Таъбиру ибораҳои “кори дохилии ду давлат”, … “тарафи сеюм”, …“мавзӯи баҳси нишаст набуд” дар ин нота аз печидагии авзоъ ва тирагии равобити миёни Тоҷикистон ва Русия дарак медиҳад. То ҳамин имрӯз ҳеҷ мавридеро наметавон ба ёд овард, ки Раҳмонов бо ин шеваи хашин ва пур аз ғазаб Русияро “тарафи сеюм” хонда ва ба “мудохила” дар корҳои давлати худ муттаҳам карда бошад. Номаҳои эътирозӣ миёни Тоҷикистон ва Русия пештар низ радду бадал шудаанд,масалан дар мавриди сарнавишти сарнишинон ва худи ҳавопаймои русӣ, ки чанд сол пеш дар Қурғонтеппа манъ карда шуд ва ҳамин тавр дар мавриди қазияҳои марбут ба муҳоҷирон ва чанд ҳолате дигар,аммо ин бор хеле ҳам фарқ кардааст. Раҳмонов,тавре зоҳир шудааст, ки Тоҷикистонро давлати мустақил ва берун аз мадор ва доираи манофеи абарқудрате чун Русия ҷилва доданист. Вале воқеият чунин аст ки нишон дода мешавад ва ё инҷо боз ҳам сарнавишти давлат ва истиқлоли он асбоби муомила барои бақои ҳокимияти Раҳмонов ва оилаи вай мешавад?
Кореро,ки то ҳамин ҳоло Раҳмонов иҷро карда, тавонистааст, ки 28 сол дар сари қудрат дошт бидиҳад. Ин бор низ ҳамин тавр хоҳад шуд ва ё инки Русия по дар хирнояш гузоштааст?
Гап дар сари он аст ки пешниҳоди Сергей Лавров,вазири умури хориҷии Русия барои миёнаравӣ дар ҳалли муноқишаҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ин бор дар як ҷаласаи расмӣ садо дод. Лавров дар фароварди видеонишасти онлайнӣ Шӯрои вазирони хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ-ОДКБ бо рӯ овардан ба ҳарду кишвари узви ин созмон Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт: “Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем”.
Давоми як соли ахир ҳамчунин пешниҳод аз тарафи вазири умури хориҷии Русия чанд бор садо дода буд. Бори аввал ҳатто инро ҳам гуфта буд, ки Русия боз ҳам омодааст, барои оштии додани Раҳмонов ва ҲНИТ низ ҳамчунон, ки дар соли 1997 воқеъ афтод, миёнаравӣ кунад. Он вақт ин пешниҳоди Лавров аз тарафи дастгоҳи таблиғи Раҳмонов талош шуда буд,ки ба гунае дигар таъвилу тафсир бишавад. Аммо ин бор,ки бо сароҳат иброз гардид тарбуз аз бағали Раҳмонов афтоду тика-пора шуд. Бад-ин ҷиҳат на аз каналҳои дипломатӣ ва “сӯҳбати телефонӣ”,балки тавассути расонаҳо нороҳатӣ ва нигаронии худро ошкоро зоҳир кард. Бо вуҷуди онки паёмади чунин нотаро касе беҳтар аз худи Раҳмонов намедонад, аммо дигар диранг накард ва маддаву буғзашро кафонд.
Барои мо мемонад бипурсем, ки пас инҷо чӣ сирре ниҳуфтааст аст ва чаро Раҳмонов бо ин тундиву талхӣ ба Русия ҷавоб додааст? Ҳамин яке-ду ҷумлаи Лавров,ки миёнаравӣ барои бартараф кардани баҳсҳоро мегуфт, ин қадар Раҳмоновро барошуфтаву хашмгин кардааст, ки нота зад ва гуфт “қӯш” нашав,ту “тарафи сеюм” ҳастӣ ва ё инҷо, дар паси ин ҳама, чи гапи дигаре аст,ки Раҳмонов таркид, кафид? Русҳо Раҳмоновро чи кор карданианд, ки нота пахш кард? Мухотаби нотаи Раҳмонов танҳо Русия аст? Ё ӯ ба дунё муроҷиат карда истодааст, ки ӯро аз фишори Русия наҷот диҳанд? Оё ин ба ин маъност, ки то инки ин нота бо ин шева ва мазмун иблоғ бишавад, хеле аз мароҳил ва маҳофил дар масири робитаҳо тай аммо мушкил бартараф нашуд ва Раҳмонов ба сутуҳ омад ва даст зад ба интишори номаи эътирозии оммавӣ? Агар ҳарфҳо дарунӣ тамом шуда буд, зарурат барои пахши нота ба вуҷуд намеомад. Боз ҳам суолҳое дигар қатор мешаванд:-дар паси нотаи Раҳмонов чӣ меистад? Чаро Раҳмонов аз Русия ва пешниҳоди миёнаравии ӯ бадаш омаду Ҷеенбеков не? Чаро Қирғизистон аз пешниҳоди Сергей Лавров изҳори нороҳатӣ накард? Нотаи эътирозӣ надод, қаҳраш накард, бадаш наомад? Дар ҳоле,ки Лавров танҳо ба Тоҷикистон муроҷиат накардааст ва пешниҳоди миёнаравӣ ба Қирғизистон ҳам дахл дорад? Пас,чаро қирғизҳо сокитанду Раҳмонов безобита ва бетоқат шудааст? Бармеояд,ки рӯи сухани Лавров танҳо ба Раҳмонов аст? Инҷо чи гапе ҳаст,вале чӣ?
Ёдатон бошад “Ислоҳ.нет”ишораҳо дошт,ки баҳсу низоъи марзӣ дар соли 2020, ки соли иҷроӣ шудани барномаҳои хоси интихоботии Раҳмонов ва “тирамоҳи чӯҷашуморӣ”-и ӯ ва ташкилу таъсису эҷоди як намунаи давлатдории нав дар пасошӯравӣ аст, суръат ва шиддати бештар касб мекунад. Русия,ба эҳтимоли зиёд ин ҳама барномаҳои орзуӣ ва ҳавасҳои гулобии Раҳмоновро ба хобу хиёлҳои шаборӯзӣ бадал мекунад. Аммо чаро? Чаро Русия Раҳмоновро чап гирифтааст?
Раҳмонов пешниҳоди Путин мабнӣ ба узвият дар ЕвразЭС-ИИАО-ро то ҳамин имрӯз ба бозӣ гирифтааст. Дар ҳоле,ки Қирғизистон узви он аст ва инак Ӯзбакистон ҳам ба ҳайси нозир ба он шомил шуд.
Русия, ки беш аз ҳар вақти дигар дар назорати марзҳои ҷанубӣ ва минтақаи таҳти нуфузаш ба оромӣ ва субот ниёз дорад. Дар ҳоле, ки сохтумони ҳокимияте, бар пояи аъзои як оила,ки дигар дар шароити имрӯзи ҷаҳон ғайри қобили қабул ва ғайритаҳаммул аст, манбаъи нооромӣ ва бесаботӣ хоҳад буд. Мусалламан ин гуна ҳокимият осебпазир ва шикананда аст. На танҳо мухолифин ва гурӯҳҳои норозӣ аз ҳама сахттар халқ дар як ҳолати муқобала ва муқовимат бо ин ҳокимият қарор хоҳад гирифт дар ҳар лаҳзаи имконпазир ба қиём ва инқилобӣ ҳатто мусаллаҳ даст хоҳад зад.
Ҳамин ҳоло ҳам халқи Тоҷикистон шоҳид аст ки тамоми манобеъ ва сарвати мансуб ба миллат барои ҳокимияти оилавӣ масраф мешавад. Ҳокимияти аъзои як оила оқибат кислороди иқтисодӣ ва молиявӣ барои мардумро тангу маҳдуд мекунад. Хулоса ин аст ки Раҳмонов ва барномаҳои ӯ барои ғасбу тасарруфи ҳокимият ба ноамну ноором шудани на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ сабаб мешавад. Табиист,ки Русия чунин ояндаи ҳалокатборро намехоҳад. Бе ин ҳам Хитой минтақаи таҳти нуфузи ӯро дар ин минтақа тақрибан кашида гирифтааст ва беш аз ин дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ ҳам бо ҳудуди 4000 афсару сарбоз ташкил кардааст.
Аз ин рӯ русҳо имсолро барои Раҳмонов соли ахир кардан мехоҳанд ва пешниҳоди Лавров дар асл ҳатто фаротар аз узвияти Раҳмонов ба ИИАО аст. Агар масъала масъалаи сирф давлатӣ буд ва марбут танҳо ба давлат буд,мебоист ба иззати нафси қирғизҳо ҳам мерасид,ки “чӣ магар мо худамон аз ӯҳдаи ҳалли баҳси марзӣ бо ҳамсояамон намебароем” мегуфт.
Ин сӯҳбатҳои Лавров ба давлати Тоҷикистон дахл надорад, ба худи Раҳмонов дахл дорад. Русҳо гуфтанианд, ки Раҳмонов “гӯрат”-ро гум кун. Вагарна имкон дорад қирғизҳо тамоми Исфараро бигиранд ва ҳатто як ҷанги тамомиёр шуълавар бишавад ва дар дохили Тоҷикистон ҳам аз эҳтимол дур нест, тахтутоҷхоҳоне дар даруни ҳокимият ва оилаи Раҳмонов мунтазири ҳамин соати “икс” ҳастанд. Метавон ҳадс зад, ки қирғизҳо аз сӯҳбатҳои Лавров хушашон омадааст, чун мухотаб онҳо нестанд, балки онҳо таҳти чатр ва зери сипари мӯҳкаме қарор доранд.
Шояд ин шонси халқи тоҷик аст, ки русҳо иштибоҳи содиркардаашон дар соли 92-ро ислоҳ мекунанд? Дар ҳар сурат аз нотаи эътирозии Раҳмонов ба унвони Путин маълум мешавад, ки Лавров дар асл Раҳмонов ва барномаҳои зиддимиллии ӯро ҳадаф қарор додааст ва акнун ин майдон ва ин гӯйю чавгон мухолифин ва тамоми халқи Тоҷикистонрост, ки ҳарчи ҳунаре доранд пеш оваранд.
Раҳмонов ба ҷуз аз истеҳком, кафшер ва бақои ҳокимияти оила фикру хиёле дигар надорад. Ин халқу ин миллатро баробари як ҳайвони дар хонааш ва бесоҳиб гуморидааст,ки тайи 28 сол тохту тохту тохт, кушту хӯрду зиндону овораву беватан кард, ҳоло, ки як кӯдаки нарокоманашро мегираду раис мемонад. Аммо имрӯз мардуми тоҷик бояд огоҳ ва бедор бошанд, имкон надиҳанд манофеи миллӣ, давлатӣ ва истиқлолашонро Раҳмонов ба савдо бизанад. Дар соли 2004 ба хотири касби раъй ва пуштибонии Путин пойгоҳи назоратии мавсум ба “Окно” дар Норакро ройгон дод, пойгоҳи ҳарбии Русияро бар ивази 1 доллар қабул кард, сохтмони Роғунро ба дасти РусАл супорид.
Ҳамин имрӯз ҳам айнан ҳамин корро карданист. Ҳолати равонӣ миёни ду кишварро то ҳадди асабоният таранг мекунад, яъне бозор тез карданист, то қазияи худ ва писарашро ҳал кунад.
Аммо аз оқибати он андеша накарда истодааст, ки тӯли ин ҳама сол тамоми лимитҳоро истифода ва харҷ кардааст. Балки лимити барои дигарҳоро балъида истодааст. Ва,абарқудратҳо дигар ӯро қабул надоранд. Вай бояд бифаҳмад ва хушӣ ба хушӣ канор биравад ва ба бачааш ҳам нагузорад. Вагарна агарчи Сарфармондеҳи олии кулли Қуво бошад ҳам, боз генералҳое ҳастанд, ки аз ӯ дида ба Русия моиланд.
“Кори дохилии ду давлат” аст, таъкид кардааст дар нотааш. Магар Раҳмонов намедонад, Лавров ба ҳадде аз дипломатия ва адабиёти соҳавии он ноогоҳ, ки хотирнишон мекунад, баҳси марзӣ кори ду давлат аст? Раҳмонов ҳар ҳарф, ҳар таркибу ибораи сӯҳбати Лавровро то мағзи устухон фаҳмид. Аз ин ҷиҳат дурушту дағал гуфт, ки шумо маро бо Раҳмонови соли 1992 иштибоҳ гирифтаед. Ман дигар Эмомалӣ Шариповичи дар даст Калашникови русӣ ва гӯш ба фармони Квачкову Меркулов нестам. Дигар ҷомачаи беқасаб дар тану тоқичаи чакани “Маде ин …” дар сар, мӯзаҳои қошдор дар поям ҳам несту дигар лагани ош бо ду шишаи “Русская водка” ҳам дар даст надорам. Ман дигар Президенти Ҷумҳурии соҳибистиқлол ва мустақили Тоҷикистон ҳастам.
“Баҳси марзӣ мавзӯи нишаст набуд” гуфтан нишон аз хашми дарунӣ ва шӯру исёни Раҳмонов аст ки дипломати рақами аввали Русияро бар ноҷоҳарфзанӣ ва беназокативу бефаросатӣ муттаҳам кардааст. Аз ҳар сатр ва аз хилоли сатрҳои нотаи Раҳмонов ба Путин хашму ғазаб ва қаҳру ҷаҳли Раҳмонов заҳида ва чакида истодааст.
Раҳмонов дуруст дарк кардааст,ки сӯҳбат сари сарнавишти сиёсии ӯст. Аз ин рӯ ин бор ошкортар ҳарф зад. Қаблан,ки аз “қувваи сеюм” мегуфт, ном намебурд. Ин бор бо номаш гуфт,ки қувваи сеюм яъне Русия. Ва чанд рӯзи пеш президенти Қирғизистонро одами Русия ва муттаҳам дар эҷоди муноқишаҳои марзӣ карда буд.
Нотаи эътирозии Раҳмонов дар арафаи интихоботӣ раёсати ҷумҳурӣ, ки барои эъломи маъракаи расмии он ду моҳи дигар боқист, интишор ёфт. То ҳамин даври интихобот ҳамин гуна нота ба русҳо назада буд ва ҳеҷ гоҳ ҳам мухолифини ӯ дар як чунин марҳала ҳарф аз қиёму тағйири низом назада буданд…..Ва,мардум ҳам бо ин беқарориву бо ин шӯру шааф Раҳмонов истеъфо ва истеъфо Раҳмонов намегуфтанд….,ки ҳама аз он шоҳиду нозиред!