Оё Раҳмонов президенти Кулоб ҳам ҳаст ё аз Кулоб Зардиев аст?

Ислоҳ нет

Абдуҷаббор Зардиев Кулобро ба дод овардааст

  (бахши аввал)

Абдуҷаббор Зардиев раиси собиқи Кулоб феълан ягон вазифаи расмие надорад вале писараш Набӣ Зардиев раиси колхози Ҳамадонӣ аст. Писари дигараш бо номи Ҳусниддин Зардиев раиси ҷамоати Зиракӣ аст. Писари дигараш Абдурраҳмон собиқ корманди амният вале феълан замии хоҷагӣ ва дар сояи падар ва бародаронаш савлат мекардааст. Ҷовидон Зардиев пули оби мардум ҷамъкунак ва ба кисаи худаш ва кайфу сафояш масраф мекардааст. Дар умум Зардиев Абдуҷаббор чунон мардуми Кулобро зери зулму фишор қарор додааст,ки ба унвонии “Ислоҳ” се нома расидааст,ки аз ҷиноятҳои ӯ мегуянд. Зури ҳеҷ раисе пас аз ӯ омада ба Зардиев нарасидааст. Номаҳо аз он мегуянд, ки шикоятҳои мо,то имрӯз аслан ягон фоидае накардааст. Баракс онҳое шикоят кардаанд бо шаклҳои гуногӯн муттаҳам ба ҷинояте шуда зиндонӣ мешаванд ва ё аз кишвар фирор мекунанд. Яъне аз мисдоқи ин номаҳо чунин ба назар мерасад,ки ӯ хело қудратманд ва дар Кулоб дастдароз буда аст,ки раисони шаҳр ва раисони амният ва кормандони дохила аз ӯ метарсидаанд. Барои “Ислоҳ” ин чунин зурҳо хело ҷолибанд ва мехоҳем шахсияти ӯ ва ин ҳама қудрат ва нуфӯзро чӣ гӯна соҳиб гаштаастро пайдо намоем. Мо корро шурӯъ кардем ва ҳама онҳое дар мавриди ӯ маълумоте доред  “Ислоҳ”  шуморо ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Ҳатман зери коса чӣ нимкосае ҳаст ва сари нахи онро бо ҳам пайдо хоҳем кард.

 Номаи шикоятии аввал:   

Ман як сокини шаҳри Кулоб мебошам ва аз номи тамоми маҳаллаҳои ин шаҳр шикоят дорам. Шикояти мо аз болои Абдуҷаббор Зардиев, рафиқи Раҳмонов ва раиси собиқи ин шаҳр аст. Абдуҷаббор Заридиев тамоми ҷои ин шаҳрро фурӯхт, ягон гараж намонд, ягон садик намонд, ҳатто хирманҷоҳои пахтаро фурӯхт. Шояд бовар намекунед, агар бигӯям,ки нисфи милисахонаи ҷамоати Зиракиро ҳам ба заминаш фурӯхт. Охир чаро ин ҳама амалҳои ғайри қонунии Зардиевро мақомот намебинанд?

Дар соли 2006 ҷашни 2700 солагии Кулоб баргузор шуда буд, ки ӯ раисии ин шаҳрро бар дӯш дошт. Ҳамин ҳоло низ ягон раиси шаҳри Кулоб ба ӯ чизе гуфта наметавонад.

Худаш Раис, худаш суд, худаш прокурор. Тақдири касеро ва чи тавре хоҳад ҳал мекунад. Ман боварӣ дорам, ки 99% мардуми Кулоб корҳои нопоки ӯро медонад. Ҳатто заминҳои киштзори шаҳри Кулоб дар ихтиёри ӯ аст. Ҳозир бошад ҳамаи заминҳои Кулобро ба писарҳояш тақсим кардааст. Агар як гектар ба нархи 1000 сомонӣ муқаррар шуда бошад вале ӯ як гектарро ба маблағи 500 ё 600 доллар мефурӯшад. Мардум роҳи дигар надоранд мехаранду пахта мекоранд. Вале танҳо вай худаш пахтаҳои одамонро мехарад, албатта бо нархи арзон. Агар ман раваму пахтаамро дар дигарҷо фурӯшам- ба ду баробар нархи вай- ӯ ҳам пахтаамро бепул кашида мегирад ва ҳам штраф мекунад . Ҷаримааш ҳам аз 30.000 то 50.000 ҳазор сомонӣ аст. Ин ҷаримаи давлат нест,ин ҷаримаест Абдуҷаббор Зардиев муқаррар карда аст. Ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда  одамро паси панҷара мешинонад. Ба ягон ҷо рафта арзу дод кардан ҳам бефоида аст. Касе гӯш намекунад. Ҳамаи кор аз дасташ меояд, гапаш дар Тоҷикистон лезва аст.

Мо гову моли зиёд дорем. Аз падари раҳматиям ба мо мерос мондааст. Агар нохоста ягон гови мо дар заминҳои вай дарояд он замин кишт ҳаст ё не фарқ надорад, агар замин холӣ ҳам бошад, мегӯяд, ки говҳоятон заминро зер карда сахт мекунад ва аз ду гов яктоашро мегирад. Ба Худо ин кор дар ҳамаи деҳаҳои шаҳри Кулоб такрор шудагӣ аст ва Зардиев гови одамҳоро кашида гирифтагӣ аст. Гӯиё падари Абдуҷаббор Зардиев Ленин бошад, ки тамоми чизҳо мондагии аз давраи Союз, колхозу фермаҳову гаражҳову тракторҳову беморхонаву хирманҷои гандуму пахта, ҳатто бинои отдели милиса ва ҷамоатҳо, боғчаҳоро хусусӣ карда гирифтааст. Худи Зардиев мегуфтааст, ки ин ҳамаро ба ӯ Эмомалӣ Раҳмонов шахсан худаш барои ӯ туҳфа кардагӣ аст. Гӯиё дар вақташ Зардиев ба Эмомалӣ ёрдам карда бошад. Гӯё дар солҳое ҳарду раис буданд.Раҳмонов дар колхози Ленини Данғара дуздӣ ва камомад дошта будааст ва вақте санҷиш мекунанд ин норасоиро мебароранд. Бояд Раҳмонов барои ин кам омад ва дуздии моликияти давлатӣ зиндонӣ мешудааст. Аммо Зардиев Абдуҷаббор он санҷишгарро мешинохта будааст ва коре мекунад,ки бо пораи калон ҷонашро мехарад. Ана ҳоло барои ин амалаш ҳар коре хоҳад дар Кулоб мекунад ва Раҳмонов бо мақомоташ мебинанду хомӯшанд.

“Зардиев  ҳар гоҳе хост аз ин дороиҳои муфту аз ҳаво ба дасташафтода якеро мефурӯшад. Ҳуҷҷати қалбакӣ мекунад ё оригинал, фарқаш не. Гапаш лезва барин мегузарад.”

Дар заминҳои пахтааш одамонро кор мефармояд аммо бемузд. Аз баҳор то охири моҳи декабр  кор мекунанд. 3 бор 4 бор каланд мекунанд, чобуқ  мекунанд боз пахта мечинанд. Аммо бар ивази ин ҳама  фақат пайаи онро мегиранду тамом. Барои ҳезум ва алови танури нону хурок. Онро ҳам баъди задани як барф иҷозати чиндан медиҳад. Як маротиба як мард бе иҷозат пайяи худашро чинд. Абдуҷаббор Зардиев омада фармон дод, ки гиред ин заминҳоро хуронда селос кунед. Яъне пая бурдаашро майда карда партоед ва ба ӯ барои бе иҷозати ман ин корро кардааст чизе надиҳед.Бори дигар зимистон гузашт аммо иҷозати чиндани пайяро надод. Бояд дар моҳи март боз кишт кунад. Аммо паяи мо то ҳол ночинда аст. Худаш ва фарзандонаш дар хонаҳояшон хобанд.

“Як одамро камбудиашро ёбанд тамом. Аз 5000 то 50.000 сомонӣ ҷарима мекунанд. Ҳамаи халқ дод мегуяд. Набераҳояш мактабро хатм нокарда дар мошинҳои «последний модел» мегарданд. Ягон одамро намегузоранд, ки аз онҳо пеш гузаранд. Аммо коргарони заводи пахтаашро, ронандаҳои тракторҳояшро, коргарҳои фермаашро баҷои музди кор гандум медиҳад.”

Боз як чизи дигар. Писарҳояш дар деҳаи мо, дар назди мактаби сохтмонаш то ҳол нотамом, заминҳоро барои сохтмони хона бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба одамон тақисм карда дод. Бархе битон рехтанд, як хели дигараш сангу шағал оварданд вале баъди чанде раиси шаҳри Кулоб омада гуфт,ки шумо беиҷозат дар замини кишт  хона карда истодаед. Раиси шаҳри Кулоб фармон дод ҳамаи ин заминро ҳамвор кунед. Аз он ҷумла 3 бародарам дар ин ҷо замин хариданд: 5 сотих заминро аз 25.000  то 35.000 сомонӣ фурухтанд. Аммо то ҳол на аз замин ва на аз пул хабаре нест. Ин ҳама пулҳо дар кисаи Зардиев монд. Касе онҳоро пас нагирифт. Акнун бубинед, ки ҳамин одам чанд сол раиси шаҳр ва намояндаи Президент дар Кулоб буд. Ҳоло барои онки нафси худашро қонеъ созад, хонаи чандин одамро сӯхт.

Абдуҷаббор Зардиев ва писарҳову  набераҳояш ҳамаашон як характер доранд. Ман нав фаҳмидам, ки писари калониаш Абдураҳмон ба интернат рафта директори интернатро 500 ё 600 доллар дода духтарҳои ноболиғро гирифта айшу ишрат мекардааст. Ҳатто бо он духтарони ноболиғ амалҳое мекардааст,ки аз гуфтан шармамон меояд. Як духтарак бо гиря аз тақдири сиёҳ ва фурӯхташуданаш ба писари ӯ нақл кард,ки ин кори ҳамешагии ӯ будааст. Дар мавриди ин интернат ва директори он кор карда истодем ва ҳатман комилан онро нашр мекунем,то ҳама донанд. Аммо худи Абдураҳмонро,ки 48 сол дорад чени панҷ- панҷаам медонам.Ҳамаи мо ба мисли як ғуломем. Мардшаву як сатил хокро аз заминҳои «мерос аз Ленин» ба Зардиев гузоштаро бигир ё як шохаи дарахти хушка шикан, аз 5.000 то 10 ё15.000  ҳазор сомонӣ ҷарима мекунад. Чи кор карданамонро намедонем, гапи мо дар ягонҷо намегузарад.

    “Як мард барои шикоят аз болои Зардиев ба назди раиси шаҳри Кулоб рафтааст. Раис гуфтааст, ки беғайр аз ду одам дигар аз касе мехоҳӣ шикоят кун, беҳтараш саратро хам куну рав аз паси зиндагиат. Ин ду одам Абдуҷаббор Зардиев ва Сироҷов Давлатхуҷа (раиси бозори Ҷал Ҷами Душанбе ) , ки ин ҳам як вақтҳо раиси андози шаҳри Душанбе кор карда буд ва ӯ аз Даҳанаи Кулоб аз қишлоқи Мирапоқ аст.”

Дар охир як чизи дигарро ҳам ногуфта наметавонам. Дар деҳаи мо аз давраи Союз як «скваж» чоҳи обкашӣ амал мекард. Вай ба ҳеҷ кас даркор набуд. Барои ҳамин аз кор монда буд. Дертар лозим шуд. Халқи деҳа сум ҷамъ карда аз тариқи ҳашар дубора онро соз ва фаъол карданд. Дар ҳар як хона ҳозир об ҳаст. Вақте онро мардум  ба кор дароварданд идораи водоканали  Кулоб ва Абдуҷаббор Зардиев хостанд ин обро аз дасти халқ бигиранд. Абдуҷаббор Зардиев пируз шуду гирифту ба дасти писараш Ҷовидон Зардиев супорид. Акнун халқе, ки ин обро бо пули худаш соз карда буд ҳар моҳа барои истеъмоли он пул медиҳад ва бачаи Зардиев ҳам нашармида ҳармоҳа аз халқ пул ҷамъ карда ба кисааш мегузорад. Боз ҳар сол 15-20% нархи обро боло мебарад. Гӯиё худи Эмомалӣ Раҳмонов  гуфта бошад, ки скважро Зардиев гирифта пулакӣ кунад. Мо намедонем,ки ин гап рост аст  ё   дурӯғ. Зардиев чандин нафар аз мудирони фермаашро қарздор карда, маҷбур молу дороиҳояшонро фурӯхта қарзҳояшро пас гирифта ҳатто баъзе аз онҳоро паси панҷара кард. Чанде аз подабонҳояш ба ҳадде қарздор кард,ки онҳо худкушӣ карданд,  масалан як нафараш Акаи Худоидод бачаи бобои Хушвақт вазифаи Худойдод рамаи Зардиевро бони мекард ва гусфандонро худашон гирифта хурданд ва дар охир ба гардани ӯ заданд ва зиндонаш карданд. Афроде худро куштанд аз зуромад ва туҳматҳои Зардиев ин золим бошад  гуфтааст, ки онҳо мурда бошанд писаронашон қарзҳоро баргардонанд.

Як зан аз Пистамазор бо машаққату азоби зиёде як боғ бунёд кард. Боғ омода ва кам-кам ба ҳосилдиҳӣ даромад. Вале Зардиев ин боғро аз дасти он зан бо зурӣ кашида гирифт. Ба ҳадде ҳукми Зардиев дар Кулоб раво аст ки чи чизе бифорад,мағоза, замин, тиҷорат  кашида мегирад ва ба номи худаш карда боз соҳибмулкро муттаҳам намуда зиндонӣ мекунад. Дар деҳаи мо як марди тоҷири калон буд,тақрибан ҳамаи заминҳои киштзори деҳаи моро харида буд аз Зардиев, вақте раиси Кулоб буд. Аммо баъд Зардиев  заминҳоро аз дасташ кашида гирифту боз он тоҷирро ҷарима и калон кард. Зардиев бозори колхозиро шахсӣ кард вале натавонист онро кор фармояд ва мардум мушкилоташонро аз он бозор ҳал намоянд ва маҳсулоташонро фурӯшанд,ҳоло ин бозор макони нардибозӣ шудааст. Чойхонаи колхозиро ҳам шахсӣ кард ва ин чойхона ҳам кор намекунад. Фирмаи “Зархам” дорад ва колхозро қарздор кардагӣ аст.Ин ширкат беш аз ду миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст вале касе ба ӯ чизе наметавонад гӯяд.Чанд шикоят карданд ягон фоида нашуд. Ҳоло кори Абдуҷаббор Зардиев дар Кулоб ҳамине аст  ки гуфтем. Ҳатто боевикҳои Фронти халқӣ мисли ӯ болои халқи Кулоб ҷабру зулм накарда буданд.

Поёни бахши аввал,идома дорад….

Ps: Бале хонандаи гиромӣ ин нома аз Кулобшаҳр буд ва ин нома шоҳиди вазъияти хело вахими ҳама сокинони Кулоб аст. Магар ин Зардиев Абдуҷаббор ин қадар зур аст,ки худаш қонун мебарорад,худаш онро иҷро мекунад,худаш медиҳад,мегирад ва аслан ӯ чикора ҳаст? Албатта ин ҳамаро Раҳмонов ку маълум аст,ки аслан ба шаҳрвандони кишвар ҳеҷ таваҷҷӯҳе накарда ва карданиҳам нест. Охир дастгоҳи иҷрояи ӯ,ки боз 70 кормандонашро изофа ва барояшон маъош муайян кард чикор мекунанд? Амнияти кишвар ва Кулоб куҷоро нигоҳ мекунанд? Коррупсия ва кормандонаш ба чикор машғуланд? ВКД бо ҳама сардорони минтақавияш ин вазъро намебинанд? Ё ин ҳама аз Зардиев муттаҳам ва ӯ президент ва ҳокими мутлақ ё амири Кулоб аст? Қонунҳои кишвар ва ҳокимияти маҳаллӣ ба ӯ таъаллуқ надоранду бе моҳиятанд? Раиси шаҳри Кулоб ин вазъро дида магар ба худи “Пешво” ва дастгоҳи ӯ чаро хабар намедиҳад,ки ин авбош дар Кулоб бе додгарӣ мекунад? Мо кормандони Пойгоҳи “Ислоҳ” ба мардуми шарифи Кулоб қавл медиҳем,ки дар мавриди ин золим ҳар маводу шикояте доред фиристед. Ҳама корро мегузорем ва дар мавриди ин золим барномаҳои муфассал тақдим менамоем. Бе тараф набошед ва халосии шумо аз ин ҷонвари зарар расон навиштани шикоятҳои бо далели шумост. Ҳар ҷинояте медонед лутфан ирсол намоед,то мо онро нашр кунему чашми кури мақомотро кушоем. Агар Раҳмонов аз ӯ муттаҳам бошад бубарад ӯро ба наздаш ва дар хидматаш бошад ва Озодаву Рустам чойяш резанду Зардиев даврони пирӣ ронад. Аммо ба мардуми Кулобшаҳр зулму ҷафо накунад.

Share This Article