«Интихобот»-и мазҳакаомези ахир, амдан қабул накардани талаби ислоҳот ва тағйирот, бархурди таҳқиромез ва дағалонаи раиси «нав» ва идомаи сиёсати парҳез аз фаъъолсозии ҲНИТ –ба унвони бузургтарин неруи оппозитсионӣ аз авомиле ҳастанд, ки ташкили як созмони ҷадиди сиёсиро ногузир кардааст.
Бо камоли таассуф ва нигаронии амиқ изҳор менамоем, ки ба садоқат ва устувории раиси «нав» дар роҳи мубориза ва муқовимат ва бозгашти сарбаландона ба ватан дигар эътимод ва бовар надорем. Ҳазорҳо нафар аз аъзо ва ҷонибдорони мо ва ҳамин тавр мардуми одии кишвар, ки бо мо дар иртибот ва алоқаанд, мехоҳанд даври шахсиятҳо ва ташкилоте ҷамъ ва иттиҳод бишаванд, ки коре карда битавонанд. Тақозои онҳо ин аст ки ҳарчи зудтар бояд иқдом ва амал кард. Ислоҳот ва тағйирот, ки мо аз роҳбарият талаб кардем, бо таваҷҷуҳ ба ҳамин руҳия ва таваққуъоти мардум, ҷонибдорон ва аъзои ҲНИТ ва ба манзурии бурунрафт аз ин буҳрони амиқ буд ва ҳиҷ ҳадафи дигареро дунбол надошт. Дар сурати пазируфтан метавонист ба организми карахт ва беҳаракат ҷони тоза ва тавони нав бахшад. Аммо чуноне бармеояд ин кор ношуданист ва сахту душвор ҳам бошад чорае дигар ба ҷуз аз ташкилу эҷоди як ҳаракати нав боқӣ намондааст. Ҳаракате, ки ҳама кору амалаш шаффоф ва маълум бошад ва чизе надошта бошад, ки пинҳон аз назари мардум бошад.
Ман, ошкоро ва бо сароҳат эълон медорам, ҳаракати сиёсие,ки дар садади созмондеҳии он баромадаем бо ҳадафи барандозии низоми диктотурии имрӯза дар Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин ҳаракат мухолифини низом, шахсиятҳо, ақшори гуногуни ҷомеаи кишвар, ки барояшон сарнавишти ватан, давлат ва миллат бетафовут нест метавонанд шомил ва ҳамроҳ бишаванд. Мо аз тамоми мардуми кишвар, ки зери юғи ин ҳукумати худкома ва оилавӣ қарор доранд, даъват мекунем, ки дар ин кори бузург ва сангин канори мо биистанд, муттако ва мадору қуввати мо бошанд. Мо бояд ватанамонро, давлатамонро, мардумамонро, худамонро, озодиамонро, динамонро, имрӯз ва ояндаамонро аз зери пойи ин ҳукумати истибдодии оилавӣ наҷот диҳем. Касе, ҷуз аз худи мо, моро наҷот намедиҳад.
Ҳарфи аввалу охири мо, ҳадафи ягонаи мо барандозии режими худкомаи имрузӣ аст ва маромномаву низомномаву оинномаи мо ҳам дар ҳамин ҳадафи олӣ ниҳуфта аст. Мақсади мо аз талаби «ислоҳот ва тағйирот» раисӣ ва раёсат набуд. Агарчи он на кореаст, ки натавонем ва ё наметавонем. Дар ин чанд соли мубориза собит ҳам кардем, ки метавонем дар саффи пеши ҷабҳа қарор дошта бошем ва хобу хур ва роҳату оромии сардамдорон ва аъзои ин ҳукумати оилавиро ҳаром гардонем. Аммо мо медидем ва ҳоло ҳам дида истодаем, ки ҲНИТ, ки тамоми дору мадори мо буд, чи гуна ба ҳошия бурда мешавад, мунқариз ва мунзавӣ мегардад ва таназзул мекунад. Кандан ва раҳо шудан сахту сангин аст ва мо ҳиҷ гоҳ ба худ иҷоза намедиҳем, ки дар ин бинои сохтаву ба мерос гузоштаи устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ байни бародари вай ва писари вай баҳсу даъво ба вуҷуд ояд. Мо, ногузирем, ки ҷилави ин фитна ва ин тавтиаро бигирем ва иҷоза нахоҳем дод, ки тавсияи як қаҳба санади қабули мо дар Раёсат бишавад. Мо, ки барои мубориза, муқовимат бо режим даъват карда истодаем, мо, ки ислоҳотро барои эҳёи эътибор ва эътимоди аз дастрафтаи ҲНИТ тақозо карда истодаем, аммо то ҳамин лаҳзаҳо боз ҳам, танҳо ба хотири онки раис бимонад, аз найрангу хидъа кор гирифта истодааст, ночорем даст ба амал бизанем.
Мукарраран бар ҳарду гӯш бишнавед, ки ончи низомнома ва оиннома ва Раёсати Олӣ, муовинин гуфтеду сохтед, ҷаълӣ, дуруғӣ, ғайриқонунӣ ва ғайримашруъ аст. Бародар Абубакри Нурӣ, ки мо миёни худ ӯро Омир соҳиб мегӯем агар панҷ соли пеш муовин интихоб мешуд, ҳарфу калом дигар буд. Дар ин мактаб ва муассисаи исломӣ бароиталбис ва тазвир ҷой нест ва мо наметавонем бо ҳузури худ ин ҳамаро тавҷеҳ ва табраа кунем.
Қаблан ҳам як каме ишорат карда будам, ҳоло ҳам як ёдоварии сарироҳӣ мекунам, ки дар замони устоди зиндаёд мухолафатҳои бархоста миёни ӯ ва мулло Абдураҳим, устод Тураҷонзода ва бародар Давлати Усмон мухолафат бар аҷзунотавонӣ ва заъфу нолоиқии раҳбар набуд. Касе он вақт наметавонист устодро бигуяд, ки чаро ту ҲНИТ-ро то ин ҳад хору ҳақир кардӣ. Касе он вақт нагуфта буд, ки ту раисиро натавонистӣ! Ягон гапи пушида ва пинҳон надошт. Ҳамаи корҳояш ошкоро буданд. Талош намекард, ки пинҳонӣ ва махфӣ доир кунад. Ҳеҷ кадоме аз онҳо устодро ба бефаъолиятӣ, корношоямӣ, тасарруф, ғасби курсӣ ва яккатозӣ муттаҳам накарда буданд. Устод ҳам толиби ҳеҷ мақому титуле набуд, медонед чаро ? Чун ҳама мақому титулҳо назди ҷойгоҳ ва шаъну ҷалолаш ночиз буданд. Ӯ Раиси ҲНИТ набуд. Ӯ роҳбар ва лидери бо тамоми маъно буд.
Устод Нурӣ ҳеҷ гоҳ «фаришта» нашудааст. Қиёси худ бо устод Нурӣ аз тарафи Кабирӣ камоли беинсофӣ аст. Устод Нурӣ ҳарфи ҳатто рақибонашро гуш мекард, мунаққидин ва мунтақидинашро гуш мекард. Дар ҳоле, ки Кабирӣ дар аввалин мавриди пешомада ҳамаро игнор кард. Ин иттиҳомот, ки моро ба шахсиятҳои фавқуззикр муқоиса мекунад, як навъ гумроҳсозӣ ва ба чапғалат андохтан аст. Шароите, ки болои Наҳзат омадааст собиқа надорад. Ҳеҷ гоҳ ин тавр дудастаӣ ва мухолафат амиқ нарафта буд.
Агарчи фаҳмид, донист ва ҳатто бо забони худаш ҳам иқрор кард, ки ҳузури баъд аз ини ӯ барои ҲНИТ фақат бадномӣ бор меоварад, бештар аз гузашта шикастан ва ғарқ шудан аст, аммо таваққуф накард. Бадтар аз ин изҳоротҳое дод, ки барои раҳбари як ҳизби исломӣ комилан бегона аст ва шуруъ кард ба «ҳизби ман, ҳизби ман»-гуӣ.
Бо ҳамин интихоботи сохта ва ҷаълӣ гуиё машруъият касб кардаву ба уштулум ва таҳдид мегузарад:- «ман дигар намегузорам,ки….», «бигзор вай бачаи Нурӣ бошад»,«бигзор вай бачаи зиндонии сиёсӣ бошад», «бигзор вайқаҳрамонӣ карда бошад», «он ҳеҷ рабте дигар ба ҳизб надорад», «чун дар берун гап зад», «худро дар берун қаҳрамон кард», вале бояд «низомнома» ва «раёсат»-ро итоат кунад.
Ҷаноби Раис кадом низомнома? Ҳамон низомномаи таҳрифшуда аз тарафи худи шумо? Бояд бигӯем, ки низомнома мебоист дар гурӯҳи корӣ ихтисор ва баҳсу баррасӣ мешуд. Аммо шумо шахсан ба табъ ва хоҳиши худатон онро ихтисор ва тағйиру иловаҳо ворид намуда баъдан ба гурӯҳи корӣ пешниҳод намудед. Ҳол онки бояд ин ҳама дар гурӯҳи корӣ сурат мегирифт, на аз тарафи шахси шумо. Пас аз ин дар РО ин низомномаи муҳаррафро ба овоз мондеду онро шакле муаррифӣ намудед,ки гӯё ҳама гурӯҳи корӣ дар он кор карданду баҳсу баррасиҳо сурат гирифта шуда бошад. Билохира ин низомномаи таҳрифшуда қабул гардид. Чи гуна ин низомномаро метавон қабул кард? Бори дигар мегӯям, ки пешниҳоди тағйирот ва ислоҳот дар низомнома ва Раёсати ҳизб хоҳиши чанд нафари алоҳида набуд, ин зарурати таъхирнопазир ва бебаҳс дар ин мақтаъи замонии мубориза буд ва муҳимтар аз ҳама, мардум ҳам чунин тақозоро дошт, ки дареғо дарк нашуд. Мо, инро бигуем ва ё нагуем, дигар барои аъзо, тарафдор ва мардуми кишвар пинҳон ва пӯшида намонд, ки ҲНИТ тасарруф ва ғасб шуд ва онки гуё низомнома, оиннома, Раёсат ва раис қабул ва интихоб шуд, танҳо барои як кас шуд. Як касе, ки дигар тамоми фурсату муҳлату муддати раисшавиаш тамом шудааст. Дигар наметавон онро ҲНИТ қабул ва эътироф кард. Вай дигар ташкилот ва ҳамон ЗАО-ҶДММ-и «Кабирӣ» шуд.
Низомнома-Кабирӣ;
Оиннома Кабирӣ;
Раёсат Кабирӣ.
Ин ЗАО «Кабирӣ» дар оянда чи корҳо хоҳад кард, аз ҳоло маълум аст. Масалан Муҳаммади Нуриро дар муҳокимаи Абӯбакри Нурӣ мегузорад ва бо раъйи Гулбаргу ……ҳо аз Раёсат ва ин эҳтимол ҳам дорад, ки аз ҳизб ҳам хориҷ кунад. Ва, айнан ҳамин корро метавонад бо ман, Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам анҷом диҳад. Чунки ошкоро гуфт, ки барои вай «қаҳрамон» даркор нест, барои вай нафарҳое лозиманд,ки дар чаҳорчӯби низомнома ва оиннома ва тибқи дастуроти Раёсат амал кунанд. Вале инро, ки низомнома синоними Кабирӣ шуд, оиннома муродифи Кабирӣ шуд, Раёсат табдил ба дастобрези Кабирӣ шуд, гуё дигарҳо нафаҳмиданд. Дар ҳоле, ки онҳо, ки дархости ислоҳот ва тағйирот карданд, дуруст ислоҳоту тағйиротро дар ҳамин низомнома, оиннома ва Раёсат талаб карда буданд.
То ҳамин ҳоло гуфта истодааст, ки истеъфо додам, се моҳ истодам, касе ҳозир нашуд, ҷойи маро бигирад. Фоҷеа ва дарди ҷонситони ҲНИТ ҳам ҳамин аст. Пас, мешавад гуфт, ки Кабирӣ аз руи ночорӣ ва набуди як нафари муносиб ба раисӣ раис шудааст? Ин Раёсат дигар нафаре шоиста ва сазовор надоштааст, ки ҷойгузини нафаре бишавад, ки истеъфо дод? Дар бист соли ахир Кабирӣ раиси ҲНИТ буд. Тавре раёсат ва тавре идора кардааст, ки ба ҷуз худи вай касе раис буда натавонад.
Худи ҳамин ҳолати пешомада чиро нишон медиҳад? Бӯҳрон,инқироз, таназзул, инҳитот, суқут, варшикастагӣ? Не? Ин ҳолат дар ҳақиқат ҳамин тавр аст? Ин ҳолат табиӣ аст ва ё сунъӣ, ки касе натавонад, касе нахоҳад? Масалан метавонист бигуяд, ки ман номзадиамро бар манфиати Домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ пас мегирам. Ва худам ҳам аз шумо даъват мекунам ва шуморо ташвиқ мекунам, ки ӯро дастгирӣ кунед ба вай раъй диҳед. Биёед ҳамакаса дар канори Ризоӣ бошем. Чун ман истеъфо додаам ва аз руи ахлоқу одоб нест, ки дигар раис бошам. Чаро нагуфт? Агар ҳамин тавр мекард, чи коре бад мешуд? Магар кори бад мешуд?
Агар дар ҳақиқат аз раисӣ рафтанӣ буд, агар дар ҳақиқат «бозӣ» набуд, чаро накард? Вақте то ба ҳамин ҳад, ки Шоҳнаим ту нагир, ба ман алтернатива биист гуфтанро фаҳму дарку фаросат карда тавонад чаро ин дарку фаҳму фаросат нарасад, ки ман номзадиамро мегирам, чун Худоро шукр, номзадҳо, ҳатто агар қалбакӣ ҳам буданд, пайдо шуданд. Бигзор байни Ризоӣ ва Шоҳнаим интихоб кунем. Агар мақсад ва ғараз соф буд ва агар ин интихобот бозӣ набуд?
Масалан чи бад дорад, ки нафар аз узви қаторӣ узви Раёсат шавад ва ҳамчун номзад ба раисӣ пешбарӣ шавад? Чи бадӣ дорад? Магар ин гуна таҷриба дар дунё нест? Магар раисони давлатҳо, масалан Трамп, масалан Зеленский масалан даҳҳои дигар вазир ношуда раиси ҷумҳур интихоб нашуданд.
Мақсаду ҳадафи интихобот ҳамин нест? Интихоботи озод ва шаффоф чи аст? Ё Трамп ва садҳои дигар дар ҳизбҳояшон аз чи ҷойгоҳҳое бархурдор буданд ?
Раис пас аз инки аз ҷониби аъзои РО ба хотири надодани гузориш тӯли даҳ соли охир интиқод гардид, ҷой инки гузориш диҳад чикор кард? Ошкоро гуфт ман гузориш намедиҳам ва худашро гузоришдиҳанда надонист. Гузориш додан ба аъзои РО ва аъзоёни ҲНИТ-ро гузориш додан ба Раҳмонов ва СС.Ятимов баробар кард. Яъне чӣ? Чун коре накардаӣ,чӣ гузориш ҳам бояд диҳӣ!
Масалан муттаҳам мекунад, ки баъзеҳо чун фикрашон нагузашт, худро дар муқобил қарор доданд. На, бобо, фикри мо мегузашт, агарки фиребу макру ғиром истифода карда намешуд.
Дар кадом интихоботи дунё дидаед, ки Раёсат қарор карда бошад, ки аъзои он аъзои дигарашро ба номзадии раисӣ, бидуни мувофақа бо худи номзадшаванда пешбарӣ бикунад?
Раис гуфт, ки фалонӣ, фалониҳо номзади арзандаанд, метавонанд раис бошанд? Ин тавр, ки буд метавонист ибтикори амал нишон диҳад, номаздиашро ба хотири раис шудани фалониҳои арзанда бигирад?
Домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ номзад шуд, чаро раис номзадиашро нагирифт. Ин ҳама бозӣ буд. Ҳатто ин дуруғро, ки ҳафт кас пешбарӣ кард, ҳама фаҳмиду донист. Ман номзадиамро пешбарӣ накардаам, аммо номзадиамро пас мегирам. Маро касе напурсидааст, ки номзад мешавӣ. Вале ман номзад шудаам, бояд номзадиамро бигирам. Ҳоло агар ман номзадиамро намегирифтам, ба ман дигарҳоро кор надорам, раис овоз медод? Ман номзадиамро намегирифтам чи гап мешуд? Ягон дигаргунӣ мешуд?
Тамоми ин корҳо, дигар барои ҳатто одами кару кур ҳам рушан шуд, ки Кабирӣ аз ҳамон оғоз рафтан намехост. Раис гуфт се моҳ истеъфо дод, касе ҳозир нашуд, ки даъвои курсӣ кунад. Ин вазъият чӣ маъно дорад? Раис мегуяд аз берун не, бояд аз Раёсат интихоб шавад. Чаро бояд аз Раёсат интихоб шавад? Агар касе аз Раёсат намехоҳад чаро аз берун нашавад?
Набуди як нафари дигар, ки бихоҳад раис бишавад маъниҳои зиёд дорад. Инро бояд бисёр ҳам таҳқиқ кард. Иллат чист?
Чаро касе ҷуръат намекунад. Таҳдид ва тарс аст? Тарс аз кӣ?
Шояд дастур ин бошад, ки мемуриву меистӣ, намеравӣ?!
Кабирӣ ошкоро гуфт, ки акнун, аз ин ба баъд дар чаҳорчуби низомнома ва оиннома амал мекунад ва ноқизи шарту шурут ва меъёри низомнома ва оиннома минбаъд наметавонад наҳзатӣ бошад. Нақша дорад аз ҳамин аснод ба унвони аҳрум ва фишанг истифода кунад. Ва ҳатто гуфт, ки бигзор вай ҳар касе бошад, чи ҷойгоҳу мақоме дошта бошад аммо дар чаҳорчуби асноди ҳизб бо вай бархурд мешавад. Ҳоло ин гапҳо дигар туфанг шуд. Низомнома туфанг, оиннома туфанг, Раёсат туфанг, аммо ин туфангҳо муқобилӣ кӣ? Муқобили онҳое, ки хостанд ислоҳот ва тағйирот шавад ва дар ҷони мурда ва дар оби гандида ва дар курсии бӯгирифта руҳу роиҳаи ҷадид падид ояд.
Яъне ихроҷ карданӣ аст. Яъне мехоҳад, ки минбаъд Муҳаммадиқбол аз номи ҲНИТ гап назанад, худро Наҳзатӣ нагирад. Ин кор ба суди кист? Ин кор киро хурсанд мекунад? Ин кор ҳадафи кист?
Раис таҳдид карда истодааст, ки ман ину он мекунам. Ба «ҳизби ман» ин хелиҳо даркор нест. Яъне чӣ? Шояд дар воқеъ аслу асоси ҳадаф дур кардани ислоҳотхоҳон бошад?
Шояд ҳадаф ин бошад, ки «Ислоҳ» аз ҲНИТ дур ва бегона карда шавад?
Раис билофосила ба «ҳизбам ҳизбам» гӯӣ даромад. Наҳзат ҳизби ту бошад, Наҳзати мо куҷо шуд? Наҳзати падари Муҳаммади Нуриву падари Муҳаммадиқболҳо наҳзати Ризоиҳо, наҳзати эшони Абдусатторҳо Ҷаннатуллоҳо ва ҳазорон ҳазори дигар, Наҳзати Ҳусайниҳо Зубайдуллоҳҳо Раҳматуллоҳо Муҳаммадалии Ҳаитҳо куҷо шуд? Ин ҳамон суруди «Тоҷикистон аз манӣ»-сароиҳои Раҳмоновро ба ёд намеоварад?
Мо, ки ин низомнома ва ин оинномаро қабул накардем, мо, ки ин интихоботро қабул накардем, мо, ки раёсати шуморо қабул накардем, шумо бо чи руе моро метавонед ихроҷ кунед, бо чи асосе?
«Касе гапи маро намегирад, гапи ман -ин яъне- низомнома, ин яъне оиннома ва ин яъне худи ман- Кабирӣ вай дигар наҳзатӣ нест».
Чаро гапи ҳизб дарунакӣ бошад. Ман инро намефаҳмам. Чи чизи ҳизб фош мешавад? Чи чиз аз кадом нафари ҳизб фош мешавад?
«Дар паҳлуи худ бародаронеро мехоҳам, ки танқид кунад….аммо дар чорчуби меъёрҳои ҳизб. Ман эҳсос мекунам, ки маро, ҳизбро, низомномаро игнор карда истодаанд. Минбаъд ҷаласаҳои ҲНИТ онлайнӣ не, ҳузурӣ мегузарад ва онгоҳ хоҳем фаҳмид, ки кӣ хабарҳоро бурда мерасонад. Тилфонҳоро мегирем ҳама тафтиш мешад баъд аз он медароянд. Чунки мо ҷойи заъф дорем масалан келини ман заъфи ман шуд. Минбаъд ҷаласаҳои утоқӣ мешавад. Дар он утоқе, ки шумо дар ҷаласа иштирок мекунед дигар аъзои оила набояд бошад».
Ин чи ҳизб аст? Ин чи ислом аст, чи чизи баҷоӣ аст? Шумо як чизи асосиро нагуфтед.
Ин ҳизб дигар НИТ нест, ин ҳизб ташкилоти Кабирӣ аст. Мо инро ҲНИТ намешуморем. Инро мактаби Нурӣ намегуем.
Мактаби Нурӣ агар буд, магар бачаи Нурӣ дар он, ҷо намеёфт. Мактаби Нурӣ агар буд, додари Нуриро бар муқобили бачаи Нурӣ ба бозӣ медаровард?
Бозиҳои Кабирӣ дар тӯли ин ҳафт- ҳашт моҳи ахир ба ҲНИТзарбаи сангин зад. Охирин умедвориҳо сифр шуд. Мардум гуфт, ки инҷо ҳам барои мансаб будааст ва дилсарду ноумед мешавад.
Муборизаи Кабирӣ дар ҳамин ҳад ва доира аст. Беш аз инроинтизор будан ва таваққуъ доштан нодуруст аст. Дар Душанбе ҳатто аз баромадан ба хиёбон ва эътироз кардан сарфи назар кард. Мегуяд, ки раисони ҳизбҳои фалон-фалонро ҳукумат зиндонӣ кард, муовинаш мурд. Мо силоҳамонро супорида будем, чи кор мекардем. Гуфтанист,ки агар мебаромадем зиндонӣ мешудем. Ҳоло чи шуд? Як ҳизб, ки ҳукуматро водор ба тақсими қудрат карда буд, ҳадди ақал тазоҳурот карда натавонад, чи кор бояд кунад?
Агар Кабирӣ ҲНИТ-ро фаъол кунад ё карданӣ аст чаро ҳоло ҳам мегуяд, ки ПМТ чатри мост. Кабирӣ таҳти чатру чодур гирифтанист. Таҳти чодур куҷо фаъол мешавӣ?
Наметавонад. Чаро? Чунки вай таомул ва тиҷоратро дар ҷойи аввал қарор додааст. Муборизаи вай ин аст ки гуфт: ПМТ чатри мост. Ҳоло мо дида истодаем, на инки чатр, гунбаз ва сақфи фулодӣ фуру рехта истодааст. Чатр чиро метавонад ҳифз кунад?
ҲНИТ дар ҳиҷ кишваре мусалмонӣ ҷой наёфт. Фикр мекунед чаро? Масъалаи ноқабулонидан ва фақат набуди як шахсият ва лидери мазҳабӣ набуд, масъала занахдони бесабил набуд, масъала ин буд, ки дар ҲНИТ намоде ва нишоне аз исломият боқӣ намонда буд.
Мо, агар тазоҳурот мекардем, мо агар ба хиёбонҳо мерехтем, мо агар дар ҳақиқат ошӯбу исён мекардем зиндонӣ ва фирорӣ мешудем алам надошт. Мо бе ҳеҷ чиз ронда шудем. Ин магар айбу заъфи як узви қаторӣ ё раис ё раёсат аст?
Барои шахси худ шуда ҳамаро қурбон ва фано кардан бадтарин хиёнат аст. Ин парванда ба МУС на, ин парванда дар он тараф баҳсу баррасӣ мешавад, ки аз номи ислом ҳатто даст ба амали номашрӯъ бизанӣ.
Аснод ва раёсат ва раисе, ки бо дуруғ ва ғайриҳақ ва фиреб сохта шудааст, машруият дорад? Мо бояд чашм бибандем ва дурӯғро рост пиндорем. Магар мумкин аст? Магар халқ надид. Ҳоло агар Худоро, алъаёзубиллоҳ, аут кардем, халқ чи мегӯяд? Бо ин дуруғи ифшошуда ҳамроҳ мешавад? Халқ бо дуруғ ҷомеаи исломӣ сохтан меравад, демократия сохтан меравад, бар зидди як дарозумри сиёсӣ бо як дарозумри сиёсии дигар меравад?
Бо ин шаклу шева раис шавиву ҳоло шуруъ кунӣ ба таҳдид, ки ину ону ину он, мекунам? Ҳамаи ин маро ба ин натиҷа овард, ки инҷо ҳадаф шикастан ва пораву аз байн бурдани ҲНИТ аст. Барои ҳамин имрӯз бояд ташкилоти нав сари кор ояд, то холигоҳ пур шавад ва он 50 ҳазори узвро ҷазб кунад, бовар ва умед диҳад, ки мо идомаи роҳем, ки рафта будем.
Бале, дар ҳақиқат ҳайфи ҳизб, ҳайфи ҳизби исломӣ, ки раис бигӯяд ман бо шумо тавассути фейсбук гап намезанам ва даъво пеш оварад, ки алиф бе те сеи ҳизби исломиро бояд омузонд ва маломат кунад, ки шумо ҳизби исломӣ ва исломро нашинохтед. Астағфируллоҳ! Фақат як чизро гушнишон кунам. Ин алиф бе те серо бо забони одамӣ ё фариштаҳо меомузонед?
Бародарони Раёсат. Ман бештари шуморо шахсан мешиносам, бо баъзеи шумо дар ҳиҷрати аввал дар кампҳо, ки инҷо бигзор ёдовар нашавам, будам. Имруз ҳам ҳамроҳи шумо дар ҳиҷратам ва агар дар ватан будам, ба яқин бо аъзо ва Раёсати зиндонии он будам. Ин ҳарфҳои маро лутфан, хоҳиш мекунам, хеле ботаанӣ, ботааммул ва чуқур андеша ва тафаккур кунед.
Сарнавишти як ташкилоте бо 50 ҳазор аъзо,ки баробари як давлат ва як ҳукумат ҷойгоҳ дошт рақам мехурад, аммо як кас пеш намедаромадааст, ки раис бишавад? Чаро худи Кабирӣ, ки истеъфо дод, нафари дигарро дар ҷойи худаш пеш наовард, тавсия надод ва ҷонибдорӣ накард ва бар манфиати вай номзадиашро пас накашид. Масалан дигарҳо номзадиашонро гирифтанд, шуд,ку! Чаро, агар Кабирӣ хайру салоҳи ҲНИТ, мубориза ва муқовиматро афзал мешуморид, ҳизбро беш аз ин беобру ва беэътибор намекард, ҳамсафони ҳизбӣ, гуруҳҳои дигари муборизу оппозитсионӣ ва халқро бар самимият ва садоқати муборизааш бар зидди Раҳмонов машкук намекард, сари ҳарфи истеъфояш меистод ва нафари дигар, масалан Домулло Ризоиро ҷонибдорӣ мекард ва ба манфиати вай аз раисӣ даст мекашид. Мо ба ин натиҷа расидем, ки барои идомаи мубориза ҳаракати худамонро, ташкилоти худамонро бояд таъсис бидиҳем.
Мо ба хотири бозгардони эътибор ва ҷойгоҳи аз дастрафта,ба хотири эҳёи умеду ормони мардум таъсиси ҳаракати навро дар рӯзҳои наздик эълон медорем. Ҳадафи асосӣ ва меҳварӣ барои тамоми мухолифин як аст: тағйири низом ва сари қудрат овардани неруҳои нав, албатта бо чеҳраҳои нав, гапу ҳарфи нав, усул ва шеваи нав.
Худо кунад, ки ин охирин суҳбатам дар ин масъала бошад ва дари ин мавзӯъ баста бигардад. Мухолифат надорам, хусумат надорам, ҳама мухолифатҳо корӣ буданд ва бар фарзе истеъфо доду гуфт, ки иштибоҳҳоямро пазируфтам ва биёед, инак ин гӯй ва ин майдон ҳама чиз мисли қабл мешавад, якҷо мешавем ва якҷо пеш меравем. Аммо баъид аст ин кор шавад.
Дигар ҲНИТ ба унвони неруи оппозитсионии пешбар, мутаассифона, он ҷойгоҳ ва нуфузеро, ки дошт аз даст додааст. На фақат неруҳо, балки ҷомеаи кишвар ҳам аз бефаъолиятӣ, корношоямӣ, бесамарӣ, беҷуръатӣ, беасарӣ номаълумӣ, ноаёнӣ хаста ва дилгир шудаанд. Чунки дигар Кабирӣ аз ин корҳо, ки бояд иҷро карда шавад намекунад. Кабирӣ дар фикри дигар аст. Бори дигар гушзад мекунам, ҳоло ҳам агар билфарзе тағйироти ҷиддӣ ва калидӣ дар РО ва раиси он сурат бигирад мо дар хидмати ҲНИТ хоҳем буд!
Мо ба хотири татбиқ нашудани раванди ислоҳот ва тағйироти ҷиддӣ дар амал интихоботи рӯзи 24.05.2025-ро бойкот намуда будем. Ҳатто моро роҳ нишон дод, таҳрик кард ва гуфт «касе роҳашонро нагирифтааст байрақ дар дасташон аст». Бале мо месозем чун падарони мо сохтанд, мо роҳи онҳоро идома медиҳем.
Сари ин кор, мо ҳайати тадорукот зиёд андеша кардем. Кори осон нест. Ҷазбу ҷалби мардум ва онҳоро ба муборизаи ҷиддӣ бурдан бо як созмони нав. Вале поистану мунтазир будан ҳам тадбиру чора буда наметавонад, чунки интизории зиёд кашидан аз марг бадтар аст.
Муборизини огоҳ ва воқеъӣ бояд бо ҳам канор оянд ва инак мо бо таваккул ба Аллоҳи тавоно ва бо такя ба мардуми бошараф то чанд рӯзи дигар ин муждаро мерасонем.