Пазируфтани Умар ибни Хаттоб (р) исломро
Мусулмон шудани Умар (р)
Нахустин фурӯғи имон, замоне дар дили Умари Форуқ (р) партав афканд, ки занони мусулмони Қурайшро мушоҳида намуд, ки ба сабаби озорҳои вай ва амсолонаш ногузир ба ҳиҷрат ва тарки шаҳр ва диёри худ мешуданд. Чунончи Умми Абдуллоҳ бинти Ҳантама мегӯяд: Замоне, ки мо қасди ҳиҷрат ба Ҳабашаро доштем Умар (р) омад ва гуфт: Эй Умми Абдуллоҳ! Оё омодаи сафар ҳастӣ? Гуфтам: Оре, ба Худо савганд ба сабаби оне, ки моро мавриди азият ва озор қарор медиҳед, хона ва кошонаи худро тарк мекунем ва дар замини Худо ҳиҷрат менамоем, то Худованд барои мо кӯшоише иноят фармояд. Умар гуфт: Худо ёратон бод! Ин бону дар идома мегӯяд: Дар он ҳангом аз Умар (р) ончунон риққат ва нармиши қалбӣ мушоҳида намудам, ки пештар надида будам. Ҳангоме ки Омир ибни Рабиъа омад, моҷароро барояш бозгӯ намудам, ӯ гуфт: Гӯё ту ба мусулмон шудани Умар (р) дил бастаӣ? Гуфтам: Оре! Гуфт: Ҳар гоҳ хари Хаттоб мусулмон шуд, Умар ҳам ислом хоҳад овард. (1)
Дар ҳақиқат Умар (р) аз дидани ин саҳна мутаассир шуда ва эҳсоси дилтангӣ ва гирифтагӣ дар ӯ зоҳир гашта буд, чунки ӯ ба ин меандешид, ки чӣ сахтиҳое бар пайравони дини ҷадид таҳмил мешавад ва бо ин ҳол онон устувор ва побарҷо ҳастанд! Рози ин истиқомат ва пойдорӣ Умар (р)-ро ба фикр фурӯ бурда ва ба ин сон Умар (р) эҳсоси андӯҳ менамуд ва дарди даруние қалбашро меозурд. (2) Ба ҳар ҳол, дере напоид, ки Умар (р) ба баракати дуои расули Худо (с) имон овард. Чаро ки расули Худо (с) дуо карда ва гуфта буд: «Боро Худоё! Ҳар як аз ин ду мардро, ки Худ меписандӣ, сабаби сарбаландии ислом бигардон: Абӯҷаҳл ибни Ҳишом ё Умар ибни Хаттоб». Ва чун Худованд Умар (р) -ро ба ислом мушарраф гардонид, фармуд: «Худованд, аз миёни он ду, Умарро дӯст дошт».
Худованди мутаол, заминаҳои дигаре низ барои мусалмон шудани Умар (р) фароҳам намуд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд: Суроғ надорам, ки Умар (р) дар мавриди чизе изҳори назар намояд ва бигӯяд: Ба гумонам ин тавр аст, магар он ки гуфтааш дуруст мебаромад ва он чиз, ҳамонгуна мешуд, ки Умар (р) дар борааш изҳори назар намуда буд. Чунончи рӯзе Умар (р) нишаста буд ва марде хушсимо аз он ҷо мегузашт. Умар (р) гуфт: Ё ман дар мавриди ин мард иштибоҳ мекунам ва ё ӯ ҳанӯз бар дини ҷоҳилии худ мебошад ва ё дар даврони ҷоҳилият коҳин будааст. Онгоҳ дастур дод, ки он мардро ба ҳузураш бихонанд. Ҳангоме ки он шахс, назди Умар (р) ҳозир шуд, Умар (р) ҳамон суханонро такрор намуд. Он мард гуфт: То кунун надида будам, ки бо як мусалмон чунин рафтор шавад. Умар (р) гуфт: Бояд маро аз воқеъияти амр огоҳ созӣ. Он шахс гуфт: Оре, ман дар даврони ҷоҳилият коҳин будам. Умар (р) гуфт: Аҷибтарин хабаре, ки ҷини ту дар борааш сухан гуфт чӣ буд? Гуфт: Рӯзе дар бозор будам, ки ҷини ман ҳаросон наздам омад ва гуфт: Оё аз ноумедӣ ва яъси ҷинҳо хабар дорӣ, ки дигар наметавонанд ба истироқи самъи хабарҳои осмон бипардозанд ва ахбори осмонро дуздона гӯш диҳанд? (3)
Умар (р) фармуд: Рост мегӯяд. Ман низ рӯзе канори бутҳои онон хобида будам. Дар ин миён, фарде гӯсолае овард ва онро забҳ кард. Онгоҳ садое шунидам, ки мегуфт: «Амре муваффақиятомез иттифоқ афтода, марде фасеҳ мегӯяд: Ло илоҳа иллал-л-Лоҳ». Пас аз он дере нагузашт, ки расули Худо (с) зуҳур намуд. (4)
Ривоёти зиёде дар мавриди мусалмон шудани Умар ибни Хаттоб (р) нақл шуда, ки бештари онҳо саҳеҳ нест. Албатта бо таваҷҷӯҳ ба ривоёте, ки дар китобҳои сират ва таърих омада, метавон мароҳили мусалмон шудани Умар (р)-ро бад-ин тартиб шарҳ дод:
1.) Қасди Умар барои қатли расули Худо (с)
Рӯзе сарони Қурайш, гирди ҳам омаданд ва дар бораи расули Худо (с) бо якдигар машварат намуда, гуфтанд: Чӣ касе ҳозир аст Муҳаммадро ба қатл расонад? Умар ибни Хаттоб бархост ва барои қатли расули Худо (с) эъломи омодагӣ намуд. Ҳама гуфтанд: Амалӣ намудани ин кор ба дасти ту имкон дорад. Умар (р), ҳангоми нимрӯз ва дар гармои офтоб шамшерашро дар камараш овезон кард ва ба сӯи расули акрам (с) ва гурӯҳе аз ёронаш аз ҷумла Абӯбакру Алӣ ва Ҳамза (р), ки наздики Сафо дар хонаи Арқам гирд омада буданд, раҳсипор гардид.
Наъим ибни Абдуллоҳ ӯро дид ва пурсид: Эй Умар, куҷо меравӣ? Гуфт: Мехоҳам назди ин марди бедин равам, ки дар миёни Қурайш тафриқа андохта, хирадмандони Қурайшро сабуксар ва нодон мешуморад ва худоёни ононро носазо мегӯяд. Мехоҳам ба суроғаш равам ва ӯро ба қатл расонам. Наъим гуфт: Эй Умар! Чи роҳи баде дар пеш гирифтаӣ, ба Худо савганд, ки фиреб хӯрдаӣ ва нафси аммораат туро фирефта аст. Оё агар Муҳаммадро ба қатл расонӣ, бани Абдуманоф туро ба ҳоли худ хоҳанд гузошт ва иҷозат хоҳанд дод зинда бимонӣ ва ҳамин гунна озодона роҳ биравӣ? Гуфтугӯи он ду идома ёфт ва садояшон боло рафт, то ин ки Умар гуфт: Гумон мекунам ту ҳам бедин шудаӣ ва агар медонистам, ки воқеан чунин аст, аз ту оғоз мекардам. Ва чун Наъим дарёфт, ки наметавонад Умарро аз тасмимаш боз дорад, гуфт: Агар рост мегӯи ба суроғи афроди хонаводаат бирав, ки ба дини ӯ гаравида, гумроҳӣ ва залолатеро, ки ту бар он ҳастӣ раҳо кардаанд? Умар гуфт: Манзурат кист? Наъим посух дод: Хоҳар ва домодат. (5)
2.) Рафтани Умар (р) ба хонаи хоҳараш ва пойдории Фотима бинти Хаттоб (р) дар баробари бародараш
Умар бо шунидани ин хабар асабонӣ шуд ва ба сӯи хонаи хоҳар ва домодаш шитофт ва дари хонаро куфт. Хаббоб ибни Арат (р) низ дар хонаи онон буд ва бо ҳам сураи «То.Ҳо»-ро тиловат мекарданд. Онҳо билофосила Хаббобро ба гӯшае роҳнамоӣ карданд, то пинҳон шавад. Фотима – хоҳари Умар – саҳифаеро, ки оёти қуръониро аз рӯи он тиловат менамуданд пинҳон кард. Ҳангоме ки Умар вориди хона шуд, хашм ва асабоният аз чеҳарааш меборид. Пурсид: Ин чӣ замзамае буд, ки ба гӯшам расид? Гуфтанд: Чизе набуд. Гуфт: Оё шумо бедин шудаед?! Домодаш гуфт: Оё дар сурате, ки ҳақ дар дини ғайр аз дине бошад, ки ту ба он эътиқод дорӣ, набояд пазируфт? Умар ба сӯи домодаш ҳамлавар шуд ва ӯро зад ва носазо гуфт ва чун Фотима хоҳари Умар қасди наҷотбахшии шавҳарашро кард, силии маҳкаме ба баногӯшаш хӯрд, ки дар асари он хун аз чеҳрааш сарозер шуд. Онгоҳ Фотима ва шавҳараш ба сароҳат гуфтанд: Эй Умар! Мо мусулмон шуда, ба Худои ягона ва расулаш имон овардаем, ҳар чӣ аз дастат меояд, анҷом бидеҳ. Ин буд, ки Умар (р) ба худ омад ва чун нигоҳаш ба чеҳраи хунолуди хоҳараш афтод, сахт пушаймон гашт ва худро аз лату куби онҳо нигоҳ дошт ва пас аз андаке тааммул ба хоҳараш гуфт: Он саҳифаро ба ман деҳ. Хоҳараш аз нишон додани саҳифаи оятдор барои бародараш худдорӣ кард. Умар гуфт: Суханат дар ман асар гузошт, мехоҳам бидонам дини шумо чӣ паёме дорад? Хоҳараш гуфт: Ту дар ҳоли ҳозир мушрик ва аз рӯи бетаҳоратӣ наҷис ва нопок ҳастӣ ва наметавонӣ ба каломи Худо даст бизанӣ. Аввал баданатро шустушӯй карда, пок гардон. Пас аз ин ки Умар (р) ғусл намуд, саҳифаро ба ӯ доданд. Онгоҳ ӯ шурӯъ ба хондани саҳифа кард, ки дар он сураи «То.Ҳо.» ва як сураи дигар навишта шуда буд. Умар (р) ба саҳифа назар кард ва дар он, «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим»-ро дид ва чун «ар-Раҳмон ва ар-Раҳим» хонд, вуҷудашро ларза гирифт ва коғази оят навишташуда аз дасташ афтид ва чун ба худ омад саҳифаро аз замин бардошт ва дар он хонд:
«То, Ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардаем, ки дар ранҷ афтӣ.Танҳо ҳушдорест барои касе, кӣ метарсад. Аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офарида, нозил шудааст. Худои Раҳмон бар Арш истиво дорад. Аз они Ӯст он чӣ, ки дар осмонҳову замин ва миёни онҳост ва он чӣ, ки дар зери замин аст. Ва агар сухани баланд мегӯӣ, пас Ӯ ба рози ниҳон ва ниҳонтар огоҳ аст. Аллоҳ, он ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз Ӯ нест, номҳои хуб аз они Ӯст.»
(Сураи То. Ҳо., оёти 1- 8)
Умар (р) пас аз хондани чанде аз оятҳои сураи То-ҳо гуфт: Баҳ-баҳ! Чӣ каломи зебое! Оё Қурайш аз ин фирор мекунад? Сипас тиловати сураи «То.Ҳо.»-ро идома дод ва ба ин оёт расид:
«Ҳаройна, Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз Ман нест. Пас Маро бипараст ва то Маро ёд кунӣ, намоз бигзор. Албатта, қиёмат омаданӣ аст. Мехоҳам замони онро пинҳон дорам, то ҳар кас дар муқобили коре, ки кардааст, ҷазо бинад. Он кас, ки ба он (вуқӯъи қиёмат) имон надорад ва пайрави ҳавои хеш аст, туро аз он (имони ба қиёмат) рӯйгардон накунад, то ба ҳалокат афтӣ.»
(Сураи То.Ҳо., оёти 14-16)
Онгоҳ гуфт: Шоиста нест бо Худое, ки чунин каломи зебое дорад, касе дигар парастиш гардад. Ва афзуд: Маро назди Муҳаммад (с) баред. (6)
3.) Шарфёбии Умар ибни Хаттоб (р) назди расули Худо (с)
Хаббоб (р) бо шунидан ин сухан, аз махфигоҳи худ берун омад ва гуфт: Эй Умар! Туро муждагонӣ бод ва ман умед дорам, ки дуои рӯзи душанбеи расули Худо (с) дар ҳаққи ту қабул шуда бошад. Он Ҳазрат (с) дуо кард ва аз Худованди мутаол дархост намуд ки: «Боро Худоё! Яке аз ин ду нафарро, ки Худ меписандӣ, сабаби иззат ва сарафрозии ислом бигардон: Абӯҷаҳл ибни Ҳишом ё Умар ибни Хаттобро».(7)
Умар гуфт: Ҷои расули Худо (с)-ро ба ман нишон диҳед. Онҳо аз онҷо, ки садоқати Умарро дарёфта буданд, гуфтанд: Расули Худо (с) дар доманаи Сафо, дар хонаи Арқам аст. Умар (р) дар ҳоле ки шамшераш дар камараш ҳамоил буд, ба сӯи хона Арқам ба роҳ афтод ва чун ба он ҷо расид дарро зад ва гуфт: Дарро боз кунед. Касоне, ки дар хона буданд тарсида, назди расули Худо (с) рафта гуфтанд: Умар аст. Ҳамза (р), ки дар миёни он ҷамъ ҳузур дошт гуфт: Бигзоред биояд, агар қасди некӣ дошта бошад, ки чӣ беҳтар вагарна ӯро хоҳем кушт. Онгоҳ дарро боз карданд ва Ҳамза (р) ва як нафари дигар аз мусулмонон ӯро назди расули Худо (с) бурданд. Расули акрам (с) фармуд: Раҳояш кунед. Расули Худо (с) ба сӯи ӯ рафт ва камарбандашро гирифт ва ӯро такон дода, гуфт: Эй писари Хаттоб! Чӣ чизе туро ба инҷо овардааст? Оё даст аз ин корҳоят бар намедорӣ, ки мабодо Худованди мутаол мусибати бузурге бар сарат оварад? Умар гуфт: Эй расули Худо! Омадаам, то ба Худо ва паёмбараш имон оварам. Расули Худо (с) бо шунидани ин сухан бо садои баланд ба гунае такбир гуфт, ки ҳозирони дар хона пай бурданд, ки Умар (р) ба ислом мушарраф гардид. (8) Онгоҳ асҳоби расули Худо (с) он ҷоро дар ҳоле тарк карданд, ки бо мусулмон шудани Умар (р) ва пеш аз ӯ Ҳамза (р), эҳсоси сарбаландӣ ва иззат менамуданд ва медонистанд, ки он ду аз расули Худо (с) дифоъ ва пуштибонӣ менамоянд. Ва бад-ин тартиб мусулмонон метавонанд аз тариқи он ду ба порае аз ҳуқуқи худ даст ёбанд ва ҳаққи хешро аз душманонашон бигиранд.
4.) Алоқаи Умар ибни Хаттоб (р) ба ошкор сохтани даъват
Умар (р) мухлисона мусалмон шуд ва бо тамоми тавон барои густариш ва тасбити ислом гом бардошт. Умар (р) ба расули Худо (с) гуфт: Магар мо чӣ зинда бимонем ва чӣ бимирем, бар ҳақ нестем? Расули Худо (с) фармуд: «Оре, савганд ба зоте ки ҷонам дар дасти ӯст, шумо чӣ бимиред ва чӣ зинда бимонед, бар ҳақ ҳастед». Умар (р) гуфт: Пас, чаро пинҳонкорӣ намоем? Савганд ба зоте, ки шуморо ба ҳақ мабъус карда, ҳатман даъвати хешро ошкор созед.
Чунончи аз шавоҳид бармеояд, расули Худо (с) низ ба ин натиҷа расида буд, ки замони ошкор сохтани даъват фаро расида, даъват он қадар тавон ва қувват ёфта, ки аз худ дифоъ намояд. Аз ин рӯ расули Худо (с) бо ошкор сохтани даъват мувофиқат намуд ва ду саф ташкил дод ва Умар ва Ҳамзаро пешопеши ҳар як аз сафҳо қарор дод. Ва мусалмонон дар ҳоле вориди Масҷиду-л-ҳаром шуданд, ки дар асари ҳаракати онон ғубор ба ҳаво бархоста буд. Мушрикон бо дидани Умар ва Ҳамза разия-л-лоҳу анҳумо ҳаросон ва ваҳшатзада шуданд ва ғаму андӯҳи бесобиқае ононро фаро гирифт. Расули Худо (с) дар он рӯз Умар (р)-ро Форуқ номид. (9)
Бад-ин сон Худованди мутаол, ислом ва мусулмононро бо мусулмон шудани Умар ибни Хаттоб (р) сарбаланд намуд, чаро ки Умар (р) аз шахсияти қавӣ ва шикастнопзире бархӯрдор буд. Бинобар ин, асҳоби расули Худо (с) бо мусалмон шудани Умар ва Ҳамза разия-л-лоҳу анҳумо эҳсоси амният ва сарафарозӣ менамуданд. Умар (р) мушриконро ба мубориза талабид ва ошкоро дар канори Каъба намоз гузорид ва мусулмонон низ бо ӯ намоз гузориданд. Умар (р) алоқаи вофире ба ранҷонидани душманони даъват дошт ва хеле муштоқ буд, ки ононро ҳар тавр ки шуда биранҷонад. Чунончи худаш мегӯяд: Пас аз онки мусулмон шудам, назди Абӯҷаҳл рафтам ва дари хонаашро задам. Ҳангоме ки берун омад гуфтам: Оё медонӣ, ки ман ба дини Муҳаммад гаравидаам? Гуфт: Ин корро накун. Гуфтам: Ин корро кардаам. Абӯҷаҳл бо нороҳатӣ вориди хона шуд ва дарро ба рӯям баст. Сипас ба хонаи яке дигар аз ашрофи Қурайш рафтам ва ба ӯ низ гуфтам: Ман ба дини ҷадид гаравидам. Гуфт: Ин корро накун. Гуфтам: Ин корро кардаам. Ӯ низ вориди хонааш шуд ва дарро ба рӯи ман баст. Гуфтам: Инки чизе нест. Шахсе ба ман гуфт: Оё дӯст дорӣ, ки исломатро ошкор намоӣ? Гуфтам: Оре. Гуфт: Ҳангоме ки ҳама дар назди Каъба ҷамъ мешаванд, назди Ҷамил ибни Маъмари Ҷумаҳӣ бирав ва канораш биншин ва бигӯ: Ман аз дини шумо даст кашидаам. Умар (р) мегӯяд: Ман ин корро кардам. Ҷамил бо шунидани суханам, аз ҷой бархост ва фарёд баровард: Писари Хаттоб бедин шудааст. Мардум бо шунидан гуфтаи Ҷамил, ба сӯи ман ҳамлавар шуданд ва ба ин сон миёни ман ва мардум задухӯрде даргирифт. (10)
Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд: Замоне ки падарам, мусулмон шуд, ҳанӯз Қурайшиён аз ислом овардани вай беиттилоъ буданд. Падарам гуфт: Чӣ касе зудтар аз ҳама ахбори Маккаро пахш мекунад? Гуфтанд: Ҷамил ибни Маъмари Ҷумаҳӣ. Умар (р) ба сӯи Ҷамил ба роҳ афтод ва ман низ ба дунболи падар ба роҳ афтодам. Дар он замон ҳарчанд навҷавони камсинну сол будам, аммо тавони ташхис ва дарки масоилро доштам. Падарам назди Ҷамил рафт ва гуфт: Эй Ҷамил! Ман мусулмон шудаам. Ҷамил бидуни инки бо ӯ сухане гӯяд, бархост ва раҳсипори Масҷиду-л-ҳаром шуд. Мардум гирдогирди Каъба ҳалқа зада буданд. Ҷамил канори дари вуруди масҷид истод ва бо садои баланд бонг баровард: Эй Қурайшиён! Умар бедин шудааст. Умар (р), ки пушти сари Ҷамил буд, гуфт: Дурӯғ мегӯяд, ман бедин нашудаам, балки ислом овардаам. Ва онгоҳ шаҳодатайн бар забон овард ва гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илла-л-Лоҳу ва анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Мушрикон ба Умар (р) ҳамлавар шуданд ва ҳамчунон бо ӯ задухӯрд карданд, то инки Умар (р) хаста шуд ва нишаст. Ва мушрикон дар атрофи ӯ истода буданд. Гуфт: Ҳар коре, ки дилатон мехоҳад бикунед, ба Худо савганд, вақте теъдоди мо ба сесад нафар расад, ё мо Маккаро барои шумо мегузорем ва ё шумо онро барои мо хоҳед гузошт. Дар ин асно шахсе вориди Масҷиду-л-ҳаром шуд ва бо дидани ин саҳна гуфт: Чӣ шудааст? Гуфтанд: Умар бедин шудааст. Гуфт: Чӣ мушкиле дорад? Ӯ ҳақ дорад ҳар динеро, ки бихоҳад баргузинад. Накунад шумо гумон мекунед тоифаи бани Адӣ, ӯро таҳвили шумо хоҳанд дод, то ҳар коре, ки дилатон мехоҳад бо ӯ бикунед?!
Абдуллоҳ Ибни Умар (р) мегӯяд: Ба дунболи суханони ин мард, онҳо аз атрофи падарам пароканда шуданд ва рафтанд. Ман баъдҳо дар Мадина аз падарам пурсидам, ки он шахс кӣ буд? гуфт: Ӯ Ос ибни Воили Саҳмӣ буд…
Идома дорад бо мо бошед хонандаи гиромӣ!
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Рӯйхати манобеъ ва сарчашмаҳои истифошуда
1.)Сирати Ибни Ҳишом (1/216, Фазоилу-с-саҳоба, аз Имом Аҳмад (1/341) бо санади ҳасан.
2.)Ал-форуқ Умар, -с. 9.
3.)Тирмизӣ (3682), Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (2907) саҳеҳ дониста аст.
4.)Бухорӣ (3866).
5.)Сирати Ибни Ҳишом (1/343).
6.)Фазоилу-с-саҳоба, Имом Аҳмад (1/344).
7.)Тирмизӣ (3682).
8.)Фазоилу-с-саҳоба (1/344).
9.)Ҳиляту-л-авлиё (1/40(, Сифату-с-сафва (1/103-104).
10.)Шарҳи Ал-Мавоҳиб (1/320), Ахбору Умар, 19.
Сомонаи Васатият:http://wasatiyat.tj/2011-07-1…/2907-2014-03-20-03-14-01.html