( Ё сафари бо чархболи Эмомалӣ Раҳмонов ба Ворух ноумедиро бештар кард)
Э.Раҳмонов, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва наҷотбахши сайёра ва соҳиби биҳишти рӯи замин натавонист, ки аз Исфара то ба Ворух тавассути роҳи заминӣ ояд. Роҳи заминии миёни Исфара ва Ворухро қирғизҳои ҳамсоя баста ва айни замон на фақат ворухиҳову меҳмонони онҳо ва ё ҳар роҳгузари дигари ба самти Ворух мерафтаро намегузоранд, ки аз он бигзарад, ҳамин ҳоло маълум шуд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро ҳам ба пули пучак нагирифтанд ва роҳро боз накарданд.
Эмомалӣ Раҳмонов дар Ворух, вақте аз чархбол пиёда шуд ва аз дасти дӯшизаи атласпӯш дастаи гулро гирифт (аҷиб буд, ки ин бор гирифт, пештар, вақте духтарҳои дар истиқболаш сафзада дастаи гулро тарафаш дароз мекарданд, бо дастонаш ба ақиб тела медоду намегирифт,чун вазъияти Ворух орому осуда нест,гирифт) ва сипас боз рафту инҷову онҷо пардаҳоро аз болои иншоот бардошту фаъол кард, маълум буд, ки он ваҳму воҳимаи пешинааш набуд. Гуфт тӯли 19 сол ягон бор масъалаи табдили Ворух дар музокирот набуд, гуфт, ки соли 2016 519 км марзро бо қирғизҳо муайян кардаву ҳама аснодро таҳия карданд, аммо ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст қирғизҳо онро таъйид намекунанд.
19 сол пеш касе аз ҷумла худи Раҳмонов бовар надошт, ки як рӯзе мерасаду артиши Чин дар қаламрави Тоҷикистон соҳиби пойгоҳи низомӣ мешавад.
19 сол пеш ҳеҷ кас, аз ҷумла худи Раҳмонов ҳам бовар надошт, ки ӯ ҳокимиятро якумрӣ ғасб мекунад ва давлат хонаводагиву меросӣ мешавад.
19 сол хеле чизҳоро иваз карду тағйир дод. Аммо ончизе, ки тағйир накард ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки ҳеҷ рафтанӣ нест. Мо намегӯем, чун мадраки мувассақ дастамон надорем,ки чаро қирғизҳо иддаои Ворух доранд, вале онҳо ҳам, фикр мекунам, фаҳмидаанд, ки Раҳмонов барои пул шуда метавонад Ворухро ҳам фурӯшад. Шояд барои ҳамин қирғизҳо занҷири дарвозаҳои роҳҳои дуздии молу маҳсулоти ватанашон ба Тоҷикистон аз ҷумла аз тарафи Шамсулло Соҳибов ва Маҳмадзоир Соҳибов, амаку додарзода, ки ҳарду домодҳои Эмомалӣ Раҳмоновро сахт карда ва бар иваз Ворухро талаб карданианд? Дар ҳар сурат қирғизҳо талаб ва даъво карда истодаанд, аммо Раҳмонов дар Ворух,ҷойи онки бо мардум суҳбати муфассал ва самимона дошта бошад, парда аз сохтмони бинои нави шуъбаи корҳои дохилӣ ва маркази мубориза бо терроризми кумиати амният бардошт. Вале онҳоеро, ки аз Ворух дар низоъу муноқишаҳо бо қирғизҳо кушта шуданду хисорот диданд, бо онҳо ҳарфе назад, дилдорӣ надод ва нагуфт,ки давлат ва ҳукумат дар пушти шумо аст. Вай нагуфт, ки шумо мутмаин бошед, Ворухи шуморо ба ҳеҷ чиз иваз намекунем ва давлат ва ҳукумат дар пушти шумо аст. Ин гапҳоро нагуфт. Маълум нест,ки ба хонаи ягон ворухӣ даромада аз ҳолу аҳволашон пурсид ё хайр? Аммо як нукта муайян аст ки Раҳмонов дар нисбати ин мардум назари холису мусбат надорад, дар чашми онҳо ва дар симои онҳо душманони наҳзатии худро мебинад. Бовар кунед, ки дар таҳи дил Раҳмонов бисёр мехоҳад, ки аз ин мардуми боимону бодин халос шавад. Дар ҳақиқат ин мардум буданд, ки кам ҳам бошад дар баробари Раҳмонов ва ба рағми намояндаҳои ҳокимияти маҳаллӣ ҳарфи дили худро заданд.
Раҳмонов дар ин сафараш шуморе аз журналистони расонаҳои дохилӣ ва хориҷиро ҳам дар рикобаш дошт.«Сафаргуфтаҳо»-и бархе аз онҳоро мешавад аз ҳамин ҳоло хонд:
«Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муаззам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,фарзанди фарзона мисли Исмоили Сомони гуфтанд,ки ман девори Исфараям. Ин фидоии миллату давлате,ки ҷонашро барои ин миллат ягон вақт дареғ надоштааст гуфтанд, ки «Табдили Ворух ҳеҷ гоҳ дар гуфтушунидҳо ҷой надошт».
Ва, бо ҳамин минвол ин ура-патриотҳо ва ё ҳамон чоплусакони тардомане амсоли Сайёфи Мизроб ба мадҳу санохонӣ медароянд:
«бубинед,ки Ҷаноби Олӣ,Пешвои Миллат чи хел Ворухро ҳимоят мекунанду аммо Муҳаммадиқбол фитна меандозад. Браввосимо Пешвои Миллат ,марг бар Муҳаммадиқбол»
Аммо як раҳ аз он намегӯянд,ки ворухиҳо хеле мехостанд, тоба Раҳмонов воқеиятро бигӯянд, ки онҳо на танҳо бо ҳамсояҳои қирғизи худ ,бо милисаву амният ҳам мушкил доранду даргир ҳастанд. Онҳо гуфтанианд, ки чаро сардори милисаи онҳо, сардори амнияти онҳо ҳамагӣ аз бачаҳакои болост? Онҳо гуфтанианд, ки то кай онҳо бояд қурбонии бизнеси наркотики калтаи Зоири домоди Раҳмон бишаванд? Онҳо гуфтанианд, ки ҳадди ақал персонали хидматии осоишгоҳи Зумрат аз мардуми маҳаллӣ бошад. «Зумратро гирифтан гирифтед, ҳатто духтуру завхозу посбонҳояшро ҳам оварданатон аз бачаҳакои боло чӣ маъно дорад? Мардуми худи инҷо чи кор кунанд»?
Бале, ин рузноманигорони тамаллуқпеша аз он нахоҳанд гуфт, ки Раҳмонови дар баробари қирғизҳо муттаҳам аз Исфара то Ворух чаро бо вертолёт омад?
“Дар ҳоле масофаи миёни Исфара ва Ворух 35 километр аст. Роҳи Исфара Ворухро,ки аз даврони иттиҳоди шуравӣ бозмонда буд.Ҳафтсол пеш бо пули мардум дубора ҷойҳои харобашро барқарор карда буданд. Соли 2018 боз ҳам бо пули мардум ва соҳибкорон таҷдид карда шуд. Раиси Исфара ва ҷаноби Қофлонбой чаро пешвоятонро бо он роҳ ба Ворух набурдед? Ё аз Қирғизҳо тарсидед ва ё инки оби сари дили пешво дар ин 35 километр меҷунбаду ҷигарсузок мешавад? Вай,ки савганд хӯрда буд тамомияти арзии мамлакатро ҳифз мекунад, ҳуқуқи ҳар як тоҷикистониро ҳимоят мекунад, ҳоло чаро Ворухро ҳимоя карда наметавонад? Магар Ворухро ба қирғизҳо надодан ҳамин тавр мешавад ,ки ҳамагӣ чанд километр роҳро ва он ҳам роҳи худи ин мардумро раиси ҷумҳуриаш натавонад бо мошин бигзарад?”
Агар ки мегӯед тӯли 19 соли музокироти байни тарафҳо масъалаи Ворух ягон бор пеш наомада буд, пас чаро ҳоло пеш омадааст? Чаро қирғизҳо тӯли ин ҳама муддат фақат пешрафт доранду забт карда истодаанд ва Ворухро иҳота карданду ба анклав табдил доданд? Магар ҳамин Пешвои миллат куҷо буд, ки кор то ба ин ҳад кашонида шуд?
“Шояд ин дигар мавқеи тамоми Қирғизистон ва ҳукумати он аст на танҳо позитсияи Камчибек Тошиев? Маънояш ин аст ки то инҷоро гирифтем, идомаашро ҳам мегирем?”
Тамоми мардуми Тоҷикистон, тамоми мардуми Ворух бар ин умед ва бар ин назар ва чашм ба роҳи Сарфармондеҳи қуво буд, ки омада роҳро мекушояд. Аммо вай бо чархбол омад ва ҳамаро ба пушт занонду дилшикаста ва руҳафтода кард. Вай бо ин амалаш ҳимоят ва пуштибонии ҳукуматро аз мардум гирифт. Чун натавонист, ки аз Исфара то Ворух бо роҳи ҳазоронсолаи мавриди истифодаи тоҷикон ояд. Мардум, ки ҳама вертолёт надорад. Вай бо ин амали шармандавори худ обрӯи мардуми Ворухро дар назди мардуми даъвогари ин хок резонд. Вай мебоист,ки ҳатман аз он роҳ мегузашт. Вале аз тарси қирғизҳо рафта натавонист. Вай бо ин кор на танҳо мавқеи қирғизҳоро дуруст маънидод кард, ҳамчунин амнияти ворухиҳоро таҳти хатар гузошт.
“Дар мулоқоташ бо мардуми Ворух ҳадди ақал шарҳ надод, ки чи мешавад ва чаро роҳи онҳоро қирғизҳо бастаанду илоҷи боз кардани он чист ва ҳукумат ва Раҳмонов барои кушодани он чи чораҳо хоҳанд андешид. Ҳамин тавр омаду ба ягон савол ҷавоби конкрет надод ва номуайяниро жарфтар кард. Балке авзоъро аз буда бадтар кард,чун роҳро барои мардуми Ворух кушода надод.”
Ҳоло мардуми Ворух гуфта истодаанд, ки беҳтар буд, Раҳмон намеомад, чун баъди омадани ӯ бо вертолёт қирғизҳо бештар ҳавобаланд мешаванд. Зеро онҳо президенти Тоҷикистонро «на три букви» посилат карданд. Нагузоштанд, ки тавассути роҳи таърихи худ ҳаракат кунад.
Қирғизҳо вақте миёни ворухиҳо ҷангу даъво кунанд ҳамаашон бо садои баланд мегӯянд: “ҳукумати мо барои ҳар шаҳрвандаш бо сипоҳаш ба кумакамон меояд. Аммо ҳукумати шумо чун аз мо муттаҳам аст агар мо ҳаркоре ба шумо анҷом диҳем касе ба кумакатон намеояд. Дидед,ки ҳукумати мо ворухиҳое,ки дар русия қарор доранду барои ҳитмояти хокатон садо баланд карда буданд. Бо талаби ҳукумати Қирғизистон онҳоро бояд ба мо бидиҳад,то мо онҳоро зиндонӣ кунем. Магар ҳукумати шумо тавонист аз шаҳрвандонатон ҳимоят кунад? На,пас хомӯш бошед ва моро танҳо нигоҳ кунед,мо қирғизему ҳукумати марардумӣ дорем. Шумо ҳукумати диктотурӣ ва оилавӣ.”
Акнун инро низ дар инҷо мехоҳам изофа намоям,ки Раҳмонов дар ин сафар ба Шуроби Исфара,ки бо кони ангишташ маъруф аст. Аммо ҳоло як минтақаи партофта шуда ва нодаркоре шудааст. Обашро қирғизҳо бастанд ва он лулаи обе,ки аз Ворух ба Шуроб меомад қирғизҳо он лулаи оби 200 ро сурох карда ба хонаҳояшон гузарониданд.Ин лулаи об, то ба Шуроб мерасад,ки аз он чизе боқӣ намемонад. Дар Шуроб дар гузашта ҳудуди 15 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекарданд. Биноҳои панҷ ошиёна ва чор ошиёна ва биноҳои гуногӯне вуҷуд дошт. Ҳоло бошад аз бе обӣ ранҷ мебарад ва конро кадом бачакои боло харидорӣ карда ва дар ҳолати сангини садамавӣ қарор дорад. Ин ҳама бадбахтӣ ва шурабахтӣ бо шарофати сиёсати бехирадонаи пешвои оила мебошад. Раҳмонов ба Шуроб ҳам рафт вале як биноро нишон дод ва ин ҷаноби Абулҳул мисли як призрак ё руҳ аз он бинои чанд ҳафта қабл сурхӣ ва сафеди кардаи кадом соҳибкоре берун мешавад. Аммо аз коргоҳу аз мардум ва сокинон дараке нест. Ин ҳам туҳмат аст? Магар ҳолати Шуроб чизи дигаре мебошад? Пас каҷ шинеду рост гӯед.
Раҳмонов бо ин кори худ оғози шикасту бохташро эътироф кард. Вақте раиси давлат аз қаламрави худ гузашта натавонад, ҷуръат накунад, мардум бояд чи кор кунад?