18-май аз замони ҳаводиси хунини Бадахшон се соли пурра сипарӣ мешавад. Дар ин рӯз, се соли пеш Неруҳои мусаллаҳи кишвар тазоҳуроти осоиштаи помириҳо, ақалиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ҳадафи тир қарор дода даҳҳо нафарро ба шаҳодат расониданд.
Расонаҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба ин ҳаводис то ба имрӯз суолоти зиёдеро матраҳ мекунанд, аммо ба иқрори Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони тиркушоӣ ва «безараргардонӣ»-и муътаризинро худи вай содир кард. Ва вай он замон гуфта буд, ки «илоҷи дигар набуд» ва «ман фармон додам бе зарар гардониданд»
Дар номае, ки аз Бадахшон ба дасти «Ислоҳ.нет» расидааст, модари як ҷавони шаҳидшуда ҳодисаро ба ин зайл шарҳу тафсир кардааст.
Нома аз Бадахшон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як зодаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳастам, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшон.
Бародари нотарсу далер Муҳаммадиқбол. Ман худам барои шумо бори аввал менависам. Ба шумо пайғоми як одами бузурги ғамзадаи чиғархунро мерасонам.
Ин одам як модари помирӣ аст ки фарзандашро дар рӯзи 18 майи соли 2022 куштанд.
Агар навиштаи ман хатоӣ дошта бошад, бахшиш, чунки ман худам намедонам чӣ нависам, аммо аз нақли ҳамон модари ҷигархуни бечора менависам.
Кор ин тавр буд. Моҳи апрели соли равон ба ватан рафтам, хабаргирии волидайн ва хешу табор.
Ман чор сол пеш аз хона баромада будам. Вақте рафтам ва бо чашмони худам дидам, гӯё, ки ман ба як концлагерь афтодам. Помири мо пеш ин хел набуд, ҳозир тамоман дигар. Дар Рушони зодгоҳам қариб буд, дилам кафад.
Гап кӯтоҳ, яке аз шаҳидони ҷавон, ки куштанд, ҳамсояи ман буд. Ман баъди ду рӯз пеши подару мадари ӯ хабаргирӣ рафтам. Нав аз дар, ки даромадам, модари ин ҷавонмарг маро диду чунон дод зад, ки ман худро гум кардам. Падари вай ҳам омаду гиряро сар кард.
Ман камтар онҳоро тасаллӣ дода ором кардам. Ман гуфтам холаҷон ва амакҷон ,ғам нахуред, ҳамааш ҷавоб медиҳанд, вале онҳо ба ман нигоҳ карда гуфтанд:
«Нее, мо умеди худро кардем, хозир ҳама ҷо номардиву ҷой аз номардон шудаст бачаҷон». Боз камтар суҳбат кардем, ки як ҳамсояи дигар даромад ва мо суҳбатро дигар тараф тоб додем.
Вақте ки ман рафтанӣ шудам, он модари бузург ба ман нигоҳ карда гуфт, писарҷонам, ту боз кай медароӣ, камтар гапҳо дорам бо ту.
Ман гуфтам холаҷон, ман инҷо бисёр намеистам, бисёр душвор ба ман, ман баъди ду ҳафта меравам.
Вай гуфт, ҳатман пеши ман даро, ман ба ту гапҳои бисёр дорам. Ман хуб гуфта рафтам.
Ман баъди зиёрати мазори шаҳидони мо ва корҳои худ боз пеши онҳо рафтам.
Даромадам, камтар сӯҳбат кардем. Баъд амак гуфт ман камтар кор дорам, ту бо холаат гап зан гуфта баромад. Баъд аз рафтани амакиам, дарҳои хона боз буданд. Хола ба тарафи ман назар карда, гуфт,писарчон рафтем даруни қушхона гап занем.
Даромадем дарун, вай болишт партофта гуфт бачаҷон бишин гап дароз.
Тарафи ман нигариста сар кард ба нақл. Чашмонашро тез -тез аз ашк тоза мекунад.
Гуфт: Бачаҷон, ман аз зиндагиям сер шудагӣ, бачаи ёши маро куштанд, мо вайро ҳамон сол зан доданӣ будем, лекин писарамро аз мо гирифтанд.
Болои ин ҳама, вайро хоини давлат эълон карданд.
Бачаҷон ту нав аз Россия омадаӣ, ку бигӯ ягон чиз, ман ба кӣ арзу шикоят кунам, пеши кӣ равам, ки ба додамон расанд. Ман ин хел наметавонам, ҳар рӯз бачаямро дар хоб мебинам.
Ман ба ӯ нигариста гуфтам, модарҷон, ҳозир ин кори номумкин аст, мардуми Помир ва оппозицияи Точикистон дар Аврупо аст. Онҳо ҳам ҳама ҷо муроҷиат карданд, лекин то ҳоло ягон чӣ бар ин номардҳо накарданд.
Вай гуфт, гапҳои маро бояд шунаванд тамоми ҷаҳон,ту бачаҷон гапҳои маро мерасонӣ, ҳама ҷо, намедонам чӣ хел, аммо мерасонӣ.
Тарафи ман нигоҳ карда гуфт якеашро пеши Анора Саркорова мерасонӣ.
Ман гуфтам, холаҷон, вай апаам Анора ҳама чиро навишт ва гуфт, аммо ман медонам пеши кӣ нависам.
Вай резко тарафи ман нигоҳ карда гуфт, кияй ҳамон одами бузург? Ман гуфтам як одам аст, номаш Муҳаммадиқбол, вай барнома дорад.
Баъд гуфт писар, ман мефаҳмам, ҳама телефонҳои моро гӯш мекунанд, моро ором намегузоранд, баъзе ҳамсояҳои нокас, ҳатто пеши мо намедороянд, ҳама ҷо хабаркашӣ шудааст.
Ҳамон соли 2022 16 май шаб бачаам наомад хона. Ман бисёр ташвиш кашида занг задам, вай гуфт модарчон ғам нахуред, ман ҳозир меоям. Аммо ҳамон шаб наомад. Саҳарӣ занг задам, гуфт ҳозир меоям. Баъд обеди даромад. Ману падараш вайро камтар даъво кардем. Вай гуфт, модарҷон, як бор рав бин, артиши калон дар он ҷо. Агар мо роҳро кушоем тамоми бародарони моро дар Хоруғ мекушанд. Ман гуфтам, агар шуморо инҷо кушанд чӣ? Вай гуфт бигзор аввал моро кушанд, баъд бародаронамро дар Хоруғ, мо ин хел инҳоро намемонем.
Бегоҳӣ вай омада гуфт, падар модар ман рафта меоям. Ваъда доданд, ки ба Хоруғ намераванд. Падараш ба вай нигариста гуфт, писар ту номуси манӣ, ба инҳо бовар накунед, лекин худатро эҳтиёт кун.
Маро ҳамон шаб хоб набурд. Телефон ҷавоб намедиҳад, саҳари барвақт сар шуд, садои тиру туфанг ва болоямон вертолёт сар кард паридан. Ман фаҳмидам бачаямро дигар намебинам.
Баъд аз ду соат сиёҳпушон сар карданд хона ба хона кофтан. Гуфтам ба шаҳр бирав ягон ҷо худро пинҳон кун.
Вай рафта худро пинҳон кард. Баъд аз ним соат сиёҳпушон даромаданд, ҳама чизро шикастанд, ҳақорат карданд. Ман духтарамро дар даруни ҷомадонҳо ҷой кардам.
Яке аз онҳо тарафи ман нигоҳ карда гуфт куҷо шуданд мардҳо. Ман гуфтам ҳама дар сентр. Вай гуфт ҳозир тамоми занону духтарони помириро таҷовуз мекунем.
Бачаҷон, то ҳоло ман ин сагҳоро дар пеши назар мебинам.
Баъд аз як рӯз фаҳмидем, писари моро ҳам куштаанд.
Ҷасади писарамро оварданд, ягон ҷои тоза набуд, 3 тир задагиянд, яке дар сараш дута танааш. Танааш ҳама ҷо сиёҳ буд. Пеш аз куштанаш, чунон онҳоро заданд, ки ҳайвонро ҳам ҳамин хел намезананд.
Писарҷон ҳамон одамҳо одами одӣ набуданд, онҳо мисли одамкушҳо буданд, рангу руйяшлн дигар хел буд. Маълум буд, ки ин одамҳо фақат барои куштани одам даркоранду тамом.
Тамоми бачаҳои ҷавонро дар кучаамон барвақт гирифта бо тарс додан аз оружия пеш-пеш карда бурданд. Баъзеашонро маҳкам карда, баъзеашонро куштанд худи ҳамон рӯз.
Хуни бачаи ман то ба қабристон бурдан рехт. Дар қабраш мемонанд ҷисми чоку пораи вайро.
Бачаҷон, ба ин куштори бачаҳои Рӯшон ҳамон рӯз, гунаҳкори номери 1 Лайло Чоршанбиева ва Фаррух Додихудоев ҳастанд. Боз чанд нафари дигар мисли Сабзалӣ Мамадисо ва….
Боз ҳамон вақт сардори милитсия номашро фаромуш кардам вай тоҷикзабон буд, бачаҳоро вай бештар куштааст. Баъд Раҳмонов вайро мукофот дод.
Ана ин ду кас ҷавобгари куштори ҳамон рӯзаи помириҳо ҳастанд.
Ана ин Лайло Чоршанбиева худаш чанд бор ҳамон вахт Душанбе занг зада гуфтааст, тезтар ягон кор кунед, моро заданд мактабро гирифтанд.
Ин саги ҳаром Фаррух Додихудоев ҳам занг зад. Лайло Чоршанбиева бояд фаҳмад, чи хел гунаҳкори ин кушторҳо шудааст.
Бачаҷон, баъд аз куштори ҳамон вақт, ҳамсояи моро бурда маҳкам карданд. Баъд аз ду рӯз вайро ҷавоб доданд. Лекин вай хона омада худро ба дор овехт. Баъдтар фахмидем, вайро дар отдел таҷовуз карданд, вай тоқат накарда худро кушт.
Бачаҷон магар ин дуруст аст? Худи ҳукумат мардро таҷовуз мекунад?.
Мо наметавонем садоро баланд кунем, мо дар даруни зиндон ҳастем. Лекин мо ин хел инро намемонем, мо ҳатман садои худро мебарорем.
Бо бачаҷон ҷашни Ваҳдати миллииро ҳам дар Помир гузарониданд. Тамоми мактабачаҳоро мебаранд ба маршировка, дарс намехонанд, ин чи бетарбиятӣ.
Мардуми Помир, асосан мо модарони ҷигарсухтаи Рӯшон, Хоруғ ва Шоҳдара, аз афту башараи ҳамон барзагов безорем.
Ин чи беадолатӣ аст ки болои захмҳоямон намакоб мепошанд. Ман ба тамоми бачаҳои ҷавони Помир муроҷиат мекунам. Мо дигар фарзандҳоямонро намебинем, лекин шумо метавонед, баҳои хуни онҳоро гиред. Қасоси фарзандони мо дар гардани шумост! Хуни онҳо қарзи ҳар яки Шумо аст. Агар даркор шавад мо ҳам ҳамроҳи шумо меистем. Мо бо шумо бовари дорем
Бачаҷон ҳозир дар инҷо бузу хабаркашу дуруя бисёр шудаст,
ба мисли Нобовар Чаноров, Савзалӣ Мамадисоев -як ҳароми нодон аст.
Лекин мегӯянд, ки наворҳое, ки дар соли 2022 мардумро парондагӣ ҳастанд дар дасти баъзеҳо одамҳо вуҷуд дорад, лек метарсанд. Вақту соат мебиёяд, нишон медиҳанд. Ана бачаҷон инҳо гапҳои ман буданд, бояд аз ин беадолатиҳо ҳама бифаҳманд.
Писарам ин гапҳои маро ба ҳамон бародари бузургам бирасон, то 18-майи хунин чоп шавад, бигзор тамоми олам бифаҳманд, мо модарони ҷигарсухта ором нашиштаем.
Ва пайғом ва сипоси ман ба помириҳои дар Москва бударо бирасон. Дар он вақтҳо моро нигоҳбин ва кӯмак карданд, раҳмати калон. Арвоҳи бачаи шаҳиди ман аз онҳо шод бошад.
Ва дар охир он модари бузурги ҷигарсухта маро сахт бусиду гуфт, писарҷон, наист инҷо, бирав пеши зану оилаат. Бори аввал буд, ки дар 3 сол камтар сабукӣ ҳис кардам. Дуди ғами диламро холӣ кардам ба ту. Намедонам, таваккал ба Худо, мерасанд гапҳои ман ба халқ ё не?
Ман дар охир ваъда додам, ки модарҷон ман ҳатман, гапҳои шуморо мерасонам ба ҳамон марди мубориз.
Модар гуфт агар гапхои маро ба вай расондӣ ,бигу ба вай, ки арвоҳи писарони шаҳиди мо аз вай розиянд. Ман дар ҳақи вай ҳамеша дуо мекунам.
Ман вақти хайру хуш кардан, гуфтум, мо модарҷон то Москва рафтан ягон кор карда наметавонам. Баъд, ки расидам, ҳатман ин гапҳоро ба вай менависам.
Вай маро сахт бусиду гиря кард, гуфт, саросема нашав, худатро эҳтиёт кун, дуои ман ҳамроҳи ту.
Бародар Муҳаммадиқбол, дар ин ҷо ман суханҳои он бузургмодари фарзандгумкардаро тамом мекунам.
Ба шумо муваффақият, сарбаландӣ ва бозгашти сарбаландона ба ватанро орзумандам.
Худо ҳофиз!!