ТАЛОҚИ РАҶЪӢ ВА ТАЛОҚИ БОЙИН

Ислоҳ нет

ТАЛОҚИ РАҶЪӢ ВА ТАЛОҚИ БОЙИН
(бахши севвум)

Талоқ аз яке аз ин ду ҳолат холӣ нест, яъне ё раҷъӣ аст ва ё бойин. Талоқи раҷъӣ талоқи қобили бозгашт ва талоқи бойин талоқи ғайри қобили бозгашт ва шарҳи он чунин аст:

1. ТАЛОҚИ РАҶЪӢ 
Талоқи раҷъӣ талоқе аст, ки сабаби қатъи алоқаи издивоҷ нагардида ва шавҳар метавонад то ҳангоме ки зан дар идда аст, ба ў бозгашт намояд.

АҲКОМИ ТАЛОҚИ РАҶЪӢ (БОЗГАШТШАВАНДА):

Талоқи раҷъӣ дорои ҳукмҳои зерин аст:

1. Он, ки сабаби қатъи робитаи зан ва шавҳар намегардад, магар он, ки идда ба поён бирасад;

2. То вақте ки иддаи зан боқӣ аст, ҳуқуқи зан ва шавҳар бар якдигар монанди ҳолати пеш аз талоқ боқӣ мемонад;

3. То вақте ки зан дар идда аст, шавҳар метавонад ба ў бозгашт намояд;

4. Агар дар ҳангоми идда, ҳар кадом аз зан ва ё шавҳар вафот намудаанд, дигарӣ аз вай мерос мебарад;

5. Дар талоқи раҷъӣ зан то вақте ки дар идда аст, ҳақбари боқимондаи маҳри худ намегардад. Ба ин маънӣ, ки агар зан ва шавҳар дар ҳангоми никоҳ иттифоқ карда буданд, ки миқдоре аз маҳр, масалан, нисфи онро шавҳар ҳангоми ақди никоҳ ва нисфи дигарро агар талоқ дод, бипардозад. Дар талоқи раҷъӣ зан то вақте ки дар идда аст, ҳақбари нисфи боқимондаи маҳр намегардад. Зеро дар талоқи раҷъӣ, робитаи зан ва шавҳар ба таври комил қатъ намегардад, вақте ки идда ба поён расид, чун дар ин вақт робитаи зан ба шавҳар бо якдигар бо таври пурра қатъ мегардад, зан метавонад боқимондаи маҳри худро талаб намояд;

6. Талоқи раҷъӣ талоқ ҳисоб мешавад ва яке аз се талоқеро, ки шавҳар бар занаш ҳақ дорад, кам мекунад. Бинобар ин, касе занашро як талоқ дод ва дубора бар вай бозгашт намуд, барояш фақат ҳаққи ду талоқи дигар боқӣ мемонад.

РАҶЪАТ

Раҷъат иборат аз бозгашти робитаи зан ва шавҳар ба ҳоли табиъии он, баъд аз талоқи раҷъӣ ва пеш аз ба поён расидани идда аст.

ШАРТҲОИ РАҶЪАТ

Дар дурустии раҷъат ду чиз шарт аст: аввал: он, ки талоқ раҷъӣ бошад, бинобар ин, касе занашро талоқи бойин дод, ба занаш раҷъат кардан наметавонад, агарчи идда ҳануз боқӣ буда ва занаш ҳам ризо бошад ва танҳо коре, ки карда метавонад, ин аст, ки ба никоҳи нав дубора ба он зан издивоҷ намояд. Ба ин маънӣ, ки мард аз зане, ки ўро талоқи бойин додааст, хостгорӣ намояд ва агар зан розӣ бошад, бо маҳри нав ва никоҳи нав бо ҳам издивоҷ намоянд. Албатта, ин дар сурате аст, ки талоқи бойин, талоқи бойини бузург набошад ва шарҳи бойини бузург, баъд аз ин хоҳад омад.
Дуввум: он, ки дар идда бошад, бинобар ин, агар иддаи зан ба поён расида бошад, шахсе ки занашро талоқ додааст, наметавонад ба ў раҷъат намояд, агарчи талоқ раҷъӣ буда ва зан низ ризо бошад ва коре, ки кардан метавонад ин аст, ки бо он зан ба никоҳи нав, ҳамон тавре ки дар шарти аввал ёдовар шудем, дубора никоҳ намояд.

АҲКОМИ РАҶЪАТ (БОЗГАШТ)

Аҳкоми раҷъат иборатанд:

1. Раҷъат ҳаққи мард аст, вале чун дар раҷъат ҳуқуқи дигарон монанди ҳамсар ва фарзандон низ нигоҳ дошта шудааст, бинобар ин, шавҳар метавонад ин ҳақро соқит намояд, ҳатто ба ҳамсараш бигўяд, ки: «талоқ ҳастӣ, ба ту раҷъат нахоҳам кард», ба ин ҳам хоста бошад, метавонад, ки ба занаш, агар талоқи раҷъӣ бошад, бозгашт намояд;

2. Раҷъат ҳаққи мард аст. Бинобар ин, иҷоза ва донистани зан дар он шарт нест. Масалан, агар мард хоста бошад, ки баъд аз талоқи раҷъӣ дар ҳангоме, ки ҳанўз идда боқӣ аст, ба занаш баргардад. Барои зан ин ҳақ нест, ки ўро аз раҷъат намудан яъне бар гаштан манъ намояд ва ё агар шавҳар бе он ки хабардор намояд занашро, гуфт, ки ба занам раҷъат кардаам, раҷъаташ дуруст буда ва донистани зан дар ҳосил шудани раҷъат шарт нест;

3. Раҷъат мешавад, ки ба «феъл», монанди ҳамхоба шудан, бўса задан ва ё ламс кардан, сурат бигирад. Чунончи, мешавад, ки ба ин «қавл» монанди ин, ки бигўяд: «ба ту раҷъат кардаам» ва ё бигўяд, ки: «дубора бо ҳам зан ва шавҳар шудаем» ва мисли инҳо сурат бигирад. Яъне никоҳе лозим нест танҳо бо сухан,ки ман баргаштам ва ё ба оғӯш мегирад ҳамсарашро онҳо дубора никоҳ мешаванд.

4. Шоҳид гирифтан дар раҷъат шарт нест. Вале беҳтар он аст, ки шоҳид бигирад, яъне баъд аз ин ки ба ҳамсараш раҷъат намуд, ду нафарро дар ин кор шоҳид бигирад, то ин, ки занаш дар оянда аз раҷъат инкор карда натавонад.Шоҳидон танҳо бояд суханро шунаванд,ки раҷъат яъне мард дубора занашро баргардонд.Агар нахоҳад ба ончи дар ҳолати севвум гузашт амал намояд.

2. ТАЛОҚИ БОЙИН

Талоқи бойин талоқе аст, ки робитаи зан ва шавҳар дар он қатъ гардида ва шавҳар наметавонад ба занаш, агарчи дар идда бошад, раҷъат намояд.

АҲКОМИ ТАЛОҚИ БОЙИН

Барои талоқи бойин чандин ҳукм аст, ки ба таври зер баён мегардад:
1. Талоқи бойин сабаби қатъи робитаи зан ва шавҳар мегардад;
2. Ҳуқуқеро, ки мард бар ҳамсараш дошт, соқит мегардонад;
3. Ҳуқуқеро, ки зан бар шавҳараш аз нафақа ва манзил дошт, то ҳангоме, ки дар идда аст, бар ўҳдаи шавҳараш боқӣ мемонад;
4. Мард нисбат ба ҳамсараш бегона гуфта шуда ва ҳаққи дидан ва баҳраи шаҳвонӣ бурдан аз занро надорад;
5. Зан ҳақ дорад боқимондаи маҳрашро, агар боқимондае дошта бошад, аз шавҳараш талаб намояд.
6. Агар яке аз зан ва ё шавҳар, агарчи иддаи зан ҳанўз ба поён нарасида бошад, вафот намуд, дигарӣ аз вай мерос намебарад;
7. Дар як ҳолат зан аз шавҳараш дар талоқи бойин мерос мебарад ва он ин аст, ки шавҳар занашро дар бемории марг талоқ бидиҳад.

Чанд нукта:
а) Зан дар ин ҳолат дар сурате аз шавҳараш мерос мебарад, ки шавҳараш вафот намуда ва ў ҳанўз дар идда бошад ва агар шавҳараш баъд аз ба поён расидани иддааш вафот намуд, аз вай мерос намебарад.
б) Дар сурати марг, агар зан пеш аз шавҳараш вафот намуд, агарчи вафоти зан пеш аз ба поён расидани иддааш бошад, боз ҳам мард (шавҳараш) аз вай мерос намебарад.
в) Бемории марг аз нигоҳи шаръӣ иборат аз он аст, ки шахси бемор, корҳоеро, ки пеш аз беморӣ анҷом медод, ба охир расонда натавонад ва дар нишасту бархост, ба ёрии дигарон эҳтиёҷ дошта бошад.

НАВЪҲОИ ТАЛОҚИ БОЙИН

Талоқи бойин бар ду қисм аст: бойини хурд ва бойини бузург.

ТАЛОҚИ БОЙИНИ ХУРД
Талоқи бойини хурд он аст, ки баъд аз воқеъ шудани он, агар зан ва шавҳар хоста бошанд, ки дубора бо ҳам робитаи издивоҷро барқарор созанд, бояд ҳамаи ончиро, ки дар издивоҷи аввал анҷом дода буданд, акнун низ анҷом диҳанд, яъне мард аз зан хостгорӣ намояд ва агар зан розӣ шавад, бо ҳар маҳре, ки зан хоста бошад, дар ҳузури шоҳидон, ақди никоҳро барқарор созанд. Агар зан ба издивоҷ бо шахсе, ки ўро талоқ додааст, розӣ набошад, ҳеҷ касе ўро маҷбур карда наметавонад, ки бо ҳамон шавҳар, дубора издивоҷ намояд.

ҲОЛАТҲОИ ТАЛОҚИ БОЙИНИ ХУРД

Дар чаҳор ҳолат талоқе, ки воқеъ мешавад, талоқи бойини хурд аст, ки чунин аст:

1. ТАЛОҚ ПЕШ АЗ ҲАМБИСТАРӢ ВА Ё ХИЛВАТ

Агар касе занеро ба никоҳ гирифт ва пеш аз ин, ки бо вай наздикӣ ва ё хилвати комил анҷом диҳад, маънии хилвати комил пештар гуфта гузаштем, ўро талоқ дод, агарчи як талоқ ва ба лафзи равшан бошад, ин талоқи бойин мешавад ва чун дар чунин ҳолате иддае бар зан нест чун бо ӯ ҳамбистар нашудааст, бинобар ин, баргаштан низ дар ин ҳолат намешавад, зеро раҷъат фақат ва фақат дар айёми идда сурат гирифта метавонаду бас.

Чанд нукта:

Зане, ки дар чунин ҳолате талоқ дода мешавад, метавонад дар ҳамон лаҳзае, ки шавҳараш ўро талоқ додааст, бо шавҳаре, ки ўро талоқ додааст бо никоҳи ҷадид ва ё бо шахси дигаре издивоҷ намояд. Зеро монеъи издивоҷ ба шавҳари дигар идда аст ва чунин зан идда надорад чун хилват сурат нагирифтааст, бинобар ин, монеъе дар никоҳаш бо шавҳари дигар вуҷуд надорад.

2. ТАЛОҚ ДАР МУҚОБИЛИ МОЛ
Касе, ки занашро дар муқобили моле, ки аз вай мегирад, талоқ медиҳад, чунин талоқ ба номи «хулъ» ёд мешавад (дар ин масала мақолаи ҷудогонае менависам), чунин талоқ, талоқи бойин аст. Яъне шавҳараш наметавонад ба занаш раҷъат намояд, вале дар сурати мувофиқат, ду тараф метавонанд ақди никоҳро дубора, ҳар вақте ки хоста бошанд, барқарор созанд.

Чанд нукта:
Тавре ки гуфтем, дар сурати ризо будани ду тараф, метавонанд робитаи издивоҷро, агарчи иддаи зан ҳанўз ба поён нарасида бошад, дубора барқарор созанд. Албатта, ин кор хос барои шавҳаре аст, ки занро талоқ додааст. Бинобар ин, агар зан хоста бошад, ки бо шавҳари дигаре издивоҷ намояд, бояд интизор бикашад, ки иддааш ба поён бирасад, ки албатта, пеш аз ба поён расидани идда ба ҳеҷ рў наметавонад ба марди дигаре ба шавҳар барояд.

3. ТАЛОҚ АЗ ТАРАФИ ҚОЗӢ
Дар баъзе ҳолатҳое, ки қозӣ метавонад, агарчи бе ризоияти шавҳар бошад, занро талоқ диҳад ва ин талоқ талоқи бойин мебошад.Яъне шавҳар наметавонад баъд аз талоқ додани қозӣ ба занаш раҷъат намояд. Вале бо шарҳе, ки дар навъи дуввум гузашт, зан ва шавҳар метавонанд робитаи издивоҷро дубора бо ҳам барқарор созанд.

4. ТАЛОҚИ КИНОЯВӢ
Агар касе занашро бо лафзи киноявӣ, монанди: «туро намехоҳам» ва ё «аз хона берун шав» ва ё «ба хонаи падарат бирав» ва мисли инҳо, ки пештар шарҳаш гузашт, талоқ дод, чунин талоқ низ талоқи бойин буда, монеъи раҷъати шавҳар ба занаш мегардад. Албатта, монеъи никоҳи дубора намегардад, ба ин маънӣ, ки зан ва шавҳар ба ҳамон шарҳе, ки дар навъҳои талоқи бойин баён намудем, метавонанд дубора бо ҳам издивоҷ намоянд.Инро низ бояд биафзоям,ки дар инҷо урфи мардуми минтақа хело муҳим аст. Масалан шахсе ба занаш бигӯяд аз назарам дӯр шав агар ин мақсадаш талоқ бошад талоқ аст вале агар талоқ набошад талоқ нест. Агар гӯяд ба хонаи падарат рав мақсадаш талоқ бошад талоқ аст набошад талоқ ҳисобида намешавад.Ҳама ин алфоз ба нияти мард ва ба урфи ҳамон мардуми минтақа бар мегардад. Масалан туро намехоҳам бубинам агар дар мардуми Айни манзур талоқ бошад талоқ аст. Вале дар мардуми Хатлон туро намехоҳам як сухани одди бошад талоқ ҳисоб намешавад. Ба мардуми минтақа ва алфозу каломи он сахт марбут аст хуб мутаваҷҷеҳи ин масала бошед.Хатлоние аз мардуми Айни зан мегирад дар онҳо туро намехоҳам талоқ аст вале дар мардуми Хатлон не. Инҷо бар мегардад ба мардуми Хатлон зеро мард аз Хатлон аст ва никоҳам дар дасти ӯст.Агарчи духтари Айнигӣ гӯяд дар мо ин талоқ ҳисоб мешавад агар ба назди қозии Айни раванд ӯ ба қавли зан ба талоқ ҳукм мекунад аммо ба назди қозии хатлонӣ оянд чун оддати мардуми мо чунин лафзи талоқе нест ҳукм ба талоқ намешавад. Ҳамеша ончи мегӯед ба лафзҳоятон сахт аҳамият диҳед зеро гоҳо мардони мо хело хашину бад забонанд.Гуфти мардуми мо,ки аз даҳонашон дузах мерезад.

Чанд нукта:
Талоқи киноявӣ, ки далолат бар як талоқ дошта бошад, як талоқи раҷъӣ аст, яъне шавҳар метавонад бе никоҳ дубора ба занаш раҷъат намуда ва робитаи издивоҷро дубора барқарор созад.
Лафзҳои киноявӣ, ки далолат бар як талоқ доранд, иборатанд аз:
а) – «Ту дигар танҳо ҳастӣ»;
б) – «Иддаи худро ҳисоб кун»;
в) – «Бачадонатро пок кун»;
Дар ҳар яке аз ин лафзҳо, як талоқи раҷъӣ воқеъ мегардад.

5. ТАЛОҚИ БОЙИНИ БУЗУРГ

Талоқи бойини бузург он аст, ки шахс занашро се талоқ бидиҳад, чи ин се талоқ бидиҳад, чи ин се талоқ дар дафъаҳои гуногун бошад ва чи дар як дафъа ва чи фақат се талоқ бидиҳад ва чи бештар аз он. Яъне чи бигўяд: «се талоқ ҳастӣ» ва чи бигўяд: «сад талоқ ҳастӣ»,” чӣ бигӯяд бо баргони дарахт талоқ ҳасти” ҳамон талоқи бойини бузург воқеъ мегардад.

Чанд нукта:
1. Талоқи боини бузург сабаби қатъи робита байни зан ва шавҳар мегардад, яъне шахси талоқдиҳанда наметавонад ба ҳамсараш раҷъат намояд;

2. Агар зан ва шавҳар хоста бошанд, дубора робитаи никоҳӣ барқарор созанд, дар сурате метавонанд ба ин кор иқдом намоянд, ки шартҳои ҳафтгонае, ки пештар зикраш рафт, амалӣ гарданд ва он шартҳо иборатанд аз:

а) Ба поён расидани иддаи зан аз шавҳари аввалааш;

б) Ба никоҳ гирифтани шавҳари дигар;

в) Қасди шавҳари дуввумӣ ҳалол сохтани зан барои шавҳари аввалааш набошад (яъне ҳалола намудан);

Дар ин шарт байни уламо ба ин шарҳ ихтилоф вуҷуд дорад. Ҳанафиҳо мегўянд: агар шавҳари дуввумӣ чунин қасде дошт, гунаҳкор мегардад, вале никоҳи он зан барои шавҳари аввалааш ҳалол мешавад. Иддаи дигаре аз уламо мегўянд, ки он зан баъд аз талоқ шудан аз тарафи шавҳари дуввумӣ барои шавҳари аввалааш ҳалол намегардад.

г) Шавҳари дуввумӣ ба таври ҳақиқӣ бо ў ҳамхобагӣ намояд;
д) Шавҳари дуввумаш ўро талоқ дода ва ё вафот намояд;
е) Иддаи аз шавҳари дуввумӣ ба поён бирасад;
ж) Баъд аз ризоияти зан ва шавҳари аввалӣ, ақди никоҳ дубора баста гардад. Нисбати ҳалола мақола муфассале менависам ва ҳаром будани онро пас аз ба поён расонидани ин мақолаҳо баён медорам.Онҳоеки ҳалола кун ҳастанд хушҳол нашаванд,ки мешудааст. Хуб бо диққат бихонед ин фатво ҳаст танҳо.

Мақолаи баъди талоқи сереҳ ва талоқи киноявӣ мебошад,онро дунбол намоед

Share This Article