Аз сафарҳои беҳудаву новақти Раҳмонов ба манотиқи кишвар ҳеҷ нафъу фоидае нест, балки зиёну зарар ба мардуми одӣ аст. Меравад лента мебурад, парда аз болои лавҳа мебардорад, тамом. Дигар касе суроғ намекунад, ки он иншооот чи шуд? Чунки дастури махсус будааст, ки он иншоот, ки Раҳмонов мекушояд, набояд панҷ сол дар борааш чизе гуфта шавад. Маълум, ки 100% фоиз медонад, ки инҷо ҳама кор дурӯғи маҳз ва худнамоишдиҳӣ ё ҳамон показуха аст. Аммо гап аз он меравад, ки сафарҳои Раҳмонов ба ин ё он ноҳия болои мардум як харҷи тамоман изофӣ ва сарборӣ меорад.
Номаи аввали мо дар ин нашри барнома аз Исфара аз ҳамин омад-омади Раҳмонов ва ташвишу сарсониву саргардонии исфарагиҳо ҳикоят мекунад.
Исфара
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри Сургут бароятон як маълумотро мефиристам. Тибқи маълумотҳо Эмомалӣ Раҳмонов, писари Майрами гӯрсӯхта ба шаҳри мо меомадааст. Барои ҳамин аз чандин вақт аст ки халқро ба ҷон овардаанд. Ҳар вақте Раҳмонов меояд ҷони халқ дар азоб мемонад.
Ин навишта аз группаи Найман, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара аст. Ному насаби нафарро зикр намекунам. Вале бубинед, ки барои омадани Раҳмонов мардуми ин деҳа бояд чи кор кунанд:
«Ассалому алейкум бародаро, ҳамаҳотон дурусту нағз ҳаетон? Як хизмат баромад. Амаки Раҳмонҷон пешамба омадан. Ман очи Зулайхоба гуфтам. Президент мебиён, деволатона нав кунед гуфтам. Ваё ман шароитам нест гуфсиян. Чи хел мекуним гуфтан? Ман гуфтам агар деволашона сал даринтарба гиран пишти симеғоч кати ароба гузарад, ягон 50 сантиметр дарунтарба гиран, дарозиш 23 метр будаст, мо худо хоҳад материалаша харида метим. Шумо устою ҳашарчиша ёвед гуфтам. Майлаш гуфтан ҳамунба бемалол бошад. Где то 9000 сомон материалашба даркор. Як амакамо 1500 сомон додан, 1214 сомон пули таъзияи писари муаллимам қати карам 2.714 сомон шуд, 6.286 сомони дигар даркор. 2.240 сомонба блок хардиам арматур, семент шағал, санг харидан. Худашон девола гардонан даркор. Бемалол бошад савобталабо ҳаркию ҳарчи партоетон куча васеъ мешад. Гуфтан то 50 сантиметр дарунба гиран, где то 15 метарш ҷои тангӣ. Хай йигитоба нависам, савобталабо ҳамавақт дастгирӣ мекунад. Ҳашарчиш а шумо гуфтам амаки Раҳмонҷонба, ин тарафаша мо карда метием. Худо хоҳад савоби калона мегиретон. Хайр ҳамотонба кушоиши кор. Худованд нигаҳбон.
Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад, муборизи роҳи ҳақ.
Ман як сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе( пешина Рӯдакӣ). Мехостам ба маълумоти Шумо ва «мутасаддиён»и ин ватану миллати бесоҳиб расонам. Вой доооод аз дасти ин дуздони қонунӣ! Вой дооод аз дасти милицияву духтурону, муаллимони беори фурухташуда! Дод аз дасти раисону раисчаҳои косалесу худхонда! Дод аз дасти шумо ба ном мутасаддиёни бе ақлу дузду авбошон!
Чанд рӯзе пеш дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияиҳо» дидам, ки як бародари азиз дарди дили маро, ки дер боз мехостам ба Шумо нависам, гуфт!
Аҳсан ба ӯ. Дар бораи қарзи Ватан!
Дар ҳақиқат ҳам рост мегӯяд, охир ин чи ҷабрест бар сари мо? Аз кадом қарзи шаҳрвандӣ ҳарф мезананд, мо намедонем.
Дар асл фарзанд аз рӯзи ба батни модар пайдо шуд, ҳаёташ сар мешавад. Ҳангоме, ки ҳоло рӯҳ ба бадани ӯ нодамидааст, падару модар дар балои ин «мутасаддиён» ё масъулон мемонад.
1. Ҳамшираи тибби маҳала, карта кушоӣ, ҳатмии пулакӣ.
2. Ҳармоҳа назорати духтур ҳатмии пулакӣ.
3. Таваллуд пулакӣ
4. Дармонгоҳ ва дармон пулакӣ.
5. Мактаб пулакӣ.
6. Донишгоҳ пулакӣ
7. Вазифа пулакӣ
Ва ҳамаи чиз вай, вай, вай, вай пулаки!
Охир аз кадом қарз ҳарф мезанед? Шахсан ман аз ягон нафари шумо,то ин сини 42 солагиям ягон бор, ягон чизе ё маблағе дарёб накардаам, ки фарзанд калон карда бошам ва ӯ аз шумо «ватандорон» қарздор бошад!
Расо 22 сол мешавад, ки ман муҳоҷири кориям, худам меҳнат кардам, зан гирифтам, хона кардам, фарзанд ба дунё овардам ва ба воя расонидам. Ҳамааш аз меҳнати ҳалоли дастони худам.
Боз барои чи фарзандони ман аз «ватани шумо» қарздор бошад? Замини хонаамро, ки аз шумо харидам, шумо ку ба ман бепул замин надодаед ва андозашро низ ҳарсола пардохт мекунам.
Фарзандони ман, ки дар мактабҳои шумо таҳсил мекунанд — охир ман ҳаққи таҳсилро пардохт кардаам! Ҳаққи барқ, об, партов, роҳу заминро низ медиҳам. Пас чаро ва аз куҷо ин ҳама қарзро ба номи фарзандони ман сабт кардаед?!
Ин ҳама ноне, ки аз ману мардуми бечора дуздида, ба даҳони фарзандони худатон мегузоред, дер ё зуд ба дарди сари шумо ва ба фалокати ҳамин ҷомеа табдил меёбад. Наход нафаҳмед?!
Охир, ба ғайр аз ин дунё, дунёи дигаре ҳам ҳаст! Вақте гӯри инсон месӯзад ва дӯзах ҷӯш мезанад, дигар на мол мемонад, на мансаб! Аммо зоҳиран шумо ба ҳеҷ азоби қабру зиндашавӣ ва ҳисобу китоб бовар надоред, агар медоштед, ҳеҷ гоҳ чунин амалҳоро намекардед.
Аз ҳамин сабаб мегӯям, ки шумо ба гуфти худи пешво:
«Инҳо мардумони гумроҳанд, ки ҷуз ин дунё чизеро намешиносанд. Хӯрдани дуздидаву ғоратшуда ягона маънии зиндагии онҳост ва албатта, бо ҷанобашон дар як саф.»
Рӯзи маҳшар ҳаст! Пешгоҳи Парвардигор ҳаст! Чи тавр ҷавоб мегӯед? Охир дар ин порахурӣ, агар танҳо худатон дар назди Худо ҷавобгӯй мебудед, ман бо боварии комил мегӯям, ки ман ҳарфе намезадам. Охир лаъинҳои бешараф, о ман ҳам он рӯзи растохез аз ин порахурии шумо пурсида мешавам! Чун пора додам.
Вой бар шумо! Ҳайфи номи мусалмонии шумо!
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дигар тоқатам тоқ шуд. Ростӣ, ман хело вақт буд мехостам дар бораи ин ҳаромхуриҳо ба Шумо нависам ва ҳар бор ба худ иҷоза намедодам, чун бисёре аз ин харкаллаҳо ҳамдеҳаву ҳамнишин бо ман ҳастанд ва фикр мекардам, ки рӯзе хуб мешаванд. Аммо афсӯс, ки на хуб балки хук шуда рафта истодаанд.
Сухан дар бораи деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе меравад.
Соли 1995 аз Хатлон кӯчида авал ба худи ноҳияи Ленини пешин ва ҳоло бошад Рӯдакӣ омадем. Баъд аз чанде боз кӯчида ба ҳамин деҳаи Чимтеппа муқимӣ шудем. Он вақтҳо давраҳои ҷангу ваҳшатзадагӣ ва гуруснагӣ буд, аммо то ин дараҷаи ҳозир мо тарсу ваҳму танқисӣ надоштем. Барқ доимӣ ва дар мактабҳо инқадар зулм набуд. Чун роҳбарони ноҳия ва маҳалла инсонҳои бо нангу номус буданд ва медонистем, ки касе дар пуштибонии мо қад алам дорад. Чун дар он вақт як раиси ноҳия буду як раиси ҷамоат ва як раиси маҳалла. Раиси ноҳия Хол Машрабов буду раиси ҷамоат як зан буд ва раиси маҳалларо дар хотир надорам, чун хурд будам ва фаҳмам намегирифт. Ҳоло бошад намедонӣ, ки кадомаш раис асту ки муовини аввал ва дуюм ва панҷуми ин раисони бесаводу бе фарҳангу бе виҷдон ҳастанд.
Як раиси маҳалла 5 муовин дорад:
1. Буз оид ба облава
2. Гуз оид ба корҳои ободонӣ
3. Дузд оид ба маргу мир
4. Ғоз 5.Зоғу каргасу маймуну деву дунгу девона!
Охир ин ҳама барои чи лозиманд?
Масалан дар деҳаи мо 1раиси маҳалла аст исмаш Музаффар, насабашро намедонам, лақабаш калбача, аммо мӯй дорад.
Муовинонашро на ҳамаашро мешиносам, вале як муовинаш Музаффар Табаров, ин дар ҳақиқат кал аст. Бениҳоят инсони зишт порахур ва дайду мебошад. Ин кали хонасухтаро модараш муаллима Табарова. С, ҳоло ҳоҷибибӣ, лекин бениҳоят зани порахури фосиқа аст. Аз рӯи порахурияш чун дар боло гуфтем, фарзандаш ҳам ҳамчунин ҳаромхур шудагӣ ва дар ҳоли ҳозир дарди сари ҷомеа шудааст. Ин кал чанде пеш бузи аблава буд. Аз онҷо ба чи гуноҳе дафъаш карданд, ҳоло бошад идораи партоб кашонии маҳалларо ба дӯш гирифта мардумро ба дод овардааст. Ин кал худаш муовини раиси маҳалла аст ва боз ба худаш муовин дорад. Тавба ! Муовинаш як зан бо номи Барно. Ин зан пулҷамъкун барои партоби деҳа мебошад. Вақте дари хона биёяд мебинӣ, мегуӣ чизе дорам бароварда диҳам, аммо вақте корат меафтад, баъд ҳақиқаташро мебинӣ. Масалан маълумотнома барои ҷои истиқомат лозим шаваду ба наздашон равӣ, аввал китобашро кушода нигоҳ мекунад, ки аз пули партов қарздор ҳастӣ ё не. Мабодое қарздор бошӣ каппаат дуд мекунад. Ҳамчунон муомила сар мешавад, ки гӯё фарзандонаш аз рӯи ту ба саҳро монда бошанд. Хуллас, то қарзро насупорӣ, ягон маълумотнома нест.
Охир майлаш агар қарздор бошам бигзор талаб кунад, лекин аз ҳаво қарздорат мебароранд. Масалан бояд имсол писари хурдиямро, ки бояд синфи 1 равад ва барои ин ҳатман корамон ба ин бешарафон афтод, ба мо айнан маълумотнома барои истиқомат лозим шуд, азбаски ман дар муҳоҷират қарор дорам оилаамро ба назди ин зан равон кардам. Намедонам аз куҷо боз 6 моҳа пули партов насупоридаед гуфта маълумотнома надодааст. Ман пурсидам, ки чихел охир мо ку ҳамеша сари вақт пардохт мекардем. Оилаам мегӯяд, бале ҳама расидҳоро дорем, аммо онҳо 6 моҳа пеш аз оне, ки корашонро шуруъ кардааст, моро қарздор баровардаанд. Мисол корашонро дар моҳи июни 2024 сар кардаанд, лекин талаби пардохт аз моҳи январи 2024 доранд. Моҳона 25 сомонӣ сари ҳар як хона. Ва сад ҳилаву найрангҳое, ки ин раисону ҷазирон доранд дар номаҳои баъди ифшо менамоям Ин ша Аллоҳ.
Ҳоло мехоҳам дар бораи директори мактаб гӯям.
Ному насабаш Ғаюрзода Ҷӯрабек Муҳаммадулло-соли таваллудаш 1988.
Зода ва истиқоматкунандаи ҳамин деҳаи Чимтеппа, бениҳоят инсони ҳаромхуру пур аз кибру ғуруру фасод. Ман бо ин шахс як бор ҳамсӯҳбат шудам, он вақт нав ба кор шурӯъ намуда буд ва ба ман маълум шуд ки будан ва дар оянда чиро интизор бояд шавем.
Ҳоло ҳамааш тасдиқ шуда истодааст. Масалан дар мактаби мо на кам аз се ҳазор талаба дар ду баст таҳсил мекунанд, ва аз саршавии мактаб сар мешавад:
1.Пули шикасту рехти мактаб, сари ҳар талаба 25сомонӣ;
2. Пули муҳофиз ҳармоҳа 5 сомонӣ;
3. Пули бур 3-5сомонӣ;
4. Пули парда 10-15сомонт;
5. Пули асбоби гармидиҳанда 10-20 сомонӣ;
6. Пули обуна 5-10 сомонӣ;
7. Пули китоб то 35-75 сомонӣ;
8. Пули газета 5сомонӣ;
9. Пули китобча 5сомонӣ.
Ва боз дар давоми таҳсил чанд пули вай, вай, вай, вайи дигар ва дар охири таҳсил боз пули таъмири мактаб 25сомонӣ ва сари ҳар як имтиҳон 20 сомонӣ.
Ва агар талаба хатмкунанда бошад боз 60-80 сомонӣ барои атестат. Ҳоло бинед, ки барои як талаба дар як соли таҳсил чиқадар сум ҷамъ мекунад ва тасаввур кунед ,ки аз се ҳазор талаба чиқадар ғорати рӯи рост ба амал меояд.
Шахсан ман то имсол 6 хонанда доштам, акнун ҳафтумаш синфи 1 меравад. Охир эй аблаҳи Ғаюрзода ин чи беинсофист? Мо мардуми муҳоҷир безор шудем аз ғорати шумо аблаҳон. Мо ҳам мехоҳем дар назди фарзандонамон бошем. На кор таъмин мекунед, на шароит муҳайё мекунед, коратон зулм аст.
Боз болои ин ҳама пули аз талабаҳо ҷамъкардааш ин касиф боз болои падарони ин талабаҳо ба ҳар наслҳои (поколения) деҳа, ки аллакай мактабро 20-25 сол пеш хатм кардаанд, боз боҷ ворид кардааст. Мегуяд ( бачаҳо ҷой намерасад бояд пул ҷамъ карда синфхона созем) ва боз ҳар кас то 3-4 ҳазор рубл русӣ пардохт мекунанд.
Медонам, ки мардуми мо мардуми ободкор ва хайрхоҳанд. Ҳарчи гуӣ барои охираташон мекунанд. Лекин охир аз ҳамин пули шикасту рехт ва ободонию таъмир сохтан гир.
Бародар Муҳаммадиқбол як бор ҳисоб кунед ба ҳисоби миёна аз се ҳазор талаба чиқадар пул ҷамъоварӣ шудааст? Айни ҳамин рафторҳоро директори пешина ёдам рафт, номаш чӣ буд, лекин карда буд, яъне пул ҷамъовари кард, бо ин баҳона, ки дар даруни мактаб боз синфхона месозем. Аммо пул ғайб заду синфхонаҳоро фарзандони раҳмати Хол Машраб сохтанд. Ба як қавле фарзанди калонияш ҳоҷи Хуршед, ба қавли дигар фарзанди хурдияш ҳоҷӣ Нуршед. Акнун Ғаюрзода низ мехоҳад айни ҳиларо ба кор барад. Ман ба Нуршед гуфтаниям, ки вақте ин саг ба ӯҳда гирифта маблағ ҷамъ кардааст, бигзор худаш созад, дигар фиреби ин касифонро нахурад, чун аллакай гапаш баромад, ки гуфтааст:-«хай бойҳои деҳа накунанд, маҷбурем худмон созем».
Аҷибаш инаст ки ҳамин директор боз хусурбачаи ҳамон кали Музаффар Табаров аст. Дар гузашта хусури ҳамин Музаффар Табаров раиси маҳалла буд ва дар вақти сохтумони масҷид бисёр шурӣ- мурӣ кардагӣ. Ҳоло аз дигар ҷонибҳо намегӯям, шояд ба ҳамин ислоҳ шаванд, агар не баъдан тамоми сиру асрори шуморо фош мекунам. Дар бораи падарат (Маҳмадулло), ки ҳоҷӣ ҳаст ва бо ҳамроҳии амакат (ЗИҚ) бо зани Б, ки ҳамсинф ва ҳамсояи амакат (Зиқ) мебошад чи муносибатҳо ва амалҳо анҷом доданд ва дода истодаанд. Дар бораи ғоратҳои бобоят (раиси девонаҳо) ва тамоми муаллиму муаллимаву раису раисчаву мурдахуронатон менависам бо хости Аллоҳ.
Ва мехоҳам ин номаамро бо як шеър хотима диҳам:
Ин зиллату зилзила ба мардуми авом шуд,
Ин хар ба шар омаду муфти макарон шуд.
Ман муздуру нодору фақир дар ба дар аммо,
Ин сабри зиёди ману ту бори гарон шуд.
Ин бепадарон таъна бисозанд ба сари мо,
То кай ману ту сабр кунем сабр зиён шуд.
Мо хоставу нохоста ману ту ҳабашием,
Чун хостаи онҳост ҳама ин гуфта раво шуд.
Эй миллати бечораву сарсон зи пайи нон,
Мову ту биёем ба ҳам, сабр тамом шуд!!!
Ин чингизу манқурту хабисон ҳама олӣ,
Ин мардуми оқилу авом бо дигарон шуд.
Эй Зид паноҳи ватану миллати ман бош,
Чун иффати занҳои мусалмон хазон шуд.
Бебарқиву ҳам сарди ба мо бори зиён шуд !
Бар мардуми мискину фақир бори гарон шуд!
Фирдавсӣ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу «Ислоҳ»-и азиз!
Ман як шахси рузгордидаам, ки дар муҳоҷират қарор дорам. Илтимос, номаи маро, сухани аз умқи дил баромадаро ба гуши мардум расонед. Ман солҳо дар ҷамоати Роҳатӣ кор мекардам вале аз зулму ситами ин ҳаромхурҳо муҳоҷир шудам.
Солҳои пеш Роҳатӣ ин қадар чоплусу лаганбардор надошт. Ҳама мардбачаву марди сухан буданд, аммо афсус. Отдели Теппаи самарқандӣ бо раиси ҷамоат, маҳалҳо, ва военкомат якҷо шуда мардумро ба дод овардаанд, бовар мекунед дарди мардумро ба ки гуям, танҳо шумоед дарду мушкилии мардумро ироа мекунед. Раиси пешини ҷамоати мо Шодӣ гуфтанӣ як касофат буд ҷамоатро шахсӣ карда буд. Дар шуриши ҳоҷӣ Ҳалим бурданаш чи кореаш карданд дар амният ҳамонҷо мурд. Миллионер буд. Тамоми ҷои холии ҷамоатро фурухтагӣ аст. Вай боз се -чор подхалим дошт Азизи кал аз Роҳатии худамон, Султон, ҳозир раиси деҳаи Навобод, Неъмати мундуқ, раиси деҳаи Нилкон. Саид муовинаш аз деҳаи Шейхон, боз чандин ҳаромхӯрҳои дигар.
То мурдани вай Роҳатиро мафия идора мекард ва то ҳозира ҳамин минвол аст. Вай мурд, боз чанд раис иваз шуд. Ҳабиби дузд чанд сол раиси кард, хело ҷойҳоро фурухт. Боз ҳозир як каси дигар нав шудааст. Хуллас, вай мардумро ба дод овардаанд.
Сар мекунем аз военкомат. Шоҳини бачаи Миркамол падараш дар идораи ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунад.
Ин Шоҳин тамоми ҷавонҳоро ба дод овардааст. Бо раисони маҳаллаҳо ҳамкорӣ дорад, фақат бизнес.
Раиси деҳаи Навобод Султони ҳаромхӯр аст. Дар вақти Шодӣ пушти вайро мелесид, то ҳозира ҳамин хел аст. Дар вақти Шодӣ ба мардум замини наздиҳавлигӣ тақсим мекарданд. Ин группировка ба номи набераҳои гаҳвораашон замин гирифта фурухтагианд. Валлоҳ қасам шоҳид ман будам.
Ана ҳамин Султон ба дараҷае дуруя аст, тамоми ҷавони қишлоқашро мефурушад, мардумаш ҳама камбағаланд. Баъд Шоҳинро мешавад оварда дар фалон повестка деҳ. Ин Шоҳини военкомат бо таҳдиди «отдел» медиҳад.
Падару модарони он ҷавони бечора ба назди Султон омада мегӯянд: «Раисҷон ҳал ку, баъд ин дуруя мега гап нест ва бо Шоҳин договорится када сум кор мекунанд, мебиёя у камбағалора мега ҳал кадум, кадом ҳамсояҳотон фурхтагияй». Оҳ, ин дуруя. Вақтҳои пеш як усто буд, баъд кунлеси раиси Шодӣ шуд ва дар ҷамоат ба кор даромад, бе диплом. Онҷо як котиба кор мекард, хоҳари Саид мегуянаш. Мо бо вай дуст ҳастем гирифт, кудакдор шуд. Замин фурухта ба он зан хона кард. Он зан баъд,дар даруни хонаи ин сохтагӣ шӯ карду инро иди на.. кард. Номи он зан Зумрад аст. Таърихи ин заминдузд ҳамин аст.
Ҳамаамон дар ҷамоат кор мекардем, вале бо сардории Шодӣ ноҳия ба ноҳия бо Камазҳо себу нок бизнес мекадем.
Азизи кал, ки ӯро ҳама мешиносад, муовини Шодӣ буд. Вай хеле заминҳоро фурухт, ҳозир бошад бомж шудааст. Як бор амният ҳамин группировкаро тафтиш кунад, ба ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб диҳанд, охир. Ҳама чиз саволу ҷавоб дорад ку! Дар ҷамоати мо чанд деҳаи сумдорҳо ҳаст: Нилкон, Охчагман, Роҳатӣ, наркобизнесҳои бақувват дорад. Ана ҳамин раисони маҳаллаҳо ба ҷон овардагиашон. Онҳоро дар роҳ бинанд, мегӯянд барои ободии деҳа то даҳ ҳазор сомониашонро мегиранд, хусусан Немати мундуқ, раиси Нилкон ва Нурмаҳмади золими раиси Роҳатӣ, ки шумо чад вақт пеш наворошаш карда будед. Агар ин ҳаромҳоро муқобилашон гап занӣ, пагоҳаш бинанд, мегӯянд амният пурсида истодааст, боз сум мекананд бо тарсондан. Ҳатто наркобизнесҳо аз дасти инҳо рӯз надоранд.
Даже милисаҳо барои дар отдели Роҳатӣ кор кардан очеред меистанд, барои онки ба наркобизнесҳо доля бандему хурда гардем. Намедонам ин чи бесоҳибист дар ҷамоати мо. Афсус, сад афсус.
Аз шумо хоҳиш инки ҳамин навиштаи маро чап кунед. Ин аз қалби ман нест, ин суханҳо ин аз дарди дили мардуми азизи ман аст.
Эй, мақомоти Тоҷикистон, якбор ҳамин одамони ман гуфтагиро тафтиш кунед, илтимос. Раисони маҳаллаҳо вақти ҷавонии мо ба як азоб зиндагӣ мекарданд. Аммо раисони маҳаллаҳо имрӯзҳо бо Лексусу Прадо мегарданд, ин чи гап аст?