Оё медонистед, ки Амрико ба мусалмонон 32 сол ҷизия (дан) додааст?

Ислоҳ нет

Иёлоти муттаҳидаи Амрикое, ки имрӯз онро нерӯманд ва хело давлати муқтадираш медонед, оё огоҳӣ доред, ки ба мусалмонон ҷизия медод?

Маълумоти дақиқ ва мустанади таърихӣ

Иёлоти муттаҳидаи Амрико соли 1776 аз Англистон эълони истиқлолият намуд. Пас аз он шурӯъ намуд ба шукуфоӣ ва инкишофу тарақиёт. Ба сохтани киштиҳои баҳрии бузург оғоз намуд ва соли 1783 дақиқан пас аз ҳафт сол аз эълони истиқлолияташ бо киштиҳои худсохташ дар баҳрҳо шино мекард. Оғоз ба сохтани киштии ҷангии бузургтаре карданд ва ин киштии бузурги ҷангиашонро то соли 1785 ба итмом расониданд. Амрико дар  27.07. 1785 киштии ҳарбии бузургҳаҷми маъруфаш бо номи (MARIA)-ро муҷаҳҳаз намуда, бо сарфармондеҳии капитан (Isaak Stevenes) ва 300 сарнишин ва силоҳҳои ҷангӣ ба обҳои сарзамини ислом сафарбар намуданд. Дурустараш Ҷазираҳое, ки он замон тобеъи хилофати Усмонӣ буданд. Он солҳо кишваркушоиҳои мусалмонон дақиқан аз соҳили Қодиши Алҷазойр барои тасхири давлатҳои атрофи он роҳандозӣ мешуданд. Аз оғози таъсиси ин давлати Амрико дақиқан пас аз нуҳ соли ба даст овардани истиқлолият дар сар ҳадафи кишваркушоӣ дошт. Аммо бехабар аз он, ки ин ҷо мусалмонони ғаюру ҷон бар каф дар камин аз сарҳадоти баҳрии ин сарзамин бо баҳои ҷонашон ҳам тамом шавад, ҳимоят мекунанд.

Сарҳадбонони флоти баҳрии хилофати усмонӣ  бо як ҳамла маҷбур мекунанд, ки киштӣ ҷониби соҳил ҳаракат кунад. Чун киштӣ бузургҳаҷм буд, дар лаби соҳил банд монд ва киштӣ ғанимат ва сарнишинонаш асири далерон гашт.

Забти киштиҳои Амрикоиҳо

Агарчӣ ҳукумати даври Амрико талошҳо барои бозпас гирифтани ин киштии ҳарбияш намуд, аммо бе натиҷа анҷом ёфт. Аз миён ҳашт сол гузашт, дар моҳи октябри соли 1793 Амрико киштиҳои дигари бузургҳаҷмашро бо парчамҳои Амрикоӣ вориди баҳри сафеди миёназамин кард. Яку якбора Амрико 11 киштиашро ба он минтақа сафарбар намуд, то он киштии аз дастдода ва асиронашро раҳо кунанд. Гумон карданд, ки бо ин киштиҳояшон, ки парчами Амрико дар болои ин киштиҳо парафшонӣ доранд, кишваркушоӣ мекунанд. Бо 11 киштӣ алайҳи мусалмонон ҳуҷум карданд, аммо дар натиҷаи як ҳамлаи ғафлатгирона бори дигар ҳама он 11 киштии флоти ҳарбии Амрико ғанимат ва ҳама афсарону сарнишинонаш ба асорати мусалмонон дароварда шуданд. Ин 11 киштии флоти размии Амрикоро маҷбур ба рафтани соҳил намуданд ва бидуни ҳеҷ даргирӣ ва муқовимате ин амалёт ҳам ба нафъи давлати хилофати усмонӣ анҷом пазируфт.

Ҷорҷ ВашингтонҲамон сол Конгреси миллии Амрико ба Ҷорҷ Вошингтон салоҳият доданд, ки маблағи 688.888 долари тиллоиро дар ихтиёраш гузорад, то киштии бузургтаре созад ва алайҳи мусалмонон ва ҷанговарони хилофати Усмонӣ биҷангад. Дар 27.03.1794 сохти киштиро ба уҳдаи Бенселвонӣ гузоштанд. Муаррихон мегуянд, агар ин муқовимати мусалмонон намебуд ва Амрикоро чунин ба зону наменишонд, Амрико ҳаргиз тасмими фабрикаи бузурги киштисозиро надошт. Аммо ҳарчӣ фикр карданд вақти зиёде лозим буд, то киштии дигареро бисозанд ва барои набард бо мусалмонон фиристанд.

Дар ин ҳолат ҳукумати вақти Амрико нахуст чанд барқия ва таҳдидҳои ду дирамаашро ба халифа фиристоданд. Чун диданд  халифа аслан ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ин таҳдидҳо ва барқияҳояшон намекунандва гуфтушунид миёни тарафҳо хело тул кашид, пешниҳоди сулҳ, муъоҳада ё иттифоқия бо Хилофати Усмонӣ намуданд. Маҷбур шуданд, муъоҳада ва иттифоқияро ба имзо расонанд, ки ин ҳолат на дар гузашта ва на баъд аз он Амрикоро чунин хору залил нагардонида буд. Аҷибаш инҷост, ки ин муъоҳада, танҳо ба забони туркӣ навишта шуда буд. Тибқи ин шартнома Амрико вазифадор буд, ки ҳамсола ба хилофати усмонӣ ҷизия пардохт кунад. Ин аввалин муъоҳадаи Амрико бо забони туркӣ ва бе тарҷумаи англисӣ буд, ки сурат гирифтааст. Инчунин Амрико барои аввалин бор ба давлате ҷизя додааст ва он ҳам хилофати Усмонӣ буд. Муаррихон сабаби ба турки навиштани муъоҳадаро дар он мегуянд, ки чун ду ҳуҷум ба обҳои хилофат намуд. Имкон дошт дар муъоҳада чизе нависанд ё ҳатто ишора шавад, ки он бар зарари давлати хилофати исломӣ бошад. Амрико ҳатто дар ҳамон оғози истиқлолияташ ҳам мисли имрӯз бозингар буд ва инро он бузургон беҳтар медонистанд.

Дар  5 уми сентябри 1795 Ҷорҷ Вошингтон шахсан ба вилояти Алҷазоир тавассути барқия тамос гирифт ва хоҳони ҳарчи сареътари ҳалли ин масъала шуд.

Бандҳои муъоҳада миёни Амрико ва Хилофати Усмонӣ

Муъоҳада бо забони турки буда ва аз 22 банд иборат буд.

 

Муҳимтарин нукоти муъоҳада:

– Иёлоти  муттаҳидаи Амрико вазифадор аст ба вилояти Алҷазойр, ки тобеъи хилофати Усмонӣ мебошад  ва  нахуст маблағи 642 ҳазор долари тиллоӣ бипардозад. Инчунин ҳар сол ба маблағи 12 ҳазор лераи тиллоии усмонӣ пардохт намояд. Хилофати усмонӣ пас аз он асирони Амрикоиро раҳо мекунанд.

– Амрикоиҳое, ки муқими вилояти Алҷазоир ҳастанд ба ҳеҷ киштии онҳо дар баҳрҳои атласӣ ва баҳри Сафед ҳуҷуме аз тарафи сарбозони хилофат сурат намегирад ба шарте аҳдшикание аз тарафи Амрико сурат нагирад.

– Сипоҳи хилофати исломӣ ба тарафи Амрико набояд лашкар бикашад.

Муъоҳадаро шахсан Ҷорҷ Вашинтгтон аввалин президенти Амрико ва аз тарафи хилофати Усмонӣ бошад, волии Алҷазойир Биклер Ҳасан имзо мемонанд.

 

Акси муъоҳадаи давлати исломии Хилофати Усмонӣ бо Иёлоти муттаҳидаи Амрико 

Шартнома

Аммо пас аз ин муъоҳада соли 1803 дар минтақаи Троблуси Либия як киштии ҷангии Амрикоӣ, ки барои ишғоли минтақаи Дарна дар шарқи Либияро дошт, бо фармони махсуси президенти севвуми Амрико Томос Ҷефферсон (1801-1809) фиристода шуд. Нахуст миёни ду бародарон фитна андохтанд, миёни волии Троблус ва волии Миср Аҳмад пошо Қуратмонлӣ, то бо бародараш пархош намояд ва онҳоро дар сарнагунии бародараш дар Троблус кумак кунад, то пас аз ишғол ӯро волии Троблус гузоранд. Ба ӯ духтарҳои Амрикоӣ ва ҳадияҳо тавассути ҷосусҳояшон ирсол намуданд. Аммо волии Троблус  Қара Монли Юсуф Пошо хело марди доно ва зираке буд, ки аз ин тарҳ огоҳ мегардад. Аз волии Мағриб, Алҷазоир, Тунис ва хилофати марказии Усмонӣ кумак талаб менамояд. Киштӣ вақте мерасад, қувваҳои Троблусӣ алакай дар интизори кишваркушоёни Амрикоӣ омодаи истиқболашон буданд.

КиштиВақте киштии Тароблусӣ ба киштии амрикоӣ амри ҳаракат накарданро медиҳад, киштии Амрикоӣ итоъат намекунад. Оташ мекушоянд ва дар натиҷаи ҷанги ду тарафа 1800 афсари Амрикоӣ кушта ва киштии Амрикоиро боз мисли қабл ба соҳил мебаранд ва онҷо банд мешавад ва бори дигар ин киштиро бо сарнишинонаш ки на камтар аз сесад нафар буданд ба асорат мегиранд.

Барои ин ҷинояти анҷомдодааш Амрикоро волии Либия, Қара Монли Юсуф Пошо аз Иёлоти Амрико маблағи се миллион долари тиллоӣ талаб мекунад. Инчунин бист ҳазор долари тиллоӣ ҷизяи солона муқаррар менамояд. Дар як манбаъи дигар омадааст, ки Амрико барои ҳар аскаре, ки аз се вилояти усмонӣ дар ин ҷанг куштааст, маблағи махсусе ба ҳар хонаводаи он шаҳидҳо пардохт намуда аст.

Волии Тунис Муҳаммад Ҳамуда Пошо барои ин ҷинояташ аз Амрико даҳҳазор долари тиллоӣ  ҷизияи солона муқаррар мекунад. Амрико ба ин ду волӣ ҳам, то соли 1812 ҷизяи солона пардохт намуда аст. Консули Амрико дар Алҷазоир соли 1812 маблағи 62 ҳазор долари тиллоиро мепардозад.

Инчунин, то имрӯз дар флоти баҳри ҳарбии Амрико миёни афсаронаш як шеъре аст, ки онро мехонанд.

“Аз мақарри размии Монтазимо, то соҳили Тароблус, мо меразмем барои ватанамон аз роҳи ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ”

Бале, хонандаи гиромӣ! ин муъоҳадаро Амрико то соли 1827 амалӣ менамуд ва аз додани ҷизия то ин сол сарпечӣ намекард. Соли 1827 ҳама давлатҳои ғарбӣ ва Русия бо ҳам иттифоқ намуданд. Дар набарди маъруфи Новрин хилофати Усмонӣ аз дасти Иттиҳоди Аврупоӣ ва Руся шикаст хурданд. Амрикко пас аз он сол дигар ба хилофати Усмонӣ ҷизия намедод. Аммо хилофати Усмонӣ  то соли 1903 давлати Амрикоро ҳамчун давлати мустақил иҷозат надода буд, то сафоратхонаашро боз кунад.Танҳо намояндагиашро дар пойтахти хилофат дошт. Пас аз соли 1903 дар аҳди Халифа Абдулҳамиди Сонӣ (раҳ) бо дасисаҳои гуногӯне, ки бар алайҳи хилофат барпо намуданд, ба намояндаи Амрико статуси сафир ва ба мақарраш дар Станбул унвони сафоратхона дода шуд.

Дурӯғи таърихие, ки Амрикоиҳо ба намоиш гузоштаанд

Дар ин ҷизиядиҳие, ки таърих онро бо оби тилло сабт намуда аст, Амрико инро инкор мекунад ва дар як филми мустанад, ки онро дар ютуб ҳам метавонед бубинед, гӯё сафири Амрико аз додани ҷизия ба хилофати Усмонӣ мамониъат мекунад. Волии Тароблус дар Либия дар сафорати Амрико парчами ин давлатро зери по меандозад ва сафирро бе эҳтиромӣ мекунад ва ӯро аз кишвар  меронад. Инҳо дурӯғҳои болохонадори худашон аст. Амрико ҷизия дода аст ва муддати 32 сол назди мусалмонон хору залил будааст. Пас аз он, ҳамчун давлати мустақил аз тарафи хилофат эътироф ҳам нашудааст.

Аммо фоҷеъа инҷост,ки пас аз шикасти Хилофати Усмонӣ дар Алҷазоир давлати Фаронса аз аввалинҳо шуда, тақрибан се сол пас аз ин шикаст, Алҷазоирро зери истеъмори худ қарор дод. Аз 5 июли 1830 то 5 июли 1962 муддати 132 сол ин кишвари бузургро зери тасарруфи худ гирифт.

Дар мавриди истеъмори Алҷазоир аз тарафи Фаронсавиҳо дар мақолаи махсусе ҳоли ин мардумро пас аз ин истеъмор то истиқлолияташон, инчунин ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 пирӯзии ҳизби исломиаш менависам.

Муҳим Амрико ба хилофати исломӣ ҷизия дода аст, агарчӣ имрӯз онро инкор кунад ва худ дар авҷи қудрат аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article