳам ин бузи Мусоева Фотимачумчуқ, ки муалима асту дар мактаб кор мекунад фурухт. Ин домуллои бечораро телевизион омада съемка кард. Домуллоро 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Боз гуфтааст, ки як бори дигар ҳамин қуръонхонию қасидахониатро давом диҳӣ дар кунат дубинка мезанам, 20 сол зиндон мешавӣ, гуфта ҷавоб додааст.

Мо аз ин дасти ин бузҳои ҳаром намедонем  ба кадом домуло муроҷиат кунем, то руқия хонад.  Иншоаллоҳ навбати шербачаҳои Зумрадшоҳ ҳам меояд. Ин бузҳоро ҷазояшонро медиҳем. Халки Зумрадшоҳ натарсед аз ин ҳаромхурҳо. Ҳоло вақти мо меояд. Хоҳиш ин номаи моро чоп кунед!

                                  Истаравшан

Ассалому алайкум бародари исломӣ ва муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман ин номаро аз ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан менависам. Мехоҳам дар ин нома аз ҷиноятҳои Ҳасанов Ҷамшед, раиси ин ҷамоат бинависам. Даҳ сол зиёд аст, ки Ҳасанов Ҷамшед раисии ҷамоати моро бар душ дорад. Дар тули ин солҳо он қадар ба корҳои ғайриқонунӣ ва коррупсионӣ даст задааст, ки метавонед барои вай як барномаи ҷудогона пешниҳод намоед. Лекин мехоҳам дар ин нома чанде аз ҷиноятҳои асосии ӯ дар фаъолияти раисиашро бинависам. Албатта, ин чанд қатрае аз баҳр аст. Тақрибан 200 метр болотар аз бинои ҷамоат боғчаи бачагонаи мавҷуд буд, ки аз давраи шуравӣ боқӣ монда буд ва бинои он вайрону валангор шуда буд. Лекин замини ин боғчаи бачагона масоҳати калон дорад. Ва, албатта, ки давлатӣ буд. Агар хато накунам тақриан соли 2015 раис ин замини давлатиро ба яке аз қудоҳои худ Ҷалолов Ғайбулло ҳуҷҷат карда дод. Бепул дод ва ё бар ивази пули ночиз, инаш барои халқ номаълум. Агар ин заминро ба ауксион мемонданд,нархаш аз 800 то 1 миллион доллар бояд мешуд. Чунки замини хеле калон дорад. Ва дар маркази деҳаи Қалъачаи калон воқеъ аст. Дар бари роҳи асосӣ, ки ба Шаҳристон ва Душанбе меравад. Хулласи калом, заминро барои боғчаи бачагона гуфта ҳуҷҷат карда дод.

Қудои раис дар онҷо дар муддати як сол маҷмааи «Истиқлол» сохт, ки дар онҷо санатория, автомойка, стоматология, мағоза, спортзал, ошхона, дорухона ва дар беруни ин маҷмаа 6 18 дукон сохт ва ба мардум ба иҷора дод. Азбаски барои кудакистон гуфта санад карда буд, маҷбур дар як тарафи он замин ба номаш кудакистон сохт. Инҷоро барои кудакистон гуфтан кас шарм медорад. Ҳоло ин кудакистон қариб фаъолият надорад. Чунки нархҳои гарон мондаанд, ғизоҳои хуб надошт. Хурокҳоро ҳар руз аз хонаи кадоме бо сатилҳо меоранд. Хуллас, аз ҳама чиз эконом карданд. Маҷбур мардум бачаҳои худро аз онҷо гирифт. Ҷалолов Ғайбулло дар гимназияи №2 муаллими фанни география буд. Лекин шахси сарватманд аст. Чунки қариб нисфи бозори латтаи Истаравшан дар дасти занаш аст. Истаравшанӣ карда гуем занаш «гурги бозори латта» аст. Баъди бо раиси ҷамоат Ҳасанов Ҷамшед қудо шудан аз ин ҳам корашон дар болои равғани дунба шуд.

Қудои дуюми раис Наҷмиддин мебошад. Рости гап насабашро намедонам. Бо ин қудояш ҳам айнан ҳамин махинатсияи заминро карданд. Туйхона месозем, ба мардум хизмат мекунем гуфта аз маркази деҳа заминро ҳуҷҷат карда дод. Қудояш дар онҷо туйхона сохт. Лекин ин туйхона зиёд кор накард. Чунки аз аввал план ҳамин буд. Аз байн ду сол нагузашта буд, баъди онки халқ камтар ором шуду аз хотираш баромад онҷоро ҳам ҳавлӣ карду ба онҷо куч баст. Ин замин ҳам нархи қиммат дошт. Барои муқоиса тахминан се моҳ пеш як шахси дигар камтар поинтар аз ин ҷо ба монанди ҳамин заминро бар ивази 380 ҳазор сомонӣ харида буд. Охир дарди мо ин аст,ки чаро мехоҳанд фиреб диҳанд мардумро ва прокуратура ва ниҳодҳои назоратӣ аслан диққат намедиҳанд ? Охир мо мардум шоҳидем ва ин ҳамаро дида истодаем. Ин чи гуна давлатдорӣ шуд ?

   Акнун камтар дар бораи худи Ҳасанов Ҷамшед ва фарзандонаш менависам. Раис як духтар ва ду писар дорад. Духтараш ба писари Наҷмиддин, ки дар боло номашро зикр кардем, шавҳар кардааст.

Писари калонияш Ҷовид ном дорад, 30 ё 31 сола аст. Ва дар Кумитаи замини шаҳр кор мекунад. Рости гап то ҳол дар бораи вай ягон гапи бад нашунидаам.

Писари хурдиаш Ҷасур ном дорад. Дар бораи ин писараш камтар нагуфта нагузарем намешавад. Соли таваллудаш 1999 ё 2000 аст. Мо як мактабро хатм кардаем-гимназияи рақами 2. Вай аз давраҳои мактабӣ ҳавобаланду бодича буд ва то ҳол чунин аст.

 Синфи 7 ё 8 буд, ки муаллимҳоро дар мактаб писанд намекард. Муаллимҳои ҷавонтарро ҳатто мазоҳу масхара мекард, гуё ҳамсинфаш бошанд. Ба муаллимаҳои ҷавонтар бошад гапҳои ҳархела мезаду движенияҳои ҳархела мекард

 Вай дар Душанбе дар донишгоҳи тиббӣ хондааст. Лекин намедонам то охир хонда диплом гирифт ё не. Аз руи маълумотҳои фаҳмидаам дар онҷо ҳам ҳамин бевабозиашро давом додааст. Ин Ҷасур набераи Ҷалолов Ғайбуллоро, ки дар борааш дар боло гуфта гузаштем ба занӣ гирифтааст. Ҳоҷӣ Ғайбулло бошад ба онҳо аз Душанбе квартира туҳфа кард. Ҳамин шабу рӯзҳо ҳам Ҷасур мошинсавор бо ҷураҳояш мегардад, бемалолу беибо дар ҳолати мастӣ меронаду мегардад. Инро ҳам мақомот намедида бошанд ? Боз мебинем натиҷаи ин чи мешавад ва пурра натиҷаашро менависем ба “Ислоҳ” , то мардум огоҳ гарданд.

                                          Ҷайҳун-Қумсангир

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Қумсангир, Ҷайҳуни имрӯза менависам. Вазъияти Ҷайҳун беҳад безеб аст. Дилам аз қумсангириҳоямон сахт хунук шуд. Бозорро алов заданд, покиза сухт. Ҳар як бизнесмен як миллионӣ-ду миллионӣ сухтанд. Ҳатто намехезанд, ки ягон шикоят-жаловатса кунанд. Ин сухторе, ки дар бозор сар зад дилхоҳ шахс мефаҳмад, ки ин амалро, кӣ анҷом дод, кӣ алов зад. Ин корро худи охранникҳову худи давлатиҳо карданд, прокурор кард. Ҳаминҳо худашон карданд ин корро. Ягон бизнесмен ягон гап намезанад. Боз аз ин бозор ягон сесад метр он тарафтар як бозори дигар ҳаст. Ин бозори Саидмурод Давлатов аст. (Саидмурод Давлатов он Айнигӣ не, ин Саидмурод Давлатов аз ҳамин ноҳия аст.) Ана инҳоро боз дар онҷо точка дода истоданд -времянка.. Барои онки то ин бозорро обод кардан дар онҷо савдо кунанд. Он бозор як дашт буд. Ҳамон бизнесменҳое, ки покиза сухтанд гирифта обод карда истодаанд, точка рост карда истодаанд. Боварӣ надоштам аз ин халқ, ки то ин дараҷа тупойю беақли тарсончак бошанд.

  Як рафиқ дар лаби латок савдо мекард. Ҳамон латокро канданд, стяжка дошт, бардоштанд охранникҳо. Як ҳафта баъдаш бозорро алоб заданд. Дуруға пожарникҳоро лаби латок қатор карданд, нағма карда алобро куштанд. Боз ягон касро гапзанӣ намемонанд. Ҳамон рузи сухтор нагузоштанд, ки съемка кунанд.

 Ин бозори нав бозори Саидмурод аст. Дар вақташ одамҳое, ки дар беруни бозор савдо мекарданд онҳоро сур мекарданд, ки биравед он бозорро обод ва савдо кунед. Одамҳо намерафтанд, шароит надоштанд, бозор намерафтанд. Ин бозорро спетсиално гирифтану алоб заданд. Бизнесменҳо, ки онҷо намерафтанд дигар рафтанду ду семетрӣ точкаашон доданд, ҳозир ҳар кас аз кисаи худаш ҷой рост карда истодааст, қариб ободаш карданд

Устоҳо кор карда истодаанд. Гуфтем, ки ин бозори Саидмурод Давлатов аст. Бозори пешинаро ҳам обод карда истодаанд. Мегуянд, ки ҳар касе бихоҳад 200 000 сомонӣ дода баъд точкаашро мегирад.

 Ҳамин охранникҳо дар ҳамон даруни бозор, баъде, ки одамҳо бегаҳ соати ҳафт -ҳафтуним руст карда мераванд, чун бозор аз ҳар гушааш се-чор дар дорад ҳамон дарҳоро маҳкам мебанданду сипас балонҳои газро ҳуй карда бензинро мешапанд ва баъд аловро сар медиҳанд. Барои онки се гектар зиёд аст масоҳати он бозор, аммо дар 45 дақиқа сухт. Полний сухт-ягон кас ягон чизашро дарёб накард. Наход се гектар дар 45 дақиқа бисузад? Ин хел алоб зуд паҳн намешавад. Бизнесменҳо любойтоаш паст-паст мегуянд, пичир пичир мекунанд. Аммо боз мегуянд, ки «хай чи ко кунем, гап занӣ туҳматат мекунанд, мебаранд турмат мекунанд».

 Бовар кунед, ки вазъияти мо хеле бад аст.

Чанд шиносҳоям савдо мекунанд: инаш як миллион, онаш як миллион, камикам шашсад- ҳафтсад ҳазор сухтанд….

 Аммо ҳоло дар бозори Қумсангири мо корҳои аҷиб шуда истодааст. Ришат камтар сиёҳӣ кунад меқапанд мебаранд бозору маҷбурӣ корат мефармоянд. Дар ҳамон бозоре, ки алоб заданд, мебаранд кор мефармоянд-панҷ руз. Баъди панҷ руз бо ришата метарошанду баъд ҷавобат медиҳанд. Мегуянд, ки ришатро битарош. Фамилия номат, ҷои таваллуд, соли таваллуду ҷойи коратро менависанду мегирнд. Бо ин падарлаънатҳо чи кор кунем. Хезед, биёед, дар муқобили зулми ин золимон биистему озод шавем. Инҳо гузарониданд аз ҳад.

Share This Article