Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№193

Ислоҳ нет

Ҳузури беш аз сисолаи Раҳмонов ва дар ин авохир ба ихтиёри оилааш вогузор намудани ҳукумат мардумро чи дар дохил ва чи дар хориҷ ба ҷон расонидааст ва ҳар касе як зара виҷдон ва нангу номус дорад дар талош ва андешаи он аст, ки аз чунин вазъу ҳол чи гуна халос шавад. Нафаре, ки аз Амрико барои мо нома фиристодааст зиндагии борифоҳу осоиш ва обод дорад. Аммо мегуяд, ки вақте ватанаш дар дасти ин режими дузду ғоратгари хонаводагӣ аст ҳатто дар Амрико бошад ҳам ором нест:

                            Вашингтон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз хонандаҳои доимии «Ислоҳ» ҳастам.Талошҳои муборизинро мебинаму ҷигархун мешавам, ки самари дилхоҳ надода истодааст.

Ман солҳо пеш ба Амрико омада ва дар инҷо рахти иқомат афкандам. Шукри Худо кор ва зиндагиам хуб аст. Аммо ҳамеша ҳушу ёдам дар ватан пеши азизонам аст. Бовар кунед, зиндагии моро бо ин мардум қиёс карда намешавад. Мо баробари пишаку саги инҳо дар хонаи худамон қадр надорем. Барои ҳамин ба фикрам бо любой кас якҷо шуда режими Эдикро бояд зад. Вагарна дар ғарибиву хориву зиллат, махсусан дар Русия ҳама мемурем ва кудакон дар ҳаёташон баргашта намераванд ба Тоҷикистон. Бо дилхоҳ кас, бояд муттаҳид бишавем ва роҳи халосиро биҷуем. Ба ростӣ, ки ранги ҷугиҳо шудаем. Шармандаи тамоми олам ҳастем. На мафҳуми давлатдорӣ ҳаст ва на мафҳуми миллатсозӣ. Ҳама зодгоҳи худро муқаддам шуморида худро гарени крутой мегиранд. Дар асл ҳама тарсуем! Э, ман хуҷандӣ, э мо кулобиҳо гарением, э мо мардуми помир ҳамаро задагием ва ҳоказо.  Дар асл гуфти ҳамон русҳо «телевизору яхдон ҳамаро гирифт». Мухолифон аз як тараф тарсу, халқ аз он тараф ва ҳама баҳонаи худро доранд. Халқ мегуяд: «э як вспишка даркор» ё «эээ ҷаъм шавед», «э барнома ва роҳкор надоред» ва ҳоказо. Ин халқ ҳатто оддитарин ҳуқуқҳои худро намедонад. Барои мубориза ягон «вспишка ё искра» лозим нест. Оддӣ, пора надиҳанд ва ҳама чиро қонунӣ бикунанд мардум. Беҳтарин мубориза ин зарбаи иқтисодӣ ба системаи коррупсионии режим аст. Ҳамон коррупсия ҳасту мақомдорон ва сохторҳои қудратӣ зулм мекунанд. Агар на «пошел вон» гуфта мерафтанд, кормандони режим. Намешавад ин тавр дигар. Акнун ҷудо будани мухолифон ку як тараф. Дар асл ҳама бояд як шаванду гурӯҳҳои кориро пеш барем, ташкил бикунем ва равишҳои гуногуни муборизаро пеш барем. Мисол дар дохил ташкил кардани гурӯҳҳои агитатсионӣ, яъне дар байни мардум. Аз тақсим кардани варақаҳо оғоз кард. Ҳеҷ кас бовар надорад, бигзор дар алоҳидагӣ ин корро бикунанд.

  Ташкил кардани диверсияҳои иқтисодӣ. Истифода накардани бонкҳои оилаи Эдик, нахаридани маҳсулотҳои ширкатҳои оила ва дигар мақомдорон. Муборизон бошанд рӯйхати ҳама он ширкатҳое, ки ба оила ва дигар мақомдорон тааллуқ дорад бояд чоп бикунанд. Бигзор ҳама аз ман ранҷад, лек мақомоти Рус беҳтарин корро мекунанд, ки мардуми моро депорт мекунанд. Охир мо бояд созем давлати худро, вагарна тамоман тақсим ва нобуду давлат вайрон мешавад.

  Дар ҳақиқат мо миллат нестем! Мо як гурӯҳ гуногунҳо- этносҳои қавмгаро ҳастем. Ҳатто дар мо нишонаҳои фашизм дида мешавад. Мисоли оддӣ, ин ҳамон паст задани дигар миллатҳо. Худ чмо ҳастем, лек айбро дар узбек, дар муғулу русу киҳоҳои дигар меҷуем. Бояд мард шуд ва ба оина нигаҳ карда ва чмо-гии худро ба гардан гирифт. Агар чмо намебуд шаҳрванди кишвари мо як қисми миллат ба Русия рафта бо Маша ва Дашаи алкоголик хоб карда баъдан Ватан омада зани поки худро дучори ҳазорҳо касали ҷинсӣ намекард, ба ном «мард»-и ин миллат. Ҳазорҳо занони пок касалӣ шуданд аз дасти чмо-ҳои аробакашу стройкачиву ғайра. Ман ба ростӣ мегуям шахсан ба чунин чала мардҳо ягон майда раҳмат намеояд. Марг аз гуруснагӣ беҳтар чем ин тавр зани поки худро дучори СПИДу сифлис кардан, ки он зан ҳар рӯз кам кам аз дард мемирад.

Марг ба он марди миллат, ки зану хоҳари худро то ин пастиҳо меорад. Ба ман тамоман ақидаи қалбакии на динияш фарқ дорад ва на дунявиаш чунин чала мардро. Дар интернет пур ингуна чала-мардҳои ба ном мусалмон, ки ҳатто нафрати атеист меояд аз ин дуруягиҳо. Бо кадом забон бифаҳмонам?

  Аз ягон ҷиҳат пешравӣ надорем. Баъдан Инқилобро деҳаю қишлоқ намекунад. Инқилобрл мардуми шаҳрҳои калон мекунад. Беҳтарин сабаби инқилоб барои мардуми шаҳр: набудани ҷои корӣ, набудан ё надоштани тавоноӣ барои харидани хона ё барои барпо кардани оила ва ғайра. Деҳаҳо чи ки набошад мол доранд каме замин ва бо ҳамин ҳаёти худро пеш мебаранд, аммо шаҳр чи кор бикунад? Ранги он Нурики аз Амрико баромад карда 10 октябри 2027-ро пояд? Ман шахсан намепоям инқилобро ва ҳаёти худро намесузонам. Ба ростӣ мегуям. Мардум ҳатто як долларӣ ҳар эфир наметавонанд пардохт карда. Ҳар эфир шуморо 2-3 ҳазор прямой эфир мебинанд. Хай гуфтем 1000 кас 5сомонӣ партоянд, 5000сомонӣ мешавад. Афсус ҳазорҳо афсус. Дар ҳақиқат ба фикрам ин этнос ё миллат ба «исторический финиш»-и худ наздик шуд. Яъне, ки таърих ҳазорҳо этносу миллатҳоро медонад, ки тамоман несту нобуд шуданд. Мо ҳам ба ҳамон нуқта расидем. Боварам кунед!

                                           Ёвон

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳи меҳрубон шуморо нигаҳбон бошад ва ин режими Раҳмонови миллаткушро несту нобуд бигардонад! Номае дорам аз Ёвон, аз деҳаи Қулободи ҷамоати Чамоати Чоргул. Дар бораи нафарони қаллоб ва мардумозор гуфтаниам. Ин нафарон Файзалӣ Тағоев бо лақаби Павка ва Ҳайиталӣ аз деҳаи Будёниобод ноҳияи Ёвонанд. Пули мардумро ҷамъ карда худашон хурдагианд. Пули оби деҳаро. Пули обро хурда ба давлат супоридагӣ нестанд. Бо дуруғ мардумро фиреб карда қарз доред гуфта оби деҳаро Файзалӣ буридагӣ аст. Дар китоб қайд карда буданд. Китоби пешинаро нишон намедиҳад. Дар деҳа об нест. Тақрибан 700- 800 оила аз он об истифода мебаранд. Инҷо боз ду нафари дигар ҳам ҳаст. Беков Иброҳим Мулло ва Беков Қурбон Мулло. Инҳо буз ва дуздҳои деҳаанд. Мулло Қурбон бузи амнияти Ёвон аст. Дар бораи ин нафар як номаи алоҳида менависам. Пули оби ҷамъоваришуда аз мардум барои обро мулло Иброҳим ҳам хурдагӣ аст. Вай раиси пешини қишлоқ буд. Ҳаромхуранд, аммо боз худашонро мулло мегиранд. Ман намефаҳмам, амният, милиса ва прокурори ноҳия  куҷоро нигоҳ мекарда бошанд.

Ҳозир агар ин корҳоро ман ва ё нафарони мисли ман кунем дар як сония пайдо ва дастгир карда ҷазо медиҳанд. Вале чаро ин дуздҳоро дидаву дониста чизе намегуянд? Чунки худи онҳо ҳам ҳам прокурор, ҳам милиса ва ҳам амният шариканд.

Махсусан амният бояд чораи инҳоро бубинад.

Бисёрии пулро Файзалӣ хурдагӣ аст. Чунки худаш дар идораи об кор мекунад. Ва нафари дигар Ҳайиталӣ. Айни замон оби деҳаро бурида қоқ кардагианд. Мардум обро аз ҳар куҷо кашида меоранд. Дар деҳа кудакон, касалиҳо, пиронсолон ҳастанд, онҳо чи хел об меоранд?

  Мардум на свет дорад ва на об. Ин чи хел зиндагӣ аст? Шарм накарда Тоҷикистон ба пеш мегуянд.

                          Волгоград

  Гоҳо нашрияҳои чопи Душанбе, ки зоҳиран ва танҳо руякӣ мустақиланд, нохоста ва ноогоҳона чизҳое чоп мекунанд, ки ҳақиқатҳои замони мо, ҳақиқати Эмомалӣ Раҳмоновро ифшо мекунад.

Дар сайти нашрияи «Фараж» як навиштаеро зери сарлавҳаи «Қубодиён, роҳҳои маҳаллиро таъмир карданд, роҳҳои байналмилалӣ чӣ»?  хонда бори дигар мутмаин шудам, ки Раҳмонов дигар тамоми вазну чандинтоннаи худ ва Озодаву Рустам, хулоса ҳама ҳукумати оилавиашро болои мардум партофтааст. Барои онки шуморо мутақоид намоям аввал худи ин навиштаро пешкашатон мекунам. Ин навишта ба қалами Раҳмоналӣ Додархуҷа тааллуқ дорад ва дар таърихи 01.11.2024 дар ҳамин нашрия чоп шудааст:

  «Соҳибкорони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо харҷи беш аз 10 миллион сомонӣ беш аз 32 км  роҳҳои харобгаштаи маҳаллиро таъмир карданд, аммо роҳҳои аҳамияти байнамилалидошта низ ба таъмир ниёз доранд.

Сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Нуруллозода Диловар ба «Фараж» гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 17,57 км роҳҳои харобгаштаи  маҳаллӣ ба маблағи беш аз 8 миллиону 270 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ, 15,32 км роҳ бо харҷи 2413077 сангфарш ва 1680 метр пиёдагардҳоро ба мабалғи 124320 сомонӣ  таъмир карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири роҳҳои ноҳияи Қубодиён зиёда аз 116 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағҳо ба қадри  имкон роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд.

Қайд гардид, ки дар мувозинаи муассисаи мазкур 178,5 км роҳ мавҷуд аст, ки аз он 34,5 км роҳҳои байналмилалӣ ва 144 км дигар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошад, ки ҳоло роҳҳои байналмилалӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд».

Албатта, шумо мепурсед, ки ин як хабар асту бас. Бале хабар аст. Аммо шумо ба ин ҷумла ва бахусус ба арқому сифрҳои он таваҷҷуҳ фармоед: «Сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Нуруллозода Диловар ба «Фараж» гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 17,57 км роҳҳои харобгаштаи  маҳаллӣ ба маблағи беш аз 8 миллиону 270 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ, 15,32 км роҳ бо харҷи 2413077 сангфарш ва 1680 метр пиёдагардҳоро ба мабалғи 124320 сомонӣ  таъмир карданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири роҳҳои ноҳияи Қубодиён зиёда аз 116 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағҳо ба қадри  имкон роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд».

Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 17,57 км роҳҳои харобгаштаи  маҳаллӣ ба маблағи беш аз 8 миллиону 270 ҳазор сомонӣ, ……. аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири роҳҳои ноҳияи Қубодиён зиёда аз 116 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 100 ҳазор сомонӣ.

Мутаваҷҷеҳ шудед? Чаро бояд соҳибкорони маҳаллӣ миллион-миллин барои таъмири роҳ масраф кунанду давлат 100 ҳазор сомонӣ, яъне ҳатто садяк ҳам не? Чаро?

Аз ин пештар дар бораи онки Исфара ва чоркуҳиҳои онро маҷбур карда истодаанд, ки 40 километр роҳҳоро таъмир ва мумфарш кунанд, матлабе чоп шуда буд ва мо гумон доштем, ки  ин корро бо ин ҳаҷму бо ин андоза, яъне грузит кардани кори ҳукумат ба мардумро танҳо дар Исфара мекунанд, вале ҳоло маълум мешавад, ки ин грузит карданҳо характеру хислати сартосарӣ гирифта будааст ва дар тамоми кишвар аз ҳисоби «соҳибкорон» ва мардуми ватандӯсти маҳаллӣ ва ҳашарҳои халқӣ корҳои ба истилоҳ ободониро, ки давлат бояд анҷом диҳад, бори души мардум кардаанд.

Э, хок бар сари ин ҳукумату ҳукуматдорӣ! Ин навишта далели инкорнопазир аст, ки Раҳмонов ва ҳукумати вай пулҳои давлатро медузданду кор ё рисолати давлатро бори души мардум мекунанд….

              Роғун

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Роғун менависам. Аз раиси неругоҳи Роғун. Худам дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Ин одамро хуб мешиносам. Манзурам Хайрулло Сафаров, раиси неругоҳи Роғун аст.  Хайрулло, раиси ГЭС-и Роғун аз Данғара аст. Писараш 4 ломбард ва боз ду банки хурд ҳам дорад. Мардуме, ки дар Роғун кор мекунанд ҳар руз ба суроғаи Хайрулло Сафаров дашномҳои дастабиринҷӣ мекунанд.

Аз солҳои пеш мешинохтам, як зиндагии хуру намур дошт. Ҳозир бошад ба одамҳо кредит медодааст. Рости гап ҳайрон шудам. Мо бо ин одам аз якҷоем. Инҳо чизе надоштанд. Ба одамҳо қарз дода хонаҳояшонро залог мегирифтааст. Хонаи чандин одамро барои қарзҳояш кашида гирифтааст.

Аслан коре ба кораш надоштаму надорам. Вале як ҳамсояаамон дар Роғун кор мекунад. Вай бухгалтер аст. Хеле гапҳои инҷоро медонад. Гуфт, ки Хайрулло маоши чандмоҳаи коргарҳоро додагӣ нест. Миллион- миллион Роғун рафта истодааст. Лекин куҷо, аломати калони савол?

Духтари Хайрулло Фарзона ном дорад. Ҳамроҳи шавҳараш дар Амрико зиндагонӣ  аст.

 Шавҳари духтари Хайрулло Сафаров  дар сафорати Тоҷикистон дар ИМА кор мекунад. Хайрулло ба номи духтараш ва кадом хеши дигараш счётҳои махсус кушода, маблағҳои хубро обу лой дорад. Чи тавре, ки гуфтем, мардум чанд моҳӣ маош намегиранд дар Роғун. Коргарҳо бисёриаш мепартоянду мераванд. Ҳар вақте Раҳмонов ба Роғун сафар карданӣ шавад Хайрулло Сафаров  фавран ҳамаи коргарони рафтагиро ба воситаи одамҳояш мегуяд «тез биёен Ҷаноб мия, тамом, ҳама масалаи сум ҳал мешава».  Ин бечораҳо меоянд ба умеде, ки бо Ҷаноб гап мезанем, проблемаҳоямонро мегуем. Вале Хайрулло Сафаров мегуядашон, ки «шмо бе ташвиш бошен, ма хыдым Ҷаноба мегум»

 Ҷаноб, ки омад Роғун мебинад, ки коргарҳо хеле зиёданд. Аз куҷо медонад, дар ҳоле аз ним зиёдаш рафта буд, фиреб карда овард. Дар омади Президент оварданашон, ки Раҳмонов «хит накна».

Хайрулло Сафаров чанд одами худашро мебарорад пеши Ҷанобу мегуянд, ки маошҳоямон мондагӣ аст. Ҷаноб дарав мегуяд, ки «фалонӣ, ҷудо кнен маблағ, тез, мардума тиен ҳақи коршона». Маблағ мегузарад, ягон қисмакашро ба мардуми коргар медиҳанд, мондагиашро алик малик мекунад через фирмаи бачаҳояш. Мондагии мардуми нагирифтаро мегуяд, ки «диден ку ма Ҷаноба гуфтм, бечора ҳамиқа доштай додан. Мета ушам. Кор кадан гирен». Аммо ба Ҷаноб бошад, Хайрулло Сафаров мегуяд: «муҳтарам Пешво як қисмша додем, як қисми дигарша ҳаму қарзомона додем».

Боз дар Роғун гурӯҳи штрафникҳо ҳастанд, ки бепул кор мекунанд. Яъне онҳое, ки барои корҳои ислоҳӣ, ҷаримашудагон ва ё нафароне, ки аз корхонаҳо ва дигар ҷойҳо бе пул мераванду як муддати кутоҳ кор мекунанд. Ҳаминҳоро ҳам Хайрулло Сафаров сразу ба рӯйхати коргарони маошгир гузаронда, маоши ба номи онҳо омадаро  рост дар ҷеби худаш мепартояд. Бахудо инҷо «гарени шури мури калонай». Аммо аниқ Ҷаноб аз онҳо огоҳи надорад.

 Роғун куни як бар бар соҳибкорони миёнаро даронд. Аз бисёриҳояшон бетон, плиткаи бетонӣ ва ҳар чи дигар гирифта суми онҳоро надодааст. Ана ҳамин хел қарзҳоро Хайрулло Сафаров дар назар дошта, Раҳмоновро мегуяд, ки «як кисми қарзора додем».

 Хуллас дар ҳоли ҳозир «Хайрулло Сафаров доверияи Раҳмоновдай, тагша накофтестану ягон проверкаи ҷиддӣ накадан Роғуна. Фарзандои Хайрулло Сафаров мегуй бачаҳои Президентан. У ҳаромияш, ки банку ломбардҳо дора, мардума то турсикошона кашида мегира. Аллоҳ хору зори  дари мардм кнашон». 

  Хайрулло аз пулҳои Роғун фақат мошинҳои аз 120 ҳазор доллар боло мехарад. Фақат Ҷип. Пеши пешашро. Ин хона, ҳавливу чизу чора бошад бе ҳисобанд.

Чи тавре, ки болотар гуфта будем, баъзе сохибкороне, ки маҳсулоти гуногун ба Роғун дода буданду то имрӯз маблағҳояшонро нагирифтаанд, банкрот шуда, дар таги қарз монданд.

   Умуман умеди гирифтани сумҳояшонро надоранд. Чанд нафарашон ба бачаи Хайрулло Сафаров баромаданд. Вай гуфтааст, ки ҳозир сум несту агар розӣ бошед, «ма метонм через я ду одам гирифта, неки 40 ба 60». Мақсад, ки аз 100 сомонӣ 40 сомониашро барои хизмат медиҳед.

 Ҳаромӣ аз ин зиёд мешавад? Ҳам маҳсулот мегиранд ҳам боз мегуянд, ки суматро мегирем! Ту дар ҳуҷҷатҳо имзо кун, ки ҳамаашро гирифтӣ, аммо 40 фоизашро мо мегирем. Ба Ҷаноб бошад мегуянд, ки мо сари вақт маблағҳои соҳибкорҳоро медиҳем.

Бовар кунед бо суми дуздии Роғун мешуд як Роғуни дигарро сохту роҳандозӣ кард. Аммо бо таассуфи хело зиёд Роғун дар дасти ғоратгарон қарор дорад. На кормандонаш маош мегиранд ва на мардуми кишвар барқро мебинанд. Боз шарм нокарда ошкоро Ҷаноб мегуяд,ки соли оянда як кор кунен барқ доимӣ шавад. Яъне имсол лимит ҷорӣ асту боз бузак намур,ки ҷави баҳорӣ мерасад…..

Share This Article