Ин номаеро, ки дар оғози барномаи имрӯза гузоштем, бо диққат бихонед. Албатта, номаҳои дигари ин барнома ҳам номаҳои ифшокунандаанд, ки аз ҷиноятҳои наву тозаи Эмомалӣ Раҳмонов, аз қасду ниятҳои шуму зишти вай барои миллат, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон маълумот медиҳанд. Раҳмонов хапу дам як қисмати ноҳияи Мастчоҳро ба Узбакистон додааст. Додани замин ба Хитою қирғиз бас набуд, акнун ба фуруши замин ба Узбакистон сар кардааст.
Мастчоҳ
Ассалому алайкум бародари ҳақгу Муҳаммадиқболи Садриддин!
Хостам як ҷинояти ин хоини миллат, ин пирбузбалаи аҳмақи гарданбалони газиро дар мавриди фурухтани замин ба Узбекистон ба мардум хабар диҳам.
Банда (тоҷик ва зодаи Суғд мебошам). 3-4 сол пеш дар отряди сарҳадии 0201 дидбонгоҳи сарҳадии сеюми Деҳсор адои хизмати ҳарбӣ намудам. Дидбонгоҳи сарҳадии мо дар назорати худ 31 км хати марз бо давлати ҳамсояи Узбекистон дошт. Ва ин 31 км ба 2 тараф тақсим шуда буд: тарафи рости дидбонгоҳи сарҳадӣ 14км, ки ним зиëди марзи тарафи рост бе симхор танҳо бо аломатҳои сарҳадӣ теппача-теппачаи хурд- хурд аломатгузорӣ шуда буд. Ва тарафи чапи дидбонгоҳи сарҳадӣ 17км.
Дар қаноти чапи дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Деҳсор ва якчанд хонаҳо баъд аз деҳа дар хати марз қарор дорад. Вале дар тарафи рост танҳо як хона ва ин ҳам хонаи акаи ҳоҷӣ Маҳмадназир. Худо умрашро дароз гардонад, аз сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ сар карда то пасттарин сарбози қатории дидбонгоҳи сарҳадии мо аз хонаи вай хурок хурдаанд ва яқинан мутмаинам то ҳол сарбозон аз хонаи у хурок мехуранд. Ҳар наряди сарҳадие, ки ба тарафи рост мерафт бе ягон шакку шубҳа аз хонаи ҳоҷӣ Маҳмадназир чизе мехурдем. Зеро дар дидбонгоҳи сарҳадӣ он приловкаву горохе, ки ба мо медоданд, охир дар коҳ мазза буду дар он хурокҳо не. Бинобар ин байни мо сарбозон наряди тарафи рост нею тарафи Ҷурғот –хурокҳои акаи ҳоҷӣ Маҳмадназир маъруф буд. Ҳоҷӣ Маҳмадназир марди катхудо, хайрхоҳ ва хушмуомилае буд (намедонам ҳозир зинда аст ë не агар зинда бошӣ ва ин садоҳо ба гуши Шумо расад бидонед, ки он сарбозон шуморо ҳеҷ гоҳ фаромуш нахонд кард). Ҳоҷӣ Маҳмадназир дорои бузу гусфандҳои зиëд ва як боғчае, ки қариб лаб ба лаби марз буд, дошт. Ва аз он суи марз аз тарафи давлати ҳамсоя дамбаи калон ва баланде мисли як кули калон ҷойгир буд. То он ҷое пурсидаму фаҳмидам дар он дамба кадом пасмондаҳоеро аз заводҳои коркарди тилло ба онҷо мерехтаанд, ҷойгир буд. Ва рузе сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ моро ба наряди сарҳадӣ фиристод. Вақте ба наздикии боғи ҳоҷӣ Маҳмадназир мерасем, мебинем, ки нарядҳои давлати Узбекистон бо техникаҳои ҳарбиву корӣ ва экскаваторҳо он аломатҳои сарҳадии мо тоҷикҳоро, он теппачаҳо ва ним зиëди дарахтҳои боғро ҳамвор карда истодаанд. Ва Маҳмадназир бечораи мусафед зор- зор мегиряд, ки ин дарахтҳо ва ин боғро падари раҳматиам парвариш карда буд. Ва мо чизеро сарфаҳм намеравем. Ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дарҳол ба алоқа мебароем ва вазъиятро мерасонем ва навбатдори алоқа зуд ба сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ мерасонад. Сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ худ ба хонаи алоқа даромада бо мо дар алоқа мешавад ва мегуяд: Ба ҳоҷӣ Маҳмадназир бирасонед, ки ин бо имзои Ҷаноби Олӣ (бачаи Марями гурсухтаи танфуруш) ба Узбекистан дода шудааст. Ва дар муддати як ҳафта Узбекистон қитъаи беш аз 6,7 км дарозӣ ва паҳнои 3,4 километрро ба тарафи мо -Тоҷикистон даромада симхор кашид. Агар касе бовар накунад, фикр кунад, ки ин бофтаҳои Ислоҳ аст метавонанд аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ деҳаи Деҳсор пурсон шаванд. Ва дар охир ба мардуми азизам гуфтаниям “Эй мардум Помир ба Хитой, Ворух ба Қирғиз фурухта шуд. Мастчоҳ ба Узбекистон ва ба наздики мебинӣ, ки Шаҳритузу Қубодиëн фурухта мешавад. Вале мо кадом фариштаеро аз осмон ë Аврупо интизорем, ки моро аз дасти ин хугсифат, ин падари 7 фоҳиша омада наҷот медиҳад. Ой мардум бедор шавед. Заминҳоямонро фурухта истодаанд. Чи бояд то Душанберо нафурушанд мо лаб во намекунем?”.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Пайваста сайти Ислоҳро мутолиа мекунам. Гоҳо наворҳоятонро ҳам мебинам. Матлаби охиронатон дар бораи Рустаму Озодаву Раҳмоновро хондам. Дар аввал гуфтаниам, ки чизи хуб навиштаед. Баъди як ё ду рӯзаш дар расонаҳо хондам, ки Хайриддин Усмонзодаи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ин навиштаи шумо, бе онки ёдовар шавад, ки ин масъала дар «Ислоҳ» бардошта шуд ба навиштаи шумо ҷавоб гардонидааст. Вай гуфтааст, ки ҳар интихобот парлумонӣ ва президентӣ ҷудо мегузарад ва ҳоло омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ рафта истодааст.
Аммо аҷобати кор дар он аст, ки касе дар байни мардум дар бораи ягон намуди интихобот гап намезанад, парво ҳам надорад. Чунки мардум ба интихобот бовар надорад ва аз интихобот дилсард шудааст. Сабабаш, албатта ҳамаи ин интихоботу референдумҳои дуруғини Раҳмонов аст, ки тули ин солҳо гузаронидааст.
Инҷо мехоҳам дар ҳавои навиштаи шумо чанде аз фикру мулоҳизотамро баён намоям. Раҳмонов аз соли 2016, аз моҳи майи он сол, ки Қонуни асосиро бори дигар тағйир дод, яъне таҷовуз кард дар фикру хаёли он буд, ки Рустамро чи гуна оварад. Дар моҳи майи соли 2016 дар Қонуни асосӣ шароити овардани Рустамро «қонунӣ» кард. Маҳдудияти сину солиро фақат барои Рустам аз байн бурд, чунки мехост Рустам ба 35 надаромада дарр ҷойи худаш монад. Худашро ҳам бар асоси Қонуни пешво то мурдан иҷозаи раис шудан дод.Бовар кунед, ки ин гуна қонунгузорӣ, меъёрсозӣ ва Қонуни асосӣ дар ягон гушаи дунё набояд бошад, ки бар асоси як қонуни одӣ Қонуни асосӣ иваз шавад ва далели ивазшавӣ ва ивазкунии Қонуни асосӣ як қонуни муқаррарӣ бишавад. Ва, ин ҳам чи қонуне. Қонуни барои як нафар! Қонун барои Эмомалӣ. Ва Қонуни асосиро барои Эмомалӣ дигар кард.
Мутаассифона мардум ҳануз аз авоқиби ҷанги шаҳрвандӣ метарсад,тарси ҷанги шаҳрвандӣ ҳануз дар бадани мардум ҳаст ва мардум Раҳмоновро ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ меҳисобад, барои ҳамин ба ҳамагуна ҳамоқату хиёнату ҷинояти вай реаксия нишон намедиҳад. Агар Раҳмонов ҳосил ва зодаи ҷанги шаҳрвандӣ, маҳсули хуну оташ набуд, тоҷикҳо дар баробари вай то ин ҳад ба хоки зиллат наменишастанд. Боз бадии кор дар ин аст, ки Раҳмонов ва мушовирону муаллимонаш ана ҳамин ҳолати мардумро хуб ва возеҳ шинохтаасту медонад ва аниқу яқин аз ҳамин ҳолати тарсу ваҳшати мардум суистифода мекунад.
Ҳозир агар дар ҳақиқат гуфтаи шумо шавад, кӣ норозигӣ мекунад? Рустам президент Озода раиси Маҷлиси Миллӣ ва Раҳмонов Асосгузору пешво? Кӣ хеста мегуяд, ки э, бародар ин аз ҳад гузаронд, биёед митинг кунему инро дафъ намоем? Ҳоло чунин инсон дар дохили кишвар нест.
Инки инҷо кадом интихобот нахоҳад шуд ва рақибони Рустам агар мардум интихобот ҳам рафт овоз нахоҳанд гирифт, масалан нафаре ҷойи Ғаффорзода омад, ки масхара ва мазоҳтар аз худи вай аст. Чаро мардум ба вай овоз диҳад? Ҳамин ҳизбҳои ҳатто кисагии сохтаашонро нигоҳ кунед. Олим Бобоев, Амир Қаракулов ҳатто бигзор марҳум Масъуд Собиру баъдан Сайҷаъфар ва як навъе буданду олиму донишманди соҳаи худ ва то ҳадде ба ҷомеа ошно буданд. Аммо имрузиҳо чи? Ин, сари хаму даҳони баставу гардани аз му борики мо, ин забони сабзи мо Раҳмоновро то ба ҳамин дараҷаҳо ғайри башар, фавқул инсон кард.
Раҳмонов ҳоло ҳамаи мову шуморо чени мурчаву пашаву тортанаку хомушаку лойхораку бузу пишак манзур ва писанд намекунад.
Барои ҳамин вай бо қонун бозӣ мекунад, қонунро «туғрӣ» мекунад, дили халқро неву дили қонунро меёбад, корҳоро қонунӣ анҷом медиҳад, қонунро риоят мекунад. Вай аз мардум миннатдор ва мадюн намебошад вай аз қонун миннатдор аст. Қонунро дигар мекунад, тамом. Чи коре хоҳад ҳамонро мекунад. Хоҳад туятонро мотам мекунад, хоҳад румолатонро аз саратон кашида мегираду луч мекунад, хоҳад ба дари масҷидатон қуфл мезанад ….хоҳад якумрӣ президент мешавад, бачаашро меорад, духтарашро меорад. Аммо ҳамаи инро «қонунӣ» мекунад. Чанд бор гуфт, ки «Ман хонама ба касе намедиҳам. Ман бо хун омадаам,….ба сиёсат қуш шудӣ зиндон мешавӣ».
Хулоса, ки бародар Муҳаммадиқбол Раҳмонов солҳо пеш роҳашро, равишашро, фалсафаи ҳукуматашро, тамоми буду шудашро эълон карда буд ва инки мо ҳар кадоме худро ба кариву курӣ задаему зада истодаему зиндонҳоро пур мекунему аз тарс овораву дарбадару хонавударамонро мепартоему барои вай кино шудааст, тамошо мекунад.
Агар шумо аз илми сиёсат огоҳ бошед ин ҳама мавзеъу мавқеъи Раҳмонов маънояш ин аст, ки аз дасти ман ба зур мегиред, маро бо зур ҷудо мекунед то зур намеоваред, ҳатто бачаи Анушервон ҳам президентатон мешавад. Ин яъне Раҳмонов чораро ба ҷуз аз роҳи зурӣ боқӣ нагузошт. Вагарна бо чи ҳисобу китобе Қонуни асосиро чанд бор тағйир дод ва ҳатто барои Рустам сисола мутобиқ кард? Раҳмонов аз куҷо медонад, ки мардум ба Рустам овоз медиҳад, ки қонунро барои вай дуруст кард? Чаро ин тавр мутмаин ва боварбахш ин корро кард? Чунки барои Раҳмонов заррае овози мардум аҳамият надорад. Овозҳоро кайҳо дар кисааш кардааст. Ман ин тарафашро кор надорам. Аммо як устоди психология дар Донишгоҳи миллӣ гуфт, ки ин ҳама корҳо, ки Раҳмонов мекунад натиҷаи он аст, ки вай ба касали ваҳмак гирифтор шудагӣ аст. Дуруст, зур дар дасташ, ҳокмият дар дасташ қудрат дар дасташ ҳаст ва бихоҳад аз ин ҳам бадтар мекунад.
Аммо мегуяд, ин устоди равоншиносии Донишгоҳи миллӣ Раҳмонов ба касалии ваҳмак мубтало шудааст. Аз ҳар чиз метарсад ваҳму воҳима мегирад. Воҳимаи додани қудрат аз даст, уро ба ҳамин гуна корҳои ғайриқонунӣ зада истодааст. Вай ҳокимиятро ғасб кардааст, Оилавӣ ғасб кардааст. Барои ҳамин вай ба касали ваҳмак гирифтор шудааст. Зиндонӣ кардани Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, ҳатто Шокирҷон Ҳакимзода ва овардану тарсонидани Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам бармегардад ба касали ваҳмаки Раҳмонов.
Рустам кӣ аст?
Рустам ба ҷуз аз онки писари Раҳмонов аст, кӣ аст ? Чи коре кардааст, ки вай раиси ҷумҳур бишавад?
Акнун барои онки Рустамро оварад, ҳама чизро ба Хитой доданро сар кард. Ҳатто пойгоҳи ҳарбии Хитойро калон карда истодааст. То ин, ки Рустам президент шавад. Агар ин касали ваҳмак набошад, ин корҳоро намекард. Вале бадбахтона мардум ва ҷомеаи мо аз ҳамин як ваҳмак метарсад, сар боло намекунад.
Ин, албатта айбу иштибоҳи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва умуман мухолифони сиёсии Раҳмонов аст. Онҳо бояд ҳарчи зудтар ин вазъу ин шароитро ислоҳ кунанду мардумро аз чанголи ин хуги дупо наҷот диҳанд.
Исфара
Ассалому алайкум кормандони ҳайати Ислоҳ.нет. Худо шуморо дар паноҳаш нигаҳбон бошад.
Бародар Муҳаммадиқбол аз Чоркуҳ бароятон менависам. Дар ёд дошта бошед аввали баҳор дар бораи раиси ҷамоат аз ободкории кисаи худаш ва Қофлонбой ва харобкунии кисаи мардум навишта будам. Акнун бо хости ХУДО боришоти зиёд шуду сел як пули моро бурд. Боз ин дузди калон Қофлонбой ба Чоркуҳ омад ва барои пули селбурда маблағ ҷудо карда ба Лайс гуфт пулро ҷамъ куну соз, ҳақатро мегирӣ. Ин золим дарҳол ба ду соҳибкор боркард ва роҳи пулҷамъкуниро боз карду рафт ва аз ҳамон рӯз инҷониб мавъизаи намози ҷумъа ба чек пот гузашта истодааст. Санаи 1 август боз моро ҷамоат даъват карду “мурдаро монда тутхурӣ” пул соз нашуда пешниҳоди асфалтпушкунии роҳи Чоркуҳ- Исфараро дар миён гузошт. Ин мероси бад аз ҳоҷӣ Умеди почики калон ва додараш Ғании палак мондагӣ аст. Соли 2019 мардумро ташвиқ карда роҳи маҳаллаи худашро асфалтпуш карда буд. Баъд аз ин услуби кор дар тамоми қишлоқ муд шуд ва ана имруз ба Исфара расид. Бачаҳои Исфара моро айбдор мекунанд, ки ҳамин корро кардетону моро ҳукумат маҷбур карда истодааст, ки мо ҳам чунин кунем.
Акнун мардуми Чоркуҳ бояд 21 километр роҳро асфалт кунем. Агар ҳамаро мо иҷро кунем ин ҳукумати золим барои мо чи даркор?
Соли 2015 як соҳибкори ворухӣ ба ҳукумат пешниҳод карда буд, ки таъмири ҳамин роҳи Исфара-Чоркуҳ-Ворухро ба ман диҳед ман асфалтпуш мекунам ва дар ивази ин даҳ сол налоги нақлиёти Чоркуҳ-Ворухро гирам. Давоми ин даҳ сол таъминоту таъмиру тармимашро ҳам бар уҳда мегирам. Лекин ҳукумат розӣ нашуд. Акнун мо бо пули худ месозем. Налоги роҳро аз нақлиёт золимон мегиранд. Ин чи бедодгарӣ?
Ҳой мардуми Чоркуҳ бедор шавед. Ин хайр намешавад ин зулм мешавад, ин садақаи ҷория ва ин савоб нест, ин маҷбурӣ аз даҳони мову фарзандонамон ризқу рузиамонро кашида гирифтан аст: ДОД, ДОД, ДОД аз дасти золимҳо.
Мегузарем ба гапи маҷлиси Лайс. Дар рафти маҷлис суханро боз ба як одами худаш, ки бо лақаби Ленинча маъруф аст, Тоҳир гуфтагӣ одам дод. Баъ ана ин сар кард. Бо суханҳои болохонадор пулро ҷамъ кардему ин кардему он кардем. Ва баъд боз суханро Лайс гирифту гуфт барои ба ин кор сар кардан барои аввал ақалан 50 ҳазор доллар лозим, то ки омода шавем. Баъдан аз ҳар тарафи зал одамҳо худаш хеста ман 10 ҳазор доллар медиҳам, дигараш 5 ҳазор, дигараш 3 ҳазор гуфта ба ҷойҳояшон нишастанд. Бовар кунед, ин ҳамааш ҳилаю найранг аст. Ҳоло ваъдаҳои дар баҳор додаашро Лайс ягонтоашро иҷро накардааст.
Мо ин қадар бе ғайрат шудем. Ба додару хоҳари худ як сум намедиҳем аммо ба золим ин қадар меҳурбон. Ҷон ба лаб омадааст. Бас кунед чоркуҳиҳои азиз. Бобоҳоямон мегуфтанд, ки мо дар вақти кулак яъне ҳуҷуми русҳо ду девор мезадему дар як ҷой бародарҳоямонро дар мобайнаш худамонро пинҳон мекардем.
Имруз ба Шумо чи шуд? Ин қадар тарсу шудаед, бе ягон ибо аз киса мебарореду медиҳед?
Акнун мегузарем ба минбари масҷид. Ин девона имом боз аз дуруғ сар кард. «Муҳтарам мардум, ман ҳафтаи гузашта эълон кардам, ки роҳро асфалт мекунем. Ҳама бо як овоз гуфтед мекунем»
Валлоҳ дуруғу туҳмат ба мардум. Ҳеҷ кас ваъда надод. То ҳамин руз рақиб фақат Наҳзат ину он мегуфт. Имруз бошад дар қатори Наҳзат мегуяд Ислоҳ.ТВ ва ислох Гуруҳи24 ва канали ПМТро набинетон:-инҳо ину он, муҳтарам мардум бачаҳоятонро фаҳмонед, лайк намонанд, ки ин паҳнкунии хабари онҳо аст. Мо обояд дар ягонҷо ташвиқи онҳоро бинем ба органҳои дахлдор хабар кунем, то ки мардуми мо бо роҳи онҳо нараванд. Бо як лайк бачаҳо 10сол зиндонӣ мешавад гуфта, афсус хурда истодааст. Девона худат ба худат гуфта афсус мехурӣ. Аз ин мебарояд, ки пешво- додоят ноҳақ ҳамаро зиндон мекардааст. Ҳоло ист, ки навбати ту ҳам меояд мебинему кафкубӣ ҳам мекунем.
Муҳаммадиқбол дониста бошед дар Чоркуҳ ҳама шуморо мебинад. Як муроҷиат кунед, то ки мардуми Чоркуҳ дигар пул надиҳанд. Бо пули додагии худи мо ҳарому ҳалол месозаду боз песворо даъват карда лентабурӣ мекунад. Шукрона кунед ҷаноб роҳамонро мумфарш кардан мегуед. Бародарҳо ҳоло ҳам Лайс ваъдаҳои дар аввали баҳор додаашро иҷро накардааст.
Биноҳое, ки дар баҳор хароб шударо бинед дилатон месузад.Гуё баъди ҷанги 1941 ва 1945 бошад. Ман ҳам аз фурсати муносиб, аз минбари шумо ба мардуми шарифи Чоркуҳ як бор илтимос мекунам. Бас кунед ёрӣ додан ба золимҳоро, ҳамааш ба зиёни худамон тамом мешавад.
Биёед сарҷамъона ҳақамонро талаб кунем. То кай ин зулмро мебардорем. Вазъияти Русияро дида истодаем. Дигар ҷойи гурез ҳам надорем. Биёед як бор марди ҳақиқӣ шавем.
Аз поин то боло золимҳоро ба ҷойи худашон шинонем, чунки мо инро метавонем. То солҳои 2010 ягон милиса ба Чоркуҳ намеомад. Агар таъин шаванд ҳам ба сардори худаш пора медоду ба дигар ноҳияҳо мерафт. Ин ҳамон ҳайбати имони қавии мо буд. Биёед боз гардем ба асли пешинаи худ
Исфара
Ассалому алайкум устод. Ман аз Найман, ҷамоати Сурх. Дар ҷамоат таъмиру тармими роҳи тарафи Ворух мерафтагиро ба халқ бор карда гуфтаанд, ки асфалт мекунед. Гап –гап ҳаст, ки Раҳмонов боз Исфара мебиёяд. Ин только маҳаллаи Найман, ки ҷамоат 20 дулан ба каллаашон бор кардааст.
Инҷо суҳбати байниҳамии найманиҳоро бихонеду худатон хулоса бароред, ки чи тавр болои мардум ҷабру зулм карда истодаанд.
«Ассалому алейкум найманихои азиз! Акоҳо укоҳо ҳамотон дурусту нағз ҳаетон. Ба корҳо монда нашуда гаштиетон. Бародаро як хизмати ганда калони сабобашам калони садақаи ҷория- асфалтпушӣ аз роҳи сафеди Найман то Танги Сурха. Имрӯз маҷлис шуд ҷамоатанда. Сурху Найман то ҳамунҷая. Худо хоҳад мекунем, гуфта маслиҳат шуд. Дарозиаш 4 километру 300 метр ва бараш бошад 8 метр мешудааст. 160 дулан асфалт сарф мешудааст. Дар ҷамоати Сурх 8 маҳалла ҳаст. Бо ҳисоби сари маҳалла плани Найман 20 дулан. Имруз дар маҷлиси саршавии кор 15 нафар сурхиҳо 1 дуланӣ ба уҳда гирифтанд. Як нафари онҳо 2 дулан ба уҳда гирифт. Аз Наймани мо ду нафар як дуланӣ ба уҳда гирифтанд. Баъд ман аз номи группаамон 5 дулан ба уҳда гирифтам. Барои ҳамин бародарҳо аз ҳамаатон хоҳиш мекунам. Ин корамон Худо хоҳад савобаш бениҳоят калон. Тавонетон ҳар якеатон то қадри имкон саҳматонро гузоред. Пешакӣ ба ҳамаатон раҳмат. Дар паноҳи Аллоҳ бошед, найманиҳои азиз
Бародарҳо, аз группаамон як бародар як дуланашро ба уҳда гирифтанд. Як бародар ба картаам 1207 сомонӣ партофтанд, кам бошад ҳам дуо кунетон гуфтанд.
Аз Тангӣ поёнаш, то Чорқишлоқро ҳамакаса -Воруху Чоркуҳу Сурх якҷоя мекунанд. Бародарҳо як бародари дигар як Дуланро ба уҳда гирифт.
Боз як бародари дигар як дуланашро бар уҳда гирифт. Баъзеҳо аз ман пурсиданд, ки нархи як дуланаш чи қадар аст. Як дулани асфалт 21 ҳазор сомонӣ, боз 2000 сомонӣ кирои мошинаш, тақрибан 23 ҳазор сомонӣ «рублба 195 ҳазор.
Ҳозирашба 4 дулан аз Группа шуд. 2 дулан аз Найман.»
Исфара
Ассалому алайкум устод. Ин шаҳри Исфара, ҷамоати Сурх. Дар ҷамоат маҷлис шуд, рӯзи 2.08.2024. Маҷлис дар бораи роҳи Исфара то Чоркуҳ. 20 км аст. Асфалт кардан дар кор гуфтанд. Ин роҳи трассаи Исфара -Ворух аст. Бар сари халқ партофтанд, ки роҳро асфалт кунед гуфта. Раиси ҷамоат Аҳмадов Сарвар аст.
Роҳи даруни ҷамоати Сурх роҳ 4 км аст 160 дулан ба ҷамоати Сурх расидааст, ки 8 деҳа дора. Ба ҳар деҳа 20 дуланӣ тақсим карданд. Ҳар дулан 195 000рубл ё 23 000 сомонӣ. Ба деҳаи Найман 3 900 000₽ рубл. Дар маҷмуъ барои ҷамоати Сурх 31 200 000 рубл бояд дода шавад. Ҷамоати Сурх 15 000 аҳолӣ дорад. Ин маълумотро дар группаи Найман партофтан, ки ҳамин хел пул ҷамъ кардан даркор. Барои муҳоҷирҳо дар Русия вазнин аст вазъият. Аммо боз ҷамоат ба халқ пул ҷамъ кунетон мегуяд.
Фақат ҷамоати Сурхро халқи Сурх мекунад -4 км аст. Мондагии давоми роҳро барои ҷамоати Чоркуҳ ва Ворух доданд, ки асфалткунӣ аз они шумо. Ин ҳама барои халқ вазнин. Халқ нони хурдан надораду ҷамоат аз роҳ асфалткунӣ гап мезанад. Эмомалӣ барои роҳати худаш ба 92 000 000 доллар самолёт мехарад, пул меёбад, чаро барои мардум намеёбад?
Бохтар
Ассалому алайкум, бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Хаста набошӣ. Навиштаҳоятонро мехонам. Вале мехоҳам чанд фикри худамро гуям. Хуб, агар Рустам Президент шавад, раиси шахри Душанберо Исмоил ва Сомон чен кардаанд. Чун ба гуфти Раҳмонов даври нав, даври ҷавонон меояд. Аммо аз ин тарзи кор ба ном спонсорҳои Рустам Хуршеди Мирзоев ва Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан, ки хеши Хуршеди Мирзоев аст ва боз ду -се нафар хушашон намеояд.
Ҳама часпондану расход кардану худро намуна нишон додани Хуршеди Мирзоев барои маҳз раиси шаҳри Душанбе шудан аст. Савол ба миён меояд, ки пас чаро ин қадар таги Ҳасани Ориёнбонк ва Исмоили Пингвинро мекобад? Ҷавоб аён аст. Дар давраи баъди каме боқувват шуданаш, спонсору назоратчии Раҳмонов маҳз Ҳасани Ориёнбонк буд. Ҳозирам Раҳмонов ба Рустам чанд бор гуфта буд, ки «ба умеди ҳар кас наша, тағоита дур накн ай худат. Таҷрибаи тағоит калонай». Рустам сараш тухм барин, ҳамаи гапҳои дар хонаашон мешидагиро да кругуш мегуяд. Хуршеди Мирзоевро ин гапо сахт намефорад. Мақсадаш маълум. Таги Исмоили Пингвинро барои он мековад, ки Исмоил дар гирдаш «бачаҳакои шустрира бисёр ҷам кадагияй ва ҳар кадомша вазифа додагияй, ки и одама у одама назорат кнен. Аз ҷумла круги Рустамам». Ҷои дигари Рустам, ки Раиси палатаи болоӣ ҳаст, Юсуф Раҳмонов кушиш дора гирад. Сахт худашро саги вафодори Раҳмонов нишон дода истодааст. Юсуф Раҳмон нагуфта мақсадҳои Пешворо иҷро мекунад.. Яъне то ҳамон дараҷа хок мезанад, ки «даҳаша Раҳмонов накшода, аллакай кор ҳалай». Сахт тайёрӣ дида истодаанд. Баъзе қувваҳо барои давраи гузариш. Аммо, кӣ бо чи максадҳо номаълум.
Аниқ ва дақиқ аст, ки агар Ҳасани Ориёнбонк наравад, уро бо роҳе ё ҳолате ё меравонанд ё убрат мекунанд. Дар мавриди Озода низ чунин аст. Ин ягон ҷои муҳоботу афсона нест. Ду моҳ пеш, бо фармон ё хоҳиш ё бо суми калони хуб Хуршед Мирзоев бо яке аз сардорони раёсати КДАМ, ки бисёриашон бо Хуршеди Мирзоев хубанд ва Хуршеди Мирзоев онҳоро хуб грет мекунад, маълумотҳо ва сабтҳои аудиоӣ ва видеоии Озода Раҳмонро, ки резонандаи обуруи уст, тайёр кардаасту бояд аввал ба интернет партояду ва боз сабтҳоро ба нафаре подбросить кунад. Ранге, ки Ҷамшед Зияевро карда буд, ку Хуршеди Мирзоев. Ҳамон хел боз бо як тир чанд фохтак заданӣ аст. Ҳам Озодаро шарманда ва ҳам гуё ин сабтҳоро аз ягон нафари круги Рустам меёбанд!.