Борҳо гуфтаем ва ин номаи зер боз як далели дигаре аст ки мақомоти Раҳмонов ба ҷуз аз дуздиву тороҷ ва ғорати мардум кори дигареро балад нестанд. Барои як сомонӣ манфиати худашон омодаанд ба миллионҳо ба мардум зарар расонанд. Ҳамасола бар асари боло рафтани оби рудхонаҳо ва адами истеҳкоми соҳилҳо мардум ва кишту мазореъ ва хонаҳои онҳо зарар мебиннад, аммо ниҳодҳои тафтишотӣ иллати онро намеҷуянд ва сабабгорони онро ба ҷавобгарӣ намекашанд. Номаи зер аз он ҳикоят мекунад, ки як нафари масъул чи гуна маблағҳои барои мустаҳкам кардани соҳил ҷудошударо дуздӣ мекунад, аммо ҷойи онки вайро ба курсии ҷиноӣ шинонад, ӯ болотар, муовини раиси Кумита мешавад:
Бохтар (Қурғонтеппа)
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, пайғоми маро тавассути «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба мардуми тоҷик расонед. Номаи ман аз Бохтар аст. Ному насаби ман бигзор махфӣ монад.
Номаи ман дар бораи собиқ сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон подполковник Исозода Сулаймон аст.
Ман дар солҳои 2015 — 2018 кор мекардам. Исозода Сулаймон дар ин солҳо хеле ҳаромкориву ҳаромхуриҳо кард. Аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дастуру супоришҳо дар бораи соҳилмустаҳкамкунӣ барои ин солҳо содир шуда буд.
Аммо Исозада Сулаймон дар Ситоди вилоят ташкиливу рақсу бозӣ ва майнушиву мастигариҳо ташкил кард. Ман муовини аввали ситодро суол кардам, ки ин чи ҷашн баргузор карда истодааст? Яъне ин ҳама ба кадом хотир аст!? Ҷавоби саволамро муовини аввали Ситод гардонд. Дар ҷавоб гуфт ин ҳама ба хотири он аст, ки аз буҷҷаи ҷумҳурӣ маблағи калон барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи калони Вахши вилояти Хатлон ҷудо шудааст ва вай аз ин маблағҳо фоидаи калон ба даст меорад. Ба ҳамин хотир ин ҷашнро пурдабдаба гузаронида истодааст. Лаҳзаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Вахши вилояти Хатлон фаро расид. Дар вақти таҳкими соҳил бояд харсангҳо аввал ба арматураву шағалу семент рост карда ва сипас дар соҳили дарёи Вахш бо кранҳои азимҷусса монда мешуд.
Аммо барои сарфа кардани маблағ аз арматураву аз шағалу семент кам исфода бурда мешуду дар ва ҳуҷҷатҳо бошад баракс ҳаҷми масраф чанд маротиба зиёд навишта ва нишон дода мешуд. Аммо пулҳои экономшуда ба ҷайби сардори Ситод Исозода Сулаймон медаромад. Ин як порае аз қиссаи ҳаромхуриҳои подволковник Исозода Сулаймон буд, ки ҳар сол ин корҳоро ҳатман иҷро мекард. Пулҳоро медуздид, бардуруғ санад омода мекард.
Ана акнун дар бораи зулму ситам нисбати коргароне, ки шабона то рӯз ( дежурний) дар ҳолати омодабош навбатдорӣ мекардем, гуфтаниям. Рӯзона коргарони камбағалро аз вазифааш сӯистифода карда ба хонаи шахсии худ дар кучаи Ломоносови шаҳри Қурғонтеппа мебурду то соати панҷи бегоҳ кор мефармуд. Ба вай ин тавр инсофу одамгарӣ набуд, ки ин бечораи коргарҳо шабона наряди навбатдорӣ гузарондагиян. Боз онҳоро дар хонаи падараш ҳам мебурду кор мефармуд. Ман ҳам дар қатори ҳамон корҳо будам ва ин ҳама зулму ситамро нисбати коргарҳо ба чашми сар дидаам ва ман ҳам борҳо иштирок карда будам дар корҳои шахсии Исозода ва хонаи падараш. Айни замон ин одам муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои Фавқулоддаи ҳукумати Тоҷикистон шуда кор ва фаъолият карда истодааст.
Ба наздикӣ бо як ҳамкорам бо тариқи телефон ҳамсуҳбат шуда пурсидам, ки сардори Ситоди нави ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон аз вазифааш суистифода бурда барои корҳои шахсиаш коргарҳоро намебарад? Дар ҷавоб не гуфту вале гуфт, ки аммо ҳозир ҳам Исозода Сулаймон аз пойтахт истода ба сардори Ситоди нав супориш медиҳад, ки баъди смена коргарҳоро ба хонаи вай равон кунад то корҳои шахсии ӯро иҷро кунанд. Вай гуфт, ки ҳеҷ нест, ки мо аз ин хел одами зулмкори разил халосӣ ёбем.
Бародар Муҳаммадиқбол, хоҳиш мекунам, ки ба хотири коргарҳои ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ин номаро дар барномаатон ҷой кунед.
Ва, бародар боз як маълумоти дигар ҳам аз Қурғонтеппа. Муҳоҷирҳои бечора аз Русия меоянд, онҳоро меқапанду телефонҳояшонро кашида мегиранд ва дуруғу рост мегуянд, ки бо Муҳаммадиқбол гап задаӣ, сум гузаронидаӣ. Ба наздикони дастгиршуда чанд рӯз нишон намедиҳанд ва сахт даҳшату воҳима меандозанд. Як нафар муфаттиши шаҳр бо номи Одил сари чандин нафарро хурд.
Одамҳо маҷбуранд пули калон дода бихаранд.
Қубодиён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Навободи Қубодиён ин номаро мефиристам. Ман аз узбекзабонони Қубодиёнам. Дар бораи участковий-нозири минтақавии милисаи ҷамоатамон гап дорам. Участковий Ислом ном дорад. Лақабаш эшон. Ҳар рӯзи шанбе дар деҳаи Навобод бозор мешавад. Ин участковий дар ҳамин рӯзи бозор телефонҳои дасти мардумро ҷамъ карда мегирад ва ба кабинеташ мебарад ва мардумро метарсонад, ки ту бо мухолифин гап мезадаӣ, дар Ислоҳ.тв подписатса кардаӣ гуфта баъзеҳоро росту баъзеҳоро бардуруғ тарс дода пул меканад. Аз панҷсад то якуним ҳазор сомонии мардумро мегирад. Бахудо дар ҷони мардуми махсусан узбек задагӣ аст. Чунки узбекҳо тамоман бепушту паноҳанд. Ман аз тамоми мақомоти ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки нисбат ба ин Эшон чораҷуӣ кунад. Чунки руирост пул мегирад. Ин участковий ҳатто дар гузаронидани маъракаҳои мардум ҳам дахолат мекунад ва ҳатман бояд аз вай иҷозат пурсанд. Иҷозат ин ба маънои он аст ки ба вай бояд пул диҳем.
Чаро прокурори ноҳия ва началники милиса ба ин корҳои ғайриқонунии вай чизе намегуянд? Мо узбекони ноҳияи Қубодиён дигар қадру эътибор надорем дар Тоҷикистон, дар ҳоле, ки вақти ҷанг ҳамроҳи Фронти халқӣ будем ва ба сари вазифа омадани Раҳмонов хун рехтаем.
Боз участковий мошинҳои моро проверка мекунад ва сад сомонӣ мегирад, ки ту фалон чизат хато аст. Ҳар рӯзи Худо аз мардуми бечора пул меканад. Намедонем, ки мо мардуми бечораи деҳқон додамонро пеши кӣ гуем? Дар бораи ин Исломи участковий гап бисёр аст. Дар барномаҳои оянда ҳам навишта мефиристам.
Мо ягон талаби дигар надорем. Фақат мехоҳем, ки орому осуда дар ватани худамон зиндагонӣ кунем.
Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос ин номаи моро чоп кунед, то дар болонишастаҳо хонда аз пайи ислоҳи вазъият шаванд.
Хуҷанд
Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин. Чанд ҳафта мешавад, ки як фикр ба сарам зада истодааст. Намегуям мегуям, аммо шабҳо хобам намебарад. Гуфтанам даркор. Каму беш политикаро мефаҳмам.
Ҳар як диктатор вақте мехоҳад дар ҳукумат бисёр бимонад, ҳукуматдорӣ кунад, аз даруни худаш як одамро раиси халқ мемонаду баъд ҳамон одам халқро успокоит карда меистад. Баъд ба ҳамон раис ё агенти худаш як чиз-ним чиз дода меистад, тавре мекунад, ки як чи нимчӣ кор кунад то халқро дар баробари диктатор успокоит кунад.
Ман фикр мекунам, ки ҳамин одам ҳам одами ҳамин президент аст. Ин қадар солҳо дар мақоми раисӣ кор карда истодааст, онҷо ягон корхона ё ягон ширкат набошад, ки аз онҷо ягон сум ба дасташ биёрад, ягон пул кор кунад ,онҷо ба фикрам ҷойи пулкоркунӣ надорад, ман инашро ақлам намегирад, ки чаро рафтанӣ нест? Фикри ман, ки онҷо ягон ҷойи пулкоркунӣ нест. Ин ҳама сол раиси карда истодааст, дар дилаш намезанад чӣ? Дар дили халқ задагӣ. Якеаш худи ман, дар якҷо чор сол кор кунам меравам дар дигарҷо кор мекунам. Ин ҳама сол раиси карда истодааст дар дили худаш намезанад? Агар ҷои сумдор бошад хуб ман инашро дигар ҳиҷчи гуфта наметавонам. Ба фикри ман, ки вай одами ҳамон гарданбалонигазӣ. Балонигази уро сум дода меистад. Боз худо доност. Вале ман ҳамин гуна гумон дорам.
Барои ҳамин то дар фикри тоза ва якдаст кардани даруни худатон набошед, даруни худатонро тоза накунед, чизе иваз намешавад.
Кулоб
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ман як хоҳари қиёматии шумо аз шаҳри Кулобам. Борҳо дар барномаҳои шумо ширкат кардаам. Феълан дар хориҷ аз кишвар ҳастам. Тавассути барномаи шумо мехоҳам, ки раиси шаҳри Кулобро дар як масъала огоҳ кунед. Дар назди хонаи ҳамон Бахтиёри кал, раиси шаҳри Кулоб байни 50 солагӣ, пеши Гулҷаҳон, назди магазини Зафар Ҷаъфар як қиморхона, букмекерский мавҷуд аст, ки онҷо ҳар рӯз бачаҳои наврас, ҷавонҳои зиёд ҷамъ меоянд, ки бечораҳо бештарашон ҳама чизашонро аз даст додаанд. Мераванд онҷо ва ҳар рӯз ҷангу кордчазаниву кордчазанӣ ва чанд нафар маҷруҳу захмӣ. Мақомот куҷоро нигоҳ мекунанд? Ягон ҷоро мақомот нигоҳ намекунад.
Мақомот ҳозир фақат думби онки кӣ бо «Ислоҳ» гап мезанд, кӣ чи кор мекунад. Шумо биравед думби ҷавонҳо ва ана он қиморхонаро бибандед. Кордчакашиву ҷангу ҷидол дигар набошад. Дар букмекерскиҳо ҳар рӯз кордчакашиву кордчазанӣ ҷанг, ноболиғҳо ҳастанд. Мақомот пеши ин гуна корҳои зиштро намегирнад аммо меоянду хонабахона одам кофта истодаанд, мактаб ба мактаб одам кофта истодаанд,
Хабар расид, ки ҳамсояҳои холаам ҳамин бегоҳ онҷо ҷангу кордчакашӣ кардаанд ва ҳоло дар беморхонаанду оператсия шудаанд. Намедонем чи ҳол дошта бошанд.
Ва як маълумоти дигар боз ҳам аз Кулоб.
Аз соли 2010-2011пардохти нерӯи барқ барои мо тавассути карта анҷом дода мешавад. Аммо суми карта, ки буд шуд, светҳоямон мемурад. Аз ҳамон чен ба ёдам ҳаст карта карданд чанд киловатишон гузарониданд ва кадоме, ки қарздор буд қарзашро расчет карданд ва гуфтанд ин барои он аст ки то боз ба картааш сум гузаронем. Ҳамаи ин корҳоро карданд ва ҳамаи халқ қарзҳоро нол кард. Аммо боз одамҳоро қарздор бароварда истодаанд, ки чанд сари сол мешавад бо карта расчет мекунанд. Ин хел ба карта сум мегузаронанд. Меояд дар ҳамон счетчик мезанад, карта ҳаст, сум буд шуд автоматӣ светҳо мемурад. Вале инҳо боз қарздорашон карда истодаанд. Охир ин давлат аст ё ягон банда ва мафия?
Боз як гапи дигар.Дар ҳамин Шамсиддин Шоҳин қасаба-микрорайоне дар Кулоб мактаби 8 мавҷуд аст. Директори ин мактаб Қурбонназарова Гуландом як зани бадрафтор аст. Шавҳар дорад, аммо ба ном. Шавҳар дорад аммо бо дигарҳо отношени дорад ва ҳамин нафар сардори муассисаи таълимӣ аст.
Дами дари он мактаб пур аз бачаҳо, духтарҳоро бошад кайҳо ҷазир кардагианд. Фарзандони наздиконамон дар он мактаб мехонанд. Писари калонии бародарам хатмкунанда ва саводи хуб дорад.
Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи пеш мақомот рафтанд синф ба синф мактабро гаштаанд. Онҳо аз кудакҳо аз талабаҳо, гап гирифта истодаанд, ки дар хонаатон кӣ «Ислоҳ» тамошо мекунад? Хулоса, гап гирифта истоданд. Дар хонаи мо падару модарам ва ҳамаи фарзандони хоҳарам тамошо мекунанд, бепропускат. Писари калонӣ мефаҳмад ин гапҳоро ва инкор мекунад. Дуввумиаш баъди обед мехонад. Писари калонӣ давида давида омада дуввумиро намондааст мактаб равад. Гуфтааст чаро наравам? Прогул кунам?
Гуфтааст, ки дар мактаб ана ҳамин гуна гапҳост. Аз ту гап мегиранд, як намуд мепурсанд, ки боз мабодое қоил нашавӣ ва биоянду бобому момаамро бибаранд.
Бубинед, ки вазъ то ин дараҷа вайрону хароб шуда аст.
Раиси шаҳр Бахтиёр Назаров хеши шавҳари як хешамон аст. Аз вай ин хешаш хоҳиш кардааст, ки ӯро дар ягоҷо ба кор гирад: «фарёд карда гуфтаст, ки ӯро кор бигиранд. Кор гирифтааст. Бовар кунед, ки ду карат дуро надонистааст, лекин ҳоло дар идораи сабес-ҳифзи иҷтимоӣ кор карда истодааст. Одамҳое, ки савод доранд, ақл доранд солҳост дар мулки мардум кор карда истодаанд, аммо касоне ки а то б—еро намефаҳманд кор карда истодаанд».
Падару модари ман бо ин ҳукумат мухолифанд, чунки гапи ҳақро тарафдоранд. Аммо бародарам, чанд бор гап задани маро фаҳмидааст ин тавр нест. Вай маро сахт танқид мекард, ки зиди ҳукумат гап мезанӣ. Чанде пеш Душанбе меравад. Ӯро дар қади куча дошта рост отдел бурда ришашро қоқоқоқ метарошанд ва 4 ҳазор сомониашро мегиранд ва боз мошинашро чи баҳона мекунанду ӯро боз гаиҳо меқапанд, сумашро мегиранд штрафаш мекунанд. Омад қарздор шуд. Ягон роҳе наёфт, мошинашро фурӯхт хест рафт Москва ва ба ман гуфт, ки «э ман нав ба гапи ту омадам апа намешавад Тоҷикистон ва зиндагонӣ кардан намешавад».
Қубодиён
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Барномаат дар бораи худораҳматии падаратон ҳоҷӣ Қаландарро дидам ва гуфтӣ, ки падаратро ба хотири дину исломаш заданд ва дарду ранҷ кашид. Аллоҳ падаратро раҳмату мағфират кунад ва ҷояшро дар ҷаннутулфирдавс карда бошад. Модаратро ҳам ҳамчунин. Барои тарбияти як чунн фарзанди бонангу номус. Дуруст мегуӣ, ки ин Эмомалии даюс аз инсонҳое, ки дар роҳи ислом ва динашаон мемиранд метарсад. Дар сураи «Бақара» омадааст, ки касоне дар роҳи динашон мемиранд онҳо зиндаанд. Ин суханҳои худованд аст. Барои ҳамин Эмомалии даюс аз мурдаи онҳо метарсад.
Ман як сухан ба Сайидмукаррам ва ҳоҷӣ Мирзо гуфтаниам. Дар ҳамон сураи «Бақара» худованд гуфтааст, ки касоне оятҳои маро инкор мекунанд, онҳо тоғутанд. Агар ҳар кас дар қатори чунин касон равад,фардо,рузи қиёмат ҳамроҳи вай мехезад (сураи Бақара, ояти 256)
Боз худованд дар сураи Оли Имрон гуфтааст, ки он касоне рибо мегиранд, ҷазои сахт интизори онҳо аст. Эй, пешвои тоғут бидон, ки рибо дар кишвар бебаркатӣ меорад ва мардум беномус мешаванд.
Эй, пешвои тоғут дигар сатру риши мардумро нагир.
Як бародарро вақти облава дошта бурданд. Ин бечора дар пеши як милиса гуфтааст, ки «э, худо маро тезтар ҷавоб диҳанд». Он милиса ба тарафаш гаштаасту гуфтааст,ки «дар иҷа аз номи худо гап назан, ки мебаран салафӣ гуфта турмат мекунан». Ин гапу кор дар ҳамин отдели Қубодиëн руй додааст.
Бародарҳо бубинед, ки ба чи ҳолу рӯз гирифтор шудаем, ки ҳатто иҷозат нест номи худро бигирем.
Эй милисаҳо! Шумо худатон мусалмон ҳастед, боз чаро аз мусалмонҳо метарсед: «марг ба туворе мусалмоне дар даруни корхунаи давлатӣ номи худоро гирӣ баран турмат кунан».
Ба ин муллоҳо гуфтаниам, ки пеши ин роҳро гиред, ки фардо дер мешавад ва дар нази Аллоҳ ҷавоб медиҳед.
Боз занҳои мактабро гуфтаанд,ки шумо ҳам юбка пушед.
Эй, марг ба шумо мусалмон!
Албатта, ҳамаи муллоҳоро дар назар надорам вале он муллоҳое, ки бар ивази молу пул имону исломашонро мефурушанд, динашонро ба дунёяшон иваз мекунанд, гуфтаниам, ки ҳушёр бошед.
Дар сураи Оли Имрон омадааст, ки касоне оятҳои Қуръонро мефурушанд, онҳоро худованд ҷазои сахт медиҳад. Эй, муллоҳо битарсед аз рӯзи растохез ва аз оташи дузах.
Ин суханҳои ман ба Эмомалӣ Раҳмонов беномус дахл дорад. Ранги ин ягон президент ин хел беномус нест. Эй Раҳмонови беномус! Охир ту худат дар болои маҷлисгоҳ мебароӣ мардумро фиреб мекунӣ, ки ман наход барои бадбахтии миллатам кор кунам ë ки бар зарари миллатам кор кунам? Аммо охир ин чи рӯз аст ки моро ин қадар азоб медиҳӣ? Охир худат гуфтӣ, ки эй муаллимҳо ва муаллимаҳо аз талабаҳо пул нагиред.
Ҳозир боз аз нав безорамон карданро сар карданд: «барои пули ремонт ва боз барои пули куртаҳои мактабӣ. Охир ҳамон куртаҳо бо сифат бошад майлаш вале аз ҳама матоъи паст аст».
Меравему муаллимаҳро мепурсем, ки чаро ин хел мекунед, мегуянд, ки аз маориф супориш шудааст. Меравем маорифро мепурсем маориф мегуяд, ки «ай боло гуфтагиян».
Мактаби1, мактаби 2, мактаби 48, мактаби 9, мактаби 47, хулоса ҳамаи мактабҳоро маҷбур карда истодаанд, ки пули ремонт биëред, боз пули либос биёред. Охир, пас ту г…ҳи очаатро мехурӣ, ки мо мардум ремонт кунем. Бовар кун, мурдани ту барин президент беҳ, ки гапат дар зертобеат нагузарад.
Дид, ки духтарҳоямонро тавонист куртаи сафеду юбка пуш кунаду фигураҳояшонро намоён созад, фикр кард, ки «бест заношуну хоҳару апаҳошун фармон брорум юбка пушан, ки ино дига беномус шидиян мардуми тоҷик».
Хуб, ки дигар кормандони мақомот, милса, амният, прокурору суд аз ришвату порахурӣ дигар беному шудаанд, лоқал шумо-муллоҳо аз модару хоҳару завҷҳои мо ва худатон ҳимоят кунед, ки рӯзи қиёмат шуморо азоби сахту сангин интизор аст.
Бародар, хоҳиш мекунам дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин навиштаи маро чоп кунед.
Охир э, Раҳмонов «ту мардак ҳастӣ, ки дар гапут бестӣ, ту як номард будӣ ва номард мемонӣ, охи мо безор шидем, мо намехоҳем, ки ай чизой бе сифати шумо харем, охи мон либосфурушой бозори Қубодиëн бор овардиян, ки фурушан, вагарна он либосҳое, ки вайë харидиян овардиян бад вайëрам зарар бинанд? охи ту чихел президентӣ, ки аз ҷебакҳои мардумут пулҳояшонро мегирӣ? Марг ба ту Раҳмонови оқи падар!»
Хитоби ман ба мардум! Эй мардум бе номус нашавед ва як камтар ба номус шавед. Эй мардуми узбекҳо эй мардуми кулобиҳо, эй мардуми ғармиҳо, эй мардуми Суғд, камтар ба номус шавед. Охи и оқипадар ҳаматуна беномус кардай. Талабаҳо басиӣ намекунан, боз малимаҳора маҷбур дора, ки либоси мактабӣ пушанд, яне ки юбкаву куртаи сафед. Чандташа дидум, бахшиш мардуму неке мегуям то ҳатора таҳпушакошун метова. Эй мардум биëед инқилоб кунем, то ки ин ҳаромзодаро несту нобуд кунем. Бовар кунед, ин аз сабаби зиёд шудани ин гуна зулму истибод пирузӣ наздик шудааст.
Раҳмонови беномус истеъфо!
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман як узбекзабон ҳастам аз Қубодиëн! Номаи маро ба Раҳмонови беномус расон.
Эй Рустами герчик боз ту ба ҳамин ҳолу аҳволат президент шуданиӣ? Ягон кор аз дастат намеояд, ту чихел президент мешавӣ?