Оё мухолифони сиёсӣ мухолифони давлатанд?

Ислоҳ нет

 

Ибтидо сари ин мавзуъ зиёд аҳамият намедодам, аммо баъдан баъзе масоил боис гардид ва ин масала таваҷҷӯҳамро ба худ ҷалб кард.  Тамоми сохторҳои сиёсии дунё, чӣ давлатҳо бошанд, чӣ ҳизбҳои сиёсӣ ё ашхоси алоҳидаи дорои ақида, дар ҳар сурат дидгоҳи сиёсӣ ва мухолифони сиёсии худро доранд. Давлатҳо ҳам аз ин истисно нестанд ва ба худ мухолифони сиёсии сохтор ва ё низоме, ки ташкил кардаанд доранд. Масалан як нафар бо ҳар роҳе тавонист қудрат ё султаи ҳокимро зери тасарруфи худ даровард. Бо чунин афрод бархе мепайванданд, то ончӣ мехоҳанд аз он шахси сари қудрат қарор гирифта ба даст оранд.

Баъзе мақому вазифа мехоҳанд

Баъзе сарвату сармоя мехоҳанд.

Баъзеи дигар қасд гирифтан аз ононе, ки то ин замон сари қудрат буданд ва барояшон ситам зиёд расида буд.

Таъсиси як ҳукумате, ки як шахс ё гурӯҳ онро соҳиб гашта ва албатта ғайри интихоботи шаффофу озод онро соҳиб гаштааст. Дар ин ҳолат агар ҳукумати қаблӣ чанд сол сари ҳукм буда бошад вазъият вахиму мураккаб мегардад. Афроде, ки бо ҳукумати қаблӣ буданд ҷон, шараф, сармоя, наздикон ва ҳама ончӣ доштанд зери хатар қарор мегиранд. Ҳамаи онҳо имкони фирор аз кишварро надоранд  бидуни шак ҳама ончӣ доранд наметавонанд бо худ он ҳамаро баранд. Чунин тағйироти ҳукуматиро бузургтарин императорон ва фармонравоёни олам, руисои ҳукуматҳои хурду миёна дар гузашта ва асри ҳозир аз сар гузаронидаанд.. Ҳангоме ки ҳукумат тағйир кард, яъне нафари аввал ба ҷойи фармонравои қаблӣ нишваст, бидуни шак то як вақти муайян қонуни кишвар тавассути “намояндагони мардумӣ”, ки ҳукумати гузашта онҳоро гумошта буд онҳо ё пароканда ва ё ончӣ ҳокими ҷадид мегӯяд амал мекунанд. Каме инҷо фикр кунед ва худро барои чанд лаҳзае дар он вазъияти ба амал омада қарор диҳед, чӣ бардоште мекунед?

Бардошти ман чунин аст: як диктотур рафт ва кишвар ба дасти диктотури ҷадид қарор гирифта, ки ончӣ мехоҳад мекунад ва аз ҳеҷ касе наметарсад. Агар мақсад танҳо тағйири ҳоким ё шахси аввал бошад ва ба ҷойи афроди золими ҳукумати қаблӣ афроди ҷадиде ё ҳокими нав биёяду айнан ончӣ онҳо мекарданд онро анҷом диҳанд, дар ин сурат ҳолат аз бад ба бадтар иваз шуд на шаҳрванд ва на кишвар аз ин тағйирот суде ба даст овард. Танҳо фармонраво тағйир кард ва низом бо каме тағйирот иваз шуд. Аммо ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки  инҷо ҳокими ҷадид сари қудрат биёяд, ки як қатор мамнуъоти ҳукумати собиқро бекор кунад ва онҳоро муҷоз гардонад. Ин амали ҳокими ҷадид барои мардуме, ки дар низоми собиқ зиндагӣ карда буданд як навоварӣ бошад ва ӯро то ҷое маҳбуб гардонад. Намунаи зинда ва барои ҳамагон маълум ҳукумати қаблии диктатор Ислом Каримов бо ҳама буду набудаш бо ҳалокати ӯ тағйир кард. Шахси дигаре аз афроди ҳамин ҳукумат сари кор омад ва низоми қаблиро ба куллӣ тағйир дод, ки ҳам шаҳрванд ва ҳам ҳамсояҳо аз он нафъ бурданд. Инҷо як масаларо бояд зикр кард, ки Ислом Каримов бар зами диктатору золим буданаш афроди оилаи худро на мисли нафари аввали мо ҳама кора карда буд. Пас дар Узбекистон ҳолат аз ин ноҳия фарқ мекунад ва дар мо бошад ҳолат тамоман дигар асту ҳар афроди хонаводаи ҳоким мехоҳанд қоиммақоми шахсии ӯ бошанд. То инҷо сухан сари ҳокими қадим ва ҳокими ҷадид мерафт ва мавзӯйи мо чизи дигар аст. Хостам дар оғоз инро ҳамчун тазаккур барои мақомдорони имрӯз ёдовар шавам. То ки аз имрӯз дар фикри фардои худ бошанду асояшонро аз ҳоло дар рӯзи равшан ба даст бигиранд, то инки ҳангоми фирор аз кишвар пешпо нахӯранд.

Агар ба ончӣ дар боло гуфта гузаштем таваҷҷӯҳ намуда бошед. тағйири ҳукуматро бо рафтани шахси аввали дар қудрат буда ҳамеша унвон мекунанд. Онҳое, ки дар ҳукумати собиқ бударо ҳамроҳон ё мақомдорони ҳукумати қаблӣ медонанд. Ҳангоме, ки ҳукумати ҷадид сари кор омад метавонанд ин ашхосе дар ҳукумати собиқ буда мухолифи сиёсати пеш гирифтаи давлати ҷадид гарданд? Бале, метавонанд мухолифони сиёсии ҳукумати ҷадид гарданд. Аммо дар умум хело кам чунин коре шудааст, ки мақомдорони ҳукумати қаблӣ ҳамчун мухолифи ҳукумати ҷадид гашта бошанд. Барои онки чанд сабаб дорад.

Сабаби нахусташ ин афрод гуноҳон ва ҷиноятҳои ҳангоми дар қудрат буданашон содир намудаанд. Инро хуб медонанд, ки дубора ба сиёсат барнамегарданд. Инчунин мардум ҳам онҳоро хуб мешиносанд ва дубора аз онҳо ҳимояту ҷонибдорӣ намекунанд.

Сабаби дуввум аксари ин афрод имкон пайдо кунанд бо сармояе, ки ҷамъ намудаанд фирор мекунанд ва дигар аслан аз худ намехоҳанд дарак  диҳанд. Ҳадаф сармоя ва тороҷ буд онро ба даст оварданд, дигар барояшон ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз муҳим нест.

Сабаби саввум зиндонӣ ва ё кушта мешаванд, ки сафаҳоти таърих мамлуъ аз чунин ашхосанд. Агар хоста бошед огоҳӣ дошта бошед метавонед наворҳои чунин афродро аз ютуб ҳам пайдо намуда бинед ва огаҳ гардед.

Одатан мухолифони сиёсии ҳокимон ё раисони давлатҳо бештар дар давлатҳое мебошанд, ки ҳукуматдории он ҳокимон аз 10 сол  ё ҳамон ду давраи раисҷумҳурии муқаррар гашта бештар бошад. Он ҳукуматҳое, ки давраи ҳукуматронии раисҷумҳуронаш аз 20 сол гузашта бошад, кишвар дар ҳоли таркидан аст, мухолифони сиёсияш ва норозиёни дохилаш ҷойи худ бошанд,аз онҳо чизе намегуям. Чунин кишварҳо хело фасодзада, осебпазир, камбизоъат, дорои зиндониёни зиёди сиёсӣ ва озодандеш, вазъи иқтисодии кишвар дар ҳоли рукуд мебошад. Ин кишварҳо ҳама роҳҳу васоилро дунбол мекунанд, ки худро дар назари ҷомеъаи ҷаҳонӣ демократ, озод, амалкунанда бо ҳар принсипҳои вазъкардаи муассиасаҳои ҷаҳонӣ мутобиқ нишон бидиҳанд. Дар ҳоле ин ҳама дурӯғ ва ҷуз мастеровка (ё рӯпӯш) кунӣ чизи дигаре нест. Тамоми тӯҳмат ва мустанадсозиро мекунад ки ҳар мухолифи сиёсияшро дунбол ва зиндонӣ кунад.  Ин ҳокимони аҳмақи по бар лаби гӯр, фикр мекунанд, ки агар даҳони ин мухолифон баста шавад дигар касе намфаҳмад вазъияти дохили кишварро, ки дар дохили кишвар чӣ хуб меравад чӣ бад. Ин фикри хомест, ки онҳо мекунанд, дар ҳоле поймоли қонуни асосии кишваре, ки намудед барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамин ҷинояти муртакиб гаштаатон кофӣ ва басанда аст. Ҳеҷ раисҷумҳуре ҳақ надорад беш аз ду давра раисҷумҳури кишвар интихоб гардад. Ҳеҷ ҳолате ва Асосгузори сулҳу пешвоӣ миллате барои тағйири сарқонун ҳақ надорад .Онҳое ки худро ҷонибдори ин бедодагрӣ ва ҷинояти нафари аввал медонанд онҳоҳам ҷинояткор ва зери по кунандагони қонуни асосии кишваранд.

Ин ҳама назди олам намудор аст ва аз ин раванд олам огоҳаст, пас чаро мехоҳед бозҳам худро поку бегӯноҳ нишон диҳед. Зӯр заданатон барои чӣ аст ҷанобон? Шахсияти шумо алакай ошкор аст, масрафҳои беҳуда накунед, то худро демократу озоду намедонам унвонҳои болохонадореро бар худ часпиш додан бесамар аст. Ин ҳама то зинда будани шумост ва пас аз шумо на аз шумо номе мемонад на унвонҳои воло ва қаҳрамоние, ки бар худ ихтисос додаед.  Мисоли зинда Туркманбошӣ Сафармурод Ниёзов ва дигар Ислом Каримов, оё аз ин ду асаре ҷуз номҳояшон дар таърих чизе пайдо мекунед? Пас ин сарнавишт ҳам насиби шумост ва аз он гурезе надоред!

Огаҳӣ!

Бо кадом ақл шумо мухолифони сиёсии худро мухолифони давлат унвон мекунед? Мухолифони сиёсӣ ҳама кишварҳои мутамаддини олам доранду онҳоро мухолифи сиёсӣ мегӯянд на мухолифони давлат. Агарчӣ дар он давлатҳо ҳизбҳо ва созмонҳо рақобати солим мебаранду ҳаргиз мухолифати дидгоҳҳоро ба мухолифати шахсӣ ё мухолифони давлатӣ унвон намекунанд. Охир шумоҳам дарс гиред ва мухолифони сиёсиатонро аз мухолифони давлат фарқ кунед.

Мухолифони давлат онҳое мебошанд, ки аслан ҳамчун Тоҷикистон кишвареро намехоҳанд дар харитаи олам бубинанд. Мухолифони имрӯзи тоҷик аслан чунин фикр надоранду танҳо мехоҳанд як фарде, албатта бо оилааш дар ҳукумати кишвар набошанд. Барои ин хоҳишашон ҳам ҳазорҳо далел доранд ва ба он ҳақ ҳам доранд. Метавонам бигӯям давлати Тоҷикистон имрӯз дар олам, ягон мухолифи давлати ё душманеки аз вуҷуди кишвари мо норозӣ бошад вуҷуд надорад. Дар ҳоли чунин душманонро давлатҳои дигари олам доранд, ки вуҷуди кишварҳояшонро барои кишвари дигар хатар талаққӣ мекунанд. Пас ин фарқро лутфан диққат диҳеду дигар иштибоҳ накунед. Бовар кунед шумо иштибоҳ мекунед, мо азоби рӯҳӣ мекашем, ки шахсони тасодуфӣ ва корношоями “Диссернет”-ӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар волотарин мақомот ифои вазифа менамоянд.

Бо сароҳат эълон медорам: “Ман мухолифи сиёсии ҳукумати имрӯзи Эмомали Абдурраҳмонам, на мухолифи давлат ва кишвари азизам Тоҷикистон. Барои ҳифз ва ҳимояти арзии кишварам ва ҳимояти миллати азизу азият кашидаам омодам бо мақомоти қудрати ва низомии софдилу шуҷоъи ватанам дар як саф истода, алайҳи ҳар душмани хориҷӣ ва муҳоҷим бар сарзаминам муборизаи бе амон,то пойи марг барам. Аммо намехоҳам барои бақои як хонаводаи  ҳоким дар кишвар, ки солҳо мардуми ин сарзаминро овора, бечора, дарбадар,зиндонӣ ва ба ҳазорҳо балои дигар гирифтор кардааст кушта шавам. Мухолифонӣ сиёсӣ аз мухолифони давлатӣ хело фарқи бузург доранд. Лутфан ин иштибоҳи худро ислоҳ кунед, то шумороҳам барои чунин гуфтанҳову унвон карданҳоятон ҳокимони Диссернетӣ нагӯянд.

 Муҳаммадиқболи  Садриддин

Share This Article