Нооромии золимон дар ин дунё қабл аз охират
Исломи азиз зулмро хело амали бад шумурда ва дар қалби золим хавфу ваҳшати шадидро ҷой намудааст.Аз ин ваҳшату хавф ҷуз худи он золимон кам касе иттилоъ ва огоҳӣ доранд.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд:
أخرج مسلم من حديث أَبِي ذَرٍّ عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم فِيمَا رَوَى عَنِ اللَّهِ تَبَارَكَ وَتَعَالَى أَنَّهُ قَالَ: “يَا عِبَادِي إِنِّي حَرَّمْتُ الظُّلْمَ عَلَى نَفْسِي، وَجَعَلْتُهُ بَيْنَكُمْ مُحَرَّمًا، فَلاَ تَظَالَمُوا“.
Абузар(раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва он ҳазрат аз Аллоҳ чунин ривоят намудааст,ки Аллоҳ фармуданд: “Эй бандагони ман, ҳаром гардонидаам зулмро бар нафсам.Инчунн миёни шумоҳам (зулмро) ҳаром гардонидам.Ҳаргиз зулмро раво надоред”(ривояти Имом Муслим)
عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم قَالَ: “الظُّلْمُ ظُلُمَاتٌ يَوْمَ الْقِيَامَةِ”، وأخرج الشيخان
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад,ки фармуданд: “Зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст”(Бухорӣ ва Муслим)
عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم قَالَ: “اتَّقُوا الظُّلْمَ؛ فَإِنَّ الظُّلْمَ ظُلُمَاتٌ يَوْمَ الْقِيَامَةِ“.وأخرج مسلم
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ(раз) ривоят аст,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Парҳез намоед аз зулм,зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст”(ривояти Имом Муслим)
Бале хонандаи гиромӣ,ин аст,ки золимону ситамкорон ҳамеша он зулме,ки ба мардум раво дидаанд онҳоро дар ҳабси якумра қарор медиҳад.Агар аҳамият дода бошед ҳар куҷо сафар мекунанд,аз хонаашон берун мешаванд,ба кор мераванд,аз кор бар мегарданд бо муҳофизон иҳота шудаанд.Аллоҳ дар ин дунё хоби роҳате, ки мо ва шумо дорем аз онҳо ин хоби осуда ва роҳатро гирифтааст.Сабабаш аз интиқоми он мазлум метарсад,ки мабодо муҳофизонам хабар нашаванду мазлум барои интиқомаш ба суроғам ояд.
Ҳар ҷомеъа ва сарзаминеро зулму ситам фарогирад аз мазлумони он сарзамин дида золимонаш дар изтиробу ваҳшатзадаанд.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
“Ва мапиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба дер меафканад! Мешитобанд, сарҳоро боло гирифтаанд, чашм бар ҳам намезананд (яъне мижа намезананд) ва дилҳояшон холӣ аз хирад аст.”(Сураи Иброҳим,ояти 42,43)
Аллоҳ азоберо,ки худаш дар охират барои ин золимон ва ситамкорон муҳайё намудааст, дар ин оят онро дарназар дорад.Дар ин дунё аз оҳи дили дардманди он бандагони мазлумаш,ки онҳоро хело дӯст медорад барои золимон азобҳои дигареро муҳайё намудааст.Мисли тарси ҳамешагӣ,ваҳшату изтиробе,ки ҳеҷ сипоҳу силоҳ ва сармояву ҳомиёни абарқудрате онро наметавонанд даво кунанд.
Золимон агарчӣ дар зоҳир механданд, вале ончунон аз дохил ғамгину ваҳшатзадаанд,ки қалам аз баёни он оҷизу нотавон аст.
Зулм золимро дар дунё гирифтори сахтарин азоб мекунад.
Ҳар чиқадар муҳлату замони зулму ситами золим тӯлонӣ бошад.Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ҳатман аз ӯ ҳаққи мазлумонро меситонад.
Абумусои Ашъарӣ (раз) ривоят менамоянд,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ба дурустики Аллоҳ муҳлат медиҳад золимро вақте гирифт ӯро оромаш намегузорад”
Сипас ин оятро қироъат намуданд:”Ва инчунин аст ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад қаряҳои ситамкорро ба азоб кашад. ҳамоно, ба азоб гирифтани ӯ, азобе сахт дардовар аст!”( Сураи Ҳуд,ояти 102)
Ин оят махсуси фард ва ё як шахси золим буд.Нисбати золимон оилаи золим, қабилаи золим дар Қуръони карим чунин фармӯда аст:
“Чӣ бисёр деҳаҳои золимро ҳалок кардем ва сақфҳояшон фурӯ рехт ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекор монд ва қасрҳои баланди гаҷкоришудаи бесоҳиб”.(Сураи Ҳаҷ,ояти 45)
1.) Аллоҳ сипоҳашро дар дунё бар алайҳи золимон сарозер менамояд
Гоҳо чуноне,ки мебинему мушоҳида мекунем азобу уқубати Аллоҳ бар золимон дертар фаро мерасад.Вале ҳаргиз эй мазлум фикр накун,ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ғофилу бепарвост:
Эй золим зулм накун агарчи тавонмандӣ,
Ниҳояти зулму ситам пушаймонист.
Чашмонат мехобад, аммо аз мазлум бедораст,
дуъо мекунад, чашмони Аллоҳ хоб намекунад.
Ту эй золим, пас аз зулмат бар мазлуми нотавоне бо шиками сер хоб мекунӣ.Он қуввату бозӯе дар ихтиёр дорӣ бо онҳо мағрур мебошӣ.Мазлум шабҳо бо чашмони пур аз ашк ба сӯйи Парвардигораш аз ту шикоят менамояду мегӯяд: Эй Аллоҳ ман мағлубшудааму мазлум ту пирӯзам кун.
Тибқи ҳадиси саҳеҳРасули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) ҳангоме,ки Муъоз ибни Ҷабал (раз) ро ба Яман фиристодан чунин гуфт: “Бипарҳез (дӯрӣ кун) аз дуъои мазлум, зеро миёни мазлум ва Аллоҳ пардае нест”
Дуъои мазлум боз менамояд дарвозаҳои осмонро,ҳеҷ чизе онро манъ намуда наметавонад.
Расули Акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: Дуъои се шахс бар намегардад(мустаҷоб мегарданд): Шахси рӯзадор ҳангоми ифтор,подшоҳи одил.Дуъои мазлумро мебардорад бар фарози абрҳо ва кушода мешавад дарвозаҳои осмон ва Аллоҳ мегӯяд: Савганд ба иззатам пирӯзат мегардонам агарчӣ пас аз муддатеҳам бошад”(ривояти Имом Тирмизӣ)
Бале ин адл аст,ки ҳаётро роҳат ва осуда мегардонад.Зулм бошад ҳаётро ваҳштанок ва дарҳампечида менамояд.Зулм микроби қотилест,ки ҳарҷомеъаеро фарогирад он ҷомеъаро ҳалок менамояд.
Аҳмақтарин мусалмон он шахсе мебошад,ки назди золим баҷои онки гӯяд ин ғалат ва иштибоҳ онро хуб қаламдод менамояд.Он шахс аз хуб гуфтани зулми золим ҳеҷ нафъеро соҳиб намешавад.Баракс охираташро дар ивази ин дунё фрӯхта аст.Ончи аз золим ба даст овардааст онро ҳатман ҳам аз даст медиҳад, ва мавриди хашми он золим қарор мегирад, охирати дардноке ӯро интизор аст.
Эй он шахсоне,ки аз ҳақ ҳимоят карда наметавонед! Аз гуфтани сухани ҳақ дар рӯбарӯйи золимон меҳаросед.Ҳаддиақал зулми онҳоро ҷонибдорӣ ва ҳақ надонед.Бар ҷони худ ҷабр накунед шумо тоқати азоби дардноки Илоҳиро надоред.
2.) Бузургтарин навъи зулм ин зулми ҳоким ё прзидент бар мардумаш аст
Мардуми ҳар кишвар,бошандагони ҳар қабила раисашонро интихоб мекунанд,ки ҳама аз ин шахс итоат намоянд.Сабаби ин интихобашон дар он аст,ки аз ҳуқуқи онҳо дар умум ҳимоят намояд.Ҳаққи мазлуму нотавонашонро аз золимонашон биситонад.Пас фаҳмидашуд яке аз вазифаҳои раис ё ҳоким мубориза бар зидди золимон ва ҳимоят аз ҳуқуқи мазлумон аст.Агар ин раис ин вазифаро баракс анҷом бидиҳад ва худаш золим ва мустабид гардад, пас он миллат ва қавм бо ин дунё падруд бигӯянд.
Инҷост,ки аввалини он ҳафт нафаре,ки рӯзи қиёмат зери сояи арши Аллоҳ роҳ мераванд он подшоҳи одил аст.
Ҳангомеки раис ва ҳокими минтақа худаш золим ва мустабид бошад.Ин амали ӯ сабаб мегардад,ки раъияташ миёни якдигарҳам зулм мекунанд ва ҳолашон табоҳ мегардад.
Муъовия ибни Абусуфён (раз) аз Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад,ки чунин фармуданд: “Агар ту муроқибат ва наззорат намуди аврати мардумонро(раъияти зери итоъататро) ту онҳоро фосид менамои.Ё инки наздик аст онҳоро фосид намоӣ”
Абудардоъ(раз) мегӯяд: Ин сухане буд,ки Муъовия(раз) онро аз Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) шунид ва Аллоҳ нофеъ намуд барояш( яъне бо он амал намуд дар ҳукуматрониаш)”(ривояти Абудовуд)
وفي رواية عند البخاري في الأدب المفرد والطبراني في الكبير أن معاوية رضي الله عنه قال: إِنِّي سَمِعْتُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم كَلامًا نَفَعَنِي اللَّهُ بِهِ، سَمِعْتُهُ يَقُولُ: “أَعْرِضُوا عَنِ النَّاسِ، أَلَمْ تَرَ أَنَّكَ إِنِ اتَّبَعْتَ الرِّيبَةَ فِي النَّاسِ أَفْسَدْتَهُمْ أَوْ كِدْتَ تُفْسِدُهُمْ؟“.
Дар ривояте аз Имом Бухорӣ,ки дар Адабул муфрад ва Табаронӣ дар Кабир овардаанд.Муъовия (раз) фармуданд: Ман шунидам аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) суханеро,ки Аллоҳ бо он сухан бароям фоида овард. Шунидам,ки мегуфтанд: Бигузоред мардумро ба ҳолашон(ҳангомеки ҳокимашон гашти),оё надидаи агар ту ҳамвора Ал-рйиба- гумон,шак,туҳматро дар миёни мардум дунбол намоӣ онҳоро фосид менамоӣ,ё инки ангезаи фасод(ҳараҷу мараҷ)ро (дар миёнашон)меангезӣ”
Муҳаддисин дар шарҳи ин ҳадис мегӯянд: Набояд ҳоким миёни мардум ончунон таҷассус намояд,ки муҳаббатро аз миёнашон дур намояд.Ҳангоме,ки ҳоким мақомоти амниятиашро дар миёни мардум бештар намояд,то аз ҳама ончӣ мегузарад хабардор гардад.Ҳатман туҳмат,гумони бад,шак дар ҷомеъа зиёд мегардад.Дар чунин ҳолат нахуст худи ҳоким ё раис миёни ҷомеъа обурӯйи ва эҳтиромашро аз даст медиҳад.
Бо зури силоҳ ва зулм,тафриқаандозӣ,гумони бад нисбати ҳама ҷомеъа,хоин хондан, ҳеҷ вақт наметавон ҳукумат намуд ва ҷомеъаро ором ва осуда намуд.
3.) Ҳоким дар таъини вазифаҳо бояд зулм накунад
Чӣ гуна ҳоким ё раис дар таъин намудан ба вазифа зулм менамуда аст?.Ҳангомеки раис шахсеро дар вазифае таъин намояд ва он шахс аслан лоиқи он вазифа набошад.Сабаби ин таъин ва гузоштанаш дар он вазифа, танҳо ин шахс: хеш, наздик,рафиқаш мебошад ,ин бузургтарин зулм дар зоти худаш мебошад. Набояд ашхоси тасодуфӣ ва нолоиқ ба ҳеҷ сурате дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз тарафи раис таъин гарданд.
عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم قال: “مَنِ اسْتَعْمَلَ عَامِلاً مِنَ الْمُسْلِمِينَ وَهُوَ يَعْلَمُ أَنَّ فِيهِمْ أَوْلَى بِذَلِكَ مِنْهُ وَأَعْلَمُ بِكِتَابِ اللَّهِ وَسُنَّةِ نَبِيِّهِ فَقَدْ خَانَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَجَمِيعَ الْمُسْلِمِينَ“.أخرجه أحمد والحاكم وصححه والبيهقي
Абдуллоҳ ибни Аббос(раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят менамояд,ки фармуданд: Шахсе бигуморад(дар вазифае таъин ё интихоб намояд) аз мусалмонон шахсеро.Дар ҳоле донад,ки шахси дигаре аз ин шахскарда ба Қуръон ва Суннат донотар аст.Ба дурустики хиёнат намудааст Аллоҳ,Паёмбар ва ҳама мусалмононро”(Ҳадис ба ривояти Аҳмад,Ҳоким,Байҳақи саҳеҳаш хонда аст)
4.) Золим аст ҳоким ва ё раисе,ки кормандонаш ришва меситонанд
Агар раис аз онки кормандонаш дар вазорату шаҳру ноҳияҳояш аз раъияташ ришват меситонанд.Он раис бидонад ӯ золим ва мустабидде буда барояш азоби дардноке интизор аст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин маврид мефармояд:
“Амволи якдигарро ба ношоиста махӯред (ҳамчун ришва, рибо, ғасб ва дуздӣ) ва ба ҳокимон амволи худро марасонед, то ба он сабаб амволи гурӯҳе дигарро ба ноҳақ (ба ситам) бихӯред. Ва шумо худ медонед.”(Сураи Бақара,ояти 188)
Муфассирон дар тафсири ин оят чунин мегӯянд: Ҳар шахсе қодир бошад ва он қодиру тавонмандон ҳокимону раисонанд.Ин ҳокимон аз мардумон ришва ситонанд,то инки дур намоянд соҳибҳақонро аз ҳаққи аслиашон.Яъне пора гиранд аз он ашхосе,ки ҳеҷ ҳаққе дар он вазифа,замин ҳарчизе набошад надоранд.Бар ивази он пора вазифа,замин ва ғайраро ба ӯ диҳанд.
5.) Ҳоким ё раис золим аст агар шахсеро бо шак ва шубҳа зиндонӣ кунад:
Мо дар сирати Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳодисаи ба туҳмати зино гунаҳкор намудани Умммулмуъминин Ойшаи Сиддиқа (раз)ро хондаем.Мунофиқон ин туҳматро дар Мадинаи мунаввара паҳн намуданд.Дар ҳоле номи он ашхосро Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) медонистанд.Оё касе аз онҳоро барои ин туҳмат зиндонӣ,шиканҷа,бадарға намуданд? Ҳаргиз чунин кореро накарданд,дар ҳоле Абдуллоҳ ибни Убай пешвои мунофиқони Мадина ин туҳмати бузургро ба ҳамасари покдоманашон паҳн мекарданд.Дар ҳоле қудрат дар дасташ буд ҳаркоре метавонист анҷом медод, вале ин корро накарданд.Ҳатто Ояти Қуръонӣ дар мавридаш нозил гардид.
“Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд, гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он шарре бувад. Балки, хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба он андозаи гуноҳ, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад ба азобе бузург гирифтор меояд”
(Сураи Нур,ояти 11)
Аммо ҳоло дар оддитарин шубҳа мардуми бегуноҳро барои солиёни дароз равонаи зиндон мекунанд.Агар оддитарин далеле бошад,ки ин шахс бегуноҳ аст бояд он шахс раҳо карда шавад.Ҳарчиқадар метавонед роҳи халосии бародари мусалмонатонро аз туҳмате шубҳае бар ӯ шудааст пайдо кунед роҳашро кушоед ва озодаш кунед.Муҳим зиндонӣ намудани мардум бо шубҳа зулми бузургест дар зоти худаш.Набояд ба ҳаёти инсон бозӣ намоед.Ҳоло бо шахси гумонбар барои онки гуноҳро дар сари ӯ зам намоянд бо шиканҷа ва зарбу лат гуноҳро маҷбурӣ зам менамоянд.Ниҳодҳои қудратӣ аз ин зулм даст кашед вагарна оташи сӯзони ҷаҳаннам ҷойгоҳи шумост!
6.) Ҳокиме ашхосеро барои гуш кардани мардум вазифадор менамояд золим аст:
Онҳоеки вазифадор шудаанд,то мардумро гуш кунанд,ки онҳо чӣ мегӯянд.Метавонад он гуш кардан дар маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, бозорҳо, телефонҳо,хонаҳо ва ғайра бошад шомили ин ҳукм аст.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳадисе чунин фармуда аст: Шахсе гуш кунад сухани қавмеро дар ҳоле онҳо бад бубинанд ин корашро,ё инки онҳо аз ӯ гурезон бошанд.Дар гушҳои ӯ сурби об карда шуда рӯзи қиёмат рехта мешавад”(Имом Бухорӣ)
Абдуллоҳ ибни Масъуд(раз) қозии Куфа буданд.Таҷассус ё назорат кардани мардумро манъ намуда буданд.Инчунин ҳангоми онки шахсеро ҳамчун гумонбар меоварданд қазияашро намедид.
Зайд ибни Ваҳб(раз) гуфтанд:Омаданд назди Абдуллоҳ ибни Масъуд(раз) ва гуфтанд фалонӣ аз ришҳояш шароб мечакид.Гуфтанд: Мо аз таҷассус манъ шудаем вале агар барои мо ошкор гардад чизе ӯро боздошт менамоем.(Ривояти Абудовуд).
Дар таърихи ислом ҳокимиятҳое бо адл машҳуру маъруфи олам гаштабуданд.Ин ҳукуматҳо аз таҷассус ва чунин аъмоле,ки ҳоло дар аср ва ҷомеъаҳои мо роиҷ гаштааст аслан вуҷуд надошт.Аз ин амали шанеъу паст бояд дурӣ кунанд,то мардумро душмани худ ва ҳукуматҳояшон нагардонанд.Ҳоло агар гӯед ин коратон зулм аст мегӯянд чикор карда метавонанд ин мардум? Ин хело фикри ғалат аст ва ҳамин мардум аст шуморо ҳоким намуданд.Дар оянда рӯзҳои сангину вахиме дар пеш аст,ҳамин мардум аз шумо ва ҳукумататон ҳимоят мекунанд.Агар аз шумо норози бошанд дар сахтарин рӯзҳо шуморо танҳо мегузоранд ва нобуд хоҳед шуд.
Умед аст паҳлуҳои дигари зулмро бароятон баён доштам.