Об аз боло лой ё насли дуввуми “Фронти Халқӣ”

Ислоҳ нет

 

 

Озода Раҳмон,  Рустам Эмомалӣ,Зарринаи Раҳмон,Умеди Нуриддин,Исломиддини Нуриддин,Фахриддини Сафар,Рамзи Сабур, Ҷамолиддин Убайдуллоев,Амирҷон Убайдуллоев,Фарҳод Достиев, Исломхон Давлатов, Муҳиддин Ҳасанзода,Манучеҳр  ва Фазлиддин Наҷмиддиновҳо, Шоҳрух Саидов аз фарзандони мансабдорони баландпояи феълӣ ва пешини Тоҷикистон ва умдатан аз хешу табор ва ҳамшаҳриҳои худи Эмомалӣ Раҳмонанд,ки ҳоло дар вазифаҳои давлатӣ ифои вазифа мекунанд.Имрӯз боз бо як фармонаш Заррина Давлатзодаро раиси ноҳияи Левакант таъин намуд. Ин як феҳристи ниҳоят нокомил ва маҳдуде аз фарзандони вузаро ва руасо аст ки ҳанӯз аз синни хеле пойин ба мақомоти давлатӣ ҷалб шудаанд.Санадеро мехоҳем тартиб диҳем ва асомии ҳама мақомдоронеки аз наздикони Э. Раҳмонанд ва вазифаҳои волоеро дар ҳукумат ифо менамоянд дар он сабт намоем ва тақдими ҷомеъа намоем. Барои чӣ инкорро мехоҳем анҷом диҳем? Ҳадаф кушодашудан чашми миллат дар муқобили ин режими хонаводагии ҳоким бар кишварро хубтар шиносанд.

 

Оғози ин корномаи кучак…

 

Барои мисол Рустами Эмомалӣ ҳоло, ки 23  солаш буд, сардори яке аз раёсатҳо дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба фаъолият таъин шуд. Ва ё Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода дар синии 22 солагӣ сардори яке аз шуъбаҳои “Амонатбонк” ва ҳоло муовини раиси “Соҳибкорбонк” аст.
  Тардид надошта бошед, ки чунин ҷосозӣ ва пешбурди сиёсати кадрӣ, ҳамин тавр, барои танҳо  таъмини зиндагии хушбахтона нест. Инҷо ҳадаф ва мақсад дигартар аст. Ресмони ҳукумат дарозтар андохта шудааст.Истихдом ва интисоби фарзандони Раҳмон ва фарзандони вазирону раисони ба худаш наздик дар мақому мансабҳои давлатӣ дар сатҳи вилоёт, навоҳӣ, шаҳрҳо  бонкҳо, вазорату кумитаҳо аз он мегӯяд, ки Тоҷикистон то рафт ба як низоми шоҳигарӣ ва салтанатӣ табдил мешавад. Раҳмон ва мушовирону ёваронаш дар садади ташкили ҳокимияти оянда аз ҳисоби фарзандони мансабдоронеанд, ки дар дарозои ин се даҳа бо Раҳмон кор карда садоқат ва итоат ва вафодории  худро собит кардаанд. Бо овардани Рустам ва Озода ба постҳои муҳимми давлати Тоҷикистон ва мутобиқ кардани Қонуни асосӣ барои вогузории курсии олии давлат ба яке аз ин ду, Раҳмон номзадҳои эҳтимолии аъзои ҳукумати ояндаи зери раҳбарии фарзандонашро  ҳам дар доираи оила ва афроди қариби худ мавриди озмоиш ва санҷиш қарор дода истодааст.

 

       Айни замон аз фарзандони марҳум Нуриддини тракторист( Дар омади гап хотиррасон намоям,ки на ҳама аз сокинони кишвар огоҳ буд, ки Нуриддин тракторист аст. Шояд дар Данғара медонистанд. Аммо худи Э. Раҳмон дар ҷаласаи сарнавиштисӯзи 16-и Шӯрои олӣ дар Хуҷанд гуфта буд, ки дар авлоди ӯ танҳо худаш дипломи маълумоти олӣ дорад ва як ака дорад, ки тракторист аст), ки Худо бубахшадаш, дар замони президентии бародараш ба яке аз заминдорони бузург ва соҳибкорони сарватманди ҷумҳурӣ табдил ёфта буд. Инчунин аксари сафирҳои кишварҳоро на Вазорати Хориҷаи кишвар таъин мекард балке онҳоро Нуриддин Раҳмонов таъин менамуд. Аввалин вазифадоре дар Вазорати хориҷа қими консулгарии он домоди Нуриддини Раҳмон бо ном Баҳром кор мекард пас аз он ба сафорати Тоҷикистон ба Қазоқистон рафт. Озода Раҳмон вазифаи ӯро гирифта буд дар оғоз. Умеди Нуриддин,ба мақоми додситони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  фаъолият дорад.Писари дигараш Исломидини Нуриддин раиси Ноҳияи Данғара аст. Ва ё яке аз писарони хоҳари Раҳмон, Фахриддини Сафар, сардори шӯъбаи умури дохилаи Шаҳринав аст. Фахриддин писари Холмурод Сафаров,раиси собиқи Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аст, ки дар соли 2012 кушта  шуд. Иллати куштор ҳам ин буда, ки ӯ хост бар ивази 350.000 доллар мансаби раиси кони тиллои Шугновро ба шахси мавриди назараш медиҳад. Аммо на он шахс, балки нафари дигар ба ин вазиф мерасад.Ва ҳамин масъалаи бозгардонидани пул ӯро  ҳадафи тир қарор медиҳад.

 

    Ду писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳам ба эҳтимоли зиёд дар ҳукумати ояндаи фарзандони Раҳмон мансабҳои муҳиммеро соҳиб бишаванд. Зеро , Убайдуллоев, агарчанде дилаш барои курсии Раҳмон гум мезанад,лаб зери дандон гирифт ва мақоли мардумии гардани хамро шамшер набуридаастро шиори худ хонда як даст ба даҳону як даст ба пушт, садоқат ва вафодории худро нишон дод. Ҷамолиддин Убайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Фаронса аст ва Амирҷони Убайдуллоев  дар раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Раҳмон дар мақоми ноиби сардор ифои вазифа мекунад.Ин ду ҷавонмард ҳам омодаанд, ки зери сояи Рустам ва ё Озода дар мақоми феълӣ ва ё шояд болотар дар ҳукумати оянда фаъолиятро идома бидиҳанд.

 

     Фарҳод Салимӣ, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Бародари Фарҳод сарҳанг Рустам Достиев бошад сардори шӯъбаи корҳои дохила дар ноҳияи Хуросон аст. Абдумаҷид Достиев,падари онҳо аст,ки солҳои дароз дар канори Раҳмон фаъолият дошт ва дар поягузорӣ ва таҳкими ҳукумати Раҳмон заҳмату талошҳои сангине ҳам кашидааст.Айни замон бознишаста ва нафақахӯр аст.     

 

Зарринаи Раҳмон,духтари худи Раҳмон дар ҳоли ҳозир ба ҳайси муовини раиси “Ориёнбонк” ифои хидмат мекунад ва имкон дорад, ки дар ҳукумати оянда дар раъси Бонки Милли Тоҷикистон қарор бигирад. Чун тамоми барнома ва нақшаи Раҳмон ин аст ки давлати Тоҷикистонро бо фарзандони худаш мудирият кунад. Ба бахту толеъи ӯ ва бадбахтии халқи тоҷик шумори  фарзандони ӯ барои мансабҳои калидӣ кифоят мекунанд.

 

 Муҳиддин Ҳасан,ки айни замон ноиби раиси “Соҳибкорбонк” мебошад низ  дар ҳукумати оянда аз курсидорони муҳим хоҳад буд. У писари Ҳасан Асадуллозода ва писартағои президенти оянда ҳоло дар марҳалаи тамрин ва таълим барои ишғоли курсиҳои давлатӣ қарор доранд.

 

Сарҳанг Ҷамшед Машрабзода, сардори дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Падари ӯ Хол Машраби машҳур аст, ки як замон раиси Кумитаи андоз ва сипас раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва молики бозори “Корвон” дар Душанбе мебошад

 

 Исломхон Давлатов, яке аз Раёсатҳои Кумитаи гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Падари эшон Матлубхон Давлатов ҳастанд, ки аз ҷумла дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ то ба сатҳи муовини аввали сарвазир ва мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст, ҳамин чанд моҳе пештар бознишаста шуд.

 

Манучеҳр ва Фазлиддин Наҷмиддиновҳо,писарони Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва вазири собиқи молияи Тоҷикистон ҳам дар низомии бонкии Тоҷикистон масъулиятҳои муҳиммеро  доранд, минҷумла Манучеҳр то чанд вақт пеш роҳбарии яке аз филиалҳои “Агроинвестбонк”-ро бар ӯҳда дошт.

 

  Дар бораи Шоҳрух Саидов,писари Абдуфаттоҳ Ғоибзода,сардори  Раёсат кофтукоби ҷиноятии вазорати дохила бе ин ҳама чиз маълум аст.Вазири умури дохилаи ояндаи Тоҷикистон мешавад.Барномаи ҳукумати ояндаи Раҳмон барои ӯ ҳамин мақомро дар назар гирифтааст.Зеро на танҳо падари ӯ данғарагӣ, балки худаш аз рафиқони шаҳрии Рустам аст.

 

Заррина духтари  Дилмурод Давлатзода собиқ сардори раёсати молияи дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ ва нахустин раиси Палатаи ҳисоби тоҷикистон аст.Соли 2010 давлатов аз кор дар вилояти Хатлон ба Душанбе оварда шуд.Ӯ дар ҷои Маҳамадзоир Соҳибов –домоди калонии Э.Раҳмон дар мақоми раиси Оҷонсии хариди давлатии мол,кор ва таъин шуда буд. Аммо Заррина танҳо фарзанди мансабдорони ҳукумати Э.Раҳмон нест,ки ба мақомҳои баланди давлатӣ ҷалб мешаванду ифои вазифа менамоянд.

 

Инҷо ном ва ҷойи кори чанде аз вазирону раисони ояндаро овардем, ки бар тибқи нақшаи Э. Раҳмон баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда, ки қарор аст дар моҳи ноябри соли 2020 доир шавад, ба иҷро вазифа оғоз хоҳанд кард.Албатта, ин нақша ва барномаи Э. Раҳмон аст, аммо то он замон моро чи пешомаде интизор астро танҳо Худованд худаш медонад.Вале боз ҳам такрор бишавад, гуфтаниам, ки ҳамчунин нақша ва барнома дар сари Э. Раҳмон кайҳост дар ҳоли чархидан аст ва қисматҳое аз онро рӯи сафҳаҳо ҳам рехтааст.

 

Бар фарзе ҳамин тавр, ки  Э. Раҳмон хост шуд, пас,ҳолу аҳволи мардум чи мешавад. Беҳ ё бад ва ё аз ин ҳам бадтар мешавад? Ҳар касе агар гумон ва хиёл кард, ки беҳтар хоҳад шуд, аз ҳамин ҳоло мегӯям, ки сахт иштибоҳ кардааст.Онҳо ончиро ки мутаалиқ ба халқ ва мардум ва миллат ва давлатастро гирифтаанду гирифтанро идома дода  истодаанд.Қасдашон ин нест ки бо инки ҳокимиятро мегиранд барои мардум ва бо мардум кор мекунанд. Аслан ва абадан, на ва боз ҳам, на! Онҳо аз айшу ишрате,ки доранд  ҷудо шуданӣ нестанд. Э. Раҳмон ба ҳамин хотир онҳоро ҷалб ва ҷазбу ҷамъ кардааст-вазирбачаҳои ҳамшаҳриашро. Аз ин рӯ ҳоло мардум бад не, бадтар мешавад. Бад, ки ҳоло ҳастем. Ниме зиёд бардаву муздур ва камари хамида мисли куллӣ ва ҷугӣ, ниме  ба маошҳои хуру намур ва ё мурда -мурда мур, ниме амсоли мо аз тарси бими ҷон дар кишварҳое, ки дар гушаи хиёламон набуд гуреза ва овора ва нима дар зиндон ва ними дигарамон кор мекунанд барои бойбобоҳое чун Ҳасан, чун Шамсулло,чун Бег Сабур ва бар иваз ҳатто ҳамон маоши ночиз пардохта намешавад ва дар ҷои пул кадуву боимҷон ё ангуру помидору караму пиёз медиҳанд.Як нафар чунин нақл намуд ин масала муносибати Бег Сабур бо муҳофизаш чунин навишт.Аз утоқи корияш баромад ва садокард ба фикрам муҳофиз нашунид дар ҳол дар пеши ӯ  истод ва бо чанд мушт ӯро зад. Чунин гуфт ва ман бо ду гушам ин суханонро шунидам. Мо генерал ҳастам ва ту як аскари қаторӣ ва ҳеҷгоҳ кушиш накунед аз амру фармони мо сарпечӣ ва ё  онҳоро иҷро накунед.Агар маро қаҳр кунад ба ҳама чиз қодирам.

 

 Бале хонандаи гиромӣ ҳоламон ҳамин аст ва баъди сари кор омадани насли дуввуми Э.Раҳмону дору дастааш дақиқан, ки бадтар хоҳад шуд. Ин эркатулфорҳо, ки ҳеҷ гоҳ савори нақлиёти ҷамъиятӣ нашудаанд, ранҷу азоби кор дар саҳрои пахтаро надидаанд, таҳқиру тавҳини милисаи русро нашунидаанд, нархи туфлии бархеаш шояд сару тани яксолаи яке аз мо шавад, бо мо чӣ гӯна муносибат мекунанд?  Насли ду, ки омад бизнесу дороиҳои  падару амуи худро нахоҳанд гирифт. Танҳо бо як маоши ҳатто ҳазордолларӣ ҳам бошад қаноат карда наметавонанд. Бояд, ки ҷойи даромад бисозанд, масалан милси Бег сабур ва ё Шералӣ Гул ва ё Ҷамолиддини Нуралӣ . Ва онҳо ҳам боз додару хоҳар, язнаву хусуру хусурбача доранд. Фикр мекунед он вақт чӣ хоҳад шуд? Он вақт ҳамон гуфтаи шоир мешавад, ки мегуфт:- туалетҳои платнийро ҳам”бачаҳакои боло” гирифтагианд.  Он вақт директори литсей ва ё директори мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, директори Омузишгоҳи омузгорӣ ва ё тиббиро ҳам дар Рушону Вахшу Шаҳринаву Истрафшану Нуробод ва ё сардухтури  бемористонҳои Исфараву Шуғнону Кушониёну Бохтару Хуҷанд Рашт хуллас ҳам ҷойҳоро ба наздикони худ қисмат хоҳанд кард. Э.Раҳмон бо овардани онҳо, барои худи онҳо не, барои Рустам ё Озода ва ҳукмати онҳо талош дорад, то ки ҳам афроди содиқ ва ҳам мутеъу фармонбардор бошанд. 

 

 Аммо ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ҳатто ба фарзандони афроде назири Убайдуллоев ва Достиев ҳам ҳеҷ  мақоми давлатӣ дода нашавад ва ба муҷарради овардани Рустам ва ё Озода онҳоро аз мақом барканор кунанд ва сирфан ҳукумат ҳукумати оила, язнаҳои Рустаму Озода ва ё ҷиянҳо табдил бишавад. Яъне вазоифи калидӣ ва равғанӣ комилан тасарруф ва ғасб бишавад, ҳамчуноне, ки ҳоло баъзе аз нишонаҳои онро мо мушоҳида мекунем, ки дар бархурди манфиатҳо  Э.Раҳмон бештар тарафи домодҳо(хонда шавад духтарҳо)-яшро мегирад.Ва,азбаски Тоҷикистон майда асту саршумори аъзои оилаи худи Э. Раҳмон беш аз пеш ва босуръат зиёд шуда истодааст барои чунин нафарон ҳам  имкон дорад нарасад.  Ҳоло бо ин ҳолу авҳол мову шумо, мардуми оддӣ чи бояд бикунем? Ҳарфе агар задем қонунро бар даҳонамон мефароранд, ки халқро барои сарнагунии Э. Раҳмон даъват карда истодаӣ ба тазоҳурот даъват карда истодаӣ, ба инқилоб даъват карда истодаӣ ва исён мехоҳӣ. Сокит биистем, чизе набигуем  аҳволамон бадтар мешавад.

 

   Шояд ман аз дарду алами зиёд, шояд ман аз онки маро ва дӯстони маро ва ҳамҳизбиҳои маро ба чунин рӯз афканд ин ҳаққро дошта бошам ва дорам ҳам вале агар ки заминаи тазоҳурот, заминаи инқилоб вуҷуд надошта бошад, маоши як муаллим ва як духтур ва як инжинер ва як муфаттиш ба рузаш бирасад, магар инқилоб бо гуфтаи ман баргузор мешавад?

 

   Аммо вақте бо ин ҳама ҷамъоварданҳо, бо ин ҳама суратҳисобҳои оффшорӣ, бо ин ҳама домоду духтарҳои миллиардер, ки нияти ором раҳо кардани қудратро надорад ва дарозумртарин роҳбари дунё шудааст ва боз бачаву духтаронашро ба сари мардум бор карданӣ ҳаст, фикр мекунед  замина барои сарнагуниаш дар дасти ман аст?Ё ки агар ман ва чун ман даҳҳо нафар, садҳо нафари дигар, ки менависанд ин ҳолу аҳволро  мегӯянд, гумон доред, халқ худаш намебинад ва гумон доред ман ва чун ман, ки садҳо “мо” шудаанд мешинанду  аз худашон мебофанду “сочиният” мекунанд. Ончизеро ки ҳаст менависем, ончиро ки ҳамарӯза дар ҳама ҷо шоҳидаш мардум аст ва дар баёну забони мардум бударо менависем.

 

Дар ин моҳ росташ намехостам чизе нависам дар мавриди ин Шайтони олӣ вале худашон ба навиштан моро водор менамоянд,ки ором нашинед ва пайваста нависед.Мехостам як аз он пайёми рамазонияш он суханони дурӯғе,ки ба шариъат рабташон додааст аз онҳо интиқод ва онҳоро посух гӯям. Аммо инҳо худашон рӯз намедиҳанду менависанд,ки мо ором набошем ва бар алайҳи ин режими хуношом корамонро идома диҳем.

 

Холисона мегуям, ки беҳтарин гузина  аз сар берун андохтани нақша ва барномаи ҳукумати оянда барои Рустаму Озода аст. Фикри худашро ҳам бояд бикунад.Чун дар воқеъ шароите пеш омадааст ки поёниҳо бо шева мавҷуд зиндагӣ карда наметавонанд ва болоиҳо ҳам  фаҳмидаанд, ки бо  усули  мудирияти феълӣ беш аз ин имкон надорад.   

 

Share This Article