Одоби хоб тибқи суннат
Фурсат намедиҳад, ки бишўям зи дида хоб,
Азбаски тунд мегузарад ҷуйбори умр.
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) як шабе назди модари муъминин Маймуна (р) хобида буд, он гоҳ бедор шуда, бо дасташ сураташро молид, то хобро аз худ дур намояд, сипас даҳ ояти охири сураи Оли Имронро қироат намуда, бархост ва вузуи неке гирифту он гоҳ ба намоз истод. (Ривояти имом Бухорӣ).
Хоб яке аз неъматҳои Худованди бузург аст ва нишонае аз нишонаҳои Ўст, чуноне, ки Худованд дар сураи Рум ояти, 23 мефармояд: «Ва аз нишонаҳои (ҳикмат) Ў хоби шумо дар шаб ва (нимаи) рўз ва ҷустуҷўи шумо (рўзии худро) аз фузунбахшии ўст, дар ин (маънӣ низ) барои мардуме, ки мешунаванд қатъан нишонаҳое аст».
Барои ин ки мусалмон аз хобидани худ баҳрае гирифта, онро низ ба ибодат мубаддал созад, бояд баъзе одобро ҳангоми хобидан риоя кунад.
Зуд хобидан:
Фарди мусалмон шабҳо зуд мехобад, аслан баъд аз намози хуфтан, танҳо барои кори заруре монанди мутолеаи илмӣ, муддати зиёд бедор намемонад, то битавонад субҳ зуд аз хоб бархоста, рўзашро бо нишот оғоз намояд.
Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) Қабл аз намози хуфтан хобиданро бад медиданд ва сухан гуфтан пас аз намози хуфтанро
(имом Бухорӣ ва Муслим)
Хобидан бо вузуъ: «ҳар гоҳ тасмим гирифтӣ бихобӣ ҳамонанди вузўят барои намоз вузуъ кун».(имом Бухорӣ ва Муслим)
Хобидан дар макони пок:
Муслим ба пок будани ҷойи хобаш аҳмият дода, дар он аз хўрдан ва нўшидан худдорӣ мекунад.
Хобидан дар ҷои амн: Мусалмон мекўшад дар ҷое хобад, ки аз амнияти кофӣ бархўрдор аст ва худро дар маърази хатарот қарор намедиҳад, паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)мефармояд: «…. Дуои ҳангоми хобидан: Дуо ва зикрҳои ривоятшуда аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дастрас буда, баҷост, ки мусалмонон мавқеи хоб бар истифода аз онҳо пойбанд бошад, аз ҷумла ин дуоҳо:
«Худовандо ба номат мемирам ва зинда мешавам». «Худоё! Ба номи Ту паҳлўи худро бар замин ниҳодам ва ба ёрии Ту онро аз замин баланд мекунам ва дар ҳолати хоб рўҳи маро қабз кардӣ онро бибахшо ва агар ба ў дубора иҷозаи зиндагӣ додӣ аз он муҳофизат фармо, ҳамчунон, ки аз бандагони некат муҳофизат кунӣ»
(имом Бухорӣ)
اللهم أسلمتُ وجهي إليك، وفوضتُ أمري إليك، وألجأتُ ظهري إليك، رغبةً ورهبةً إليك، لا ملجأ ولا مَنْجى منك إلا إليك، اللهم آمنتُ بكتابِك الذي أنزلتَ، وبنبيِّك الذي أرسلتَ، فإن مُتَّ من ليلتِك، فأنت على الفطرةِ، واجعلْهُن آخِرَ ما تتكلمُ به
«Бор Илоҳо! Худамро ба Ту таслим кардам ва корамро ба Ту супоридам ва ба ин итикоъ намудам аз рўи тамоил ба хайр ва тарс аз азобат, паноҳгоҳ ва наҷот аз Ту ҷуз ба сўят нест, имон овардам ба китобе, ки онро фиристодӣ ва ба паёмбарат, ки мабъусаш кардӣ». Агар он шаб аз дунё гузашти ту дар фитрат ҳасти,бигардон ин дуъоро охирон суханонеки мегӯйи қабл аз хоб. (имом Бухорӣ)
33 маротиба Субҳонааллоҳ, 33 маротиба Алҳамдулиллоҳ, 34 маротиба Аллоҳу акбар.(Имом Бухорӣ)
Қироати Ояталкурсӣ ва оятҳои охири сураи Бақара.
Дар саҳеҳайн аз Абумасъуди Алансорӣ Албадрӣ Уқба ибни Амр (раз) ривоят мекунад,ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ду ояти охири Сураи Бақараро ҳар шахсе ҳар шаб бихонад барояш басанда ва кофӣ аст”
Имом Нававӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд : Уламо ихтилоф намуданд дар маънои басандааст ӯро .Баъзе бар ин назаранд,ки басандааст хонандаи ин ду ояти охири сураи Бақараро аз ҳар бади ва офоте ва зараре ҳар шабе мехонад онро.
Бархе дигар мегӯянд:Басанда аст шахсе ин ду оятро мехонад қабл аз хоб аз шаб зиндадорӣ,барояш шаб зинда дорӣ навишта мешавад.
Бархе дигар мегӯянд: Басанда аст хонандаи ин ду оятро инки шайтон,то субҳ наздикияш намекунад.
Имом Нававӣ (раҳ) дар охир мегӯяд : Эҳтимол дорад ҳама ончӣ уламо гуфтаанд шомили ҳоли хонандаи ин ду ояти охири Сураи муборакаи Бақара бошад.
Чи қадар фазилати бузурге вуҷуд дорад вале аксаран аз ин фазилат маҳруманд. Ду ояти охири Сураи Бақара 285,286 яъне аз “Оманаррасулу бимо унзила илайҳӣ,то охири ояти 286 “Алал қавмил кофирин”
Хобидан бар паҳлўи рост: Дар аввали хоб бояд бар паҳлўи рост қарор гирифта, дароз кашад ва пас аз он боке надорад, ки бар паҳлўи дигар гардад.
Дар Саҳеҳайн омадааст: Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) “Ҳар шабеки мехостанд ба бистари хобашон раванд ва бихобанд.Дастҳояшонро боз мекарданд ва суф мекарданд ба дастонашон ва Сураи Ихлос ва Маъузатайн (Нос ва Фалақ)ро мехонданд. Ба тамоми баданашон он ҷойҳоеки бо дастон имкони расидан ба онҳо вуҷуд дорад мемолиданд.Шуруъ мекарданд аз сар чеҳра ва ҳама баданашон,ин амалро се маротиба анҷом медоданд.”
Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) мегӯяд:”Дар хоб кардан ба тарафи рост сирре нуҳуфта аст,ки дил дар тарафи чап аст.Агар мард хоб кунад ба тарафи чап хобаш вазмин мегардад.Сабаб дар он аст,ки баданаш роҳат мекунад ва хобаш сангинтар мегардад.Вақтоки ба тарафи рост хоб кунед дил дар ҳолати мойл ё ҳаво гирифтан қарор мегирад ва тез тез бедор мешавед ва зиёд хоб наметавонед кунед.Аз ин хотир аст,ки табибон тавсия медиҳанд бо тарафи чап хоб карданро,сабаб дар он аст,ки инсон роҳат хоб мекунад.Аммо соҳиби шариъат тавсия мекунад,ки ба тарафи рост хоб кунед,то хобатон тулонӣ ва вазмин нашавад ва аз шаб зиндадорӣ маҳрум нагардед.Пас хоб кардан ба тарафи рост муфид барои дил аст ва хоб кардан ба тарафи чап муфид барои бадан аст”
Муҳосабаи нафс:
Фарди мусалмон хуб медонад, хоб ҳамон марги хафифе аст, ки бедорӣ надорад, бинобар ин хешро дар мавриди ончӣ дар он рўз анҷом додаст мавриди муҳосаба намояд ва чунончӣ хайр буд Худовандро сипос мегўяд ва бар афзўдани бар он ирода мекунад ва дар сурате, ки шар ва нописанд бошад аз Худованд талаби омўрзишу тавба мекунад.
Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мефармояд: «Худатонро ҳисобрасӣ намоед қабл аз инки мавриди муҳосаба қарор гиред ва аъмолатонро бисанҷед пеш аз он, ки санҷида шавед».
Пойбандӣ ба одоби хоб ва рўё:
Чуночӣ хобе, ки фард мебинад нек бошад, бояд ба-дон мужда дода, онро барои дўстонаш таъриф кунад, ва агар хобе, ки мебинад андўҳгин бошад беҳтар аст, ки аз он сухане бар забон наёварад ва аз шарри он ба Худованд паноҳ барад.
Расули акрам(саллалоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: “Хоби некӯ аз ҷониби Аллоҳ аст ва хоби бад аз ҷониби шайтон аст” (Имом Муслим)
Марде назди Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) омад ва гуфт: Ман хоб дидам сарам буррида шудааст.Ҷобир (раз) ровии ҳадис мегӯяд: Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) табассуме намуданд ва чунин гуфтанд: “Ҳар вақток шайтон бо яке аз шумо дар хобатон бозӣ намуд,онро дар пеши мардум нагӯед” (Имом Муслим)
Аз ин хотир хело бародарон ва хоҳарон муроҷиъат менамоянд барои таъбири хобҳояшон.Аксарашон хобҳои хуб нест ва гуфтани ҳастам.Ба тарафи чапатон се маротиба туф карда ва ба сӯйи Аллоҳ аз шарри шайтон паноҳ талаб кунед ва хоби бадатонро ба касе нагӯед.Дар ин ҳолат он хоби тарснок ва мудҳиш ба шумо зарар намерасонад.Хоби хубатонро ба дӯстонатон метавонед бозгӯй намоед.
Шабхезӣ:
Мусалмон бо намози шаб ва таҳаҷҷуд робита ва таалуқи хотири хосе дорад. Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)мефармояд: «Беҳтарин рўза баъд аз моҳи Рамазон моҳи Муҳарами Худост ва беҳтарин намоз баъд аз намози фариза намози шаб аст».(Ривояти Имом Муслим)
Аҳмият додан ба намози субҳ:
Шахси мусалмон зуд аз хоб бархоста, намози субҳашро мехонад ва то баромадани офтоб дар хоб намемонад.
Дуо мавқеи бархостан аз хоб: «Сано бод Худовандеро, ки баъд аз миронидан моро зинда кард ва бозгашт ба сўи Ўст», сипас дастҳояшро шуста ва вузуъ гирад.
Костан аз соати хоб:
Миёнаравӣ дар ҳар чиз аз нишонаҳои инсони мусалмон мебошад ва ў дар хоб ҳам миёнаравӣ пеша менамояд, чун хобидани бисёр мунҷар ба касолат ва тамбалӣ мегардад.
Ин маълумотро низ мехоҳам бирасонам,ки тибқи таҷруба собит шудаанд, инсон метавонад хобашро дар се ҳолат бигирад.
1.)Дувуним соат.
2.) Панҷ соат.
3.)Ҳафт соат.
Агар се соат хобидед хобатон пурра намегардад бояд дақиқан дувуним соат бихобед.Инчунин панҷуним соат ё чору ним соатҳам чунин аст бояд панҷ соати расо бихобед.Инчунин барои шаб сарҳол бошед ним соат хоби пас аз зуҳр хело муфид аст барои оромиши бадан ва сарҳол буданатон.
Умед аст истифода намуда бошед!
Муҳаммадиқболи Садриддин