Ифшои ғоратгариҳо ва бе қонуният дар Исфара ва Чоркуҳ

Ислоҳ нет

(бахши чорум)

 Заминфурӯшӣ дар Исфара аз давраи Гулафзо Савриддинова, раиси пешини ин шаҳр,ки солҳои (1988–1996) тақрибан ҳашт сол нишаста буд, ки Оя лақаб дошт, шурӯъ шудааст. Бо имзои ҳамин раиса бори нахуст заминҳои Исфара ба Қирғизистон фурӯхта шуд. Он заминҳое, ки имрӯз барояшон дар сарҳади Ворух, Хоҷаи Аъло, Чоркӯҳ ва Лакону Боғистон низоъу хунрезиҳо мешавад, сабаби асосиаш ҳамин Оя мебошад. Агар ин Оя худро ҳамчун як модари исфарагӣ  меҳисобид ҳаргиз ин корҳоро намекард. То имрӯз дар ин  марзҳо ҳамарӯза барои замин ҷанг намешуд. Маълум аст ки  Гулафзо як худаш инкорро карда наметавонист ва бо супориши боло ин корро кард. Лекин он вақт вай  намояндаи мардуми Исфара буд ва аз номи мардуми Исфара баромад карда  розигӣ дод  ва имзои   худро гузошт.

“Он рӯз ин Оя барои мансаб ва нафси шахсиаш заминҳоро дод вале халқи Исфара ҳоло дар озобу азият аст ва маълум ҳам нест, ки давомаш чи хоҳад шуд? Аммо вай дар ивази ин имзояш барои ояндаи фарзандонаш дар тамоми кунҷи  Исфара ғайриқонунӣ заминҳои боғ ва замини назди ҳавлиги бисёреро аз худкарда ва то ҳозир  фурӯхта майишат карда гаштааст.”

Мо,мутмаинем, ки бо фурӯ рехтани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки қариб мондааст, заминфурӯшоне мисли Гулафзо Савриддинова ба сазои аъмолашон хоҳанд расид.

Дар навиштаҳои қаблӣ мардуми Исфара дар бораи  ҳоҷӣ Абдурасул  ва заминфурӯшиҳои ӯ гуфта буданд. Ман шуморо саддарсад итминон медиҳам, ки он навиштаҳо комилан дуруст ва саҳеҳ буданд.

“Ҳоҷӣ Абдурасул бо командааш  тамоми  корхонаҳои давраи  шӯравии Исфараро фурӯхта талаву  тороҷ  карданд. Ҳоло бошад ин  корхонаҳоро  ба  замини  назди  ҳавлигӣ  табдил дода ғайриқонунӣ  фурӯхта  истодаанд.”

Дар Исфара як заводи истеҳсоли гаҷ фаъолият мекард, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи миёна ягона буд. Ин корхона Осиёи миёнаро бо гаҷи барои тиб ва табобат зарурӣ таъмин мекард. Корхонаро ибтидо Абдурасул пурра талаву  тороҷ  кард. Аммо як каме дертар заминҳои онро ҳамчун  участкаи назди  ҳавлигӣ тақсим  карда  фурӯхт. Масоҳати   замини  ин собиқ  корхона  зиёда  аз  5 га  буд. Ҳар сотихи онро аз 2000  то  4000  доллар фурӯхт. Агарчанд ин заминҳоро мардум харидааст вале ягонтои он ҳуҷҷати расмӣ надорад. Агар  ҳуҷҷат ҳам  дошта  бошанд    қалбакианд. Ҳайратовар боз ин аст ки масъулони  МБТ-и Исфара  омада  барои  онҳо  нақшаи  роҳ  ва  хонаҳоро  кашида  дода истодаанд. Гӯё, ки  ин ҳама заминҳо қонунӣ фурӯхта шудааст. Дар ҳоле, ки гуфтем ягонтои ин заминҳо сертификат ва қарори раиси шаҳр надорад. Мақсад фақат  мардумро  фиреб  дода  пул кор  кардан асту халос.

Ба назари мо худи  мардуми  Исфара ҳам  айбдоранд. Чунки  заминро дидаву дониста  ғайриқонунӣ  харида истодаанд. Дигараш ҳам ин аст ки дар маҳалли корхонаҳое мисли корхонаи гаҷбарорӣ мумкин нест, ки хонаи истиқоматӣ сохт. Чун аз рӯи қоидаҳои тиббӣ ба саломат ва ҳаёти инсонҳо хавфнок аст. Дар чунин ҷойҳо ҳадди ақал баъди сад сол ва он ҳам баъди ташхиси хоки он, ки агар радиатсия надошта бошад имкон дорад чизе дигар сохт. Дар ҳамин ҳолат ҳам набояд барои зиндагӣ замин доду дар онҷо хона андохт. Аз тарафи дигар як корхонае, ки маҳсулоти он имрӯз ҳам зарурӣ ва бозоргир аст чаро бояд хароб карда шавад ва ҷойи кори садҳо нафар аз байн бурда шавад. Мутаассифона дар ин кор ҳоҷӣ Абдурасулро баъзе аз муллоҳои беинсоф ёрӣ медиҳанд. Онҳо тавсия дода истодаанд, ки сохтмони манзил дар инҷо зараровар нест. Ҳоҷӣ Абдурасул ва командааш аз мақому нақши ин гуна муллоҳои беинсоф истифода мекунанд, чун медонанд, ки мардум ба муллоҳо эътимод доранд.

“Дар дасти  “Ислоҳ” маълумоти дақиқе мавҷуд аст,ки Абдурасул чӣ гӯна тавассути  як Эшоне аз водии Ҳисор,ки муриди ӯ аст бо мақомоти болоии кишвар ошноӣ пайдо карда аст. Тибқи маълумоти ба “Ислоҳ” расида Абдуррасул ҳама вақт аз ин маблағҳое ба даст меоварад ба он пираш медодааст. Ин пули ғадр ва ҳаромро чӣ гӯна он Эшон бобо мегирад ва масраф мекунад, инаш бар мегардад ба ӯ. Дар ҳолати даст набардоштани Абдурасул аз ин амалҳо “Ислоҳ” ин ҳамаро ошкор менамояд. Эшон боббо мо огоҳ кардем ва вақте ошкор намудем номи шуморо гила накунед!”

Ман номамро иваз мекунам, ки агар бештари муллоҳо аз худи муфтӣ сар карда то имом хатибҳо дар Тоҷикистон  ҳамкор ва хабаркаши мақомот набошанд. Онҳо чени як корманди қатории амният аз Худо наметарсанд. Барои  1000  сомонӣ маош шуда ба ҳамин гуна корҳои паст даст мезананд, халқи худро фиреб медиҳанд. Шукри Худо панҷ вақт намозам тарк нест, муллоро бад намебинам. Вале ин гуна найрангбозҳо аз номи ислом ва бо номи мулло кори зиддимардумиро доранд анҷом медиҳанд. Инаш аламовар аст.

“Ҳоҷӣ Абдурасул дар паҳлуи роҳи оҳан як  автозаправка сохта истодааст. Агарчанде тамоми мақомот аз ин бохабранд, ки сохтмони ин нуқтаи фурӯши маводди сӯхт ғайриқонунӣ аст чизе намегӯянд, чунки “доля” ашонро гирифтагӣ ҳастанд. Ҳозир мардум бархе аз қориву  муллоҳоро   миёнарав  карда  ҳуҷҷатҳои  заминро  талаб  карда   истодаанд.”

Пеш аз интихобот мардумро фиреб дода буданд, ки Раҳмонов президент мешавад ва як амнистия барои заминҳо эълон мекунад ва ҳама заминҳоро ҳуҷҷат мекунанд. Баъзеҳо ба миёнаравҳо ҳам бовар накарда рост  пеши  Абдурасул  рафтанд.

“Ин Абдурасули найрангбоз  ба  мардум   гуфтааст, ки   ҳаршабу  рӯз  мардуми  Исфара  аз  болои  ман  навиштан  гиранд ҳам  мақомотҳо   маро ягон кор    кардан  наметавонанд.  Барои  онки  аввалаш  ман  худам  танҳо  нестам  дуюмаш  ҳамаи   ин  пули   заминҳои  фурӯхтагии  ман “давно”  дар суратҳисоби  бонкҳои  хориҷаи  домоду  духтари  президент гузаштааст.”

Агар  дар ҳақиқат  ман  як  худам   мебудам   ҳамон рӯзе,  ки ин гапҳо  расонаӣ  шуд,   маро  маҳкам  мекарданд. Лекин  ман  дар озодиам ку. Барои  ҳамин  бехавотирӣ   рафта  дар   заминҳои  наздиҳавлигии   харидаатон  хона сохта  зиндагӣ карда  гардед. Ҳоҷӣ Абдурасул ва бародараш Абдуваққос дар ҳақиқат як дастаи ба ном варзишкорони ришдор доранд. Кори ин акаву додар дар асл бизнеси наркотика мебошад. Ва кори дуввумашон фурӯши замин аст.

Абдуваққос  пеш  аз омадани коронавирус  қариб, ки  ҳар  моҳ  ба  Русия  мерафт, гуё,ки  дамгирӣ. Дар  асл  барои  пулҳои  наркотикашон  мерафт. Ва ман  худам  бо  чашмони  худам  ва  бо  гӯшҳои  худам  дида ва шунидам,  ки  дар  бораи  пули  наркотик  дар  шаҳри  Хабаровски   Русия  гапу  гузор  кард. То он замон ман бовар надоштам, ки онҳо акаву додар низ бо  бизнеси  наркотика сарукор доранд. Онҳо ҳатто тавассути ҳамон варзишкорони ришдорашон, ки аз 200 нафар ҳам зиёданд чандин  шермардони  Исфараро  дар  шаҳрҳои  Русия  кушта  нобуд  карданд.

Яке дигар аз қаллобҳо, ки ба  заминфурушию  хонафурӯшӣ машғул аст Файзулло  ном дорад. Аз дасти  ин  нафар  мардуми  камбағал  сарсону  саргардонанд. Гӯё,ки  ин  як  соҳибкори бообрӯи  Исфара  бошад.  Дар  маркази  шаҳри  Исфара,  дар  қафои  ҳайкали  Исмоили  Сомонӣ,  рӯбарӯи  бинои  ҳукумати  шаҳр хонасозиро  сар кард. Дар асл ин Файзулло як  бозичаи  мақомдорони  Исфара  мебошад. Вай миёнаравӣ мекунад. Кумитаи замини ноҳия барои вай ҳуҷҷат медиҳад ва ӯ иморатҳои баландошёна месозад. Вай ин хонаҳоро аз пули муштариҳо месозад. Яъне одамҳои харидор пешопеш пул месупоранд. Аммо шайтанат ва найрангро бинед, ки як квартираро ба се чаҳор нафар нишон дода ҳуҷҷатгузорӣ карда аз онҳо пул меситонад. Бадтар аз ин яке аз ин харидорҳо ё коргари прокуратура ё ягон милиса аст. Аммо ин одамҳои пулдодагӣ баъдан дарбадари мақомот ба даву тоз медароянд, ки Файзулло онҳоро фиреб кардааст. Онҳо на пулро гирифта метавонанд на хонаро. Чунки Файзулло прокурору милисаву амниятиҳоро пул дода харид. Дар амал Файзулло як қаллоб аст. Прокурор бурда дело мекушояд. Вале аз он хонаҳо яктоашро дода худро халос мекунад. Дар хонаҳои сохтаи Файзулло асосан кормандони андоз, милиса, прокурор, судяву амниятиҳо зиндагӣ мекунанд. Барои чӣ?

“Ҳатто худи ҳамин Файзулло ба одамҳо гуфтааст, ки ман ҳалол кор мекардам ва ҳалол меёфтам, вале маро ҳамин милисаву прокурорҳо “мошшеник” карданд. Ман аз мардум пул гирифта хона сохтам. Онҳо маро бо ҳар айбу иттиҳоми будаву набуда бурда таҳдиди шинонидан  карданд. Ман дигар илоҷ наёфта хонаҳоро ба нархи арзон ба онҳо додам.”  

Вақте хонасозиро сар кардам  онҳо омада  “доля”–  бандиро  сар карданд  ва  ман  ноилоҷ     ба  ҳар яки онҳо  хона  додам. Ман  пули  мардумро  пешакӣ  гирифта  будам  ва  ҳайрон  мондам ва  ноилоҷ  ба  инҳо  ҳолати  корро  фаҳмондам. Дар  ҷавоб  онҳо  гуфтанд, ки  агар  мардум аз  болои   ту  шикоят  оваранд,  пеши  мо   меоянд. Мо ҳастем  бе  парво   коратро   давом дода гаштан гир. Ҳақиқатан ҳамин хел шуд. Даъвои мардум ба  ягон ҷо  нагузашт. Акнун, ки ҳамаи онҳо то кормандони ҳукумати Исфара, кумитаи замин ва МБТИ-и шаҳр аз ин хонаҳо яктоӣ ва дутоӣ гирифтаанд, намедонад, ки чи кор кунад. Ҳоло дар шаҳраки  Сомониён  бо ёрдами ҳамин “криша”-ҳояш зиёда  аз  5га  заминро  гӯё, ки  ҳуҷҷат карда  гирифт ва ба он “одамҳо”-е,ки “кидат”  карда  буд аз ин замин   чанд сотихи замин барои  участкаи назди ҳавлигӣ ҷудо  карда дод. Аммо на ба ҳама дод. Он одамҳои “пуштдор” тавонистанд, ки аз дасти ӯ замин гиранд вале даҳҳо нафранд, ки пулҳояшонро пас гирифта наметавонанд. Мардуми камбағалро кидат кард. Ҳар як сотихи заминро аз 2000 доллар сар карда фурӯхта истодааст. Аммо мардум намедонанд, ки боз фиреб мехуранд. Вай аз одамҳо барои 6 сотих 12-16-18 -20.000 доллар мегирад ва ба дасташон як қарори холиро медиҳад.

Аҷоиботи  кор  дар  он  аст ки қарор  дар  номи  дигар  кас мебошад.  Гуё, ки  кадом  корхонаи ҶДММ ин   заминҳоро  обод  карда  ба фурӯш  гузошта  бошад.  Ҳол  онки  ин  замин худаш  обод буд. Файзулло ҳоло дар инҷо барои худаш як коттедже дуруст карда истодааст,ки шояд дар тамоми Тоҷикистон ин хел набошад. Инро дида мардум боз ба прокурору суду милиса шикоят бурданд, то ки маблағҳояшонро аз ин қаллоб пас бигиранд. Вале дар ҷавоб гуфтаанд, ки Файзулло як хонаи дуҳуҷрагӣ дораду  халос. Маълум мешавад, ки ин коттеджро ба номи каси дигар гирифтааст.

   “Асли кор дар инҷо аст ки тамоми раисони шаҳри Исфара пул дода ин вазифаро мегиранд. Ҳамин, ки Исфара омаданд, барои онки пули додаашонро бирӯёнанд, корро аз фурӯши замин шурӯъ мекунанд.”

Бо ёрӣ ва бо миёнаравии  раиси  кумитаи  замини Шаҳри  Исфара Саидаминзода Сахиюлло (Махсудов Сахиювло Саидаминович) аз 30 декабри соли 2013,то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад. Дар бораи Сахиюлло, ки  як  инсони  бениҳоят  беинсофу  ҳаромхур  пештар “Ислоҳнет” навишта буд. Сахиалло худро мусичаи бегуноҳ ва сахт эҳтиёткор нишон медиҳад. Фикр мекунед, ки даст ба ҷайб бареду ягончи садақа кунед. Аммо дар асл ӯ як “мошшеник”-и гузаро аст. То ҳамин ҳоло тамоми раисони ноҳия бо ӯ зуд унс мегиранд. Ӯ ҳам сумдор аст ва ҳам бизнеси заминро хуб балад мебошад.

Шаҳраки Сомониён дар Исфара

Аммо ҳоло дар бораи шаҳракаи Сомониён хоҳем гуфт. Шаҳраки  ба ном  Сомониён  дар  роҳи Шӯроб-  Исфара  ҷойгир  мебошад. “Генплан”-и  Сомониёнро  солҳои  1987 ва 1989 ба  нақша  гирифта буданд. Ин  шаҳрак  бояд  Исфара- 2 мешуд. Дар он мебоист биноҳои баландошёна месохтанд. Бар ва паҳнии хиёбонҳои дохилии ин шаҳрак мебоист 26 метрро ташкил мекард. Бозори марказии Исфара ҳаминҷо кӯч дода ва дар инҷо бинои  4  мактаб  2  беморхона  ва 4 дармонгоҳ ба нақша гирифта шуда буд.

 

Аммо баъди вайрон шудани шӯравӣ ҳар раисе, ки омад ба фурӯши замини шаҳраки Сомониён даст зад. Аз он “генплан” танҳо ҳамон роҳҳоро ҳифз карданд, боқӣ тамоман тағйир кардааст. Аммо ҳоло ҳамин кӯчаҳоро ҳам танг карда замини онро ба фурӯш гузошта истодаанд. Дар  баъзе  кӯчаҳо  тамоман роҳ  намондаанд. Ҳатто бо хар ва ароба гузашта намешавад.

Домулло Муҳаммадиқбол, шумо дар матлабҳои қаблӣ дар бораи автовокзали Исфара навишта будед. Дар воқеъ замини автовокзалро ҳам тақсим карда фурӯхтанд. Як нафар бизнесмн бо номи Абруззоқ автовокзалро клухт харида ва ҳоло ба ҳайси участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхт.

Мо,намедонем,ки ин давлат соҳиб дорад ё не? Абдураззоқ солҳои пеш камазист буд ва Русия  рафта  меомад. Аз ҳамон солҳо ба бизнеси наркотик машғул буд. Як  фермаи  говпарварӣ  дорад, ки дар  зери куҳи маҳаллаи  Бинокор ҷойгир аст. Чанде аз корхонаҳои  даври  шуравиро, ки кайҳо аз  кор мондаанд, харида буд ва ҳоло  замини онҳоро барои  участкаи назди  ҳавлигӣ  тақсим  карда фурӯхта  истодааст.

“Криша”-и Раззоқ, мудири осоишгоҳи Зумрат  Ҳалимов Абдумумин  мебошад. Ҳалимов Абдумумин аз “бачаҳакои боло” ва одами Маҳмадзоир Соҳибови домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Тамоми заминҳоро ғайриқонунӣ аммо  бо  ёри ҳамин Абдумумин  ҳуҷҷатгузорӣ карда  фурӯхта  гаштааст. Як кори дигари номардонае,ки Абдурраззоқ дар ин охирҳо карда истодааст ин он аст ки   бизнеси шарикони  тиҷоратии  худро  бо ёрии  Абдумумин  кашида  гирифта  истодааст. Ва ҳатто  чандин  иншооти  шариконашро   бо роҳи  номардӣ аз они худ карда ва сипас фурӯхт. Як кори тамоман ҳайратовар ва нангини Абдурраззоқ ин аст ки гӯиё тамоми рӯдҳои Исфараро бо сангу регу шағалаш харида аст ва ҳоло ягон нафар агар иморат карданӣ бошад бе иҷозати ӯ сангу шағалу реги дарёро гирифта наметавонад. Иҷозат мегиреду пул мепардозед ва сипас як мошин санг метавонед бигиред. Бархе аз шарикони тиҷоратиаш аз дасти номардиҳои Абдурраззоқ ночор тарки ватан карданд.

Як қиссаи ҷолиби дигар аз ҳаёти мардуми Исфара.

Дар маркази  Исфара  як автовокзали қадима мавҷуд аст.Раиси собиқи Исфара Дилшод Ҷабборӣ онро ба  як  соҳибкор аз Конибодом  фурӯхт. Ин соҳибкор Шокиров Акмалҷон дар гузашта прокурор будааст. Ин соҳибкор дар майдони автокзал як бинои баландошёна рост кард. Вақте ӯ даст ба кор шуд мӯсафедони Исфара ба наздаш омада гуфтанд, ки ин як бинои таърихӣ аст ва гузашта аз ин солҳо пеш мазор будааст. Иморат мекунӣ ё не кори ту аст, вале мо туро гоҳ кардем. Аммо ӯ гуфт исфарагиҳо бахилӣ карда истодаанд ва ба идомаи сохтмон машғул шуд. Вақти кофтани таҳкурсӣ устухонҳои зиёди одамӣ мебарояд ва ду нафар аз тарс ба зери курсӣ афтода ҷон мебозанд. Азбаски коргарҳои асосӣ аз мардуми маҳаллӣ набуд, ин ҳодисаро пинҳон мекунанд. Сохту тамом кард. Вале касе зиндагӣ намекунад, дар таҳхона ва ошёнаи якуму дуюм мағоза кушод.

Ҳоло бошад ин Ҳоҷӣ Акмалҷон дар дохили боғи фароғатӣ ва фарҳангии шаҳри Исфара   боз  биноҳои  бисёрошёна  сохта истодааст. Дар худи Конибодом ҳам чанд бинои баландошёна сохтааст ва дар ҳар куҷо, ки бино бардошт ҳатман мағоза ва ошхона ҳам месозад. Номи ошхонаҳояш якзайл-Мерос аст. Ин ҳоҷӣ бо домоду духтари Президент кор мекардааст ва барои ҳамин дар байн ва дар ҷоҳои серодам ва намоёни Конибодом ва Исфара баландошёна сохтааст. Ҳам автовокзали пешина ва ҳам маркази фароғатӣ ва фарҳангии ноҳияро ягон соҳибкори Исфара дилкашолӣ накард вале ин ҳоҷии конибодомӣ домоду духтари Президентро,ки Зумрадро ҳам хусусӣ кардагианд, пушт карда онҳоро гирифт. Ҳоло акнун қасд доранд дар як гӯшаи шаҳри Исфара автовокзал созанд. Агар дар тамоми шаҳру навоҳи автовокзал дар марказ бошанд вале барои Исфара дар як гӯшаи тамоман дур ва берун аз шаҳр. Инҷо ягон мақсади дигар нест. Фақат мақсад пулкор кардан аст. Акнун ки президент заминҳои Тоҷикистонро ба Хитой фурӯхт,ба Қирғизистон фурӯхт мақомдорони поёнӣ дар пайравӣ ва таҳосуб аз ӯ ин корро дар маҳалҳо карда истоданд. Агар ба ҳамин минвол идома кунад, пагоҳ фардо мардуми камбағалро аз хонаҳояшон бароварда пеш карда замину замони онҳоро ҳам мефурӯшанд.

Поёни бахши чорум,дар мавриди ҷиноятҳо ва беқонуният дар Исфара ва Чоркуҳ давом дорад…

Ps: Хонандагони гиромӣ дар мавриди Исфара ҳар ҷиноят ва қонуншиканиеро мушоҳида кардед ба Ислоҳ нависед.Ин ғоратгарон ва дуздони сари мансаб нишастаро,танҳо бо кашфи ҷиноятҳояшон мешавад манъ намуд.Аз ҷиноятҳои кормандони КДАМ, ШВКД, прокуратура, коррупсия, андоз, БДА, барқ, кумитаи замин ва … нависед. Аз “Одам”-ҳои оила(Рустам,Озода, Зоир, Таҳмина, Шамсулло дар Исфара ) нависед, то онҳо низ шинохта шаванд.

Share This Article