Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №271

Ислоҳ нет

Муҳоҷири корӣ, он хоҳ дар Русия бошад, хоҳ дар Қазоқистон ва ё дар Аврупову Амрико ҳамеша осебпазир аст, кам дорад. То ҳамин чанд гоҳи пеш Амрико кишваре буд, ки барои муҳоҷирони корӣ аз ҳар лиҳоз ҳавасбиёӣ, ва мароқангезу дилкаш. Агар як тоҷик гринкорти Амрикоро бибурад, гуё барояш зиндагии хубу босаодате таъмин шудааст. Албатта, сабаб дорад. Сабаб ин аст, ки тамоми хубиҳову хушиҳо ватанамонро фақат як Оила соҳиб шудааст. Барои ҳамин миллионҳо ҷилои ватан мекунанд, чун дар ватан рӯйи хуш, ки чи нони ба роҳату серӣ надоранд. Аз ин ҷиҳат, бешубҳа Амрико мояи дилкашолиҳост.

Аммо дар ин авохир аз Амрикои демократӣ ҳам хабарҳои изтиробомез мерасад, ки шароиту вазъи муҳоҷирони тоҷик беш аз пеш дар инҷо бад шуда  истодааст. Танҳо роҳи наҷоти мо бозгашт ба ватан ва дарёфти ризқу рӯзӣ дар ватан ва аз қудрат барканор  кардани ин Оилаи ғарқа дар зарқу барқ аст, ки сабабгори ба чунин вазъу ҳол уфтодани мост.

Муаллифони номаҳо аз Амрико навиштаанд, ки вазъи муҳоҷирони корӣ аз Русия ҳам вахимтар шуда истодааст:

                                   Вошингтон

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Амрико ин паёмро мефиристаматон. Шукр, гашта истодаам. Аз он кори пештара дафъ шудам. Дар вишка кор мекардам, онҷо се сол будам. Дафъам карданд. Гуфтанд, ки англисӣ даркор аст. Маҷбур карданд, баромадам рафтам.

Ду ҳафта тракашро ҳам дидам. Тракаш ҳам нашуд. Чи хел бигӯям? Қарздор бошӣ, ягон вариант дар дунё таъсиру кора намекунад, ничего хорошого нежди.

Дар  як шабонарӯз чор соат, се соат хоб мекардам. Дар ҳамон трак ҳам, ки баромадум аз ҳамон се, чор соат хоб ҳам мондам, хобам парид. Аз ҳамон будагии хобам ҳам мондам. Мегуянд, ку, ношукрӣ, ки кардӣ маҳрум мешавӣ.

 Ҳозир камкам дар такси ҷунбида истодаам.

Ду ҳафта аст, ки аз хона набаромадам. Миргатсионний служба думбадум, як рӯз пас, як рӯз пас ғамамон доданд, бардоштанӣ буданд. Дарро барои як кас тақ-тақ мекунанд. Ҳамин, ки ҳуй мекунӣ, касе ҳуй кард ҳамаро мебардоранд мераванд, департатсия мекунанд. Вазъиятҳо ҳамин хелӣ безеб шудагӣ аст.

  Ду бор омаданду тақтақ карданд, ҳуй накарам. Лекин ҳамонҷо поида шиштанд, панҷ соат-шаш соат. Мо ҳам ягонҷо набаромадем, шиштем. Ҳамсояи поиниро гап задем, ки «бин, ку вазъият тинҷ бошад. Як ду, се бародарро гап задем, исуусура тамошо кардан, исуусура тамошо кардан, тинҷ шуд баромадему гурехтем. Ҳар кас ҳарҷо. Ина ҳамин ҳафтада бояд ҷо ёбам ягонҷо. Телефонро кушта дар мошин мепартоям, ба одамо ҷабр нашавад гуфта. Яке ягон бо телефон кофта биёянд набардоранд, ба инҳо ҳам зарарамон нарасад гуфта. Телефонро дар мошин мепартояму худум медром мерам. Ина ду ҳафта се ҳафтада нав сеюм шаб аст ки  дар умум  се бор хоб рафтам, дар ҳамон  хонаи бародарҳо. А так оснавном дар мошини майдада. Рӯзона кор, бегоҳӣ болиштаки майдаро мегирам да пушт мепартом устод, дар ҳамон мошин хоб. Як одеял харидагиам, хунук хурам онро мепушам саҳарӣ. А так кор сабрамон то кай то куҷо расидагӣ бошад сабр кунем. Лекин уже на сумуш даркор аст на паспорташ даркор на ватанаш. Худаш ҳам коса лабрез шудагӣ. Худо тавфиқамон диҳаду то сабрамон буд шуданаш ин қадар биистем  ку чи мешавад»?

 Сабр, ки тамом шуд билетро мегираму ҳуй мехурам, қамчин мезанам аспро гуфтаву шиштаам. Аз онҷо бачаҳо, майдаҳояшон сахт ёд кардаанд: дада биё, дада биё. Медонам, ки дар ватан вазнин аст, онҷо кор нест.

Охир, э, калахур! Худо несту нобудат кунад. Бо ҳафт пушт авлоди гушнааш санг шикаста аз гушнагӣ хурдагӣ аст. Ин ҳеҷ вақт серӣ надорад.

Мутаассифона ҳоло вазъи инҷо аз Русия ҳам бадтар шудагӣ аст.

  Ҳозир любой чиз сабабу баҳона шуда истодааст. Чи барои мисол? Меравӣ шаҳодатнома ё праваатро иваз мекунӣ, мисол барои парвози самолёт, ҳамин сабаб мешавад. Мераванд ҳамон адресе, ки худат додагиӣ, кофтуков карда, ҳамонҷо зиндагӣ мекунӣ, санҷидан меоянд аз ҳамонҷо мебардоранду мебарандат. Барои як кас меоянд, ҳамон як кас барои мисол праваашро иваз карда бошад, ё штраф дошта бошад ё ки, неоплаченний штраф доштагӣ бошад, дилхоҳ правонарушение, маълум аст, ки дар дунё ин хелин одам нест, чунки любой одам правонарушенний дорад -мелкий, авбошӣ мегӯянд чи мегӯянд, ҳамон сабаб мешавд, ё суроғаатро иваз мекунӣ, аз ин адрес ба дигар адрес, ҳамонро факт-баҳона мекунанд ва омада истодаанд ба сари муҳоҷирҳо.

Он нафари дар ҳамон адрес дар қайдбударо суроғ карда меоянд, чанд касе, ки дар он хона ҳаст, мебардоранду мебаранд. Саҳарӣ мебиёянд соатҳои  5то 7 боз шаб меоянд, шабошаб  меоянд, шаш нафар ҳафт-ҳашт нафар, ду мошинӣ, се мошинӣ мебиёянд. Дутояш аз қафо меистад, чтоби аз қафо, аз тиреза напарӣ, нагурезӣ гуфта  дутои дигараш дар боло меистанд- наблюденний, дутои дигараш дарро тақтақ мекунад. Агар ҳуй кардӣ, мурдӣ. Мебардоранд мебаранат.

Любой правонарушенияро сабаб карда истодаанд. Вагарна худашон ҳама разришенияро панҷсола додагианд худашон.

Гап дар ин аст ки ҳоло дар фикри резултатеанд, ки то соли нав чи қадар одамро депортатсия кунанд. Аммо ҷоруб вақте ки рӯфт фарқаш нест, дорӣ документ надорӣ, под горячей рукӣ ғалтидӣ, рафта истодаӣ. Навбатат омад, рафта истодаӣ.

                                 Филаделфия

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Дар ҳамин Филаделфияем. Чанд рӯз аст ки вазъиятамонро беҳад вазнин кардагианд. Дигар иёлатҳоро намедонам вале маълум, ки дар ҳамаҷо инҳоро задача додагианд: меоянд дарро тақтақ мекунанд, як касро кофта омада истодаанд, аммо ҳар гуна баҳона мекунанд, ягон штраф бошад штрафро баҳона мекунанд, ҳамин дарро, ки ҳуй кардӣ, фарқаш нест панҷ нафарӣ дар дарун, даҳ нафарӣ ҳамаи документҳоят ҳаст-нест, мегиранд мебаранд. Якҷо ҳаст  детейшин мегӯянд, ҳамонҷо, ки бурданат, дар онҷо ускоренний судат мекунанд ё иллалазӣ мешавӣ ё улалаллазӣ. Ҳамонҷо ҷавобат медиҳанд, ё ки ватанат роҳӣ -экстрадитсия мекунанд. Барои ҳамин ҳозир гурехта- гурехта кор карда истодаем. Намедонем, то кай ба ин минвол идома меёфта бошад. Худо инсофашон диҳад. Аммо ҳамин, ки қапиданд, роҳӣ мекунанд. Фарқаш нест, ки документ дорӣ, надорӣ.

Меравӣ аввал дар дарун чанд вақт менишинӣ:-се моҳ аст,шаш ё ҳашт моҳ. Баъд ускоренний судатро дар ҳамонҷо доир мекунанд, говсудат мекунанд, бо ягон факти тамоман ночиз, додгоҳро бурида натавонистӣ аз ҳамонҷо ватан роҳиат мекунанд. Ранги Русия, копия. Аз Русия бадтар шудагӣ гуем ҳам Амрико мешавад.

                                Тоҷикобод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқбол. Ман аз Тоҷикобод, аз набераҳои Фузайлмахсум, аз қишлоқи Полезак. Ман бори аввал ба шумо нома менависам. Ман намедонам кадом ҷинояту кадом бузии мардуми Тоҷикободро нависам. Замначалник Амрулло Мусоев аз қишлоқи Нушор аст. Вақте дар ҷамоати Ширинчашма участковий буд хеле мардуми сарҳадро ғам дода мегуфтааст, ки «и мардума бояд фалон кунам». Ҳозир бошад замначалникаш монданд. Як хеш дорад аз Полезак. Номаш мулло Раҳмон. Барои набераву чаберааш замин гирифтааст. Агар ин хеши Амрулло Мусоев ба нафаре ҷанг шаванд, Амрулло Мусоев мисли саг ҳозир мешавад. Ин Амрулло Мусоев дар вақте Меҳринча сардори шӯъба буд, як моялес буд. Хитоб ба Амрулло Мусоев. Дигар суиистифода аз мансаб накун. Ту як бузе беш нестӣ.

Дар чанд барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз рӯи Орифи раиси ҷамоати Ширинчашма шикоят шуд. Ростӣ, Ориф на зарараш ба ман расидааст на фоидааш. Як одами честний аст. Ба он дараҷаро номард нест. Одами қонун мебошад.

Баъд, як масъалаи дигар устод. Муаллимҳои ибтидоии мактаби рақами 4 ҷамоати Ширинчашма бояд аз сари нав курси такмили ихтисос гузаранд. Тамоман савод надоранд. Масалан Исмоилов Балаҷон талабаи синфи якумро як намуд шаллоқ мезанад, харро дар огород ин тавр намезананд.

Қаландаров Ибод як аловкунак-кочегари мактаб буд. Ҳоҷӣ Маҷиди қудояш ӯро сразу муаллими ибтидоӣ кард. Ба Маҳмадшоева Шарифамоҳ гап надорам.

Чор сол тарбияи ҷисмонӣ дарс додагӣ аст. Хулосаи гап маориф ва тандурустӣ бояд дар ҷойи аввал бошад, аммо дар ноҳияи мо ин тавр нест.

Устод, ман бори аввал аст ки навиштам, шояд пури хато бошад. Аммо ҳама гапҳоям ҳақиқатанд. Ман ба омӯзгорони мактаб бадӣ надорам. Лекин намехоҳам, ки насли нав бесавод бошад ва ба мисли мо дар ғарибиҳо саргардон нашавад.

Ин шо Аллоҳ дар навиштаҳои баъдӣ дар бораи дигар бузҳо менависам.

  Дар бораи Осими раиси қишлоқ менависам, ки чи хел пули халқро хурд.

                           Истаравшан

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар Истаравшан бояд бозорро аз дохили шаҳр кучонанд ва аз шаҳр берунтар ҷой диҳанд. Аҳолӣ бисёр ва талабот ҳам бисёр шудааст. Дар ин бозор мардум тиқатамба мешаванд, роҳ гаштан умуман намешавад. Бояд як терминали хуб  барои наклиёти мусофиркашӣ сохта шавад. Кучаю маҳаллаҳо аз мошинҳо пур аз тарбузаву харбузаву картошкаву пиёзу дигар чиз пур, ҳаракат карда намешавад. Наход ин ҳукумат ва ин раиси шаҳр ё дигар мақомот прокурор, амният, милиса, экология ин ҳолатро намебинанд? Тамоми халқ норозигӣ мекунад аз ин ҳукумат. Ҳама овора бо порахуриву сумҷамъкунӣ.
Бачаҳои истаравшанӣ, нависед нишон диҳед. Бо чашми худ аҳволи шаҳрро дида истодаед, движенияи мошинҳоро дида истодаед, аҳволи сентри шаҳрро дида истодаед.

  Аробаю скутер, опелу велик, пиёдагардҳо ҳама дар мобайни шаҳр, дар мобайни роҳ. Агар ҳамаи бозори Истаравшанро ҷамъ намоем, чени бозори Корвон мешавад.

  Вақтҳои пеш раисҳо меомаданд ба чойхона, маҳаллахона ва бо муйсафедҳо ва бо халқ суҳбат мекарданд, медиданд ҳамаро ва аз пайи ислоҳ мешуданд. Ҳоло касеро парво нест.  

                                     Хуросон

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як нафар муаллим, аз деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, мактаби рақами18. Бори аввал аст ки менависам. Ман пайваста наворҳои шуморо нигоҳ мекунам ва мебинам, ки вақтҳои охир шикоятҳо аз ноҳияи Хуросон зиёд шуда истодааст, айнан ҳамааш дуруст аст. Шикояти ман дар бораи мактаби рақами 18 аст. Ин мактаб мебоист дар ҷои худаш, ки зиёда аз 500 толибилм дошт, навсозӣ мешуд, аммо нашуд. Ин мактаб дар кучаи Ваҳдат дар поёни деҳаи Ғаллаобод ҷойгир мебошад. Онҷо ҷое аст,ки бояд барои аҳолии он тараф як мактаби нав месохтанд, яъне дуто мактаб мешуд. Чунки мактаби рақами 18 хурд буд, яъне пешинааш. Ҳоло аз ду деҳаи калон дар онҷо то синфи 4 мехонанд ва аз синфи 5 бошад ба кучаи поин, яъне Вахдат, ки дар онҷо сохтанд, аз синфи 5 то 11 таҳсил мекунанд, яъне ду корпус карданд, ки ин мактабҳо аз ҳамдигар 2 километр дур ҳастанд. Аммо ҳардуяш як мактаби рақами 18 аст. Ин мактаб то синфи 4 ҳоло ҳам дар бинои вайронаи пешина  аст ва ҳолати хуб надорад.

 Чанд бор заминҷунбӣ шуд, ки бар асари он деворҳои мактаб кафида буданд. Бо кумаки худи мардум он сурохиҳои деворҳо пурра таъмир шуда буд. Аммо бовар кунед вазъияташ хело бад аст. Чунки дар заминларзаҳои пешина деворҳои мактаб сурох шуда буданд. Маорифи ноҳия куҷоро нигаҳ мекарда бошад. Ин хел намешавад, ин мактабҳо бояд ҷудо карда шаванд. Чунки бисёр роҳи дур меафтад барои кудакон. Тартибот то рӯз бад шуда истодааст.

  Хитоб ба сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Хуросон. Пеш аз оне, ки он муаллимаҳои ҷавоне, ки дар мактабҳо ба кор мемонед, илтимос, як маротиба дониши онҳоро бисанҷед. Охир дар мактаб бесаводи зиёд ҷамъ шудааст.Чанд бор шуд муаллимиро бас мекунам ба Русия меравам. Аммо бовар кунед маро виҷдонам азоб медиҳад ва боз меоям барои халқам хидмат мекунам. Ин чи бесоҳибист, касе ба додамон намерасад.

Амният ҳама чиро мебинад, аммо чаро инҳоро нигоҳ намекарда бошад? Мо як гурӯҳ муаллимони ҷавони ин деҳа пайваста содиқона хизмат карда истодаем. Мехоҳам як чиро қайд кунам. Баъди навиштани шикоятҳо амният дигар дар кофтуков медарояд. Эй, амниятҳо ман ҳақиқатро мегуям содиқ бошед, содиқона хизмат кунед, то аз қафои мо шудан раведу раиси ноҳияро назорат кунед, мудири шӯъбаи маорифро назорат кунед, то ҳама содиқона кор куданд, охир обод кунед. Барои мо ҷавонони равшанфикр фарқ надорад дар сари ҳукумат кист. Муҳим адолат бошад.Чаро мактаби 18 дар ҷойи худаш сохта мешуд, аммо нашуд? Ҳамаи пулҳоро хурдед: амнияту прокуратураю маориф.

  Ин ҷо савол? Оё Президент аз ин ҳама хабар дошта бошад? Ман медонам, ки амният сахт гирифтааст, ҳамаро тафтиш мекунад. Як бор маҷбур шудам то як тилифони дигар хараму ба «Ислоҳ» нависам. Дар куҷо дигар шикоятамонро кунем, ки дастгоҳи Президент ин шикояти моро бинад. Мардумро тарсу кардед. Чи магар имконият медоштам рафта рост ба дастгоҳ намегуфтам, ҳатман мерафтам. Аммо амният фаҳмад, ки ту ягон чи шикоят кардании «ҷошда нестут мекнан». Мардуми Хуросон бисёр мардуми хуб вале тарсончак аст. То зураш наояд, намегуяд. Ман мебинам рӯз то рӯз тарафдорони «Ислоҳ» зиёд шуда истодааст. Чунки ин бохти худи Дастгоҳи Ҷаноб аст, ки шикоятҳои мардумро нодида мегираду назорат намекунад. Илтимос бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, ин шикояти маро нашр кунед, то аз дастгоҳи ҷаноб оянду назорат кунанд, чунки ҳамааш рост аст. Дар ду деҳаи калон 1 мактабе, ки ду бинодорад, ки аз ҳамдигар ҷудо аст.

Аҳолӣ руз то руз зиёд шуда истодааст. Тартиботи дохили мактаб мушкил мешавад. Он мактабро номашро иваз кунеду диҳед барои мардуми поён. Аммо мактаби рақами18 ро дар ҷояш навсозӣ кунед, охир. Ногуфта намонад мудири муҳтарами шӯъбаи маориф бас аст.

Акнун дар бораи он мегӯям, ки баъзе аз муаллимаҳо то саҳар дар дискотека ҳастанд, боз онҳоро директор мондӣ, бо кадом ақл? Як назорат баред, охир. Онҳо баъзеашон, ки бо дискоклубҳо рафту омад карда чи тавр кудаконро тарбия мекунанд? Манзури ман инки дар баъзе мактабҳо муаллимаҳои бероҳа шабҳо низ ба дискотека мераванд. Аз шумо хоҳиш карда мешавад назорат кунед. Нисфи муаллимаҳоят муҳтарам мудири шӯъбаи маориф диплом надоранд ва ғоибона дар курси якум ё дуюманд. Сардори шӯъбаи маорифи ноҳия Қурбонзода Исроил ва раиси ноҳия Суризода Носир раиси ноҳия Хуросон ном доранд.

 Шикояти дигарам ин аст ки дар деҳаамон пул сохтем, дар деҳаи Ғаллаобод. Ин пул бо пули худи мардум сохта шуд. Раиси маҳалла акаи Насриддин хидмат карда истодааст. Ин пул комилан бо пули муҳоҷирони ин маҳалла сохта шуд. Яктоашро сохтем, бояд дуто шавад. Ба дигараш зури мардумамон нарасид. Акаи Насриддин пешниҳод кард, ки биёед раиси ноҳияро даъват мекунем, то бинад, ки мо яктоашро сохтем шояд ба дигараш ягон ёрӣ диҳад.

   Бовар кунед инҷо ҳар сол сел меояд. Кудакони бечора наметавонанд ба мактаб раванд. Гарчанде, ки ман дар ин куча зиндагӣ намекунам, роҳи ман хуб аст, аммо дилам месузад охир ба сокинони инҷо. Ин чи беадолатист? Ин пул, чуноне гуфтам пура бо пули муҳоҷирон сохта шуд.

  Раиси нохияро дават мекунем гуфт Насриддин ака гуфт ки шикоят мекунемки ба дигараш ба мо аз тарафи хукумати нохия кумак кунед хама розӣ шуданд, чун ниёз доранд.

  Раиси ноҳияро даъват кардем, омад лентаро бурид. Дар телевизор ҳам нишон доданд, ҳама дид моро. Моро ҳамроҳи як чанд муаллимаҳою муаллимони ин деҳа онҷо бурданд. Мо онҷо будем. Акаи Насриддин ба мо гуфт, ки раис пурсад, ки чи хизмат «бген ҳамаш 100ай,ягон камбудӣ нест», гуфтем чихел? Акаи Насриддин аз қавли раис гуфт дуто лулаи калон, ки дар тарафи Янгиобод ҳаст медиҳад.

 Ҳамааш шуда ҳамин 2 лулаи калонро раиси ноҳия муҳтарам Суризода Носир ваъда дод, қабул кардем. Он лулаҳои калонро меорем гуфтему барои пули дигари истифода мекунем, кори моро осон мекард. Хуллас, раис омад пулро кушод дар телевизор нишон доданд. Ҳама дид, хурсанд. Баъд ман акаи Насриддинро пурсидам, ки «ака и чихел меша аку, раис агане барои чи мега ягон хизмат нест»? Акаи Насриддин гуфт «и ҳама раисо ҳамихел меган, вақте гуфт мегем ҳамаш 100 аст. Хай марам чи кор кунам, охир марам фарёд кадан, фаҳмондан, марам розӣ шидам. Хай ҳаму 2 лулара бтиян, кори мо осон меша» гуфт акаи Насриддин.

Бачаҳои кӯчаи 2-ро, ки ҳамаашон дар Русияанд, муҳоҷиранд акаи Насриддин группа кадааст. Ҳар рӯз зорю нола, ки пул ҷамъ кунем, то пули дигариро ҳам бисозем.  

Бачаҳо барои овардани лӯлаҳо ба Янгиобод рафтанд. Лулаҳои давлатӣ, ки аз  даврони шуравӣ мондаганд. Вақте бачаҳо ба сари лӯлаҳо омданад, он лӯлаҳо соҳиб пайдо карданд. Ҳоҷӣ Ҳофиз ном одма аз Янгиобод, ки дусти прокурори ноҳия будааст.

Бачаҳо бармегарданду меоянду мегӯянд, ки мо рафтему гуфтем ба сари лулаҳо омадем, раиси ноҳия моро иҷозат додааст. Ҳоҷӣ Ҳофиз гуфт «ино ай ман ҳар кадомш 3 ҳазор сомони метен, бад мегирен». Гуфтем Раис иҷозат дод. Гуфт «ма раиса фалон кадагиюм брен киҷоеда шикоят мекнед бкнен». Гуфтем «ака, кори хайрай, биё барем савоб мегирӣ. Гуфт пула бтен бад мебарен савобтона бгирен худтон, мада даркор нест савоб».

  Ин одам боз ба худаш ҳоҷӣ. Аз Аллоҳ наметарсӣ? Барои кори хайр, ки ба болояш чи қадар кудак ба мактаб мераванд?

  Хитоб ба муҳтарам Суризода Носир!  Вақте омадед ба ноҳия мо хело шод будем, таърифи шумо зиёд буд.

 Шояд ба воситаи «Ислоҳ» раис ин наворро бинад ва фаҳмад, ки он ваъдае, ки шумо додед канӣ? Канӣ лулаҳое, ки ваъда додед? Оё ҳамин раиси ноҳия медониста бошад, ки ҳоҷӣ Ҳофиз он лӯлаҳоро намонд биёранд. Муҳтарам раис! Овозаи Рустам беҳ аз Рустам гуфтаанд. Мутаассфиона ягон тартибот нест: -на дар соҳаи маорифи ин ноҳияву на дар тандурустӣ,иҷтимоӣ,маишӣ ва…

 Милисаву амнияти ноҳия, канӣ раванду гӯшҳои ҳоҷӣ Ҳофизро тоб диҳед, ки  моликияти давлатро соҳиб шидааст. Як бор равед бо раиси ноҳия гап занед, як обод кунед. Охир ин чи гап аст худаш?

 Дар он гурӯҳи вотсап,ки акаи Насриддин барои ободонии деҳа ташкил кардааст нестам, ҳузур надорам. Аммо суратҳоро ба як рафиқам, ки дар Русия якҷоя кор мекардем, равон кард. Гуфт «и беадолатира бин, чи хел кнем малимҷон, я наменависӣ Ислоҳда».Гуфтам менависаму буз зиёд шидааст. Гуфт:  «биё я тилфони нав мегирему менависем, да хона баҷош мекнӣ, ҳиҷка намефаҳма. Ай ҳама варианти зурш ҳамиай».

 Эй,амниятиҳо! Бори дигар мегуяматон, ки то омада моро тарс додан, бигиред як  тартиботи ноҳияро дуруст кунед.

  Бародар Муҳаммадиқбол! Ман бо ин рафиқам дар Русия доим шуморо нигоҳ мекардем. Он бечора, ки ҳеҷ куҷо хондагӣ нест. Ҳабдаҳ сол мешавад муҳоҷир аст. Пайваста ҳама наворҳои шуморо якҷоя тамошо мекардем. Ногуфта намонад, ки он пули дигариро ҳам ниҳоят мардуми бечора худашон сохта истодаанд. Охир, ин чи хел мешавад? Дар як давлати соҳибистиқлол наход ягон кумак аз тарафи ноҳия набошад? Ҷаноби Суризода Носир омадӣ? Мардум нағз пешвозат гирифт. Ту барин раисро виҷдонат азоб намедиҳад? О, дигар намеоӣ, бубинӣ, ки лулаҳои додаат, куҷост?

 Ту инҷо ҳамин як навбат раис мешавӣ, бори дигар намеоӣ. Биё, хабар гир, пурс, ки чи гапу чи кор аст?

Share This Article