Охирин хоҳиш: аз ин Конслагер берунам кунед!

Ислоҳ нет

Як номаи хело пурдард аз як зиёии кишвар ба Ислоҳ расид,ки воқеан хело аламовар буд. Дигар тобу тавон ва тоқати дар ватан зистанро надорад.То охир ҳангоме хондам аз зулму истибдоде дар дохили кишварамон мегузарад навиштааст. Ҳангоми қироати ин нома боварам кунед бе ихтиёр гиристам чун ҳоли 10 млн шаҳрванди кишври мо ва шумо дақиқан ҳамин аст.

Шумо ба ин миллат кай хидмат карда будед, ки ба ман кунед?

Акнун ба хулосае омадаам, ки дигар ин кишвари ман нест. Тоҷик гуфтани қавмият ҳам вуҷуд надорад.

Чанд қабоиле бо номҳои кӯлобиву ғармиву сӯғдиву роғунию файзободию ваҳдатию ҳазору як “-ӣ”-и ҳои дигар… аз ҳам ҷудо, дар душманӣ ба ҳам рӯзшуморӣ ва роҳбарӣ доранду бардагии як қавм мар қавми дигарро ривоҷ дода….

Мардуми дар хориҷбуда бовар кунед, касоне, ки аз дохил талаби адолатхоҳӣ мекунанд, инҳо баръакс, бар алайҳашон ҷабҳа мекушоянд. Дар ин ҷабҳа куҷо як ҳизу занмиҷозу ҷоҳилу двоишник ҳаст гирд овардаву шабу рӯз дасисапардозӣ мекунанд, вале аз шумо дархост мекунанд, ки биёед ҷаноби олӣ ва Рустамашу дигар мақомдорони соҳибнуфузашон дар ҳаққи шаҳрвандон ғамхорӣ мекунанду ба мушкилотатон расидагӣ мешавад.

 Биё я ариза навис дар Тоҷикистон бху бгард… короче кайф кун.

Кайф кайфи ҳаминҳо; на ақл доран, на тамиз.

Вале касоне, ки аз дохил талаби барқароршавии ҳуқуқу хостаҳояшонро кунанд, гӯё ин каркаданҳои кар, чизеро нашнида, куршапаракҳои кӯр, гӯрканҳои (қашқалдоқҳои) рӯи гӯр чизеро надида, ва гурозҳо бо гурзҳо, аз пешат як намуд бо гардани ғафс радд мешаванд, ки гӯё ғуломи ачаву аташон бошӣ!

Чӣ, магар Тоҷикистон аз кай моли шумо шуду мо шаҳрвандони озоди ин диёр ғуломи ататон шудем?

Шумо на худро шинохтаед, ки кистеду на атрофиёнатонро, ки кӣ ҳастанд?

Хитоб дорам ба ҳаммаатон – мауосдорон, ҷумлагӣ, нагӯед, ки власт дар дасти оилаи Раҳмонов аст. Дурӯғ мегӯед, агар Раҳмонов як ҷиноят кунад, 99-тои дигараш моли шумост! Шумо зери ному сояи ӯ доред бар тоҷикону бар ману ман баринҳо шабу рӯз ситам мекунед!

Меринеду бори Раҳмонов мекунед! Шумо ҳам фардо ба қудрат расед, аз ӯ бадтар мекунед!

Давлатдорӣ маънояш хидмат ба мардум аст, на инки озор додани шаҳрвандону зиндонӣ сохтани ҳақталабону ғорати сокинон!

Шумо аз кисаи миллат мехӯреду мепӯшеду дам мегиред, ки ба онон хидмат кунед, на инки инҳо чун бардагони ҷаддатон -Чингизхон, баротон ҳашару ғуломӣ кунанд!

Бо ин ду се нодон, ки чунин медонанд,

К-аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд.

Шумо хармағз бошед айби дигарон чӣ?

Шумо ки давлатдориро дар тасоҳубу тамаллуқу тороҷи дигарон доненд, айби шуури мо чӣ, ки шуморо дар ҳамин сатҳи пасти бемаърифатӣ муаррифӣ мекунем?

Магар нотавонро тавоно гуфтан айни бехирадӣ нест?

Магар дуздро одил гуфтан айни беэмонӣ нест?

Магар қабл аз он ки ин давлатро ғасб кунед, соҳиби ин ҳама молу мулку хоку чарогоҳу бозору дороиҳо будед?

Агар  на, аз кадомин роҳҳои “ҳуқуқӣ” ин ҳамаро тасоҳуб кардед?

Харидед?

Дуздидед?

Чаповул кардед?

Ғасби рейдерӣ кардед?

Ё давлат туҳфа кард?

Барои чӣ маҳз ба шумо ин ҳама дороиҳо тааллуқ гирифтаанд?

Бозор аз шумо

Мазор аз шумо

Пушти забор аз шумо

Озер аз шумо

Ҳозир аз шумо

Оянда аз шумо

Ба мо чӣ мемонад?

Мо куҷо равем, чӣ кунем, чӣ гуна бизием?

Ҷангатон бо мо ҳамон рангу бӯеро гирифта, ки ба солҳои 1992-97 дошт: маҳаллӣ, қавмӣ, бегона бар бегона, минтақа бар минтақа… Тоҷикистонро дигар касе аз дасти шумо наҷот дода наметавонад. Ин ҳама орзуи хом аст. Тоҷикистон чун Бухоро бо рафтани шумо садпора мешавад!

Шояд, зистани мо зери дигар кишварҳо бидуни шумо, ҷудо аз шумо,  гуворотар бошад!

Тоҷики Афғонистонӣ беҳтар аз мо озодию шарофату сарвату маконат дорад!

Тоҷики Ӯзбакистон аз мани тоҷики Тоҷикистон озодтару сарватмандтару боҳуқуқтар аст!

Тоҷики Қазоқистону Қирғизия ҳам ҳамин гуна!

Намояндаи Сафорати Амрико ҳам гуфта буд: агар дар шароити Тоҷикистон ҳам як ҳавопаймои бепул ба самти ИМА сар диҳем, Тоҷикистониён ҳам дар болҳои он хоҳанд часпид, чун Афғонистониён!

Оре, ман ба шумо аз Конслагере бо номи Тоҷикистон хитоб дорам – охирин хитоб, ҳамон ҳавопаймои Амрикоӣ кай иҷозати парвоз мегирад, ки дар болаш ба буландиҳо парвоз кунаму берун аз ин Конслагер, барои охирин бор суқут кунам?!

Охирин орзуям, вопасин хоҳишам аз Ҷаноби Олимақом, Сарфармондеҳи кулли Қуво, Мистер Фюрери Тоҷикистон – Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ин аст, ки маро аз хоки Тоҷикистонат берун куну дар ҳар куҷое аз марзу буми хориҷ аз ин Конслагер ба қатл расон! Як тир дар пешонаам парон!

Ман, қабл аз инки ҷисмамро шумо –  хукҳо садпора кунед, кайҳост тарсу орзуҳоямро дар худ, ҷабран, куштаам!

Маро бар ғалат дар ин Конслагер ба олам овардаанд!

Ман на маҳву нобудӣ, на марги шуморо ва на орзуи озодии бардагонатонро дорам!  Шумо худ рӯзе ба марги сагиятон сагмур хоҳед шуд! Бардагонатон ҳам умри дароз дидаву «шоду хуррам ва розӣ аз қазо» хоҳанд мурду боз баротон миллионҳо бардаву каниз хоҳанд зойид!

Ман як асирам. Асире, ки орзу дорад берун аз ин Конслагер ҷон бидиҳаду ҷисмаш бӯи ин хоки гандидаро нашамиду онро дигар барои охирин бору барои абадият оғуш нагирад!

Ман инро аз ноумедӣ бароятон хитоб надорам – барои озодиям аз қолаби ин ҳама асорат ва надоштани тоқати дидани чингизчурдаҳое чун шумо, пешниҳод дорам!

Ҷаноби Фюрери Азимушшаън! Ту бароям як бегонаӣ! Ман ҳам бароят як бегона!  Ту як кӯлобӣ ва ман як қаротегинӣ! Ҳеч гоҳ на ман туро ва на ту маро дӯст нахоҳем дошту содиқона ба ҳам дасти дӯстӣ нахоҳем дод!  Ё ин ҷо ту ё ман бояд боқӣ бимонем! 

Ту ҳокимӣ маро маҷбур дорӣ, ки туро таъзим кунам ва ман ҳоким бошам ҳатман сари туро ба нестӣ мекашам!

На ту маро ва на ман туро мебахшам!

Миллияти ту таҳрифе беш нест. Миллионҳо чун ту танҳо барои бардасозии тоҷикони асил имрӯз дар киса шиносномае доранд, ки ба ҷои нажоди асили худ дар он «тоҷик» хонапурӣ шуда аст!

Ба ин паспортҳо ва ҷинсиятҳои музаввар на ман ва на ту бовар надорем!

Паспорти тоҷикии манро бар ғалат ба ман додаед. Ман аз ин шиноснома нанг дорам! Агар имконе ҳаст онро баротон бозпас мегардонам. Маро аз шаҳрвандии ин Конслагератон хат занед!

Ман дигар на шуморо ва на ин миллатро ва на ин Ватанро дӯст намедораму эҳтиром қоил нестаму барояш усулан арзише қоил нестам!

Ман худро дар байни 10 миллион тоҷику  тоҷикшумурдагони чингизтабор бегона эҳсос мекунам.

Агар қабул доред, ки маро аз маҳдудаи ин Конслагери сахтнизом бо ҳар роҳу василае радди марз ё бадарға кунед, ман омодаам, ки ҳам шиносномаи Тоҷикӣ ва ҳам Паспорти хориҷиямро бурда, бо ариза ба шумо супорам!

Ман вақте аз ин Конслагер бурун шудаму аз дуриҳои дур бурҷҳову симхорҳои танидаи гирди марзи ин маҳдударо барои охирин бор мушоҳида кардам, чун Бозори Собир нахоҳам гуфт:

Аз ватан вақте ки мерафтам,

 Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,

 Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.

Гуфтам: аз рӯи ҳаво хат мекашам  рӯи ватанро,

Баъд аз ин, бигзор, бигзор,

Ман набинам рӯи ӯро,

 Ӯ набинад рӯи манро.

 Хостам дар шишаи танги ҳавопаймо  ба ин маънӣ

Хат кашам акнун,

 Вале он шишаро нохост бӯсидам,

Чун дилам мехост, бӯсидам,

 Бӯсаам дар шишаи танги ҳавопаймо  намеғунҷид.

Аз ватан рафтам,

Валекин дур рафтан аз ватан имкон надорад..

Вале, ман Бозор Собир нестам, ки Конслагереро ватан хонам!

Ин ватанхоҳӣ нест, ин пазириши асорату бардагии шумост, ки ман онро ба қиммати гузаштан аз ин марзу буму паспортҳояш, розиям раҳо кунам!

Ман озодӣ мехоҳам! Онро шумо дастнишондагони бардаи хоҷагонатон имкон надоред бароям таҳия кунед!

Шумо худ бардаед!

Share This Article