Оё то ба ҳол маънии калимаи динорро медонистед?

Ислоҳ нет

Оё то ба ҳол маънии калимаи динорро медонистед?

Молик ибни Динор (раҳ) мегӯяд: “Динор бад-он хотир меноманд, ки ӯ дин ва нор (оташ) аст.” Агар шахсе динорро, (яъне пулро) он чи ҳаққи ӯст адо кунад, дар роҳи ҳалол онро нафақа ва ё сарф кунад, пас бо амалкарди дин амал кардааст. Аммо шахсе динорро (пулро) ба ғайри ҳаққаш бигирад ва дар роҳи ҳаром масраф ва ё истифода кунад, пас барои ӯ оташ аст.

Динор
Дин-дин
Нор-оташ
Тафсири Ибни Касир (раҳ).

Муҳаққиқон мегӯянд динор дар асл калимаи юнонӣ аст. Онро Динуриюс меномиданд. Тарҷумааш бо забони арабӣ пул ва ё сиккаи тиллогин мешавад.

Зеро дирҳам бар хилофи динор сиккаи нуқрагинро мегуфтанд.
Пас аз он дар замони имперяи Рум онро дойнор мегуфтанд.
Аммо он чи мо медонем калимаи динор дар Қуръони карим омадааст ва аслаш ҳам арабист. Дар сураи мубораки Оли Имрон,ояти 75 динор зикр шудааст.

Динори шаръӣ чанд грам аст?
Миқдори динори шаръӣ 4,25 грам аст.

Аввалин шахсе, ки дар ислом динори арабиро ҳамчун сикка асос гузошт Абдулмалик ибни Марвони Уммавӣ аст. Дар соли 74 ҳ.қ дар шаҳри Ҳумс, Сурияи кунунӣ он динорро сохтанд, ки дар он акси халифа ҳам буд.

Чанд давлат номи пули миллиаш ҳоло динор аст.?
1.) Баҳрайн (динор баҳрайнӣ)
2.) Урдун (динор урдунӣ)
3.) Алҷазоир( динор ҷазоирӣ)
4.) Ироқ (динор ироқӣ)
5.) Либя(динор либӣ)
6.) Тунис (динор тунисӣ)
7.) Сербистон (динор сербӣ)
8.) Мақдуня ( динор мақдунӣ)
9.) Кувет (динор куветӣ)

Чанд давлат пули миллиаш динор буд ва онро иваз карданд?
1.) Босния пули миллиаш аз соли 1992 то 1998 динор буд.
2.) Харватия пули миллиаш аз соли 1991 то 1994 динор буд.
3.) Югославия пули миллиаш динори югословӣ буд, то ин ки пароканда шуд.
4.) Судон пули миллиаш аз соли 1992 то 2007 динори судонӣ буд.
5.) Абудаби пойтахти ҳозираи Имороти Муттаҳидаи Араб қабл аз як иттиҳод шуданашон рупияи ҳиндиро лағв карданд ва соли 1965 то 1973 динори баҳрайниро пазируфтанд.
6.) Ямани ҷанубӣ пули миллиаш аз соли 1965 то 1990 динори Ямани ҷанубӣ буд.
7.) Сурия пули миллиаш аз соли 1920 то 1920 динори сурӣ буд.

Share This Article